Дар маркази вилояти Хатлон ҳамоиши байналмилалии “Хатлон инвест Бохтар-2025” оғоз гардид

Дар ҳамоиш, ки имрӯз, 11 ноябр дар шаҳри Бохтар оғоз шуд, Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазир, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, вазирону раисони ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ созмонҳои байналминалӣ, доираҳои тиҷоратӣ аз 20 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Чин, Туркия ширкат карданд. Ҳадафи ин ҳамоиш муаррифии имкониятҳои […]

Asia-Plus

Дар ҳамоиш, ки имрӯз, 11 ноябр дар шаҳри Бохтар оғоз шуд, Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазир, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, вазирону раисони ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ созмонҳои байналминалӣ, доираҳои тиҷоратӣ аз 20 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Чин, Туркия ширкат карданд.

Ҳадафи ин ҳамоиш муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, инчунин тақвияти хамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад.

Давлаталӣ Саид дар оғози чорабинӣ гуфтааст, ки он майдони муколама барои соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорон мебошад.

Ширкаткунандагон, пеш аз оғози ҳамоиш, бо маҳсулотҳои кишоварзиву саноатие, ки дар Хатлон истеҳсол мешавад ва гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.

Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест-2025" дар се панел – "Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши усусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир", "Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ" ва "Аз замин то бозор – рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад."

Ба иттилои ҳукумати Хатлон, дар ин машварату ҳамоишҳо механизмҳои ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар соҳаҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои кӯҳии вилоят, экотуризм ва маҳсулоти миллӣ, бренд ва рақамикунонии содирот, инфрасохтори логистикӣ, дастрасӣ ба бозорҳои нав, инчунин ҷалби занону ҷавонон ба занҷираи арзиши кишоварзӣ баррасӣ мегарданд.

Ҳамзамон, доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва меҳмонону иштирокдорони Форум бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара", корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Норак шинос мешаванд.

Интизор меравад, ки дар доираи баргузории ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест-2025" байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши мазкур бори чаҳорум аст, ки аз ҷониби Агентии содирот ва ҳукумати вилояти Хатлон бо мақсади амалигардонии нишондиҳандаҳои "Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" ташкилу баргузор мегардад.

Ҳамоиши имсола идомаи мантиқии форуми соли 2024 буд, ки дар он зиёда аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 200 миллион доллар ба имзо расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.