Тоҷикистонро дар “Abu Dhabi Grand Slam 2025” 10 ҷудокор муаррифӣ мекунанд

Аз 28 то 30-уми ноябр дар Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Аараб яке аз мусобиқоти калидии охири мавсими соли равон – мусобиқаи силсилаи  “Тоскулоҳи бузург” ("Abu Dhabi Grand Slam – 2025") баргузор мешавад. Дар мусобиқа аз 43 кишвар дар маҷмӯъ 365 варзишгар сабт шудаанд – 212 мард ва 153 зан, ки рақобатро дар ҳар як вазн шадид хоҳад кард. […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Аз 28 то 30-уми ноябр дар Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Аараб яке аз мусобиқоти калидии охири мавсими соли равон – мусобиқаи силсилаи  “Тоскулоҳи бузург” ("Abu Dhabi Grand Slam – 2025") баргузор мешавад.

Дар мусобиқа аз 43 кишвар дар маҷмӯъ 365 варзишгар сабт шудаанд – 212 мард ва 153 зан, ки рақобатро дар ҳар як вазн шадид хоҳад кард. Тоҷикистон ба мусобиқа маъмулан ба сифати кишваре меравад, ки доимо ҷудокорони бомаҳоратро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Ҳайати мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон дар 10 вазн миёни мардон иборат аст: Меҳрзод Сӯфиев (60 кг), Муллораҷаб Халифаев (66 кг),  Абӯбакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев (ҳарду – 73 кг), Суннатулло Мӯсоев, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду – 81 кг), Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду – 90 кг), Сомонӣ Кишваров, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду – 100 кг).

Иштирок дар "Abu Dhabi Grand Slam" марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба мавсими 2026 ва мусобиқаҳои интихобии давраи нав маҳсуб меёбад.

Ин мусобиқот дар "Mubadala Arena", ки борҳо мусобиқаҳои пурнуфузиҷаҳониро қабул кардааст, баргузор мешавад. 

Фонди умумии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ҷудокорон барои дарёфти медали тиллои мусобиқа 5 ҳазор, нуқра – 3 ҳазор ва биринҷӣ – 1 ҳазору 500 евро мукофотпулӣ тақдим карда мешавад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.