Ҷазои садҳо кас барои ифлоскунии ҳаво. Мақомот огоҳ мекунанд, ки сӯзонидани хазон ҷавобгарӣ дорад

Дар 10 моҳи соли равон беш аз 2076 ҳолати ифлоскунии ҳаво, аз ҷумла тавассути сӯзонидани хазон ошкор гардидааст. Дар робита ба ин 2137 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, қонуншиканҳо ҷарима шуданд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо нашри як огоҳинома гуфтааст, ки сӯзонидани партову барги дарахтон қатъиян манъ буда, барои ин кор муҷозот пешбинӣ гардидааст.      […]

Нозанин Исматшоҳ, Asia-Plus

Дар 10 моҳи соли равон беш аз 2076 ҳолати ифлоскунии ҳаво, аз ҷумла тавассути сӯзонидани хазон ошкор гардидааст. Дар робита ба ин 2137 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, қонуншиканҳо ҷарима шуданд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо нашри як огоҳинома гуфтааст, ки сӯзонидани партову барги дарахтон қатъиян манъ буда, барои ин кор муҷозот пешбинӣ гардидааст.     

Ба гуфтаи манбаъ, дар раванди сӯзонидани хазонҳо моддаҳои заҳрнок ҳосил гардида, ба муҳити атроф паҳн мегардад ва ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, беморони роҳҳои нафас ва дилу рагҳо аз ин ҳолат ранҷ кашида, ҳолаташон метавонад бад гардад.  

Манбаъ таъкид дорад, ки барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои хазонсӯзӣ дар кишвар фаъолияти нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист пурзӯр гардида барои сокинон дар тартиби дурусти нобудсозии хазонҳо тавсияҳо медиҳанд.

Тибқи моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои дар ҷойҳои манъшуда сӯзонидани партов ё барги дарахтон (хазон) аҳолӣ аз 375 то 750 сомонӣ (аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, 1 нишондиҳанда 75 сомонӣ дар солои 2025)  барои мансабдорон аз 2625 то 3375 (аз 35 то 45 нишондиҳанда) ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 11250 то 15 ҳазор сомонӣ (аз 150 то 200 нишондиҳанда) ҷарима мешаванд.

Бо фаро расидани фасли тирамоҳ, сокинони кишвар барги дарахтонро ҷамъоварӣ карда, аксаран месӯзонанд, ки боиси нигаронии мақомот ва бархе аҳолӣ мешавад. Мақомот солҳои гузашта ҳам сокинонро огоҳ карда буданд, ки хазонҳоро насӯзонанд ва тибқи қонунгузорӣ сӯзонидани он дар пай ҷавобгарӣ дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.