Эрон ҳам ҳамла ба Тоҷикистон аз хоки Афғонистонро маҳкум кард

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро “террористӣ” хонда, маҳкум кардааст. Дар ин ҳамла, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, шаби 26-уми ноябр анҷом шудааст, қароргоҳи коргарони корхонаи маъдантозакунии "Шоҳин СМ" дар минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳадаф қарор гирифтааст. Дар пайи он, се коргари чинии ширкат ҷон бохтаанд. Ба […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро “террористӣ” хонда, маҳкум кардааст.

Дар ин ҳамла, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, шаби 26-уми ноябр анҷом шудааст, қароргоҳи коргарони корхонаи маъдантозакунии "Шоҳин СМ" дар минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳадаф қарор гирифтааст. Дар пайи он, се коргари чинии ширкат ҷон бохтаанд.

Ба гузориши расонаҳои Эрон, Исмоил Бақоӣ имрӯз, 28-уми ноябр, зимни иборизи ҳамдардӣ ба хонаводаҳои ҷонбохтагон, ба ҳукумати Тоҷикистон ва Чин эъломи ҳамбастагӣ кардааст.

Бақоӣ таъкид кардааст, ки барои пешгирии ҳаросафканӣ ва мубориза бо он тақвияти ҳамкориҳои чандҷониба зарур аст.

Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр гуфт, ҳамла ба бошишгоҳи коргарони корхонаи Шоҳин СМ" бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва  паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак сурат гирифта, дар пайи он се корманди ҶДММ "Шоҳин СМ", ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд. Радио Озодӣ гузориш дод, ки як шаҳрванди дигари Чин дар ин ҳодиса маҷруҳ шудааст.

ВКХ-и Тоҷикистон ин ҳамларо кори гурӯҳҳои ҳаросафкан хонда, маҳкум кард ва аз мақомоти феълии Афғонистон даъват кард, ки барои таъмини суботу амният дар марз тадбирҳои муассир андешанд.

Пас аз як рӯз ВКХ-и Толибон* ба ин хабар вокуниш кард ва гуфт, ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”. Ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ кард.

Аммо на мақомоти Тоҷикистон ва на Толибон аз ҳеҷ гурӯҳе ном набурданд.

Пештар аз ин, ВКХ-и Покистон ҳам ин ҳамларо “буздилона”, “террористӣ” ва “таҳдиди ҷиддӣ” аз хоки Афғонистон хонда, маҳкум кард ва гуфт, истифодаи пайвастаи хоки Афғонистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ боиси нигаронии ҷиддии тамоми минтақа ва ҷаҳон аст.

Бештар дар ин матлаби мо хонед:  “Барои эҷодӣ бесуботӣ ҳамла шудааст”. Вокуниши Толибон ба ҳамлаи маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.