Коҳиши содироти маҳсулоти тайёри пахта аз Тоҷикистон

Дар соли 2025 истеҳсоли пахта ва содироти ашёи хом дар Тоҷикистон зиёд шуда, лекин содироти маҳсулоти тайёр аз пахта кам шудааст. Дар ин давра, мисли пешин, ба кишварҳои хориҷӣ асосан ашёи хом фурӯхта шуда, аммо коркарди пахта дар дохили ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам маҳдуд ва нокофӣ боқӣ мемонад. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 дар Тоҷикистон 392,2 ҳазор тонна пахта […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар соли 2025 истеҳсоли пахта ва содироти ашёи хом дар Тоҷикистон зиёд шуда, лекин содироти маҳсулоти тайёр аз пахта кам шудааст. Дар ин давра, мисли пешин, ба кишварҳои хориҷӣ асосан ашёи хом фурӯхта шуда, аммо коркарди пахта дар дохили ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам маҳдуд ва нокофӣ боқӣ мемонад.

Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 дар Тоҷикистон 392,2 ҳазор тонна пахта истеҳсол шудааст, ки аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ каме зиёдтар аст.

Дар муқоиса бо соли 2024 ҳаҷми истеҳсол ба миқдори 139,5 ҳазор тонна афзудааст. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Содироти нахи пахта аз пешгӯиҳо зиёдтар шуд. Давоми сол ба маблағи умумии 142,1 млн доллар ҳудуди 93 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар интиқол ёфтааст. Ҳукумат содироти 71,1 ҳазор тоннаро ба маблағи 135 млн доллар дар нақша дошт.

Дар ҳамин ҳол, содироти ришта ё худ калобаи пахта аз сатҳи интизоридошта пасттар шуд. Дар амал ба маблағи 25,05 млн доллар 11,24 ҳазор тонна ришта содир шуда, тибқи пешгӯиҳо интиқоли ҳудуди 16 ҳазор тонна калоба ба хориҷи кишвар ба маблағи 56,1 млн доллар пешбинӣ шуда буд.

Камшавӣ ҳамчунин дар содироти матоъ ва маҳсулоти тайёри пахта низ ба қайд гирифта шудааст. Соли 2025 ҳаҷми содироти ин маҳсулот 3,25 ҳазор тонна ба маблағи 9,45 млн долларро ташкил додааст. Тибқи пешгӯиҳо бошад, бояд ба маблағи 17,6 млн доллар 5,8 ҳазор тонна аз ин навъи маҳсулот содир мешуд.

Ба сурати умум, натиҷаҳои соли 2025 нишон медиҳанд, ки дар баробари афзоиши истеҳсоли пахта ва зиёдшавии содироти ашёи хом, содироти маҳсулоти коркардшуда ҳоло ҳам кам аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.