Танҳо тавассути ду фурудгоҳ тобути беш аз 1,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан овардаанд

Соли 2025 танҳо тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷасади 1 ҳазору 585 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа, махсусан Русия  ба кишвар оварда шудааст. Ин теъдод назар ба соли 2024-ум 430 тобут ё 37% бештар аст. Дар ин бора дар ҳисоботи солонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зикр шудааст. Маълум нест, ки ин ҷасадҳоро аз кадом кишварҳо овардаанд. Вале ҳамасола […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Соли 2025 танҳо тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷасади 1 ҳазору 585 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа, махсусан Русия  ба кишвар оварда шудааст. Ин теъдод назар ба соли 2024-ум 430 тобут ё 37% бештар аст.

Дар ин бора дар ҳисоботи солонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зикр шудааст. Маълум нест, ки ин ҷасадҳоро аз кадом кишварҳо овардаанд. Вале ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар пайи ҳаводиси табиӣ ба ҳалокат мерасанд ва ё аз сӯи маллитгароёни рус кушта ва ҷасади онҳо ба ватан оварда мешавад.

Масъулини Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон омори интиқоли ҷасадҳо дар кулли кишварро нагуфтанд.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ навиштааст, ки дар ин муддат тариқи Фурудгоҳи байналмилали Кӯлоб 38 тобутро ба ватан овардаанд, ки дар муқоиса ба як сол пеш 24 адад камтар аст.

Маълум нест, ки дар соли гузашта теъдоди тобутҳое, ки тариқи фурудгоҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар ва аз роҳи заминӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, чӣ қадар аст.

Бояд гуфт, ҳар сол тобути даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз дигар кишварҳо ба ватан меоранд, ки аксарияти онҳо ҷасади муҳоҷирони тоҷики дар Русиябуда ҳастанд. Бештари вақт сабаби марги онҳо тасодуф дар сохтмон, беморӣ, куштор ва садама гуфта мешавад.

Аз ҷумла, ду ҳафта пеш ҷасади се узви оилаи тоҷикро, ки дар Русия аз бӯйи газ ба ҳалокат расида буданд, ба Тоҷикистон оварда дар зодгоҳашон деҳаи Шедруди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супориданд.

Пештар аз ин пайкари хунолуди Қобилҷон Алиеви 10-соларо, ки рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи шаҳрванди 15-солаи Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд, ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.