Се узви як оилаи тоҷикро, ки дар Самара аз бӯйи газ ба ҳалокат расиданд, дар зодгоҳашон ба хок супоридаанд

Ҷасади се узви оилаи тоҷикро, ки чанд рӯз пеш дар Русия ба ҳалокат расида буданд, субҳи имрӯз, 12-уми январ дар зодгоҳашон, деҳаи Шедруди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супоридаанд. Яке аз наздикони ин хонавода ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷасади Алиҷон Набиеви 28-сола ҳамроҳи ҳамсару духтарчаашро, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Самараи Русия аз […]

Ҷасади се узви оилаи тоҷикро, ки чанд рӯз пеш дар Русия ба ҳалокат расида буданд, субҳи имрӯз, 12-уми январ дар зодгоҳашон, деҳаи Шедруди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супоридаанд.

Яке аз наздикони ин хонавода ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷасади Алиҷон Набиеви 28-сола ҳамроҳи ҳамсару духтарчаашро, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Самараи Русия аз манзили зисташон пайдо шуда буд, шаби 11 ба 12-уми январ ба Тоҷикистон овардаанд. Зан дар батнаш кӯдаки 6-моҳа ҳам доштааст.

Манбаъ гуфт, Алиҷон ва ҳамсару духтарчааш ба эҳтимоли зиёд аз бӯйи газ заҳролуд шудаанд.

“Наздикони ин оила баъди зангҳои бешумор ба Алиҷон Набиев ба ташвиш афтода, рӯзи 7-уми январ ба манзили зисташон мераванд ва баъди шикастани дари хона ҷасади зану шавҳар ва кӯдаки онҳоро пайдо мекунанд”, – гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, як сол қабл дар пайи сӯхтор дар ҳамин манзили ин оила, духтарчаи сесолаи онҳо низ фавтида будааст ва онҳо қасд доштаанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд.

“Танҳо ба итмом расидани таъмири хонаи навашон дар яке аз баландошёнаҳои шаҳри Бохтарро интизор буданд” – афзуд манбаъи мо.

Бояд гуфт, дар бораи ҳалокати се узви як оилаи тоҷик дар шаҳри Самараи Русия қаблан “Радиои Озодӣ” хабар дода буд.

Ин расона навишта буд, “баъди заҳролуд шудан аз газ, Алӣ аз хоб бедор шуда, кӯшиш мекунад дари ҳаммомро кушояд, аммо ҳамонҷо мефавтад”.

Мақомоти кишвар то ҳол ҳодиса ва тафсилоти онро шарҳ надодаанд.

Бояд гуфт, ҳамасола даҳҳо пайкари беҷони муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия аз беморӣ ва ё дигар ҳаводис ба ҳолакат мерасанд, ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.