“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон

Пулиси Душанбе аз боздошти марде хабар медиҳад, ки ба таълими динии ғайриқонунии 13 ноболиғ, азобу уқубати онҳо гумонбар аст. Дар пайи ин, нисбати мард ва 9 волидайни таълимгирандагон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) имрӯз, 16-уми феврал бо пахши гузорише аз ин мард Абдулло Асламови 48-сола, сокини ноҳияи Вахш […]

Asia-Plus

Пулиси Душанбе аз боздошти марде хабар медиҳад, ки ба таълими динии ғайриқонунии 13 ноболиғ, азобу уқубати онҳо гумонбар аст. Дар пайи ин, нисбати мард ва 9 волидайни таълимгирандагон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) имрӯз, 16-уми феврал бо пахши гузорише аз ин мард Абдулло Асламови 48-сола, сокини ноҳияи Вахш ном бурд, ки дар пойтахт 4 фарзанди худ ва 9 кӯдаки дигаронро ба таълимоти динӣ ҷалб карда, ҳамзамон, аз ҳаққи таҳсил дар мактабҳо маҳрум кардааст.

Ба гуфтаи мақомот, Абдулло Асламов “танҳо маълумоти миёна дошта, таълимоти диниро дар назди бародараш гирифтааст”. Қаблан, дар масҷиде дар ноҳияи Вахш имомхатиб ҳам будааст.

“Соли 2014 ҳангоми имомхатибиаш барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар (моддаи 200 КҶ) ба ҷавобгарӣ кашида шудааст”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Худаш ҳам дар навор иқрор мешавад, ки барои истеъмоли афюн “ба даст афтидааст”. Таҳти кадом шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки чанд вақт пеш ӯ ба Душанбе омада, хонаеро 10 ҳазор сомонӣ ба иҷора гирифта, “бо ивази 3 ҳазор сомонӣ ба бачаҳо таълими Қуърон медод”.

РВКД дар Душанбе мегӯяд, аксари кӯдакон аз 3 то 8 моҳ волидайни худро намедиданд. Падаре, ки номаш дар навор зикр нашудааст, инро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ки “5 моҳ боз фарзандашро надидааст”.

Инчунин, дар рафти тафтиш ошкор шудааст, ки Асламов кӯдаконро озору азияти ҷисмонӣ медод. Худаш ҳам иқрор мекунад, ки дар сурати омода накардани дарсҳо “бо химча ба даст ё пойи кӯдакон” мезадааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид

Дар навор мақомот манзили Абдулло Асламовро намоиш дода, мегӯянд, ки кӯдакон дар шароити ғайрибеҳдоштӣ дар хона нигоҳ дошта мешуданд ва бинобар ин ба бемориҳои гуногун гирифтор шудаанд.

Худи кӯдакон дар суҳбат бо мақомот мегӯянд, ки борҳо гурусна мондаанд, ба корҳои вазнини хона, аз ҷумла ба тамиз кардани ҳаммому ҳоҷатхона машғул мешудаанд.

РВКД мегӯяд, нисбат ба Абдулло Асламов барои азобу уқубат (моддаи 117) ва монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ (моддаи 164) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад.

Ғайр аз ин, алайҳи 9 падару модар барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ (моддаи 164) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Моддаи 164-и КҶ аз 78 ҳазор то 93 ҳазору 600 (1 ҳазор то 1 ҳазору 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ё то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Моддаи 117-и КҶ бошад, дар умум аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Бояд гуфт, ки соли 2018 дар Тоҷикистон ба Қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" тағйирот ворид гардид, ки тибқи он таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, танҳо ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ ва волидайн вогузор гардид. Он замон  беш аз 20 мадрасаи динӣ дар кишвар баста шуда, ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, дар ҳеҷ ҷо таълимоти динӣ тадрис дода намешавад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон барои монеъ шудан ба таҳсили кӯдакон ҷазо пешбинӣ шудааст. Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (синфи 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 дигар қатъи таҳсил кунанд. Вале соли 2024 таҳсили миёна (10-ва 11) ҳам ҳамтӣ шуд. Бештар дар ин бора, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.