“Поянда бод забони порсӣ!” Нигина Амонқулова барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” шуд

Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик барои талошҳояш дар роҳи посдорӣ ва густариши забони порсӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” гардидааст. Тақдими ҷоиза рӯзи 15-уми феврал дар ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминистери Бритониё баргузор шудааст. Тавре зимни муаррифӣ, гуфта мешавад, Нигина Амонқулова барои густариши забони форсӣ бо эҷоди оҳангу суруд, ба вижа, иҷрои […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик барои талошҳояш дар роҳи посдорӣ ва густариши забони порсӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” гардидааст.

Тақдими ҷоиза рӯзи 15-уми феврал дар ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминистери Бритониё баргузор шудааст.

Тавре зимни муаррифӣ, гуфта мешавад, Нигина Амонқулова барои густариши забони форсӣ бо эҷоди оҳангу суруд, ба вижа, иҷрои сурудҳои Мавлоно дар ҳамоиши ЮНЕСКО шоистаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” шудааст.

Нигина Амонқулова дар навори қаблансабтшудае, ки он дар ҳамоиш пахш шудааст, аз чунин қадрдонӣ сипосгузорӣ карда, онро мояи ифтихораш унвон кардааст.

“Бароям мояи ифтихор ва хушҳолии бузург аст, ки имсол дар арсаи хидмати забони порсӣ ва мероси куҳани он аз роҳи мусиқӣ шоистаи дарёфти ҷоизаи бузурги “Қанди порсӣ” дониста шудам. Ин ифтихорро аз они ҳамаи ҳунармандон, дӯстдорони ин забони муштарак медонам. Ба касоне, ки бо меҳр барои зинда нигоҳ доштани ин мекӯшанд. Забони модарӣ решаи ҳувият ва пули пайванди наслҳост ва посдорӣ аз он посдорӣ аз фарҳанг ва таърихи мост. Поянда бод забони порсӣ ва сарфароз бод мардуми нозанини он!”, – мегӯяд овозхони номдори тоҷик.

Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ”-ро аҳли Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон ба масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Бритониё месупоранд, то онро ба овозхон расонанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Гулрухсор ва Амина Шарофиддинова ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ”-ро гирифтанд

Ғайр аз Амонқулова, ҷоизаи “Қанди порсӣ”-и имсолро инчунин Майкл Берӣ, устоди Донишгоҳи Принстони Амрико ва Латиф Нозимӣ, адабиётшинос аз Афғонистон низ соҳиб шудаанд.

Маблағи ҷоиза 500 фунт стерлинг, муодили тақрибан 700 доллар аст.

Ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон аз соли 2014 дар Бритониё баргузор мешавад. Қаблан, низ ин ҷоиза ба посдорони забони форсӣ аз Тоҷикистон дода шуда буд.

Аз ҷумла, соли 2024 ин ҷоизаро ба шоири саршиноси тоҷик Гулрухсор ва яке аз мудофеони забони тоҷикӣ дар Самарқанд Амина Шарофиддинова дода буданд. Пештар Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори маъруф ва муҷрии барномаҳои радио ва телевизиони форсии ВВС, низ барандаи ин ҷоиза шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.