Боздошти як муовини комиссари ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Ф. Файзализода, муовини комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ҳамзамон сардори шуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ин минтақа аст, хабар дод, ки ба гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат гумонбар мешавад. Ин ниҳод рӯзи 19-уми феврал навишт, ки Файзализода аз моҳи марти соли 2025 дар […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Ф. Файзализода, муовини комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ҳамзамон сардори шуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ин минтақа аст, хабар дод, ки ба гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат гумонбар мешавад.

Ин ниҳод рӯзи 19-уми феврал навишт, ки Файзализода аз моҳи марти соли 2025 дар ин вазифа кор карда, моҳи октябри соли гузашта барои озод кардани ду ҷавон аз хидмати ҳарбӣ аз волидайни онҳо дар умум 10 ҳазор доллар (қариб 95 ҳазор сомонӣ) гирифтааст. Аз яке 6 ва аз дигаре 4 ҳазор доллар гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, гумонбар ҳангоми гирифтани пора аз волидайни яке аз ин даъватшавандаҳо моҳи октябри соли гузашта дастгир шудааст.

Назари ӯ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Алайҳи Файзализода бо иттиҳоми гирифтани пора аз сӯи шахси мансабдор ва сӯистифодаи мақоми хидматӣ (моддаҳои 319 қисми 1 ва 391 қисми 1 КҶ) парвандаи ҷноӣ боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст. Танҳо иттиҳоми якум аз ҷарима то се сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик

Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти мақомдорони давлатӣ, аз ҷумла кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ бо ҷумри порахӯрӣ иттилоъ медиҳанд. Қаблан, низ дар бораи боздошти кормандони мизи ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар хабарҳо нашр шуда буд.

Ҳамасола мавсими даъвати ҳарбӣ, ки дар кишвар дар як сол ду маротиба-баҳору тирамҳ сурат мегирад, хабару наворҳое аз сарбозшикор (облава) шудани ҷавонон расонаӣ мегардид. Вале мақомот ин ҳамаро рад мекунанд ва мегӯянд, агар шахс баъди гирифтани даъвататномаи ҳарбӣ ба комимисариат ҳозир нашавад, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ онҳоро маҷбурӣ меоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.