Home Blog Page 17

“Hyundai Tajikistan” дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад

0

Давоми моҳи мубораки Рамазон, ширкати "Hyundai" барои муштариёни худ пешниҳоди махсус дорад: ҳангоми хариди ҳар як мошини ин тамға, ба харидор корти сӯзишворӣ барои 500 литр бензин эҳдо мешавад.

Рамазон замоне барои андешидан, гирифтани тасмимҳои дуруст ва таваҷҷуҳи бештар ба наздикон аст. Дар ин давра бисёр оилаҳо нақша мекунанд, то харидҳои муҳим анҷом диҳанд, аз ҷумла иваз ё хариди мошини нав.

"Hyundai" мехоҳад бо як имтиёзи муфид муштариёни худро дастгирӣ кунад, то моҳҳои аввалини истифодаи мошин бароҳаттар бошанд.

Корти сӯзишворӣ барои 500 литр — ин сарфаҷӯии воқеӣ ва итминони бештар ҳангоми ҳаракат дар роҳ аст. Ин пешниҳод ба тамоми намудҳои мошин, ки дар маркази расмии фурӯши "Hyundai" пешниҳод мешаванд, дахл дорад.

Иқдом танҳо барои муддати маҳдуд — дар давоми моҳи Рамазон амал мекунад.

Барои гирифтани маълумоти бештар метавонед ба маркази расмии фурӯш муроҷиат кунед ё ба рақами 2299 занг занед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон

0

Бо ишора ба решаҳои таърихиву фарҳангӣ ва тамаддуниву забонӣ, ҷанг дар Эрон шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан сиёсатмадорону аҳли зиёи кишварро бетараф нагузошт. Чанде аз онҳо, дирӯз, 5-уми март ба Сафорати Эрон дар Душанбе, ки дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва чанде аз мақомдорону даҳҳо шаҳрвандони ин кишвар дафтари ёдбуд боз шуда буд, омаданд ва ҳамдардии худро ба мардуми ин кишвар баён карданд.

“Азия-Плюс” аз ин маросим гузориш омода кард ва аз чанде аз чеҳраҳои сиёсату илму адаб, ки дар ин ҳамоиш ширкат доштанд, назарашонро дар бораи вазъ дар Эрон пурсид.

 

Миёнаи бастаи мӯйсафед ва ашки зане бо акси Хоманаӣ

Ба маросими ёдбуд дар сафорати Эрон, мансабдорони баландпояи тоҷик, намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ, аҳли илму адабу фарҳанг ва шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон омаданд. Аз ҷумла, бо намояндагӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ба Сафорати Эрон  омад ва ба сафир ва мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ кард.

Инчунин, мансабдорони дигари тоҷик, ба мисли муовини вазири корҳои хориҷӣ, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ва парлумони Тоҷикистон, раисони Иттифоқи нависандагон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва муфтии кишвар ба ин маросим рафта, ба мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ баён карданд.

Дар давоми рӯз, ҳамчунин, академикон ва олимон, рӯзноманигорон, нависандагон ва фарҳангиёни кишвар ба ин маросим омаданд. Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба сафорат омада, дар дастари ёдбуд ҳамдардии худро нигоштанд. Мӯйсафеде бо нишони мотам миёнашро баста буд, зане дар даст сурати роҳбари олии Эрон ашк мерехт.

Теъдоди зиёди эрониёни муқими Тоҷикистон ҳам дар маросим дида шуданд, ки либоси сиёҳ пӯшидаву гиря мекарданд. Мусаввараи бузурги бо гул оростаи Алии Хоманаӣ, ки бо нишони қурбонӣ шуданаш дар гӯшае хати сиёҳ дошт, дар маркази маросими ёдбуд қарор дошт. Садои қироати “Қуръон” фазоро пахш карда буд.

ГАЛЛЕРЕЯ (14)














Чанде аз сафирон ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ, ба мисли сафирони Туркия, Русия, Белорус, Қазоқистон ва Афғонистон низ барои изҳори ҳамдардӣ ба сафорат ҳозир шуданд.

Дар ҷараёни маросим, “Азия-Плюс” назари бархе чеҳраҳои сиёсиву адабии тоҷикро дар мавриди ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон ва мавқеи онҳо нисбат ба ин таҳаввулот пурсид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад

 

Фоҷиаи ниҳоят сангину дарди муштарак

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сиёсатмадор ва дипломати собиқ, ҳаводиси Эронро “фоҷиаи ниҳоят сангину вазнин” номида, гуфт, ки ҳама чизе ки дар ин кишвар мегузарад, мусибати муштараки ҳар як ҳамфарҳангу ҳамзабон аст.

Раҳмонзода ҳузури сарвазир ва дигар мансабдорони тоҷик дар ин маросимро аз нуқтаи назари дипломатӣ хеле муҳим донист ва гуфт, “агар мо, ки ҳамфарҳанг, ҳамзабон, ҳамнажод ва ҳамхун бо ин мардум ҳастем, дар ин шабу рӯз ҳамроҳ набошем, моро хуб намефаҳманд”.

“Барои кишвари мисли Тоҷикистон, ки вазнинию сангинии низоъҳои шаҳрвандиро аз сар гузаронда ва талафоти зиёде додааст, барои мардуми тоҷик, барои тамоми Ҳукумати Тоҷикистон ин, албатта, як фоҷиаи вазнин аст, чунки ҳамзабонону ҳамфарҳангони мо талафот дода истодаанд”, – гуфт ин сиёсатмадори тоҷик.

Ӯ пас аз изҳори ҳамдардӣ ба мардуми Эрон таъкид дошт, “мо боварӣ дорем, ки на танҳо ин мушкилоту фоҷиа пушти сар мешавад, балки дар оянда боз ҳам ҳамкориҳои ҳасана миёни ду кишвар беш аз пеш сурат мегиранд”.

 

“Эрони бузург ҳатман пирӯз хоҳад шуд”

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон ва узви палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо гуфт, ки “Тоҷикистону Эрон аз қадимулайём мисли ду ҷисму як ҷон ҳастанд ва ин ҳамдаму ҳамғаму ҳамнишотӣ дар замони истиқлолияти Тоҷикистон беш аз пеш афзуд. Мо ҳар пешрафти Эронро пешрафти худ меҳисобем ва ҳар нокомии Эронро нокомии худ медонем”.

Ӯ ҳамлаи Амрикову Исроилро бо сароҳат маҳкум карда, афзуд “аз ин таҳоҷуми номардонаи гурӯҳи кафторҳо ба Эрони бузург бисёр нохуш ҳастем ва аз дилу ҷон пирӯзии Эронро мехоҳем”.

Низом Қосим ба унвони ҳамқаламони эронии худ гуфт, “мо дар ин лаҳзаҳои душвор бо онҳо ҳастем. Бори дигар осори онҳоро ба ёд меорем, муҳаббати онҳоро ба кишвари бузургашон, ба фарҳанги муштаракамон ба ёд меорем ва ҳамаи ин ба мо бовар мебахшад, ки Эрони бузург ҳатман пирӯз хоҳад шуд”.

Раиси Иттифоқи нависандагон дар бораи пайванди ду кишвар сухан гуфта, маҳаки ин пайвандро дар забони муштарак номид: “то забони тоҷикӣ, забони форсӣ ҳаст, Эрон побарҷо хоҳад буд, Тоҷикистон побарҷо хоҳад буд ва дӯстии мо, пайванди мо побарҷо хоҳад буд”.

Ба гуфтаи Низом Қосим, ин гуна ҷангҳо ба равобити адабии ду кишвар таъсири манфӣ нахоҳад расонд ва дер нест, ки он бо пирӯзии Эрон хотима ёбад.

“Ҷанг аслан хасми ҳама гуна ҳамкориҳои фарҳангӣ, хасми ҳама гуна созандагию бунёдкориҳост. Ва барои ҳамин ҳам инсони соҳибақл аз қадимулайём муқобили ҷанг аст, муқобили хунрезӣ аст, муқобили истилову таҷовуз аст. Мо ин ҳама корҳоеро, ки имрӯз Амрико, Исроил, дигар кишварҳои беандеша анҷом медиҳанд, маҳкум мекунем. Умед дорем, ки Эрони азиз дар ин росто пойдор мемонад, барқарор мемонад ва бар ҳама душманиҳо, бар ҳама бадхоҳиҳои хасмон пирӯз мешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

 

“Сарнавишти Эронро бояд худи мардуми Эрон ҳал кунад”

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Академик Кароматулло Олимов ба адибон ва фарҳангиёни Тоҷикистон паём дод ва аз онҳо хост, ки дар ин рӯзҳои сангин бо ҳамзабонони эронии худ ҳамдард бошанд.

“Дар ин рӯзҳо, ки воқеан барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардуми шарифу ҳамзабону ҳамфарҳанги мо рӯзҳои сангин аст, аввалан ман сабр орзу мекунам. Дигар ин ки, ин кушторҳое, ки ноодилона, ноҷавонмардона сурат гирифтааст, воқеан изтироби мову тамоми аҳли ҷаҳонро ба вуҷуд овардааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Олимов ин ҳамларо хилофи қонун ва меъёрҳои Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки “ин кор зидди тамоми башарият аст”

Ӯ аҳли фарҳанг ва илму адаби Эронро ҳамчун меросбарони тамаддуни бузурги муштараки Тоҷикистону Эрон номида, гуфт, ки “мардуми Эрон ҳарчанд бисёр мушкил аст, вале бояд мубориза баранд”.

Дар мавриди таъсири ҷанг ба ҳамкориҳои илмию академии ду кишвар Олимов ба воқеъбинӣ иқрор шуд, ки рафтуомадҳои мустақим феълан имконнопазир аст, аммо бо итминон гуфт, ки ҳамкориҳои муштарак дар ин самт қатъ нахоҳад шуд.

Ӯ бо қатъият гуфт, ки “бояд сарнавишти Эронро худи мардуми Эрон ҳал бикунад”.

 

Таърихчаи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Рӯзи шанбеи 28-уми феврал Амрико ва Исроил амалиёти муштараке оғоз карда, ба шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Қум, Караҷ ва Кирмоншоҳ – шаҳрҳои муҳими Эрон ҳамла карданд.

Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд

0

Муҳоҷирони меҳнатӣ бо пардохти 240 сомонӣ метавонанд, ки муоинаи тиббиро барои гирифтани "патент" дар Тоҷикистон гузаранд. Дар ин бора Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як ҷаласаи парлумон гуфтааст.

Дар ин маҷлис, вакилони парлумони Тоҷикистон, Созишнома дар бораи гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русияро ба тасвиб расонидаанд.

Ин созишнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия мераванд, иҷозат медиҳад, ки дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии пизишкиро ҳаминҷо бигиранд. Ҳоло муҳоҷирони тоҷик муоинаи тиббиро танҳо дар Русия мегузаранд. Гузаштан аз ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозатномаи кор (патент) дар Русия аст.

Саломуддин Юсуфӣ рӯзи 4-уми марти имсол дар назди вакилони парлумон гуфтааст, дар сурати қабули созишномаи мазкур, шаҳрвандони кишвар метавонанд муоинаи тиббиро дар ҳудуди Тоҷикистон бо пардохти 240 сомонӣ  (бахши хусусӣ – 300 сомонӣ) “дар муассисаҳои интихобшуда” гузаранд.

Вале нагуфтааст, ки муассисаҳои интихобшуда кадомҳоянд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нуқтаи тиббӣ дар яке аз муассисаҳои тиббии Душанбе таъсис меёбад ва дар асоси қонунгузории Русия кор карда, Тоҷикистон ин марказро аз супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод мекунад.  

Ба иттилои ӯ, ин хидматрасонӣ дар ҳудуди Русия аз 8 то 10 ҳазор рубл (тақрибан 960-1200 сомонӣ ба ҳисоби имрӯз) арзиш дорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

“Агар шаҳрванди Тоҷикистон бидуни пешниҳоди маълумот дар бораи вазъи саломатиаш ва мусофирати муваққатӣ ба Русия мубталои бемории ВНМО ё сил пас аз муоинаи тиббӣ ошкор шавад, дар бисёр маврид онҳо табъид (депортатсия) мешаванд”, – гуфтааст муовини вазир.

Ба қавли ӯ, яке аз далоили қабули созишномаи мазкур низ пешгирии саривақтӣ аз чунин ҳолатҳо буда, лоиҳаи созишнома бо ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат ва муҳоҷират, Оҷонсии зиддифасод, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук мувофиқа шудааст.

Ин созишнома рӯзи 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд

Баъдтар онро ҳукумати Русия тасдиқ карда, барои баррасӣ ба Думаи давлатии ин кишвар фиристода буд.

Қаблан, муҳоҷирон дар Русия аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд, ки сарсонии зиёд, хароҷоти зиёди молиявӣ дар пай дошт ва аксаран бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас мегардониданд.

Мақомоти ҳарду кишвар изҳор мекунанд, ки ин санад "ҷиҳати танзиму тартиби раванди муҳоҷирати корӣ, баланд бардоштани шаффофияти расмиёт ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи шуғл равона шудааст".

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд.

Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши "патент" ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо кор ба муҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?

0

Соли 2025 дар Тоҷикистон 2 ҳазору 87 дугоник, 31 сегоник ва 2 чоргоник таваллуд шудааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2024 таваллуди дугонику чоргоник кам, вале ба дунё омадани сегоник зиёд шудааст. Соли 2024 дар кишвар таваллуди 2 ҳазору 180 дугоник, 27 сегоник ва 4 чоргоник сабт шуда буд.

Соли гузашта таваллуди дугоникҳо дар минтақаҳо чунин будааст:

– 742 дар вилояти Хатлон;

– 658 дар вилояти Суғд;

– 242 дар Душанбе;

– 14 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Сегоникҳо соли 2025 дар Хатлон бештар ба дунё омадаанд:

– 10 дар Хатлон,

– 9 дар Суғд,

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст

– 7 дар Душанбе,

– 4 дар ноҳияҳои тобеи марказ,

– 1 дар ВМКБ.

Чоргониҳо яке дар вилояти Хатлон ва дигаре дар вилояти Суғд таваллуд шудаанд.

Солҳои пеш низ дар Тоҷикистон тавлиди чоргоник ва ё зиёда аз он сабт гардида буд. Аксари ҳукумати кишвар ва шахсони алоҳида ба волидайни тифлон кӯмакҳо, аз ҷумла хона медоданд.

Моҳи январи соли 2023 бошад, дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд бори нахуст дар Тоҷикистон 6 нафар – ду писару 4 духтар таваллуд шуд, вале баъди як рӯз тифлони навзод фавтиданд.

Бояд гуфт, ки сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон баланд боқӣ мемонад. Аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон дар ҷойи аввал аст. Тибқи омори расмӣ шумораи аҳолӣ дар як сол ба ҳисоби миёна 2% ё 200 ҳазор нафар меафзояд.

То 1-уми январи соли 2026 аҳолии Тоҷикистон 10 млн 720,8 ҳазор нафарро ташкил дод, ки қариб 215 ҳазор нафар зиёдтар дар муқоиса бо аввали соли 2025 мебошад. 

Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 ҷамъияти Тоҷикистон аз 11 миллион нафар мегузарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

0

Моҳи гузашта дар Осиёи Марказӣ ҳавои рекордӣ ба қайд гирифта шуд, ки буҳрони рӯзафзуни иқлимиро тасдиқ мекунад. Ҳарорат дар ҳамаи кишварҳои минтақа аз меъёрҳои мавсимӣ зиёд шуд. Гармии ғайримуқаррарӣ ва камбуди об, бахши кишоварзӣ ва сохтори таъминот бо обро зери хавф гузошт.

 

Рекорди ҳарорати ҳаво дар моҳи феврал дар пойтахти кишварҳои Осиёи Марказӣ

Аз ҷумла, моҳи феврали соли равон дар Душанбе ҳарорати рекордӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳарорати миёнаи воқеии моҳ 10,8 дараҷаро ташкил дод, ки 5,8 дараҷа зиёдтар аз меъёр аст (меъёр барои моҳи феврал – 5 дараҷа). 

Ҳарорати рекордӣ дар дигар кишварҳои минтақа низ сабт шуданд. Дар Туркманистон ҳарорат то 33,4 дараҷа расид, ки рекорди мутлақ барои ин моҳ шуморида мешавад.

Бино ба иттилои идораи ҳавошиносии Қазоқистон, 19-уми феврали соли 2026 дар Алмато ҳарорати +22,8 ба қайд гирифта шуд, ки рекорди нав барои моҳи феврал мебошад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чолиши нав. Чаро ҳаво дар Тоҷикистон гарм мешавад ва чӣ тавр метавон ба он мутобиқ шуд?

Ҳавои моҳи феврали соли 2026 дар Бишкеки Қирғизистон ҳам рекорди нав гузошт. Ҳарорати миёнаи моҳона +6 дараҷаро ташкил дод, ки 6,5 дараҷа болотар аз меъёр аст. Рӯзи 19-уми феврал дар шаҳр ҳарорат то ҳадди ниҳоии +22,9 дараҷа гарм шуд.

Дар Ӯзбекистон рӯзҳои 19-20-уми феврал ҳарорат дар ҳудуди 20-25 дараҷа қарор дошт, ки барои нимаи фасли баҳор хос аст.

 

Пешгӯӣ ва оқибатҳои гармии сартосарӣ дар Осиёи Марказӣ

Ин рекордҳо, хулосаҳои гузориши “Иқлими сайёра: далел, пешгӯӣ ва роҳҳои ҳал дар шароити буҳрони рӯзафзун”-ро тасдиқ мекунанд. Дар он пешгӯӣ шудааст, ки соли 2026 дар муқоиса бо ҳарорати сатҳи то индустриалӣ, гармии сартосарӣ рекорд 1,4 дараҷа болотар мешавад. Пешгӯиҳои болоравии ҳарорат дар Осиёи Марказӣ аз интизориҳо тезтар амалӣ ва оқибатҳояшон ба низоми экологӣ ва одамон ҳарчи бештар возеҳу аёнтар мешаванд.

Дар гузориш доир ба буҳрони иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ ба якчанд мушкили калидӣ таваҷҷуҳ шудааст, ки ба минтақа таъсири назаррас доранд. Соли 2025 дар ҳамаи кишварҳои минтақа ҳароратҳои нави рекордии 2-3 дараҷа зиёдтар аз меъёр ба қайд гирифта шуданд, ки хеле зиёд аз меъёри иқлимӣ аст.

 

Хавфҳо ба бахши кишоварзии Осиёи Марказӣ

Мувофиқи маълумоти гузориши “Иқлими сайёра: далел, пешгӯӣ ва роҳҳои ҳал дар шароити буҳрони рӯзафзун”, дар шароити гармшавии сартосарӣ (глобалӣ) хушксолиҳо ҳарчи зиёдтар ва босуръат шуда, ба бахши кишоварзӣ ва сохтори таъминот бо об хавфу хатарҳо эҷод мекунанд.

"Болоравии ҳарорат дар Осиёи Марказӣ ба падидаҳои ногаҳонии марбут ба ҳаво боис гардида, ба бад шудани шароитҳо дар бахши кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ оварда мерасонанд. Тағйирёбии иқлим равандаҳои табииро халалдор намуда, ба кишоварзӣ, бахусус дар кишварҳое чун Тоҷикистон, ки бахши кишоварзӣ ба захираҳои об барои обёрӣ сахт вобаста аст, таъсири манфӣ мерасонанд. Ин хавфҳо тадбирҳо таъҷилӣ дар бораи мутобиқат, беҳбуди идоркунии захираҳои об ва ҷорисозии технологияҳои устувори кишоварзиро дар минатқа тақозо мекунанд", -омадаатс дар гузориш.

 

Тавсияҳо ба Тоҷикистон дар робита ба иқлим

Дар гузориш бо назардошти буҳрони рӯзафзуни иқлимӣ дар робита ба иқлим тавсияҳо дода мешаванд. Аз ҷумла, барои Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои минтақа чунин тавсияҳо додааст:

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бар асари тағйирёбии иқлим заминҳо камҳосил мешаванд. Чӣ бояд кард?

Мутобиқат ба ҳароратҳои ғайримуқаррарӣ. Соли 2025 дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳароратҳои рекордӣ ба қайд гирифта шуда, он дар ноҳияҳои кӯҳӣ 3 дараҷа зиёдтар аз меъёр буд. Ин аҳамияти таҳияи стратегияҳои мутобиқат барои бахши кишоварзӣ, идоракунии захираҳои табиӣ ва омодагӣ ба хушксолиҳоро таъкид месозад.

Идоракунии захираҳои табиӣ. Дар минтақа хавфҳои ҷиддии марбут ба камбуди об, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ки дар онҳо танҳо 41%-и аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ доранд, ба мушоҳида мерасад. Ин истифодаи бештар пурсамари захираҳои об ва ҷорисозии тарзу усулҳои устувори таъминот бо обро талаб мекунад.

Беҳбуди устувории бахши кишоварзӣ, дар шароити тағйирёбии иқлим ва хушксолиҳои ғайримуқарррарӣ муҳим мешавад. Барои ин беҳтар кардани низомҳои кишоварзии минтақа бо истифода аз навъҳои ба хушкӣ тобовари зироатҳо, беҳбуди технологияҳои обёрӣ ва истифодаи партовҳои кишоварзӣ ба сифати захира зарур аст. Ин тадбирҳо ба сабук кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим кумак карда, Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба таҳдиду хавфҳои ояндаи иқлим омода мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чилу якуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд

0

То имрӯз беш аз 3 ҳазору 500 ширкату корхона (субъекти хоҷагидорӣ) бо сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон кор мекунанд, ки намояндагони 85 кишвар мебошанд.

Аз Кумитаи андози Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ худро дар қайди ин ниҳод гузоштаанд. Онҳо, ҷумла намояндагони  Чин, Русия, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди аксари ин корхонаҳо ба соҳибкорони чинӣ дахл дорад. Шумораи корхона ва соҳибкороне, ки дар Тоҷикистон бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекунанд, ба таври зайл будааст:

Чин – 1117 адад;

Афғонистон – 424 адад;

Русия – 403 адад;

Эрон – 328 адад;

Туркия – 157 адад;

Ӯзбекистон – 155 адад;

Қазоқистон – 109 адад;

Дигар кишварҳо – 807 адад.

 

Чаро соҳибкорони тоҷик барои кор ба Ӯзбекистон мераванд?

Ин хабар дар пасманзари он нашр мешавад, ки чанде пеш Кумитаи омори Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, ба 410 адад расидааст. Ин теъдод 6 моҳ пеш, то 1 июли соли 2025-ум 357 буд ва дар ин муддат, 53 корхонаи дигар кушода шудааст.

Қаблан, иқтисодшиносон мегуфтанд, ки яке аз сабабҳои фирори соҳибкорон аз Тоҷикистон баланд будани меъёрҳои андозҳо ва фазои номусоиди соҳибкорӣ аст. Вале Кумитаи андоз ин иддаоро рад карда мегӯяд, “ин як раванди маъмулии иқтисодӣ аст" ва ҳадафи ин соҳибкорон васеъ намудани доираи тиҷорати худ мебошад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон кор мекунанд, дар шаш моҳ 53 адад зиёд шудааст

“Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд, аз ҷониби шаҳрвандон берун аз ҷумҳурӣ ташкил ва идома додани фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, ба гирифтани фоидаи бештар, васеъ намудани тиҷорат, зиёд будани талабот ба мол дар бозор, қулай будани содироти мол ба дигар кишварҳои ҳамсарҳад, беҳтар ба роҳ монда шудани хидматрасониҳои логистикӣ ва дигар омилҳо алоқамандӣ дорад” – мегӯяд Кумитаи андоз.

Ба иттилои ин ниҳод, то 1-уми январи имсол, теъдоди ширкату корхона ва соҳибкорони Ӯзбекистон, ки дар кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, 155 адад буда, нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 20 адад зиёд будааст.

Манбаъ мегӯяд, "беш аз 45% ширкату корхона ва соҳибкороне, ки дар ин кишвар бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар ватан низ ба соҳибкорӣ машғул мебошанд". 

Ба қавли манбаъ, аз нигоҳи иқтисодӣ дар кишвари Ӯзбекистон зиёд шудани корхонаҳо бо саҳми шаҳрвандони Тоҷикистон, “бештар ба интихоби оқилонаи соҳибкорон алоқамандӣ дорад” ва соҳибкорони тоҷик дар Ӯзбекистон бозори ояндадор ва васеътарро барои рушд ва даромади иловагӣ мебинанд.

“Барои муқоиса, аҳолии Ӯзбекистон – зиёда аз 37 миллион нафарро ташкил дода, шароит барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвари ҳамсоя нисбат ба ҷумҳурии мо нисбатан зиёданд. Бинобар ин, ширкатҳои ватанӣ барои васеъ намудани доираи фаъолияти худ, дастрасӣ ба бозор, ки аз кишвари мо қариб 4 маротиб калонтар мебошад ва дигар имкониятҳои дастрас, соҳибкории худро дар кишвари ҳамсоя ташкил менамоянд”, – гуфтанд аз Кумитаи андоз.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон тавассути қоидаи "Минтақаи ҷалб" аз хориҷи дуру наздик соҳибкорон ва сармоягузронро ҷалб мекунад.

Бояд гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон дар умум 381 ҳазор ширкату корхона ва соҳибкор фаъолият мекунанд. Ин теъдод нисбат ба аввали соли 2025-ум 15 ҳазору 800 адад зиёд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2002 – Дар шаҳри Маскав шумораи аввали рӯзномаи “Чархи гардун” нашр шуд.

Соли 2012 – Дар Маскав Низомхон Ҷӯраев, соҳибкори тоҷик боздошт гардид.

Соли 2013 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 низомии собиқро, ки дар маҳбас қарор доштанд, авф намуд.

Соли 2013 – Вакилони парлумон тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”-ро ҷонибдорӣ карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1928 – Мавлуди Расул Ҳодизода, адабиётшинос ва тарҷумони тоҷик.

Расул Ҳодизода яке аз донишмандон ва муҳаққиқони варзидаи адабиёти тоҷики асрҳои миёна ва нав аст, ки осори зиёде дар бораи таърихи адабиёти тоҷик ва шахсиятҳои барҷастаи он таълиф кардааст.

Ӯ аз ибтидои фаъолият ба таҳқиқи адабиёт машғул шудааст. Фаъолияти ӯ ба рушди илми адабиётшиносии муосири тоҷик дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ Тоҷикистон сахт пайваст буд. Аҳли адаби тоҷик ӯро ҳамчун олими пурмаҳсул, пухтакор ва ҳақиқатҷӯ мешиносанд.

Номбурда муддате раёсати “Анҷумани Иқбол”-ро ба уҳда дошт ва ҳамчунни раиси Бунёди Рӯдакӣ буд.

Ӯ муаллифи асарҳои арзишманде чун “Аҳмади Дониш”, “Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX”, “Рӯдакӣ ва шоирони ҳамзамони ӯ”, “Ситорае дар тирашаб” буда, чандин асарҳои маъруфи ҷаҳониро тарҷума кардааст.

Расул Ҳодизода 4-уми апрели соли 2010 дар 82-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 1939 – Мавлуди Одина Мирак, рӯзноманигор ва шоири тоҷик.

Соли 1970 – Мавлуди Парвин Юсуфӣ, сароянда эстрадаи тоҷик.

Парвин Юсуфӣ яке аз сарояндагони шуҳратёри тоҷик буда, бо садои ҷаззоб ва истеъдоди нодири худ дар саҳнаи мусиқии тоҷик шӯҳрат касб кардааст. Ӯ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буда, бо таронаҳои маъруфаш, аз ҷумла “Гиря мекунам” ва “Ман ғам намехӯрам” дар байни мардум маҳбубият пайдо кардааст. Парвин Юсуфӣ дар гурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла “Интерклуб” ва “Пайкар” фаъолияти эҷодӣ доштааст.

Соли 1994 – Зодрӯзи Ҷаҳонгир Эргашев, футболбози тоҷик.

Соли 2021 – Раҳмондӯсти Қурбониён, ҳунарпешаи театр ва синамо, коргардон ва ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик дар 76-солагӣ аз олам даргузашт.

Раҳмондӯсти Қурбониён яке аз чеҳраҳои дурахшони театр ва синамои тоҷик буда, ҳанӯз соли 1962 дар филми Кимёгаров – “Коваи оҳангар” нақши нахустини худро иҷро кардааст. Нақшҳои офаридаи Раҳмондӯсти Қурбониён дар филмҳои “Братан”, “Қош ба қош”- и Бахтиёр Худойназаров, “Ситораҳои сари танӯр”- и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, “Баҳори як кӯча”- и Саидҷон Қодирӣ аз нақшҳои мондагори синамои тоҷиканд.

Ӯ дар дастаи фолклорӣ-этнографии “Ганҷина”, ки дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо роҳбарии  Зафар Нозимов – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, маъруф буд, ба вазифаи коргардон фаъолият намуда, солҳои гуногун дар Театри намунавии минётураи “Оина”, дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио ва дастаи “Наврӯз” ҳамчун ҳунарманд ва коргардон фаъолият кардааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар аксар кишварҳо Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон таҷлил мегардад. Дар аввал ин ҷашн танҳо дар ИМА ҳамчун ҷашни касбӣ қайд мешуд, аммо бо гузашти солҳо ин анъана берун аз ҳудуди Амрико паҳн гардид.

Имрӯз, инчунин Рӯзи ихтирои аспирин аст. 6 марти соли 1899 кимиёгари олмонӣ Феликс Ҳоффман, ки корманди ширкати “Bayer” буд, барои ин дору иҷозатнома (патент) гирифт. Ӯ ҳангоми ҷустуҷӯи роҳи коҳиш додани таъсири манфии доруҳо барои падари бемораш, ки аз дарди сахти буғумҳо ранҷ мебурд, кислотаи атсетилсалитсилӣ ихтироъ кард. Ин модда дард ва табро коҳиш дода, ба меъда камтар зарар мерасонд.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо глаукома низ таҷлил карда мешавад. Глаукома як бемории музмини чашм аст, ки бо афзоиши фишори дохили чашм ва осеби асаби босира (оптикӣ) тавсиф мешавад. Ин ҳолат метавонад тадриҷан боиси коҳиши қувваи биноӣ ва ҳатто пурра нобиноӣ гардад.

Аз соли 2008 инҷониб бо ташаббуси Ассотсиатсияи ҷаҳонии мубориза бо глаукома ва Ассотсиатсияи ҷаҳонии беморони гирифтори глаукома, ин рӯз бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ин беморӣ таҷлил мегардад. Дар ҷаҳон беш аз 100 миллион нафар аз глаукома азият мекашанд. Ин беморӣ метавонад дар ҳар синну сол пайдо шавад, аммо хатар барои ашхоси аз 50-сола боло бештар аст. Ҳар як шахси панҷум, ки аз нобиноӣ ранҷ мебарад, маҳз ба сабаби глаукома биноияшро аз даст додааст.

6 марти соли 1930 дар шаҳри Спрингфилд аввалин маротиба маҳсулоти яхкардашуда ба фурӯш баромад.

Ин рӯйдод як пешрафти бузург дар соҳаи консервакунии озуқаворӣ буд. Имрӯз усулҳои муосири яхкунӣ имкон медиҳанд, ки хӯрок арзишҳои ғизоии худро нигоҳ дорад. Маҳсулоти зудвайроншаванда, ба монанди моҳӣ, гӯшт, мева ва сабзавот, дар наздикии хоҷагиҳои кишоварзӣ дар фабрикаҳои махсус коркард, бастабандӣ ва то -60°С ях кунонида мешаванд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 3+5º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 6 ба 7-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд

0

Имрӯз, 5-уми март дар шаҳри Тошканд бо ҳузури намояндагони 28 донишгоҳ аз Бритониё ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоиши байналмилалии “Забони англисӣ ва фарогирӣ” баргузор шуд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ омӯзгорони чаҳор муассисаи таҳсилоти олӣ намояндагӣ карданд.

Аз ҷумла, омӯзгорони забони англисӣ аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамоиш ҳузур доштанд.

Чорабинӣ бо ташаббуси Шӯрои Британия доир гардида, ба масъалаҳои рушди омӯзиши забони англисӣ ва тақвияти муҳити фарогири таълим бахшида шуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки дар Лоиҳаи муштараки таълимии Британияи Кабир ва Осиёи Марказӣ (AELLCA) ширкат доштанд, таҷриба ва натиҷаҳои ҳамкориро муаррифӣ карданд. Ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои “Фарогирӣ дар омодасозии омӯзгорон пеш аз хидмат (PRESETT)” ва “Нақшаи суръатбахшии англисӣ ва фарогирӣ” (English and Inclusion Accelerator Scheme) роҳандозӣ шуда буд.

Ҳадафи асосии лоиҳа таҳияи барномаҳои муштарак барои ташаккули муҳити беҳтари фарогирии таълим тавассути ворид кардани таҷрибаҳои пешрафта, харитаҳои роҳ барои ислоҳоти забони англисӣ, ҷорӣ намудани такмили ихтисоси муттасил (CPD), таҳкими роҳбарӣ ва рушди иқтидори омӯзгорон ва ҷомеаҳои таҷрибавӣ бо мақсади эҷоди тағйироти дарозмуддат дар омодасозии омӯзгорон пеш аз хидмат ва тақвияти ҳамкорӣ буд.

Ҷамила Ғуломова, муовини мудири Шӯрои Бритониё дар Ӯзбекистон гуфт, барои табодули таҷрибаҳои пешрафта дар навсозии PRESET ва иҷрои рӯйкарди фарогир дастаҳои муштарак гирд меоваранд.

“Натиҷаҳо ва намунаҳои мушаххаси иҷрои лоиҳаро дар роҳнамои беҳтарин таҷрибаҳо гирдоварӣ хоҳем кард, то барои омӯзиши густурдатар мунташир шавад. Ҳамчунин бо ҳам кор хоҳем кард, то барои пойдории дастовардҳои тарҳ гомҳои навро ҳамоҳанг созем”, – илова кард ӯ.

Инчунин, дар чорчӯби ҳамкорӣ масъалаҳои баробарии ҷинсӣ дар таҳсил, усулҳои фарогири таълим, рақамисозии соҳа ва рушди малакаҳои тафаккури интиқодӣ ва иртиботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи ин ташаббус миёни 11 донишгоҳи Бритониё ва 17 донишгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ беш аз 1000 омӯзгори оянда ва омӯзгорони амалкунанда аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон фаро гирифта шудаанд.

Бояд зикр кард, ки ин ҳамоиши байналмилалӣ бо ташаббуси Шӯрои Британия, ки ба рушди равобити фарҳангӣ ва имкониятҳои омӯзишӣ машғул аст, дар ҳамкорӣ бо Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва навоварӣ ва Вазорати таҳсилоти пешазмактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз ҳамла ба киштии “Дена”-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико

0

Ҳамакнун ҳамлаи Амрикову Исроил ба рӯзи шашум ворид мешавад. Аз дирӯз низ ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон идома доштааст ва Ҷумҳурии Исломӣ ҳам Исроил ва пойгоҳҳои ҳарбӣ ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёнаро ҳадаф қарор додааст.

Ҳамчунин, Тоҷикистон барои баргардонидани шаҳрвандонаш аз кишварҳои Халиҷи Форс парвозҳои чартерӣ созмон дода, сарвазири Тоҷикистон дар сафорати Эрон ба мардуми Эрон ҳамдардӣ баён кардааст. Муҳимтарин таҳаввулотро дар Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна ва таъсири ин ҳаводисро ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин маводи мо хонед.

 

Ҳамдарди сарвазири Тоҷикистон ба мардуми Эрон

Имрӯз, 5-уми март, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ба Сафорати Эрон дар Душанбе рафта, аз номи ҳукумат ва мардуми кишвар ба эрониён ҳамдардӣ кард.

Дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва ҷамъе аз мақомдорону шаҳрвандони ин кишвар дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил, имрӯз дар Сафорати Эрон дар Душанбе "Дафтари ёдбуд" боз шудааст.

 

Ҳамла ба киштии Эрон дар соҳилҳои Шри-Ланка

Рӯзи гузашта, 4-уми март як киштии зериобии низомии Амрико дар уқёнуси Ҳинд, киштии “Дена”-и Эронро  зарба зада, ғарқ кардааст. Хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба мақомоти Шри-Ланка хабар додааст, ки рӯзи гузашта мақомоти ин кишвар ҷасади 87 танро, ки дар ин киштӣ буданд, пайдо карда, 32 нафарри дигарро ба беморхона интиқол додаанд.

Ҳамчунин, ба навиштаи ин расона, мақомоти Шри-Ланка ҷасади беш аз 60 тани дигарро ҷустуҷӯ мекунанд. Гуфта мешавад, дар дохили ин киштӣ тақрибан 180 нафар қарор доштанд.

Амрико ғарқ кардани ин киштиро тасдиқ кардааст.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, киштии “Дена”, ки меҳмони нерӯҳои дарёии Ҳиндустон буд, “бидуни огоҳӣ ҳадаф қарор гирифт”. Ӯ зикр кардааст, ки дохили он 130 нафар қарор доштанд.

Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорони Эрон нисфирӯзии имрӯз, 5-уми март аз зарба ба як нафткаши амрикоӣ дар Халиҷи Форс хабар дод. Гуфта мешавад, ҳамла субҳи имрӯз аз тарафи нерӯҳои дарёии Сипоҳ сурат гирифтааст. То ҳол ин ҳамаларо Амрико тасдиқ ё рад накардааст.

 

Таркишҳо дар Эрон ва Исроил

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон

Шаби гузашта ҳам Исроил аз ҳамла ба Эрон хабар дод. Артиши ин кишвар гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои худ чанд нуқтаеро дар Теҳрон ҳадаф қарор додааст.

Хабаргузории нимарасмии “Тасним” низ субҳи имрӯз аз шунида шудани чанд таркиш дар Теҳрон хабар дод.

Қароргоҳи “Хотам-ул-анбиё”-и Эрон низ субҳи имрӯз аз ҳамлаи мушакӣ ва паҳподӣ ба Исроил ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна хабар дод.

“The Times Of Israel” низ хабар дод, ки шаби гузашта ва имрӯз низ дар Исроил бонки хатар ба садо даромад.

 

Афзоиши теъдоди қурбониён дар Эрон

Дар ҳамин ҳол, теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Амрикову Исроил дар Эрон ба беш аз ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Бунёди шаҳиди Эрон 4-уми март, эълон кард, теъдоди онҳое, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон кушта шудаанд, ба 1 ҳазору 45 тан расидааст.

Субҳи имрӯз, 5-уми март як намояндаи Вазорати беҳдошти Эрон ба хабаргузории “Тасним” хабар додааст, ки теъдоди захмиён аз 6 ҳазор тан убур карда, беш аз 2 ҳазору 500 тан дар бемористонҳо бистарӣ ҳастанд.

Ба иттилои хабаргузории “Тасним” аз аввали ҳамлаҳои Амрикову Исроил, танҳо дар вилояти Озарбойҷони ғарбӣ 49 нафар кушта шуда ва 275 тани дигар маҷрӯҳ шуда, бештари қурбониён ғарнизомиёнанд.

Ҳилоли Аҳмари Эрон эълон кардааст, ки аз оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба 174 шаҳристон ва 636 макон 1332 зарба сабт шудааст, ки 105 макони он марказҳои ғайринизомӣ ҳастанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Исроил чанде пеш эълон кард, ки давоми 24 соати гузашта дар натиҷаи ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар 199 нафар маҷрӯҳ шудааст.

Расонаи ибрии “The Times Of Israel” менависад, ки дар аз оғози ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар 1 ҳазору 473 исроилӣ захмӣ ва ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд.

Мақомоти Исроил охирин маротиба аз кушта шудани 11 тан хабар дода буданд.

 

Маҳдуд кардани ваколатҳои низомии Трамп дар Сенати Амрико рад шудааст

Давоми шабонарӯзи гузашта гуфтугузор атрофи номи Доналд Тармп, расиҷумҳури Амрико ҳам зиёд буд. Аз ҷумла, тарҳи қонуни маҳдуд кардани ваколатҳои низомии ӯ дар Сенати Амрико раъйи заруриро ба даст наоварда, рад шудааст.

Ин тарҳ дар Сенат, ки аксарият аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон ҳастанд, 52 раъйи мухолиф ва 47 раъйи мувофиқ ба даст овардааст. Тарҳи мазкур аз ҷониби демократҳо пешниҳод шуда буд ва дар сурати қабул шудани он, Доналд Трамп бе тасдиқи Конресс наметавонист барои амалиёти минбаъдаи низомӣ фармон диҳад.

Дар ҳамин ҳол, Амрико гуфтааст, ки Испания барои ҳамкорӣ дар ҳамла ба Эрон мувофиқат кардааст.

Вале, Испания изҳороти Кохи Сафед дар мавриди мувофиқати ин кишвар барои ҳамкории низомӣ бо Амрико дар ҳамла ба Эронро рад кард. 

Пас аз он ки Испания ба Амрико иҷозаи истифода аз пойгоҳҳояш дар Ховари Миёнаро барои ҳамла ба Эрон надод, Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида таҳдид карда буд, ки ҳама гуна муносибатҳои тиҷоратиро бо Испания қатъ мекунад.

Ҳамзамон, дар пайи ҳаводиси ахири дар Ховари Миёна Вазорати корҳои хориҷии Амрико эълон кард, ки беш аз 17 ҳазору 500 нафар аз кишварҳои ин минтақа ба Иёлоти Муттаҳида баргаштаанд.

 

Ҳаводиси ахири Ховари Миёна

Рӯзи гузашта Туркия хабар дод, дар осмони кишвараш як мушаки  балистикиро, ки аз самти Эрон партоб шуда буд, раҳгирӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин мушак тавассути системаи дифоъии НАТО сарнагун карда шудааст. Дар пайи ин сафири Эрон дар Анқара ба Вазорати корҳои хориҷии Туркия эҳзор шудааст.

Вале, Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамла мушакӣ ба Туркияро рад кардааст.

Давоми шабонарӯзи гузашта Исроил ба Лубнон чанд маротиба зарба зада, “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон низ, ба зерсохтҳои Исроил ҳамла кардааст.

“ББС” рӯзи гузашта иттилоъ дод, ки танҳо дар се рӯзи ахири ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Лубнон 72 нафар кушта шуда, беш аз 83 ҳазор нафар овора шудаанд.

Хабаргузории “Ал-Ҷазира” субҳи имрӯз аз чанд ҳамлаи Исроил ба Бейрут, пойтахти Лубнон хабар дод. Талафоти ин ҳамлаҳои маълум нест. Қаблан Исроил ба сокинон даҳҳо деҳа дар Лубнон хабар дода буд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.

Ҳамзамон, ба иттилои ин расона “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба чанд зерсохтҳои Исроил зарба задааст.  

Ҳамлаҳои пайдарпай ба хатҳои интиқоли барқ ва камбуди интиқоли газ ба нерӯгоҳҳо дар Ироқ сабаби қатъи пурраи барқ дар ин кишвар шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна

Қаблан Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар шаҳри Ирбил зарба зада буд. Шаби гузашта низ Эрон ба маркази Курдистони Ироқ ҳамла кардааст.

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта расонаҳо гузориш дода буданд, ки гурӯҳҳои ҷудоиталаби курдҳои Ироқ дар хусуси эҳтимоли амалиёти заминӣ дар Эрон машварат мекунанд. 

Каролин Левит, сухангӯи Кохи Сафед 4-уми март гузоришҳо дар бораи тасмими Доналд Трамп барои мусаллаҳ кардани курдҳои ҷудоиталаби Ироқро рад кардааст.

Мақомоти Эрон ҳам хабарҳо дар бораи дохили Эрон шудани гурӯҳҳои ҷудоиталабро рад карданд. Ироқ низ гуфтааст, иҷоза намедиҳанд, гурӯҳҳои алоҳида дар марзи Эрон мустақар шаванд.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо, дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.