Home Blog Page 16

Ҷавони тоҷик дар сабқати барномасозии байналмилалӣ ғолиб ва соҳиби ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ шуд

0
Ҳакимиён аз рост, нафари сеюм. Акс аз Ҳакимиён пешниҳод шуд.

Фарҳод Ҳакимиён, барномасози 26 – солаи тоҷик дар мусобиқаи барномасозии рақобатии “Central Asia Programming Championship 2026” ҷои аввалро гирифт ва соҳиби ҷоизаи пулии 1 миллиону 500 ҳазор тангаи қазоқӣ ё ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ шуд.

Ин сабқат бо иштироки 40 барномасози аз 20-сола болои Осиёи Марказӣ, дар доираи форуми байналмилалии рақамии “Digital Qazaqstan 2026” дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон баргузор гардид.

Фарҳод Ҳакимиён ба “Азия Плюс” гуфт, аз Тоҷикистон ҳамагӣ 3 нафар баъд аз даври интихобӣ ба ин мусобиқа даъват шуда буданд.

“Ба мо 4 соат вақт доданд, то 9 масъалаи алгоритмиро ҳал кунем. Ман ягона нафаре будам, ки тавонистам дар 4 соат 8 масъаларо ҳал кунам. Барандагони ҷойҳои 2 ва 3, дар ин муддат 7 масъаларо ҳал карданд”, -мегӯяд ӯ.

Ҳадаф аз мусобиқаи дарёфт ва шинохти мутахассисони қавӣ дар соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ (IT) мебошад. Даври интихобии мусобиқа 28-уми феврал тариқи фосилавӣ ва даври ҷамъбастии он 27-уми март баргузор шуд.

Бояд гуфт, ҳаҷми умумии ҷоизаи мусобиқа 3 миллион тангаро ташкил дод.  Мақомҳои ду ва сеюмро намояндагони Қазоқистон соҳиб шуда, 1 миллион ва 500 ҳазор тангаи қазоқӣ ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

0

Имсол Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” 30-сола шуд. Ба ин муносибат, шарикону сарпарастон, ҳамкасбону кормандони пешин ва мансабдорони давлатӣ моро табрик мекунанд. Аз ҷумла, дирӯз, паёми табрикии Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ба мо расид, ки матни пурраи онро пешакаши хонандагон мекунем:

“Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва ҳайати эҷодии Гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс”-ро ба муносибати ҷашни 30-солагии таъсисёбии ин ниҳоди расонаӣ, самимона табрик менамояд.

Се даҳсола – ин роҳи тӯлонии масъулият, касбият ва садоқат ба арзишҳои журналистӣ мебошад. Соли 1995, аз замоне ки шумораи аввалини бюллетени иттилоотӣ-таҳлилӣ ба қайд гирифта шуд ва аз соли 2000, ки нашри рӯзномаи чопӣ оғоз гардид, “Азия Плюс” бо итминон мавқеи пешсафро миёни воситаҳои мустақили ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуда, ба манбаи боэътимоди иттилоот табдил ёфт.

Дар ин давра, “Азия Плюс” ба рамзи журналистикаи бомасъулият, инъикосгари саривақтии рӯйдодҳо ва муҳтавои амиқи таҳлилӣ мубаддал гардид. Маводҳои шумо аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, сохторҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ ба таври васеъ истифода гардида, пойгоҳи иттилоотии шумо ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад.

Қобили зикр аст, ки дастовардҳо ва эътирофҳои муҳим, ки сатҳи баланди касбии ҳайати эҷодии рӯзномаро тасдиқ менамоянд, бо ҷоизаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ тақдим гардида, соли 2021 пирӯзиҳои назарраси журналистон дар озмуни бонуфузи “Media CAMP Award” ва намояндагони ҳайати эҷодии Шумо дар чандин номинатсия барои беҳтарин маводҳои журналистӣ, инчунин эътирофи чандинсолаи фаъолияти рӯзнома ҳамчун манбаи ахбори фаврӣ ва боэътимод бо баландтарин теъдоди нашр миёни нашрияҳои ҷамъиятӣ-сиёсии ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудаанд.

Тавре худи муҳаррирони шумо ба ҳаққоният таъкид намудаанд: “…рӯзнома на танҳо манбаи иттилоот гардид — он ба инъикоси таърихи мо, садои ҷомеа ва макони нерӯ барои журналистони боистеъдод табдил ёфт”.

Дар ин рӯзи фархунда, эҳтироми амиқи худро ба гурӯҳи расонаии шумо барои саҳмгузорӣ дар таҳкими истиқлоли иттилоотӣ, рушди ҷомеаи касбӣ ва тарбияи насли нави журналистон изҳор менамоем.

Ба “Азия Плюс” комёбиҳои нав, илҳоми эҷодӣ, навовариҳои техникӣ ва идомаи нақши пешсаф дар рушди журналистикаи мустақилу масъул дар Тоҷикистон ва берун аз он орзу менамоем. Бигзор дастовардҳои Шумо минбаъд низ намунаи баланди маҳорати журналистӣ ва хидмати содиқона ба ҷомеа бошанд!”

Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.

Он имрӯз ҳафтаномав, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

0

Федератсияи байналмилалии футбол ё ФИФА (FIFA) радабандии навшудаи мунтахабҳои футболи ҷаҳонро нашр кард. Мавқеи тими миллии футболи Тоҷикистон якбора се зина поин рафта, бо 1221.78 имтиёз дар мақоми 103-юм қарор дорад. Дар радабандӣ пешина Тоҷикистон дар зинаи 100-ум қарор дошт.

Аз он дам мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи Ҳисор дар бозӣ бо дастаи Филиппин мусовӣ (1:1) карда, дар радабандии ФИФА 3,14 баллро аз даст дод.

Дар радабандии нави ФИФА, 211 даста зикр шудааст. Дар 10-гонаи аввал пас аз пирӯзӣ бар дастаҳои Бразилия (2:1) ва Колумбия (2:1), тими Фаронса аз зинаи сеюм ба ҷойи аввал баромад ва дастаҳои Испания ва Арентинаро қафо гузошт.

Ба даҳгонаи аввал ҳамчунин тимҳои зерин шомиланд:

  • – Англия (1825,97);
  • Португалия (1763,83);
  • – Бразилия (1761,16);
  • – Ҳоланд (1757,87);
  • – Марокаш (1755,87);
  • – Белгия (1734,71);
  • – Олмон (1730,37).

Байни дастаҳои Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистон мақоми 50-ум, Қирғизистон 107-ум, Қазоқистон 110-ум ва Туркманистон зинаи 141-умро касб кардаанд.

Миёни мунтахабҳои қораи Осиё, Ҷопон дар зинаи 18-ум пешсаф аст ва бо Эрон (21-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ (25-ум) дар сегонаи аввал қарор доранд. Ба 1даҳгонаи аввали дастаҳо дар ин қора Австралия (27-ум), Ӯзбекистон (50-ум), Қатар (55-ум) Ироқ (57-ум), Арабистони Саудӣ (61-ум), Урдун (63-юм) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (68-ум) шомиланд.

Радабандии минбаъдаи ФИФА 10-уми июни соли 2026 ба нашр мерасад.

Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон зинаи 99-ум дар моҳи феврали соли 2024 буд. Ин баъди ҳунарнамоии муваффақона дар мусобиқоти марҳилаи финалии Ҷоми Осиё дар Қатар сурат гирифт.

Нишондиҳандаи дуюми беҳтарини Тоҷикистон дар радабандии мунтахабҳои ҷаҳон – зинаи 100-ум дар моҳи ноябри соли 2025 мебошад.

Болоравии аз ҳама назаррас дар радабандии мазкур моҳи июли соли 2013 сурат гирифта, дар ин сол мунтахаби кишвар якбора 40 мавқеъ боло рафт.

Бадтарин натиҷаи моҳона дар соли 2003-юм – зинаи 180-ум сабт шуда буд. Бадтарин нишондиҳандаи миёнаи солона дар соли 2002-юм ба қайд гирифта шуда буд – мақоми 168-ум байни 207 даста буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

0
Ҷои ҳодиса, акс asia+

Н. Р, ноболиғе, ки ба куштори Алӣ Раҷабов, навраси дигар гумонбар мешуд, ба 12-соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳамчунин шаш тани дигар, бо ҷурми ташкили муноқиша ба муддати 6 сол аз азодӣ маҳрум шудаанд.

Алӣ Раҷабови 17-сола дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон дар шаби 9-уми ноябри соли 2025 дар Душанбе  кушта шуд.

Наргиза Раҷабова, модари Алӣ Раҷабов рӯзи 31-уми март дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳукми Н. Р., гумонбари асосӣ ва нафарони дигар, ки дар муноқиша ширкат доштаанд, аввали моҳи март дар Додгоҳи шаҳри Душанбе содир шудааст.

Раҷабова гуфт, аз ҳукми додгоҳ нисбати маҳкумшудаи асосӣ розӣ нестанд. Ӯ ҳамчунин, нигаронӣ кард, ки баъди ин иттифоқ шаваҳараш бемор шуда, волидайни гумонбар ҳатто як бор моро хабар нагирифтанд.

“Кош писари ман зинда мебуду ба ҷойи он ноболиғ 12-сол зиндонӣ мешуд. Ин солҳо мегузаранд, вале фарзанди ман дигар барнамегардад. Писари ман ҷанг накарда, аз ҷониби шахси ношинос бо зарби 5 корд кушта шуд. Дар ҳоле, ки бо ташкилкунандаҳои ин муноқиша ҳеҷ иттифоқе наафтодааст”,-гуфт ин зан.

Мақомот қаблан иттилоъ дода буданд, ки алайҳи Н. Р бо иттиҳоми одамкушӣ (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Як манбаъ аз мактаби рақами 76-и ноҳияи Сино, ки ноболиғи маҳкумшуда онҷо дар синфи 10 таҳсил мекард, ба “Азия-Плюс” эълони 12 соли ҳукми ӯро тасдиқ кард.

“Шаш нафари дигар, ки дар муноқиша ширкат кардаанд, 6 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Дар миёни онҳо ду нафарашон, И. О, ва Ҳ. Г, хонандагони синфи 10 –и мактаби мо буданд”, – гуфт манбаъ.

Шахсияти дигар ноболиғони маҳкумшуда маълум нест. Ҳамчунин маълум нест, ки онҳо бо кадом банди қонунгузорӣ айбор шуданд.

Аз Додгоҳи шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” ҷузъиёти ҳукми ин парвандаро шарҳ надода, мактуби расмӣ талаб карданд. Намояндаи Додгоҳи олӣ низ ҳозир нашуд, ҷузъиёти ин ҳукмро ба мо шарҳ диҳад.

Назари маҳкумшудаҳо ва пайвандони онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Раҳматшо Раҳматшозода, падари Н. Р ҳукми писарашро ба “Азия-Плюс” тасдиқ ё рад накард. Ӯ қаблан дар суҳбат ба мо гуфта буд, ки ба чунин кирдор даст задани фарзандашро пешбинӣ намекард

Бояд гуфт дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон дар шаби 9-уми ноябри соли 2025 Алӣ Раҷабов, хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 78-и Душанбе кушта шуд. Дар пайи ин ҳодиса як ноболиғ низ захмӣ шуд.   

Мақомот баъди ду рӯзи ҳодиса, 12-уми ноябр хабари кушта шудани Алӣ Раҷабов ва захмӣ шудани як тани дигарро дар пайи ҷанҷоли наврасон шарҳ доданд. Пулиси Душанбе гуфт, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст.

Дар Тоҷикистон ин аввалин ҳолати кушта шудани ноболиғон дар пайи задухӯрди гуруҳӣ набуда, борҳо чунин мавридҳо расонаӣ шудааст. Аз ҷумла,  моҳи январи имсол дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду ширкаткунандаи дигари ин муноқиша захмӣ шуданд. Мақомот гуфтанд дар пайванд ба ин қазия, нисбати 6 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ду гумонбар боздошт шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу нуҳуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон кара буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1930 – Дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) корхонаи коркарди чӯб ба истеҳсоли маҳсулот оғоз кард.

Соли 1931 – Бойгонии марказии давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 2007 – Заводи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ба Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминии Тоҷикистон” табдил дода шуд.

Соли 2007 – Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои баргардонидани “Ганҷинаи Омударё” аз Осорхонаи Бритониё чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ин ганҷина маҷмӯи тақрибан 170 ашёи тиллоӣ ва нуқрагӣ аз асрҳои IV ва V пеш аз милодро дар бар мегирад, ки дар асри XIX пайдо шуда, ҳоло дар Осорхонаи Бритониё нигоҳдорӣ мешаванд.

Соли 2014 – Дар шаҳри Қайроқум бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ ифтитоҳ ёфт.

Соли 2019 – Дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кастингҳои намоиши байналмилалии истеъдодҳо бо номи “Central Asia’s Got Talent” оғоз гардиданд. Дар натиҷаи ин озмун, Чоршанбе Аловатов, сарояндаи ҷавони тоҷик ғолиби асосии намоиш гардид ва ҷоизапулӣ ба маблағи 10 миллион тангаи қазоқӣ (муодили тақрибан 25,000 доллари ИМА) ба даст овард.

Соли 2020 – Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хоҳиш карданд, ки ба раванди такмили Кодекси нави андоз шомил карда шаванд.

Соли 2022 – Дар доираи Солҳои рушди саноат дар Турсунзода коргоҳи истеҳсоли нони хушк ба истифода дода шуд.

Соли 2023 – Президенти Русия Владимир Путин қонуни бекор кардани ду созишномаро, ки таъминоти нафақавии хизматчиёни ҳарбии кишварҳои ИДМ-ро танзим мекарданд, имзо кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Далер Почоҷонов, заминшинос, доктори илмҳои геология ва минералогия.

Соли 1940 – Зодрӯзи Темур Собиров, риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика.

Соли 1947 – Мавлуди Исҳоқ Гулкоров, ҳунарманд, доиранавози тоҷик.

Соли 1950 – Зодрӯзи Садриддин Ҳасанзода, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1952 – Мавлуди Cултони Ҳамад, рӯзноманигор, нависанда, ва пажӯҳишгари сурудаҳои сарояндаи шинохтаи Шарқ Аҳмад Зоҳир.

Cултон Ҳамад фаъолияти кориашро ба ҳайси муаллими забони тоҷикӣ оғоз намуда, баъдан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохтааст.

Ӯ аз соли 1993 то 1997 мушовири сиёсии раиси Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) дар Афғонистон буд.

Моҳи декабри соли 1996 баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хустдеҳ, ӯ дар ҳайати муштараки сиёсиву низомӣ, ки бо миёнҷигарии СММ барои татбиқи Созишнома ба манотиқи ҷангзада мерафт, ширкат дошт.

Солҳои баъд ӯ ба ҳайси тарҷумон ва хабарнигори гурӯҳи эҷодии ТВ-6-и Русия, ТВ-Чехия, маҷаллаи “Регард сур лест” («Нигоҳе ба Шарқ») -и Фаронса, бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” фаъолият намудааст.

Ӯ муассиси сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии “Рӯзгор” ва аз моҳи июни соли 2013 то августи соли 2014 сардабири ҳафтаномаи “Рӯзгор” буд.

Султони Ҳамад шоми 6 июни соли 2019 дар синни 68-солагӣ бар асари бемории саратони меъда, ки тайи 8 моҳи ахир аз он ранҷ мекашид, даргузашт.

Соли 1954 – Мавлуди Саттор Байзоев, риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика.

Соли 1961 – Зодрӯзи Қосими Бекмуҳаммад, рӯзноманигор ва коршиноси аршади масоили Афғонистон ва Эрон.

Соли 1961 – Мавлуди Саъдӣ Қаландар, овозхони тоҷик.

Саъдии Қаландар ҳамчун роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Роҳат”-и Душанбе фаъолияташро оғоз намуда, баъдан мутриби Оркестри созҳои миллии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, омӯзгори мактаби санъати н. Варзоб будааст. “Душанбе”, “Парӣ”, “Ту маро бад магӯ”, “Ёди бигзашта”, “Модар”, “Дил гиря мекунад” намунае аз сурудаҳояш ҳастанд.

Соли 1961 – Зодрӯзи Фатҳиддин Тешаев, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Фатҳиддин Тешаев баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода дар Бохтар мудири хонаи маданият, роҳбари бадеии ансамбл, директори Мактаби бачагонаи мусиқӣ будааст. Тӯли фаъоляити ҳунарӣ беш аз 70 суруд офаридааст, ки “Орзу”, “Дил рафт зи тан берун”, “Ба ноз ба ноз”, “Фарёди ишқ”, “Лайливу Маҷнун”, “Булбули шӯрида”, “Дарди ишқ” аз беҳтарин намунаи таронаҳои ӯ мебошанд.

Соли 1963 – Мавлуди Акобир Мирзораҳимов, олим, доктори илмҳои биологӣ.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ихтирои телефони мобилӣ аст. Соли 1973, муҳандиси амрикоӣ Мартин Купер аз ширкати Motorola аввалин занги мобилиро анҷом дод. Ӯ рақиби худ аз Bell Laboratories-ро занг зад ва гуфт, ки ӯ аз телефони воқеан мобилӣ истифода мекунад.

Телефони аввалин – Motorola DynaTAC 8000X тақрибан 1 кг вазн дошт ва андозааш 22×4×12 см буд. Дар он замон чунин дастгоҳ воқеан як мӯъҷиза ҳисоб мешуд.

3 апрели соли 1973 расман рӯзи қабули рамзи UPC (Universal Product Code) аст, ки онро мо имрӯз ҳамчун штрих-код мешиносем. Ин рамзро ширкати IBM таҳия ва пешниҳод кард.

Он барои аввалин бор имкони рақамии шиносоии молро дод, ки баъдан баҳисобгирии автоматикӣ дар фурӯшгоҳҳоро осон карда, назорати захираҳои анборро беҳтар намуд.

Аввалин бор штрих-код дар фурӯшгоҳ соли 1974 истифода шуд ва як бастаи резини ширини Wrigley’s бо он ба қайд гирифта шуд.

​3 апрели соли 1933 аввалин ҷарроҳии пайвандкунии гурда дар таърих анҷом пазируфт. Ҷарроҳи украинӣ Юрий Вороной ин ҷарроҳиро анҷом дод.

Ӯ дар беморхонаи шаҳри Херсон гурдаи шахси фавтидаро ба як бемори 26-сола, ки аз заҳролудшавӣ бо сулема (хлориди симоб) ранҷ мебурд, пайванд кард. Гурда аз марди 60-солае гирифта шуда буд, ки бо сабаби осеби ҷиддии сар фавтида буд. Мутаассифона, бо сабаби номувофиқии гурӯҳҳои хун ва набудани доруҳои иммуносупрессивӣ дар он замон, узв рад карда шуд ва бемор пас аз 48 соат вафот кард. ​

Ин амалиёт, гарчанде муваффақ набуд, ҳамчун аввалин кӯшиши пайвандкунии узви инсон дар таърих сабт шудааст ва заминаи рушди минбаъдаи трансплантологияро гузошт.

3 апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шабнишинӣ (базм) (World Party Day) таҷлил мешавад. Ин иди ғайрирасмӣ аз романи “Flight: A Quantum Fiction Novel” (1995) аз нависандаи амрикоӣ Ванна Бонта сарчашма мегирад. Дар охири ин роман, 3 апрели соли 2000 як базми ҳамоҳангшудаи ҷаҳонӣ тасвир шудааст, ки ҳамаи инсониятро муттаҳид мекунад. ​

Соли 1996 аввалин Рӯзи ҷаҳонии шабнишинӣ баргузор шуд. Ҳадафи асосии ин рӯз ташвиқи зиндагии фаъол ва мусбат, инчунин ҷашн гирифтани ҳаёт ва ҳамбастагии инсонҳо мебошад. ​

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 17+22º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард,  дар баъзе минтақаҳо то 9-11º сард.    

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм), гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат, рӯзона 17+19º гарм,  шабона 12+14º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои  абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм), гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 12+14º гарм.   

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 9+11º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 3 ба 4-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

0
Осори ҳамлаҳои Эрон ба Исроил Акс аз Ройтерз

Дар рӯзи 34-уми ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон ва даргиҳо дар Ховари Миёна, шаби гузашта ва рӯзи 2-юми апрел Ҷумҳурии Исломӣ шадидтарин ҳамлаҳои худро ба Исроил анҷом додааст. Доналд Трамп бори дигар гуфтааст, ки ҷанг ду ҳафта ва ё бештар давом мекунад, аммо дар зимн Эронро ба ҳамлаҳои “шадид” таҳдид кардааст. Ҷумҳурии Исломӣ низ дар посух ба ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба хокаш зарба ба пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои амрикоӣ дар кишварҳои халиҷи Форсро идома медиҳад.

Муҳимтарин хабарҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳамлаҳои шадид ба Исроил

Расонаҳои исроилӣ менависанд, ки ҳамлаҳои шаби 1-уми апрели Эрон “бузургтарин мавҷи ҳамлаҳои мушакӣ” аз оғози ҷанг ба самти Исроил буд.

Маҷид Мусавӣ, фармондеҳи ҳавофазоии Сипоҳи посдорони Эрон дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “бонги хатари пайдарпай ва ларзишҳо дар сарзаминҳои тангу торики паноҳгоҳҳо зери борони мушакҳои Эрон. Ин бахше аз ҳадяҳои Натаняҳу ба саҳюнистҳо ба ид буд”.

Теҳрон пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил Акс аз Ройтерз

Бояд гуфт, Исроил аз оғози ҳамла ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ сонсури шадиди низомӣ ҷорӣ кардааст ва дарёфти иттилоъи воқеӣ аз ин кишвар душвор аст.

Дар ин баробар, Амрикову Исроил низ шабонарӯзи гузашта ба Эрон ҳамла кардаанд. Аз ҷумла, дар ҳамла ба як ҷазираи вилояти Ҳурмузгон 7 нафар захмӣ шудааст.

Ҳамчунин, хабаргузории эронии “Форс” менависад, ки рӯзи гузашта Муҳаммадалӣ Фатҳализода, фармондеҳи воҳиди “Фотеҳин”-и Эрон кушта шудааст. Ин расона дар бораи замон ва макони кушта шудани ӯ ҷузъиёт надодааст.

Дар ҳоле, ки ҳамлаҳои Эрон ба Исроил ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна шадидтар мешавад, Доналд Трамп, шаби 1-уми апрел ба вақти маҳаллӣ, дар суханронии худ бори дигар Эронро таҳдид кард, ки Амрико метавонад, ба зерсохтҳои нафтӣ ва нерӯии Ҷумҳурии Исломӣ зарба занад.

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бори дигар гуфтаҳои худро такрор кардааст, ки “агар дар ин муддат тавофуқ сурат нагирад, мо ҳадафҳои асосиро барои задан дар мади назар дорем”.

Идомаи даргириҳо дар дигар кишварҳои Ховари Миёна

Рӯзи 2-юми апрел “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба самти ҷануби Исроил ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст. Расонаҳои исроилӣ менависанд, ки дар ин минтақа беш аз 30 мушак партоб шудааст. Ҷузъиёти бештари ин зарбаҳои маълум нест.

Хабаргузории давлатии Лубнон хабар медиҳад, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба минтақаҳои маскунӣ дар ин кишвар шабонарӯзи гузашта чанд тан кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар шаҳри Абу-Забии Иморот суқути боқимондаи як мушаки раҳгиришуда боиси хисороти ҷузъӣ шудааст ва гуфта мешавад касе осеб надидааст.

Дар ҳамин ҳол, давоми рӯз Арабистони Саудӣ аз раҳгирии 4 паҳпод хабар додааст.

Бритониё гуфтааст, ки нерӯҳои дарёии кишвараш 10 паҳподро дар Ховари Миёна раҳгирӣ кардаанд. Ин кишвар чанд маротиба эълон карда буд, ки ба ин даргирӣ ҳамроҳ намешавад.

Дар зимн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар пайи хабарҳо дар бораи иҷозаи вуруд надоштани эрониёни муқими ин кишвар, эълон кард, ки “эрониён ҷузъи ҷудоинопазир”-и ҷомеаи Иморот ҳастанд. Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки пас аз ҳамлаи Эрон ба пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои амрикоие, ки дар Иморот қарор доранд, ин кишвар иҷозаи иқомати дастикам 1200 эронии муқими кишварашро бекор кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Манбаи иттилои боэътимод!” Сокинон “Азия-Плюс”-ро чӣ гуна мешиносанд?

0
Намогирифт аз asia+

Инак, 30 сол мешавад, ки “Азия-Плюс” дар пайи инъикоси дақиқ ва саривақтии муҳимтарин рӯйдоди Тоҷикистон ва ҷаҳон аст ва миёни ҷомеа Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи хосе ҳам касб кардааст. 

Имрӯз “Азия-Плюс” ҳафтанома, радио, сомона, шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҷаллаи худро дорад. 

Хонандагон, шунавандагон ва бинандагон “Азия-Плюс”-ро барои чӣ дӯст медоранд ва чанд сол мешавад моро пайгирӣ мекунанд? Дар навор бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.


Нуриддин Қаршибоев: “Азия-Плюс” – муаррифи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ”

0
Нуриддин Қаршибоев, акси азия+

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus”-ро бо ҷашни 30-солагиаш табрик гуфта, барои ҳайати эҷодии он рушду шукуфоӣ ва дастовардҳои ҳирфаӣ орзу кардааст.

Дар барқияи табрикотии раиси АМВАОМТ, ки ба идораи Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” расид, гуфта мешавад, ки таърихи расонаи шумо се даҳа пеш бо нашри аввалин варақаи хабарӣ оғоз шуд ва барои ташаккул ва рушди рӯзноманигории босифат ва мустақил дар минтақа замина гузошт.

“Дар ин давра шумо масири чашмгире аз рушдро тай кардед ва намунаи таҳвили муваффақ ва рушди ҳирфаиро ба намоиш гузоштед”, – гуфтааст Қаршибоев.

Ӯ ба нақши кунунии “Asia-Plus” ишора карда, гуфтааст, “ҳамакнун он гурӯҳи расонаҳои қавӣ аст, ки меъёрҳои волоро барои расонаҳои кишвар таъин мекунад”.

“Саҳми шумо дар ташаккули фазои созандаи хабарӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарвиҷи нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ шоистаи болотарин эҳтиром аст. Касбияти ҳайати эҷодӣ, пойбандӣ ба усули ахлоқии рӯзноманигорӣ ва ҳамқадами замон будан ба шумо имкон додааст, ки барои солҳоли тӯлонӣ дар соҳаи хеш пешгом бимонед. Ифтихор дорем, ки “Asia-Plus” яке аз аъзои фаъоли Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон аст”, – таъкид кардааст Нуриддин Қаршибоев.

Раиси АМВАОМТ дар 30-юмин солгарди ҷашни “Asia-Plus” ба ҳайати эҷодии он умри дарози эҷодӣ, тарҳҳои бузургу нерӯи қавӣ таманно кардааст.

“Бигзор ҳар гузориш, барнома ва маводи шумо дар қалби хонандаву бинандаву шунавандаатон ҷой гирад ва волотарин тӯҳфа бароятон эътимоди мухотабон бошад”, – таманно кардааст Нуриддин Қаршибоев.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 2-юми апрел аз таъсисёбии Гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” 30 сол пур шуд. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.

Он имрӯз ҳафтаномав, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

0
Акси марбут аз "Коммерсант"

Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Тоҷикистон ба сокинони кишвар ҳушдор додааст, ки ба даъвату пешниҳоди кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд.

Ин ниҳод дар пайи афзудани мавридҳои қаллобӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо гуфтааст, ки қаллобон бо “пешниҳоди маош ва ҷойи кори хуб дар хориҷа, дарёфтии сарии раводид” сокинони кишварро фиреб медиҳанд.

“Ҳадафи асосии ин нафарон танҳо ба даст овардани маблағи шумост. Дар натиҷа, шаҳрвандон на танҳо маблағ, балки ҳуҷҷат ва маълумотҳои шахсии худро низ аз даст медиҳанд”,-навиштааст оҷонсӣ.

Оҷонсӣ ба сокинон тавсия додааст, ки ба миёнаравҳо ва эълонҳое, ки дар саҳифаҳои шубҳанок пешниҳод шудаанд, бовар накунанд, маълумоти шахсӣ аз ҷумла, нусхаи шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳояшонро нафиристанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, дар ҳолати дучор шудан бо ҳолатҳои қаллобӣ ва шубҳанок дар мавриди пешниҳоди кор дар хориҷа бо рақамҳои +992 930 934 994, +992 55 555 1080, ба Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, муроҷиат кунанд.

Инчунин тариқи ин рақамҳо ба шуъбаҳои ин ниҳод дар минтақаҳо дар тамос шаванд:

  • вилояти Суғд: +992 92 609 0909, +992 93 999 0909, +992 88 440 6633, +992 90 630 6633
  • вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828, +992 91 811 2288
  • ВМКБ: +992 935 101 439

Бояд гуфт, пас аз эҷоди монеаҳои зиёд барои кор ва муносибати хашини мақомот дар Русия, ки самти аслии муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст, сокинон барои муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Британияи Кабир, Литвия ва Корея таваҷҷуҳи бештар доранд.

Аммо сафар ба ин кишварҳо, ки ҳақи бештар барои кор пардохт мекунанд, барои ҳама дастрас нест ва танҳо тавассути имтиҳону номнависи пешакӣ фиристода мешаванд. Аз ин лиҳоз, сокинон барои гузаштан аз имтиҳон ва номнавис, ба миёнаравҳо пул медиҳанд ва дар аксар ҳолат, фиреб мехуранд.

Пештар, Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ба сокинони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба ҳамаи эълонҳои кор дар Британия, аз ҷумла ба даъвату пешниҳоди кор, ки тариқи паёмрасони “WhatsApp” ё “Telegram” фиристода мешаванд, бовар накунанд. Ба гуфтаи ин созмон, “корфармоёни воқеӣ ҳеҷ гоҳ барои муошират аз паёмрасонҳо истифода намебаранд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.