Home Blog Page 17

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

0
Зинатулло Исмоилзода, акс аз саҳифаи фейсбуки Исмоилзорда

Имрӯз, 2-юми апрел аз таъсисёбии Гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” 30 сол пур шуд. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.

Он имрӯз ҳафтаномав, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Ба ин муносибат, Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон моро табрик кард, ки матни пурраи табрикоти ӯро нашр мекунем:

“Сисолагии таъсиёбии  “Азия Плюс” – яке аз нахустин  тими эҷодии мустақили паёмрасони замони истиқлолро шодбош мегуем.  Аввал дар шакли варақа, баъдан нашрия ва ҳоло чун гурӯҳи расонаҳо фаъолият намудани “Азия плюс” далели рушди воситаҳои ахбори омма дар даврони истиқлоли кишвар мебошад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки дар ин муддат “Азия плюс” чун  оинаи шаффоф зиндагии мардуми ҷумҳурии мустақиламонро инъикос мекунад.

Дар давоми се даҳсолаи фаъолият гурӯҳи эҷодии “Азия плюс” дар сафи пеши таъсис ва ташаккули мактаби касбии журналистикаи мустақил,  рушди маърифати пешсафии матбуот дар ҷомеа, талоши дастрасии мухотабон ба иттилоот қарор дошта, бо усулҳои беғаразӣ, саҳеҳият ва  шаффоияти инъикоси ҳаёти ҷомеа дар кишвар маҳбубият пайдо намуд.

Имрӯз низ  дар шароити душвори рақобатпазирӣ ва рушди босуръати технологияҳои нави дастрасии иттилоот  “ Азия плюс” дар шакли маҷозӣ, катбӣ, радиоӣ, телевизионӣ пешсафи бозори иттилоотӣ мебошад.

Роҳбарият, кормандон, шарикон ва хонандагону шунавандагони гурӯҳи расонаҳои “Азия плюс” -ро, ки фарзанди даврони истиқлоли кишвар аст, ба муносибати сисолагии фаъолият дар фазои иттилоотӣ самимона табрик мегуем ва барояшон барояшон барори кор ва офияти рӯзгор таманно дорем!”

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи ҷумҳурӣ дар рӯзи оғози мавсими нави даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Вазорат имрӯз, 2-юми апрел бо нашри як иттилоия гуфтааст, ки чун ҳарсола, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аввалин шуда аз иҷрои нақшаи даъват гузориш дод.

Инчунин дар рӯзи якуми даъват ба артиш, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон ва Вахши вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақша хабар додаанд.

Ҳамчунин, то кунун бархе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро 100% иҷро кардаанд.

Ҳамчунин хабаргузории “Ховар” аз иҷрои пурраи нақшаи даъват ба артиш дар ноҳияҳои Муъминобод ва Фархори вилояти Хатлон хабар додааст.

“Масъулини дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ дар самти мазкур фаъолият намуда, кушиш менамоянд нақшаро дар муҳлати муайян иҷро намоянд”, – навиштааст Вазорати мудофиа.

Аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пагоҳ, 3-юми апрел маросими гусели наваскарон барпо мегардад ва дар ин рӯз шаҳру навоҳие, ки нақшаи даъват ба артишро иҷро кардаанд, маълум мешавад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории расмии Ховар бо такя ба ҳукумати шаҳри Исфара хабар додааст, ки ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи ин шаҳр дар рӯзи якум нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро пурра иҷро кардаанд.

Мақомот иҷрои нақша дар рӯзи аввали маъракаи даъват ва як рӯз қабл аз оғози онро “афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ” арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфта мешавад.

Ҳамчунин, ҳар сол бо оғози мавсими даъват ба хидмати ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои латукӯби сарбозон паҳн мешуд ва аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.

Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Бояд гуфт, ахиран пайвандони Абдуқаҳҳор Нурзода, сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки фарзандашонро дар қисми низомӣ латукӯб кардаанд, ба “Азия-Плюс” шикоят оварданд. Ин ҷавони 18-сола як моҳ дар беморхонаи низомии Душанбе бистарӣ шудааст.

Бо тафсилоти қазия ва назари тарафҳо дар ин гузориши “Азия-Плюс” шинос шавед: “Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ.

Бар асоси фармони раисҷумҳур, ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба артиш даъват мешаванд ва ин мавсими даъват то 31-уми май идома мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷетро тасарруф кард”. Сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст

Акс аз Радиои Озодӣ, Акси марбут

Додгоҳи ноҳияи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли зиндон маҳкум кардааст. Ҳукми ӯ рӯзи 6-уми март содир шудааст.

Дар ин хусус як манбаъ аз Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Оҷонсии зиддифасод дирӯз, 1-уми апрел хабар дод, ки номбурда давоми солҳои 2022-2025 бо истифода аз мақомаш “маоши кормандони беморхона ва дигар пардохтҳоро барзиёд нишон дода” дар умум 1 миллиону 147 ҳазору 744 сомониро ба суратҳисоби худ гузаронида, тасарруф кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки муттаҳам ҳамзамон бо роҳи нодуруст тартиб додани ҳисоботҳои сармуҳосибони чанд муассисаи давлатии ин ноҳия, 247 ҳазору 440 сомонии ин корхонаҳоро азхуд кардааст.

Аз додгоҳи ноҳияи Варзоб ба “Азия-Плюс” ҷузъиёти ҳукми Бахтовар Сиддиқовро ошкор накарда, танҳо гуфтанд, ҳукми ӯ 6-уми март содир шуда, ҳоло дар ҳабс аст. Аммо, ба иддаои ин ниҳод, то ҳол ҳукм қувваи қонунӣ пайдо накардааст.

Мақомот мегӯяд, Сиддиқов бо иттиҳоми азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, қаллобӣ, сохтакории хидматӣ (моддаҳои 245 қ.4 банди “б”, 247 қ.4 банди “б”, 323 ва 340 қ. 2 банди “а” КҶ) айбдор шудааст.

Намояндаи Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб гуфт, ки Бахтовар Сиддиқов “маблағҳои тасарруфшударо ба буҷа барнагардонидааст”.

“Дар додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф кард ва аз ҳукм шикоят надошт. Ин кори ӯ тахминан моҳи сентябри соли 2025 дар пайи як санҷиши мақомот ошкор шуд”, – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, аз Оҷонсии зиддифасод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, қисме аз маблағҳои тасарруфшуда ба буҷа баргардонида шудааст, вале дақиқ шарҳ надоданд, ки чӣ миқдори онро рӯёнидаанд.

Назари худи Сиддиқов дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, ки фасодкорӣ ва қаллобӣ дар сохторҳои тандурустии Тоҷикистон ҳодисаи нав набуда, қаблан низ борҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, чанде қабл Фаррух Мақсудзода, сардори пешини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, бо иттиҳоми гирифтани пора, се моҳ ҳабс ва бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шуд.

Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасод соли гузашта 1 ҳазору 979 ҷинояти коррупсиониро нисбати 1 ҳазору 207 нафар ошкор кардаанд, ки дар натиҷаи он 819 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 1 ҳазору 59 тан оғоз ва барои баррасӣ ба додгоҳҳо ирсол шудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Танҳо барои мошинҳои боркаш. Дар ду даромадгоҳи Душанбе низоми вазнченкунӣ насб мекунанд

0
Акс аз Азия-Плюс, насби нуқтаи вазнченкунӣ дар даромадгоҳи пойтахт аз с\йи Бохтар

Дар ду даромадгоҳи пойтахт, ки худравҳо аз сӯйи Турсунзода ва Бохтар ба Душанбе ворид мешаванд, нуқтаҳои вазнченкунӣ барои мошинҳои боркаш ва калонҳаҷм сохта мешавад. Баъди насби ин нуқтаҳо, воситаҳои нақлиёте, ки вазнашон аз 40 тонна зиёд аст, маблағи муайян пардохт мекунанд.

Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз зуд вайрон шудани роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода ва Душанбе-Бохтар гирифта шудааст.

Ба қавли манбаъ, созишнома дар бораи насби ин нуқтаҳо, 21-уми июли соли 2025 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Kvadrat System LLC”-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзо расид ва мувофиқи он, ширкат бояд давоми 8 моҳ корҳои сохтмониро ба анҷом расонад.

Вазорат мегӯяд, насбу васли низоми вазнченкунӣ барои нақлиёти боркаш ва калонҳаҷм дар ду даромадгоҳ моҳи декабри соли 2025 оғоз шуд ва интизор меравад, ки моҳи август корҳо дар ин самт ба анҷом расад.

Аз ин ниҳод гуфтанд, дар ин нуқтаҳои вазнченкунӣ танҳо мошинҳои калонҳаҷм ва боркаш санҷида мешаванд ва дар ҳолати аз 40 тонна зиёд будани вазнашон маблағи муайян пардохт мекунанд. Ҳоло ҳаҷми ин маблағ маълум нест.

Манбаъ гуфт, баъди анҷоми насби низоми вазнченкунии воситаҳои нақлиёт дар ин ду роҳи мошингард ва қабули он аз ҷониби комиссияи давлатӣ, иншооти мазкур ба ихтиёри КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хидматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт”-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт супорида мешавад.

Аз ин ниҳод гуфтанд, насби низоми вазнченкунии воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар ин роҳҳо, дар доираи лоиҳаи “Беҳтар кардани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон ягона роҳи пулакӣ шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” аст. Дар ин роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ – насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон пул мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу ҳаштуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон кара буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2026

0
Имрӯз аз таъсисёбии Гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” 30 сол пур шуд. Маҳз ҳамин рӯз, 2-юми апрели соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба нашр расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ – ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.

Он имрӯз нашрия, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Имрӯз “Азия-Плюс” бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муҳтаво таҳия ва пешниҳод менамояд ва аз манбаи иттилои боэътимод барои миллионҳо сокини кишвар ва фаротар аз он – минтақа ва ҷаҳон аст.

Дар оянда ҳам мо талош мекунем ба мухотаби худ хабару гузоришу таҳлилҳои санҷида ва ҷолиб пешниҳод кунем.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1935 – Дар Душанбе аввалин бинои сирки тоҷик кушода шуд. Қаблан соли 1929 аввалин гурӯҳи сиркии тоҷик таъсис ёфта буд, вале бинои доимии худро надоштанд. Соли 1935 бинои сирк сохта шуд ва гурӯҳи сиркӣ имкони намоиши доимӣ пайдо карданд.

Соли 2001 – Дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии ислоҳоти пули миллӣ анҷом ёфта, сомонӣ ба ягона асъори расмии кишвар табдил ёфт. Асъори нави миллӣ – сомонӣ аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шуда буд ва то 1 апрели соли 2001 сомонӣ ва рубли тоҷикӣ (ки аз соли 1995 истифода мешуд) ҳамзамон дар муомилот қарор доштанд. Аз 2 апрели соли 2001, рубли тоҷикӣ пурра аз муомилот бароварда шуд ва танҳо сомонӣ ҳамчун асъори расмӣ истифода мешавад.

Соли 2009 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ба эътибор даромад.

Соли 2011 – Яке аз иштирокдорони “парвандаи исфарагӣ” – Ваҳҳоб Бобохонов, ки 47 сол дошт, дар зиндон даргузашт.

Соли 2018 – Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон, додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя аз нав шуруъ гардид.

Соли 2019 – Дар шаҳри Хуҷанд дар масофаи беш аз як километр “Роҳи танобӣ” ба истифода дода шуд. Он аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ, аз болои дарёи Сир сохта шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1949 – Мавлуди Тағоймурод Хушвақт, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Тағоймурод Хушвақт аз модар бино ба дунё омада буд, вале дар синни 8-моҳагияшон, баъди бемории “Гули чашм” нобино гашт. Ӯ истеъдоду нерӯи ҳофизаи афзун ва дарку эҳсоси баланди мусиқӣ дошт.

Овозхон солҳои 1970-1990 бо сароидани таронаҳои мардумӣ ва мазҳабӣ бештар шуҳрат ёфт. Дар он давра таронаҳои ӯ пайваста аз радиову телевизион пахш мешуданд. Тағоймурод Хушвахтов дар ҳамин давра дар фестивали мусиқии “Фаҷр” дар Эрон иштирок кардааст.

Тағоймурод Хушвахтов беш аз 600 тарона офаридааст. “Гардиши айём”, “Ту садбарги кадом боғӣ”, “Зулфи анбар”, “Манол, эй андалеб”, “Ранҷидаӣ”, “Айб макун”, “Нолаи модар” аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд.

Овозхон 8-уми майи соли 2002 дар 53-солагӣ бар асари сактаи дил даргузашт. Соли 2005 Кохи фарҳангу ҳунари ноҳияи Ёвон ба номи Тағоймурод Хушвахтов гузошта шуд ва соли 2006 нимпайкараи ӯ дар назди ин кох насб гардид.

Соли 1954– Зодрӯзи Саид Ҷӯрахонзода, муовини пешини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

 Ӯ аз 1-уми сентябри соли 1975 то 7 апрели соли 2015 дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор кард. Ҳоло раиси Созмони собиқадорони ВКД мебошад.

Дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, муовини сардори РВКД шаҳри Душанбе, сардори ШКД ноҳияи Фирдавсӣ, сардори ШКД ноҳияи И.Сомонӣ (собиқ н.Октябр), муовини аввали сардори РВКД вилояти Суғд, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе кор кардааст.

Соли 1958 – Мавлуди Каримхон Қурбонов, доктори илми тиб, профессор.

Соли 1958 – Зодрӯзи Лутфулло Давлатзода, ҳунарпешаи театр ва синамо.

Лутфулло Давлатзода яке аз ҳунармандони саршиноси тоҷик буда, фаъолияти ҳунарии худро аз Театри драмаи мусиқии Конибодом оғоз намудааст.

Ӯ баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ аз соли 1981 ҳунарманди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буд. Баъдан солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Телевизиони Тоҷикистон ва солҳои 2010-2015 директори ТВ Сафина буд. Соли 2015 директори Театри Лоҳутӣ таъин гардид ва то моҳи декабри соли 2022 дар ин вазифа фаъолият бурд.

Лутфулло Давлатзода дар саҳнаи театр образҳои ҷолиб офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои ӯ дар намоишномаҳои “Найи сеҳрнок”, “Вопасин арӯси Амир­алмӯъ­минин”, “Фарзанди Осиё”, “Дохунда” муассир аст. Ҳамчунин дар намоишномаҳои телевизионии “Курсии сеҳрнок”, “Зани оҳанин”, “Дуздӣ”, филм-спектакли “Ғуруб” нақш иҷро кардааст.

Дар синамо бошад, дар филмҳои бадеию телевизионии “Гирдоб”, “Дар орзуи падар”, “Пой дар гил”, “Беҳуда хорам мекунӣ” нақш офаридааст. Ҳунари овозхонӣ ҳам дорад.

Соли 1965 – Зодрӯзи Шамсулло Маҳмудов, сардори пешини ШВКД дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Панҷ.

Соли 1977– Зодрӯзи Умеди Ҷайҳонӣ, забоншинос ва яке аз фаъолони фарҳангӣ, ки солҳо боз самти забоншиносиро ковишу таҳқиқ мекунад.

Умед Ҷайҳонӣ пажӯҳишгар, забоншинос ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик аст, ки бештар бо фаъолиятҳояш дар самти эҳёи вожаҳои таърихӣ ва ислоҳи истилоҳоти илмиву низомӣ маъруф аст.

Дар улуми иқтисод ва бонкдорӣ таҳсил кардааст. Ҳоло мудири бахши Эрон дар бонки ВТБ Русия аст.

Соли 1982 – Нуъмон Розиқ, шоир ва нависандаи тоҷик дар 54-солагӣ даргузашт.

Нуъмон Розиқ хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе буда, солҳои зиёд муаллим, котиби ташкилоти ҳизбӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Орҷоникидзеобод ва раиси колхози “Ленинград”-и ин ноҳия будааст.

Ӯ соли 1971 муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Коммуна” таъин шуда, сипас дар вазифаҳои Директори Хонаи истироҳати АИ ҶШС Тоҷикистон ва раиси Иттифоқи касабаи ноҳияи Орҷонкидзеобод ва аз соли 1978 раиси деҳшӯрои Симиганҷ фаъолият кардааст.

Ӯ асосан барои кӯдакон шеър гуфтааст. Китобҳои “Телефони гунҷишк”, “Гулмоҳӣ”, “Бузғолача”, “Лона”, “Чароғҳои гуногун”, “Гулистон” баро кӯдакон таълиф шудаанд.

Соли 2002 – Мутеулло Наҷмиддинов, нависанда, адиби публисист ва рӯзноманигори тоҷик дар 74-солагӣ даргузашт.

Мутеулло Наҷмиддинов аз нависандагони хушноми тоҷик буда, дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон зода шуда, кӯдакии сангинеро пушти сар гузоштааст.

Баъди хатми донишгоҳ, аввал дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” ба кор оғоз кард, аввалин очерку ҳикоя ва мақолаҳои публитсистиаш инҷо нашр шуданд.

Сипас, ду сол муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳозира “Ҷавонони Тоҷикистон”) буд. Баъдан дар Мактаби олии ҳизбии Маскав таҳсил карда, соли 1964 ба Душанбе баргашт ва мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти “Ирфон” таъин шуд.

Солҳои ҳаштодум дар Саридораи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик мудири шуъба ва чанд соли охири то ба нафақа баромадан, сармуҳаррири бахши драматургияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ буд.

Ӯ муаллифи китобҳои “Одамони сарбаланд”, “Дарё маҷрои нав меҷӯяд”, “Суруди одамони наҷиб”, “Меҳри замин”, “Пайраҳаи шинос”, “Одамон ва соҳилҳо”, “Ширмоҳ” аст. Махсусан, қиссаҳои “Дарё маҷрои нав меҷӯяд” ва “Ширмоҳ” аз ҷониби мунаққидону хонандагон баҳои баланд гирифтаанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мешавад. Ин рӯз ба таваллуди нависандаи бузурги афсонаҳои кӯдакона – Ҳанс Кристиан Андерсен (аз Дания) бахшида шудааст. Дар ин рӯз аҳаммияти бузурги китобҳои кӯдакона дар ташаккули маънавӣ ва зеҳнии наслҳои нав таъкид мешавад.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии огоҳонӣ дар бораи аутизм аст. Ҳадафи ин рӯз – баланд бардоштани сатҳи дастгирии шахсони гирифтори аутизм ва беҳбуди шароити зиндагии онҳо мебошад. Зеро шумораи кӯдакони мубталои аутизм дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон зиёд буда, ин беморӣ ба оилаҳо ва ҷомеа таъсири калон мерасонад.

2 апрели соли 1792 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Қонуни тангасозӣ (Coinage Act) қабул шуд, ки таъсиси Монетный двор (U.S. Mint)-ро пешбинӣ мекард. Аввалин бинои “Монетный двор” дар Филаделфия, он замон пойтахти ИМА, таъсис ёфт ва соли 1793 расман ба фаъолият оғоз кард. U.S. Mint то имрӯз тангаҳои расмии кишварро истеҳсол мекунад, аммо пулҳои коғазӣ (долларҳо)-ро Бюрои чопи коғазии пул (Bureau of Engraving and Printing) месозад. Ҳоло Монетный двор то 50 миллион танга дар як рӯз истеҳсол мекунад, ки онҳо барои муомилоти дохилӣ ва истифодаи коллексионерҳо пешбинӣ шудаанд.

2 апрели соли 1833 шакли пурраи романи “Евгений Онегин” аз ҷониби Александр Пушкин ба табъ расид. Пушкин навиштани ин асарро соли 1823 оғоз карда, онро соли 1831 ба охир расонд. Ӯ барои эҷоди “Евгений Онегин” 7 солу 4 моҳ ва 17 рӯз сарф намуд.

Гарчанде бобҳои алоҳидаи роман қаблан дар маҷаллаҳо ва китобчаҳо ба таври пайдарпай нашр шуда буданд, 2 апрели 1833 нахустин маротиба асар пурра ва якҷо ба нашр расид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, гарду чангу пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 24+29º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 17+22º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард,  дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 13+15º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 7+9º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 2 ба 3-юми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

0
Хароб шудани як бинои истиқоматӣ дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил, 1 апрел. Акс аз Vahid Online

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар сояи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна аз забони мақомоти Эрону Амрико садо дод.

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва Исроил

Дар идомаи ҳамлаҳои худ ба Эрон, Амрикову Исроил шабонарӯзи гузашта низ ба чанде аз зерсохтҳои ғайринизомии ин кишвар зарба заданд.

Наҷотдеҳи Ҳилоли Аҳмар дар ҷойи ҳамлаи Амрикову Исроил дар Теҳрон. Акс аз Reuters

Аз ҷумла ба як ширкати бузурги истеҳсоли фулод дар Исфаҳон ва ҳамзамон, дар бахшҳои ин ширкат воқеъ дар шаҳристонҳои Чормаҳал ва Бахтиёрӣ ҳамла шуда, касе дар пайи он кушта нашуда, вале чанд нафар захмӣ шуда, чанд бино осеб дидааст.

Инчунин ба минтақаҳои ғайринизомии бандари Ҳаққонии Бандар Аббос, таъсисоти ҳавошиносии Бушаҳр ва чанд минтақаи маскунии дигар ҳамла шудааст. Расонаҳо инчунин, аз шунида шудани садои таркишҳо дар шаҳрҳои Теҳрон, Караҷ, Кирмон ва Сирҷон хабар медиҳанд.

Дар посух ба ин ҳамлаҳо, нерӯҳои Эрон эълон карданд, ки чанд нуқтаеро дар Исроил ҳадаф гирифтанд. Ба гузориши “ББС” дар шаҳри Телавив  чанд мавҷи ҳамлаҳои мушакӣ сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳамлаҳо се нафар, аз ҷумла як кӯдаки 11-сола захмӣ шудааст.

Ҳамчунин дар пайи бархурди боқимондаҳои як паҳподи раҳгиришуда дар Телавив 14 тани дигар захмӣ шудаанд.

Биноҳои тахрибшуда дар ҷануби Исроил пас аз ҳамлаҳои Эрон. Акс аз Ройтерз

Масъуди Пизишкиён гуфт, як шарти муҳими поёни ҷанг дигарбора ҳамла накардан ба Эрон аст 

Дар ҳамин ҳол, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон изҳор доштааст, ки кишвараш барои поёни ҷанг бо Амрико ва Исроил “иродаи лозим” дорад, вале бо иҷрои чанд шарт. Аз ҷумла, замонати он ки дигар ба Эрон ҳамла намешавад.

Ӯ дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раиси Шӯрои Аврупо, Антониу Коста шаби 31-уми март, бо зикри баста будани гулӯгоҳи Ҳурмуз барои киштиҳои “таҷовузгарон ва ҳомиёни онҳо” таъкид кардааст, ки “ҳаргуна мудохилаи хориҷӣ бо ҳар баҳонае дар ин ҷанг ва вазъияти ҷорӣ дар ин минтақа оқибатҳои хатарноке дар пай хоҳад дошт”.

Дар матни гуфтугӯи онҳо, ки хабаргузории давлатии Эрон “ИРНА” нашр кардааст, Антониу Коста ба поён додани таниш дар минтақаи Ховари Миёна ва оқибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии ин ҷанг таъкид карда, гуфтааст, кишварҳои аврупоӣ ҳеҷ гоҳ аз ин ҳамла ҳимоят накардаанд ва онро хилофи қонунҳои байналмилалӣ медонанд.

Масъуд Пизишкиён Акс аз Анадолу

Ароқчӣ: Музокирот бо Амрико вуҷуд надорад ва оташбасро намепазирем

Дар ҳамин ҳол, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон бори дигар гуфт, ки миёни Эрон ва Амрико ҳеҷ музокирае сурат нагирифтааст.

Ӯ дар як мусоҳиба бо шабакаи “Ал-Ҷазира” шаби гузашта гуфтааст, “музокира замоне аст, ки ду кишвар барои расидан ба тавофуқ гуфтугӯ мекунанд ва чунин чизе миёни мо ва Амрико вуҷуд надорад”.

Ба гуфтаи Ароқчӣ, баъзе паёмҳое аз Амрико ба таври мустақим ё ба воситаи миёнчиҳо дастрас мешавад, вале ба таъкиди ӯ чунин паёмҳо ҳаргиз маънои музокираро надорад ва иддаоҳое, ки дар ин замина матраҳ мешаванд, саҳеҳ нестанд.

Зимнан, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби гузаштаи 31-уми март дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфтааст, ҷанг бо Эрон метавонад давоми ду ҳафта ё як-ду рӯз бештар ва ҳатто тавофуқ сурат гирад ё не, тамом шавад.

Ӯ изҳор доштааст, ки ҳадафи ӯ “тағйири режим” дар Эрон набуда, балки даст наёфтани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ будааст, ки ба гуфтаи Трамп ин ҳадаф “ҳосил шудааст”. Ин дар ҳолест, ки ӯ дар гузашта мегуфт, ки яке аз ҳадавҳои ҳамлааш ба Эрон тағйири режим аст.

Доналд Трамп. Акс аз Getty Images

Вазъ дар Ховари Миёна

Бо идомаи даргириҳо дар Ховари Миёна шабонарӯзи охир низ дар чанде аз кишварҳои минтақа ҳамлаҳои паҳподиву мушакӣ сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, Қатар эълон кардааст, ки имрӯз, 1-уми апрел як нафткашаш мавриди ҳамлаи мушакии Эрон қарор гирифтааст. Ин кишвар ҳадафи се мушак қарор гирифта, ду мушакро раҳгирӣ кардааст, вале мушаки сеюм ба як нафткашаш бархӯрдааст.

Ҳамчунин, Ҳусиҳои Яман бори сеюм аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ба сӯйи Исроил мушак партоб кардаанд. Сухангӯи Ҳусиҳо гуфтааст, ки чоршанбеи 1-уми апрел “сеюмин амалиёти низомиро ба ҳадафҳои ҳасоси душман” бо  партоби мушакҳои балистикӣ анҷом додаанд. Гуфта мешавад, ин ҳамла дар ҳамоҳангӣ бо Эрон ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон анҷом шудааст.

Дар Иморот бар асари суқути боқимондаҳои як поҳпод як марди бангладешӣ кушта шудааст.

Ироқ хабар дод, ки як рӯзноманигори хориҷӣ дар Бағдод рабуда шудааст. Ба навиштаи расонаҳо ин рӯзноманигор Шелли Киттлсон, гузоришгари шабакаи амрикоии “CNN” будааст ва маълум нест, ки ҳоло дар куҷо қарор дорад. 

Рӯзи 1-уми апрел фурудгоҳи Кувайт бори ҳафтум мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Осори ҳамлаи Исроил ба як бинои истиқоматии Бейрут, Лубнон. Акс аз Reuters

Дар пайи ҳамлаҳои имрӯзи Исроил ба ҷануби Лубнон дасти кам ҳафт нафар кушта ва 26 тани дигар захмӣ шудааст.

Ҳамзамон теъдоди қурбониёни Лубнон афзоиш ёфта, ба иттилои хабаргузории давлатии ин кишвар аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон дастикам 1 ҳазору 268 нафар кушта ва 3 ҳазору 750 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта ба Баҳрайн, Арабистони Саудӣ ва Иқлими Курдистони Ироқ низ ҳамла шудааст. Арабистон мегӯяд ду паҳподро раҳгирӣ кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

0

Пас аз паҳн шудани хабарҳо дар бораи музокироти эҳтимолии Муҳаммадбоқир Қолибоф бо Амрико, ин суол ба миён омад, ки пас аз марги Алӣ Хоманаӣ идораи низоми Эрон дар дасти кист? Дар ин мавод мо талош кардем, ба ин савол посух ҷӯем.

Бархилофи бисёре аз низомҳои дигар, куштори раҳбар дар Эрон боиси фурӯпошии ногаҳонии низоми давлатдорӣ нашуд ва Ҷумҳурии Исломӣ ба зарбаҳои сахт тоб овард.

Дар асл, ҳоло дар ин кишвар сохторе шакл гирифтааст, ки дар он қудрат бештар низомӣ шуда, маркази тасмимгириҳо ба сӯи ниҳодҳои амниятӣ ва афроди дорои собиқаи низомӣ кӯчидааст.

Низоми ҳозираи Эрон мисли шабакаи мустақил сохта шудааст, то агар як қисмаш осеб бинад, қисмҳои дигар тавонанд бидуни фармони марказӣ корашонро идома диҳанд. Ин сохтор имкон медиҳад, ки ҳатто дар сурати кушта шудани мақомҳои аршад, идораи кишвар бидуни таваққуф идома ёбад.

Дар ҳоли ҳозир, Шӯрои олии амнияти миллӣ ва Шӯрои дифои кишвар нақши калидиро дар ҳамоҳангсозии умури дифоӣ ва иттилоотӣ иҷро мекунанд.

Аз назари расмӣ, Муҷтабо Хоманаӣ, писари раҳбари пешин, раҳбари нав интихоб шуда, ҷойи падарашро гирифтааст ва назорати қувваҳои мусаллаҳу ниҳодҳои калидиро дар даст дорад. Аммо дар амал, мизони қудрати воқеии ӯ норӯшан аст, зеро ӯ аз замони интихоб ба ин маснад дар мазҳари ом зоҳир нашудааст.

Ин вазъият боис шуда, ки тасмимҳои муҳими идориву ҷангӣ аз сӯи доираи васеътари фармондеҳонону мансабдорон гирифта шаванд.

Дар байни чеҳраҳои таъсиргузор Муҳаммадбоқир Қолибоф ҳамчун чеҳраи миёнарав байни низомиён, рӯҳониён ва дастгоҳи амниятӣ амал мекунад. Расонаҳои байналмилалӣ менависанд, ки нақши Қолибоф дар ҳоли ҳозир аз Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури ин кишвар бештар аст.

Нақши фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дигар фармондеҳони низомии Эрон ҳам дар идораи кишвар бориз гуфта мешавад.

Сипоҳи посдорон ҳамеша сутуни аслии низом буд, вале замони ҷанг нуфузи он боз ҳам бештар шудааст. Ин ниҳод, ки барномаҳои мушакӣ ва амалиёти хориҷиро назорат мекунад, акнун дар қабули қарорҳои роҳбурдии ҷанг ҳарфи ниҳоиро мегӯяд. Нуфузи Сипоҳ на тавассути як шахси воҳид, балки тавассути шабакаи густурдаи афсарони аршад ва сиёсатмадорони ҳамфикр, ки дар тамоми ниҳодҳои давлатӣ ҳузур доранд, татбиқ мешавад.

Дигар чеҳраҳои калидие, ки ҷараёнҳои пушти пардаро шакл медиҳанд, иборатанд аз: Муҳсини Эжаӣ, Аҳмад Ваҳидӣ, Алӣ Абдуллоҳӣ, Исмоил Қоонӣ ва Аҳмадризо Радон.

Нақши раисҷумҳур Масъуд Пизишкиён ва вазири хориҷа Аббос Ароқчӣ, ҳарчанд дар тасмимҳои роҳбурдии ҷангӣ зиёд набошад ҳам, вале дар идораи ҳукумат ва сиёсати хориҷӣ бориз арзёбӣ мешавад.

То кунун Эрон бо таъйини ҷонишинҳои сершумор барои ҳар як мақоми аршад кӯшиш кардааст, ки зарбаҳои Амрикову Исроилро беасар кунад. Бо вуҷуди он ки дар ҷараёни ҷанг чандин чеҳраи муҳим кушта шуданд, сохтори низом бо ҷойгузин кардани афроди нав тавонист идораи кишварро ҳифз кунад.

Муҳимтарин талафоти низом кушта шудани Алӣ Хоманаӣ буд, ки фавран писараш Муҷтабо Хоманаӣ ҷойгузини ӯ эълон шуд. Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳ, ки чанд рӯз пеш кушта шуд, то ин дам охирин мақоми баландпояест, ки дар ҷараёни ин ҳаводис ҷон бохтааст. Кадом мансабдорон кушта шуданду киҳо ҷойгузини онҳо гаштанд, дар зер бубинед.

Барои ҷилавгирӣ аз халои қудрат, Шӯрои дифои кишвар таъсис ёфт, ки масъулияти мутамарказ кардани тасмимҳои низомиро пас аз ҳазфи чеҳраҳои калидӣ бар дӯш гирифт.

Дар маҷмӯъ, Эрон аз як низоми мутамарказ ба як шеваи идораи ҷамъӣ ва амниятӣ гузаштааст, ки дар он Сипоҳи посдорон тасмимгирандаи асосӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

0
Акси марбут аз Радиои Озодӣ

“Душанбенақлиётхадамотрасон”, ниҳоди масъули танзим ва назорати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт аз сокинону меҳмонони Душанбе хостааст, ки ба кирокашҳои ғайрирасмӣ ё ба истилоҳ “10-сомонӣ” савор нашаванд. Ин ниҳод рӯзӣ 31-уми март дар изҳороте ҳадафи ин талаби худро “таъмини ҳифзи ҳаёту саломатии мусофирон ва пешгирии садамаҳо” маънидод кардааст.

Масъулин ба сокинон тавсия додаанд, ки ҳангоми зарурат, аз хидматр кирокашҳои “рақами давлатии тагрангашон сабз ва рақами қайди иловагии тагрангашон зард” истифода баранд.

Ин ниҳод илова кардааст, ки фаъолияти кирокашҳои ширкатҳои нақлиётии шаҳри Душанбе  мутобиқ ба талабот буда, онҳо аз муоинаи техникӣ ва ронандагонашон аз ташхисӣ тиббӣ мегузаранд. Инчунин, ба қавли манбаъ, барои таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон дар дохили ин худравҳо дурбинҳои мушоҳидавӣ насб шуда, тавассути таҷҳизоти “GPS” раванди хидматрасонияшон таҳти назорат қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки сокинон вақтҳои охир аз хидматрасонии кирокашҳои сабз низ шикоят карда, мегӯянд, онҳо ба ҷои хостаи мусофирон намераванд ё дар хатсайри кирокашҳои ғайриқонунӣ ё ба истилоҳ “10 сомонӣ” мусофиркашӣ мекунанд.

Мақомот мегӯянд, фаъолияти кирокашҳои ба истилоҳ “мардумӣ” ё “10-сомонӣ”, ки дар хатсайрҳои гуногуни пойтахт мусофирбарӣ мекунанд, ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа пул намесупоранд.

Қаблан барои ҷилавгирӣ аз кори кирокашҳои мазкур ниҳодҳои масъул борҳо иқдом карда буданд, вале то кунун фаъолияти онҳо дар пойтахт танзим нашудааст.  Бархе ронандаҳои чунин навъи кирокашҳо мегӯянд, ки мушкили пайдо кардани кори муносиб онҳоро маҷбур мекунад, ки ба мусофиркашӣ машғул шаванд.

Солҳои пеш як нафар барои ҳаракат дар кирокашҳои ғайрирасмӣ 3, баъдан 5 ва пасон 7 сомонӣ пардохт мекард. Вале се сол қабл қимати онҳо ба 10 сомонӣ боло рафт ва ронандаҳояшон далели ин гароншавиро ба афзоиши нархи сӯзишворӣ рабт доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

0

Моҳи апрел имсол дар Тоҷикистон гарм дар назар буда, вале дар саросари кишвар боришоту раъду барқ ва ҳатто жола пешбинӣ мешавад. Ба иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, давоми моҳ ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ мешавад.

Вилояти Хатлон ва водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ

Ҳарорати миёна баъзан 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар буда, дар водиҳо 15-21 ва дар доманакӯҳ – 12-15 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Давоми моҳ дар водиҳо тағйирёбии ҳарорат пешгӯйӣ шудааст. Ҳарорат шабона аз 6-11 то 13-18 дараҷа, рӯзона аз 20-25 то 30-35 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона аз 3-8 то 7-12 ва рӯзона аз 19-24 то 24-29 дараҷа гарм дар назар аст.

Рӯзҳои ҷудогонаи моҳ поинравии ҳарорат дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 2-7 дараҷа, рӯзона – 9-14, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 0-5 ва рӯзона – 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори боришот дар сатҳи ҳудуд ва баъзан баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад: рӯзҳои ҷудогона борону раъду барқ ва жолаву ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб то 15-20 м/с пурзӯр шуда, баъзан фаромадани чангу ғубор дар назар аст.

Вилояти Суғд

Ҳарорати миёна дар ҳудуд ва баъзан 1 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар буда, дар водиҳо 16-17 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 4-9 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Давоми тамоми моҳ ҳарорат дар водиҳо тағйир меёбад: шабона аз 3-8 то 11-16, рӯзона – аз 17-22 то 26-31, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3 то 4-9 ва рӯзона аз 8-13 то 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои ҷудогонаи моҳ поинравии ҳарорат дар назар аст: шабона 0-5 ва рӯзона 6-11, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Боришот ба сурати умум камтар ва баъзан зиёдтар аз меъёри иқлимӣ мешавад. Ҳавои абрноки тағйирёбанда, баъзан борону раъду барқ ва жолаву фаромадани туман, инчунин дар рӯзҳои ҷудогона пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 17-22 м/с пешбинӣ шудааст.

Шаҳру ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳона дар сатҳи ҳудуд ва баъзан 1 дараҷа балндтар аз меъёр пешбинӣ шуда, 6-13 дараҷа гармро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона аз 1-6 то 4-9 дараҷа гарм, рӯзона аз 11-16 то 20-25 дараҷа ва дар рӯзҳои ҷудогона баъзан поинравии ҳарорат: шабона то -2+3 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Миқдори боришот дар сатҳи ҳудуд ва баъзан зиёдтар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст. Дар минтақаи мазкур инчунин ҳавои тағйирёбандаи абрнок, баъзан раъду барқи пуршиддат, туман ва боридани жола, рӯзҳои ҷудогона – пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 17-22 м/с аз эҳтимол дур нест.

Ноҳияҳои шарқи ВМКБ

Ҳарорат баъзан 1 дараҷа боло рафта, аз 5 дараҷа хунук то 2 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ҳарорат ноустувор хоҳад буд: шабона аз 6-11 дараҷа хунук то 4 дараҷа хунук ва 1 дараҷа гарм, рӯзона аз 4-9 то 8-13 дараҷа гарм.

Рӯзҳои ҷудогона поинравии ҳарорат аз эҳтимол дур нест: шабона то 13-18 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм. Боридани борону барф ва баъзан пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 10-15 м/с ва ҳавои тағйирбандаи абрнок пешгӯӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.