Home Blog Page 20

“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

0

Дар панҷумин рӯзи ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ҳамлаҳои ҳавоӣ аз ҳарду ҷониби даргир идома дорад. Амрико ва Исроил ба шаҳрҳои гуногуни Эрон ҳамла мекунанд ва Эрон дар посух ба Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои арабии Ховари Миёна зарба мезанад. Коршиносон мегӯянд, дар Эрон низом фурӯ напошидааст, ҷанг бо бомбборон ва куштори чанд фармондеҳ поён намеёбад, Эрон танҳо нахоҳад буд ва омодаи ҷанги давомдор аст.

 

Чаро ҷанг оғоз шуд?

Дар ин ҷанг якҷо бо мушакҳову паҳподҳо, аз иттилои бардурӯғу дасткоришуда ва таблиғоти зиёд истифода мешавад, ки аз миёни онҳо пайдо кардани воқеият ва ҳақиқат душвор аст.

Амрико ва Исроил барои дуруст нишон додани тасмими худ ҷиҳати оғози ҷанг ривоятҳои худро доранд. Онҳо Эронро ба саркашӣ аз тавофуқ барои дасткашӣ аз барномаи ҳастаияш гунаҳкор мекунанд ва мегӯянд, агар ин ҳамла намебуд, Эрон дар зудтарин фурсат ба силоҳи ҳастаӣ даст меёфт. Иддаое, ки мухолифи гуфтаҳои қаблиашон дар замони “ҷанги 12-рӯза” аст. Он замон ҳам Амрико ва ҳам Исроил гуфта буданд, ки ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои ғанисозии урани Эрон ин кишварро аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ маҳрум кард.

Эрон ҳам ривояти худро дорад ва мегӯяд, ин Амрико аст, ки мисли як соли пеш, дар ҷараёни музокирот ба ҳамла иқдом кард ва аз ҳалли дипломатии баҳс ба нафъи ҷанг берун шуд. Теҳрон мегӯяд, ин ҳама даъвоҳои Амрикову Исроил баҳонае беш нестанд, чун Эрон пайваста гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш сулҳомез аст ва ҳадафи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро надошт ва надорад. Барои собит кардани ин иддаои худ, борҳо изҳор доштааст, ки омодаи фароҳамории шароити мусоид ба Оҷонсии байналмилалии ҳастаӣ барои боздид ва арзёбии зерсохторҳои барномаи ҳастаиаш аст. Ин нуктаро роҳбари ин Оҷонс ҳам тасдиқ карда, ки Эрон “силоҳи ҳастаӣ надошт”.

Дар ин миён воқеият ин аст, ки ҷанг оғоз шуд ва бо бомбборони Эрон аз сӯйи Амрикову Исроил. Инак, рӯзи панҷуми ҷанг идома дорад ва дар баробари қурбониву харобӣ, суолҳои зиёдеро дар миён гузоштааст: Чаро ҷанг оғоз шуд, ҳадафи аслии Амрикову Исроил чӣ аст, низоми ҳоким дар Эрон то куҷо пойбарҷост ва чаро паҳлӯяш ҳампаймонҳояш нестанд, Эрон то куҷо ба ҷанги дарозмуддат омода аст, вокуниши кишварҳои арабӣ ба зарбаҳои Теҳрон ба қаламраваш чӣ гуна хоҳад буд ва ин ҷанг ба куҷо кашида мешавад?

Талош кардем аз талилгар ва коршиноси тоҷик ба ин суолҳо посух пайдо кунем.

 

“Мушкили аслии Ғарб низоми давлатдории Эрон аст”

Раҳматулло Абдуллоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ, сабаби оғози ҷангро ба сиёсати мустақилонаи Эрон ва хилофи манофеи ҷаҳони Ғарб амал кардани роҳбарияти он медонад.

Ӯ мегӯяд, масоили баҳсӣ дар музокироти тарафҳо танҳо баҳона аст ва мушкилоти Ғарб дар он аст, ки дар дохили Эрон такягоҳ, шарик ва амаликунандаи нақшаҳояшро надорад. Аз ин лиҳоз, ба қавли ӯ, талоши аввали Амрикову Исроил тағйири низом дар Эрон аст. Низоме, ки беш аз чиҳил сол назди онҳо сар хам накард ва дар баробари таҳдиду фишори онҳо истод.

“Дар ин муддат, Ғарб ва пеш аз ҳама Амрико бо Эрон сари барномаи ҳастаӣ, қатъи истеҳсоли мушакҳои дурпарвоз, катъи кумак ба гурӯҳҳои низомӣ-сиёсӣ дар Фаластину Лубнон ва ғайра баҳс дошт ва ҳар лаҳза баҳонаи нав пеш оварда, марҳила ба марҳила фишорро болои он афзоиш медод. Соли 2015 созишномаи БАРҶОМ бо ширкати доираи васеи кишварҳои Ғарб ва Русияву Чин ба имзо расид, ки бояд ба ин баҳс хотима медод, аммо он бо ташаббуси Доналд Трамп, раисҷумҳури кунунии Амрико, шикаста шуд. Дар сурате, ки  бояд ҳама кишварҳои имзокардаи БАРҶОМ чунин тасмим мегирифтанд”, – мегӯяд Абдуллоев.

Ин таҳлилгари тоҷик хуруҷи Амрико аз созишномаи БАРҶОМ ва беамалии кишварҳои зери он имзогузоштаро “хиёнат ба Эрон” медонад, ки собит кард, мушкили аслӣ на масоили мавриди баҳс, балки низоми саркашу мутақили Эрон аст.

“Дар дохили Эрон нерӯҳои мухолифи қодир ба амалӣ кардани нақшаҳои ИМА ва Исроил вуҷуд надоранд. Намояндагони сулолаи собиқи ҳукмрон – Паҳлавӣ танҳо берун аз марзи Эрон садои худро метавонанд баланд кунанд, дар дохили Эрон онҳо пуштибони зиёд надоранд, зеро дар тӯли 50 соли қудрат хиёнати зиёд карда буданд ва ҳамеша дар хидмати Ғарб буданд”, – мегӯяд ӯ.

 

Эрон танҳо нахоҳад буд?

Абдуллоев мегӯяд, ҳоли ҳозир шояд Эрон дар муқобили ҳамлаварон аз лиҳози низомӣ танҳо бо ҷонибдории мардумаш меҷангад, аммо барои дарозмуддат вазъи кунунӣ тағйир хоҳад ёфт.

“Эрон дар муборизаи шадиди худ бо Амрикову Исроил наметавонад танҳо бошад, ҳатман аз лиҳози низомӣ, иттилоотӣ ва иктишофӣ кумак мегирад. Кишварҳои мисли Чин, Русия, Покистон бо роҳи ғайрирасмӣ дастгирӣ мекунанд. Дар сурати ба дохили марзи Эрон гузаштани амалиёти ҷангӣ, ҳазорон довталаб аз кишварҳои ҳамсоя аз тарафи Эрон ба ҷанг ворид мешаванд. Аммо Амрикову Исроил ҳоло тавони роҳандозии амалиёти заминӣ дар Эронро надоранд, чун он хеле мушкил хоҳад буд. Ва ҳамчунин, сабақи ҷанги ноком ва пурталафоти бистсола дар Афғонистон мисли захми шамшер бар ҷисму ҷони ИМА боқӣ мондааст. Ҳамчунин, ин ду кишвар, дар баробари хайрхоҳон, душмани зиёд ҳам доранд”, – мегӯяд Абдуллоев.

 

“Эрон имкони ҷанги дарозмуддатро дорад”

Рустам Азизӣ, низоъшиноси тоҷик, ки равандҳои сиёсӣ ва ҳаводиси Ховари Миёнаро таҳқиқу пайгирӣ дорад, мегӯяд, Эрон, тавре чаҳор рӯзи аввали ин ҷанг ва “ҷанги 12-рӯза” нишон дод, сарфи назар аз талафоти ҷониву зерсохторӣ, имкони ҷанги тӯлониро дорад.

“Яъне тасмими бисёр қавӣ доранд ва дар ин масъала, кишвари бузург аст ва захираву имконоти бештар дорад. Алабатта, барои ҷанги дарозмуддат метавонад истодагарӣ кунад, чунки Эрон солҳои зиёд дар таҳрим аст, режимҳои вижа ва ҳамчунин, таҷрибаи идомаи чунин ҷангҳоро дар кишварҳои дигар низ дорад”, – мегӯяд Рустам Азизӣ.

Ба қавли ин коршинос, “бо ду-се гулӯлаву бомбу мушакзадан, дар Эрон на ҳукумат тағйир меёбад ва на сохтор”.

“Яъне бисёр устувор ҳастанд ва бо кушта шудани чанд фармондеҳ, чизе тағйир намеёбад. Барои он ки захираҳои инсониву кадрии Эрон ҳам кам нестанд ва дигар ин ки чунон низом сохтанд, ки дар онҷо як шахс метавонад зуд ҷойгузин бошад. Яъне шахсиятсолорӣ вуҷуд надорад”, – таъкид мекунад Рустам Азизӣ.

Бояд зикр кард, ки дар “ҷанги 12-рӯза” Исроил ба якборагӣ чандин фармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳи Эронро кушт, аммо дар зудтарин фурсат ҷойгузини онҳо таъйин шудаву ҷанг идома кард ва низом ҳам фурӯ напошид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна

Дар чаҳор рӯзи ҷанги нави ҷараёндошта, ки ин бор ба Исроил Амрико ҳам мустақим пайваст, даҳҳо фармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳатто роҳбари олии Эрон кушта шуд, аммо ҷанг ҳамоно идома дорад. Эрон дар баробари Исроил, ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба мезанад ва гузориши расонаҳо ҳокӣ аз онанд, ки низоми дифоии Амрико ҳам дар баробари паҳподҳо ва мушакҳои Эрон мисли “Гунбади оҳанин”-и Исроил осебпазир аст. Ва ин вазъи кишварҳои арабиро душвор кардааст, чун таркишу харобӣ ба хоки онҳо ҳам кӯчидааст.

 

Таҳлука дар кишварҳои арабӣ

Рустам Азизӣ мегӯяд, барои кишварҳои арабӣ вазъият бисёр муташанниҷ ва ғайричашмдошт буд. Чунки “онҳо тамоми низоми дифоии худро бо такя ба Амрико карданд, вале тавре посухҳои Эрон нишон дод, ин низоми падофанду зиддиҳавоӣ аслан наметавонад ҳатто пойгоҳҳои ҳарбии Амрикову сафорати ин кишварро дифоъ кунад, чӣ расад ба кишварҳои арабӣ”.

Ӯ зикр мекунад, ки агар фазои расонаии кишварҳои арабиро пайгирӣ кунем, маълум мешавад, ки онҳо воқеан ба як таҳлука афтоданд ва дар онҷо чанд ривояти нав эҷод шудааст:

– Аввал ин ки Амрико моро фиреб кард. Наметавонад, ки моро дифоъ кунад ва ба ҷанг бо Эрон водор кард, вале аз имконоти мо танҳо барои Исроил истифода мешавад.

– Дигар ин ки чун баъзе аз пойгоҳҳои амрикоӣ, ба вижа радарҳо шикаста шуданд, саволе ба миён меояд, ки мо ин қадар маблағро барои чӣ сарф мекунем?! Ҳамчунин, бо баста шудани тангаи Ҳурмуз, зери ҳадаф қарор гирифтани чанд киштии нафткашу корхонаи гази моеъи Қатар, ки беш аз 20% гази моеъи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупоро таъмин мекард, масъалаи бозори нафти ҷаҳонӣ ҳама дарҳамбарҳам шуд.

Бо вуҷуди ин, ба қавли ин коршиноси тоҷик, кишварҳои арабӣ наметавонанд ба Эрон посух диҳанд.

“Аввал, чунин тавонро надоранд, дуввум, ин ки хасороте, ки аз зарбаҳои ҷавобии Эрон метавонанд бинанд, дандоншикан хоҳад буд. Чун кишварҳои арабӣ солҳои зиёд барои рифоҳу сатҳи баланди зиндагӣ омода шуданд ва наметавонанд ба ин хисорот тоб оранд. Аз ин рӯ, бисёр миёнарав буданд ва ҳоло ҳам аз Амрико тақозо доранд, ки мушкил бо роҳи дипломатӣ ҳал карда шавад”, – мегӯяд Азизӣ.

Ӯ мегӯяд, ба дарозо кашида шудан ин ҷанг барои кишварҳои Халиҷи Форс бисёр хатарнок аст, чунки аллакай, вазъи Қатар ва Иморот дар пайи ҳамлаҳо ба қароргоҳҳои нафташ бад шудааст ва ҳамарӯза зарар мебинад. Бар замми ин, кишварҳои арабӣ артиши кофӣ надоранд. Ва маълум шуд, ки амрикоиҳо дастгирӣ намекунанд. Дар ҷанги заминӣ шикасти бебаҳси онҳо дар баробари Эрон ногузир аст.

“Ин ҷанг бо роҳи бомбборон ва мушакзанӣ ҳал намешавад. Барои ҷанг дар майдон имконоти хеле зиёд лозим аст. Агар дар муқоиса бо ҷанги ҳатто Ироқу Афғонистон ҳам бубинем, Эрон кишвари бузургтар аст, артишаш ҳам  бузургтар ва қавитар аст. Муҳим ин аст ки дар баробари муътаризон ва ба истилоҳ мухолифон, ин ҳукумат ҳаводорони зиёд дорад ва ҳамчунин, ҳаводорони  он бештар мазҳабии фидоӣ ҳастанд ва агар баҳс сари ҷоннисориву ҷангҳои чирикӣ равад, хеле ба дарозо мекашад”, – хулоса мекунад Рустам Азизӣ.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1940 – Ба Театри давлатии драмаи русии Тоҷикистон номи Владимир Маяковский гузошта шуд.

Соли 2010 – Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) аз узвияти Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ шуд.

Шӯрои ҷамъиятӣ як сохтори машваратӣ буд, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳизбҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ҳукумат таъсис ёфта буд. Сабаби асосии хориҷшавии ҲДТ аз Шӯрои ҷамъиятӣ норозигии онҳо аз сиёсати ҳукумат ва маҳдудиятҳои озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар кишвар буд. Раҳбарияти вақти ҲДТ изҳор дошт, ки дар чунин шароит идомаи узвият дар Шӯрои ҷамъиятӣ маъное надорад ва онҳо наметавонанд дар фаъолияти он иштирок кунанд.

Соли 2010 – Ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он барои напардохтани андозҳо, инчунин пинҳон кардани даромад аз андозбандӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад.

Соли 2016 – Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ифтитоҳ гардид. Ин муассиса нахустин маркази бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки зинаҳои гуногуни ташхис, табобат, аз ҷумла маркази ёрии таъҷилии тиббӣ ва офиятбахширо дар бар мегирад.

Соли 2020 – Шӯрои уламои Тоҷикистон дар робита ба пешгирии паҳншавии коронавирус даъват кард, ки аз намозҳои дастаҷамъона дар масҷидҳо худдорӣ кунанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1875 Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, нависанда, журналист ва равшанфикри тоҷик ба дунё омадааст. 

Соли 1930 – Зодрӯзи Раҳбар Қосимов, арбоби ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистони шӯравӣ.

Ӯ фаъолияти кориашро ҳамчун агроном оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои баланди роҳбарикунандаи ҳизбӣ фаъолият дошт. Аз моҳи феврали соли 1974 роҳбари бюрои ташкилотии КМ ҲК Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб буд.

Вай чанд дафъа вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон  интихоб шуда буд.

Субҳи 26 феврали соли 1974 ҷасади Роҳбар Қосимовро аз меҳмонхонаи шаҳри Кӯлоб пайдо карданд. Ӯ ҳамагӣ 44 сол дошт ва пеш аз маргаш умури ташкилии вилояти Кӯлобро дар даст дошт ва мебоист котиби якуми кумитаи вилоятии ҳизби коммунист мешуд. Хулосаи тафтишот ин буд, ки ин мансабдори баландпоя худкушӣ кардааст, вале фарзияҳои дигар, аз ҷумла куштор низ вуҷуд дошт.

Соли 1949 – Мавлуди Дона Баҳром, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Дона Баҳром хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст.

Фаъолияти касбиаш дар дастаи мақомхонони Кумитаи давлатии радио ва телевизион  оғоз гардида, дар ин даста ба олами сарояндагии асили тоҷикӣ ворид мешавад. Дона Баҳромов зиёда аз 100 суруди гуногунмавзӯъ иҷро намуда, дар заминаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ маҷмӯи овозие ҳам сохта ва сабт намудааст.

Соли 1957 – Мавлуди Ҳуринисо Ализода, рӯзноманигори тоҷик, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.

Ҳуриннисо Ализода Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ба итмом расонидааст. Баъди хатми донишгоҳ то соли 1986 ба ҳайси омӯзгор дар ноҳияи Фархор кор карда, соли 1986 бо шурӯи кор дар рӯзномаи “Роҳи ленинӣ” ба олами журналистика пайвастааст. Аз соли 1988 ба сифати гӯяндаи радиои ноҳиявӣ ва муддате мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Ҳамадонӣ фаъолият дошт.

Баъдан солҳо дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” фаъолият кард.

Соли 2006 сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таъин гардид ва аз моҳи октябри соли 2012 то моҳи майи соли 2015 муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд. Соли 2021 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд ва ҳоло дар ин вазифаи ҷамъиятӣ фаъолият дорад.

Ҳуринисо Ализода муаллифи як қатор очеркҳо буда, маҷмуи очеркҳояшро бо номи “Ҳафт ахтар” аз чоп баромадааст.

Соли 1993 – Саймуддин Бурҳонов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2018 – Равшани Ёрмуҳаммад, нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва драматурги тоҷик дар синни 76-солагӣ аз олам даргузашт.

Равшани Ёрмуҳаммад нависандаи маъруфи тоҷик, падари адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров аст.

Ӯ хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинаст. Ӯ солҳо дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, рӯзномаҳои “Тоҷикистони Советӣ” ва “Ҳақиқати Колхозобод”, Комитети давлатии нашриёт, полиграфия ва савдои китоб, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” кор кардааст.

Соли 1991 сармуҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” таъйин шуда, солҳои 1998-2003 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сармуҳаррири нашрияи “Афсона” буд.

То кунун чиҳил асари Равшани Ёрмуҳаммад, ки аз ҳикоя, қисса, достон ва роман иборат аст, мунташир шудааст. Аз ҷумла, ӯ муаллифи китобҳои “Шоҳбузи сафед”, “Қиссаи шаҳри беҷон ё Саргузашти духтари бофанда”, “Гӯркоб”, “Қиссаҳои “Буду набуд”, романи Бармакиён”, қиссаҳои “Тӯфони Нӯҳ” ва “Хоб ва бедорӣ” ва ғайра аст.

Муаллифи 10 драма мебошад, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум, дувум ва савум гардидаанд.

Дар таҳияи мунтахаби ҳикояҳои "Тазкират-ул-авлиё", рисолаҳои "Усули навиштани иншо", "Никоҳ, талоқ ва ҳуқуқи зан" ҳиссагузорӣ кардааст.

Соли 2001 барои китоби "Гӯрков" сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии муҳандисӣ аст. Аз соли 2020 инҷониб ҳар сол 4 март ин ҷашн таҷлил карда мешавад. Ин иди касбии муҳандисон, олимон ва ихтироъкорон бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии ташкилотҳои муҳандисӣ таъсис ёфта, бо қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО расмӣ гардонида шудааст.

Имрӯз Рӯзи ихтирои баландгӯяк (микрофон) аст. Маҳз 4 марти соли 1877 ихтироъкори амрикоӣ Эмил Берлинер баландгӯякро ихтироъ кард. Вале як сол қабл, соли 1876, Александр Белл низ микрофонеро сохта буд, ки онро дар намоишгоҳи ҷаҳонии Филаделфия намоиш дода буданд. Берлинер дар он ҷо онро дида, тасмим гирифт, ки дастгоҳи беҳтаре созад. Вай тавонист сигналҳои садоиро тақвият дода, дар натиҷа як навъ дастгоҳе ихтироъ кунад, ки он “микрофон” ном гирифт.

4 марти соли 1955 як ширкати бузурги технологӣ истеҳсоли радиоҳои хурдро оғоз кард. Ин навоварӣ оғози муваффақияти ҷаҳонии ширкат гардид. Охири солҳои 1960 ва ибтидои солҳои 1970, он яке аз пешвоёни истеҳсоли электроникаи маишӣ шуд.

4 март Рӯзи байналмилалии айнакдорон таҷлил мешавад. Аввалин линзаҳо ҳангоми кофтуковҳои археологӣ дар Троя пайдо шудаанд (тахминан 2500 пеш аз милод), вале асосан ҳамчун ҷавоҳирот истифода мешуданд. Танҳо баъди садҳо сол линзаҳо барои ислоҳи биноӣ ба кор рафтанд. Аввалин айнакҳо дар асри XIII пайдо шуданд. Онҳоро як шишабур аз Флоренсия – Салвино Алмати ихтироъ кардааст. Аввалин айнакҳо барои наздикбинон танҳо дар асри XIX ихтироъ шуданд.

Айнаксози лондонӣ Эдвард Скарлетт дар аввали асри XVIII ба айнакҳо пояҳои насбшуда барои дар пушти гӯш гузоштани айнак илова кард. Пеш аз ин, онҳоро бо ресмон ё банди эластикӣ истифода мебурданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок, саҳаргоҳон ва рӯзона дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 4+6º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 4 ба 5-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз лағви парвозҳо ба Теҳрон то гарон шудани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ. Охирин хабарҳои марбут ба Ховари Миёна

0

Давоми рӯз ҳамлаи Эрон ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна идома ёфт ва дар посух ба он Исроил ҳам ба Эрон чанд мушак партоб кард. Дар зимн, ҳаводиси охир, сабаби лағви парвозҳои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Теҳрон шуд ва сокинони Тоҷикистон барои ҳамдардӣ ба Сафорати   Эрон рафтанд. Охирин таҳаввулоти марбут ба минтақаро дар ин маводи мо хонед.

 

Ҳамдардии тоҷикистониҳо

Имрӯз, 3-юми март теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сафорати Эрон дар Душанбе рафта, кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва чанде аз масъулону шаҳрвандони ин кишварро таслият гуфтаанд.

Сафорат мегӯяд, онҳо бо эҳдои гул ҳамбастагии худро ба миллати Эрон изҳор доштанд.

Ба ғайр аз ин, Толиб Озарахш ва Фарзонаи Хуҷандӣ, ду Шоири халқии Тоҷикистон ба сафири Эрон дар Душанбе паёми ҳамдардии худро фиристодаанд.

Дар ин паём шоирон ба сафир ва мардуми Эрон таслият гуфта, изҳор доштаанд, “чӣ фархунда умре ки дар роҳи наҷоти Ватан фидо шавад ва чӣ поянда номе, ки бар пештоқи меҳан ва дар ҷаридаи қалбҳои мунаввар барои ҳамеша сабт гардад”.

“Пайваста ба даргоҳи Ҷаҳондори якто ниёиш мекунем, ки миллати хуҷастаи Эрон ва мардумони ин диёри бостон ва росткеш – ҳамдилон ва ҳамзабонони ҷовидони мо – аз шарри аҳриманони ҷаҳонхор дар амон монда, раҳоӣ ёбанд ва парчами пирӯзиро баланд афрозанд”, – омадааст дар паёми ду шоири шаҳири тоҷик.

Толиб Карими Озархаш ва Фарзона ҳарду аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик буда, дар ҳавзаи форсизабонон ҳам шӯҳратёр ҳастанд.

 

Лағви парвозҳои “Сомон-Эйр” ба Теҳрон

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Сомон Эйр" парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе–Дубай муваққатан боздошт

Ҳамзамон, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки маҷбур аст, аз сабаби маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ дар ин минтақа парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад.

Ин ширкат рӯзи 3-юми март ба мусофироне, ки барои сафар дар ин муддат билет доранд, тавсия додааст, ки вазъи парвозро пешакӣ дар сомонаи расмии “Сомон Эйр” тафтиш кунанд ва барои гирифтани маълумоти нав бо маркази тамос бо рақамҳои зерин тамос гиранд:

Тел: +992 44 640 40 49, +992 44 640 40 50,

WhatsApp: +992 93 777 74 59.

Қаблан, ин ширкат парвозҳояшро то 6-уми март  ба Дубай боздошта буд.

 

Омори нави куштшудаҳои Эрон

Дар ҳамин ҳол, Ҳилоли аҳмари Эрон хабар дод, ки теъдоди кушташудаҳо дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба ин кишвар ба 787 тан афзоиш ёфтааст. Қаблан теъдоди кушташудаҳо 555 нафар гуфта мешуд.

Теъдоди захмиён эълон нашудааст. Дар рӯзи аввали ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, Ҳилоли аҳмар теъдоди захмиёнро 747 тан гуфта буд.

Ин ҷамъият изҳор доштааст, ки Амрико ва Исроил то кунун ба 153 шаҳр ва 504 нуқтаи Эрон 1 ҳазору 39 зарба задаанд.

 

Оҷонсии байналмилалии энергияи атомӣ ҳамла ба иншооти ҳастаии Натанзро тасдиқ кард

Ҳамчунин, Оҷонсии байналмилалии энергияи Атомӣ (МАГАТЭ) тасдиқ кардааст, ки чанд бино дар иншооти ҳастаии "Натанз" дар натиҷаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон осеб дидаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна

Оҷонсӣ чанде пеш дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки тибқи таҳлили аксҳои моҳвораӣ даромадгоҳи корхонаи зеризаминии ғанигардонии уран зарар дидааст. Вале гуфтааст, ки хатари паҳншавии радиатсия вуҷуд надорад.

Қаблан, намояндаи Эрон дар ин созмон аз ҳамла ба иншооти ҳастаии “Натанз” хабар дода буд. Он замон ин созмон гуфта буд, ки ҳамларо тасдиқ ё рад карда наметаовнад.

 

Кутоҳ аз ҳаводиси Эрон

Дар соатҳои гузашта, ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон идома дошта, ба чанд нуқта, аз ҷумла дар хиёбонҳои Пардис ва Порчини Теҳрон, Бушеҳр ва Урумия зарба задааст.

Хабаргузории “Форс” аз кушта шудани 13 нафар дар пайи ҳамлаи рӯзи гузашта ба як пойгоҳи артиши Эрон дар шаҳри Кирмон хабар дод.

Дар ҳамла имрӯз, ба Исфаҳон низ се нафар кушта шудааст.

Амрико ва Исроил дар ҳамлаҳои худ ба Эрон 5 бемористони бузург ва 10 марказҳои дармонӣ ва беҳдоштӣ зарба задаанд.

Расонаҳои Эрон бо такя ба Вазорати мероси фарҳангии ин кишвар хабар доданд, дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил “Кохи Гулистон” осеби ҷиддӣ дидааст.

“Кохи Гулистон” аз ҷумлаи осори таърихии муҳим дар Теҳрон, пойтахти Эрон мебошад, ки ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст.

Мудири ин кох гуфтааст, ки аз мавҷи таркишҳо шишаҳо шикаста, миқдори осеби расидааст.

 

Исроил теъдоди захмиёнро дар пайи ҳамлаҳои Эрон эълон кард

Ҳамчунин, ҳамлаҳои Эрон низ ба Исроил тайи чанд соати охир шиддат гирифт. Вазорати тандурусти Исроил эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба Исроил 1 ҳазору 50 тан захмӣ шудааст. Гуфта мешавад, аз ин теъдод, танҳо 120 нафар дар беморхона бистарӣ буда, боқимонда рухсат шудаанд.

Ба навиштаи “The Time Of Israel” танҳо шабонарӯзи гузашта 289 маҷрӯҳ ба бемористонҳо интиқол ёфтааст.

Қаблан Исроил кушта шудани беш аз 10 нафарро дар ҳамлаҳои Эрон тасдиқ карда буд.

 

Ховари Миёна

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз тавсияи ВКХ барои тоҷикистониҳо то омори кушташудаҳо дар Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон

Зимнан, ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна низ идома дорад. Аз ҷумла, Имороти Муттаҳидаи Араб аз кушта шудани 3 нафар ва захмӣ гаштани 68 тан дар пайи ҳамлаҳои Эрон хабар дод, менависад “Ал-Ҷазира”

Вазорати дифоъи Иморот гуфтааст, ки Эрон ба ин кишвар 186 мушак ва 812 паҳпод задааст ва иддао кардааст, ки 172 мушак ва 755 паҳподро нобуд кардааст.

Ҳамчунин, Уммон гуфтааст, ки тайи чанд соати охир як паҳпод дар наздикии бандари Салала суқут кард ва як паҳподи дигар дар ин кишвар раҳгирӣ шудааст. Талафот ба қайд гирифта нашудааст.

Дафтари Комиссариати Олии СММ (UNHCR) мегӯяд, ки аз замони оғози ҳамлаи Исроил ба Лубнон беш аз 30 ҳазор нафар ба паноҳгоҳҳо рафтаанд.

Қувайт чанде пеш  ҳамла ба сафорати Амрико дар шаҳри Кувайтро тасдиқ кардааст.

Қатар чанд соат пеш эълон кард, ки беш аз 8 ҳазор нафар бинобар баста будани фазои ҳавоӣ дар минтақа дармондаанд.

 

Нархи нафт гарон шудааст

Дар ҳамин ҳол, дар пасманзари ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон нархи нафт ва газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ гарон шудааст. Рӯзномаи бритониёии “Financial Times” хабар додааст, ки арзиши газ дар Аврупо 45% боло рафтааст.

Ҳамчунин, Эрон тангаи Ҳурмуз, гузаргоҳи борике миёни Хали Форс ва Уқёнуси Ҳиндро маҳдуд кард, ки тавассути 20% тамоми нафту гази дунё аз ин танга мегузарад.

Дар ҳамин ҳол, нархи нафт то 85 доллар барои як баррел боло рафтааст. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки он ба зудӣ метавонад ба 100 доллар бирасад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дарси инсондӯстӣ ва сухансанҷӣ. Ба накӯзодрӯзи устод Абдунабӣ Сатторзода

0

Садоқат, самимият, озодманишӣ…

Шинохти банда аз Абдунабӣ Сатторзода ва ҳамдилию ҳампешагӣ ва ҳамрешагиам бо ӯ маро водор месозад, ки ба муносибати ҷашни 85-солагии эшон ҳарфҳое аз жарфои дил бигӯям.

Устод аз маъдуди донишмандоне ҳастанд, ки ба нишонаи ҳақшиносӣ ва арҷгузорӣ ҳудуди шаст сол дар роҳи бедории ҷомеа ва ҷавонон ва шукуфоии фарҳангу адаб хидмати содиқона ва ошиқона кардааст. Банда ба унвони яке аз шогирдон, ҳақ дорам ҳарфҳои диламро чунонки дархӯри номи баланди эшон медонам, иброз дорам.

Марде, ки аз кор кардан, аз хондану навиштан хаста намешавад ва бар хилофи абнои рӯзгор аз кору хастагӣ низ наменолад. Устод дар канори кори таҳқиқ ва тадрис ва таълиф, вазоифи идории мухталиферо низ ба уҳда мегирифтанд ва ба таври тамому камол анҷом медоданду медиҳанд. На кори идорӣ музоҳими тадрису таҳқиқ ва таълифи эшон буда ва на тадрису таҳқиқ он касро аз анҷоми вазоифи идорӣ боз медошт.

Нуктаи гуфтанӣ ин аст, ки устод ҳама корҳояшонро бо назму тартиб ва рӯи хуш анҷом медоданд. Аз ин мавзӯъ ки гузарем, ишқи бе рӯю риё ба ватан ва фарҳанги пурбори он ва гузаштаю имрӯзи фарҳанги забони порсӣ, кӯшиш барои муаррифии он ва дифоъ аз он аз сифоти боризи устод Сатторзода аст. Ҳамеша дар мутолиа аст ва манобеи мавриди алоқаашонро мехонду мехонад.

Ин матлабро ҳам биафзоем, ки эшон ин донишҳоро на дар Урупо ё Русия, балки дар чаҳордевории шаҳри Душанбе омӯхтаанд. Аз ҷумлаи риштаҳои адабии мавриди иноят ва алоқаи хоси эшон нақди адабӣ аст. Устод таърихи нақди адабиётро ба таври ҷиддӣ мутолиа карда, аз китобҳои зиёде, ки ба забонҳои арабӣ, форсӣ, инглисӣ ва русӣ хондаанд, барои нақди осори адабии куҳану ҷадиди мо суд ҷустаанд.

 

Устод Сатторзода тамоми умри пурбаракати худро вақфи мутолиа ва таҳқиқу муаррифии фарҳанги пурбори мо карда ва инак, қадам ба остонаи ҳаштодумин соли зиндагии худ ниҳодаанд ва ин фурсатест муносиб, ки лаҳзае чанд дар бораи кору пайкори ин донишманди бузург ва муаллими воқеӣ биандешем.

Устод Абдунабӣ Сатторзода адиби номдор, муҳаққиқу мунтақиди арҷманд, омӯзгори тавоно, устоди камназири донишгоҳ, ҳамеша фаъол ва ҳамвора дар кору пайкор ҳастанд ва хушбахтона аз навиштаҳои эшон таровиши ҷавонӣ ва накҳати зиндагонӣ ба машом мерасад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Абдунабӣ Сатторзода: Лоиқро ба ҳарду майдон даъват мекарданд, аммо ӯ ёри на “Шаҳидон” ва на “Озодӣ” буд

Сатторзода аввалтар аз ҳама ИНСОН  аст ба тамоми маънои ин вожа. Ҷумла бар онанд, ки устод Сатторзода инсоне озода, хушахлоқ ва хушандом аст.

Аз кӯдакиам эшонро мешиносам ва дар тамоми даврони зиндагиам, боре аз забони эшон ҳарфи носазое нашнидаам, ҳаргиз надидаам, ки аз паси касе ҳарфи баде гуфта бошад. Ҳамеша бо назокат ва санҷида сухан мегӯяд. Бо ҳама бузургворӣ дар авҷи фурӯтанӣ ба сар мебарад.

Бо он ҳама таҳқиқоти арҷманд ва китобу мақолаҳое, ки дар мавзуъҳои мухталиф менависанд, ҳамвора бо шиори “зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй” зиндагӣ мекунанд, ҳамеша ташнаи омӯхтан ва мутолиа ва бар хилофи баъзе аз хомазанони муосир, ҳаргиз забону қалами худро ба носазо олуда намекунанд. Ин нуктаро ҳама касоне, ки эшонро аз наздик мешиносанд, аҳли аҳли илму адаб, ки бо устод қаробат доранд ва донишҷӯёне, ки тайи беш аз 50 сол дар донишгоҳ аз маҳзари дарси устод баҳраҳо бардоштаанд,таъйид мекунанд.

Бо он ки устод Абдунабии Сатторзода дар заминаҳои гуногуни адабиёти форсии тоҷикӣ ба таҳқиқ пардохтаанд ва ҳосили ин пажӯҳишҳояшонро дар китобу мақолаҳои мухталиф ба чоп расонидаанд, шӯҳрати эшон дар ватан ва хориҷ аз он, пеш аз ҳама марбут бар он аст, ки эшон нахустин бор афкори адабӣ ва зебоишинохтии ниёконамонро ба таври ҷиддӣ ба таҳқиқ кашиданд.

 

Устод Абдунабӣ Сатторзода аз шумори донишмандонест, ки дар осори хеш ҳамеша дар ҳоли таҳаввул ва такомул будани назария ва андешаҳои пешиниёнро дар давраҳои мухталиф собит кардааст. Имрӯз аз баракати пажӯҳишҳои эшон афкори адабиётшиносии мо дар гузашта ва манбаъҳои мавҷуд дар ин росто мавриди баррасии илмӣ ва натоиҷи ин пижӯҳишҳо дастраси муҳақиқон гаштааст.

Нахустин китобе, ки дар даврони донишҷӯйи аз навиштаҳои эшон хондам, “Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ” ном дошт, ки нимаи солҳои ҳафтодуми қарни гузашта интишор шуда буд. Ин пижӯҳиш аз аввалин пижӯҳишҳои ҷиддӣ дар заминаи баррасии андешаҳои адабии ниёкони мо дар Тоҷикистон буд. Дар ин рисола устод Сатторзода афкори адабию зебоишиносии Абдураҳмони Ҷомиро мавриди баррасии илмӣ қарор дода, ин андешаҳоро дар матну батни афкори адабии файласуфҳои Юнону Эрон ва фарҳангу адаби ниёкон пажӯҳиш намудаанд.

Чунонки устод Сатторзода ба дурустӣ фармуда буданд, адибон маъмулан ба зоҳири шеър таваҷҷуҳ доштаанд, чунончи ба қолаби шеър ва ба ҷанбаи луғавии он арҷ мегузоштаанд ва шеър барои онҳо “каломи мавзуну муқаффӣ” будааст. Вале бо гузаштани замон ва ошноӣ бо андешаи файласуфон чунин нигоҳ таҳаввул кардааст.

Ба назари устод Сатторзода “…имтизоҷи дарки урфии шеър бо дарки… фалсафии он аз хидматҳои шоистаест, ки машшоиён, бахусус, Форобӣ, Сино ва Насирруддини Тӯсӣ дар такомули афкори назарии шарқӣ кардаанд". Сатторзода дар ин пажӯҳиши худ андешаҳои Ҷомиро дар муқоиса бо афкори теъдоди зиёде аз донишмандани Шарқу Ғарб баррасӣ карда, ба ин натиҷа расидааст, ки Ҷомӣ ва чанд тани дигар дар таҳаввули жарфи андешаҳо дар бораи шеър саҳми босазое доранд.

 

Ӯ дар ин пажӯҳиш ба натиҷае расидааст, ки “дарки урфии шеър аз тарафи адибон бо мурури замон зери таъсири дарки фалсафии он тағйиру такмил намудааст ва дар ниҳоят боиси ба ҳам омезиш ёфтани дарки фалсафии шеър бо дарки адабии он дар назариёти адабии форсии тоҷикӣ гардидааст”. Таҳқиқи муфассали ин мавзуъ дар рисолаи дигари устод – “Арасту ва андешаҳои адабии форсу тоҷик дар қарнҳои IX ва XV” такмил ёфта, эшонро дар радифи чанд тане, ки мавзуи мазкурро пайгирӣ ва тадқиқ намудаанд, ба унвони мутахассиси бартар дар заминаи адабиётшиносии татбиқӣ ва масоили назарии он дар меҳани мо табдил додааст.

Вақте ин пажӯҳиш ба анҷом расид, на фақат муассисоти илмӣ онро ба унвони сухани тоза дар адабиётшиносии шӯравӣ муаррифӣ карданд, балки бузургтарин мутахассисони он рӯзгор аз ин пажӯҳиш чун падидаи нодир ва таҳқиқи комил ёдовар шуданд. Ин пажӯҳиш тибқи равиши он рӯзгор ба забони русӣ анҷом шуда ва арзёбии бузургон низ ба забони русӣ аст, ки чанд пораро ман ин ҷо тарҷума кардам ва бо тавзеҳ меоварам.

Иосиф Брагинский, шарқшиноси маъруфи шӯравӣ мефармояд, Сатторзода собит кард, ки нақди фалсафӣ ба забонҳои арабию форсӣ бо роҳи мустақили хеш вусъат ёфт ва бо усулҳои бунёдини хеш рушд кард. Вақте бо ин рисолаи Сатторзода ошно мешавед, бе тардид ба ҳарфи Брагинский эътимод пайдо мекунед, ки гуфта буд:

“Дар ниҳоят донишмандони Машриқзамин назарияи асили шеърро, ки аз пешиниён тафовут дошт, халқ карданд. Дар ин ҷо ҳама чиз нав аст, ҳам шеваи бархӯрд ба мавзуъ, ҳам натиҷаи таҳқиқ. Абдунабӣ Сатторзода тавонист дар адабиётшиносии ақвоми Шарқ қишри ҷадиди андешаҳои назариявии шеърро дар навиштаҳои бузургони Шарқ, аз ҷумла донишмандони форсу тоҷик пайдо ва пажӯҳиш кунад”.

Яке аз фазилатҳои дигари пажӯҳишҳои Сатторзода ин аст, ки ҳамеша талош кардааст, аз манобеи дасти аввал истифода ва ба сарчашмаҳо такя кунад.

 

Устод Дмитрий Лихачев, адабиётшниоси маъруфи шӯравӣ гуфта буд, касоне ки бо сарчашмаҳо ва манобеи дасти аввал сару кор доранд, аз оби ноби чашмаҳо нӯш мекунанд ва оби ҳаёт менӯшанд ва уламое, ки кори худро дар асоси андеша ва пажӯҳишҳои дигарон менависанд, оби мурдаро нӯш мекунанд.

Ин нуктаро устод Брагинский мушоҳида карда, мегӯяд:

“Бисёре аз манобеи дасти аввалро нахустин бор дар илми адабиётшиносии ватанӣ (шӯравӣ) Абдунабӣ Сатторзода ба кор бурдааст”.

Вижагии дигари пажӯҳишҳои Сатторзода вориди баҳс шудани ӯ аст.

“Пажӯҳанда баҳс мекунад, аммо баҳсро бо назокат, ҷавонмардона ва бо эҳтиром ба тарафи муқобил анҷом медиҳад ва баҳсҳояш комилан дар чаҳорчӯби илм сурат мегирад. Ӯ бо диққати тамом паҳлӯҳои мусбату манфиро баррасӣ мекунад ва аз душвориҳо намеҳаросад”, – гуфтааст ӯ.

Аълохон Афсаҳзод, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик бошад чунин мегӯяд:

“Пажӯҳиши Абдунабӣ Сатторзода аз назари масъалагузорӣ, вусъати андеша ва баррасии он на танҳо дар адабиётшиносии тоҷик, балки дар ховаршиносии шӯравӣ комилан сухани тоза аст”.

Устод Сатторзода дар замони шӯравӣ яке аз нахустин донишмандоне буд, ки бо огоҳӣ аз афкору андешаҳои Арасту ва Афлотун дар таърихи нақди адабӣ ба нақд мафҳуми фалсафӣ бахшид.

Ҳамчунин, ӯ аз зумраи он донишмандони тоҷик аст, ки масъалаи таҳаввули назарияи “тақлид”-ро дар афкори андешамандони ҷаҳони ислом ба таҳқиқ кашид.

Ҳам дар ин китоби пурарзиш ва ҳам дар мақолоти сершумори хеш устод Сатторзода афкори адабӣ ва зебоишинохтии на фақат файласуфони машшоъ, балки бисёре аз адибону шеършиносони форсу тоҷикро баррасӣ ва собит намудааст. Андешаҳои Абӯнасри Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Хоҷа Насираддини Тӯсӣ, Шамси Қайси Розӣ, Муҳаммади Родуёнӣ, Муҳаммад Авфии Бухоройӣ ва даҳҳои дигар албатта мавриди баррасӣ ва таҳқиқи ин устоди тавоно гаштаанд.

Аз пажӯҳишҳои муҳими дигаре, ки Сатторзода анҷом додааст, дар заминаи илми бадеъ аст. Фунун ё саноати адабӣ бахше аз шеваҳои адабофаринии сухан аст. Дар китоби “Такмили бадеии форсии тоҷикӣ”, ки Сатторзода “дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён” номидааст, бори нахуст дар адабиётшиносии мо сайри таҳаввули саноеи бадеӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ин ҳамон илми бадеъ ва саноеъи сухан аст, ки ба қавли сохторгароён, дар забон низоми ҷадиде ба вуҷуд меоранд.

Устод Абдунабӣ Сатторзода, ки таърихи нақди шеърро аз Юнони Бостон то Эрони қарнҳои миёна нағз омӯхтаву ҳосили пажӯҳишҳояшро интишор кардаанд, табиист, ки ба илми балоғат низ таваҷҷӯҳи хосе дошта ва солҳо аз умри азизи хешро ба таҳқиқи ин қисмате аз адабиётшиносӣ бахшидааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”

Пайдост, ки тасвир дар шеър баёне аст, ки ба сурати зеҳни ҳосил аз дарёфтҳои ҳиссии шоир зиндагӣ мебахшад. Ба иборати дигар, сабаб мешавад, то хонанда эҳсос кунад, ки чизеро ба гунаи мутамойиз мебинад, ламс мекунад, мебӯяд ва мешунавад. Як шеър ғолибан бо сохтани тарҳе аз тасвирҳо ҳаяҷонро бармеангезад, ба гунае, ки хонанда он андоза, ки ба василаи эҳсосот таҳрик мешавад, таҳти таъсири маънои шеър воқеъ намегардад.

Абдунабӣ Сатторзода дар соли 2011 натиҷаи ковишҳо ва пажӯҳишҳои худро дар ин китоби арзишманди худ ба чоп расонид. Дар шинохти воқеии адабиёти мо пайванди саноеъи бадеӣ бо шеър ва насри мо пайванди дерина дорад, ба гунае, ки метавон гуфт, саноеъи бадеӣ ва осори адабӣ зодрӯзи яксон доранд. Пайдост, ки бидуни “оройиш” осори бадеӣ наметавонад пойдор бошад ва дар кишвари мо пажӯҳиши ҷиддӣ дар ин маврид анҷом наёфта буд. Устод Сатторзода ин холигоҳро эҳсос карданд ва “дар сайри таҳаввули санъатҳои бадеии лафзӣ ва маънавӣ” бо иттако ба афкори донишмандони пешин ва баррасии дидгоҳҳои адабиётшиносони кунунӣ натиҷаи таҳқиқи худро ба хонандагон ироа доданд.

Ин китоб шомили муқаддима ва чаҳор фасли аслӣ ва охирсухан буда, ба наҳве хулосаи назарияҳои мавҷуд, иттифоқи назарҳо, сӯитафоҳумҳо ва ғайраро дар бадеъи форсӣ фаро гирифтааст. Дар ин китоб кӯшиш шудааст, то тасвире ҷомеъ аз сайри таҳаввули ин илм дар забони форсӣ (тоҷикӣ) аз оғоз то имрӯз ироа шавад ва тамоми саноеъи бадеъи мавҷуд ва шинохташуда дар кутуби форсӣ муаррифӣ шавад.

Устод дар муқаддимаи китоб аз пешинаи ин илм суҳбат мекунад ва китоби Хоҷа Насируддини Тӯсиро, ки “Меъёр-ул-ашъор” ном дорад, яке аз қадимтаринҳо медонад, ки ин илмро “илми маҳосин ва бадоеъи сухан” ё “илми санъат” номидааст. Ӯ дурустии ин нуктаро, ки “мавзуи аслии илми бадеъ дар воқеъ ҳамон саноеъи сухан аст”, бо муҳтавои манобеи дигар, аз қабили осори Муҳаммади Родуёнӣ, Рашиди Ватвот, Шамси Қайси Розӣ, Тоҷулхаловӣ, Шарафуддини Ромӣ, Ҳусейн Воъизи Кошифӣ, Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ ва бо ишораҳое, ки эшон дар ин замина доранд, таъйид мекунад.

 

Сатторзода исбот кардааст, ки муҳимтарин рисолаҳо дар ин замина аз сӯйи порсизабонон навишта шудаанд. Ӯ номи даҳҳо рисолаву соҳибонашро бо арзёбии ҷою мақоми ин китобҳо дар сарсухан ва фусули баъдии китоб овардааст.

Ӯ талош кардааст, ки сайри таҳаввули ҳар яке аз саноеъи адабӣ, истилоҳот ва айбҳои шеърро, ки бадеънигорони гузашта дар рисолаҳояшон баён кардаанд, баррасӣ намоянд. Аз сӯи дигар, бо иттако ба пажӯҳишҳои адабиётшиносон ва дастовардҳои илми кунунӣ назари хешро дар ин замина баён кардааст.

 

Саҳми Сатторзода дар таълифи китоби дарсӣ

Устод Абдунабӣ Сатторзода, ки даҳсолаҳо ба унвони устоди донишгоҳ ва муҳаққиқи тавонои адабиёти мо фаъолият ва таърихи адабиётро хуб фаро гирифтааст, дар навиштани китобҳои дарсӣ низ ширкат кардааст ва муалифи китоби дарсии “Адабиёти Тоҷик” барои синфи 8 аст. Ҳатто як нигоҳи оддӣ ба китобҳои дарсии адабиёт кофист, то бубинем, ин китоб ба забону баёни расову шево, сохтори ҷолиб ва муҳтавои муҳиме, ки дар бар гирифтааст, кори инсони огоҳ ва дар кори худ савор мебошад.

Устод Сатторзода дар ин китоб донишомӯзонро ба марҳилаҳои инкишофи адабиёти пурбори гузаштаи мо, аз ҷумла бо адабиёти давраҳои пешазисломӣ ошно мекунад ва бо беҳин намунаҳои адабиёти бостонии мо ошно месозанд. Ҳамчунин мо дар ин китоби дарсӣ мебинем, ки устод донишомӯзонро ба адабиёте, ки ниёкони мо ба забони арабӣ сурудаанд, ошно кардааст, ки бисёр муҳим буд. Зеро дар “ду қарни сукут”, ки устоди бузург Абдулҳусайни Зарринкӯб ин давронро чирагии араб бар эрониёнро хондааст, мебинем, ки чандон сукут ҳам набудааст ва ниёкони мо ҳама дарду ранҷи худро ба забони ғосибин баён кардаанд. Адабиёти ба истилоҳ шуубӣ дар ҳамин даврон падид омадааст.

Пас аз ин, устод Сатторзода аз адабиёти тоҷики қарнҳои IX ва X ва вижагиҳои он барои донишомӯзон ҳикоят карда, сипас аз зиндагӣ ва осори бузургтарин шоиру нависандагони мо – аз устод Рӯдакӣ то Низомии Ганҷавӣ ҳикоят мекунад. Китоб бо забони нағзу шево ва бо огоҳии тамом навишта шуда, бетардид донишомӯзро барои мутолиаи таърихи дурахшони адабиёти мо ҳавасманд мекунад.

Устод дар ин китоб зимни дарсгуфторҳои худ бархе аз саноеъи лафзию маънавиро низ шарҳу тафсир карда, бо таҳияи саволу супоришҳо ва луғатномаи марбута донишомӯзонро аз як сӯй барои мустақилона андеша кардан водор ва аз сӯйи дигар барои фаҳми матнҳои классикӣ омода кардааст.

 

 

“То ҳол узви академияи илмҳо нест”

Таҳқиқоти дигари илмию адабии ӯ дар риштаҳои адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, назарияи шеър, шеършиносӣ, нақди адабӣ, сиёсати хориҷӣ, таърихи дипломатияи миллӣ, фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ буда, дар маҷмуаҳои дастаҷамъӣ, маҷалла ва китобҳои мухталиф интишор шудаанд ва ҳар кадом дорои аҳамияти муҳиме дар риштаҳои мавриди таҳқиқ мебошанд.

То кунун беш аз 16 китобу рисола ва беш аз 400 мақолаи устод ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, ҷопонӣ, форсӣ, дарӣ, пашту, олмонӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва дигар забонҳо дар Душанбе, Маскав, Киев, Теҳрон, Тошканд, Боку, Степанакарт, Берлин, Токио, Лондон, Осло, Стокҳолм, Севул, Деҳлӣ, Қарочӣ, Алмаато, Бишкек, Кобул чоп шудаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”

Аз ин лиҳоз, мо дар ҳоли ҳозир адабиётшинос ва донишманде дар сатҳи эшон надорем. Устод Сатторзода донишмандест, ки коршиносон дар ҳар гӯшаи дунё эътироф ва ба осораш истинод мекунанд, вале дар чашмони кӯри олимнамоёне, ки масъалаи узвият ба Академияро, мутаассифона, ғасб кардаанду худро олим ҷилва медиҳанд, наменамоянд ва то кунун, ҳатто узви вобаста ё пайвастаи Академии илмҳои Тоҷикистон ҳам нестанд! Албатта ин барои устод чандон муҳим нест, зеро қадри зар заргар бидонад. Лек дар маҳофили мухталиф аз беадолатиҳо дар интихоботи академӣ мегӯянду мешунавем. Кош ҳадди ақал дар миёни ин қишри рӯшанфикрон инсоф ва дар таъйиди воқеъиятҳо иттифоқи назар мебуд.

Китобу маҷмӯаҳои Сатторзода ба ҷуз онҳое, ки дар боло ишора кардем, “Нуқтаи пайванд. Баъзе масъалаҳои инкишофи шеъру нақди адабӣ” (1982), “Нақди адабӣ” (дар ҳамкорӣ бо Абдулқайюми Қавим, Асадулло Ҳабиб ва Латифи Нозимӣ; Кобул, (1987), “Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ” (2001), “Аристотель и таджикско-персидкая литературная мысль IX-XVвв” (2002), “Кӯҳна ва нав (дар шеър, нақд ва забон” (2004), “Дипломатияи муосири тоҷик” (бо ҳамқаламии академик Талбак Назаров; 2006), “Баёзи адабиёт”,“Дипломатияи порлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2010)” (дар ҳамқаламии Муҳаммадато Султонов; 2010), “Дипломусии муосири Тоҷикистон” (дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров; Кобул, 2013), 2Аз Рӯдакӣ то Лоиқ” (2013) ва аст, ки аз беҳтарин намунаҳои тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон буда, гувоҳи саҳми назарраси устод дар пешрафти адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва фарҳангшиносии тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Устод Сатторзода дар таҳияи матн ва тарғиби адабиёт низ саҳми босазо доранд, ки намунаи он нашри “Чаҳор китоб” буда, бетардид дар тарбияти ахлоқи ҳамзамононамон нақши муассир хоҳад дошт.

Табиист,ки ин ҷо ҳадафи мо баррасии ҳамаҷонибаи осори устод нест ва ин кор аз ҳавсалаи ин мақола хориҷ аст.

Устод Сатторзода, донишманди дақиқназар ва амин, марди соҳибдилу кӯшо буда, солҳост, ки ба фарҳангу адаби мо ишқ меварзад ва ошиқона пижӯҳиш мекунад. Ватандӯст ва шефтаи фарҳангу забони порсӣ аст. Вале он чи ман аз ӯ беш аз ҳар вижагии дигар ба назарам менамояд, озодагӣ ва наҷобате аст, ки дар чеҳраи ӯ ҳувайдост. Наҷобат, ба қавли доное, омезае аз бузургдилӣ ё ба қавле “дилкалон будан ва чашмпӯшию фурӯтанӣ, парҳез аз рашку ҳасад ва бухлу кинатӯзӣ аст”.

 

Тоза ба ёди суханони устод Шакурӣ афтодам, ки устод Сатторзодаро хушрафтор ва хушандом меномиданд. Устод Сатторзода инсоне некандеш, неккирдор, некрафтор ва озода буда, вуҷуди муборакаш аз наҷобати ботин асар дорад ва ҳам зебо ва ҳам зебописанд аст. Ва ин зебоию ворастагию озодагӣ буд, ки эшонро ба сӯи ин сифот мекашад ва рафтори эшонро шакл мебахшад.

Дар рафтори устод хубӣ ва зебойӣ ба ҳам пайванди ногусастанӣ дорад. Тавозуъ, қаноат ва ҳамон ризо ва истиғно, ки Саъдӣ фазилати онҳоро баршумурда буд, ман дар вуҷуди устод Сатторзода мебинам.

На ин ки ӯ аз хоҳишҳои нафсонӣ холӣ бошад. Ҳаргиз чунин нест! Агар чунин буд, барои ман ҷолиб набуд. Баръакс, устод Сатторзода марди солим ва табиӣ ҳастанд ва аз ҳама хоҳишҳои инсонӣ баҳраманданд. Дар паси чеҳраи ором ва лабханди зебои эшон пӯёӣ, ҷунбиш ва завқи нишот хуфтааст ва дар чашмони андешамандашон барқи зиндагӣ медурахшад.

Албатта, устод ҷойгоҳи воқеъии хешро медонанд, гоҳо аз муҳити илмию адабӣ дилгир мешаванд ва медонанд,ки дар ин гирудор ватан муқассир нест, афроди бесавод ва каммояе, ки муассисоти илмию омӯзиширо ғасб карда, вале корро намедонанд,муқассир ҳастанд.

Хислати муҳиме, ки ман дар устод Сатторзода мушоҳида кардам ва эшонро дар чашми ман гиромитар мекард, шавқи эшон ба омӯхтан буд. Аз даврони кӯдакиам, ки бо падарам барои дидорбинӣ ба хонаи падариашон мерафтам, медидам, ки китоб мехонданд ва менавиштанд. Дар шаҳрҳои мухталиф, ки бо ҳам будем, ҳамеша медидам, ки суроғи китобе мекарданду аз пайи мутолиа буданд.

 

Устод 11 сол пеш бо дархости ин шогирд узвияти ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Эроннома”-ро пазируфтанд ва бо лутфу бузургворӣ мақолотеро барои маҷалла навиштанд, ки мавриди алоқамандии мутахассисон буд. Ӯ бидуни таъоруф инсони бузургвор ва мутавозеъ ва омода барои баровардани ҳоҷати аҳли илму адаб аз ҳар табақа ва қишри ҷомеа аст. Бархӯрди эшон дар ин замина барои шогирдон ва ҳампешаҳояшон пӯшида нест. Он чиро ки медонанд, бо самимияту садоқат ба дигарон интиқол мекунанд. Дар вуҷуди устод Сатторзода камтарин асаре аз сохтагӣ ва баландпарвозии бархе аз аҳли илму адаб дида намешавад. Гузашта аз ин, устод намунаи олии як тоҷики фарзона ва меҳандӯст аст, ки ватан ва фарҳангу тамаддуни дерини ин сарзаминро гиромӣ медорад, онро пажӯҳиш ва ба дигарон муаррифӣ мекунад.

Як сабақи муҳимаш ин аст, ки ҳамеша аҳли илму адабро муҳтарам мешуморад ва ҳурмати пешкисватонро нигаҳ медоранд. Ин нуктаро на танҳо дар муносибати эшон бо афроди алоҳида мушоҳида кардаам, балки дар навиштаҳои эшон низ ошкор аст.

Мақолаҳои сершумори эшон дар бораи устодони бузурге чун Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лутфуллоҳ Бузургзода, ишораҳои эшон дар бораи устодон Бертелс, Брагинский, Александр Болдирев, М.Н Усмонов ё дар бораи устодони беназир Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноъат, устод Лоиқ Шералӣ ва ғайра гувоҳи эҳтиром ва вафодории эшон ба воқеъиятҳо ва ойинҳои миллии мост.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Абдунабӣ Сатторзода: “Олами озодагӣ хуш оламест!”

Ахлоқи ниёкони мо чунин будааст, ки ҳар касе, ки пеш аз онҳо хидмате карда бошад, амонатдорӣ мекарданд ва ба хадамоти эшон арҷ мегузоштанд. Чунончи ин корро Фирдавсӣ дар ҳаққи Дақиқии ҷавонмарг анҷом дод.

Боре дар маҳфили дӯстон гуфтам:

“Медонед, чаро устод Абдунабӣ аз дигарон тафовут доранд?! Он кас ҳеч гоҳ ва дар ҳеч ҳолат аз пушти касе ғайбату бадгӯйӣ намекунанд, худро аз дигарон ҷудо намедонанд, ҳасодат надоранд, ҷойгоҳи худро медонанд ва худро мешиносанд. Ман касонеро медонам, ки устод Сатторзода борҳо барояш дасти ёрӣ дароз кардаанд ва ҳимояташ мекарданд, вале рӯзи ҳодиса он нафар аз рӯи ҳасодат ва тамаъ аз эшон бадгӯйӣ кард ва ин дар рӯзҳое, ки бо туҳмат ва кинатӯзӣ ва бадгӯйӣ ҳар нобиғаеро имкон дошт, бикушанд. Хушбахтона, касеро фармуданд, Абдунабӣ Сатторзодаро нобуд бикунад, аз шогирдони устод буд, ки баробари дидан шинохт ва тезҳушӣ кард ва ба ҷойи куштан барои наҷоти устод кӯшид. Устод номардиҳоро таҳаммул мекарданд ва ба истилоҳ ба рӯи худ намеоварданд, гарчи ба яқин дар дарунашон ғавғое барпо мешуд, мисли ҳамон ҳодисае, ки дифоъи докториашон бо ширкати бузургтарин мутахассисон дар сатҳи олӣ баргузор шуд ва ҳеч касе гумон намекард, ки мушкиле пеш ояд, боз ҳам яке аз нотавонбинон, аз ҳамкоронашон, ки ҳар рӯз бо ҳам салому алек мекарданд, бе он ки поённомаи устодро хонда бошад, ба унвони болотарин мақоми расмие, ки унвонҳои илмиро таъйид мекунад, номаи палидонае навишта, ҳарфҳои авомфиребонае рақам карда, гуфта буд, чун эшон забони юнонии бостонро намедонанд, набояд унвони илмиро сазовор шаванд…”

Албатта, сухан гуфтан аз зиндагию осори устод Сатторзода барои ман гуворост, вале ҳоло иктифо мекунам ва барои эшон саломатии бардавом мехоҳам ва орзу мекунам, ки ин нерӯи худододи ҷавониро боз солҳо ҳифз бикунад ва дар навиштаҳои баъдиаш низ мо ин тару тозагию ҷавониро эҳсос кунем. Ман танҳо мехостам дар остонаи ҳаштодсолагии устод чанде таҳти таъсиру ёдҳои ин марди накӯном ва нотакрор бошам.

Мавод бо ихтисор нашр шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Дар зери чароғакҳо хайр накунед!” Изҳороти Шӯрои уламо дар бораи хайрияе, ки боиси тамбашавии роҳҳо мешавад

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ аз шаҳрвандон ва хайрхоҳон хоҳиш кардааст, ки аз тақсими ғизо ва садақа дар зери чароғакҳои роҳнамо ва сари роҳҳои калон худдорӣ кунанд. Ин ниҳоди динӣ таъкид месозад, ки чунин тарзи хайр кардан боиси банд шудани роҳҳо ва эҷоди мушкил барои дигар рӯзадорон мегардад.

Мувофиқи гуфтаи Шӯрои уламо, ҳарчанд нияти ҷавонон ва афроди саховатпеша дар лаҳзаҳои ифтор нек аст, аммо натиҷаи он баръакс мешавад. Вақте дар зери чароғакҳо ё дар байни роҳҳои серодам ба ронандагону мусофирон хӯроку нӯшокӣ дода мешавад, ҳаракати нақлиёт суст шуда, тамбашавиҳои тӯлонӣ ба вуҷуд меоянд.

Дар натиҷа, ба қавли муфтиёт, садҳо тани дигар, ки онҳо низ рӯзадор ҳастанд ва шитоб доранд, то ба ифтори оилавӣ бирасанд, дар роҳ мемонанд. Ислом дини низом ва эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон аст ва тибқи аҳкоми шариат, амале, ки ба дигарон азият ва нороҳатӣ меорад, савоби комил надорад.

“Аз ин рӯ, аз ҳамватанони азиз хоҳиш менамоем, ки хайру садақоти худро тибқи талаботи шариати исломӣ бе риё ба мустаҳиққон (муҳтоҷон)-и садақа, яъне ятимону бенавоён ва ниёзмандону дармондагон пешниҳод намоянд”, – омадааст дар изҳороти Шӯрои уламо. 

Шӯрои уламо бо такя ба оятҳои Қуръон, махсусан сураи “Тавба”, ёдовар мешавад, ки садақа пеш аз ҳама барои фақирон, мискинон, ятимон ва одамони дармонда аст.

Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки маблағ ва ғизои барои хайрия пешбинишуда ба оилаҳои камбизоат, пиронсолони танҳо ва шахсони бемор дода шавад. Ин навъи кумак ҳам дур аз риё (худнамоӣ) аст ва ҳам мушкили ниёзманди воқеиро осон мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон

Бояд гуфт, ки ин амал имрӯзҳо дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе низ мушоҳида мешавад. Махсусан, дар хиёбонҳои асосӣ ва чорроҳаҳои серодами пойтахт, гурӯҳи ҷавонон дар дақиқаҳои наздик ба ифтор кӯшиш мекунанд ба ҳар як ронанда бастаҳои ғизоӣ тақсим кунанд. Ин амал, сарфи назар аз ҳадафи неки он, боиси ҷамъ шудани мошинҳо ва халалдор гаштани тартиботи ҳаракат дар роҳҳои шаҳр мегардад. Ба ин нукта дар изҳороти Шӯрои уламо ҳам ишора шудааст.

Шӯрои уламо аз сокинон хостааст, ки фарҳанги хайрхоҳиро дар доираи одоби исломӣ нигоҳ доранд ва кӯшиш кунанд, ки саховати онҳо боиси озори дигарон ва вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ нагардад.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи манъ ё маҳдуд шудани баргузории маъракаи ифторро рад карда, гуфта буд, ки барои гузаронидани ин гуна маъракаҳо маҳдудият ҷорӣ нашудааст, вале ба исроф роҳ надиҳед.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар рӯйи ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон идома дорад ва мусулмонони олам рӯзадоранд. Рӯзадорӣ ба кӣ фарз аст ва кӣ аз он озод мешавад, инчунин чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазонро дар ин матлаби таҳиякардаи “Азия-Плюс” бихонед. Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон низ дар ин пайванд аст.

Ва тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026-ро ин ҷо дарёфт кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Кӣ ва чӣ қадар ба лоиҳаҳои давлатии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад?

0

То моҳи январи соли равон се созмони байналмилалӣ зиёда аз 70% лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Тоҷикистонро маблағгузорӣ кардаанд. Инҳо Бонки Ҷаҳонӣ (1,7 миллиард доллар), Бонки Осиёии Рушд (914 миллион доллар) ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (658 миллион доллар) мебошанд.

Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ моҳи феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар кишвар ҳоло 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ (55 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 22 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) бо маблағи умумии 43,5 млрд. сомонӣ  (4 673,8 млн. доллар) амал мекунад.

"Дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда аз оғози татбиқ, 28,16 млрд. сомонӣ (3 млрд. доллар) маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ азхуд гардидааст", – гуфт раиси Кумита.

Тибқи ҷадвале, ки ин ниҳод ба "Азия-Плюс" пешниҳод шуд, Бонки Ҷаҳонӣ бузургтарин сармоягузор дар ин самт буда, то ҳол ба лоиҳаҳо 1 миллиарду 725,7 миллион доллар маблағгузорӣ (36,9%) мекунад. Дар ҷойи дуввум, Бонки Осиёии Рушд бо 914,7 миллион доллар (19,5%) ва дар ҷойи саввум, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо 658,1 миллион доллар (14,1%) қарор доранд.

Дар байни дигар сармоягузорони калон, Бонки Исломии Рушд бо 207,9 миллион доллар (4,4%) ва ҳукумати Чин бо 194,9 миллион доллар (4,2%) ҷой доранд.

Саҳми худи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳаҳо 151,2 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин 3,2% ҳаҷми умумист.

Аз дигар ширкаткунандагони муҳим, Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ бо 142,5 миллион доллар, Бонки Олмонии Рушд бо 129,3 миллион доллар ва Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ бо 114,8 миллион доллар зикр кардан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки дар умум соли 2025 Тоҷикистон қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб кардааст, ки нисбат ба соли 2024 наздики 2 миллиард доллар ё 35,1 дарсад зиёд мебошад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъкид кард, ки яке аз омилҳои муҳими таъмини ҷалби сармояи хориҷӣ ин такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад, бо пешниҳоди Кумита Қонуни ҶТ “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” дар таҳрири нав аз 14-уми майи соли 2025 қабул шуд.

Бештар, дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Яке дар боздошт, дуввумӣ бо забонхат дар озодӣ. Ду корманди пулиси Хатлон ба қаллобӣ гумонбар мешаванд

0

Алайҳи ду корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар вилояти Хатлон бо гумони қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Яке аз онҳо дар боздошт буда, дуввумӣ, бо забонхат дар хусуси тарк накардани маҳалли зист дар озодӣ будааст.

Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон имрӯз, 3-юми март хабар дода, аз гумонбарон Ҷ. Саидзода, навбатдори калони оперативии шуъбаи назорати таҳлилии РВКД дар Хатлон ва А. Раҳмонзода, ёрдамчии ҳамин шуъба ном бурдаааст. 

Ба гуфтаи манбаъ, онҳо моҳи июни соли 2025 аз як нафар бо боҳонаи қатъ кардани парвандаи ҷинояӣ нисбати писараш 30 ҳазор сомонӣ гирифта, байни ҳам тақсим кардаанд.

Мақомот алайҳи онҳо  бо иттиҳоми “қаллобӣ ба миқдори калон” (моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз ва барои баррасӣ ба  додгоҳ ирсол кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли зиндон ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Назари кормандони пулис дар робита ба ин қазия маълум нест. Аз Оҷонсӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, Саидзода дар боздошт буда, Раҳмонзода баъди гирифтани забонхат дар хусуси тарк накардани маҳалли зисташ дар озодӣ қарор доштааст.

Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти мақомоти қудратӣ бо ҷурми қаллобӣ ва порахӯрӣ иттилоъ медиҳанд. Қаблан, низ дар бораи боздошти кормандони ниҳодҳои ВКД хабарҳо нашр шуда буд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2025 ин ниҳод дар сохтори ВКД 89 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ кардааст. Вале маълум нест дар доираи ин парвандаҳо чанд корманди ВКД муҷозот шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна

0

Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Давоми шаби гузашта низ Амрикову Исроил ба нуқтаҳое аз Эрон зарба зад ва дар посух Эрон низ ба чанд пойгоҳ ва зерсохторҳои амрикоӣ дар минтақа ҳамла кардааст.

Аз ҷумла, шаби гузашта Эрон ба Сафорати Амрико дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ зарба зад. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар вокуниш ба ин ҳамла гуфтааст, ки "ба зудӣ посух медиҳем".

 

Ҳамла ба Сафорати Амрико дар Риёз ва вокуниши Доналд Трамп

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ тасдиқ кард, ки ду паҳпод ба Сафорати Амрико дар шаҳри Риёзи ин кишвар бархурдааст. Пеш аз ин расонаҳо навиштанд, ки субҳи 3-юми март садои таркишҳои баланде дар шаҳри Риёз шунида шудааст.

Хабаргузории "Ройтерз" навишт, ки пас аз ин таркишҳо Сафорати Амрико дар Риёз оташ гирифтааст. Вазорати дифои Арабистон изҳор доштааст, ки ин ҳамла "ба оташсӯзии маҳдуд ва зарари ҷузъӣ боис шудааст". Расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла, "Садои Амрико" навиштааст, ки паҳподҳое, ки ба сафорат зада шуд, марбут ба Эрон ҳастанд".

Арабистони Саудӣ ҳамзамон аз раҳгирии 8 паҳподи Эрон хабар додааст.

Чанд соат пеш аз ин Амрико аз шаҳрвандони худ дар кишварҳои Ховари Миёна хоста буд, ки бо сабаби “хатари ҷиддӣ” кишварҳои Баҳрайн, Миср, Эрон, Ироқ, Исроил, Каронаи Бохтарӣ, Ғазза, Урдун, Кувайт, Лубнон, Уммон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Сурия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Яманро тарк кунанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз ҳамла ба сафорати кишвараш дар Риёз, ба шабакаи “NewsNation” гуфтааст, “мумкин аст Амрико ба зудӣ ба ин ҳамла ва кушта шудани низомиёни амрикоӣ посӯх диҳад”.

Трамп бори дигар таъкид кардааст, ки ҳамлаи онҳо ба Эрон 4-5 ҳафта идома ёбад. Вале эҳтимоли фиристодани нерӯҳои заминӣ ба Эронро рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп шаби гузашта ҳангоми супоридани медал дар Кохи Сафед гуфт, ки ҳамлаи ИМА дар Эрон метавонад аз чор то панҷ ҳафта бештар давом кунад.

Ӯ бори дигар таъкид кард, ки ҳадафи ҳамлаи Амрико ба Эрон "нест кардани қобилиятҳои мушакии Эрон ва нерӯи дарёии он, инчунин пешгирӣ аз ба даст овардани силоҳи ҳастаии Теҳрон” аст". Ин аввалин шарҳи ӯ ба хабарнигорон аз замони оғози ҳамлаи Амрико дар Эрон аст.

 

Шумораи сарбозони кушташудаи Амрико ба 6 кас расид

Тибқи иттилои Фармондеҳии марказии Амрико то шоми дуюми март 6 низомии ин кишвар дар ҷараёни ҷанг алайҳи Эрон кушта ва 18 тани дигар захмӣ шудааст.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, иддао кардааст, ки сабаби оғози ҳамлаи низомӣ ба Эрон дарёфти иттилое буд, ки Исроил омодаи ҳамлаи низомӣ ба Эрон буд. Вале дар посух ба ҳамлаи Исроил, Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна зарба мезанад.

“Бинобар ин, артиши Амрико бо ҳадафи пешгирона вориди амалиёти низомӣ алайҳи Эрон шуд”, – гуфтаат Рубио.

Ӯ ҳам таъкид кардааст, ки мақсади аслии ҳамлаҳои Амрико ба Эрон “нобуд кардани тавоноии мушакҳои баллистикӣ ва қобилияти сохти онҳо, инчунин таҳдиде аст, ки нерӯи дарёияшон барои ҳамлу нақли ҷаҳонӣ эҷод мекунад”.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посӯх ба Марко Рубио дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “ҳеҷ таҳдиде аз сӯи Эрон ба Амрико вуҷуд надошт”.

“Рубио ба он эътироф кард, ки ҳамаи мо медонистем: Амрико ба интихоби худ вориди ҷанг ба нафъи Исроил шуд”, гуфтааст Ароқчӣ.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз тавсияи ВКХ барои тоҷикистониҳо то омори кушташудаҳо дар Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон

 

Ҳамлаҳо ба Эрон

Давоми шаби гузашта низ ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон идома дошт. Аз ҷумла, ба навиштаи  “ББС” дар ҳамлаҳои шаби гузашта ба пойгоҳҳои Басиҷ, марказҳои Сипоҳ ва калонтариҳо (як ниҳоди интизомӣ дар Эрон) ҳадаф қарор гирифтанд.

Хабаргузории “Форс” низ иттилоъ дод, ки ҳамчунин, бинои пешини парлумони Эрон ҳадафи ҳавоии Амрико ва Исроил қарор гирифтааст.

Ҳамзамон, шаби гузашта бори дигар ба бинои Садову симо (радио ва телевизион)-и давлатии Эрон ҳамла сурат гирифтааст. Расонаҳои Эрон аз дасти кам ду ҳамлаи ҳавоӣ аз сӯи Амрико ва Исроил ба атрофи Садову симо гузориш додаанд.  

Қаблан, Артиши Исроил аз оғози мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрон хабар дода, ба сокинони ин кишвар ҳушдор дода буд, ки аз гирду атрофи бинои Садову симо дар шимоли Теҳрон дур раванд.

Ҷузъиёти дигаре дар ин маврид то кунун дастрас нест. Рӯзи 2-юми март ҳам аз ҳамла ба бахшҳое аз Садову симои Эрон гузориш шуд буд. Маълум нест, ки дар пайи ин ҳамлаҳо чанд нафар кушта шудааст.

Артиши Исроил низ субҳи имрӯз аз партоби мушакҳо аз Эрон ба сӯйи Исроил хабар додааст. Вале ҷузиёти ин ҳамлаҳо маълум нест.

 

Ҳамсари Хоманаӣ пас аз кома даргузаштааст

Дар ҳамин ҳол, шоми дирӯз расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд,  Мансура Хуҷаста Боқирзода, ҳамсари Алии Хоманаӣ, раҳбарии олии Эрон низ даргузаштааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Талафоти бузург”. Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати Алии Хоманаиро ба Масъуд Пизишкиён ва миллати Эрон таслият гуфтааст

Шабакаи дуввуми телевизиони Эрон шаби гузашта хабар дода, гуфтааст, ки ӯ дар рӯзи аввали ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон захмӣ шуда, дар кома қарор дошт.

Ин расона изҳор доштааст, ки ҳамсари Хоманаӣ дар канори оилааш дар хонаашон қарор доштааст. Мансура Хуҷаста Боқирзода 79 сол дошт.

Қаблан хабаргузории "Форс" хабар дода буд, ки духтар, домод ва набераи Алии Хоманаӣ низ кушта шудаанд. Ин расона илова карда буд, ки яке аз келинҳои ӯ низ ҷон бохтааст.

Зимнан, хабаргузории "Меҳр" иттилоъ додааст, ки имрӯз, 3-юми март дар шаҳристони Миноби Эрон қурбониёнеро, ки дар мактаби духтаронае кушта шуда буданд, ба хок месупоранд. Дар ин бора хабаргузории "Меҳр" иттилоъ додааст. 

Ба навиштаи расонаҳои Эрон, дар ҳамлаи Амрикову Исроил ба ин мактаби духтарона 165 тан кушта ва 96 каси дигар маҷруҳ шудаанд, ки аксарашон хонандагон будаанд. 

Аббос Ароқчӣ, бо нашри акси маҳалли дафни онҳо дар саҳифаи "Х"-аш гуфтааст, ки  "ин ҳақиқати ҳамон "наҷот"-ест, ки Трамп ваъда дода буд".

 

Дар кишварҳои дигари Ховари Миёна чӣ мегузарад?

Ба навиштаи расонаҳо, аввали ҳафтаи ҷорӣ (эҳтимол рӯзи душанбе) пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои Австралия дар Дубайи Иморот мавриди ҳадафи паҳподӣ қарор гирифтааст. Мақомоти Австралия гуфтаанд, ки дар ин ҳамлаҳо нерӯҳои онҳо “осеб надидааст”.

Ҳамзамон, субҳи имрӯз садои таркиш дар шаҳри Давҳаи Қатар шунида шудааст. Вазорати дифои Қатар гуфтааст, ки нерӯҳои онҳо ду мушаки балистикиро раҳгирӣ кардаанд.

Эрон ҳамзамон ба се полоишгоҳи нафт ва гази муҳим дар Арабистони Саудӣ ва Қатар ҳамла кардааст.

“Ал-Ҷазира” хабар медиҳад, ки Эрон ба пойгоҳи низомии Амрико дар Баҳрайн тавассути 20 паҳпод зарба задааст.

Ин расона ҳамзамон аз ҳамлаҳои Исроил ба Бейрут ва зарбаи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба пойгоҳи низомии Исроил гузориш медиҳад. Исроил ба сокинони чанд минтақаи Бейрут ҳушдор додааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Душанбе кӯдакони бемориҳои дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард?

0

Дар яке аз бемористонҳои Душанбе кӯдакони дорои бемориҳои дилро ройгон ташхис ва ҷарроҳӣ мекунанд. Қабули беморон дирӯз, 2-юми март оғоз шуда, то 9-уми март идома меёбад.

Дар ин бора Усмонҷон Исмонов, ҷарроҳи дил аз Маркази ҷумҳуриявии илмии дилу рагҳо (Беморхонаи маъруф ба “Медгородок”) ба “Азия-Плюс” хабар дод ва гуфт, ки ин иқдом ба муносибати моҳи шарифи Рамазон амалӣ карда шуда, "аз ҳисоби фондҳои хайрхоҳӣ пӯшонида мешавад ва оилаҳо ҳеҷ маблағе намепардозанд".

 “Мо мехоҳем, ки дар ин моҳи муборак ба кӯдаконе, ки аз нуқсони дил азоб мекашанд, ёрӣ расонем. Ҳар кӯдак, сарфи назар аз вазъи молиявии оилааш, ҳақ дорад, ки бо дили солим зиндагӣ кунад”, – гуфт ҷарроҳ Исмонов.

Ҷарроҳии кӯдаконро мутахассисони марказ – Меҳрубон Муродов ва Усмонҷон Исмонов, ду ҷарроҳи Шуъбаи нуқсонҳои модарзодӣ ва иктисоби дил дар шаҳри Душанбе мегузаронанд.

Ба гуфтаи Исмонов, ин шуъба дар тӯли фаъолияти худ зиёда аз 1000 ҷарроҳии дилро гузаронидааст ва яке аз бонуфузтарин марказҳои кардиохирургия дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Табибони араб кӯдакони тоҷики гирифтори нуқсони қалбро ҷарроҳии ройгон мекунанд

Ӯ гуфт, волидайне, ки фарзандашон аз нуқсони дил ранҷ мебарад, сарфи назар аз ҷойи зист ва вазъи оилавӣ, метавонанд тавассути рақамҳои зерин барои қабул мурооҷат намоянд:

📞 +992 888 221 132;

📞 +992 001 333 003;

📞 +992 930 888 241.

Усмонҷон Исмонов зикр кард, ки падару модарон ҳангоми муроҷиат ба Маркази ҷумҳуриявии илмии дилу рагҳо шаҳодатномаи кӯдаки бемор ва шиносномаи худро ҳамроҳ дошта бошанд. Дигар ҳуҷҷате лозим нест, ҳамаи ташхис дар худи марказ гузаронида мешавад.

 

Бемориҳои дил чист?

Яке аз маъмултарин бемориҳодар кӯдакон ба шумор меравад. Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки ин беморӣ метавонад дар ҳафтаҳои аввалини ҳомиладорӣ пайдо шавад ва сабаби он омилҳои гуногуни генетикӣ ва муҳити зист бошад. Бо истифода аз усулҳои муосир, аз қабили эхокардиография, табобат дар марҳилаи аввал ба натиҷаҳои мусбат ноил мегардад.

Ҳама инҳо нишонаҳои эҳтимолии нуқсони дил мебошанд:

– кабудшавии лабҳо ва ангуштон;

– хастагӣ ва душвории нафаскашӣ;     

– фаъолияти номуътадили дил;

– мушкилӣ ҳангоми ширмакӣ;

– гиряи зиёд;

– камшавии вазн ва нашъунамои ноқис.

Ҷарроҳи тоҷик мегӯяд, ки агар яке аз ин нишонаҳоро дар фарзандатон мебинед, бидуни таъхир ба Маркази ҷумҳуриявии илмии дилу рагҳо (кӯчаи Саноӣ 33, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шаҳри Душанбе) муроҷиат кунанд:

Ин бори аввал нест, ки кӯдакони дорои бемориҳои дил бо ташхиси нуқсонҳои модарзодиро дар Тоҷикистон ройгон ташхису ҷарроҳӣ мекунанд. Қаблан, табибони Имороти Муттаҳидаи Араб дар беморхонаи “Истиқлол”-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20-уми март фаро мерасад

0

Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин бора Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳо хабар дода, гуфт, ки дар таърихи мо номи ин ҳодисаро “таҳвили сол” меномиданд.

“Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд”, – изҳор дошт ӯ.

Бӯризода бо пешниҳоди акси поин ба "Азия-Плюс" гуфт, ки он “тавассути барномаи Stellarium сохта ва дар он мавқеи Офтоб ба ҳолати лаҳзаи фарорасии Наврӯз нишон дода шудааст. Дар акс дида мешавад, ки Офтоб дар нуқтаи эътидол ва нуқтаи буриши хати истивои осмон ва доират-у-лбуруҷ қарор дорад”.

Ҳоло дар кишвар моҳи Рамазон идома дорад, ки то 20-уми март давом мекунад. Маъмулан баъди тамом шудани ин моҳ, Иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад, ки имсол ба 21-уми март рост меояд.  

Бояд гуфт, соли 2025 дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро расида буд.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик буда, ҳамасола дар Тоҷикистон ва кишварҳои зиёди дигар, аз ҷумла Эрон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба таври густурда таҷлил мешавад. Ба ифтихори он дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо иштироки сокинону мансабдорон чарабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мешавад.

Бо вуҷуди он ки Наврӯз ҳар сол дар вақтҳои гуногун-асосан аз 19 то 21-уми март фаро мерасад, он дар кишвар расман рӯзи 21-уми март ҷашн гирифта мешавад ва таҷлили он чандин рӯз давом мекунад. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Бодя гуфт, ки Наврӯз илмитарин, дақиқтарин ва мардумитарин ҷашни мардуми тоҷик , ки аз замони пайдоиш то кунун дар қолаби ҳеч идеологияе, аз ҷумла ғояҳои диниву сиёсӣ нагунҷид. Ин ҷашни навшавии ҳаёти табиӣ аз рӯйи гардиши нуҷумӣ аст ва баёнгари он аст, ки ниёгони мо аз оғози таърих мардумони мутамаддин ва илмдоре буданд, ки илмитарин ҷашни дунёро асос гузоштанд.

Ҷашни наврӯз анъанаву русуми худро дошта, мувофиқи ривоятҳо таърихи аз се то шашҳазорсола дорад. Он нахустин рӯзи солшумории офтобӣ, ҷашни сари сол ва Соли нави мардуми эронитабор аст. Дар қадим он дар рӯзи якуми Фарвардинмоҳ, ки ба 20-21 март мувофиқ меояд, таҷлил мегардид. Худи Наврӯз баробарии шабу рӯзи баҳорӣ буда, ифодагари оғози баҳор ва кишту кор аст.

Ин ҷашн ба Мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО дохил шудааст. Дар моҳи феврали соли 2010, бо ташаббуси Тоҷикистон, иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии СММ 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.

Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шуд ва чӣ тавр то имрӯз миёни мардум зинда мондааст, дар ин маводи мо бинед: Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.