Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бухоро аз мавзеъҳои таърихию қадимӣ, аз ҷумла Қалъаи Бухоро, Маҷмааи таърихию ёдгорӣ ва оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Маҷмааи “Лаби ҳавз”, Маҷмааи меъмории “Пои Калон” ва Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ боздид кардааст.
“Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ёдгории меъмории асрҳои IX-X мебошад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Оромгоҳи Сомониён ҳамчун яке аз дурдонаҳои санъати меъморӣ – маҳсули дасти ҳунармандони он замон аст. Ин бинои хуштарҳу басо зебо, ки анъанаҳои меъмории бостониро дар хеш таҷассум кардааст, охири асри IX бо фармони арбоби бузурги давлатӣ Исмоили Сомонӣ (849-907) дар болои турбати падари ӯ Аҳмад ибн Асад (вафоташ соли 865) бунёд гардидааст”, – навиштааст манбаъ.
Ба навиштаи манбаъ, дар оромгоҳ худи Исмоил, писари ӯ Насри II ва чанде аз аҳли ин авлод хуфтаанд.
Мақбара шакли мураббаъро дошта, бо гунбаз пӯшонда шудааст, ки атрофи онро чор гулдаста оро медиҳад. Дар чор гӯшаи он чор бурҷ устувор аст, ки асос ва қисми болоии деворро бо ҳам пайваста, таносубу мавзуният ва салобати оромгоҳро меафзоянд.
Манбаъ менависад, оромгоҳи Сомониён ҳамчун Мазори Исмоили Сомонӣ шинохта шуда, тақрибан ягона иншоотест, ки аз замони Сомониён ба таври комил боқӣ мондааст. Он яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии Бухорои шариф ва аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ мебошад.
Бояд гуфт, Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро ба феҳристи Мероси фарҳангии ЮНЕСКО низ ворид шудааст ва имрӯз зиёратгоҳи садҳо гардишгарон аз тамоми ҷаҳон аст.
Аммо ба таъкиди вай, баъзе анъанаҳои ин ҷашн мувофиқи урфу одат, таом, либос ва ороишоти миллии ҳар як кишвар бо каме тафовут шакл гирифтаанд. Вале бунмоя, паём ва моҳияти он барои тамоми халқҳои ҳавзаи Наврӯз яксон боқӣ мемонад.
Ба андешаи ин донишманди тоҷик, “сабаби ваҳдатофарии он, қабл аз ҳама, худи вожаи “Наврӯз” аст.
“Аввал ин ки дар тамоми ҳавзаи Наврӯз худи калимаи “Наврӯз”-ро истифода мекунанд, шояд бо каме талаффузи дигар. Масалан, дар Қазоқистон “Науриз”, дар Қирғизистон “Нооруз”, дар Туркияву Ироқ “Невруз” ва дар ҳар кишваре бо андаке баёни ҷузъии дигар. Аммо решаи ҳамаи он вожаи Наврӯз аст, ки яке аз омилҳои ваҳдаткунандагии он мебошад”, – шарҳ дод ӯ.
Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо
Аксари донишмандон, ки пиромуни Наврӯз ва таъриху шеваҳои таҷлили он пажӯҳиш кардаанд, бар ин назаранд, ки бунмоя ва далели муттаҳидкунандагии Наврӯз дар инсонмеҳварии он мебошад.
Яке аз далоили дигари муттаҳидсозии Наврӯз, ин пайванди он ба илм гуфта мешавад. Зеро ин ҷашн танҳо як анъанаи фарҳангӣ набуда, он бар пояи донишҳои дақиқи илмӣ, махсусан астрономия ва табиатшиносӣ бунёд шудааст.
Ба навиштаи муҳаққиқон, аксари илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла, нуҷум, ҳавосанҷӣ, кишоварзӣ, экология ва гоҳшуморӣ (тақвим) аз Наврӯз маншаъ ва бар он асос ёфтаанд.
Наврӯз ба як падидаи дақиқи илмӣ – баробаршавии шабу рӯз (эътидоли баҳорӣ) вобаста аст, ки дар ин лаҳза шаб ва рӯз тақрибан баробар мешаванд ва Офтоб аз хатти истиво мегузарад. Ин ҳодиса одатан 20 ё 21-уми март ба амал меояд ва оғози баҳори астрономиро нишон медиҳад.
Аммо ба навиштаи Ризои Баҳромзод, физикдон ва ахтаршиноси тоҷик, соли 2026 баробаршавии шабу рӯз, 3 рӯз пештар аз Наврӯз – 17 март рух додааст ва дар ин рӯз тулӯи Офтоб соати 06:28 ва ғуруби он соати 18:28 буд.
Ҳамчунин, Наврӯз асоси тақвимҳои қадимии форсӣ мебошад, аз ҷумла, тақвими шамсӣ. Ин тақвим яке аз дақиқтарин тақвимҳои ҷаҳон ҳисобида мешавад, зеро он ба ҳаракати воқеии Офтоб такя мекунад ва ҳар сол бо эътидоли баҳорӣ мутобиқ мешавад.
Суннатҳои шабеҳ дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Имрӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва баъди сабтиноми он дар ЮНЕСКО ва ҷаҳонӣ эълон гардиданаш, ғайр аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Миср, Ҳинду Покистон, Озарбойҷон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, ҳамчунин дар Русия, Олмон, Фаронса, Белгия, Бритониё, Амрико ва дигар кишварҳо таҷлил мешавад. Аз ҷумла, пок кардани хонаву манзил яке аз оинҳои суннатии арафаи Наврӯз дар тамоми кишварҳо аст. Шустани зарфҳо, пухтани хӯрокҳои наврӯзӣ, самбӯсаи алафӣ, тухмҳои рангкарда, шириниҳо, оростани суфраи “Ҳафтсин” низ дар ҳамаи ин кишварҳо ба таври ҳамсон иҷро мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза – 29-31-уми март ба вилояти Суғд меравад. Дар ин бора як манбаъ аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ин вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, дар пайи ин, аз 29 то 31-уми март бархе роҳҳои мошингарди ин вилоят баста мешавад.
– роҳҳои кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва И. Сомонии шаҳри Бӯстон;
– шоҳроҳи ноҳияи Б. Ғафуров–Хуҷанд аз “Оташи абадӣ” то ФКХ, кӯчаҳои И. Сомонӣ, 25-солагии Истиқлол, С. Умаров то Пули ҷашнӣ, кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд;
30-юми март:
– шаҳри Гулистон, ҷамоати Д. Холматов то давраи Ороми ноҳияи Мастчоҳ ва роҳи Душанбе-Чаноқ;
31-уми март:
– шаҳри Исфара аз даромадгоҳи шаҳр то гардиши Шӯроб ва кӯчаҳои марказии шаҳр.
Дар робита ба ин мақомот аз ронандагону мусофирон хостаанд, ки дар рӯзҳои мазкур тариқи роҳҳои номбаршуда бе зарурат ҳаракат накунанд. Тибқи анъана, зимни сафар ба минтақаҳо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон як қатор бинову иншооти маъмуриву хидматӣ ва корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Президент бори охир моҳи моҳи ноябри соли гузашта бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд.
Соли 2010 – Раиси шаҳри Душанбе қарореро имзо кард, ки дар асоси он ҳар моҳ бо сарпарастии давлат ва сармоягузорон, хатнасур ва тӯйи арӯсии оилаҳои камбизоат гузаронида мешавад.
Соли 2012 – Роберт Блейк, ёрдамчии котиби давлатии ИМА дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки Амрико кишварҳои Осиёи Марказиро даъват мекунад, робитаҳои худро бо Эрон қатъ кунанд.
Рӯйдодҳои Венесуэла – амалиёти низомии Амрико дар Корокос ва рубудани раисҷумҳури он кишвар, Никулос Модуро – ба назар мерасад Трампро ба ин бовар расонда, ки амалиёти мушобеҳеро дар муқобили Эрон метавон дар муддати кутоҳ ба анҷом расонд. Вале нуктаи калидӣ ин аст ки барномаи ҳамлаи Трамп қарор буд сареъ, кутоҳмуддат ва маҳдуд бошад ва зоҳиран роҳбурди мушахасс ва дақиқе дар сурати тулонӣ ва густардатар шудани ҷанг, ба вижа, аз назари сиёсӣ мулоҳиза нашудааст.
Исроил таҳаммули бештаре дар ҷанг бо Эронро дорад ва натиҷаҳои назарсанҷии як маркази пажӯҳишии Исроил низ нишон медиҳад, ки 82% аҳолии Исроил ҷонибдори ҷанг бо Эрон аст.
Вале дар муқоиса бо Исроил, шароити сиёсӣ дар Амрико мутафовит аст ва интизор меравад фишорҳои зидди ҷанг бар раёсати Трамп афзоиш ёбад. Ҷанги густарда ва дарозмуддат бо Эрон дар дохили Амрико номатлуб ва нописанд аст. Яке аз муҳимтарин шиорҳои интихоботии Трамп поён додан ба мудохилоти Амрико дар хориҷ аз кишвар буд, вале сиёсати ҷангҷӯёнаи вай дар амал на танҳо бо ваъдаҳои сулҳҷуёнааш дар тазод қарор гирифта, балки ба коҳиши бештари эътибораш дар дохили Амрико низ анҷомидааст. Илова бар ин, ҳоло тақрибан 60% Амрикоиҳо зидди ҷанг бо Эрон ҳастанд.
Осебпазирии зерсохторҳои нафтӣ
Эрон дар баробари фишорҳои сангини Амрико ва Исроил бар хилофи аҳдофи Трамп амал мекунад ва дар пайи густариши доманаи ҷанг ва агар ниёз бошад, тулонӣ кардани он аст. Ҳамон тавре ки пештар зикр шуда буд, Трамп таваққуъ дошт, ки ҷанг кӯтоҳ ва доманаи он маҳдуд мемонад ва метавонад аз пайомадҳои осебовари он бар минтақа ва иқтисоди ҷаҳониро барвақт ҷилавгирӣ кунад. Аммо ҳоло осеб бар суботи минтақа ва иқтисоди ҷаҳон дигар ворид шудааст. Эрон тавонистааст ҷараёни тиҷории нафтро дар Тангаи Ҳурмуз қариб ба таври комил қатъ кунад. Қабл аз ҳамла ба Эрон ҳудуди 20% нафти ҷаҳон аз ин гузаргоҳ мегузашт. Дар ҳоли ҳозир рафту омади киштиҳо ба шиддат коҳиш ёфта ва дар пайи он қимати ҷаҳонии нафт низ боло рафтааст.
Бо вуҷуди бомбборони Эрон ва куштани раҳбарони аршад тарафи муқобил ҳануз натавонистааст бар Тангаи Ҳурмуз тасаллут дошта бошад. Вале ҳамлаи Исроил ва Амрико бар таъсисости нафтии ҷанубии Эрон ва ҳамчунон эҳтимоли ҳамла ба ҷазираи Хорки Эрон дар Халиҷи Форс – ки пойгоҳи ҳаётӣ барои содироти ҳудуди 90% нафти Эрон ба шумор меравад – метавонад шиддати ҷангро ба маротиб афзоиш диҳад. Дар чунин шароит, посухи Эрон ҳамлаҳои бештар ба зерсохторҳои нафти кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс хоҳад буд.
Густариши доманаи ҷанг бар кишварҳои арабии Халиҷи Форс аз суйи Эрон бе далел нест. Зеро ки ташдиди даргириҳо метавонад суботи ин кишварҳоро барҳам занад ва онҳоро водор кунад то Трампро барои поён додани ҷанг таҳти фишор қарор диҳанд.
Роҳбурди Эрон ва нақши сиёсати дохилии Амрико дар ҷанг
Вале Ҷумҳурии Исломӣ наметаванад танҳо дар майдони даргириҳои низомӣ Амрико ва Исроилро шикаст диҳад, ҳарчанд роҳбурди ҷанги паҳподии Ҷумҳурии Исломӣ харҷу ҳазинаҳои дифоъии сангинеро бар души тарафи муқобил гузоштааст. Бинобар ин, вокуниши роҳбурдии Эрон танҳо маҳдуд ба майдони ҷанги низомӣ нест, балки ҷанбаи сиёсӣ ва равониро низ дар бар мегирад. Ҳадафи он ворид кардани ҳазина ва фишори сиёсӣ ва равонӣ дар дараҷаи аввал бар риёсати раисҷумҳури Амрико аст. Вале ин роҳбурд тоқат ва тобоварии бештар талаб мекунад, зеро Амрико ва Исроил фишорҳо ва талафоти сангинтаре бар Эрон хоҳанд ворид кард.
То кунун, Ҷумҳурии Исломӣ таҳаммул ва тобоварии худро дар баробари фишорҳо ба исбот расондааст ва аз талоши худ барои густариши доманаи ҷанг ва тулонӣ сохтани он даст намекашад, чун ки раҳбарон феълии он ҳам эҳтимолан ба ин боваранд, ки Трамп таҳаммули ҷанги дарозмуддатро надорад. Ҳатто агар раисҷумҳури Амрико тасмим ба шурӯъи амалиёти заминӣ кунад ва омодагии ҷанги тӯлони ҳам дошта бошад, талафоти низомиёни амрикоӣ ва дар пайи он ҳазинаи сиёсии он ба нафъи раёсати вай нахоҳад буд. Зеро дар сурати ташдиди бештари ин ҷанг талафоти низомиёни амрикоӣ дар борабари ҷангҳои гузаштаи ин кишвар дар Ветнам, Ироқ ва Афғонистон ба маротиб бузургтар хоҳад буд ва ҷомеаи Амрико таҳаммули ин гуна қурбониҳоро надорад.
То ҳоло ҳеҷ роҳбурди рӯшан ва ҳамоҳангшуда дар ин ҷанг аз суйи давлати Амрико ба ҷуз истифода аз зӯр ва таҳдидҳо алайҳи Эрон матраҳ нашудааст. Вале дар муқоиса бо Амрико, Исроил дар ин ҷанг аҳдофи рӯшан ва возеҳ дорад ва мехоҳад охарин давлатеро ки мухолифи низоми опортоиди Исроил аст, нобуд кунад. Натаняҳу бо муваффақият тавонист Трампро ба ҷанг бо Эрон кашад ва ҳамон тавре ки қаблан ишора шуда буд аз ҳимояти аксарият дар дохили Исроил бархурдор аст.
Аммо ҷомеъаи Амрико ба чунин ҷангҳо ҳасосияти бештар дорад ва ёфтани баҳонаҳои нав барои идомаи ин ҷанг душвортар хоҳад шуд. Аз ин рӯ, аз назари Ҷумҳурии Исломӣ баҳрагирӣ аз нуқтаҳои заъфи раёсати Трамп ва берун андохтани Амрико аз майдони набард дар авлавият қарор дорад, зеро Исроил ба танҳоӣ тавони пирӯзӣ дар ин ҷангро надорад.
Фарҷом
Танҳо як тасмими носанҷида ва шитобзада бидуни роҳбурди мушахасс аз сӯйи Трамп кофӣ буд ки акнун раванди бозандешии ҷиддии тамоми меъмори амниятии таҳти султаи Амрико дар минтақа ва сатҳи ҷаҳон оғоз шавад. Илова бар ин, афзоиши нархи колоҳои асосӣ, ба вижа, маводи сӯхт дар Амрико аз паёмадҳои ҷанги Амрико бар зидди Эрон ба шумор меравад. Ин омил метавонад боъиси тазъифи эътимоди Трамп дар дохили Амрико ва дар охир нокомии сиёсати ҷанг бо Эрон шавад. Дар ин чорчӯб, ҳарчи ҷанг тӯлонитар шавад, ҳамон қадар ҳазина ва зиёни сиёсӣ бар Трамп бештар хоҳад шуд.
Муҳосиботи Ҷумҳурии Исломӣ бар пояи арзёбиҳои ақлонӣ ва мантиқӣ ва воқеъиятҳо ва осебпазириҳои тарафи муқобил шакл гирифтааст. Бо вуҷуди фишорҳо ва талофоти бузургтар роҳбурди Эрон санҷида, фарогир ва дар шароити муносиб метавонад бар нафъи он анҷомад. Аммо ҷаҳон ҳануз марҳилаи оғози ин ҷангро мушоҳида мекунад ва эҳтимолӣ тӯлонитар ва густардатар шудани он зиёд аст. Дар пайи он мо шоҳиди омилҳои печидатар ва ғофилгиртаре хоҳем шуд ва аз ин рӯ, пешбинии дақиқи масири ин ҷанг душвор аст.
Оши бурида низ яке аз таомҳои лазизи мардуми тоҷик аст. Ин таоми хушхӯр таърихи бисёрсола дошта, тахмин меравад, ки ба давраи пеш аз сулолаи Сосониён бирасад. Оши бурида аз маҳсулотҳои орд, ғалладонагӣ ва растаниҳо таркиб ёфта, тарзи омода кардани хамири он аҳамияти ҷиддӣ дорад.
Сараввал гӯшти қима, пиёз ва сабзӣ дар равғани растании каммиқдор бирён карда шуда, ба он об, зира ва намак илова карда мегардад. Сипас аз болои об нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро меандозанд. Пас аз ҷӯшидан ва шира баровардани маҳсулот, хамири бурида бояд ба дег андохта шавад.
Хамири оши бурида маҳсулоти асосии хӯрок буда, аз орд, об, тухм ва намак тайёр карда мешавад. Кадбонувони уҳдабаро онро дар намуди дароз, тунук ва маҳин мебуранд.
Баъд аз пухтани оши бурида, ба он гиёҳҳои хушбӯйу болаззат чун райҳон, пудина, шулҳа, барги рошак, ҷамилак, субинак ва чакка ё дӯғ илова мекунанд. Аммо баъзеи дигар навъҳои рустаниро ба ин хӯрок андохтан, ошпазро каме ба фикр водор мекунад, зеро мумкин аст онҳо таъми хӯрокро дигаргун созанд.
Ин хӯроки хушлаззатро мардуми минтақаи Хатлон ва Рашт барои истеъмол ба табақи чӯбини тоҷикӣ мекашанд ва дар якҷоягӣ бо аъзои оила ошибуридаро тановул мекунанд.
Оши тупа
Тарзи омода кардани оши тӯпа низ бештар аз хамири он вобастагӣ дорад. Хамири он ҳам монанди оши бурида аз орд, тухм, об ва намак тайёр мегардад. Хамири он дар шакли чоркунҷа ба андозаи аз 5 то 8 см бурида шуда, ба деги пур аз оби ҷӯш партофта мешавад. Баъд аз 7 дақиқа, аз болои об нахӯд, шулха, лӯбиё, пиёз, пиёзи кабуд, сирпиёз, гӯшт ва намак андохта, муддати 15 дақиқа меҷӯшонанд.
Пас аз омода гардидани таом, мувофиқи табъ бо гашнич, райҳон ва чакка оро дода мешавад.
Мастоба
Мастоба яке аз дигар хӯрокҳои миллии машҳур аст. Он хусусияти шифобахшӣ низ дорад ва одатан онро бо мурчу қаламфур омехта намуда, дар ҳолатҳои камқувватӣ, шамолхӯрӣ ва табларза истеъмол мекунанд.
Барои пухтани мастоба, сараввал гӯшти қимаро ба равғани каммиқдор бирён карда, аз паси он пиёз, сабзӣ, картошка, нахӯд, қаламфури булғорӣ, сирпиёз, помидор ё қиёми он, сипас об меандозанд. Дар навбати худ намак ва вобаста ба хоҳиш зира низ зам кардан мумкин аст.
Баъд аз ҷӯшидани об дар дег, маҳсулоти асосӣ биринҷ андохта мешавад ва баъд аз шира баровардан ба он райҳони хушк илова мегардад. Ҳангоми омода гардидани хӯрок, ба косаҳои чинӣ кашида, болои он райҳони навчидашуда ва гашничи резашуда андохтан лозим аст.
Аз ҷумла, мулоқоти се насл ва муҳокимаҳо гирди мизи мудаввар бо номи “Наврӯзи олам” доир мешавад, ки дар он нависандагон, шоирон, рассомон ва равшанфикрон аз ҳарду кишвар ширкат хоҳанд кард. Иштирокчиён мероси адабӣ ва фарҳангӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар бораи мавзӯъҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард.