Home Blog Page 22

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт, вориди шаҳри Тошканд шуд ва дар фурудгоҳи ин шаҳр ӯро Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон пешвоз гирифт.

Пас аз пешвози расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар назди муҷассамаи “Истиқлол ва башардӯстӣ”-и шаҳри Тошканд гулчанбар гузоштааст.

Сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март идома меёбад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин сафар масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуда, аз рӯйи натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, сарони давлатҳо дар бораи ҷанбаҳои кунунии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкории дуҷониба табодули афкор мекунанд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи аввали Шӯрои олии байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок хоҳад кард.

Зикр мешавад, ки зимни ин сафари давлатӣ масоили тақвияти шарикии стратегӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳамкории саноатӣ ва пайвастагии нақлиётӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Таваҷҷӯҳи махсус ба амнияти обӣ ва энергетикӣ ва мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона равона хоҳад шуд.

 

Ёдовар бояд шуд, ки ҳоло дар Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон идома дорад. Он рӯзи 23-юми март оғоз шуда то 29-уми март давом мекунад.

Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон хабар додааст, ки дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ як силсила чорабиниҳо барои муаррифии мероси ғании фарҳангии ду миллат дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд баргузор мешаванд.

дӯстона равона хоҳад шуд.Ёдовар бояд шуд, ки ҳоло дар Ӯзбекистон

Аз ҷумла, мулоқоти се насл ва муҳокимаҳо гирди мизи мудаввар бо номи “Наврӯзи олам” доир мешавад, ки дар он нависандагон, шоирон, рассомон ва равшанфикрон аз ҳарду кишвар ширкат хоҳанд кард. Иштирокчиён мероси адабӣ ва фарҳангӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар бораи мавзӯъҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард.

Барномаи “Рӯзҳои синамои тоҷик” намоиши филмҳои бадеии “Моҳӣ дар шаст”, “Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат”, “Зиндагӣ зебост” ва “Ҷӯра Саргор”-ро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, барномаи консертии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки рассомони ҳарду кишвар, намоишҳои гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистон, намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ ва намоишномаҳои театрӣ баргузор мешавад.

Қаблан Файзулло Файз, коргардони тоҷикистонии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки охири моҳи март роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ҷашни Наврӯзро дар Ӯзбекистон якҷоя ҷашн мегиранд. Дар ин ҷашн, ба иттилои ӯ, қарор аст филми Ҷомӣ ва Навоӣ ба таври мухтасар, дар ҳаҷми 15 дақиқа рӯнамоӣ карда шавад. Аммо мақомоти расмӣ дар ин бора то ҳол иттилоъ надодаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз 1-уми апрел дар Русия Telegram масдуд мешавад. Муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон дар тамос бошанд?

0

Русия назорат аз болои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум, интернетро рӯз аз рӯз пурзӯр мекунад ва ин барои муҳоҷирон, аз ҷумла онҳое, ки аз Тоҷикистон ҳастанд, мушкилот пеш меорад. Аз нимаи моҳи феврал инҷониб дар Русия WhatsApp ва YouTube комилан масдуд шудаанд ва акнун Telegram низ масдуд мешавад.

Дар чунин ҳолат, муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо наздиконашон дар тамос бошанд?

Талош кардем чанд тавсия муфид диҳем.

 

Истифода аз VPN

WhatsApp ва Telegram воситаҳои муҳим барои муҳоҷирон боқӣ мемонанд, аммо азбаски онҳо дар Русия масдуд шудаанд, роҳи ягонаи истифода аз онҳо VPN аст. Бо истифода аз VPN, шумо метавонед ба сервере дар кишвари дигар пайваст шавед ва истифода кунед. Аммо дар хотир бояд дошт, ки хадамоти VPN барои кори дурусти WhatsApp ва Telegram пулакӣ аст.

VPN-ҳои ройгон аксар вақт ноустуворанд – онҳо метавонанд ҳар лаҳза аз кор бозмонанд ва ин ба сифати зангҳо, хусусан ҳангоми зангҳои наворӣ таъсири бад мерасонад.

VK (VKontakte)

VK дар Русия масдуд нашудааст ва онро барои муошират бо наздикон, аз ҷумла зангҳои овозӣ ва видеоӣ истифода бурдан мумкин аст. Барнома бидуни ниёз ба VPN боэътимод кор мекунад. Ин VK-ро ба як воситаи қулай барои муҳоҷироне табдил медиҳад, ки бояд бо оилаҳои худ муошират дошта бошанд.

VK на танҳо паёмнависӣ, балки ҳамгироиро бо дигар хидматҳо, аз қабили мундариҷаи видеоӣ, мусиқӣ ва хабарҳо низ пешниҳод мекунад. Аммо, бояд дар хотир дошт, ки дар баъзан кори он қатъ мешавад ва ин ба сифати зангҳои видеоӣ таъсир расонад. Дар хотир бояд дошт, ки ин шабакаи иҷтимоии Русия аст ва табиист, ки зери назорати пурраи мақомоти ин кишвар қарор дорад.

 

IMO

IMO як барномаи дигар аст, ки бе VPN кор мекунад. Тавассути он ҳам метавон зангҳои овозӣ ва видеоиро бо сифати хуб роҳандозӣ кард. IMO як василаи осони тамос аст, чун талаботи зиёд барои истифода надорад.

 

MAX

Паёмрасони русии MAX низ як васила барои муошират аст. Ин паёмрасон ба VPN ниёз надорад ва ҳамчунин, бисёр осон насб ва фаъол карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки барои бақайдгирӣ дар MAX маҳдудиятҳои муайян мавҷуданд. Шумо бояд SIM-корти Русия (+7) ё SIM-корти Беларус (+375)-ро истифода баред.

Ин маънои онро дорад, ки бақайдгирӣ бо SIM-корти хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ғайриимкон аст.

Пас аз бақайдгирӣ, шумо метавонед барномаро дар хориҷа бо пайваст шудан ба SIM-корти маҳаллӣ ё Wi-Fi барои дастрасӣ ба интернет истифода баред.

Аммо боз ҳам дар хотир бояд дошт, ки ин паёмрасони Русия аст ва табиист, ки зери назорати пурраи мақомоти ин кишвар қарор дорад.

 

Зангҳои мустақим

Роҳи дигар, вале гаронтар ин истифодаи алоқаи маъмулӣ – занг тариқи телефон ё паёмак (SMS) аст.

 

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон чӣ пешниҳод мекунанд?

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳам чанд замимаи алоҳидаро барои тамос бо кишварҳои хориҷа, махсусан Русия пешниҳод мекунанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик метавонанд бо истифода аз онҳо бо наздиконашон дар тамос шаванд.

Барои бисёре аз ин замимаҳо доштани симкорти ҳамон ширкате лозим аст, ки шумо аз замимаи он истифода мебаред. Танҳо “МегаФон Life” истисно аст.

 

“MobiГап” аз “Babilon-Mobile”

Ин замима ба занги ройгон ва гуфтугӯ тариқи видео бо дигар корбарони “MobiГап” имкон фароҳам меорад. Агар ба рақамҳои одии Тоҷикистон занг занед, таърифаҳо (тарифҳо) хеле пастанд: наздики 10 дирам барои 1 дақиқа дар дохили шабака ва каме зиёдтар ба дигар операторон.

Замима бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ кор мекунад, вале барои бақайдгирӣ симкорти “Babilon-Mobile” лозим аст.

“Чӣ Гап?” аз “Tcell”

Воситаи қулайи дигар замимаи “Чӣ Гап?” аст. Тариқи он метавон дар дохили замима бепул занг зад,  вале 1 дақиқаи зангҳо ба рақамҳои “Tcell” тақрибан 10 дирам ва ба дигар операторон ҳудуди 12 дирам аст.

Бақайдгирӣ танҳо ба воситаи симкорти “Tcell” имконпазир буда, сифати зангҳо маъмулан хуб аст.

 

“Салом” аз “ZET-Mobile”

“Салом” ба гуфтугӯи ройгон байни корбарони замима имкон медиҳад. Зангҳо ба рақамҳо дар дохили шабака ҳудуди 10 дирам ва ба дигар шабакаҳо  18 дирам нарх доранд.

Замима миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Туркия, ИМА ва Олмон маъруфу писандида аст. Агар мехоҳед, ки тез-тез ба хона занг занеду алоқа усутвор бошад, истифодаи он бароҳат аст.

 

“МегаФон Life” бо ҳама симкортҳо кор мекунад

“МегаФон Life” ҳатто бо симкортҳои дигар операторони Тоҷикистон кор мекунад, ҳарчанд корбурди комили он аз ҳама бештар барои муштариёни “MegaFon” дастрас аст. Дар дохили замима зангҳо ройгон буда, инчунин корбурдҳо (функсияҳо)-и иловагӣ низ дастрасанд: интиқол, кэшбэк ва идораи таърифаҳо. Ин барои касоне, ки ҳамаашро дар як замима дидан мехоҳанд, бароҳат аст.

 

Чанд маслиҳат барои муҳоҷирон

– Агар наздикону пайвандонатон дар Тоҷикистон қарор доранд, пас замимаи оператори худатонро истифода баред. Ин арзонтар ва қулайтар аст;

– Агар наздикону пайвандонатон дар Русия зиндагӣ кунанду симкорти Русия дошта бошанд, пас симкорти Тоҷикистон харидан беҳтар аст;

-Гузинаи ҳамагонӣ (универсалӣ) ва беҳтар “МегаФон Life” аст. Он бо ҳама гуна симкорт кор карда, зангу интиқол ва идоракунии таърифаҳоро дар бар мегирад;

– Паёмрасони русии “MAX”-ро боргирӣ ва истифода кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

0

Пулиси Душанбе мегӯяд, аз сӯйи мақомоти зертобеаш ду ҳолати фурӯши доруҳои психотропӣ  дар пойтахт ошкор шудааст.

Ба навиштаи ин ниҳод, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ҳолати ба фурӯш гузоштани доруи психотропии “Прегабалин” ба истилоҳ “Лирика”-ро ошкор кардаанд.

“Зимни ба фурӯш баровардани чунин дорӯҳои сахттаъсир шаҳрвандон Сайдалиев Ҳадятулло, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе ва Юлдошов Муҳаймин, сокини 18-солаи пойтахтро дастгир намуданд. Дар натиҷаи кофтуков аз номбурдагон дар умум 2-ҳазору 745 адад капсулаҳои “Прегабалин” дарёфт ва мусодира карда шуданд”, – навиштааст пулиси пойтахт.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 128 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин, пулис аз шаҳрвандон хостааст, ки бо мақсади таъмини солимии ҷомеа ва барои пурра аз байн бурдани ин омили номатлуб ба мақомоти милитсия мусоидат намоянд.

Бояд гуфт, ки “Прегабалин” ва ё “Лирика” доруест, ки таъсири зиддикашиш, зидди изтироб ва дарди шадид буда, он аз ҷониби асабшиносон ва равонпизишкон танҳо пас аз ташхис ва бо дорухат тавсия дода мешавад. Аммо ин навъи доруҳо баъзан аз ҷониби афроде, ки ба моддаҳои гуногуни вобаста ба асаб вобастаанд, харидорӣ мешавад. Он метавонад истифодабарандаро мадҳуш кунад ва ё барои муддате аз ҳолати изтироб берун кунад, аммо бидуни тавсия духтур ва барои муддати дароз истифода кардани он, таъсири манфӣ дорад ва касро муътод мекунад.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

0

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати газидани гӯши сокинони пойтахт аз сӯйи як мард ва ду духтар хабар дод. Ҳар ду ҳолат дар пайи муноқиша рух додааст.

Дар ҳолати якум, рӯзи 24-уми март, пулиси Душанбе аз боздошти як мард хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, қисме аз гӯши як сокини пойтахтро газида, ҷудо кардааст. Ин ниҳод аз боздоштшуда Ғолибшо Ғоибов ном бурда, гуфтааст, ки сокини 33-солаи шаҳри Душанбе аст.

Ба гуфтаи манбаъ, ӯ дар кӯчаи А. Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ як марди 38-соларо латукӯб ва “тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст”.

“Гумонбаршаванда аз ин қаноатманд нагардида, кирдори авбошонаи худро идома дода, бо дандонҳояш гӯши чапи шаҳрванд С.Қ.-ро газида, қисми болояшро канда ҷудо намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид”, – навиштааст пулиси пойтахт.

Назари Ғоибов дар робита ба ин қазия маълум нест. Алайҳи ӯ бо гумони авбошӣ (моддаи 237 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз ҷарима то 7 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар бораи ҳолати дуюм, рӯзи 25-уми март пулис хабар дода, навишт, ки дар пайи нашри навори муноқишаи ду духтар бо як кирокаш ва рабуда шудани телефони ронанда ду гумонбари ноболиғон Н.О. ва М.С., сокинони 15-солаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуданд.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурдагон санаи 23 марти соли ҷорӣ нисбати шаҳрванд Отаев Маҳмадёр — ронандаи воситаи нақлиёти мусофирбар, дағалона муносибат намуда, як адад телефони мобилии ҷабрдидаро рабудаанд. Ҳамзамон, ронандаро мавриди латукӯб қарор дода, гӯши рости ӯро газида, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидаанд”, – навишт пулис.

Ба навиштаи ин ниҳод, пас аз ташхиси тиббӣ муайян карда шудааст, ки гумонбарон дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошта, воситаҳои нашъадори навъи “Метамфетамин”, ба истилоҳ “Кристалл” истеъмол кардаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Пулис аз шаҳрвандон, махсусан падарону модарон, даъват карда, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва нисбат ба таълиму тарбияи онҳо бетафовут набошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу сеюми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

 

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад. Ҳоло дар ин кишвар Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон идома дорад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин сафар масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуда, аз рӯйи натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, сарони давлатҳо дар бораи ҷанбаҳои кунунии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкории дуҷониба табодули афкор мекунанд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи аввали Шӯрои олии байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок хоҳад кард.

Зикр мешавад, ки зимни ин сафари давлатӣ масоили тақвияти шарикии стратегӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳамкории саноатӣ ва пайвастагии нақлиётӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Таваҷҷӯҳи махсус ба амнияти обӣ ва энергетикӣ ва мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона равона хоҳад шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳоло дар Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон идома дорад. Он рӯзи 23-юми март оғоз шуда то 29-уми март давом мекунад.

Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон хабар додааст, ки дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ як силсила чорабиниҳо барои муаррифии мероси ғании фарҳангии ду миллат дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд баргузор мешаванд.

Аз ҷумла, мулоқоти се насл ва муҳокимаҳо гирди мизи мудаввар бо номи “Наврӯзи олам” доир мешавад, ки дар он нависандагон, шоирон, рассомон ва равшанфикрон аз ҳарду кишвар ширкат хоҳанд кард. Иштирокчиён мероси адабӣ ва фарҳангӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар бораи мавзӯъҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард.

Барномаи “Рӯзҳои синамои тоҷик” намоиши филмҳои бадеии “Моҳӣ дар шаст”, “Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат”, “Зиндагӣ зебост” ва “Ҷӯра Саргор”-ро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, барномаи консертии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки рассомони ҳарду кишвар, намоишҳои гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистон, намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ ва намоишномаҳои театрӣ баргузор мешавад.

Қаблан Файзулло Файз, коргардони тоҷикистонии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки охири моҳи март роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ҷашни Наврӯзро дар Ӯзбекистон якҷоя ҷашн мегиранд. Дар ин ҷашн, ба иттилои ӯ, қарор аст филми Ҷомӣ ва Навоӣ ба таври мухтасар, дар ҳаҷми 15 дақиқа рӯнамоӣ карда шавад. Аммо мақомоти расмӣ дар ин бора то ҳол иттилоъ надодаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 14:00 дар Театри давлатии русии ба номи Маяковский (дар бинои Театри Лоҳутӣ) намоиши “Панҷ зани Хоҷа Насриддин” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 35 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи Сино чорабиниҳои наврӯзӣ доир мегарданд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон бо сафари аввалини расмӣ ба Муғулистон рафт, ки дар ҷараёни он панҷ ҳуҷҷати ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон ба имзо расид.

Соли 2012 – Дар шаҳри Душанбе Конфронси панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V) баргузор гардид.

Соли 2019 – Аввалин хадамоти хусусии почта бо номи “Почтаи Аср” ба фаъолият оғоз намуд, ки доираи васеи хизматрасониҳо, аз ҷумла, интиқоли баставу боркашониро фаро мегирад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1906 – Зодрӯзи Қулмамад Элназаров, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони Шуравӣ.

Қулмамад Элназаров яке аз ҳунармандони маъруфи Бадахшон буда, дар соли 1933 мактаби партиявию советии шаҳри Хоруғро хатм кардааст. Солҳои 1942-1972 дар муассисаҳои мадании ноҳияи Рӯшон ба сифати мудири шӯъбаи маданият, директори Хонаи маданият, мудири клуб, роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъат заҳмат кашидааст.

Асбобҳои мусиқии миллиро хуб менавохт ва оҳангҳои дилпазир эҷод намудааст. Аз ҷумла “Фалаки Помир”, “Ошиқам”, “Меҳнат шараф аст”, “Гул бе рухи ёр”, “Зиндагӣ”, “Боди шӯрта”, “Афсона нест” барин таронаҳояш аз намунаҳои беҳатрини эҷоди ӯ мебошанд.

Соли 1942  – Зодрӯзи Салим Мирзоев, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.

Соли 1957 – Мавлуди Гулчеҳра Иноятова, пианинонавози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон‎.

Гулчеҳра Иноятова

Гулчеҳра Иноятова яке аз пианинанавозони маъруфи тоҷик аст, ки бо иҷрои асарҳои композиторони тоҷик шуҳрат касб кардааст. Ӯ хатмкардаи Консерваторияи давлатии Маскав ба номи Чайковский буда, солҳо он ҷо маҳорати касбиашро такмил додааст.

Баъдан солҳо дар кафедраи фортепианои махсуси Донишкадаи давлатии санъат ба номи Турсунзода, Институти давлатии мусиқӣ-педагогии Тамбов ба номи С.В.Рахманинов фаъолият дошт.

Шурӯъ аз соли 2010 дар кафедраи фортепианои махсуси Университети педагогии Чини Ҷанубӣ фаъолиятро ооз кард ва профессори ин донишгоҳ аст.

Соли 1957 – Зодрӯзи Ҷурахон Маҷидзода, ҳуқуқшинос, генерал-майори милитсия.

Ӯ чанд сол дар мансабҳои роҳбарикунанда дар ВКД кор кардааст ва як муддат вакили парлумон ҳам буд.

Ҷурахон Маҷидзода

Дар соли 1995, як сол баъди фаъолият ҳамчун сардори ШКД-и ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон таъин шуд ва як сол дар ин мансаб кор кард. Дар соли 1996, қариб як сол сардори РВКД дар вилояти Хатлон буд.

Аз соли 1996 то соли 1997 муовини Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, аз соли 1997 то соли 1999 муовини раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон, аз соли 2000 то 2001 муовини сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди Президенти  Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2007 сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёт будаи ВКД Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамчунин, ду сол (2007—2009) сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Тоҷикистон, се сол, (2009—2011) намояндаи Ваколатдори ВКД  Тоҷикистон (Муовини директор) дар бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона дар ИДМ, ду сол (2011—2013) сардори Раёсати Мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД  Тоҷикистон ва ду соли дигар (2013—2015) сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон убд.

Аз соли 2015 то 2020 аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод № 38 вакили парлумон буд.

Соли 1967 – Зодрӯзи Саидзода Сунъатулло, раиси шаҳри Роғун.

Соли 1968 – Мавлуди Имонқул Бӯриев, олим, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор.

Соли 1972 – Зодрӯзи Абдураззоқ Раззоқов, олим, риёзидон, шоир ва рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1975 – Зодрӯзи Бахтиёр Қутбиддин, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Бахтиёр Қутбиддин

Бахтиёр Қутбиддин (Абдулмумин Қутбиддинов) хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро соли 1999 ҳамчун омӯзгори ҳамин донишгоҳ оӯғоз намудааст. Сипас Ассистенти кафедраҳои матбуот, рӯзноманигории байналхалқӣ ва аз соли 2008 дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ буд. Аз моҳи апрели соли 2015 то марти соли 2016 ҳамчун муовини декан оид ба таълим ва аз моҳи марти соли 2016 чун мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ фаъолият кардааст.

Ҳоло декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистн аст.

Ӯ тӯли фаъолияти худ 6 китоб, беш аз 40 мақолаи илмӣ ва 300 мақолаи оммавӣ таълиф кардааст.

Соли 2022 – Раҷаб Ҳусейнов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар Санкт-Петербурги Русия даргузашт.

Раҷаб Ҳусейн

Раҷаб Ҳусейнов хатмкардаи Институти театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошканд буда, фаъолияти ҳунарии худро дар Театри Лоҳутӣ оғоз намуда, то соли 1998 дар ин театр ҳунар озмуд. Соли 1998 ба Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский омад.

Ӯ қариб дар шаст намоиши театрӣ, аз қабили “Гамлет”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Дод аз дасти ақл”, “Роҳзанон”, “Маро тарк макун”, “Сарбозони инқилоб”, “Шаби охирини Суқрот” нақшҳои муассир иҷро кардааст.

Ҳамчунин, вай дар синамо қариб 50 нақш офаридааст. Дар “Тоҷикфилм”, киностудияҳои Маскав, Ӯзбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд. “Қиссаи зиндони Павиак”, “Чор дарвеш”, “Ситораи Улуғбек”, “Ҷумъаи ҳафтум”, “Хӯҷаини об”, “Робита”, “Субҳи Ганг”, “Тӯфон дар водӣ”, силсилафилми телевизионии “Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар” намунаҳои гуногуни нақшофарии ӯ дар синамоянд.

Номбурда 26-уми марти соли 2022 дар синни 80 даргузашт.

Соли 2024 – Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи тоҷик дар 85-солагӣ даргузашт.

 

Муҳиддин Хоҷазод

Муҳиддин Хоҷазод дар шаҳри Ставрополи Русия таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба онҷо бадарға карда буданд.

Солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва шаш моҳи асоратро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашт ва сипас ба Самарқанд кӯчид.

Дертар боз ба Тоҷикистон баргашту ба кораш идома дод.

“Нони ҳалол”, “Нишони муҳаббат”, “Об – рӯшноӣ” ва “Кӯҳ бе варта нест” аз ҷумлаи осори ӯст. Аз соли 1965 узви Иттиҳоди адибон ва аз соли 1970 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд.

Ӯ соли 2020 ҳамроҳи чанд узви оилааш ба бемории COVID-19 гирифтор шуда ва ҳамсару келинашро аз даст дод.

Худаш дар пайи табобати дарозмуддат шифо ёфт, аммо, ба нақли пайвандон, таъсири беморӣ ба узвҳои дигараш осеби ҷиддӣ расонд. Ӯ 26-уми марти соли 2024 дар 86-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 2003 дар сайёраи Миррих баҳри бузурги яхбаста кашф гардид. Ба ақидаи олимон, тахминан 5 миллион сол пеш ин минтақа бо масоҳати 800×900 км зери об монда, сипас ях бастааст ва дар болои он қабатҳои гуногун ҷамъ шудаанд.

Имрӯз дар саросари ҷаҳон “Рӯзи бунафш” (Purple Day) таҷлил мегардад. Ин як чорабинии байналмилалии ҳамасола мебошад, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба бемории эпилепсия аст.

Соли 1828 дар ин рӯз ягона консерти муаллифии Франс Шуберт, композитори машҳури австриягӣ баргузор гардид. Вай камтар аз 32 сол умр дид ва аз Бетховен як насл ҷавонтар буд ва ҳамагӣ баъди якуним соли марги ӯ даргузашт.

Бо вуҷуди умри кӯтоҳаш, Шуберт беш аз ҳазор асар эҷод кардааст. Шуҳрати истеъдоди ӯ маҳз аз ҳамин консерт, ки 26 марти соли 1828 дар Вена баргузор шуд, оғоз гардид.

Соли 1934 дар Британия имтиҳони расмии ронандагӣ ҷорӣ шуд. Аввалин шаҳодатномаи ронандагӣ дар ҷаҳон ҳамчун “гувоҳнома дар бораи қобилияти идора кардани воситаи нақлиёт бо муҳаррики механикӣ” 14 августи соли 1893 аз ҷониби префекти пулиси Париж Луи Лепин ба як ронандаи фаронсавӣ дода шуда буд.

Дар он замон барои гирифтани чунин гувоҳӣ имтиҳон супоридан лозим набуд, танҳо намоиш додани малакаи идора кардани мошини шахсӣ кофӣ буд.

Имтиҳони ҳатмӣ аввалин бор соли 1899 дар шаҳри Чикаго ҷорӣ шуд. Дар Британия имтиҳони расмии ронандагӣ танҳо соли 1934 ҷорӣ гардид. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ панҷ категорияи шаҳодатномаи ронандагӣ, ки ҳуқуқи идора кардани намудҳои гуногуни нақлиётро муайян мекард, аз солҳои 1970-ум пайдо шуд.

Соли 2000 Владимир Путин бори аввал президенти Русия интихоб шуд.

Ӯ 31 декабри соли 1999, пас аз истеъфои президенти якуми Русия Борис Елтсин ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи президент таъин гардида буд.

Баъдан, вай дар солҳои 2004, 2012, 2018 ва 2024 ба ин мансаб дубора интихоб гардид. Пеш аз интихоботи соли 2012 муҳлати президентӣ дар Русия аз 4 ба 6 сол дароз карда шуд.

Соли 2006 шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ба фаъолият оғоз намуд. Ин лоиҳаро Алберт Попков вебтаҳиягар пас аз панҷ соли кор дар соҳаи технологияҳои интернетӣ дар Британия таҳия кард.

Аввалан, “Одноклассники” барои ӯ як шуғли дӯстдошта буд, аммо шабака ба суръати ғайричашмдошт рушд кард ва дар давоми ҳафт моҳ фарогирии он ба 1,5 миллион истифодабаранда расид.

Соли 2008 дар ин шабака бақайдгирӣ пулакӣ шуд, ки боиси норозигии корбарон гардид. Ин маҳдудият соли 2010 бекор карда шуд. То аввали соли 2020, шумораи корбарони “Одноклассники” ба 43 миллион нафар расида, ҳамарӯза онро тақрибан 20 миллион нафар боздид мекарданд.

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 5+7º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 2+4º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 26 ба 27-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

0

Бисёриҳо дар Тоҷикистон қарз мегиранд, лекин шартҳо ва паёмадҳои воеқии онро то охир ба инобат намегиранд. Меъёрҳои баланди фоизӣ, хароҷоти афзоянда ва саводи нокофии молиявӣ барои қарзгирандагон хавфҳои ҷиддӣ ба бор оварда, қарзи онҳоро, ки бояд ба зиндагиашон беҳбуд мебахшид, ба манбаи фишорӣ қарзӣ ва хавфи талафи амвол табдил медиҳад. Чӣ гуна бояд қарз гирифт, то ки баъдан аз пушаймон нашуд?

Ҳолате, ки метавонад бо ҳар кас рух диҳад

Вақте ки Душанбе ҳоло хоб аст, Акбари 34-сола аллакай сари чанбарак аст. Рӯзи кории ӯ аз субҳ оғоз шуда, пас аз нисфи шаб ба охир мерасад. Қариб тамоми ин муддат ӯ сари чанбараки мошин буда, дар ҷустуҷӯи мусофирон аст.

Ин мошини барқӣ бояд барои оилаи ӯ имкон медод, ки рӯзгорашонро устувор мекард ва ба он субот меовард.

Як сол пеш Акбар барои харидани мошин аз бонк қарз гирифт. Фикр дошт, ки кирокашӣ имкон медиҳад, зуд қарзашро ба бонк баргардонида, рӯзгори оилаашро таъмин созад. Он вақт ин қарораш дуруст ба назар мерасид: мошини барқӣ ҳарчи бештар писандида шуда, шиносҳо итминон медоданд, ки бо кирокашӣ метавон пули хуб кор кард.

Акси марбута аз торнамои psy.systems

“Хаёл мекардам, ки ҳамааш осону одӣ аст: мошин мехараму пул кор мекунам. Бисёриҳо ҳамин тавр мегуфтанд, – шарҳ медиҳад ӯ. – Вале бо гузаште чанде вақт ҳисобҳо бо воқеият рост намеомаданд. Вақте қарз гирифтам, то охир намефаҳмидам, ки фоизу комиссия ва ҷадвали пардохтҳо чӣ гунаанд. Бовар доштам, ки аз уҳдаи пардохти ҳамааш мебароям”, – мегӯяд Акбар.

Акнун, ба гуфтаи ӯ, ҳозир ӯ қариб бе истироҳат кор мекунад, то ки хароҷоти аз ҳама муҳимро рӯйпӯш кунад ва барои оилааш маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро харад.

Ӯ эътироф мекунад, ки хатогии асосиаш дар он аст, ки пеш аз гирифтани қарз, ҳамаи хароҷоти имконпазирро ба инобат нагирифтааст.

“Фикр мекардам, ки барқ арзон аст ва дар як рӯз 7-8 соат кор мекунам, ки ҳам ба қарзу оила ва ҳам комиссияи ширкати хадамоти таксӣ мерасад, лекин маълум шуд, ки ғайр аз ин боз хидматрасонӣ ба мошин ва боз дигар хароҷот низ ҳаст, ки ман дар борааш ҳатто фикр намекардам. Гузашта аз ин, соли охир комиссияи ширкат ва арзиши барқ қариб ду баробар боло рафт ва метарсам, ки ин болоравии охир нест”, – мегӯяд ӯ.

Ӯ эътироф мекунад, ки намедонад боз чӣ қадар вақт бо чунин реҷа кор мекунад.

Ҳолати бо Акбар рухдода яке аз ҳазорҳост. Ҳарчи бештар одамон аз бонкҳо қарз гирифта, шартҳои онро то охир дарк намекунанд ва ба имконоти худ нодуруст баҳо медиҳанд. Қарзе, ки бояд воситаи беҳбуди зиндагӣ мешуд, бо гузашти вақт барои аксарият ба сарчашмаи фишори молиявӣ ва равонӣ, инчунин хавфи талафи амволи ба гарав гузоштаашон мешавад.

 

Ҳолати маъмулӣ

Таҳлилгари масоили молиявӣ Шаҳбоз Раҳимбеков, ки дар низомии бонкии кишвар тарҷибаи кории зиёд дорад, изҳор намуд, ки ҳолати зикршуда бозгӯи модели паҳншудаи рафтори қисмате аз қарзгирандагон дар Тоҷикистон аст: бисёре аз одамон ба сарбории молиявӣ ва арзиши воқеии қарз дуруст сарфаҳм нарафта, кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи тезтар қарз дарёфт кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо пеш аз ҳама, сари қарзҳои истеъмолӣ сухан меравад, ки ҳиссаи назарраси сандуқи бонкиро ташкил медиҳанд. Чунин қарзҳо на барои рушди тиҷорат ё сармоягузорӣ, балки рӯйпӯш сохтани хароҷоти ҷорӣ, масалан маъракаҳои оилавӣ, таъмири хона, харидани мошин ё техника ва ҳаллу фасли мушкилоти маишӣ ё тиббӣ гирифта мешаванд.

Карикатура аз манбаъҳои боз

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), соли 2025 ҳиссаи қарзҳои истеъмолӣ дар ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 40,1%-ро ташкил додааст, ки 3,9 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба соли 2024 мебошад.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгар зикр мекунад, ки қисмате аз қарзгирандагон на ҳама вақт имконотти худро дар мавриди пардохти он ба назар мегиранд.

Ба қавли Раҳимбеков, вазъият бо он боз душвортар мешавад, ки меъёрҳои фоизии қарзҳои бонкӣ нисбат ба бисёре аз кишварҳои минтақа баландтар аст. “Дар муқоиса бо даромади маҳдуди аҳолӣ, ин масъалаи пардохти қарзҳоро мушкил месозад”, – чунин мешуморад номбурда.

“Баъзан қарзҳо ба номи хешовандон ё якбора дар якчанд ташкилоти молиявӣ гирифта мешаванд ё барои пардохти қарзи пешина қарзи нав мегиранд. Чунин тарҷиба хавфи ҷамъ шудани сарбории қарзро зиёд мекунад”, – мегӯяд ӯ.

Даромади аксарияти тоҷикистониён дар сатҳи миёна аст

Акс аз торнамои eurasischepresse.com.de

Меъёри фоизии миёнавазн аз рӯи қарзҳо дар соли 2025 бо асъори миллӣ 22,6% ва асъори хориҷӣ – 11,7%-ро ташкил дод. Меъёр бо асъори миллӣ дар муқоиса бо соли 2024 ба андозаи 0,5 банди фоизӣ боло рафта, бо асъори хориҷӣ бетағйир боқӣ монд.

Коршинос ҳамчунин ба мушкили саводнокии нокофии молиявӣ ишора мекунад. Ба гуфтаи ӯ, на ҳамаи қарзгирандагон чӣ гуна ташаккул ёфтани арзиши ниҳоии қарз бо шумули фоизу комиссия ва ҷаримаҳои эҳтимолӣ барои таъхирро то охир дуруст мефаҳманд.

“Дар натиҷа, – зикр кард ӯ. – Барои қисмате аз аҳолӣ қарз як тарзи хеле тези ҳалли мушкили молиявии ҷорӣ фаҳмида шуда, пайомадҳои дарозмуҳлати он дуруст арзёбӣ намешаванд”.

Ғайр аз ин, пешниҳод намуд мутахассис, шахсоне ҳастанд, ки ҳангоми гирифтани қарз ба бонк маълумоти носаҳеҳ медиҳанд. “Масалан дар маълумотнома (справка) аз ҷои кор маошашонро баланд нишон медиҳанд. Табиист, ки ин ҷо шуъбаи муҳосибот ҳам даст дорад. Онҳо ташвиш намекашанд, ки ин кор метавонад дар пардохти қарз мушкилиҳо ва дар ниҳояти кор ба талаф додани амволи гарав оварда расонад”, – иброз дошт ӯ.

Мувофиқи таҳқиқоти ширкати “М-Вектор”, ки бо дархости БМТ гузаронида шудааст, шохис (индекс)-и саводнокии молиявии аҳолӣ дар кишвар аз 41% дар соли 2020 ҳамагӣ то 51% дар соли 2024 боло рафтааст. Ин маънои онро дорад, ки қисмати зиёди қарзгирандагони имконпазир ҳоло ҳам мисли пешин метавонанд бо душвориҳо зимни пардохти қарз бар асари сатҳи нокофии саводнокии молиявӣ дучор шаванд.

Хавф ба ҳамаи низом

Раҳимбеков мегӯяд, қарзҳое, ки пардохт намешаванд, метавонанд на танҳо барои қрздиҳандагони алоҳида ва бонкҳо, балки тамоми низоми бонкӣ мушкил пеш оранд.

Мутахассис зикр кард, ки яке аз сабаҳои аслии буҳрони бонкии соли 2016 оғозгардида, сатҳи баланди қарзҳои мушкилдор аст. Ҳиссаи чунин қарзҳо дар сохтори сандуқи қарзии ташкилотҳо қарзии молиявӣ он замон ба иттилои БМТ, 47,6%-ро ташкил дода буд.

Мухтасар ёдрас мекунем, ки он замон атрофи як қатор бонкҳо дар бораи муфлисшавии эҳтимолӣ овозаҳо паҳн шуданд, ки миёни самҳмгузорон нигаронӣ ба бор оварда, онҳо ба таври оммавӣ баргардонидани пулҳояшонро талаб карданд. Аммо бонкҳо ин хел тез пулҳоро баргардонида наметавонистанд, зеро қисмати назарраси амонатҳо ба қарздиҳӣ равона шуда буданд.

Бонкҳои муфлисшуда

Коллажи Asia-Plus

Вазъиятро боз он душвортар месохт, ки пардохти қариб нисфи ин қарзҳо сурат намегирифт. Бонкҳо кӯшиш карданд, ки ба баргардонидани қарзҳо суръат бахшанд, то ки пули амонатгузоштагонро баргардонанд, лекин бар асари сатҳи баланди қарзҳои мушкилдор, ин кор ғайриимкон буд.

Дар натиҷа фишор болои низоми болнкӣ тақвият ёфта, иҷозатномаи ду бонки низомсоз («Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»), инчунин ду бонки миёна («Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк») бозхонд шуда, сипас ҷараёни маҷбурӣ барҳамдиҳии онҳо оғоз шуд.

Коршинос бар ин назар аст, ки ин буҳрон яке аз зарбаҳои хеле ҷиддӣ ба низоми бонкии кишвар шуда, эътимоди аҳолиро ба бонкҳо ба таври назаррас коста гардонид.

“Дар ҳамин ҳол, – илова намуд мутахассис. – чунин мушкилиҳои доимӣ қисман аз ҳолатҳои ҷудогонаи ба назар хусусӣ, ки шахсони алоҳида имконоти молиявии худро нодуруст баҳогузорӣ карда, қарз мегиранд, оғоз мешавад.

Чӣ гуна Бонки миллӣ ҳиссаи қарзҳои мушкилдорро кам кард

Бонки миллии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки тайи нуҳ соли ахир ҳиссаи қарзҳои пардохтнашуда дар сохтори сандуқи қарзӣ қариб 15 баробар коҳиш ёфт: аз 47,6% дар соли 2016 то 3,2% дар охири соли 2025.

То 31 декабри соли гузашта ҳаҷми умумии сандуқи қарзӣ 26,1 млрд сомониро ташкил дод, ки 22,2% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст. Аз ин маблағ 848,1 млн сомониаш ҳаҷми қарзҳое мебошанд, ки пардохт нашудаанд ё айни замон пардохташон иҷро намешавад.

Ба иттилои Бонки миллӣ, тибқи санадҳои меъёрии Тоҷикистон қарзҳо бо таъхири беш аз 30 рӯз қарзҳои пардохтнашуда шуморида мешаванд. Аммо дар таҷрибаи байнулмилалӣ таъхири зиёда аз 90 рӯз ба ҳисоб гирифта мешавад.

“Бо мақсади ҳамоҳангсозии методикаи ҳисобу китоби ин нишондиҳанда бо таҷрибаи байнулмилалӣ, минбаъд қарзҳо бо таъхири беш аз 90 рӯз қарзҳои пардохтнашуда шуморида мешаванд”, – таъкид мекунанд дар БМТ.

Яъне ҳиссаи қарзҳои пардохтнашуда дар сатҳи 3,2% ин аз ҷумла натиҷаи тағйирот дар меъёрҳои қонунгузорӣ буда, мувофиқи методикаи кӯҳна ҳиссаи чунин ққарзҳо метавонад хеле зиёд бошад (мо дар шакли хаттӣ ҷиҳати саҳеҳ кардани ин маълумот рӯзи 25 феврал ба Бонки миллӣ муроҷиат кардем, лекин то ҳол посух нагирифтаем).

Дар Бонки миллӣ таъкид месозанд, ки барои рӯйпӯш сохтани талафоти эҳтимолӣ аз рӯи қарзҳои пардохтнашуда фонди махсус дар ҳаҷми 1,1 млрд сомонӣ таъсис дода шуд, ки 27,2% зиёдтар аз маблағи қарзҳои пардохтнашуда мебошад.

Ба ин тариқ, илова мекунанд дар БМТ, сарфи назар аз афзоиши умумии қарздиҳӣ, беҳтар шудани нишондиҳандаҳо оид ба қарзҳо ва таъсиси захираҳои иловагӣ, таҳкими суботи молиявӣ дар низоми бонкии Тоҷикистонро тасдиқ мекунанд.

Сифати сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон

Қарзҳои пардохтнашуда ё худ нетто (ҷараёни пардохташон сурат намегирад) қарзҳо бо ба ҳисоб нагирифтани талафоти эҳтимолӣ мебошанд.

Чӣ тавр бояд қарз гирифт, то ки пушаймон нашавед.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ба масъалаи қарз бояд эҳтиёткорона муносибат кард, бахусус агар шумо дар ин кор таҷрибаи кофӣ надошта бошед. Қарз уҳдадории ҷиддии молиявӣ буда, пеш аз ба худ вогузор намудани уҳдадории қарзӣ, донистани ҳамаи паҳлӯҳои он муҳим аст.

Мо тавсияҳои соддаву осон ва фаҳморо, ки ба шумо ҷиҳати огоҳона тасмим гирифтан ёрӣ мерасонанд, ҷамъоварӣ кардем.

Барои ба хатогиҳо роҳ надодан, ин маслиҳатҳои муҳимро ба инобат гиред.

1. Танҳо барои корҳои муҳим қарз гиред. Пеҳ аз гирифтан фикр кунед, ки он ба шумо барои чӣ лозим аст. Шояд роҳе бошад, ки бе он ҳам коратон иҷро шавад, то ки минбаъд пули зиёдатӣ пардохт накунед.

2. Шартҳои қарордодро омӯзед. Пеш аз имзои шартнома ҳисоб кунед, ки чӣ қадар зиёдтар пардохт мекунед. Агар пардохтҳои моҳона, ҳатто начандон зиёд ба хеле барзиёд пардохт шудани маблағ оварда мерасонида бошанд, фикр кунед, ки оё меарзад, ки розӣ шавед.

3. Имконоти молявии худро хунсардона арзёбӣ кунед. Дар хотир дошта бошед, ки қарзро ҳар моҳ пардохт мебояд кард, сарфи назар аз мушкилиҳои молиявии шумо. Пардохтро иҷро накардан мумкин нест, вагарна ҷарима мешавед.

4. Шартномаро бодиққат омӯзед. На танҳо ба  рақамҳои бузург, балки ба навишта ё шрифтҳои хурд ҳам таваҷҷуҳ диҳед. Ин чизи ба назар на он қадр намоён, баъдан метавонад ҳаёти шуморо душвор созад. Дар сурати ҳатто пайдо шудани хурдтарин шубҳа ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед.

5. Аз ҳад зиёд қарз нагиред. Нисбат ба якчанд қарзи хурд, беҳтараш якто қарз гиред, ки пардохт карда тавонед. Чӣ қадре ки маблағи қарз хурдтар бошад, меъёри фоизаш маъмулан баланд ва баръакс, чӣ қадре, ки маблағи қарз зиёд бошад, меъёраш метавонад пасттар бошад.

6. Бо кортҳои қарзӣ эҳтиёткор бошед. Онҳо ба шумо барои дастрасӣ ба маблағҳои калон имкон медиҳанд, лекин метавонанд ба қарзи дарозмуҳлат оварда расонанд, агар вазъи молиявии шумо бад шавад.

7. Қарзҳои хурд (микрокредитҳо) ва экспресс-қарзҳо. Дар ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон фоизҳои қарз метавонанд хеле баланд бошанд. Аз шахсони воқеӣ умуман қарз гирифтанро тавсия намедиҳем, зеро онҳо ғайриқонунӣ кор мекунанд.

Чӣ метавон кард, агар қарз гирифтед, лекин пардохт кардан наметавонед?

Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки пардохтан ё худ баргардонидани қарз душвор мешавад. Агар чунин ҳолат пеш ояд, аз бонк пинҳон нашуда, роҳи ҳалли мушкилро биҷӯед.

1. Бо бонк тамос гиред. Агар вазъи молиявии шумо душвор шуда бошад, бонк метавонад вариантҳо пешниҳод кунад. Дар Тоҷикистон агар шумо ҳуҷатҳоеро дошта бошед, ки мушкил доштанатонро тасдиқ кунанд (масалан, маълумотнома дар бораи аз даст додани ҷойи кор ё камшавии даромад), имкон ҳаст, ки шартҳои қарз тағйирдода шаванд ё худ бозбинӣ шаванд.

2. Таътили қарзӣ. Агар даромади шумо ба андозаи 30% кам шуда бошад, бонк ба шумо метавонад таътил диҳад, яъне таъхири пардохтҳои қарз ба муҳлати якчанд моҳ.

3. Муфлисшавӣ. Агар маблағи қарз ниҳоят зиёд шавад, метавон ба анҷоми расмиёти муфлисшавӣ рӯ овард. Барои ин ба шумо лозим аст исбот намоед, ки барои баргардонидани қарз амвол надоред.

Акси марбута аз торнамои gazeta.a42.ru

Хулосаҳо

Қарз уҳдадориест, ки беҳтараш дар вақти зарурати шадид гирифтан лозим аст. Пеш аз гирифтани қарз, дурустакак ва ҷиддӣ фикр кунед, ки оё шумо даромади устувори баланд доред ва оё хавфҳо вуҷуд надоранд. Фаҳмидани шартҳои қарз ба мушкилоти молиявӣ дучор шуданро пешгирӣ мекунад.

Дар хотир дошта бошед, ки қарз хароҷоти доимӣ аст, ба мисли хӯрок харидан. Дар харидани ғизо сарфа кардан имкон дорад, лекин дар пардохтҳои маблағи қарз сарфа кардан муяссар намешавад.

Агар шумо ба имконоти молиявии худ бовар надошта бошед, пас сари ин саволҳо андешидан мувофиқи мақсад аст:

– шумо барои хароҷоти ногаҳонӣ ё худ ғайриинтизор захираи пул доред?

– оё кори шумо доимӣ ва устувор аст?

Агар ҳадди ақалл ба яке аз ин саволҳо ҷавоби манфӣ ё худ “не” бошад, пас беҳтараш аз қарзгирӣ даст кашидан лозим аст.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

0

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва раиси пешини Иттифоқи нависандагони кишвар 81-сола мешуд. Ӯ 25-уми марти соли 1945 таваллуд шудааст. Аммо дар баъзе сарчашмаҳои дигар соли таваллуди ӯ 1940 ва 1941 ҳам ишора шудааст. Шояд дар мавриди соли таваллуди шоиру драмматурги шинохтаи тоҷик баҳс вуҷуд дошта бошад, аммо дақиқан ин рӯз рӯзи Меҳмон Бахтӣ аст.

Меҳмон Бахтиро бо қаламкашиаш дар фазои адабиву фарҳангии Тоҷикистон хуб мешиносанд ва дар ҳавзаи форсӣ низ шӯҳратёр аст. Ӯ дар моварои 20 солагиаш ба эҷод даст зада, як силсила шеър, қисса, ҳикоя ва драммаҳо навишт.

Ӯ солҳои зиёд роҳбари Иттифоқи нависандагони кишвар буд, аммо дар дохилу хориҷ аз кишвар Меҳмон Бахтиро бештар чун драмматурги забардаст мешиносанд.

Аз ин лиҳоз, матлабе, ки пештар дар бораи Меҳмон Бахтӣ навишта шуда буд, дар рӯзи мавлудаш бознашр мешавад.

Дар ҳавзаи адабии Осиёи Марказӣ шинохта аст

Меҳмон Бахтӣ аз солҳои 1970 дар драмматургияи тоҷик ворид шуд ва дар ин ҷода аз худ мероси ғанӣ ба ёдгор гузошт.

Ато Ҳамдам, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва драмманависи шинохтаи тоҷик ба ин назар аст, ки Меҳмон Бахтиро на танҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар ҳавзаи адабии Осиёи Марказӣ чун драмманависи муваффақ мешиносанд.

“Песаҳои “Ошёни баланд”, “Лаҳзаи ҷовид” ва “Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…”, ки аз ҳаёту фаъолияти устод Мирзо Турсунзода, рӯзгори аввалин муаллимаҳои кӯҳистони Қаротегин ва ошиқиҳои ду ҷавон дар даврони мактабхонӣ қисса мекунад, хотирмонтарин драммаҳои Меҳмон Бахтӣ ба ҳисоб меравад”, – мегӯяд Ато Ҳамдам.

Ӯ таъкид мекунад, ки песаҳои таърихии “Фирдавсӣ”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Нангбардори Хуҷанд” болотарин арсаи эҷоди Меҳмон Бахтӣ буд ва инҳо дар берун аз кишвар ҳам борҳо ба саҳна гузошта шудаанд.

“Песаҳои Меҳмон Бахтӣ борҳо дар саҳнаҳои театри Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Украина ва Русия ҳам ба намоиш гузошта шудаанд. Инчунин, чандин маротиба “Грант-при” (Шоҳҷоиза) ба Тоҷикистон овардаанд. Ин ҳама муваффақияти Меҳмон ва муаррифии драмматургияи тоҷик дар берун аз Тоҷикистон буд”, – мегӯяд Ато Ҳамдам.

Ато Ҳамдам

Драмма ба Меҳмон шӯҳрат овард

Ба пиндори Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон ҳам, драмматургия дар эҷодиёти Меҳмон Бахтӣ мавқеи муҳим дорад.

Ӯ мегӯяд, Меҳмон Бахтӣ дар наср қувва озмуд ва чун қиссаҳои “Хусон” ва “Пирамард” асарҳои хонданӣ офарид, вале асарҳои хурду бузурги драммавиаш, сар аз “Лаҳзаи ҷовид” то “Захми забон”, “Фирдавсӣ” ва “Тилисми Сайҳун” мавқеъ ва шӯҳрати ӯро афзудаанд.

“Асарҳои Меҳмон, ки аз ҷониби коргардонҳои маъруф ба рӯи саҳнаи театрҳои Тоҷикистон ва берун аз он омада буданд, бо ҷаззобии мавзӯъ ва масъалагузорӣ дили бинандагонро тасхир мекарданд”, – мегӯяд Абдулҳамид Самад.

Абдулҳамин Самад

Нигоҳе ба таври нав ва ҷанобинии ҷадид

Иброҳим Усмонов, профессори риштаи филология ва яке аз дӯстони наздики Меҳмон Бахтӣ иброз медорад, ки ӯ асарҳои худро бештар бо нигоҳи ҷадид таҳия мекард.

Усмонов аз мазҳакаи “Роҳзан ва кӯзагар” ёд оварда, таъкид мекунад, ки Меҳмон Бахтӣ дар он қувваи инсонию инсондӯстиро ба молу чизпарастӣ муқобил гузоштааст ва ба қолаби ҳаҷв эҷод кардааст.

“Ҳаҷви Меҳмон Бахтӣ сареҳу сода ва нишонрас аст. Ҳар нуктаву ҳар маънияш ҷои худро дорад. Забони асар сода ва хеле форам аст. Ҳар як персонаж характери хоси худ, забони худро дорад. Бегумон, ин муваффақияти драмматург Меҳмон Бахтӣ аст”, – мегӯяд профессор Усмонов.

Иброҳим Усмонов

“Ба драматургияи тоҷик драмаҳои реалистиро ворид намуд”

Ҷумъа Қуддус, нависанда ва драмматург, ба ин назар аст, ки Меҳмон Бахтӣ ба драматургияи тоҷик драмаҳои реалистиро ворид намуда, дар мисоли “Эй ҷавонон, ҷавонӣ”, “Захми забон” ва “Аҷаб одаме” проблемаҳои иҷтимоию ахлоқиро ба миён гузошт.

Ба гуфтаи ӯ, ин песаҳо дар сатҳи хеле баланди касбӣ навишта ва ба саҳна гузошта шуда, сазовори ҷоизаҳои махсуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, дар Маскав нашр ва ба бисёр забонҳои дигар тарҷума шудаанд.

Ҷумъа Қуддус мегӯяд, ки Меҳмон Бахтӣ давоми солҳои 1960-1980 ба драмманависӣ пардохт ва дар драмматургияи тоҷик мақоми хосси худро соҳиб шуд, вале баъд бо сабабҳои гуногун аз ин ҷода дур шуд.

“Гап сари он аст, ки дар авохири солҳои 80-ум, ки зиндагӣ ба куллӣ тағйир ёфт, таҳаввулоти иҷтимоӣ ва баъдан ҷанги хунини шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Бо амри тақдир Меҳмон Бахтӣ аъзои советҳои гуногуни ҷамъиятии муҳофизати сулҳ таъйин шуд ва ин фаъолият аз ӯ вақт ва қувваи зиёд гирифт. Пас аз ин, барои он ки мардум ғами худро фаромӯш кунанд, наздики 20 сол дар бораи он ҳодисаҳои хунин наменавишт”, – мегӯяд Ҷумъа Қуддус.

Ин драмматург меафзояд, ки сабаби ба песаҳои таърихӣ пардохтан ин буд, ки андешаву афкори мардумро дигарбора тира насозад ва мехост бо навиштани песаҳои таърихӣ рӯҳияи мардумро дигарбора бедор созад.

Ӯ таъкид мекунад, ки “хусусияти асосии драматургияи Меҳмон Бахтӣ назари шоирона ба ҳаёт, муносибати нек нисбат ба персонажҳо, ҳамзамонон, шахсиятҳои таърихӣ буду боқӣ хоҳад монд”.

Ҷумъа Қуддус

Нигоҳе ба корномаи Меҳмон Бахтӣ

Бояд гуфт, ки Меҳмон Бахтӣ солҳои 1973-1977 мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутиро ҳам бар зимма дошт. Намоишномаҳои якпардагии ӯ “Шаҳидони роҳи озодӣ” ва “Бародарон” аз тариқи телевизион борҳо намоиш дода шудаанд. Муаллифи филмномаҳои мустанади “Корвони дӯстӣ” ва “Нуқра Раҳматова месарояд” мебошад.

Меҳмон Бахтӣ пас аз истиқлол намоишномаҳои таърихии “Фирдавсӣ”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Тилисми Сайҳун”-ро эҷод кард. “Фирдавсӣ” ва “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” дар фестивал-озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сазовори Шоҳҷоиза гардидаанд.

“Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ба ифтихори ҷашни 1100-солагии Исмоили Сомонӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шуда, “Нангбардори Хуҷанд” дар барномаи театри номбурда мақоми шоистаеро соҳиб гардидааст.

Соли 1997 нашрияи “Сурӯш” (Теҳрон) намоишномаи “Фирдавсӣ”-ро ба хатти форсӣ ба табъ расонда, соли 2001 “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”-ро нашриёти адабии Димишқ (Сурия) ба забони арабӣ аз чоп баровардааст.

Аз чап ба рост: Камол Насруллоҳ, Ҷӯрабек Муродов, Меҳмон Бахтӣ

Ба иловаи ин, асарҳои “Сабзпарии Душанбе”, “Доғе аз зоғе”, “Зуҳра – сайёраи ишқ”, “Тангкӯча” дар театрҳои касбӣ ва халқии вилоятӣ ба саҳна гузошта шудаанд.

Меҳмон Бахтӣ асосгузори барномаҳои машҳури телевизионии “Чойхонаи дилкушо”, “Ҳодӣ ва Шодӣ”, “Дар олами адаб”, “Беғараз панд”, “Майдон аз далер аст” ва ғайра ҳам дониста мешавад.

Зиндаёд Меҳмон Бахтӣ соли 1986 Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1988 Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1994 унвони ифтихории Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва соли 2014 медали адабии байналмилалии ба номи М.Достоевскийро гирифтааст.

Бо ордени “Шараф” ва “Исмоили Сомонӣ” мукофотонида шудааст.

Меҳмон Бахтӣ ва аҳли зиё якҷо бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ёдовар мешавем, ки Меҳмон Бахтӣ дар охири умраш ду давра дар солҳои 2004 ва 2009 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ интихоб шуда буд.

Меҳмон Бахтӣ 25-уми марти соли 1941 дар ноҳияи Ғарм чашм ба олам кушода, 19-уми майи соли 2022 дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз дунё даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супориданд.

Ёдаш ба хайр!

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

0

Моҳи феврали соли гузашта қарор дар бораи бекор шудани реҷаи раводид байни Тоҷикистон ва Эрон барои равуо тариқи ҳавопаймоҳо ба ҳамаи шаҳрҳо ба ҳукми иҷро даромад. Ба туфайли ин, омор чӣ гуна тағйир ёфт?

Ёддошт дар бораи бекор шудани реҷаи раводид байни кишварҳо дар ҷараёни сафари собиқ президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2023 ба имзо расид.

Тобистони соли 2024 ҳуҷҷатҳои дахлдор таҳия ва аз ҷониби парлумонҳои ҳарду кишвар маъқул дониста шуданд. Аз 10 августи соли 2024 реҷаи раводид миёни Душанбе ва Теҳрон бекор карда шуд.

Рӯзи 3 феврали соли соли 2025 қарор дар бораи бекор шудани реҷаи раводид байни Эрон ва Тоҷикистон барои парвоз ба ҳамаи шаҳрҳо мавриди амал қарор гирифт.

Аз ҳамон дам шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки шиносномаи умумии шаҳрвандӣ ва хориҷӣ доранд, дар муҳлати 30 рӯз дар давоми давраи 90-рӯза метавонанд дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар ҳузур дошта бошанд.

Қобили зикр аст, ки реҷаи бераводиди сафар танҳо ба равуо бо ҳавопаймо дахл дорад. Барои убури марз тариқи роҳи заминӣ ё кишварҳои сеюм, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон бояд рапводид ба расмият дароранд.

Чӣ натиҷа ҳосил шуд?

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар муқоиса бо соли 2024, ки теъдоди сайёҳон аз Эрон ба 6804 нафар баробар буд, соли 2025 он то 11 866 нафар афзудааст.

Фарқият 5062 нафар ё худ 74,3%-ро ташкил медиҳад. Ба ин тариқ, аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20-гонаи аввали кишварҳо мақоми 8-умро касб кард.

Дар зинаи аввал дар ин самт Ӯзбекистон қарор дорад.

Теъдоди вуруди сайёҳон аз Тоҷикистон ба Эрон низ зиёд шуд. Соли 2024 678 нафар ва соли 2025 – 938 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Эрон боздид кардаанд. Фарқият 260 нафар ё худ 38,35%-ро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, имсол маълум шуд, ки нархи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон барои ширкатҳои маҳаллӣ ва байнулмилалӣ поин рафт. Ба хатсайрҳо ба Эрон низ.

Акнун арзиши билетҳои ҳавопаймо барои ширкатҳои ҳавопаймоои ватанӣ ва хориҷӣ ба андозаи 25-30% поин рафт. Директори Агентии авиатсияи граждании кишвар Ҳабибулло Назарзода зикр кард, ки ин ба туфайли 40% тахфиф ба хидматрасонӣ, ки фурудгоҳҳои кишвар ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ пешниҳод намуданд, инчунин зиёд кардани шумори хатсайрҳои ҳавоӣ дар доираи сиёсати “фазои “боз” муяссар шудааст.