Соли 2007 – Раиси Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷозеф Блаттер ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Муҳаммад Бин Ҳаммом дар шаҳрҳои Норак ва Данғара ду майдони муосири мини-футболро ифтитоҳ карданд.
Соли 2010 – Дар Душанбе мурофиаи аввалин оид ба даъвои додрасҳо бар зидди се нашрияи мустақил, аз ҷумла “Азия-Плюс” баргузор шуд.
Аз фармондеҳи Сипоҳи посдорону шаҳрдори Теҳрон то раиси Маҷлис
Муҳаммадбоқир Қалибоф, сиёсатмадори муҳофизакор ва яке аз чеҳраҳои шинохташуда дар Эрон аст, ки таҷрибаи васеъ дар соҳаҳои низомӣ ва шаҳрвандӣ дорад ва беш аз 40 сол дар вазифаҳои сиёсӣ ва амниятӣ кор кардааст. Вай солҳо бо раҳбари олии Эрон ва Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ пайванди наздик дошту дорад. Ӯро яке аз ёрони Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон медонанд.
Ӯ, ки соли 1961 дар Турқабаи Машҳад таваллуд шудааст, яке аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар давраи ҷанг бо Ироқ буд ва дар тӯли фаъолияти худ бисёре аз ниҳодҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқро роҳбарӣ кардааст.
Вақте ки ӯ ба Сипоҳи посдорон пайваст, синнаш камтар аз 20 буд ва дере нагузашта, фармондеҳи дастаи “Имом Ризо”, яке аз қӯшунҳои асосии Хуросон шуд.
Ӯ ин мақомро то охири ҷанг қариб ишғол кард ва пас аз ҷанг, фармондеҳи дивизияи 25-уми Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар Карбало шуд. Вақте ки пас аз ҷанг ба Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рутбаи муодили артиш дода шуд, ба фармондеҳони қушунҳо рутбаи генерал дода шуд ва Қолибоф, ки ҳанӯз 30-сола набуд, яке аз ҷавонтарин генерал шуд. Ӯ инчунин муддате пас аз ҷанг ба ҳайси муовини фармондеҳи нерӯҳои муқовимати Басиҷ кор кардааст.
Қолибоф соли 1994 фармондеҳии пойгоҳи бозсозии “Ҳотам-ул-Анбиё”-ро ба ӯҳда гирифт, вақте ки он яке аз шохаҳои иқтисодии Сипоҳи посдорон буд. Се сол пас (1997), фармондеҳи Нерӯҳои ҳавоии Сипоҳ шуд. Дар ин давра ӯ инчунин идораи ҳавопаймоҳои мусофирбарро омӯхта, дар Фаронса курси идораи ҳавопаймоҳои Airbus-ро хатм карда, халабони ширкати ҳавопаймоии Эрон шуд.
Соли 1999 дар қатори фармондеҳони дигари Сипоҳи посдорон, аз ҷумла Алии Лориҷонӣ дар номае ба раисҷумҳури ислоҳталаб Муҳаммад Хотамӣ эътирози донишҷӯён дар он солро таҳдид ба амнияти миллӣ дониста, дахолати мустақилонаи Сипоҳро дар хомӯш кардани он зарурӣ номид. Ӯ як сол пас, соли 2000-ум фармондеҳи пулис шуд ва то соли 2004 дар ин мақом кор кард.
Пас аз ин, бо фармони Муҳаммад Хотамӣ, раисҷумҳури вақти Эрон, сардори Ситоди мубориза бо қочоқи мол ва асъор шуд ва як сол дар ин мақом кор кард. Баъди шикаст дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2005, шаҳрдори Теҳрон шуд ва то соли 2017 дарозумртарин шаҳрдори пойтахти Эрон буд.
Ӯ ҳадафи асосии худро дар шаҳрдорӣ табдил додани он аз як муассисаи хидматрасонӣ ба як муассисаи иҷтимоӣ ва кӯтоҳ кардани масофа байни ҷануб ва шимоли Теҳрон медонист.
Шикаст дар чаҳор интихоботи раёсатҷумҳурӣ
Қалибоф бо таърихи фармондеҳии Сипоҳи посдорони Эрон, нерӯҳои пулис ва 12 сол шаҳрдори Теҳрон, ба як шахсияти маъруф табдил ёфт ва соли 2020 раиси парлумон шуд. Ӯ чаҳор маротиба номзад ба мақоми раисҷумҳури Эрон буд ва дар марҳалаҳои гуногун ноком шуд.
Аз ҷумла, ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2005 бо 13,8 фоизи овозҳо дар ҷои чорум қарор гирифт. Дар он вақт, ӯ аз дастгирии васеъ дар байни ҷавонон бархӯрдор буд. Дар корзори пешазинтихоботиаш бо сабки муосир пайдо мешуд: аксбардорӣ бо костюми сафед, либоси халабон бо айнаки офтобӣ ва нишастан дар кабинаи ҳавопаймои Airbus.
Аммо ин усул дар ниҳоят баръакс натиҷа дод ва дар ниҳоят боиси шикасти ӯ дар интихобот аз ҷониби номзади муҳофизакортар Маҳмуд Аҳмадинажод гардид. Муҷтабо Хоманеӣ, ки он вақт рӯҳонии ҷавон ва ҳоло раҳбари нави олии Эрон аст, аз Аҳмадинажод дастгирӣ кард.
Дар интихоботи соли 2013 бо 16,6 фоизи овозҳо дар ҷои дуюм қарор гирифт ва аз Ҳасани Рӯҳонӣ шикаст хӯрд.
Ин интихоботро, ки дар таърихи Эрон ёздаҳум буд, яке аз пуртазодтарин интихоботҳо дар Ҷумҳурии Исломӣ меноманд. Панҷ номзади муҳофизакор бо ду номзади ислоҳотхоҳ ва мӯътадил байни ҳам рақобат карданд.
Пеш аз оғози бақайдгирӣ, шумораи номзадҳои муҳофизакор ба қадри кофӣ зиёд буд, ки якчанд эътилоф ташкил диҳанд. Яке аз муҳимтарин эътилофҳо, ки бо номи 2+1 маъруф аст, аз ҷониби Ғулом Алӣ Ҳаддод Одил, Алиакбар Вилоятӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф ташкил карда шуд. Нақша буд, ки яке аз ин се нафар дар ниҳоят интихоб шавад.
Аммо ихтилофот боис шуд, ки ҳар се нафар дар баҳс рӯ ба рӯ шаванд. Дар яке аз баҳсҳои пешазинтихоботӣ, ки Қолибоф, Вилоятӣ ва Ҳаддоди Одил ширкат доштанд, якдигарро чунон танқид карданд, ки Муҳсин Ризоӣ, номзади дигаре, ки дар баҳс ҳузур дошт, аз ин се нафар пурсид, ки чӣ гуна онҳо бо чунин ихтилофоти асосӣ эътилоф ташкил кардаанд.
Ҳаддод Одил пеш аз раъйдиҳӣ аз номзадии худ даст кашид ва чаҳор номзади дигари муҳофизакор раъйҳои ҷонибдорони ин ҷиноҳро байни худ тақсим карданд.
Аммо, раъйи умумии ҳамаи муҳофизакорон дар он давра ба 50% нарасид ва Ҳасан Рӯҳонӣ дар марҳилаи аввал рақибони худро мағлуб кард ва президент шуд.
Дар бӯҳрони кунунӣ, ӯ ҳамчун миёнҷигаре дида мешавад, ки метавонад табақаи сиёсӣ, сохтори рӯҳонӣ ва дастгоҳи амниятиро бо ҳам пайваст кунад. Ба назар мерасад, ки ӯ пас аз кушта шудани шахсиятҳои калидӣ дар Эрон, махсусан баъди қатли Алии Лориҷонӣ, нақши ҳамоҳангсозро дар маркази қабули қарорҳо ба ӯҳда гирифтааст.
Бо вуҷуди тахминҳо дар бораи нақши эҳтимолии ӯ ҳамчун музокиракунанда дар хориҷа, бисёриҳо бар он ақидаанд, ки танҳо ӯ салоҳияти низомӣ ё диниро надорад, ки тамоми сохтори қудратро дар Эрон тасаллӣ диҳад. Ӯ дар ниҳоят дар дохили шабакаи васеътари қудрат, ки аз ҷониби мақомоти амниятӣ ва фармондеҳони Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ташкил шудааст, фаъолият мекунад ва одатан нисбат ба масъалаҳои роҳбурдӣ равиши нисбатан ҳамоҳанг дорад.
Бо назардошти ин нукта, наметавон гуфт, ки Қолибоф он нафаре аст, ки дар шароити кунунӣ бидуни мувофиқа бо нерӯҳои аслии мудир бар низом дар Эрон, тасмими ниҳоӣ бигирад. Ӯ як ходими низом аст ва ҳар тасмиму ҳарфи худро дар доираи сиёсати муайянкардаи он ва ба нафъи он хоҳад гирифт ва гуфт. Низоме, ки Амрикову Исроил аз оғози ҷанг талош доранд суқут диҳанд, аммо ноком шудаанд.
Аз соли 1994 Мӯъмин Шокиров ба рӯзноманигорӣ рӯ овард ва дар рӯзномаҳои “Литературная газета” ва “Новая газета” кор кард. Аз соли 1994 бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошта, то соли 2012 хабарнигори вижаи он буд.
Мӯъмин Шокиров ҳамчун муаллифи як қатор филмҳо ва барномаҳо шӯҳрат пайдо кардааст. Филми мустанади ӯ “Ҳолокост – Оё ин часпони зардевор аст?” яке аз намунаҳои беҳтарини филми ӯст. Ӯ барномаҳои телевизионии “Экспресси Шарқӣ” ва “Формулаи синамо”-ро роҳандозӣ кардааст.
Ҳоло ин коргардон ва рӯзноманигор дар Маскав кору зиндагӣ мекунад.
Рӯзи 29-уми марти соли 1998 дар Лиссабон тӯлонитарин пули Аврупо, ки барои намоишгоҳи ҷаҳонии “ЭКСПО-98” сохта шуда буд, мавриди истифода қарор гирифт. Дарозии умумии он 17 185 метр буда, қисми болои обаш 10 км-ро ташкил медиҳад. Баландии қисми марказии он 47 метрро ташкил медод, то киштиҳои бузург битавонанд аз зери он гузаранд.
Пеш аз ин гурӯҳҳои дигари ҳамсӯ (ё ҳампаймон) бо Эрон ба монанди “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ва Муқовимати Исломии Ироқ дар ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломӣ вориди даргирӣ бо Амрико ва Исроил шуда буданд.
Ҳусиҳо як гурӯҳи шӯришиёни маҳаллӣ дар Яман ҳастанд, ки қисматҳое ин кишвар, аз ҷумла, шаҳри Санъо, пойтахти Яманро дар даст доранд. Онҳо аз Эрон ва Фаластин ҷонибдорӣ ва ҳамлаи Исроил ба ин кишварҳоро маҳкум мекунанд.
Ҳангоми бомбборони Ғазза аз сӯйи Исроил, Ҳусиҳо пайваста киштиҳои тиҷоратӣ бо парчами ин кишвар ва Амрикоро зери ҳамла қарор дода, ба Исроил ҳам чанд бор мушак партоб карда буданд.
Амрико дар аввалин рӯзи ҷанг мактаберо мушакборон кард, ки дар он кӯдакон таҳсил мекарданд. Ин зарбаҳои мушакӣ чанд бор такрор шуд ва дар пайи он қариб 170 кӯдак кушта шуд.
Дар оғоз Трамп ва вазири ҷангаш бо тамоми ҳастӣ талош карданд ҷинояти худро ба зиммаи Эрон вогузор кунанд, аммо баъдтар, мақомоти таҳқиқотӣ ва иктишофии ИМА эътироф карданд, ки ин кори дасти нерӯҳои Амрико аст.
Ҳамакнун, Кунгураи ИМА ҳам ба ин таваҷҷуҳ карда, санҷишро оғоз кардааст. Нерӯҳои мухолифи Трамп ва маъмурияти ӯ, расонаҳои рӯ ба демократхоҳон ҳам ҳарчӣ бештар ба куштори кӯдакон дар мактаби шаҳри Минор ишора мекунанд. Ва дақиқ аст, ки дар оянда, дар маъракаҳои интихоботӣ ин ҷиноят доғе барои Трамп ва тимаш хоҳад буд ва эҳтимол дорад, дар ниҳоят, поёни кори ӯ бошад.
Аввалин истеъфо
Ҳаждаҳ рӯз пас аз оғози ҷанг, Ҷозеф Кент, раиси Маркази миллии мубориза бо терроризми Амрико дар эътироз ба ҷанги Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон аз мақоми худ истеъфо дод. Ӯ каме бештар аз як сол дар ин мақом кор кард.
Ӯ дар саҳифаи Х навишт, “ман наметавонам бо виҷдони ором аз ҷанги кунунӣ бо Эрон пуштибонӣ кунам”.
“Эрон барои кишвари мо ҳеҷ таҳдиди фаврие эҷод накарда буд. Маълум аст, ки мо ин ҷангро аз сабаби фишори Исроил ва лоббии пурқудрати амрикоии он оғоз кардем”- навиш Кент.
Баъдтар Кент ба Такер Карлсон, рӯзноманигори замоне тарафтори ғояҳои Трамп, аммо мунтақиди Натаняҳу ва ҷиноятҳои артиши Исроил дар Ғазза, мусоҳиба дод ва бори дигар ҷанг дар Эронро “хостаи Исроил” гуфт. Такер Карлсон, ки дар ҷомеаи Амрико аз ҷонибдории зиёд бархӯрдор аст ва рӯзноманигор афкорсоз дониста мешавад, аз ҷанги Амрико ва Исроил дар Эрон ошкор интиқод мекунад.
Бо назардошти руҳияи зиддиҷангии афзоянда дар ИМА эҳтимол аст, ин охирин истеъфо дар маъмурияти Трамп набошад.
Тангаи Ҳурмуз
Тангаи Ҳурмуз, ки ҳудуди як панҷуми нафти содиротии ҷаҳон аз он мегузарад ва аз масирҳои баҳрии муҳим дар низоми иқтисоди ҷаҳон ба шумор меравад, то оғози ҷанг боз буд ва киштиҳои боркаш бидуни маҳдудият ҳаракат доштанд. Баъди оғоҳи ҷанг, Эрон онро ба рӯйи “киштиҳои душман” баст. Ва ин боиси қатъи гардиши киштиҳо шуд ва нархи нафтро якбора боло бурд.
Ҳоло сокинон Амрико шикоят доранд, ки нахи сӯзишворӣ боло рафтааст. Дар аврупо ҳам шикоятҳо аз гаронии нархи маводи сӯхт ва газ афзоиш меёбад. Дар кишварҳои алоҳида, мисли Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Бангладеш якбора маводи сӯхт камчин шуд.
Дар пайи афзоиши нархи нафт, Доналд Трамп аз кишварҳои ҳампаймонаш хост, дар бозгушоии ин танга кӯмак кунанд, аммо посухи рад гирифт.
Баъд ба Эрон таҳдид кард, ки “агар дар 48 соати оянда тангаи Ҳурмузро ба таври комил ва бидуни ҳеч таҳдиде боз накунад, Иёлоти Муттаҳида нерӯгоҳҳои мухталифашро ҳадаф қарор дода ва нобуд хоҳад кард”.
Мақомоти Ҷумҳури Исломӣ ҳам ба ин таҳдиди Трамп бо таҳдид посух доданд ва гуфтанд агар ба зерсохтори сӯзишворӣ ва энерҷии Эрон ҳамла шавад, “тамоми зерсохтҳои энерҷӣ, фановарии иттилоотӣ ва обширинкуни мутааллиқ ба Амрико ва режим (Исроил) ҳадаф қарор хоҳанд гирифт”.
Пас аз чанд соати ин зарбулаҷал, Трамп поёни онро интизор нашуда, аз “музокироти хуб” бо мақомоти Эрон ва то 5 рӯз таъхир дар зарба ба пойгоҳҳои энерҷии Ҷумҳурии Исломӣ хабар дод. Баъдтар поёни ин панҷ рӯзро ҳам интизор нашуд ва онро то ба 10 рӯз тамдид кард. Аммо тангаи Ҳурмуз ҳанӯз барои киштиҳои “кишварҳои душман” баста боқӣ мемонад. Ва ҳамакнун, Эрон аз қоидаҳои нави убур аз ин танга ва пардохти хироҷ сухан мекунад.
Бозгашт ба охирин рӯзи зимистони соли 2026?
Доналд Трамп, ки бо хабарнигорон дар Палм Бичи Флорида суҳбат дошт, гуфт, “мехостем бузургтарин нерӯгоҳҳои барқии онҳоро (Эронро) бо як зарба аз байн барем. Онҳо бояд фурӯ мерафтанд. Барои ҳамин онҳо (мақомҳои эронӣ) занг заданд. Ман занг назадам. Онҳо занг заданд ва мехоҳанд созиш кунанд”.
Мақомоти Эрон дар зудтарин фурсат ин иддаои Трампро рад карданд ва гуфтанд, “ҳеҷ гуфтугӯе миёни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надорад” ва ин изҳороти раисҷумҳури Амрико “талош барои коҳиши қимати энерҷӣ ва касби замон барои тарҳҳои низомӣ аст”.
Дар идома суҳбати худ Трамп гуфт, Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна бо як мақоми баландпояи Эрон сӯҳбат кардааст, аммо аз ифшои номи он мақоми эронӣ худдорӣ карда, зикр кард, ки “ин мақом раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ Муҷтабо Хоманаӣ нест”.
Ӯ танҳо зикр кард, ки “… мо бо касе рӯбарӯ ҳастем, ки ба андешаи ман, аз ҳама мӯътабартарин ва раҳбари асосӣ аст”.
Трамп гуфт, музокирот рӯзи якшанбе оғоз шуд, ду тараф дар бораи “нуктаҳои асосӣ” ба мувофиқа расиданд, он идома хоҳад ёфт ва агар самаранок гузарад, мо ба зудӣ ба созиш мерасем.
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон ба ин суханҳои Доналд Трамп зуд вокуниш кард ва дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки “ҳеҷ гуна музокирот ба Амрико нест” ва Трамп “хабарҳои ҷаълӣ” паҳн карда, талош дорад ба нархи нафт таъсир расонад.
Аббос Ароқчӣ ҳам таъкид кард, ки “ҳеҷ гуфтугӯе миёни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надорад”. Аммо эътироф кард, ки паёмҳое аз кишвари сеюм (бештар аз ҳама номи Покистон гирифта мешавад) гирифтаву ба он паёмҳо посух додаанд. Аммо он паём чӣ буд ва ба он чӣ посух дода шуд, маълум нест.
Дар ин миён, расонаҳои ҷаҳон аз рӯйхати талаби ду кишвар хабарҳо нашр мекунанд. Бино ба он рӯйхат, ки расонаҳо бо такя ба манобеи гуногун иттилоъ медиҳанд, Амрико аз Эрон ҳамоно маҳви комили барномаи ҳастаӣ, танзими барномаи мушакӣ ва даст кашидан аз сарпарастии нерӯҳои муқовиматгар дар Ховари Миёнаро талаб дорад. Эрон бошад, баръакс, эътирофи барномаи ҳастаии сулҳомез, пардохти ҷуброн, ҷорисозии қоидаҳои нави убури тангаи Ҳурмуз, кафолати амниятиро талаб кардааст.
Мақомоти расмии ҳеҷ яке аз ин кишварҳо ин талабҳоро шарҳ надодаанд. Аммо пас аз як моҳи ҷанг, Доналд Трамп ҳарчи бештар аз музокирот ҳарф мезанад ва чунин ба назар мерасад, ки кор ба он нуктае, ки охири зимистони сои 2026 қатъ шуда буд, яъне музокира мерасад.
Талафот
Дар ин миён, Исроил ба зарбаҳои ҳавоии худ идома медиҳад ва аз он шикоят дорад, ки Эрон бо мушахҳои қавӣ ва манъшуда ба қаламраваш зарба мезанад. Аммо паёмадҳои ин зарбаҳо ва талафоти онро ошкор намекунад.
Филм дар бораи анъанаҳо, фишори ҷомеа ва сарнавишти зан қисса мекунад. Коргардон низ дар он ширкат мекунад ва баъди намоиш ҳозирин имкон доранд ба саволҳои худ мустақим посух гиранд ва андешаҳояшонро пиромуни филм баён кунанд.