Home Blog Page 19

Ҷазои ду нафар барои аз таҳсил дур кардани фарзандонашон

0

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон ҷазо додааст. ҳар яке беш аз 200 соат ба корҳои ҳатмӣ ҷалб шудаанд. Ин ниҳод гуфтааст, ҳарду волидайн кӯдаконашонро ба Русия бурдаанд, ки дар натиҷа, онҳо чанд сол аз таҳсил дур мондаанд.

Манбаъ аз якеи онҳо М.С.П. ном бурда гуфтааст, ин зан аз декабри соли 2017 то декабри соли 2025 барои гирифтани таҳсили духтари 17-солааш монеъ шудааст. Ин ноболиғ аз барномаи таълимӣ 8466 соат дур мондааст.

Модари ноболиғ дар мурофиа гуфтааст, ки ӯ бо аҳли оилааш моҳи декабри соли 2017 барои кор ба Русия рафтааст ва ба ин сабаб фарзандаш баъди хатми синфи 3-юм минбаъд таҳсилро идома надодааст.

Додгоҳи Исфара навиштааст, ки ин зан моҳи октябри соли 2022 ба Тоҷикистон баргаштааст, вале бинобар фавти шавҳараш “духтараш фарзанди хурдсолашро нигоҳубин кардааст”.

Волидайни дигар низ, моҳи сентябри соли 2023 бо ҳамроҳи оилааш ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст, ки бо ин сабаб фарзанди ноболиғаш С.Ҳ.С. баъди хатми синфи 5-ум таҳсилро идома надодааст. Ин хонавода моҳи октябри соли 2025 ба Тоҷикистон баргаштаанд.

“Шаҳрванд С.С.С аз моҳи сентябри соли 2022 то моҳи январи соли 2026 барои гирифтани маълумоти миёнаи умумии фарзанди ноболиғаш С.Ҳ.С монеъ шудааст, ки дар натиҷа номбурда аз барномаи таълимӣ 3352 соат, ки 639 рӯзро ташкил медиҳад, қафо мондааст”,-навиштааст манбаъ.

Мақомот гуфтаанд ҳардуи ноболиғон ҳоло дар мактаб ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Додгоҳ ҳарду волидайни хонандагонро барои “монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ” (моддаи 164-и КҶ) гунаҳгор дониста, нисбати якеи онҳо ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 200 соат ва дигарӣ 220 соат таъин кардааст.

Маълум нест ҳукми додгоҳ кай содир шудааст. Вале он рӯзи 12-уми март дар сомонаи Додгоҳи Исфара нашр шуда, имрӯз ба дасти мо расид.

Назари волидайни хонандагон дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Бояд гуфт, масъалаи аз таҳсил дур мондани кӯдакони муҳоҷирон дар Русия нав набуда борҳо тоҷикон аз қабул нашудани фарзандонашон дар мактабҳои ин кишвар шикоят кардаанд.

Пештар Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз таҳсил дур мондани фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард ва гуфт “омори дақиқи кӯдакони дар ин кишвар қарордошта мавҷуд нест”. Ба иттилои вазир соли гузашта 9 ҳазор хонандаи тоҷик, ки дар мактабҳои Русия мехонданд, ба ватан баргашта, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон соли гузашта барои аз таҳсил дур кардани фарзандон нисбати волидайни онҳо 331 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

0
Минобр

Дар Тоҷикистон аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад. Ҷашнвора имсол бо унвони “Фурӯғи маърифат” доир шуда, давоми ин рӯзҳо дар шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ бо иштироки адибон, олимон ва коршиносон ва намоишу фурӯши китоб ва дигар барномаҳо тарҳрезӣ шудаанд.

“Азия-Плюс” аз Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар замону макони оғозу ҷамъбасти ҷашнвора ва чорабиниҳоеро, ки давоми “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” доир мешаванд, маълум кард.

Ба иттилои манбаъ, ҷашнвора рӯзи 2-юми апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ифтитоҳ мешавад.

Аз соати 10:00 то 11:00 дар саҳни Китобхона намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, аз ҷумла китоби “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, дастранҷи кўдакону наврасон доир шуда, кӯдакону наврасон бо адибон суҳбат ва порчаҳои шеърӣ қироат мекунанд. Ҳамчунин, намоишҳои театрии Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак ва Сирки давлатӣ дар назар аст.

Соати 11:00-и ин рӯз бошад, дар толори дохили Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар бо иштироки адибон ва намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ва Иттифоқи нависандагон ифтитоҳи расмии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” сурат мегирад.

Кай ва дар куҷо дар доираи ҷашнвора барномаҳо доир мешаванд?

Ба иттилои Китобхонаи кӯдаконаи ба номи Мирсаид Миршакар, барномаи чорабиниҳои “Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон” дар шаҳру навоҳии кишвар чунин аст:

Рӯзи 3-юми апрел, соати 10:00 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав. Суроға: кўчаи Исмоили Сомонӣ; рақам барои тамос:  8315531003, 872757000;

– Рӯзи 3-юми апрел, соати 10:00 дар мактаби рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур. Кўчаи Дўстии халқҳо 80/1; рақам барои тамос: 987134433, 888222078;

– Рӯзи 3-юми апрел, соати 14:00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода. Суроға: кўчаи М. Турсунзода, 39; рақам барои тамос: 904043630, 313021330;

– Рӯзи 4-уми апрел, соати 10:00 дар китобхонаи филиали 10-и ноҳияи Варзоб. Суроға: ҷамоати деҳоти Деҳмалик; рақам барои тамос: 938600177, 83153521014;

Акси марбут аз "Ховар"

– Рӯзи 4-уми апрел, соати 10:00 дар мактаби рақами 129-и ноҳияи Фирдавсӣ. Суроға: маҳаллаи Гулпарвар, рақам барои тамос: 919977200, 903038404;

– Рӯзи  6-уми апрел, соати 10:00 дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод. Суроға: кўчаи И. Сомонӣ 54; рақам барои тамос: 935313053, 935588981, 8313532281;

– Рӯзи  6-уми апрел, соати 10:00  дар мактаби рақами 44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Суроға: хиёбони Рўдакӣ 170; рақам барои тамос: 918949467, 200806391;

– Рӯзи 6-уми апрел, соати 14:00 дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун. Суроға: шаҳри Роғун, кўчаи Истиқлол, 61; рақам барои тамос: 8313421639, 111104450;

– Рӯзи 7-уми апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор. Суроға: кўчаи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Ҳ. Назаров 1; рақам барои тамос: 8313926791, 073108484;

– Рӯзи 7-уми апрел, соати 10:00 дар Мактаб-интернати 1. Суроға: кўчаи Гипрозем 9; рақам барои тамос: 2312467, 918757528, 988630005;

– Рӯзи 8-уми апрел, соати 10:00 дар Китобхона-филиали рақами 31-и      ноҳияи Рўдакӣ. Суроға: Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Марғзор; рақам барои тамос: 901811007, 005337171, 8313722362, 939235582

– Рӯзи 8-уми апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат. Суроға: кўчаи 20-солагии Истиқлолият; рақам барои тамос: 909009378, 907922932, 8313622192.

Бояд гуфт, интихоби мавзуъ озод буда, аз ҷониби созсондиҳандагон интихоб мешавад. Идораҳои маориф ва фарҳанги шаҳру навоҳӣ, идораи рӯзномаю маҷаллаҳои кӯдакона, нашрияҳои давлаттӣ ва хусусӣ, Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон ва мактабҳои бачагонаи шаҳру навоҳии кишвар масъули баргузории чорабиниҳо дар доираи ҷашнвора мебошанд.

Барномаи ҷамъбастии ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” рӯзи 16-уми апрел дар назар аст. Чорабинии ҷамъбастӣ соати 10:00 дар Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар доир мешавад.

Дар ин рӯз низ аз соати 9:00 то 10:00 дар саҳни ин китобхона намоиш ва фурӯши китобҳо ва барномаҳои рангини театрӣ баргузор шуда, соати 10:00 дар толори дохили китобхона барномаи фарҳангӣ бо унвони “Тараннуми китоб” барпо мешавад. Ҳамчунин, ба иттилои масъулин, дар ҷамъбасти ҷашнвора ба иштирокдорон ва созмондиҳандагони фаъол туҳфаҳо супорида мешавад.

Бояд гуфт, “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” дар Тоҷикистон ҳамасола дар аввали моҳи апрел доир мешавад ва он барои дӯстдорони адабиёти кӯдакона имкон фароҳам меорад, ки бо осори охирини барои кӯдакон эҷодшуда шинос шуда, барои дидор бо адибон фурсат пайдо кунанд. Аммо бархе адибон имрӯз аз шеваи баргузории маҳфилҳои адабӣ ва вохӯрӣ бо адибон дар шаҳру навоҳии кишвар норизоӣ мекунанд. Аз ҷумла, соле пеш Азизи Азиз, нависандаи тоҷик, ки барои кӯдакон эҷод мекунад, ба ин нукта ишора карда, гуфта буд, “дар Тоҷикистон ҳафтаи китоби кӯдакон мешавад: рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

0
Выставка-ярмарка образования | Фото

Дар соли 2026 аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маорифи Тоҷикистон қариб 14 млрд сомонӣ маблағ ҷудо мешавад. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, маблағи пешбинишуда дар муқоиса бо соли 2025-ум 25,4% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

“Соли 2025 хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 10 млрд 909 млн 496 ҳазор сомонӣ ё худ 6,6% аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва 21,1% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил дода буданд”, – гуфтанд аз вазорат.

Соли 2025 маблағҳои буҷет ба чунин самтҳо равона шуда буданд:

  • таҳсилоти умумӣ – 6 млрд 195 млн сомонӣ (афзоиш 35,6%);
  • таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – 576,2 млн сомонӣ (афзоиш 18,7%);
  • таҳсилоти томактабӣ – 606,9 млн сомонӣ (афзоиш 21,9%);
  • таҳсилоти олии касбӣ – 1 млрд 511 млн сомонӣ (афзоиш 22,1%);

дигар хароҷоти соҳа – 1 млрд 511 млн сомонӣ, (афзоиш 40%).

Дар муқоиса бо соли 2024 маблағгузорӣ 2 млрд 677 млн сомонӣ зиёд шуд, ки ба 32,5% баробар аст. Соли 2024 буҷети соҳаи маориф 8 млрд 231 млн 867 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ифтитоҳи мактабу корхона ва ширкат дар ҷашни Наврӯз дар Мастчоҳ. Рӯзи дуввуми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафараш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ чанд мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳои истеҳсолиро ифтитоҳ карда,  дар ҷашни Наврӯз ширкат ва суханронӣ кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, чорабинии наврӯзӣ шоми 30-юми март дар варзишгоҳи марказии Мастчоҳ баргузор гардид ва дар он Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии соли нави аҷдодӣ – Наврӯз табрик гуфт.

Ӯ зимни суханрониаш гуфт, дирӯз дар ин ноҳия 13 муассисаи нави таълимӣ, беморхонаи марказӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти дигар ифтитоҳ шудааст. 

“Танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 38 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст”,-гуфтааст раисҷумҳур.

Пас аз суханронии ӯ, бо ширкати ҳунармандон барномаи фарҳангӣ сурат гирифтааст.

Дар Мастчоҳ кадом иншоот ифтитоҳ шуд?

Аз ҷумла, дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён кӯдакистони “Суғдиён” ифтитоҳ гардидааст, ки барои тарбияи беш аз 300 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Дар ин ҷо 30 парастор бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Кӯдакистон дорои 15 ҳуҷра ва 10 гурӯҳ буда, дар он ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, мусаввирӣ, машғулиятҳои амаливу зеҳнӣ сохта шудааст.

Раисҷумҳур ба таври фосилавӣ дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави кӯдакистони №5, ки барои тарбияи 480 кӯдак пешбинӣ гардида дар се ошёна бунёд шудааст, ба истифода додааст.

Дар шаҳраки Бӯстон бинои иловагии кӯдакистони давлатии №1, ки 180 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст, ифтитоҳ шудааст. Бино дорои 6 ҳуҷраи машғулият ва толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон будааст.

Бо ҳузури раисҷумҳур, дар Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014, ки бо саҳми соҳибкорон бунёд шудааст, ба кор оғоз кардааст.

Сохтмони корхона соли 2024 оғоз шуда, дар муддати 1 солу 8 моҳ сохта шудааст. Дафтари матбуоти раисҷумҳур навиштааст, корхонаи навбунёд иқтидори дар як шабонарӯз истеҳсоли 80 ҳазор дона хишти пухтаро дорад.

“Аз рӯи ин иқтидор дар корхона дар як сол зиёда аз 24 млн. дона хишти сохтмонӣ истеҳсол карда мешавад”,-навиштааст манбаъ.

Дар идома дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мастчоҳ бинои мактаби №46, ки бо саҳми сокинони 4 деҳаи  деҳоти Палдораки ин ноҳия бунёд шудааст ба истифода дода шудааст.

Мактаб барои таҳсили 800 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 15 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толору майдони варзишӣ будааст.

Ҳамчунин бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ мактаби №14, ки 1000 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд, ифтитоҳ шудааст.

Дар ҷараёни сафари раисҷумҳур ба таври фосилавӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолӣ, ки бо саҳми соҳибкорон бунёд шудааст, ба кор оғоз кардаанд.

Яке аз ин корхонаҳо, коргоҳи забҳ ва бастубанди гӯшти паррандаи Ҷумъабой Мирзо бо иқтидори 5-6 ҳазор сар паранда дар як шабонарӯз будааст, ки дар ҳудуди деҳоти Палдорак дар масоҳати 2 гектар  замин бунёд шудааст.

Коргоҳи парандапарварии Илёс, ки иқтидори истеҳсоли 500 тонна гўшти паранда дар як солро доштааст, низ ба кор оғоз кардааст. Ин корхона дар ҳудуди шаҳраки Бӯстон бунёд гардида, дорои ду бинои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон будааст.

Корхонаи дигар, ки низ коргоҳи парандапарварӣ будааст ва иқтидори истеҳсоли 400 тонна гӯшти паранда дар як солро доштааст дар деҳоти Оббурдон ба истифода дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии “Мирхонд” оғоз бахшида бо раванди корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шудааст.

Дирӯз дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳузури раисҷумҳур бинои нави Беморхонаи марказӣ ба истифода дода шудааст, ки дар 4 – ошёна бунёд шудааст.

Беморхона 200 кат барои табобати беморон дошта, дорои 8 шуъбаи асосии тиббӣ аз ҷумла, шуъбаи қабул, таваллуд, бемориҳои занона, ҷарроҳии калонсолон, кӯдакона, урологӣ, инчунин шуъбаи эҳё ва наҷот будааст.

Корҳои сохтмони ин беморзхона дар соли 2023 оғоз шуда, дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Бӯстон сохта шудааст. Дар ин ҷо 250 мутахассис бо кор таъмин шудаанд.

Бояд гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, рӯзи 29-уми март оғоз шуда то имрӯз, 31-уми март идома мекунад. Раисҷумҳур дар рӯзи аввали сафараш дар ин шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор иншооти маскуниву фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатиро ба истифода дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

0

Нархи сабикаҳои тиллои ченшудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) давоми моҳи март ба таври назаррас – ба ҳисоби миёна тақрибан ба андозаи 14% поин рафт. Бино ба маълумоти БМТ, агар рӯзи 28 феврал арзиши сабикаи 5-грамма 8132,52 сомониро ташкил медод, пас рӯзи 30 март он то 7003,24 сомонӣ поин рафт. Дар дигар категорияҳои вазн низ ба ин монанд ҷараён ба назар мерасад.

Ба ин тариқ, сабикаи вазнаш 10 грамм аз 16143,12 то 13884,56 сомонӣ, 20 грамм — аз 32152,81 то 27635,70 сомонӣ арзон шуд.

Сабикаҳои нисбатан вазнин низ поинравии ба ин монандро нишон доданд:

50-граммӣ — аз 80164,96 то 68872,19 сомонӣ,

100-граммӣ — аз 160254,77 то 137669,22 сомонӣ.

Ҳамин тариқ, сарфи назар аз вазн, тилло дар моҳи март ба ҳисоби миёна тақрибан ба андозаи 14% арзон шуд.

Поинравӣ на танҳо ба нархҳои фурӯш, балки арзиши бозпас харидани он низ таъсир расонид, ки на аз тағйирёбии шартҳои бонкӣ, балки  ба сурати умум арзоншавии тилло гувоҳӣ медиҳад.

“Чунин ҷараён ба гумони ғолиб, ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ пас аз болоравии пешина марбут аст. Дар бозори дохилӣ ин маънои онро дорад, ки арзиши сабикаҳо мустақиман аз пайи тамоюлҳои ҷаҳонӣ равона аст”, – мегӯяд иқтисодчӣ Фаррух Набиев.

Ба гуфтаи ӯ, поинравии нарх метавонад барои сармоягузорон як ҳушдоре бошад: қисмате аз аҳолӣ вазъи кунуниро метавонад ҳамчун имкон барои харидани тилло бо нархи нисбатан арзон баррасӣ намояд.

“Маъмулан дар давраи бесуботӣ таваҷҷуҳ ба тилло зиёд мешавад. Агар нархҳо ба эътидол оянд ё ба болоравӣ оғоз кунанд, касоне, ки ҳозир мехаранд, метавонанд аз он фоида ба даст оранд”, – зикр мекунад иқтисодчӣ.

Истихроҷи тиллои пошида Акс аз Евгений Ткачёв.

Номбурда илова намуд, ки дар пасманзари поинравии нарх, таваҷҷуҳ ба харидории тилло метавонад зиёд шавад, бахусус миёни онҳое, ки онро ба сифати дороии муҳофизатӣ медонанд.

Ёдрас мекунем, ки сабикаҳои тиллои БМТ баъди гароншавии рекордӣ (ба андозаи 43%) дар соли пандемияи 2020, ду соли минбаъда каме арзон шуданд (4,1% дар соли 2021 ва 9% дар соли 2022). Соли 2023 нархи онҳо ба андозаи 21,5%, соли 2024 – 25,8% ва соли 2025 – қариб ба андозаи 40% боло рафт.

БМТ моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард. Ҳоло шаҳрвандон метавонад бидуни маҳдудият онро харанд.

Мутахассисони БМТ арзиши сабикаҳоро ҳамарӯза бар асоси нархҳои унсияи Труа (31,1034768 грамм)-и тилло аз рӯи натиҷаҳои фиксинг (сабти нарх)-и субҳи байнибонкӣ дар Лондон муайян ва муқаррар мекунанд.

Ҳамчунин, хароҷоти воқеӣ барои тайёр кардани сабикаҳои ченшудаи тилло, нақлиёт ва суғурта, инчунин боҷҳои содиротӣ ба назар гирифта мешаванд.

Барои истеҳсоли сабикаҳо аз тиллои дар кишвар истихроҷшуда истифода мешавад.

Таноқуз: дар пасманзари низоъ нархи тилло поин меравад

Март як моҳи камназире шуд, ки дар пасманзари буҳрони ҷиддии сиёсати ҷаҳонӣ (даргирӣ дар Ховари Миёна) тилло гарон нашуда, баръакс арзон шуд. Бино ба маълумоти хабаргузории РБК, аз оғози даргирҳо нархи тилло ҳудуди 14-20% поин рафт, ҳарчанд маъмулан дар чунин шароит он барои сармоягузорон “орому осуда” боқӣ мемонд.

Таҳлилгарон инро чунин шарҳ медиҳанд, ки сармоягузорон ба дигар дороиҳо, аз ҷумла доллар ва нафт рӯ оварданд. Тавре ки Reuters менависад, дар партави даргирӣ нархи нафт босуръат боло рафта, ба интизориҳо аз таваррум тақвият бахшид ва долларро қавӣ гардонид, ки таваҷҷуҳ ба ҷолибияти тиллоро коҳиш дод.

Сарфи назар аз поинравии нарх, коршиносони РБК бар ин назаранд, ки ба гумони ғолиб, ин тасҳеҳ аст, на гузаштан ба тамоюли дарозмуҳлат. Онҳо зикр мекунанд, ки пас аз расидан ба сатҳҳои ркордӣ, бозори тилло мунтазам ба тасҳеҳ гузашта, хавфҳои идомаи он баланд боқӣ мемонанд.

Омилҳои бунёдии дастгирии тилло дар ҳамин ҳол, боқӣ мемонанд.

Аз ҷумла, талаботи устувор аз ҷониби бонкҳои марказӣ яке аз муҳаррикҳои калидии бозор боқӣ монда, аз нишондиҳанджаҳои миёнаи таърихӣ баланд аст ва таваҷҷуҳи дарозмуҳлат ба ин фулузот (металл)-ро нигоҳ медорад.

Ғайр аз ин, бесуботии сиёсати ҷаҳонӣ ва нақши маъмулии тилло ҳамчун дороии муҳофизатӣ ба дастгирии таваҷҷуҳи сармоягузорон идома медиҳад, зеро дар давраи хавфҳои глобалӣ тилло ба сифати “ҷойи орому осуда” баррасӣ мешавад. Аммо дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат бозор метавонад бесубот боқӣ монад: таҳлилгарон ба он ишора мекунанд, ки нархи тилло ба омилҳои ҷаллобӣ, сиёсати Хадамоти федералии захиравӣ (ФРС) ва ҷараёни қурби доллар ҳассос аст ва ин метавонад ба тағйирот ва тасҳеҳ боис гардад.

Сабабҳои асосии поинравии нархи тилло

Таҳлилгарони хабаргузории РБК поинравии нархи тиллоро ба як қатор омилҳо марбут медонанд.

  • Пеш аз ҳама, ин ҷо сари тасҳеҳот баъди болоравӣ сухан меравад: қаблан нархи тилло ба сатҳҳои рекордӣ расида, поинравии ҳозира ҳамчун бозпасравии табиии бозор ба назар мерасад. Мустаҳкам шудани қурби доллар низ ба ин тамоюл таъсири назаррас расонид ва он маъмулан ҷолибияти тиллоро барои сармояузорон коҳиш медиҳад.

Дар пасманзари низоъ дар Ховари Миёна болоравии нархи нафт омили иловагӣ шуд. Ин ба интизориҳо аз таваррум тақвият бахшида, ба бозтақсими сармоягузориҳо ба нафъи дороиҳои энергетикӣ оварда расонид.

Ҳамчунин интизориҳо аз сиёсати пуливу қарзии ИМА низ ба бозор таъсир расонид, зеро даромаднокии баланд аз дороиҳо бо доллар тиллоро нисбатан камтар ҷолиб месозад.

Ва дар ниҳояти кор, коршиносон таъсири омилҳои ҳаннотӣ ва сабти фоидаҳоро пас аз болоравии нарх зикр мекунанд, ки коҳиши кӯтоҳмуҳлатро қавӣ гардонид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу шашуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

Ин дидор барои футболбозони тоҷик тақдирсоз ба ҳисоб меравад, зеро танҳо дар сурати мусовӣ ё пирӯзӣ метавонанд ба марҳилаи асосии Ҷоми Осиё-2027, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ сурат мегирад, роҳ ёбанд.

– Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ рӯзи 29-уми март “бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи бархе иншоот” ба вилояти Суғд рафт ва чанд иншоотро ба истифода дод. Сафари раисҷумҳури кишвар ба ин вилоят имрӯз хотима меёбад.

Дар рӯзи аввали сафари худ ба Суғд Эмомалӣ Раҳмон кадом иншоотро ба истифода дод ва дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят чӣ гуфт, дар ин маводи мо хонед.

– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлол ва Наврӯз “Рӯзи дарҳои боз” идома дорад. Он дирӯз оӯоз шуд ва имрӯз ҷамъбаст мешавад. Дар доираи он ба ҷуз чанд ҳамоишу чорабинӣ, ҳамчунин, фурӯши китобҳои нашриёти “Адиб”, ҳамоиш ва фурӯши сим-кортҳои ширкатҳои мобилии “Вавилон-М”, “Тиссел”, “Мегафон-Т” ва “О-Мобайл”, ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати кору муҳоҷират корзор (аксия)-и ҷойҳои кории холӣ гузаронида мешавад.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1930 – Дар Тоҷикистон Стансияи таҷрибавии селексионии пахтакорӣ дар Вахш таъсис дода шуд.

Соли 1935 – Роҳи мошингарди Душанбе–Чаноқ, ки маркази ҷумҳуриро бо шимоли он мепайвандад, ба истифода дода шуд.

Соли 1960 – Дар дуюмин Фестивали байналмилалии синамои кишварҳои Осиё ва Африқо дар Қоҳира филми “Тақдири шоир”-и Тоҷикистон аввалин ҷоизаи худро ба даст овард.

Соли 1975 – Заводи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2004 – Дар Тоҷикистон ҳамаи минаҳои зиддипиёдагард нобуд карда шуданд.

Соли 2010 – Механизми идораи инфрасохтори роҳҳои Душанбе–Чаноқ тавассути низоми толлингӣ ҷорӣ шуд.

Соли 2020 – Бинобар паҳншавии коронавирус фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон кормандонашонро ба рухсатии бемузд фиристоданд.

Соли 2020 – Меҳмонхонаи “Hilton Dushanbe” бинобар қатъ шудани парвозҳо муваққатан фаъолияташро боздошт.

ШАХСИЯТҲО

Соли 1939 – Мавлуди Султон Наврӯзов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа, профессор.

Ӯ солҳои 1968–1976 – муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи фалсафа, солҳои 1976–1988 – мудири кафедраи атеизми илмӣ ва солҳои 1988–2011 – мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2011 то охирин нафас ба ҳайси профессори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият доштанд.

Наврӯзов муаллифи 29 монографияву рисола ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ буда, таҳқиқоти илмиаш ӯ ба масоили қобилияти инсонӣ робита дорад. Аз ҷумлаи намоёнтарин ҷустуҷӯҳои илмии Султон Наврӯзов рисолаи доктории ӯ «Қобилияти инсон (ҷанбаи иҷтимоӣ – фалсафӣ)» мебошад, ки дифои он дар Маскав соли 1992 сурат гирифт. Файласуфони номии рус ба самараи таҳқиқоти ӯ баҳои баланд дода, вобаста ба натиҷагириҳои беназираш сазовори унвони доктори илмҳои фалсафа донистанд. Маҳз дар мавзӯи қобилияти инсон профессор Султон Наврӯзов 4 ҷилд китоби пурмазмун ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ иншо намудааст.

Профессор Султон Наврӯзов бо таълифи ин силсилакитобҳо як мактаби хоси фалсафӣ ва як самти ҷудогонаи таҳқиқотиро, ки проблемаи қобилияту талабот, умуман нерӯҳои моҳиятии инсон таҳқиқ мешаванд, дар илми замони шӯравӣ ва пасошӯравии Тоҷикистон бунёд гузоштаанд.

Султон Наврӯзов баъди бемории нисбатан тӯлонӣ соли 2018 аз олам даргузашт.

Соли 1945 – Зодрӯзи Усмон Шарифзода, шоири тоҷик.

Усмон Шарифзода солҳо дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”, “Тоҷикистони Советӣ”, Телевизиони Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорон фаъолият доштааст.

Ашъораш дар маҷмуаҳои “Риштаборон”, “Дили модар”, “Умре дар роҳ” “Хонаи ишқ”,  “Қаламниҳоли ғам” нашр шудаанд.

Усмон Шарифзода 15 июни соли 2009 дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1977 – Мавлуди Шоира Раҳимҷон, шоир ва таронанависи тоҷик.

Шоираи Раҳимҷон ҳануз аз айёми 10-солагӣ шеър мегуфт. Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷик ДМТ буда, солҳои зиёд дар Радиои Тоҷикистон ҳамчун муҳаррир фаъолият кардааст.

Аввалин маҷмуаи ашъораш соли 2003 бо номи “Нахустин номаҳои дард” интишор шуда, китоби дуввумаш соли 2013 бо номи “Вопасин номаҳои дард” дастраси ихлосмандони шеър гардидааст.

Ӯ бо овозхонҳои маъруфи кишвар ҳамкорӣ дорад ва барояшон шеър ва оҳанг эҷод мекунад.

Соли 1977 – Зодрӯзи Наврӯз Усмонов, соҳибкори тоҷик, молики гурӯҳи ширкатҳои “Шоҳона”.

Соли 1977 – Мавлуди Неъматулло Иброҳимзода, ҳуқуқшинос, вакили феълии парлумони Тоҷикистон.

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1889 дар Париж манораи Эйфел расман ифтитоҳ гардид. Он рӯз муҳандиси он, Гюстав Эйфел парчами Фаронсаро дар болои манора насб кард. Манораи Эйфел зиёда аз 40 сол – то сохта шудани бинои “Chrysler Building” дар Ню-Йорк дар соли 1930 баландтарин бинои ҷаҳон дониста мешуд.

31 марти соли 1893 ихтироъкор Уиткомб Лео Ҷадсон аввалин модели “зиппер” (молния) ё ба истилоҳ “заммок”-ро ихтироъ карда, ба он патент гирифт. Вале ин навъи бастакунӣ танҳо пас аз 20 сол, бо такмили муҳандиси шведӣ Гидеон Сундбек ба таври васеъ маъмул ва истифода шуд.

Соли 1966 – Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин моҳвораи сунъии Моҳро бо номи “Луна-10” ба кайҳон фиристод. Он 56 рӯз фаъол буд ва маълумоти муҳимро дар бораи майдони магнитӣ ва таркиби сатҳи Моҳ ҷамъ овард.

31 март Рӯзи байналмилалии нусхабардории эҳтиётӣ аст. Ин рӯз барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба масъалаи ҳифзи маълумот ва муҳим будани нусхаҳои эҳтиётӣ ҷашн гирифта мешавад.

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 17+22º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 7+9º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 31-уми март ба 1-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳамла ба донишгоҳҳои Эрон ва ҳушдори Сипоҳ. Даргирӣ дар Ховари Миёна вориди моҳи дуюм шуд

0

Бо шуруъи моҳи дуюми ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ҷанг кулли Ховари Миёнаро фаро гирифтааст. Амрикову Исроил дар шабонарӯзи гузашта ба чанд шаҳри Эрон, аз ҷумла як донишгоҳ ҳамла кардаанд. Ҷумҳурии Исломӣ як корхонаи кимиёӣ ва полоишгоҳи нафти Ҳайфоро дар Исроил ҳадаф қарор дода, ба чанд зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна зарба  задааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт, мехоҳад нафти Эронро дар “ихтиёр” гирад. Дар ҳоле, ки нархи як бушка нафти хом дар субҳи 30-юми март ба 116 доллар баробар шудааст.

Муҳимтарин ҳаводиси шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёнаро дар ин матлаби мо хонед.

Идомаи ҳамлаҳо ба Эрону Исроил

Артиши Исроил субҳи имрӯз аз ҳамла ба “зерсохтҳои низомӣ” дар Теҳрон хабар дод. Расонаҳои эронӣ иттилоъ доданд, ки дар шаҳрҳои Теҳрон, Бандараббос, Қум, Киш ва шаҳристони Рай таркишҳо рух додааст. Ҳоло ҷузъиёти ин ҳамлаҳо маълум нест.

Дар ҳамлаи шаби 29 ба 30-юми марти Амрикову Исроил ба таъсисоти саноати барқ дар шаҳри Теҳрон ва вилоятҳои Теҳрону Албурз барқи минтақаҳои мазкур хомӯш шуд. Мақомоти Эрон субҳи 30 март гуфтанд, барқи Теҳрон барқарор шуда, дар пайи васл кардани барқи вилояти Албурз ҳастанд.   

Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ низ эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаҳои ду рӯз пеши Амрикову Исроил муҷтамаи ҳастаии оби сангини Хандоб дар наздикии шаҳри Арок осеби ҷиддӣ дида, “дигар қобили кор” нест.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, нисфирӯзии 30-юми март навишт, ки Сипоҳи посдорон кушта шудани Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи Нерӯҳои дарёии Сипоҳро тасдиқ кардааст. Вазорати дифои Исроил се рӯз қабл гуфта буд, ки Тангсириро ҳадаф қарор додааст.

Ҳамзамон, хабаргузории “ИСНА” низ навишт, ки Маҷид Закариёӣ, фармондеҳи воҳиди ҳифзи созмони манбаъҳои табиии Эрон дар ҳамлаҳои шанбеи 28-уми марти Амрикову Исроил кушта шудааст.

Зимнан, қароргоҳи “Хотам-ул-анбиё”, ки аз болотарин қисмҳои фармондеҳии амалиётӣ барои ҳамоҳангии нерӯҳои Эрон аст, ҳушдор дод, ки нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар посух ба ҳадаф қарор додани ғайринизомиён дар Эрон, хонаҳои фармондеҳон ва мақомҳои сиёсии Амрикову Исроилро дар минтақаи Ховари Миёна ҳадаф қарор медиҳад.

Тибқи иттилои Созмони ҳилоли аҳмари Эрон, дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба ин кишвар беш аз 21 ҳазор ғайринизомӣ, аз ҷумла 4 ҳазору 163 зан ва 1 ҳазору 731 нафари то 18 сола захмӣ шудаанд.

Ин ҷамъият ҳамчунин изҳор доштааст, ки беш аз 80 ҳазор манзили истиқоматӣ ва 20 ҳазор макони тиҷорӣ, 296 маркази дармонӣ ва беш аз 600 бинои омӯзишӣ дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил дар Эрон осеб дидаанд.

Эрон ҳам ҳарбаҳо ба Исроилро идома медиҳад. Аз ҷумла дар ҳамлаи субҳи имрӯзи Эрон полоишгоҳи нафти Ҳайфо оташ гирифтааст.

Оташсӯзӣ дар як корхонаи кимиёии Исроил пас аз ҳамлаи Эрон
Акс аз Хадамоти оташнишони Исроил

Ба ҷуз ин, рӯзи гузашта Эрон ба як минтақаи саноатӣ дар ҷануби Исроил ҳамлаи мушакӣ анҷом дода буд, ки боиси сӯхтор дар як корхонаи кимиёӣ ва захмӣ гаштани 11 нафар шуда буд.

Вазорати тандурустии Исроил иттилоъ додааст, ки дар пайи ҳамлаҳо ба ин кишвар танҳо дар шабонарӯзи гузашта 232 нафар маҷрӯҳ шуда, теъдоди умумии захмиён аз оғози даргириҳо ба беш аз 6 ҳазор тан расидааст. Артиши Исроил гуфтааст, ки аз теъдоди захмиён 261 нафари онҳо сарбозон ҳастанд.

Ҳамла ба донишгоҳҳои Эрон ва ҳушдори Сипоҳ

Амрикову Исроил дар ҳамлаҳои худ ба Эрон донишгоҳҳоро низ ҳадаф гирифтаанд.  Аз ҷумла, ду рӯз пеш, 28-уми март, ба Донишгоҳи улум ва саноати Теҳрон ҳамла шуда, бинои ин донишгоҳ осеби ҷиддӣ дидааст. Донишгоҳи саноати Исфаҳон низ хабар дод, ки ду маротиба мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Чанде аз биноҳои он зарар дидааст.

Сипоҳи Посдорони Эрон 29-уми март ҳушдор дод, ки дар посух ба ҳамла ба донишгоҳҳои ин кишвар донишгоҳҳои Амрико ва Исроил дар ғарби Осиё ҳадафи қонунии ҳамла хоҳад буд.

Ин ниҳод аз кормандон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна даъват кардааст, ки барои ҳифзи ҷони худ то як километр аз донишгоҳҳо фосила гиранд.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Амрико дар Ироқ аз эҳтимоли ҳамла ба донишгоҳҳо ҳушдор дода, аз амрикоиҳо хостааст, ки ин кишварро тарк кунанд. Ин сафорат дар баёнияе гуфтааст, ки донишгоҳҳои амрикоӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Бағдоду Сулаймония ва дигар донишгоҳҳое, ки ба Амрико дар Ироқ марбут ҳастанд, мумкин аст, аз ҷониби Эрон мавриди ҳамла қарор гиранд.

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Дар зимн, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи Хорк (Хорг), бандари аслии содироти нафти Эронро тасарруф кунад.

Ӯ рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо ин расона ин равишро ба сиёсати Амрико дар Венесуэла монанд кардааст. Аввали сол Амрико ба Венесуэла ҳамла кард ва Николас Мадуро, раисҷумҳури ин кишварро якҷо бо ҳамсараш рабуд. Пас аз ин бо ҳукуматдорони ба ҷойи Мадуро омада музокира карда, нафти Венесуэларо зери назорат гирифт.

“Росташро хоҳед, кори дӯстдоштаи ман ин дар ихтиёр гирифтани нафти Эрон аст, аммо баъзе одамони аблаҳ дар Амрико мегӯянд, “чаро шумо ин корро мекунед?” Аммо онҳо одамони аҳмақанд”, – изҳор доштааст Трамп.

Ӯ дар идома гуфтааст, ки “шояд ҷазираи Хоркро тасарруф кунем, шояд ҳам не. Гузинаҳои зиёде дорем”.

Раисҷумҳури Амрико дар посух ба пурсиши вазъи дифоии Эрон дар ин ҷазира гуфтааст, ки “ман фикр намекунам, ки онҳо ягон дифоъ дошта бошанд. Мо метавонем онро хеле осон тасарруф кунем”. Ду ҳафта пеш Амрико ба Хорк ҳамла карда, гуфта буд, ки таъсисоти низомии ин ҷазираро ҳадаф қарор додааст.

Изҳороти Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон Ховари Миёнаро ба бӯҳрони нав гирифтор кардааст ва нархи нафт дар як моҳ беш аз 50% афзоиш ёфтааст. Субҳи имрӯз нархи нафти хоми “Brent” ба беш аз 116 доллар барои як бушка расид, ки наздик ба баландтарин сатҳи худ аз замони оғози даргирӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз фиристодани садҳо нерӯи заминии Амрико ба Ховари Миёна ва аз эҳтимоли ҳамлаи заминии ин кишвар ба Эрон хабар медиҳанд. Мақомоти Эрон ҳам аз омодагии худ барои даргирии заминӣ ҳарф задаанд. Аз ҷумла, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон рӯзи якшанбе гуфта буд, ки “мардони мо мунтазири вуруди заминии сарбозони амрикоӣ ҳастанд, то оташ ба ҷонашон андозанд”. Ӯ Амрикоро муттаҳам кард, ки ба таври ошкор паёми музокира мефиристад, вале дар ғайб “барои ҳамлаи заминӣ нақша мекашад”.

Зимнан, Доналд Трамп шаби 30-юми март дар суҳбат бо рӯзноманигорон иддао кардааст, ки “режим” дар Эрон тағйир карда, тавононии низомиаш нобуд шудааст, ҳамлаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои дигари Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна шадидтар шудааст.

Вазъ дар дигар кишварҳои Ховари Миёна

Давоми рӯзҳои гузашта ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои Амрико, ки дар кишварҳои Ховари Миёна ҷойгиранд, афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла, Вазорати дифоъи Арабистони Саудӣ шаби 30-юми март хабар дод ки 5 мушаки балистикиро раҳгирӣ кардааст. Ин хабар дар ҳолест, ки дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳи ҳавоии шоҳзода Султони ин кишвар як ҳавопаймои низомии A-3 Sentry ё AWACS ва чанд ҳавопаймои сӯхтрасони Амрико, нобуд шуданд ё осеб диданд. Дар ҳоле, ки Амрико ҳамла ба ҳавопаймоҳояшро шарҳ надодааст, хабаргузории “ББС” осеб дидани онҳоро тасдиқ мекунад. Расонаҳои амрикоӣ менависанд, ки дар ҳамла ба ин ҳавопаймоҳо 12 сарбози Амрико захмӣ шудааст.

Тибқи гузоришҳо ҳавопаймои Boeing A-3 Sentry ё AWACS системаи огоҳӣ ва назорати ҳавоӣ буда, барои пайгирии ҳавопаймоҳо ва мушакҳо дар масофаи дур аз радарҳои пешрафта истифода мебарад ва аз ҳаво майдони ҷангро тасвир мекунад. Гуфта мешавад, Амрико танҳо 16 ҳавопаймои A-3 Sentry ё AWACS дошт ва он ягон ивазкунандаи осон барои хидматрасонӣ надорад ва пешбинӣ мешавад, ки ивазкунандаи наздиктарин, ҳавопаймои E-7 Wedgetail мебошад, ки 700 миллион доллар арзиш дорад.

Дар пайи ҳамлаҳои ба Кувайт як иншооти барқӣ ва як иншооти обрасонӣ осеб дида, гуфта мешавад, як корманди ҳиндӣ кушта шудааст.

Қароргоҳи маркази “Хотам-ул-анбиё” хабарҳо дар бораи ҳамлаи Эрон ба иншооти обрасони Кувайтро рад карда гуфтааст, ки онро “режими саҳюнистӣ анҷом додааст”.

Дар зимн, Қатар, Кувайт ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 29-уми март низ аз ҳамлаҳои мушакиву паҳподӣ хабар дода буданд.

Вазорати дифоъи Кувайт 14 мушак ва 12 паҳподро шиносоӣ карда, иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамла ба як қисми низомӣ дастикам 10 нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар захмӣ шудааст.

Қатар гуфтааст, ки паҳподу мушакҳое, ки аз Эрон партоб шуда буд, раҳгирӣ кардааст. Чанд соат пеш Вазорати дифоъи Иморот низ хабар дод, ки аз сӯи Эрон 16 мушак ва 24 паҳпод ба сӯи ин кишвар партоб шудааст.

Ҷанг дар Лубнон

Дар зимн, ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил ба Лубнон ва ҳамчунин, зарбаҳои “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба Исроил идома кард.  Дар ҳамлаҳои рӯзи гузаштаи “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил, аз ҷумла, ҳамлаи мушакӣ ба самти сарбозони ин кишвар дар ҷануби Лубнон 1 сарбози исроилӣ кушта ва 5 тани дигар маҷруҳ шудааст. Дар умум, дар даргириҳои ахир миёни ин гурӯҳ бо Исроил 6 сарбози исроилӣ кушта шудааст.

Ҳамзамон, дар ҳамлаҳои Исроил ба минтақаҳои маскунӣ дар шаҳрҳои Бейрут ва Барашити Лубнон чанд тан кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудааст. СММ иттилоъ дод, ки яке аз нерӯҳои ҳифзи сулҳ дар Лубнон кушта ва яки дигар сахт захмӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба вилояти Суғд, ки дирӯз, 29-уми март оғоз шуд, як қатор иншооти маскуниву фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатиро ба истифода дода, бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот кардааст. Аз ҷумла, субҳи имрӯз, 30-юми март раисҷумҳур вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар моҳҳои январ – феврали соли 2026 бо ширкати масъулин таҳлил ва баррасӣ кардааст.

Нигаронии раисҷумҳур аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ

Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон нигаронӣ кардааст, ки суръати рушди саноат дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13% коҳиш ёфтааст. Ӯ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои Суғд супориш додааст, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот дар бахши истихроҷро таҳлил карда, барои барқарор кардани суръати рушди он тадбир андешанд.

Инчунин роҳбари кишвар вобаста ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла бо  либоси мактабӣ, рушди суръати кишт, аз ҷумла пахта, иҷрои пурраи нақшаи бунёди боғу токзор супориш додааст.

Ӯ роҳбарияти ҳукумати вилояти Суғдро ба иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи даромади буҷет, таҳкими интизоми андоз ва ҳалли бақияи қарзи андозҳо даъват кардааст.

Раисҷумҳур ҳамчунин нигаронӣ кардааст, ки фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест ва сатҳи хидматрасонӣ ба аҳолӣ, бахусус, дар минтақаҳои дурдаст беҳбудиро металабад. Ӯ ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои рақамӣ ва беҳтар кардани сифати хидматрасониҳои бонкӣ ва дастрасӣ ба он дастур додааст.

Кадом сохтмонҳо дар Суғд ифтитоҳ шуд?

Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи аввали сафари худ ба ин вилоят, нахуст дар шаҳри Бӯстон Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз бозсозӣ ба истифода додааст.

Ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин

Театр 300 ҷой дар масоҳати 1350 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншоот дорои толори нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон будааст. Дар ин ҷо 36 сокини шаҳр бо ҷойи кор таъмин шуданд. 

Ҳамчунин, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон чанд коргоҳу сохтмони дигар дар ин вилоят ба кор оғоз кард. Аз ҷумла дар ҳузури раисҷумҳур дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи қуттиҳои картонӣ ба кор оғоз кардааст.

Ин сохтмон марҳилаи дуюми корхонаи “Қуттии тоҷик” буда, иқтидори он ба “коркарди 15 тонна маҳсулот ва истеҳсоли наздик ба 30 ҳазор қуттиҳои картонӣ” баробар гардидааст. Корхонаи “Қуттии тоҷик” соли 2025 “ба маблағи беш аз 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содир кардааст”.

Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хидматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварии “Чӯҷаи байзо” дар деҳоти Исфисори ноҳияи мазкурро ба истифода додааст.

Ба иттилои расмӣ, корхонаи парандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар мурғи гӯштӣ пешбинӣ шуда, аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон дар масоҳати 6,7 садяк замин бо харҷи беш аз 12 млн сомонӣ бунёд шудааст. Дар ин ҷо 30 сокини маҳалӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.  

Маркази савдо ва хидматрасонии “Раҳимӣ”

Дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони маскунӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ба истифода дода шуд, ки ба иттилои расмӣ, он аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат аст. Раисҷумҳур дар ин сохтмон ба 30 корманди соҳаи маориф ва тандурустӣ калиди хонаи истиқоматӣ супурдааст.

Сохтмони маскунӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ.

Пеш аз ин, Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, Маркази фарҳанг ва рушди фанновраиҳои навин дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, корхонаи истеҳсоли нӯшиданиҳои “Суғд саноат холдинг” ва Маҷмааи варзишии “Суғд-арена”-ро ифтитоҳ кардааст. 

Маҷмааи варзишии “Суғд-арена” дорои майдони футбол ва  11 толор буда, наврасону ҷавонон аз рӯйи 14 намуди варзиш дар он метавонанд тамрин кунанд. Дар ин ҷо 50 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. 

Бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноат дорои ду шуъба, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва утоқҳои ёрирасон будааст.

Маҷмааи варзишии “Суғд-арена”

Маркази фарҳанг ва рушди фанновраиҳои навин дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дорои маҷлисгоҳ бо 720 ҷойи нишаст, Маркази ҳуши маснӯӣ ва IT Park, толори Шӯрои диссертатсионӣ, осорхона, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва хидматрасонӣ будааст.

Корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг” ду хатти технологӣ дошта аз сӯйи соҳибкор Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодурзода бунёд шудааст.

Корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг”

Раисҷумҳур дар ин рӯз инчунин як қатор иншооти иҷтимоию истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ба истифода додааст. Аз ҷумла, дар ҳузури ӯ Маркази ташхисию табобатии Нейрамед, ки аз ҷониби Илҳоми Тоҷибой, соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст, коргоҳи нави коркарди гӯшти парранда ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёри Далерон ва коргоҳи истеҳсоли Шириниҳои Анас ба кор оғоз кардаанд.

Бояд гуфт, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд се рӯз – 29-30-31-уми март идома мекунад. Раисҷумҳур ахиран 18-уми ноябри соли гузашта ба ин вилоят сафар карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

0

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои таҷлили зодрӯзаш “дар доираи берун аз оила” ва нақзи қонуни танзими ҷашну маросим 117 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Дар ин бора пулиси Суғд иттилоъ дода, аз соҳибкор Амирҷон Холматов ном бурдааст. Ӯ 29 сол дошта, сокини ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст.

Ба иттилои манбаъ, Холматов рӯзи 1-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 15:00 дар қаҳвахонаи шахсии худ маъракаи зодрӯз баргузор ва онро тавассути пахши мустақим  дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст.

Мақомот гуфтаанд, ки “чунин намоишкорӣ метавонад боиси пайравӣ шавад”.

Додгоҳ соҳибкорро бар асоси моддаи 481 (қисми 8)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои нақзи талаботи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим 117 ҳазор сомонӣ (1 ҳазору 500 нишондиҳанда) ҷарима бастааст.

Назари худи Холматов ба ҳукми додгоҳ ва дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, соли гузашта дар Тоҷикистон алайҳи 9 мансабдор барои риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” парванда боз шуда буд. Аз Раёсати муқовимат бо фасоди Оҷонсии зиддифасод дар нишасти матбуотии ахир дар моҳи феврали имсол гуфта буданд, ҳамаи онҳо мансабдорони сатҳи маҳаллӣ буда, дар байнашон мақомдорони баландпоя, мисли раису вазир нестанд.

Ин ниҳод гуфта буд, соли гузашта дар умум 25 ҳолати вайрон кардани қонуни танзимро ошкор кардааст.

Дар ҳамин ҳол Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гуфта буд, ки соли 2025 ниҳоди зери роҳбариаш 830 ҳолати нақзи қонуни танзимро ошкор кардааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2024-ум (1 ҳазору 106) 276 адад кам аст. Ӯ ин коҳишро нишонаи беҳбуди вазъ арзёбӣ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.