Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд. Раисҷумҳур дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кадом иншоотро ба истифода дод?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи сеюми сафараш дар Суғд аз шаҳри Гулистон боздид карда, дар ин шаҳр се чархаи нерӯгоҳи Қайроқум, беморхона ва чанд корхонаро ифтитоҳ карда, ба сохтмони ду нерӯгоҳи офтобӣ оғоз бахшидааст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои литсей, кӯдакистон, коргоҳи нав ва чанд роҳи мошингардро ба истифода додааст. Бо иштироки раисҷумҳур субҳи […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи сеюми сафараш дар Суғд аз шаҳри Гулистон боздид карда, дар ин шаҳр се чархаи нерӯгоҳи Қайроқум, беморхона ва чанд корхонаро ифтитоҳ карда, ба сохтмони ду нерӯгоҳи офтобӣ оғоз бахшидааст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои литсей, кӯдакистон, коргоҳи нав ва чанд роҳи мошингардро ба истифода додааст.

Бо иштироки раисҷумҳур субҳи имрӯз, 20-уми ноябр, нахуст се чархаи нерӯгоҳи Қайроқум баъди навсозӣ ба кор дароварда шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, 6 чарха ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти нерӯгоҳ навсозӣ ва иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ дар он 60 МВт зиёд карда шудааст. Бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд ва мутахассисони дохиливу хориҷӣ таҷҳизот, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, системаи идоракунии гидроагрегат, 7 зеристгоҳ (трансформатор) ва дигар дастгоҳҳои асосии нерӯгоҳ низ иваз шудаанд.

Нерӯгоҳи Қайроқум аз 6 гидроагрегат иборат буда, чархаи охирини он соли 1956 бо тавоноии 21 МВт ба кор дароварда шуда буд.

Ба навиштаи дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар тӯли 69 соли фаъолият, гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии нерӯгоҳ кӯҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он то 12 МВт коҳиш ёфта буд. Манбаъ навиштааст, ки навсозии нерӯгоҳ аз соли 2019 шуруъ шуда, дар муддати қариб 7 сол 6 гидроагрегати он таъмир ва иқтидори ҳар кадомашон ба 29 МВт расонда шудааст.

 

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмони ду нерӯгоҳи офтобӣ дар ноҳияҳои Ашти вилояти Суғд ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ки бо маблағи 250 млн доллар бунёд мешаванд, оғоз бахшидааст. Ба иттилои расмӣ, иқтидори умумии нерӯгоҳҳои мазкур 500 МВт  хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки нерӯгоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун то моҳи августи соли 2026 сохта ва ба истифода дода шаванд.

Гуфта мешавад, корҳои сохтмонии ин ду нерӯгоҳи офтобӣ аз ҷониби “сармоягузори маҳаллӣ – ҶДММ “Аён Энерҷӣ” ва паймонкор – ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар ҳамкорӣ бо ширкати чинии "CSCEC"” анҷом дода мешавад.

 

Ҳамчунин дар ин шаҳр раисҷумҳур корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ “Тиглат” ифтитоҳ карда, ба таври фосилавӣ як муассисаи тиббӣ, ду корхонаи саноатӣ ва 1 сардхонаи дигарро ба истифода додааст.

Тибқи иттилои расмӣ, корхонаи ҶДММ “Тиглат” 24 намуд ранг истеҳсол мекунад, ки дар зарфҳои резинӣ бо ҳаҷмҳои 4, 7, 10, 15 ва 21 кг банду баст мешаванд. Ҳамчунин 9 намуди хокаҳои хушки сохтмонӣ дар халтаҳои қоғазии 25 кг истеҳсол мешаванд.  

 

Бинои Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Гулистон, ки баъди бозсозӣ ба истифода дода шудааст, дорои 116 ҳуҷраи хизматрасонӣ будааст.

Дар корхонаи истеҳсоли газоблоки ҶДММ “Орзуи аъло”, ки дар як шабонарӯз иқтидори истеҳсоли 2000 дона газоблокро доштааст, 30 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Корхонаи парандапарварии ҶДММ “Истиқлоли Гулистон” имконияти парвариши 30 ҳазор сар мурғро дошта, дар як сол иқтидори истеҳсоли 400 тонна гӯшти мурғ доштааст.

 

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ “Чавроқ”-ро, ки аз ҷониби Анвар Зафарзода, соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст ба истифода додааст.

Ба навиштаи дафтари матбуоти раисҷумҳур, коргоҳ дар як рӯз қариб 2,5 тонна ашёи хомро коркард карда 155 ҳазор маҳсулоти тайёри пластикиро истеҳсол мекунад. Дар инҷо 12 номгӯи маҳсулоти пластикӣ, аз ҷумла сарпӯшу дастак барои зарфҳои гуногун, қуттӣ барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи ороишӣ ва рангҳои сохтмонӣ ва дигар ашёи рӯзгор истеҳсол карда мешавад.

 

Ҳамзамон раисҷумҳур ба таври фосилавӣ 6 иншооти гуногунро, ки бо саҳми ҳукумати маҳаллӣ ва соҳибкорон бунёд шудаанд ифтитоҳ кардааст.

Аз ҷумла дар ҶДММ “Хишти ором”, ки дар деҳоти ба номи Дадобой Холматов аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст, 25 нафар бо кор таъмин шудаанд. Ин корхона дар як шабонарӯз иқтидори истеҳсоли 100 ҳазор дона хиштро доштааст.

Корхонаи истеҳсоли хишти сабуки ҶДММ “Файзи Бӯстон” бошад, дар мавзеи Рӯхаки деҳоти Ғозиён бо сарфи 32 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Ин корхона дар як сол 72 ҳазор метри мукааб хишти сабук ё газаблокро истеҳсол мекардааст. 

 

Ҳамчунин ба таври маҷозӣ бинои таълимӣ, ошхона ва хобгоҳи Литсейи касбию техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо харҷи қариб 4 миллион сомонӣ навсозӣ шудааст ба истифода дода шудааст.

Кӯдакистони хусусии “Ахтарони меҳр” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, барои  таълиму тарбияи 360 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Дадобой Холматов, ки бо мабалағгузории ҳукумати ноҳия сохта шудааст, дуошёна буда дорои толор, 5 синфхонаи таълимӣ, китобхона, хонаи ақди никоҳ ва дигар иншооти ёрирасон будааст.

 

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом –Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодом низ ба истифода дода шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, ин се роҳи мошингард дар масофаи 52 км бо арзиши 56 миллион доллар бунёд шудааст. Дар роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом 11 пули мошингузар, 17 истгоҳ, деворҳои оҳану бетонӣ, хатҳои барқу алоқа ва дигар инфрасохторҳо низ сохта шудаанд.

“Дар назар дошта шудааст, ки сохтмон ва навсозии қитъаи чоруми ин масир Куруш-Бекобод бо дарозии 12,7 километр ба маблағи зиёда аз 8 миллион доллар ба роҳ монда шавад”,-навиштааст манбаъ.

 

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро, ки дар масоҳати 936 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ кардааст

“Бинои нав дар минтақаи хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи аввал мошинсарои бо имконияти ҷойгир намудани беш аз 20 нақлиёт бунёд шудааст. Бино 32 ҳуҷраи хизматӣ ва се синфхонаи омӯзишӣ низ дорад”,-навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Дар паҳлуи маҷмаа, инчунин бинои мошинсаройи техникӣ бо масоҳати 864 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз рӯзи 18-уми ноябр оғоз шуд ва раисҷумҳур дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти гуногун аз ҷумла мактабу кӯдакистон, бинои додситонӣ, шуъбаи маориф ва чанд корхонаи навро ифтитоҳ кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.