То моҳи январи соли равон се созмони байналмилалӣ зиёда аз 70% лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Тоҷикистонро маблағгузорӣ кардаанд. Инҳо Бонки Ҷаҳонӣ (1,7 миллиард доллар), Бонки Осиёии Рушд (914 миллион доллар) ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (658 миллион доллар) мебошанд.
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ моҳи феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар кишвар ҳоло 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ (55 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 22 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) бо маблағи умумии 43,5 млрд. сомонӣ (4 673,8 млн. доллар) амал мекунад.
"Дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда аз оғози татбиқ, 28,16 млрд. сомонӣ (3 млрд. доллар) маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ азхуд гардидааст", – гуфт раиси Кумита.
Тибқи ҷадвале, ки ин ниҳод ба "Азия-Плюс" пешниҳод шуд, Бонки Ҷаҳонӣ бузургтарин сармоягузор дар ин самт буда, то ҳол ба лоиҳаҳо 1 миллиарду 725,7 миллион доллар маблағгузорӣ (36,9%) мекунад. Дар ҷойи дуввум, Бонки Осиёии Рушд бо 914,7 миллион доллар (19,5%) ва дар ҷойи саввум, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо 658,1 миллион доллар (14,1%) қарор доранд.
Дар байни дигар сармоягузорони калон, Бонки Исломии Рушд бо 207,9 миллион доллар (4,4%) ва ҳукумати Чин бо 194,9 миллион доллар (4,2%) ҷой доранд.
Саҳми худи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳаҳо 151,2 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин 3,2% ҳаҷми умумист.
Аз дигар ширкаткунандагони муҳим, Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ бо 142,5 миллион доллар, Бонки Олмонии Рушд бо 129,3 миллион доллар ва Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ бо 114,8 миллион доллар зикр кардан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки дар умум соли 2025 Тоҷикистон қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб кардааст, ки нисбат ба соли 2024 наздики 2 миллиард доллар ё 35,1 дарсад зиёд мебошад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъкид кард, ки яке аз омилҳои муҳими таъмини ҷалби сармояи хориҷӣ ин такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад, бо пешниҳоди Кумита Қонуни ҶТ “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” дар таҳрири нав аз 14-уми майи соли 2025 қабул шуд.
Бештар, дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.


