Home Blog Page 33

“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод

0

Аввали моҳи март муштариён аз пеш омадани мушкил дар кори “Душанбе Сити Бонк” шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, баъзе хадамоти ин бонк дастнорас шудааст ва дар баъзе ҳолат, интиқол ё пардохт бо мушкил анҷом мешавад. Дар пайи ин, “Душанбе Сити Бонк” бо нашри изҳороте аз ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояш хабар дода, гуфт, тавонистааст онро хунсо ва кори муназзами пойгоҳҳояшро барқарор  кунад.

Барои шарҳи бештари ҳолати пешомада, мо ба ин бонк бо чанд суол муроҷиат кардем.

– Сабаби мушкили пешомада чӣ буд?

– Дар давоми чанд рӯз системаи мо ба ҳамлаи DDoS рӯ ба рӯ шуд. DDoS чунин навъи ҳамла аст, ки тавассути шумораи зиёди дастгоҳҳо ба сервер ҳазорҳо ва ҳатто миллионҳо дархост фиристода мешавад. Дар натиҷа, аз сабаби зиёд будани дархостҳо кори сервер муваққатан суст ва дастрасӣ ба баъзе хидматрасониҳо маҳдуд мешавад.

– Ҳоло кори бонк ба таври муназзам ба роҳ монда шудааст ва ҳамаи хадамот дастрас аст?

– Бале, ҳоло кори система пурра барқарор шудааст ва ҳамаи хидматрасониҳои бонкӣ барои муштариён дастрас мебошанд.

– Дар ин давра, барои посух ба суолҳои муштариён ва ҳалли мушкили онҳо кадом корҳои иловагӣ роҳандозӣ шуд?

– Аз лаҳзаҳои аввал мутахассисони техникӣ ва кормандони шуъбаи ҳифзи иттилоот чораҳои заруриро барои бартараф кардани маҳдудиятҳо андешиданд. Ҳамзамон, барои шарҳи вазъият ба муштариён навори иттилоотӣ дар бораи ҳамлаи DDoS омода ва дар ҳамаи саҳифаҳои расмии мо нашр шуд.

Инчунин, кормандони бонк дар филиалҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба саволҳои муштариён фаъолона ҷавоб дода, кумаки худро мерасонданд.

– Оё ҳама амалиётҳое, ки бар асари ин ҳамла бо мушкил рӯбарӯ шуданд, барқарор карда шуданд? Яъне, ба шикояти баъзе сокинон дар бораи аз суратҳисобашон гирифтани пулу ба суратҳисоби интиқолёфта нарасидани пул пурра расидагӣ шуд?

– Бояд қайд кард, ки вақте ҳамлаи DDoS мешавад, ҳамлаварон ба система ё сервер дастрасӣ пайдо карда наметавонанд. Онҳо танҳо бо фиристодани шумораи зиёди дархостҳо кори системаро муваққатан суст ё маҳдуд месозанд.

Дар давоми ин ҳолат, суратҳисобҳо, маблағ ва маълумоти бонкии муштариён пурра зери муҳофизати бонк қарор доштанд. Маблағ гум нашудааст, танҳо дар баъзе ҳолатҳо он муваққатан дар барнома пайдо намешуд. Айни замон ҳама интиқолҳо пурра анҷом ёфта, амалиёт ба ҳолати муқаррарӣ баргаштаанд.

– Барои пешгирӣ аз чунин хатарҳо ва мушкили корбарии сокинон чӣ чораҳо андешида шуд ва ё мешавад?

– Ин ҳамлаи DDoS аввалин ҳамлаи васеъ дар таърихи бонк буд ва пурра бартараф шуд. Мутахассисони мо бо таҷрибаи андӯхта вазъро пурра таҳлил карда, барои тақвияти ҳифзи система ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо чораҳои иловагии техникӣ андешиданд. Аз ин лиҳоз, талоши мо ба он равона хоҳад шуд, ки дар оянда аз ҳар гуна хатарҳо саривақт пешгирӣ шавад ва хадамоти мо барои муштариён ҳамеша дастрас бошад.

Ҳамчунин, бо истифода аз фурсат, мо аз муштариёни худ барои нороҳатии пешомада узр пурсида, барои сабр ва дарки вазъ ташаккур мегӯем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?

0

Саводнокии молиявӣ на танҳо малакаи муфид аст, балки барои бисёре аз оилаҳои деҳот дар Тоҷикистон он ба як тарзи таъмини рӯзгор табдил меёбад.

Ҳар субҳро Гуландом аз ҳисобу китоб оғоз мекунад: гов имрӯз чӣ қадар шир медиҳад, дар танӯр чанд дона нон пухтан муяссар мегардад ва оё пул мерасад, ки лоақалл ҳамин рӯз барои кӯдакон гӯшт харад.

Дар хонаи ӯ шаш нафар иқомат доранд: худашу шавҳараш ва чор нафар фарзандонашон. Шавҳараш бештари вақт дар Русия кор мекунад. Вақти дар Русия машғули кор будани ӯ, идоракунии буҷети оила ба дӯши ӯ вогузор аст.

Имрӯз ӯ панҷ литр (1 литр – 6 сомонӣ) шир мефурӯшад, ки ҳамагӣ 30 сомонӣ мешавад. Маблағи асосӣ аз Русия меояд. Лекин интиқоли пул на ҳама вақт саривақтист, лекин хароҷот дар оила ҳар рӯз пайдо мешавад.

Ҳаёту рӯзгори ин оила барои бисёре аз ноҳияҳои деҳоти Тоҷикистон як вазъияти муқаррарист. Даромади ин ҷо аз интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон, кори мавсимӣ ва хочагии начандон бузург ҳосил мешавад. Пули аз ҳама зиёдтар барои чизи аз ҳама зарурӣ – ғизо сарф мешавад.

Пул аз се манбаъ

Сарчашмаи асосии даромади оила интиқоли пул аз ҷониби шавҳараш аз Русия аст. Аз моҳи апрел то ноябр ӯ ҳар моҳ аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ мефиристад. Зимистон ӯ ба хона баргашта, дар мардикорбозор кори муваққатӣ мекобад. Баъзан кор ёфт шуда, вақти дигар кор нест.

Вақти дар Русия машғули кор будани ӯ, идоракунии буҷети оила ба дӯши ӯ вогузор аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Занони деҳоти Тоҷикистон чӣ гуна рӯзгорашонро пеш мебаранд ва ҳатто пул ҳам ҷамъ мекунанд?

Ин оила дар ҳавлиашон як гов бо гӯсолааш доранд. Ҳар рӯз Гуландом 4-5 литр шир мефурӯшад. Ин дар як моҳ тақрибан 900 сомонӣ мешавад. Пас аз хароҷот ба хӯрокаи онҳо, ҳудуди 500 сомонӣ боқӣ мемонад.

Аз баҳор то тирамоҳ ӯ ҳамчунин дар заминҳои кишоварзони маҳаллӣ кор мекунад. Ин ҷо кор гуногун аст: хишоваи пиёз, ҷамъоварии ҳосил, дарави гандуму шолӣ, ҷамъоварии ангур ва ғайра.

Дар як рӯз 100-150 сомонӣ пул пардохт мекунанд. Агар муддатти 15-20 рӯз дар як моҳ кор пайдо шавад, ҳудуди 2 ҳазор сомонӣ кор кардан имкон дорад. Лекин аз моҳи апрел то октябр, зеро зимистон чунин кор нест. Дар ин вақт ӯ дар танӯр кулча пухта, писараш онҳоро дар бозори маҳаллӣ мефурӯшад. Аз ин кор давоми як ҳафта 300-400 сомонӣ пул кор кардан мумкин аст.

Даромади оила дар як моҳ ба ҳисоби миёна аз 5 то 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Лекин он доимӣ нест ва ба мавсиму интиқоли пул аз Русия вобаста мебошад.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон зиёда аз 30%-и иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаи баланд дар ҷаҳон аст.

Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, соли 2025 оилаҳо барои ғизо зиёда аз нисфи буҷети худро сарф кардаанд, ки ҳудуди 570 сомонӣ ба як кас дар як моҳ рост меояд.

Барои оилаи иборат аз 6 нафар хароҷот барои хӯрок метавонад то ба 3-4 ҳазор сомонӣ расад. Бештари пул барои нону гӯшт, равғани растанӣ ва сабзавот харҷ мешавад. Қисмати боқимондаи буҷет барои харидани сарулибос, лавозимоти мактабӣ барои кӯдакон, нақлиёт, алоқа ва пардохтҳои коммуналӣ истифода мешавад.

Тибқи маълумоти расмӣ, даромади миёна ба як нафар дар кишвар соли 2025 ҳудуди 1110 сомонӣ дар як моҳро ташкил дода, хароҷот низ қариб ба ҳамин қадар маблағ баробар буд. Ин маънои онро дорад, ки барои аксарияти оилаҳо барои пасандоз кардан қариб дигар пул боқӣ намемонад.

Чор хавф барои буҷети оила

Ҳатто агар оила барои сарфа кардан кӯшиш кунад ҳам, ҳолатҳое мешаванд, ки ба буҷет метавонанд дар як лаҳза зарба зананд. Ин пеш аз ҳама беморист. Табобат ва дорувории тиббӣ метавонанд якчанд ҳазор сомонӣ нарх дошта бошанд. Дар чунин ҳолатҳои оилаҳо аксар вақт қарз мегиранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Рақамҳои зебо ва умедворкунанда, аммо мавриди шубҳаи коршиносон? Таҳлили вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025

Дар идома анҷоми расму оинҳои оилавӣ қарор доранд. Тӯйу ҳоҷӣ-ошӣ ва маъракаҳои азодорӣ як қисмати муҳими ҳаёти анъанавии рӯзмарра боқӣ мемонанд. Ҳатто барои як маъракаи хоксорона низ якчанд ҳазор сомонӣ лозим мешавад.

Дар оилаи Гуландом имсол ягон тӯйу, ҳаҷравӣ ва маъракаи азодорӣ набуд. Лекин ҳамсояҳо ва хешовандон чунин чорабиниҳо гузарониданд. Барои рафтан ба ин маъракаҳо оила бояд ҳатман бо худ туҳфа барад. Барои ин ҳам фоизи назарраси буҷети оила масраф мешавад.

Боз як хавфи дигар барои буҷети оила талаф додани амвол мебошад. Агар чорво гови ширдеҳ бошаду бемор шавад ё онро дузданд, оила метавонад аз як манбаи таъмини рӯзгораш маҳрум шавад.

Шомгоҳон Гуландом пулҳоро ҳисоб мекунад. Баъди харид чӣ қадар боқӣ монд ва оё то дафъаи дигари фиристодани пул мерасад? То интиқоли навбатии маблағ ҳоло ду моҳи дигар вақт ҳаст. Пас лозим меояд, ки бисёртар кулча пухта, аз маҳсулоти сарфакорӣ кард.

Оё буҷетро ба нақша гирифтан мумкин аст?

Иқтисодчиён мегӯянд, ки ҳатто дар сурати даромади паст доштан ҳам, ҳисобу китоби пул муҳим аст. Тарзи одитарин тақсими даромад ба се қисм аст: хароҷоти асосӣ, харидҳои ҷорӣ ва пасандоз.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аз қоидаи 50/30/20 истифода мебаранд. Аммо дар воқеъияти Тоҷикистон то 60-70%-и буҷет танҳо барои маҳсулоти хӯрокворӣ сарф мешавад.

Бо вуҷуди ин, мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки лоақал маблағи начандон зиёд – 5-10%-и даромад ба пасандоз гузошта шавад. Дар ҳолати беморӣ ё аз даст додани даромад,  ҳатто захираи 500-1000 сомонӣ  метаонад болишти начандон зиёди бехатар бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст

0

Департаменти давлатии Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва чанде аз мақомдорони баландпояи ин кишвар то 10 миллион доллар ҷоиза таъин кардааст.

Дар феҳристе, ки ин ниҳод рӯзи 13-уми март нашр кардааст, 10 мақомдори Эрон зикр шудааст. Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллӣ, Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилӣ, Исмоил Хатиб, вазири иттилоот ва Яҳё Раҳим Сафавӣ, мушовири низомии раҳбари собиқи Эрон аз ҷумлаи шахсоне ҳастанд, ки ҳамроҳ бо Муҷтабо Хоманаӣ дар рӯйхати мазкур номашон ҷой дорад.

Ин ниҳод гуфтааст, агар касе дар бораи макон ё фаъолияти ин мақомдорон ё дигар фармондеҳони аслии Сипоҳи посдорони Эрон ё зерсохтҳои ин ниҳод маълумот пешниҳод кунад, то 10 милион доллар ҷоиза мегирад.

Департаменти давлатии Амрико гуфтааст, ки “ин афрод бахшҳои гуногуни Сипоҳи посдорони Эронро роҳбарӣ мекунанд”. Ин ниҳод Сипоҳро ба он муттаҳам кардааст, ки “дар саросари ҷаҳон амалҳои террористиро барномарезӣ, созмондеҳӣ ва иҷро мекунад”.

Эрон қаблан ин иттиҳомоти Амрикоро рад карда, баръакс Иёлоти Муттаҳидаро “ҳомии  терроризм” ва Фармондеҳии марказии ин кишвар дар Ховари Миёнаро “гурӯҳи террористӣ” хонда буд.

Аммо ба эъломи мукофоти ахир то ҳол вокуниш накардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад

Бояд гуфт, Муҷтабо Хоманаӣ аз замони оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба ин кишвар то кунун дар маҳзари он намудор нашудааст, аммо як рӯз қабл паёми катбии ӯ нашр шуд.

Чанде аз мақомдорони дигари эронӣ, аз ҷумла, Алии Лориҷонӣ ва Искандар Муъминӣ, ки ки номашон дар ин феҳрист қарор дорад, дирӯз дар раҳпаймоии Рӯзи Қудс миёни мардум буданд ва бо расонаҳо суҳбат мекарданд.

Эрон қаблан ин иттиҳомоти Амрикоро рад карда, баръакс Иёлоти Муттаҳидаро “ҳомии  терроризм” ва Фармондеҳии марказии ин кишвар дар Ховари Миёнаро “гурӯҳи террористӣ” хонда буд.

Субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Шаби 8 ба 9-уми март Маҷлиси хубрагони Эрон, Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаиро роҳбари нав ва муаррифӣ кард. Муҷтабо Хоманаӣ 56 сол дорад. Ӯ пас аз кушта шудани падари 86-солааш Алии Хоманаӣ дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил, ки рӯзи 28-уми феврал иттифоқ афтод, сеюмин раҳбари олии Эрон интихоб шуд.

Дар бораи корномаи ӯ дар ин маводи “Азия-Плюс” шинос шавед: Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси “Азия-Плюс” огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чилу шашуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?

0

Шаби қадр (Лайлат ал-Қадр) яке аз шабҳои муқаддас дар моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон ба шаби 16 ба 17-уми март рост меояд. Дар ин бора дирӯз Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи муфтии кишвар, Шаби қадр, ки ба эҳтимоли зиёд шаби 26 ба 27-уми моҳи шарифи Рамазон аст, ба шаби душанбе ба сешанбеи ҳафтаи оянда (шаби 16 ба 17-уми март) рост меояд.

Абдулқодирзода гуфт, ин шаб барои мардуми мусалмон ҷойгоҳи баланд дошта, беҳтарин шаб барои ибодат мебошад ва дар он дуову ибодат зуд иҷобат меёбад.

Тавре сомонаи расмии Шӯрои уламо менависад, маҳз дар Шаби қадр Қуръони карим бар Ҳазрати Пайғамбар (с) нозил шудааст.

“Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукӯҳ ҳаргиз надида буд”, – гуфтаанд уламои Тоҷикистон.

Дар сураи “Ал-Қадр”, ба гуфтаи уламои кишвар, ба чаҳор хусусият ва фазилати шаби Қадр ишора шудааст:

1. Нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст;

2. Он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад;

3. Фариштагон ва Ҳазрати Ҷабраил (ъ) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд;

4. Ва он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост, шабест, ки дар он ҷашни ҳамагонӣ дар сар то сари олам баргузор мегардад.

Дар ин шаб мусулмонон ибодати махсус мекунанд, намози шаб (таҳаҷҷуд) мехонанд, Қуръон тиловат мекунанд ва дуоҳои махсус мегӯянд. Инчунин, бисёриҳо тамоми шабро бедор мемонанд ва ба ибодат машғул мешаванд.

Уламои кишвар ҳам менависанд: Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Ҳар шахсе шаби Қадрро аз рўи имону ихлос шабзиндадорӣ кунад, Худованд гуноҳони гузаштаашро меомурзад” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Ба қавли Шӯрои уламои Тоҷикистон, нишонаҳои шаби Қадр чунинанд:

– Он шаб аз дигар шабҳо нуронӣ мешавад;

– Қалби муъминонро ҳамон шаб оромӣ фаро мегирад

– Дар он шаб ҳаво ором мешавад ва шамоли сахт намевазад.

– Гоҳо шахсони солеҳ шаби Қадр кадом шаб буданашро дар хоб мебинанд. Чунонки баъзе саҳобагон дар хоб диданд.

– Инсон дар он шаб аз намоз ҳаловату лаззат мебарад, ки дар дигар шабҳо он гуна лаззату ҳаловатро ёфта наметавонад.

– Субҳи он шаб офтоб бе шуоъ мебарояд. Убай ибни Каъб (разияллоҳу анҳу) гуфт: Расули Худо саллаллоху алайҳи ва саллам нишонаи шаби Қадрро ба мо хабар дода, фармуданд: "Субҳи он шаб офтоб бе шуоъ мебарояд". (Саҳеҳи Муслим).

Шӯрои уламо бо такя ба ҳадиси Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар “Мусаннафи Ибни Абўшайба” омадааст, мегӯянд, “касе, ки аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми ҳақиқӣ ҳамон кас аст”.

Ҳазрати Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с) пурсидам: “Эй Расули Худо (с), агар он шабро дарёфтам, чӣ бигӯям? Фармуданд: Бигӯ: Худовандо! Ту бахшандаӣ ва афву бахшишро ҳатман дӯст медорӣ, пас маро мавриди афву бахшиши Худ қарор деҳ”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шаби 26 – 27-уми март “Шаби қадр” аст

Мавриди таъкид аст, ки аксари олимони ислом бар он ақидаанд, ки шаби қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон (шабҳои 21, 23, 25, 27 ё 29) меояд. Бисёр мусулмонон шаби 27-уми Рамазонро ҳамчун шаби қадр қайд мекунанд, аммо дақиқан таърихи он маълум нест. Соли гузашта он ба шаби 26 ба 27-уми март, дар рӯзи 27-уми моҳи Рамазон, фаро расида буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар рӯйи ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон идома дорад ва мусулмонони олам рӯзадоранд. Рӯзадорӣ ба кӣ фарз аст ва кӣ аз он озод мешавад, инчунин чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазонро дар ин матлаби таҳиякардаи “Азия-Плюс” бихонед. Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон низ дар ин пайванд аст.

Ва тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026-ро ин ҷо дарёфт кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд

0

Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) стратегияи нави шарикиро барои солҳои 2026-2030 қабул карданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагими доимии ин ташкилоти молиявӣ дар Душанбе.

Ҳуҷҷати мазкур барои расидан ба рушди устувор, гуноунсамт ва фарогир, ки дар он таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳбуди сифати зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, равона шудааст.

Дар доираи стратегия рушди зерсохтор, беҳбуди амнияти энергетикӣ, тақвияти бахши хусусӣ ва дастгирии ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳимтарин дониста шудаанд.

Афзалиятҳои калидии стратегияи нав

1. Амнияти энергетикӣ ва нерӯи тоза

Яке аз таркибҳои марказии стратегия амалисозии лоиҳаи бузург – сохтмони Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” мебошад, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлоли энергетикӣ, рафъи камбуди мавсимии барқ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кумак мекунад.

Ғайр аз ин, дар стратегия таъмини босубот бо барқ ва боло бурдани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди энергетикаи офтобӣ ва бодӣ (шамолӣ) пешбинӣ шудааст.

2. Рушди зерсохтор

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бонки осиёии рушд барои татбиқи се лоиҳа ба Тоҷикистон $95,2 миллион грант медиҳад

БОР ба сармоягузорӣ ба зерсохтори нақлиёт, бахусус дар доираи ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) идома медиҳад. Ин аз беҳбуди вазъи роҳҳо ва бунёди долонҳои логистикӣ иборат аст, ки хароҷоти савдоро ба таври назаррас коҳиш дода, мавқеи Тоҷикистонро ба сифати ҳалқаи транзитӣ дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам месозад.

3. Рушди бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ

Бахши кишоварзӣ корфармои бузургтарин дар кишвар боқӣ мемонад, аммо барои ҳавасмандсозии рушди иқтисод, тақвияти бахши хусусӣ ва тиҷорати хурд талаб мешавад.

БОР ният дорад, ки аз лоиҳаҳои марбут ба таъсиси ҷойҳои корӣ дастгирӣ кунад, аз ҷумла тариқи дастгирии соҳибкории хурду миёна, ки ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва таъмини дастрасии бештар васеъ ба имконоти иқтисодӣ мусоидат мекунад.

4. Тағйирёбии рақамӣ

Рақамисозии иқтисод ва идоракунии давлатӣ аз афзалияти муҳими стратегия маҳсуб меёбад. БОР ба дастгирии ҷорисозии технологияҳои рақамӣ ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба хидматрасониҳои давлатӣ, беҳбуди самаранокии идоракунӣ ва коҳиши фарқияти гендерӣ идома дода, имконотро барои ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла занон ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ васеъ мекунад.

5. Бахши кишоварзии устувор ва идоракунии захираҳои обӣ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бонки осиёии рушд коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон барои имсол ва соли ояндаро пешгӯӣ кард

Бахши кишоварзии Тоҷикистон ба таъмиру навсозии ҷиддӣ ниёз дорад. Дар Стратегия гуногунсамт сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ ва истифодаи технологияҳои муосири иқлимии устувор, аз ҷумла низомҳои зеҳнӣ барои обёрӣ ва идоракунии захираҳои об ҷиҳати мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ пешбинӣ шудааст.

Рушди фарогир ва беҳбуди сифати зиндагӣ

Ба фарогирии иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Стратегия ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани дастрасӣ ба таълим ва тандурустӣ, беҳбуди ҳифзи иҷтимоӣ ва зерсохтор нигаронида шудааст. Беҳбуди шароит барои занон ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус дар ноҳияҳои деҳот яке аз самтҳои аҳаммиятнок шуморида мешавад.

Дастгирии баробарии гендерӣ

БОР ният дорад, ки ба расидан ба баробарии гендерӣ фаъолона мусоидат намуда, ба занон ҷиҳати иштирок дар иқтисод тариқи таъсиси ҷойҳои корӣ, дастгирии таълим дар соҳаи STEM (илм, технологияҳо, муҳандисӣ ва риёзӣ) ва рушди соҳибкорӣ миёни занон дар шаҳру навоҳӣ  имконоти бештар пешниҳод созад.

Имзои Стратегияи нави шарикӣ бо БОР барои солҳои 2026-2030 ба Тоҷикистон баҳри расидан ба пешравӣ ва рушди устувор, таҳкими иқтисоди худ ва беҳбуди сифати зиндагӣ имконоти нодир фароҳам меоварад.

Бо таваҷҷуҳ ба соҳаҳои калидӣ ба монади нерӯ, зерсохтор, бахши хусусӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рақамисозӣ, Тоҷикитон барои амалисозии нақшаҳои дарозмуҳлат дар самти беҳбуди некӯаҳволии шаҳрвандон ва таъмини рушди уствор дар оянда ҳамаи шароитҳоро доро хоҳад буд.

Дар бораи Бонки осиёии рушд

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
БОР: Интиқоли маблағ касри савдои хориҷии зиёдшудаи Тоҷикистонро ҷуброн кард

Аз замони узвият ба БОР дар соли 1998, ин ниҳоди молиявӣ ба сифати кумак барои рушд ҳудуди 3 млрд доллар маблағ ҷудо карда, яке аз шарикони бузургтарини бисёрҷонибаи кишвар шуд. Аз ин шарикӣ натиҷаҳои назаррас ҳосл шуданд, аз ҷумла таъмиру навсозии роҳҳои мошингарди калидии пайвасткунандаи шаҳру навоҳӣ дар саросари кишвар, низомҳои муҳими обёрӣ ва таъминот бо оби нӯшокӣ, инчунин сохтмони бемористону мактабҳо.

БОР ҳамчунин аз сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои  барқӣ, дубора пайваст шудани низоми энергетикаи миллӣ ба шабакаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва таъмиру навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Сарбанд” дастгирӣ кард.

Бонки осиёии рушд бонки пешрафтаи бисёрсоҳавӣ мебошад, ки аз рушди фарогир, ба ҳаёт тобовар ва устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дастгирӣ мекунад. Дар ҳамкорӣ бо кишвар ва шарикон ҷиҳати ҳалли муштараки вазифаҳои маҷмӯавӣ, БОР аз воситаҳои навоваронаи молиявӣ ва шарикӣ баҳри тағйири ҳаёти одамон, бунёди зерсохтори босифат ва ҳифзи сайёраи мо истифода мебарад. БОР соли 1966 таъсис ёфта, 69 кишвар ба ҳайати он шомиланд, ки 50-то аз ин кишварҳо дар минтақа қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 15:00 дар Театри давлатии русии драмавии ба номи В. Маяковский намоиши "Ҳар чӣ кобӣ, ҳамон биёбӣ" ("За чем пойдешь, то и найдешь") аз рӯи асари Островский бо коргардонии Хуршед Мустафоев ба саҳна гузошта мешавад. Нархи чипта 35 сомонӣ буда, метавон аз хазинаи театр ва ё сомонаи ticketon.tj дастрас кард.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони додситонӣ ҷашн гирифта мешавад. 14 марти соли 1992 Қонун “Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд, ки тибқи он мансаби додситони кул таъсис дода шуд ва аз ҳамон сол инҷониб 14 март Рӯзи кормандони додситонӣ таҷлил карда мешавад.

Соли 1942 – Марҳилаи аввали Комбинати нассоҷии Душанбе ба истифода дода шуд.

Соли 1955 – Боғи ботаникии Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 1994 – Анҷумани аввали Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд.

Соли 2001 – Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 2013 – Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон Созишномаи муштаракро дар бораи ҳифзи қитъаҳои мушкили сарҳадӣ имзо карданд.

Соли 2017 – Додгоҳи Олии Тоҷикистон вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро барои “беэҳтиромӣ ба суд” ба ду соли иловагии зиндон маҳкум кард, ки дар маҷмӯъ муҳлати ҷазояш ба 25 сол расид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1911 – Мавлуди Абдусалом Деҳотӣ, шоир, нависанда, дромнавис, луғатшинос ва арбоби давлатӣ.

Абдусалом Деҳотӣ, шоир ва пажӯҳишгари тоҷик аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи ХХ буда, дар Самарқанд зода шудааст. Ӯ дар таҳрири осори устод Айнӣ ва таҳияи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” саҳми босазо дорад.

Деҳотӣ солҳо дар Тоҷикистон фаъолият бурда, осори ғанӣ эҷод ва дастраси хонандагон кардааст. “Ҳаёт қадам мезанад”, “Бунафша, “Ҳадя ба хурдтаракон”, “Оби равон меояд” аз ин қабиланд.

Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад.

Дар офаридани асарҳои драмавӣ низ маҳорати беҳамто дошта, дар ҳамқаламии М.Турсунзода драмаи мусиқии “Хусрав ва Ширин”, мустақилона либреттои операҳои “Шӯриши Восеъ” ва “Комде ва Мадан”-ро навиштааст. Соли 1953 мазҳакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев”-ро ба қалам овардааст.

Абдусалом Деҳотӣ соли 1962 дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1948 – Мавлуди Мамадшо Илолов, риёзидон, собиқ президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон.

Соли 1956 – Мавлуди Ортиқ Қодир, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Ортиқ Қодир яке аз ҳунарпешагони маҳбуби тоҷик буда, бо садои марғубу нақшҳои муассир на танҳо дар фазои театру синамо мақом дорад, ҳамчунин нақши ӯ дар ҷараёни фарҳангии миллат низ сазовор арзёбӣ мешавад.

Ӯ шуъбаи ҳунарпешагии Донишкадаи давлатии санъат ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Шурӯъ аз солҳои донишҷӯӣ дар бисёр озмунҳо ва чорабиниҳои сатҳи баланд ба ҳайсӣ ровӣ ва ҳунарпеша иштирок кардааст.

Ҳунарпеша соли 1978 бо роҳхати Вазорати фарҳанг (ва дархости маъмурияти театр) ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор даъват шуда, дар тӯли фаъолияти худ дар соҳаи театр даҳҳо нақшҳо офаридааст. Нақшҳои Шаҳзода дар “Кӯзаи гӯё”, шоҳ дар “Бахтатро бедор кун”, вазири мушон дар “Қиссаи аҷибу ғариб”, Лоҳутӣ дар “Қиёми Лоҳутӣ”, Хоҷа Ҳофиз дар “Кабки қафас”, Рӯдакӣ дар “Рӯдакӣ” аз беҳтарин нақшҳои ҳунарпешаанд.

Ортиқ Қодир аз соли 1991 то соли 1995 дар симмати ҳунарпешагии Театри навтаъсиси намунавии миниатюрии “Оина”-и идораи фарҳанги шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 1996-2001 муовини сардабири ҳафтаномаи “Чархи гардун” буд. 

Соли 1963 – Мавлуди Ҷумахон Файзализода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Соли 1970 – Зодрӯзи Ширин Исматуллозода, забоншинос, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз рӯзи таваллуди Алберт Эйнштейн – олими бузурги физика ва поягузори назарияи нисбият аст. Яке аз суханони маъруфи ӯ чунин аст: “Муҳим он аст, ки савол доданро бас накунӣ”. Ба ҳамин сабаб, 14 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии пурсиш ё пешниҳоди савол низ таҷлил мешавад.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии дарёҳо таҷлил мешавад. Пештар ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сарбандҳо маъруф буд. Онро соли 1997 дар Конфронси байналмилалии зидди сохтмони сарбандҳои бузург дар шаҳри Куритибаи Бразилия таъсис доданд. Шиори ин рӯз “Барои рӯдхонаҳо, об ва ҳаёт!”.

14 марти соли 1956 ширкати амрикоии "Ampex" аввалин сабти видеоиро намоиш дод. Ин ширкат аввалин видеомагнитофонро дар таърих намоиш дод. Ширкатро соли 1943 муҳоҷири рус Александр Понятов таъсис додааст. Видеомагнитофони аввалине, ки ин ширкат истеҳсол кард, намуди катушкӣ (тасмавӣ) дошт ва 14 марти соли 1956 ба намоиш гузошта шуд. Ин дастгоҳ танҳо барои истифодаи касбӣ дар студияҳои телевизионӣ пешбинӣ гардида буд.

Видеомагнитофони "Ampex" дар Иттиҳоди Шӯравӣ рақобати ҳасудонаеро ба вуҷуд овард. Соли 1958 Никита Хрушёв аз намоишгоҳи амрикоӣ, ки дар Маскав баргузор мешуд, боздид кард. Вақте, ки ӯ сабти мулоқоташро бо сафири ИМА дид, фавран амр дод, ки видеомагнитофони шабеҳе таҳия шавад, ки аз ин камӣ надошта бошад. Пас аз ду сол аввалин видеомагнитофони шӯравӣ бо номи “Кадр” истеҳсол шуд ва то давраи бозсозӣ (перестройка) дар СССР истеҳсол мегардид.

14 марти соли 1900 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико “стандарти тиллоӣ” ба расмият дароварда шуд. Ин низоми молиявиест, ки дар он тилло ҳамчун асоси муомилоти пулӣ ва ченаки арзиши умумӣ хизмат мекунад.

14 март ҳамчун Рӯзи ихтирои бутерброд ҳисобида мешавад. Маълумоти дақиқ дар бораи пайдоиши ин ғизо мавҷуд нест. Бархе онро ба яҳудиёни қадим рабт медиҳанд, ки дар матзо (нонҳои тунуки анъанавӣ) порчаҳои хӯрокҳои гуногун мегузоштанд. Дигарон ба нони чапатии ҳиндӣ ишора мекунанд, ки барои гузоштани гӯшт, моҳӣ ва дигар маҳсулот истифода мешуд.

Даниягиҳо бутербродро ихтирои худ мешуморанд – онҳо онро маъмулан бо пиёз ва моҳии дуддодашуда омода мекунанд. Шведҳо низ даъвои ихтирои бутербродро доранд, зеро он ҷузъи ҷудонашавандаи “столи шведӣ” аст. Англисҳо ихтирои бутербродро ба ҳамватани худ Ҷон Сэндвич нисбат медиҳанд. Тибқи ривоят, ӯ иштиҳои хуб дошт ва метавонист соатҳои дароз порчаҳои нонро, ки дар байни онҳо гӯшт бо равған ҷойгир буд, истеъмол кунад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 10+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм,  дар баъзе минтақаҳо то 3-5º сард, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард.  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона -1+1º.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 14 ба 15-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ

0

Аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаи Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳҳо ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна ба ду ҳафта сипарӣ мешавад. Давоми шабонарӯзи гузашта Доналд Трамп таҳдиди аз байн бурдани зерсохтҳои барқии Эронро карда, Алии Лориҷонӣ ба ӯ посух гуфт. Ҳамчунин, ба Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон ҳамла шуд. Муҳимтарин ҳаводиси Ховари Миёнаро давоми шабонарӯзи гузашта дар ин матлаби мо хонед.

 

Таҳдиди Трамп ва посухи Лориҷонӣ

Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон 12-уми март дар шабакаи “Х” дар посух ба таҳдиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи аз байн бурдани барқи Эрон навишт, ки “агар ин корро кунад, зарфи ним соат кулли минтақа дучори хомушӣ мешавад ва торикӣ барои шикори низомиёни фирории Амрико дар минтақа фурсати хуберо фароҳам меорад”.

Пеш аз ин Доналд Трамп иддао карда буд, ки “метавонем зарфи ним соат барқи Эронро аз байн барем, аммо ин корро накардем”.

Алии Лориҷонӣ ба иддаоҳои Трамп, ки гуфт, “бояд дар ин ҷанг ба суръат пирӯз шавем”, навишт, ки “шуруи ҷанг осон аст, вале поёни он бо чанд твит (фириста дар шабакаҳои иҷтимоӣ) поён намепазирад. Раҳоятон намекунем, то хатои худро напазиред ва товони онро надиҳед”.

 

Идомаи ҳамлаҳои тарафҳо

Бомдоди ҷумъаи 13-уми март Амрикову Исроил ба шаҳрҳои Теҳрон, Караҷ, Арок ҳамла кардаанд. Хабаргузории “Тасним” аз ҳамлаҳои ҳавоӣ, аз ҷулма, аз шунида шудани садои таркиш дар ҷануби Теҳрон хабар дод. Пеш аз ин, артиши Исроил гуфта буд, ки ба Теҳрон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст.

Хабаргузории “Форс” хабар дод, ки бомдоди 13-уми март ба чанд нуқтаи пойтахт ҳамлаи ҳавоӣ шуд.

Хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон мегӯяд, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакии шаби гузашта ба як манзили маскунӣ дар шаҳри Қудс 2 кӯдак кушта шуда, 17 тани дигар захмӣ шудаанд.

Раиси Созмони низоми пизишкии Эрон гуфтааст, дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил дар умум беш аз 20 беморхона, марказҳои дармонӣ ва ёрии таъҷилӣ осеб дидааст.

“BBC” менависад, ки атрофи “Бурҷи Озодӣ”, ки намоди шаҳри Теҳрон ва аз осори милли Эрон ба шумор меравад, бар асари таркишҳо осеб дидааст.

 

Зимнан, дар посух ба ин ҳамлаҳо Эрон гуфт, ба Исроил, аз ҷумла маркази ситоди фармондеҳии ин кишвар зарба задааст.

Сипоҳи посдорон низ иттилоъ дод, ки дар мавҷи нави ҳамлаҳои худ Ҳайфо ва чанд шаҳри дигарро ҳадаф қарор дода, ба чандин пойгоҳҳои дигари Исроил ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом додааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Исроил танҳо дар шабонарӯзи гузаша 213 нафар дар пайи ҳамлаҳои Эрон ҷароҳат бардоштааст. “The Times Of Israel” навиштааст, ки аз оғози даргирӣ дар умум 2 ҳазору 975 тан маҷрӯҳ гаштааст.

Ҳамлаҳои Эрон дар ҳолест, ки Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил,рӯзи 12-уми март дар паёме гуфтааст, ки “Эрон ва “Ҳизбуллоҳ” дигар он таҳдиди қаблӣ нестанд”.

Ин аввалин паёми ӯ пас аз ҳамлаҳои якҷоя бо Амрико ба Эрон аст, ки дар макони номушахасе сабт шудааст.

 

“Суқут”-и ҳавопаймои сӯхтрасони Амрико дар Ироқ

Фармондеҳии марказии Амрико эълон кард, ки як ҳавопаймои сӯхтрасони “KC-135 ” ин кишвар дар ҷараёни ҳамла ба Эрон дар ғарби Ироқ “суқут” кардааст. Вале гурӯҳи Муқовимати исломӣ дар Ироқ гуфтааст, ки онҳо ин ҳавопайморо ҳадаф қарор додаанд.

 

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 12-уми март гуфт, ки дар ҷараёни ҳамла ду ҳавопаймои сӯхтрасони амрикоӣ ширкат дошт, ки яке “суқут карда”, дуюмӣ “бомувафаққият” фуруд омадааст. Ин ниҳод иддао кардааст, ки ҳавопаймояшро “бар асари оташи душман ё оташи худӣ” аз даст надодааст.

То ҳол аз кушта шудани 4 сарнишини ин тайёра хабар нашр шудааст.

Хабаргузори “Ройтерз” навишт, гурӯҳи Муқовимати исломӣ дар Ироқ масъулияти сарнагун кардани ҳавопаймои амрикоиро бар уҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ эълон кардааст, ки “барои дифоъ аз соҳибихтиёрии миллӣ ва фазои ҳавоии Ироқ" ҳавопаймои сӯхтрасони Амрикоро ҳадаф қарор додааст.

Ҳавопаймои сӯхтрасони “KC-135” дар ҷараёни ҷанг дар осмон ба ҷангандаҳо сӯзишворӣ медиҳад.

 

Вазъ дар кишварҳои дигари Ховари Миёна

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ва зарбаи “Ҳизбуллоҳ” ба пойгоҳҳои Исроил идома дошт.

Артиши Исроил аз ҳамла ба Бейрут хабар дода, гуфтааст, “зерсохтҳои “Ҳизбуллоҳ”” ҳадафи ин ҳамлаҳо будааст. “Ҳизбуллоҳ” низ мегӯяд, чанд пойгоҳҳи Исроилро ҳадафи ҳамла қарор додааст.

 

Дар зимн, 13-уми март як сарбози фаронсавӣ дар Ирбили Ироқ кушта шудааст.

Эмануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса 11-уми март дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “ин узви нерӯҳои мусаллаҳ дар як ҳамла кушта шудааст” ва илова кардааст, ки чанд сарбози дигар захмӣ шудааст.

Пеш аз ин навишта, артиши Фаронса эълон карда буд, ки теъдоде аз нерӯҳояш дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ин аввалин сарбози фаронсавӣ мебошад, ки аз оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна кушта мешавад.

Ҳамчунин, дар минтақаи Ирбили Ироқ ба пойгоҳҳои низомии Бритониё ва Амрико ҳамла шудааст. “The Times Of Israel” навиштааст, ки дар ин ҳамлаҳо чанд сарбози амрикоӣ захмӣ шудааст.

Қаблан хабаргузории “Ройтерз” аз қавли мақомоти фаронсавӣ навишта буд, ки дар ин ҳодиса 6 сарбоз захмӣ шуда буд. 

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд

0

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” якҷо бо “Ориёнбонк” – аз бонкҳои низомсоз ва муваффақи кишвар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҳамчунин, 30-солагии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар Боғи ғалабаи пойтахт 50 бех ниҳоли санавбар ё худ сӯзанбарг нишонданд.

Мо аз маъракаи ниҳолнишонӣ гузориш омода кардем.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”

0

Чанде аз бошандагони биное дар маркази Душанбе шикоят доранд, ки як ширкати сохтмонӣ бидуни бастани шартнома бо ҳамаи соҳибмулкон ва бе иҷозаи сохтмон ба тахриби биное, ки хонаҳояшон ҷойгир аст, оғоз кардааст. Онҳо мегӯянд, мақомоти дахлдор ҳам ба доди онҳо нарасидаанд. Роҳбари ширкати сохтмонӣ қазияро шарҳ намедиҳад. Ҳуқуқшинос роҳи дуруст ва қонунии тахриби бино ва риояи ҳатмии ҳуқуқи соҳибмулкро шарҳ дод.

Баҳс сари биное дар кӯчаи Академик Раҷабовҳо, 11 аст, ки ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон” ба тахриби он оғоз карда, мехоҳад дар ҷойи он бинои 19-ошёна созад. Ин ширкат барои оғози сохтмон дар шафати ин бино иҷоза дорад, аммо барои оғози сохтмони блокҳое, ки дар ҷойи бинои истиқоматкунандагонаш шикоятдошта бунёд бояд шавад, иҷоза надорад.

 

“Ҳаққи қонуниамро талаб дорам”

Ба қавли чанде аз сокинони ин бино, ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон” охири соли 2023 бо ирсоли мактуб соҳибмулконро огоҳ кардааст, ки мехоҳад дар ҷойи хонаҳои онҳо биноҳои баландошёна созад ва аз онҳо хостааст, ҳуҷҷатҳои манзилашонро барои муайян кардани масоҳат ва ҷубронпулӣ пешниҳод кунанд. Бо теъдоде аз истиқоматкунандагон ҳам шартнома бастааст, вале ба гуфтаи чанде аз сокинони ин бино, баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ, ширкати бинокор барои бастани шартнома бо онҳо иқдоме накардааст.

Соҳибмулкони тарабхонаи “Ал-Шам”, ки дар ошёнаи якуми ин бино ҷойгир аст, аз ҷумлаи онҳоест, ки мегӯянд, ширкати бинокор то ҳол дар хусуси ҷуброни зарар ва бастани шартнома бо онҳо сӯҳбат накардааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


“Бо мо, чун соҳибмулкони ин бино, шартнома барои тахриби он ва пардохти ҷубронпулӣ баста нашудааст. Аммо ширкат ба тахриби бино оғоз кардааст. Ин танҳо тахриби бино нест, ин фишори ошкоро аст. Қубурҳо кафиданд, об аз шифт мечакад ва ба мустаҳкамии бино низ таъсир расидааст. Бо ин кор моро маҷбур мекунанд, ки дар шароити хатарнок фаъолият кунем, то худамон фирор кунем”, – мегӯянд онҳо.

Роҳбарони муассиса мегӯянд, ки аз ширкат танҳо риояи қонунро талаб доранд.

 

“Соҳибкор ин корро мекунад, то мо хонаамонро тарк кунем”

Галина Назарова сокини дигари ин бино аст, ки мегӯяд, ширкати бинокор бо ӯ шартнома набастааст, вале ба тахриби бино, ки дар қисме аз он ӯ ва оилааш зиндагӣ доранд, оғоз кардааст.

“Бо чанде аз истиқоматкунандагони бино то ҳол шартнома набастаанд. Мо пурсидем, ки чаро қисме аз сокинони биноҳоро розӣ кардед, аммо ба мо то ҳол пешниҳоди ҷуброни зарар нашудааст, гуфтанд, ҳоло то мо навбат нарасидааст. Аммо тибқи қонунгузорӣ, онҳо бояд бо ҳамаи соҳибмулкон созиш кунанд, шартнома банданд, баъдан ҳаққи тахриби биноро доранд”,-таъкид мекунад Галина Назарова.

Назарова ҳам шикоят дорад, ки дар пайи оғози тахриби бино, амнияти онҳо зери хатар аст, чун мустаҳкамии бино, низоми гармидиҳӣ, оби нӯшиданӣ ва ғайра дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.

Ӯ мегӯяд, ин ҳама “фишор болои сокинон” барои имзои шартнома бо шартҳои барои ширкати биносоз мувофиқ роҳандозӣ шудааст.

“Онҳо махсусан ин корро мекунанд, то бино дар ҳолати садамавӣ қарор гирад ва моро пеш кардан осонтар шавад. Як ҳамсояи мо маҳз ба ин хотир дар сармои зимистон бо кӯдакони хурдсолаш овораи кӯчаҳо шуд”,- нигаронӣ кард Назарова.

Сокинони ин бино, ки бо “Азия-Плюс” суҳбат карданд, гуфтанд, ки баъди оғози тахриби бино, онҳо бо мушкили зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд: гоҳ барқу об надоранд, гоҳи дигар роҳрави назди бинои истиқоматиро об зер мекунад. Кӯчаи ҳамшафати ин биноҳо бошад, бо сабаби ҳаракати мошинҳои боркаш ва техникаҳои сохтмонии ширкат, қисман вайрон шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



 

Роҳбари дастнораси ширкат

“Азия-Плюс” чандин рӯз ва ба такрор талош кард назари роҳбар ё масъулини ширкати “Луфт сохтмон”-ро дар робита ба даъвои сокинони ин бино фаҳмад.

Аммо раиси ширкати “Лутф сохтмон”, ки худро Анӯшервон Ҷанобилов муаррифӣ кард, бо баҳонаи дар хориҷа қарор доштан ҳар бор аз сӯҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” худдорӣ кард. Хабарнигори мо се маротиба ба нуқтаи фурӯши хонаҳои ин ширкат рафт, аммо ҳеҷ як намояндаи ширкати сохтмонӣ ҳозир нашуд даъвои сокинони биноро шарҳ диҳад.

 

Дар ин ҳолат қонунгузорӣ чӣ мегӯяд?

Шукрулло Шоҳинов, ҳуқуқшиноси тоҷик дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” роҳи дуруст ва қонунии тахриби биноҳои бартарафшаванда, ҳуқуқҳои соҳибмулкон ва муносибати ширкатҳои бинокорро шарҳ дод.

Ҳуқуқшинос гуфт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, намояндагони ширкати сохтмонӣ ҳақ надоранд, ки сокинонро барои озод кардани хонаҳояшон то имзои қарордод, бо ҳар роҳе маҷбур кунанд.

“Амали ширкате, ки бидуни бастани шартнома ва иҷозати расмӣ ба тахриби моликияти шаҳрвандон оғоз мекунад, ҳамчун бархурди худсарона ва барқасд расонидани зарар ба амвол баҳо дода мешавад. Тибқи моддаи 32-и Конститутсияи ҶТ ва моддаи 263-и Кодекси граждании ҶТ, моликият дахлнопазир аст. Гирифтани қитъаи замин, танҳо пас аз пардохти пурраи арзиши бозории амвол ё додани манзили баробарқимат бо ризояти соҳибмулк ва бастани шартномаи хаттии нотариалӣ амалӣ мешавад”,-таъкид кард ҳуқуқшинос.

Ӯ гуфт, ширкати бинокор ба соҳибмулке, ки хонааш ба нақшаи тахриб ворид шудааст, бояд огоҳинома фиристад, инчунин нусхаи қарор, шартҳои тахрибу ҷуброн ва нақшаи тасдиқшударо нишон диҳад.

“​Пеш аз бастани шартнома, амвол бояд аз ҷониби мутахассиси мустақил баҳогузорӣ шавад. Ширкати бинокор бояд арзиши бозории манзил, қитъаи замин, биноҳои ёрирасон, харҷи кӯчидан ва иҷораи муваққатиро ба назар гирад. ​Қонунгузорӣ ба соҳибмулк ҳуқуқи интихоб додааст. Ширкати бинокор ва соҳибмулк бояд “Шартнома дар бораи додани ҷуброн ва озод намудани қитъаи замин”-ро имзо кунанд. Дар он бояд муҳлатҳои аниқи пардохт ва кӯчидан зикр шавад”, – иброз дошт ҳуқуқшинос.

Шоҳинов таъкид мекунад, ки танҳо пас аз ҷуброни пурра, ҳуқуқи моликият ба бинои кӯҳна қатъ шуда, ширкати сохтмонӣ баъди дарёфти иҷозати расмии сохтмон ба тахриби бино оғоз карда метавонад.

Дар сурати риоя нашудани ин талаботи қонунгузорӣ, ба қавли Шоҳинов, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эътирофи мушкили “нанговар” ва пешниҳоди роҳҳал. Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон

Бояд гуфт, дар сурати пайдо шудани норозигӣ, ширкати сохтмонӣ бе ҳукми додгоҳ ҳаққи тахриби манзили сокинонро надорад. Бошандагони ин бино мегӯянд, додгоҳ дар бораи тахриби ин бино дастуре надодааст.

Чанде пеш, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фиреби шаҳрвандон ва нофаҳмиҳо дар ҷараёни бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва фурӯши он дар пойтахт аз сӯйи ширкатҳои сохтмонӣ феҳристеро рӯнамоӣ ва дар сомонаи худ ҷойгир кард, ки дар он метавон то куҷо қонунӣ будани кори ширкатҳои сохтмониро санҷид.

Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст, ширкати бинокори “Лутф сохтмон” қарори оғози сохтмон дар блокҳои А, Б, В, Г, Д-ро дорад, аммо барои сохтмони блокҳои Е, Ж, ки дар ҷойи бинои истиқоматкунандагонаш шикоятдошта бунёд бояд шавад, иҷоза надорад.

 

“Як талаб дорем: риояи қонун!”

Истиқоматкунандагони бинои мазкур мегӯянд, барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, ки бино дар ҳудуди он қарор дорад ва додситонии ин ноҳия шикоят кардаанд, вале бенатиҷа будааст. Онҳо мегӯянд, “ягон нафар на аз ҳукумат ва на аз додситонии ноҳия омада, вазъиятро насанҷид”.

Талаби онҳо аз мақомоти дахлдор як аст: пешгирӣ аз тахриби бино аз сӯйи ширкати сохтмонии “Лутф сохтмон” бидуни бастани шартнома бо бошандагони он.

“Мо чизи зиёд намехоҳем, танҳо риояи қонун. Яъне бастани шартнома бо мо ва пардохти ҷуброн тибқи нархи бозор”, – мегӯянд онҳо.

Дар Тоҷикистон мушкилоти марбут ба биноҳои навбунёд зиёд расонаӣ мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар моҳи декабри соли 2025 ва 10 рӯзи аввали моҳи январи имсол беш аз 250 шаҳрванд ба таври гурӯҳӣ аз болои биносозон ё миёнаравҳои онҳо ба ВКД шикоят кардаанд. Чор ниҳоди дигар ҳам аз кори баъзе ширкатҳои сохтмонӣ нигаронӣ карданд, ки бо муҳтавои он муфассал дар ин матлаб шинос шавед: Эътирофи мушкили “нанговар” ва пешниҳоди роҳҳал. Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.