Home Blog Page 39

Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна

0

Дар рӯзи нуҳуми ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, ҳарду ҷониб ба захирагоҳи нафтӣ ва полишгоҳҳои нафтии якдигар ҳамлаҳои мушакиву паҳподӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, шаби гузашта, Исроил ба анборҳои нафти вилоятҳои Теҳрону Албурз ҳамла кард, ки дар пайи оташсӯзӣ дар фазои Теҳрон борони нафтӣ ба вуҷуд омад. Дар посух ба ин, Эрон ҳам ба чанд полоишгоҳи нафтии Ҳайфо ҳамла карда, ҳамчунин чанд нуқтаи ҷойгиршавии низомиёни амрикоӣ дар кишварҳои Ховари Миёнаро ҳадаф қарор додааст.

Охирин хабарҳо аз вазъи Эрону Исроил ва умуман минтақаи Ховари Миёнаро дар ин маводи мо хонед.

 

Наздики 180 нафари дигар аз Иморот ба Тоҷикистон баргаштанд

Чанд соат пеш, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, 178 нафари дигар тариқи парвози чартерӣ аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Душанбе баргаштаанд, ки миёнашон шаҳрвандони хориҷӣ ҳам ҳастанд. 

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ин парвоз тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Фурудгоҳи Мактуми Дубай анҷом шуда, ҳудуди соатҳои 16:00-и имрӯз дар Душанбе фуруд омад. 

Пеш аз ин, дар пайи даргириҳо дар Ховари Миёна, 362 шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳрҳои Абу-Забӣ ва Дубайи Иморот тариқи хатсайрҳои чартерии ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Fly Dubai” ба Тоҷикистон баргашта буданд.

Баъди ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Теҳрон ба онҳо, ин гурӯҳи мусофирон дар Иморот дармонда буданд.

 

Ҳамла ба анборҳои нафт ва таъсисоти обширинкунӣ дар Эрон

Вайс Карамӣ, мудири ширкати тақсими маҳсулоти нафтии Эрон ҳамла ба анборҳои нафт дар Теҳрону Албурзро тасдиқ карда, гуфтааст, ки дар пайи он, дар Теҳрон 4 нафар кушта шудааст. Ҳамчунин, раиси вилояти Албурз низ, аз кушта шудани 6 тан ва маҷрӯҳ гаштани 23 тани дигар дар ҳамлаҳо ба анборҳои нафти ин вилоят хабар додааст.

Дар пайи ҳамла ба анборҳои нафт ва оташсӯзӣ дар онҳо, Ҳилоли аҳмари Эрон аз ба вуҷуд омадани борони нафтӣ дар фазои Теҳрон ҳушдор дод. Ин ҷамъият аз сокинон хостааст, аз ҳузур дар маконҳои боз худдорӣ кунанд ва дар манзилҳои худ бимонанд.

Навору аксҳо аз Теҳрон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, шӯълаҳо ва дуди азимеро нишон медиҳанд, ки аз таъсисоти нафтӣ аланг мезананд.

Вайс Карамӣ рӯзи 8-уми март дар гуфтугӯ бо шабакаи "Хабар"-и телевизиони давлатии Эрон шарҳ додааст, ки шаби гузашта ва субҳи якшанбе, 4 анбори маҳсулоти нафтӣ ва 1 маркази нақлу интиқоли он дар вилоятҳои Теҳрон ва Албурз, ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Аммо ин масъули эронӣ гуфтааст, "бензин ба андозаи кофӣ дар анборҳои нафт мавҷуд аст ва дар дастраси мардум хоҳад буд". Бо ин ҳол, ӯ аз мардум хост, ки танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба бензинфурӯшиҳо сар бизананд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна

Ҳамчунин,  расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд, ки рӯзи гузашта, 7-уми март Амрико ба пойгоҳи обширинкун (Эрон оби баҳрро полоиш мекунад)-и ҷазираи Қашами Эрон ҳамла кардааст, ки дар  натиҷа, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар 30 деҳа мушкил шудааст.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба ин ҳамла дар саҳифаи худ дар “Х” навишт, ки “ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ҳаётии Эрон иқдоми бисёр хатарнок аст, ки паёмадҳои сангине дар пай хоҳад дошт”.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон низ, дар вокуниш ба ин ҳамла дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “таҷовузи эътилофи амрикоӣ-саҳюнистӣ ба обширинкуни Қашам бо пуштибонии яке аз пойгоҳҳои ҳавоӣ дар кишварҳои ҳамсояи ҷанубӣ анҷом шудааст. Ин ҷинояти ошкор вокуниши мутаносибе дарёфт хоҳад кард”.

Сипоҳи посдорони Эрон эълон кард, ки ба он пойгоҳи Амрико, ки аз он ба таъсисоти обширинкуни ҷазираи Қашам ҳамла шуда буд, зарба задааст.

 

Ҳамлаҳо ба Исроил

Дар ҳамин ҳол, Сипоҳ хабар додааст, ки дар посух ба ҳамлаҳои Исроил ба пойгоҳҳои нафтӣ дар Теҳрон ва Албурз, шаби гузашта ба як зихарагоҳи нафтӣ дар Ҳайфо ва чанд нуқтаи ҷойгиршавии низомиёни амрикоӣ дар кишварҳои Ховари Миёна ҳамлаи паҳподиву мушакӣ анҷом додааст.

Ба гузориши хабаргузории “Садову симо”-и Эрон, Муҳаммад Ноинӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони Эрон изҳор доштааст, ки Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар то ҳол беш аз 200 нуқта дар пойгоҳҳо ва таъсисоти Амрико ва Исроилро ҳадаф қарор додаанд, ки тақрибан 60% ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна ва 40 дарсади дигар ба Исроил равона шуда будаанд.

“Мушакҳое, ки то ҳол дар амалиётҳо истифода шудаанд, аксаран наслҳои якум ва дуюм мебошанд. Дар марҳилаҳои баъдӣ, сабки нави ҳамлаҳо бо истифода аз мушакҳои пешрафтатар ва камтаристифодашудаву дурпарвоз ба кор гирифта хоҳад шуд”, – илова кардааст Ноинӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони Эрон.

Ӯ гуфтааст, ки Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар “ҳадди ақал барои як ҷанги шадиди шашмоҳа бо суръати кунунӣ омдагӣ доранд”.

Дар ҳамин ҳол.  “The Times Of Israel” субҳи 8-уми март аз шунидани “бонги хатар” дар чанд нуқтаи Исроил хабар додааст, вале ба навиштаи ин расона, “аз талафот гузориш дода нашудааст”.

 

Омори куштаву захмишудаҳо дар Эрон

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?

Рӯзи 7-уми март як намояндаи Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон иттилоъ додааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, дастикам 195 донишомӯз ва омӯзгор кушта шуда, 68 мактаб осеби ҷиддӣ дидааст. Ба ғайр аз қурбониёни мактаби Миноб (168 кушта а 110 тани дигар маҷрӯҳ), ҳамчунин, дар вилояти Форс низ як омӯзгор бо 5 талаба дар пайи як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудаанд. .

Ҳилоли аҳмари Эрон рӯзи 8-уми март иттилоъ додааст, ки аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон 9 ҳазору 669 нуқтаи ғайринизомӣ осеб дидааст. Аз ҷумла, ба 7 ҳазор 943 бинои истиқоматӣ ва 1 ҳазору 617 бинои тиҷоратӣ ҳамла шудааст.

Дар ҷараёни ин ҳодисаҳо 11 корманди тиб кушта ва 33 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои ин ҷамъияти эронӣ, 32 маркази доруӣ ва дармонӣ ва илова бар ин 13 маркази Ҳилоли Аҳмар низ низ осеб дида, 7 нафар аз кормандони имдодрасонӣ захмӣ шудаанд.

 

Инчунин, 15 мошини наҷотдиҳӣ ва 13 нақлиёти Ҳилоли Аҳмар ва ёрии таъҷилӣ зарар дидаанд.

Мақомоти Эрон охирон маротиба 5-уми март теъдоди кушташудаҳои ҳамлаҳои Амрикову Исроилро 1 ҳазору 230 нафар ва теъдоди захмиёнро беш аз 6 ҳазор тан гуфта буданд. Омори охирини қурбониён дар Эрон маълум нест.

Вазорати тандурустии Исроил шабонарӯзи гузашта аз захмӣ шудани 157 нафар дар пайи ҳамлаҳои Эрон гузориш дода, иттилоъ додааст, ки дар умум, аз оғози ҳамлаҳо 1 ҳазор 929 тан бистарии беморхона гаштааст. Исроил чанд рӯз пеш омори кушташудаҳояшро 11 тан эълон карда буд.

Аз сабаби сонсури расонаҳо, иттилоъ гирифтан аз Исроил ва вазъи он душвор шудааст.

 

Масъалаи ҷойгузини Хоманаӣ қариб ҳал шудааст,-  расонаҳои эронӣ

Чанд соат пеш, хабаргузории “Mehr”-и Эрон, навореро нашр кард, ки дар он Оятуллоҳ Муҳаммад Маҳдӣ Мирбоқирӣ, як рӯҳонии баландпоя мегӯяд, Шӯрои коршиносон ё хурбагони Эрон ҷойгузини Алии Хоманаӣ, роҳбари олии ин кишварро интихоб кард.

Шӯрои коршиносон як гурӯҳи 88 рӯҳонии баландпоя аст, ки бо овоздиҳии мардум интихоб шудаанд ва ивазкунандаи Хоманаиро интихоб мекунанд.

 

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, Маҳдӣ Мирбоқирӣ афзудааст, ки "қарори аксарият" ба даст омадааст, аммо бояд якчанд монеаҳои расмӣ бартараф карда шаванд.

Интизор меравад, ки Шӯро ба зудӣ ҷаласа баргузор кунад. Артиши Исроил қаблан ҳушдор дода буд, ки "ҳар як вориси қонунӣ ва ҳар касеро, ки кӯшиши таъин кардани вориси қонунӣ мекунад, таъқиб хоҳад кард".

 

Лориҷонӣ ба даъвои Трамп дар бораи ширкаташ дар интихоби роҳбари олии Эрон посух додааст

Алии Лориҷонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар як мусоҳибае, ки шаби гузашта расонаҳои эронӣ нашр карданд, ба иддаоҳои раисҷумҳури Амрико барои иштирок дар интихоби раҳбари ояндаи Эрон  гуфтааст, ки “ин нишон медиҳад, ки ӯ хеле одами ақибафтодае аст”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Ҳамчунин, Алии Лориҷонӣ дар як фиристае дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки Амрико бояд барои “шаҳид кардани раҳбари мо ва мардуми мо” товон диҳад.

Пас аз чанд соат, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо шабакаи “CBS” изҳороти Лориҷониро “камаҳамият” хонда, гуфтааст, “ман аслан намедонам, ки дар бораи чӣ суҳбат мекунад”.

Дар ҳамин ҳол, Стив Уиткофф, намояндаи вижаи раисумҳури Амрико, ки роҳбари музокиракунандагони Амрико бо Эрон буд, изҳор доштааст, ки “ҳанӯз ҳам фазое барои расидан ба як тавофуқ бо ончӣ аз давлати Эрон боқӣ мондааст, вуҷуд дорад”.

 

Вазъияти охири Ховари Миёна

Дар пайи ҳамлаи Исроил ба як бинои истиқоматӣ субҳи имрӯз, 8-уми март дар ҷануби Лубнон 19 нафар кушта шудааст. Вазорати тандурустии Лубнон эълон кардааст, ки теъдоди қурбониён дар ин кишвар пас аз ҳамлаҳои Исроил ба 394 нафар расидааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, аз ҷумла, 83 кӯдак ва 42 зан ҷони худро аз даст додаагд.

Дар ҳамин ҳол, “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон гуфтааст, дар посух ба ҳамлаҳои Исроил ба Бейрут ба шаҳри Кирят-Шмонаи Исроил ҳамлаи паҳподӣ анҷом додааст.

Эрон мегӯяд, субҳи 8-уми март, чанд пойгоҳи Амрико дар кишварҳои Ховари Миёнаро ҳадаф қарор додааст. Аз ҷумла,  биное, ки аз ҷониби Муассисаи миллии таъминоти иҷтимоӣ дар Кувайт идора мешавад, пас аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин оташ гирифтааст. Ин ниҳод дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки бинои асосии он осеб дидааст ва "дар натиҷа хисороти моддӣ расидааст".

 

Дар пайи ҳамлаҳои шаби гузаша, Кувайт аз кушта шудани ду корманди оташхомушкунӣ хабар додааст.

Баҳрайн низ аз ҳамлаи паҳподи ба таъсисоти обширинкунӣ хабар додааст.

Ҳамчунин, шаби гузашта дар пайи ҳамалаҳои Эрон ба пойгоҳҳо Амрико дар Иморот, фурудгоҳи Дубай барои чанд муддат баста шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар пайи ин ҳамалаҳо, ширкати ҳавопаймоии "Qatar Airways", яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа, эълон кард, ки парвозҳоеро, ки барои якшанбе, 8-уми март ба нақша гирифта шуда буданд, бозмедорад

Фазои ҳавоӣ дар тамоми кишвар баста аст. Ширкати ҳавопаймоӣ нақшаҳои ояндаи худро рӯзи душанбе эълон хоҳад кард.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?

0

Рӯзи 6-уми марти соли равон, Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” якҷой бо ширкати “Оби зулол” ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон ва Рӯзи модар иқдоми навбатии ҷашнии “Модарони Душанбе”-ро бо шукуҳи махсус баргузор кард.

Имсол ин иқдом ба 30-солагии Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" бахшида шуда буд.

Автобуси идона бо гулу туҳфаҳо ва мусиқӣ тариқи хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат карда, саёҳати оддиро ба як консерти идона табдил дод.

Аз оғози масир – назди истгоҳи роҳи оҳан, дар автобус фазои идона ҳукмфармо буд. Занон ва модароне, ки дар истгоҳҳо ба автобус менишастанд, бо “сюрпризҳо” рӯ ба рӯ мешуданд: саёҳати ройгон, гулҳо, туҳфаҳо ва баромадҳои зиндаи ҳунармандон.

Нуктаи муҳими сафар, мусиқии зинда буд. Мубориз Усмонов ва Афзалшоҳ Сафарзода, овозхонҳои маъруфи тоҷик барои занону духтарони зебо ҳунарнамоӣ карданд. Сурудҳои онҳо ба таври зинда дар автобус садо медоданд – бе саҳна ё чароғҳои ороишӣ, вале бо эҳсосоти самимӣ.

Баъзе занон рақс карданд ва дохили автобус барои чанд дақиқа ба як толори хурди консертӣ табдил ёфт.

Иқдоми “Модарони Душанбе” чанд сол боз баргузор мешавад ва ба як анъанаи деринаи шаҳр табдил ёфтааст. Дар арафаи Рӯзи модар автобуси идона дар пойтахт ҳаракат карда, ба занон гулҳо, туҳфаҳо ва рӯҳияи идона мебахшад.

ГАЛЛЕРЕЯ (17)

















Ин ташаббус бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Имсол дар омода кардани туҳфаҳо, ҳамчунин тамғаи ватании "Покиза", яке аз истеҳсолкунандагони маъруфи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибӣ кумак кард.

Ҳадафи асосии иқдом имсол ҳам бетағйир буд: – гуфтани як "сипос"-и оддӣ, вале муҳим ба модарон ва занон, барои ғамхорӣ, заҳмат ва муҳаббате, ки онҳо бо он оилаи худ ва тамоми шаҳрро пур мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намошномаи кӯдаконаи "Офтобак, Моҳ ва Хурӯсча" ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

 

– Имрӯз соати 14:00 дар Кохи суруш ба муносибати рӯзи модарон Дилором Қурбонова, овозхони тоҷик консерт баргузор мекунад. Арзиши чипта вобаста ба ҷойи нишаст аз 70 то 200 сомонӣ аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии занон аст, ки дар Тоҷикистон бо номи Рӯзи модар таҷлил мегардад.

 

Гурӯҳи расонаҳои "Asia-Plus" ҳамаи модарон-бонувони Тоҷикистонро бо ҷашни зебову фараҳбахш – Рӯзи модар самимона табрик мекунанд.

Ба ҳамаи онҳо тани сиҳат, дили беғам, лабони пур аз табассум, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва амалишавии орзуҳояшонро таманно дорад!

Соли 1932 – Бузургтарин корхонаи саноати сабуки Тоҷикистон – "Комбинати абрешими Ленинобод" ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2011 – Дар Душанбе назди тарабхонаи “Афсонаи ҷангал” таркиш ба амал омад, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ, як наврас ҷароҳат бардошт.

Соли 2013 – Роҳбарияти Осорхонаи Бритониё ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон нусхаи шаш нигора аз хазинаи Амударёро ҳамчун тӯҳфа супорид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1944 – Зодрӯзи Раҳмондӯсти Қурбониён, ҳунарпешаи театр ва синамо, коргардон ва ҳаҷвнигори тоҷик.

 

Раҳмондӯсти Қурбониён яке аз чеҳраҳои дурахшони театр ва синамои тоҷик буда, ҳанӯз соли 1962 дар филми Кимёгаров – “Коваи оҳангар” нақши нахустини худро иҷро кардааст. Нақшҳои офаридаи Раҳмондӯсти Қурбониён дар филмҳои “Братан”, “Қош ба қош”- и Бахтиёр Худойназаров, “Ситораҳои сари танӯр”- и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, “Баҳори як кӯча”- и Саидҷон Қодирӣ аз нақшҳои мондагори синамои тоҷиканд.

Ӯ дар дастаи фолклорӣ-этнографии “Ганҷина”, ки дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо роҳбарии  Зафар Нозимов – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, маъруф буд, ба вазифаи коргардон фаъолият намуда, солҳои гуногун дар Театри намунавии минётураи “Оина”, дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио ва дастаи “Наврӯз” ҳамчун ҳунарманд ва коргардон фаъолият кардааст.

Раҳмондӯсти Қурбониён 6-уми марти соли 2021 дар синни 76-солагӣ даргузашт.

Соли 1950 – Зодрӯзи Хосият Вализода, шоири тоҷик.

Соли 1951 – Мавлуди Худойназар Боқиев, куштигир ва ҷудокори тоҷик, Устоди варзиши Тоҷикистон.

Соли 1956 – Мавлуди Диловари Мирзо, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Соли 1959 – Зодрӯзи Аъзамҷон Азимов, адабиётшинос, публисист ва рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1961 – Мавлуди Қоҳир Расулзода, cарвазири Тоҷикистон.

Қоҳир Расулзода 8-умин Cарвазири Тоҷикистон буда, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зода шудааст. Ӯ хатмкардаи Институти кишоварзии Тоҷикистон бо ихтисоси “муҳандис-гидротехник” буда, фаъолияти меҳнатии худро соли 1982 ба сифати техник-санҷишгари санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” шурӯъ намудааст.

Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шуъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” фаъолият доштааст. Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон буд.

Ӯ соли 2007 раиси вилояти Суғд таъин гардида, то соли 2013 дар ин мансаб буд. Ҳангоми раиси вилоят буданаш ӯ тавонист худрро ҳамчун роҳбари тавоно муаррифӣ кунад ва дар ин давра ӯ шуҳрат касб кард. Сипас, 23-юми ноябри соли 2013 cарвазири Тоҷикистон таъин гардди ва то имрӯз, 13 сол инҷониб ин вазифаро ба ӯҳда дорад.

Соли 1961 – Зодрӯзи Қурбони Собир, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

 

Қурбон Собир ҳунарпешаи саршиноси тоҷик буда, бо иҷрои нақшҳои муассир дар театру синамо дар Тоҷикистон ва берун аз он шӯҳрат пайдо кардааст. Ӯ Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Фаъолияти ҳунариаш аз Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа оғоз гардида, баъдтар соли 1990 назди устодаш Фаррух Қосимов ба Театри Аҳорун омад ва ҳунарпешаи ин театр шуд. Ӯ ҳамчунин дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ва Театри Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

Ҳунарпеша дар намоишномаҳои аз лиҳози мӯҳтаво, мундариҷа ва бандубаст комилан тоза нақшҳои асосиро иҷро кардааст, аз ҷумла, дар намоишномаҳои “Юсуфи гумгашта”, “Исфандиёр”, “Даҷҷол”, “Таърихи ишқ ва ғайра.

Нақши ӯ дар филмҳои “Орзуи иҷронашаванда”, “Чашмаи хостаҳо”, “Нерӯи ишқ”, “Дуо вора”, филми бисёрқисматаи телевизионии “Дар орзуи падар”, “Дар чашми бод” (филми бисёрқисматаи истеҳсоли Эрон) аз балоғати истеъдодаш шаҳодат медиҳанд. 

Қурбони Собир инчунин муаллифи китобҳои “Фаррухнома”, “Дардҳои паси парда” ва “Як ҷоми пур аз дард” аст. Ӯ ҳоло дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Ахиран ӯ дар силсиафилми эронии "Пойтахт" низ нақш офарид, ки аз ҷониби ҳам тоҷикону ҳам эрониён хуш пазируфта шуд. Ҳамчунин, чанде пеш дар филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" нақши Ҷомиро, ки вокуниш ва моҷароҳои зиёдро дар пай дошт, иҷро кард. Пиромуни нақшофарии ӯ дар филми мазкур ва бардошту таассуроташ дар ин матлаби мо мутолиа кунед: Аз баҳси интихоби ҳунарпешаи нақши Ҷомӣ то мувофиқа бо “боло”. Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Қурбони Собир

Соли 1971 – Мавлуди Давлат Сафар, Шоири халқии Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанги кишвар.

 

Давлат Сафар, Шоири халқии Тоҷикистон буда, дар баробари эҷод, ходими давлатӣ ҳам ҳаст ва ҳоло муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон мебошад.

Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда,  фаъолияти худро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз бахшида, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Номбурда солҳои 2012-2014 директори "Тоҷиккино" ҳам буд. Сипас, аз соли 2014 то 2019 дар вазифаи сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ кор кардааст.

Давлат Сафар солҳои 2019-2021 директори нашриёти "Адиб" буд ва соли 2021 муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин шуда, то ҳол дар ин мансаб фаъолият дорад.

Маҳсули эҷодаш дар маҷмӯаҳои "Пайғоми ишқ", "Шеъри гаҳвора", "Шаҳбол", "Авҷи парвоз", "Дурахши истиқлол", "Девони ашъор", "Исёни ғурур", "Достони асп", "Достони Роғун" мунташир шудаанд.

Соли 1986 – Зодрӯзи Шуҷоат Ҷалолиддинзода, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

 

Шуҷоат Ҷалолиддинзода бо силсилафилми "Ишқ, пул, Душанбе" бо нақши Қурбон (Гарри Поттери тоҷикӣ), ки ҷавони содда, ростгӯ ва ҳамеша дар ҷанҷол аст, байни мухлисони синамо дар кишвар шуҳрат касб кард. 

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, аз соли 2011 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият мекунад.

Ӯ дар саҳнаи театр зиёда аз 40 нақши гуногунҷабҳа офаридааст, ки яке аз нақшҳои муваффақи ӯ Сганарел дар намоишномаи "Пизишки паррон" аст ва дар ҷашнвораи "Парасту-2017" сазовори ҷоизаи "Беҳтарин нақши мардона" гардидааст.

Ҷалолиддинзода дар синамо низ тақрибан дар беш аз 20 филми ҳунарӣ нақш офаридааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии занон аст, ки дар Тоҷикистон бо номи Рӯзи модар таҷлил мегардад.

Соли 1910 дар Конфронси дувуми байналмилалии занони коргар дар Копенгаген раҳбари гурӯҳи занонаи Ҳизби сотсиал-демократии Олмон Клара Сеткин пешниҳод кард, ки ҳар сол дар тамоми кишварҳо як рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта шавад.

8 марти соли 1857 рӯйдоди дигаре ба вуқӯъ пайваст, ки далели дигари таҷлили Рӯзи байналмилалии занон мебошад. Дар ин рӯз занони коргари соҳаи нассоҷии Ню-Йорк дар кӯчаҳои Манҳеттан роҳпаймоӣ карданд ва алайҳи маоши кам ва шароити бади меҳнат эътироз намуданд.

 

Ин корпартоӣ, ки бо номи “Роҳпаймоии дегҳои холӣ” машҳур шуд, талаби зиёд намудани маош, беҳтар кардани шароити меҳнат ва баробарҳуқуқии занонро пеш гузошт.

Рӯйдоди дигари муҳим дар таърихи 8 март соли 1910 рух дод. Зани фаронсавӣ Раймонда де Ларош аввалин зане гардид, ки иҷозатномаи халабонӣ гирифт.

Вай парвози санҷиширо бомуваффақият анҷом дода, ҳамчун аввалин зани халабон шӯҳрат ёфт. Қобили зикр аст, ки додани ин иҷозатнома дар Рӯзи занон танҳо як тасодуф буд, зеро он вақт чунин ид вуҷуд надошт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар ғарби вилоят шабона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе минтақаҳо то 12-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 2+4º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 8 ба 9-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна

0

Дар Ховари Миёна рӯзи 8-ум аст, ки даргириҳо идома дорад. Амрикову Исроил шабонарӯзи гузашта ба Эрон, махсусан Теҳрон ҳамлаҳои сахт анҷом додааст. Ҷумҳурии Исломӣ низ дар посух, Исроилро ҳадаф қарор дода, ҳамчунин ба чанде аз пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои Амрикоро дар кишварҳои Халиҷи Форс зарба задааст. Муҳимтарин ҳаводиси шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёнаро дар матлаби мо хонед.

 

Пизишкиён: Дигар ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла намекунем

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳур ва узви Шӯрои муваққати раҳбарии Эрон гуфт, ки тасмим гирифтаанд, дигар ба кишварҳои ҳамсояашон ҳамла накунанд, агар аз хоки онҳо ба Эрон ҳамла сурат нагирад.

Пизишкиён чанд соат пеш дар як паёми телевизионӣ изҳор дошт, ки тасмими қатъи ҳамла ба кишварҳои ҳамсояи Эрон дар Шӯрои муваққати раҳбарии ин кишвар гирифта шудааст.

Ӯ аз кишварҳои ҳамсояи Эрон, ки мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, узрхоҳӣ карда, изҳор дошт, ки ин мавзуъ бояд бо роҳи дипломатӣ ҳал шавад.

“Агар мо ихтилофе дорем, беҳтар аст бо ҳам онро ҳал кунем, аммо бозичаи дасти Амрикову Исроил нашавем”, – илова кардааст Пизишкиён.

Ҳамчунин, рӯзи гузашта Масъуд Пизишкиён, дар саҳифаи “Х”-и худ аз талошҳои миёнаравии баъзе кишварҳо барои хотиа додани ҷанг хабар дод ва изҳор дошт, ки посухи мо ба ин кишварҳо равшан аст.

“Мо ба сулҳи пойдор дар минтақа пойбандем, аммо дар дифоъ аз иззат ва иқтидори кишвари худ заррае шаку шубҳа надорем”, – афзуд ӯ.

Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, ки “мухотаби миёнҷигарӣ бояд касоне бошанд, ки бо дасти кам гирифтани мардуми Эрон оташафрӯзӣ карданд”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд

 

Ҳамлаҳои давомдор ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта Исроил ба Теҳрон, аз ҷумла маҳаллаи Нозиобод ҳамла кардааст. Хабаргузории нимарасмии “Тасним” низ шабона ва субҳи имрӯз аз шунида шудани чанд таркиш дар нуқтаҳои гуногуни Теҳрон хабар дод.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, ҳамчунин дар пайи ҳамлаҳои шабонаи Амрико ва Исроил ба Исфаҳон 8 тан кушта шудааст. Дар ҳамла ба як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Қум ҳам 2 нафар кушта шудааст.

Дар Хузистон низ, ба ду дармонгоҳ ҳамла шудааст, ки осеби ҷиддӣ дидаанд. Нерӯҳои Эрон ҳамчунин аз раҳгирии як паҳпод дар ин минтақа ва як паҳподи дигар дар шаҳри Кирмон хабар додаанд.

Ҳамчунин, дар пайи ҳамлаҳои шаби гузашта фурудгоҳи “Меҳробод”-и Теҳрон ҳадаф қарор гирифтааст.

Нисфирӯзии 7-уми март, ҳамчунин ба яке аз пойгоҳҳои ёрии таъҷилии Теҳрон ҳамла шудааст.

Сухангӯи ҳукумати Эрон рӯзи гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ҳудуди 30%и кушташудаҳои ҳамлаҳои Амрикову Исроил дар Эрон кӯдакон ҳастанд.

Ҳилоли аҳмари Эрон гуфтааст, ки дар ин муддат ба 65 мактаб ва 13 маркази ин ҷамъият ҳамла шудааст.

Ба иттилои ин ин созмон, 6 ҳазору 668 бинои ғайринизомӣ 5 ҳазору 535 бинои истиқоматӣ ва 10 ҳазору 41 бинои тиҷоратӣ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Артиши Исроил гуфтааст, рӯзи 7-уми март тавассути “80 ҷангада” ҳамлаҳои нав ба Эрон анҷом додааст.

Давоми шаби гузашта ва имрӯз низ, Эрон Исроилро ҳадаф қарор додааст. Расонаҳо аз шунида шудани “бонки хатар” дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар хабар додаанд. Таркишҳо дар Байтулмуқаддас низ шунида шудааст.

Ҷуъиёти бештари ин ҳамлаҳо маълум нест.

Сонсури шадиди расонаҳо аз ҷониби мақомоти амниятии Исроил дарёфти иттилоъи воқеӣ аз ин кишварро душвор кардааст.

Аз ҷумла, “ББС” рӯзи гузашта хабар дод, ки ҳатто ба рӯзноманигор дар маконҳои ғайристратегӣ низ иҷозаи сабт дода намешавад ва пас аз ҳамлаҳо ва ба садо даромадани “бонги хатар” наметавонанд рӯзноманигорон аз ҷойи ҳодиса гузориш диҳанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?

 

Иддаои Трамп ва посухи Пизишкиён

Дар ҳамин ҳол, Доналд, Трамп, раисҷумҳури Амрико, дирӯз аз артиши Эрон “таслими беқайду шарт”-ро талаб карда буд.

Ӯ дар изҳороти хуб гуфта буд, ки “бори дигар аз ҳамаи аъзои Сипоҳи посдорон, артиш ва нерӯҳои пулиси Эрон мехоҳам, силоҳҳои худро замин гузоранд. Дар ғайри ин сурат танҳо чизе, ки насибашон хоҳад шуд, марг аст”.

Вале Масъуд Пизишкиён дар вокуниш ба ин иддаои Трамп гуфт, “чунин хоберо бояд онҳо бо худашон ба хок баранд”.

“Ин ки мо бидуни қайду шарт бихоҳем таслим шавем, чунин хоберо бояд онҳо бо худашон ба хок баранд. Он чизе, ки мо ба он пойбандем қонунҳои байналмилалӣ, чорчубҳои инсонист ва он усуле, ки онҳо дам аз он мезананд, бояд ба он пойбанд бошанд ва ҳаққу ҳуқуқҳои ҳамаи кишварҳоро, табиатан Эрони моро онҳо ҳақ надоранд, нодида бигиранд”, изҳор дошт ӯ 7-уми март дар муроҷиати худ ба мардуми кишвараш.

Ӯ аз мардуми кишвараш даъват кард, ки “ҳама бояд даст ба дасти ҳам диҳем ва аз обу хоку сарзамини худамон бо қудрат дифоъ кунем ва то пойи ҷон истодаем, то Эронамонро сарбаланд аз ин буҳроне, ки ҳаст берун кашем”.

 

Расонаҳо: Русия маълумоти маконҳои ҷойгиршавии нерӯҳо ва иншооти низомии Амрикоро ба Эрон медиҳад

Бо гузашти беш аз як ҳафта аз ҷанг, имрӯз, расонаҳо гузориш додаанд, ки Русия иттилооти мавзеъу қароргоҳҳои нерӯҳои амрикоӣ ва иншооти низомии Амрикоро дар ихтиёри Эрон қарор додааст.

Дасти кам ду расонаи амрикоӣ – рӯзномаи “Washington Post” ва шабакаи “CBS News” бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, ки маълумоти иктишофие, ки Русия ба Эрон медиҳад, шомили маҳалли ҷойгиршавии новҳо ва ҳамвопаймоҳои ҷангии Амрико ҳастанд.

Мақомоти Эрон ва Маскав дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.

Вале Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико бидуни тасдиқ ё рад кардани хабари кумаки иттилоотии Русия ба Эрон, гуфтааст, ки "фармондеҳони мо аз ҳама чиз иттилоъ доранд”.

Ин дар ҳолест, ки чанд соат пеш аз пахши ин иттилоъ, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пас аз ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон бори аввал бо Масъуд Пизишкиён телефонӣ суҳбат кард.

Ӯ дар ин сӯҳбат, куштори Алии Хоманаӣ, раҳбари олии ин кишвар, аъзои оилааш ва фармондеҳони низомӣ ва сиёсии кишвар, инчунин талафоти зиёди ғайринизомӣ ба Масъуд Пизишкиён тасаллият гуфтааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Раисҷумҳури Русия ба “қатъи фаврии хусуматҳо дар Ховари Миёна ва бозгашти ҳарчӣ зудтар ба ҳаллу фасли сиёсӣ ва дипломатӣ таъкид кардааст.

Масъуд Пизишкиён, дар ин суҳбат таъкид кардааст, Эрон ҳамеша роҳи дипломатиро пеш гирифтааст, “аммо ба ҳамагон аён гашт, ки дуруғгӯӣ ва хабосат ҷузъи зоти онҳост ва дар миёнаи музокира бори дигар ба мо ҳамла карданд”.

 

Ҳушдор ба кишварҳои Аврупо

Дар ҳамин ҳол, Маҷид Тахтравончӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, аз қабл ба кишварҳои аврупоӣ ҳушдор дода шудааст, ки агар дар ҷанг алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ ширкат кунанд, ба ҳадафҳои қонунии ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Эрон табдил хоҳанд ёфт.

Ӯ рӯзи 6-уми март дар суҳбат бо шабакаи “France 24” илова кардааст, "ҳар кишваре, ки ба Амрико ва Исроил дар таҷовуз алайҳи Эрон ҳамроҳ шавад, бидуни тардид, он кишвар низ ҳадафи қонунии интиқомҷӯёнаи Эрон хоҳад буд".

Ин дар ҳолест, ки то рӯзи 6-уми март 6 кишвари аврпуоӣ омодагии худро барои кумак ба “муттаҳидони худ” дар Халиҷи Форс эълон карда буданд.

Ҳамчунин, Амрико як ҷангандаҳои худро дар яке аз пойгоҳҳои Бритониё дар минтақа ҷойгир кардааст. Қаблан Кир Стармер, сарвазири ин кишвар гуфта буд, ки ба Амрико барои истифода аз пойгоҳҳояш дар иҷоза додааст.

 

Буҳрони нафт ва коҳиши таҳримҳои Амрико алайҳи нафти Русия

Зимнан, Амрико дар пайи афзоиши арзиши нафт дар пайи даргириҳо дар Ховари Миёна таҳримҳои худро алайҳи нафти Русия коҳиш додааст.

Вазири хазинадории Амрико, гуфтааст, ки барои кам кардани ин таъсир дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ба Ҳинд барои хариди нафти таҳримшуда аз Русия 30 рӯз иҷоза додааст.

Интизор меравад, ки кам кардани таҳримҳо бештар шавад.

Доналд Трамп пас аз ҳамлаи Маскав ба Украина, нафти Русияро таҳрим кард ва харидоронро маҷбур сохт, ки барои он ҷойгузин ҷустуҷӯ кунанд.

“Ройтерз” чанд пӯз пеш навишт, ки Чин бо Эрон музокира мекунад, то ба киштиҳои ҳомили нафти хом ва гази моеи Қатар барои гузаштан аз тангаи Ҳурмуз иҷозат диҳад.

Пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, таҳдидҳои Ҷумҳурии Исломӣ боис шуд, ки рафтуомади киштиҳои нафткашон аз тангаи Ҳурмуз қатъ шавад.

Тақрибан 20% нафти ҷаҳон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад ва ин боис шуд, ки танҳо дар чанд рӯзи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ 20% гарон шуд.

 

Вазъ дар Ховари Миёна

Исроил давоми шабонарӯзи гузашта ба чанд минтақа дар Лубнон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст. Дар пайи ҳамлаҳои субҳи имрӯзи Исроил дар Лубнон 12 нафар кушта шудааст.

Дар посух ба ҳамлаҳои Исроил “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба якчанд макон дар шимоли Исроил мушак партоб кардааст. Ҳамчунин, “Ҳизбуллоҳ” аз даргирӣ бо нерӯҳои исроилӣ дар марз хабар додааст.

Тибқи маълумоти ахар, дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон 217 тан кушта ва беш аз 600 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ низ, субҳи 7-уми март аз ҳамла ба "гурӯҳҳои ҷудоиталаб" дар минтақаи Курдистони Ироқ гузориш дод. Расонаҳо низ, аз шунида шудани чанд таркиш дар ин минтақа хабар доданд.

Сипоҳи посдорон дар изҳороти худ гуфтааст, ки “агар гурӯҳҳои ҷудоиталаб дар ин минтақа алайҳи тамомияти арзии Эрон иқдоме анҷом диҳанд, мо онҳоро ҳадаф қарор хоҳем дод”. Ҳамчунин Сипоҳ гуфт, як нафткашро дар пайи беэътиборӣ ба ҳушдорҳо мавриди ҳамла қарор додааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?

Арабистони Саудӣ субҳи 7-уми март аз раҳгирии ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакӣ ба як полоишгоҳи нафтӣ ва як пойгоҳи ҳавоӣ хабар дод.

Ба иттилои ширкати нафтии Арабистон “Арамко”, ин майдон ҳар рӯз як миллион баррел нафт истеҳсол мекунад.

Рӯзи гузашта низ ин кишвр аз раҳгирии чанд паҳпод хабар дода буд.

Рӯзи гузашта низ, Қатар, Кувайт ва Иморати Муттаҳидаи Арабӣ аз ворид шудани мушакҳо ва паҳподҳо ба қаламравҳои худ хабар додаанд.

Қатар гуфт, ки системаҳои дифоъи ҳавоии он 6-уми март аз 10 ҳавопаймои бесарнишини эронӣ, ки рӯзи ҷумъа ба ин кишвар партоб шуда буд, 9-тои онро раҳгирӣ кардааст.

Фурудгоҳи Дубайи Иморот дар пайи хатари ҳамлаҳо дубора баста шуд. Ин фурудгоҳ 28-уми феврал дар пайи даргириҳо дар Ховари Миёна парвозҳои худро лағв карда, 2-юми март қисман парвозҳоро иҷозат дода буд.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Азия-Плюс” ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд

0

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон ва Рӯзи модар ба ягона зиндони занонаи Тоҷикистон дар шаҳри Норак, китоб, маводи конселяриву беҳдоштӣ, ғизо ва дигар маҳсулоти лозима барои зиндониён ва кӯдакони онҳо тақдим кард.

Ба ин ташабус на танҳо кормандони расона, ҳамчунин хонандагон ва шарикони мо низ ширкат карданд ва дар ҷамъоварии китобу маводҳои лозима саҳм гузоштанд.

Китоб барои ин муассиса хело зарур аст, зеро аксари адабиёте, ки дар китобхонаи он мавҷуд аст, кайҳо хонда шудаанд. Ин аст, ки Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ин иқдоми моро хуш пазируфт ва ҳамчунин, шароит фароҳам овард, ки аз шароити нигоҳдории занони маҳбус дар ин зиндон аз наздик шинос шавем.

Дар маҷмӯъ, беш аз 500 китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, инчунин албом, дафтар, қалам ва дигар лавозимоти канселярӣ барои кӯдакон, ба муассиса тақдим карда шуданд.

Дар ягона зиндони занона дар кишвар 471 зан адои ҷазо мекунанд. Ҳамчунин, 11 кӯдаки то сесола ҳамроҳи модарашон қарор доранд. Кӯдакон то сесолагӣ дар инҷо бо модарошон мемонанд ва баъд аз он ба наздикони занон дода мешаванд. Ҳар як кӯдак бо модараш дар ҳуҷраи алоҳида ҷойгир буда, барои онҳо шароит муҳайё аст. Ҳамзамон, дар байни маҳбусон 4 зани ҳомила низ ҳастанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Кӯдакон ва занони ҳомила дар зиндони занонаи Норак. Онҳо чӣ шароит доранд?

Ин занон дар зиндон миёни чор девор маҳдуд набуда, метавонанд бо машғулиятҳои гуногун, аз ҷумла давраҳои омӯзишӣ машғул шаванд ва ва ҳатто ҳунар омӯзанд. Толорҳои ороишӣ ва дӯзандагӣ дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷойгир буда, барои фароғати маънавии занон китобхона низ фароҳам аст.

Дар ин китобхона атрофи 6 ҳазор китоб мавҷуд буда, занон дар баробари китобхонӣ, маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла “Шоҳномахонӣ”, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” мегузаронанд. Барои ширкат дар ин озмунҳо ба занон имтиёзҳо низ пешниҳод мешавад – шумора ва муҳлати вохӯриҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддатро бо аъзои оила зиёд мекунанд.

Ванҷигул Лангаршоева, муовини раиси муасисаи ислоҳии занона гуфт, дар зиндон занҳои китобхон зиёд буда, китобҳои мавҷуда барояшон кофӣ нест. Ӯ афзуд, нақша доранд дар оянда китобхонаро васеътар кунанд, зеро ҳоло он барои занҳои китобхон танг аст. Лангаршоева ба “Азия-Плюс” барои тақдими китобҳо миннатдорӣ кард.

Ҳамчунин, дар зиндони занона як коргоҳи дӯзандагӣ мавҷуд аст, ки дар он 45 зан авал ба омӯзиш фаро гирифта, баъдан, ба кор ҷалб мешаванд. Онҳо барои маҳбусон ҳам дар дохили зиндон ва ҳам дар дигар зиндонҳо либосҳои ягона, инчунин барои мақомоти гуногуни давлатӣ либосҳои махсус медӯзанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






Ғайр аз ин, дар зиндон як коргоҳи истеҳсоли макарон амал мекунад, ки дар он занон кор мекунанд ва он на танҳо худи зиндон, балки дигар муассисаҳои ислоҳиро дар саросари кишвар бо ин маҳсулот таъмин мекунад. Ин ташаббусҳо на танҳо ба беҳтар шудани шароити кори занон мусоидат мекунанд, балки ба онҳо имкон медиҳанд, ки малакаҳои касбиро инкишоф диҳанд ва музди меҳнати муносиб ба даст оранд.

Ҳоло дар зиндони занонаи Норак таъмир идома дошта, биноҳои куҳна бозсозӣ мешаванд. Масъулин мегӯянд, талош доранд, шароити нигоҳдории занонро дар зиндон беҳтар кунанд.

Дар навбати худ, занон умедашонро аз даст намедиҳанд. Дар чашмони онҳо садоқати самимӣ ба худтакмилдиҳӣ ва хоҳиши рушд кардан мушоҳида мешавад. Бо вуҷуди ин ки онҳо, инҷо бо ҷурмҳои гуногун маҳкум шудаанд, ҳар яке мехоҳад ба ҷомеа баргардад ва ҳаёти навро оғоз кунад. Онҳо дар инҷо вақти худро на танҳо барои омӯзишу кор, ҳамчунин, барои андешаҳои амиқ дар бораи сарнавишти худ ва ҷустуҷӯи умед барои озодӣ истифода мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд

0

Тани беҷони Таҳмина Шарифоваи 21-соларо, ки беш аз як моҳ боз бедарак буд, дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо кардаанд. Ҷасади ҷавондухтарро имрӯз, 7-уми март дар шаҳри Душанбе ба хок супурдаанд.  

Атохуҷа Шарипов, падари Таҳмина имрӯз, 7-уми март дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ҷасади духтарашро мақомот дирӯз, 6-уми март, тахминан соати 12-и нисфирӯзӣ дар наздики марзи Ӯзбекистон, дар шаҳри Ҳисор аз дарё пайдо карда ба хонаводааш супурдаанд. Вале нагуфт, ки ҷасадро мушаххас аз кадом руд ёфтаанд.

“Аз шуъбаи корҳои дохилӣ ноҳияи Фирдавсии пойтахт хабар доданд, ки ҷасади духтаратонро дар Ҳисор аз дурё пайдо кардаанд, омада шиносоӣ кунед. Мо аввал беморхона рафтем, ки ҷасади духтарам буд, баъдан прокуратураи шаҳри Ҳисор рафтем. То ҳол сабаби марги ӯро намедонем. Ҳамин ҳоло духатарамро ба хок супурдем, ҷузъиёти бештарро ҳоло намедонем”,- гуфт падари Таҳмина.

Номбурда иброз дошт, ки Таҳмина Шарифова бегоҳии рӯзи 2-юми феврал аз хона баромада, бедарак шуда буд. 

Аз бахши навбатдории Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ҳисор низ ба “Азия-Плюс” ҷузъиёти бештар надоданд.

Дар ҳамин ҳол, аз навбатдории додситонии шаҳри Ҳисор ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҷасади Таҳминаро аз дарёи Кофарниҳон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ориёни ин шаҳр, сокинон пайдо кардаву ба мақомот хабар додаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Ин ташвишовар аст". Давоми як сол дар обҳои Тоҷикистон 180 нафар ғарқ шудаанд

Нахуст хабари гум шудани Таҳмина Шарифоваи 21-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд. Баъдтар хабаргузории Радиои Озодӣ бо истинод ба падари ҷавондухтар навишт, ки “ӯ бегоҳии рӯзи дуюми феврал аз хона ба мағоза рафт ва бо ҳамин нопадид шуд”. Ба навиштаи манбаъ, Таҳмина Шарифова дар коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Душанбе таҳсил мекард. 

Волидайн Таҳмина ба ин расона гуфта буданд, ки ӯ ба зангҳои пайиҳами телефонии онҳо ҷавоб надода, “пас аз соати даҳи шаб телефони духтарашон комилан хомӯш шудааст”. 

Он вақт, наздиконаш дарёву кӯлҳоро ҷустуҷӯ ва ҳама хешу наздиконро пурсуҷӯ кардаанд, аммо аз духтарашон нишоне пайдо накарда буданд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар соли гузашта дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 180 нафар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 як нафар зиёд будааст. Аз теъдоди умумии ғарқшудагон 32 зан ва 148 мард будаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Moody’s” мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст

0

Оҷонсии байналмилалии радабандии “Moody’s Ratings” рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро аз дараҷаи "B3" бо дурнмаои "мусбат" ба дараҷаи “B2” баланд бардошта, дурнамои онро “устувор” арзёбӣ кардааст. Дар ин бора Бонки милли Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад.

Ин ниҳод мегӯд, Тоҷикистон аз соли 2014 бо ин оҷонсӣ ҳамкорӣ дошта, ба сатҳи “B2” баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрӣ бори аввал ба қайд гирифта мешавад.

“Ин дастовард натиҷаи пайгиронаи татбиқи сиёсати мутавозини макроиқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад”, – гуфтааст БМТ.

Манбаъ мегӯяд, беҳтар шудани рейтинг аз дараҷаи “B3” ба дараҷаи “B2” пеш аз ҳама ба рушди устувори иқтисодии кишвар дар солҳои охир, таҳкими мавқеи молиявию буҷетӣ ва нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ вобаста мебошад. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии S&P як зина беҳтар шудааст. Ин чӣ маъно дорад?

Ҳамчунин, БМТ гуфтааст, ки дурнамои “устувор” инъикоскунандаи интизориҳои мусбати агентии рейтингӣ нисбат ба идомаи сиёсати оқилонаи молиявию буҷетӣ ва ҳифзи суботи макроиқтисодӣ дар давраи миёнамуҳлат мебошад.

Ин ниҳод мегӯяд, идомаи татбиқи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ, коҳиш додани хавфҳои марбут ба устувории қарз ва таҳкими идоракунии молияи давлатӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани арзёбии рейтинги кишвар мусоидат кардаанд.

“Баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар бозгӯи эътимоди шарикони байналмилалӣ ва бозорҳои молиявӣ ба сиёсати макроиқтисодӣ ва суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои густариши имкониятҳои ҷалби сармоя, коҳиш додани арзиши қарзгирӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи молиявии байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад”, – гуфтааст БМТ.

 

Ин чӣ маъно дорад?

Баланд бардоштани вазъи иқтисодӣ аз "B3" ба "B2" нишон медиҳад, ки иқтисодиёт устувор шудааст ва вазъи молиявии Тоҷикистон беҳтар шудааст.

Дараҷаи "B2" нишон медиҳад, ки кишвар қодир аст уҳдадориҳои қарзии худро иҷро кунад, аммо хатарҳои эҳтимолӣ бо омилҳои иқтисодӣ ё беруна алоқаманданд. Бо вуҷуди ин, дараҷаи "B2" бо дурнамои "устувор" сатҳи нисбатан баланди эътимод ба иқтисоди кишварро нишон медиҳад, дар оянда тағйироти назарраси иқтисодӣ интизор нестанд. Хатарҳо муътадил боқӣ мемонанд ва иқтисодиёт устувор шудааст.

Дараҷаи "B3" бо дурнамои "мусбат" маънои онро дорад, ки вазъи иқтисодӣ беҳтар шудааст ва рушди оянда имконпазир аст, аммо хатарҳо нисбат ба рейтинги "B2" баландтар боқӣ мемонанд ва субот ҳанӯз ба даст наомадааст. Умуман, дараҷаи "B2" бо дурнамои "устувор" нисбат ба дараҷаи  "B3" бо дурнамои "мусбат" эътимод ва суботи бештарро дар иқтисодиёт нишон медиҳад.

 

Дар бораи “Moody's”

“Moody's Investors Service” як оҷонсии байналмилалии радабандии қарзӣ мебошад, ки қобилияти қарзии содиркунандагони гуногуни қарз, аз ҷумла вомбаргҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусиро арзёбӣ мекунад. Он яке аз се бузургтарин оҷонсии рейтинги қарзии ҷаҳонӣ дар баробари “Standard & Poor's” ва “Fitch Ratings” мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бордорконии “ЭКО” дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод

0

Бордоркунии сунъӣ ё “ЭКО” – бордоркунӣ миёни мусулмонҳо барои муддати дароз мавриди баҳс буд ва ҳаст. Теъдоде аз суннатгароён бо такя ба боварҳо ва эътиқоди худ, талош мекунанд, аз ин навъи бордоркунӣ дурӣ ҷӯянд. Аммо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки ҳамзамон муфтии кишвар аст, роҳи иҷозашудаи ин навъи бордоркуниро шарҳ дод.

Бо муфтии кишвар мудири ширкати “Farna Euroclinic” суҳбат кард ва аз ҷумла, ба суолҳои зерин посух пурсид:

Ислом дар бораи "ЭКО" чӣ мефармояд?

Дар кадом шароит "ЭКО" иҷоза аст?

Чаро донистаи мавқеи Ислом муҳим аст?

Бояд зикр кард, ки ин танҳо як суҳбат нест. Ин посухи раиси Шӯрои уламо, муфтӣ, мутахассиси бахши дин – ба суолҳои мутахассиси бахши тиб аст. Он барои оилаҳои зиёде, ки дар орзуи фарзанданд, муҳим ва ҳатто сарнавиштсоз аст.

Дар навори зерин, муфассал тамошо кунед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд

0

То шоми 6-уми март дар умум, 288 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути марзи Туркманистон ва Озарбойҷон аз Эрон берун шудаанд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки аз ин теъдод 116 касашон тариқи марзи Туркманистон ва 172 тани дигар тавассути сарҳади Озарбойҷон тарки Эрон кардаанд.

Қаблан, рӯзи 4-уми март ин ниҳод гуфта буд, ки баъди ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, 219 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар хориҷ шудаанд: 118 нафар тавассути марзи Туркманистон ва 101 тани дигар тариқи марзи Озарбойҷон.

Вале маълум нест, ки омори онҳое, ки тариқи Туркманистон аз Эрон берун шудаанд, чаро тафовут дорад. Аз Вазорати корҳои хориҷӣ танҳо гуфтанд, “то шоми 6-уми март чунин оморро аз сафорати Тоҷикистон дар Эрон дастрас кардаанд”.

Ҳоло аниқ нест нест, ки онҳо то ба Тоҷикистон расидаанд ё не.

Ёдовар мешавем, ки дар ВКХ Тоҷикистон ситоди доимамалкунанда таъсис ёфта, намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Ховари Миёна вазифадор шудаанд, то тамоми маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳамарӯза ба ин ситод пешниҳод кунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд

Қаблан, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфта буд, дар Эрон ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дошта, онҳо асосан барои тиҷорат ва табобату сайёҳат ба ин кишвар омада буданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумат кӯшиш дорад, ки онҳое, ки дар пайи ин даргирииҳо дар кишварҳои Ховари Миёна банд монданд берун орад. Бо ин мақсад, бо қарори ҳкукумати кишвар ширкати "Сомон Эйр" вазифадор шудааст, ки дар ҳолати зарурӣ парвози чартерӣ созмон дода, шаҳрвандони кишварро аз ин минтақаҳо баргардонад. 

Аз ҷумла, шаби 5 ба 6-уми март ҳам 115 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи хатсайри чартерӣ аз шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Ватан омада буданд. Ин парвоз тариқи ҳавопаймот "Сомон Эйр" анҷом шуда буд.

Ҳамчунин, субҳи рӯзи 6-уми март 117 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи парвози чартерӣ аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Душанбе омадаанд. Ин парвоз дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Иморот, мақомоти маҳаллии ин кишвар ва ширкати “Fly Dubai” сурат гирифтааст.

Ҳамчунин, ин ширкати ҳавопаймоӣ рӯзи 8-уми март низ барои баргардонидани ҳамватанон аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Тоҷикистон, парвози чартерӣ анҷом медиҳад. Нархи билет барои калонсолон 600 ва барои кӯдакон 400 доллар гуфта мешавад.

Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд.

Қаблан, ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд".

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд

0

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, то шоми 6-уми март 288 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи марзи Туркманистон ва Озарбойҷон ба Ватан баргаштанд. “Азия-Плюс” бо чанде аз онҳо сӯҳбат кард ва аз вазъи Эрону роҳи тайкардаи онҳо то ба Тоҷикистон пурсид. 

Аксари онҳо барои табобат ба Эрон рафта буданд, вале вазъи мавҷуда онҳоро маҷбур кард, ки табобатро ба охир нарасонида, ин кишварро тарк кунанд.

 

“Худро бесоҳиб эҳсос накардем”

Раҳматулло Раҳматуллоев, сокини Душанбе яке аз онҳое аст, ки рӯзи 4-уми феврал тавассути сарҳади Туркманистон аз Эрон ба Ватан баргашт. Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, барои табобати фарзандаш ба шаҳри Машҳади Эрон рафта буд ва рӯзи 10-уми март барои бозгашт чипта дошт. Аммо дар пайи лағви парвозҳо ва тавсияи сафорати Тоҷикистон дар хусуси тарки Эрон, барои ба Ватан баргаштан дархост дод.  

“Аз сафорат гуфтанд, рӯзи 3-юми март дар назди марзи Эрон бо Турманистон ҳозир шавед. Мо соати 12-и ҳамон рӯз ба марз рафтем ва соати 14 – баъди нисфирӯзӣ вориди Турманистон шудем. Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон моро хуб қабул карданд ва барои ифтор низ шароит фароҳам оварданд. Дар ин муддат онҳо корҳои расмиятиро иҷро намуда, автобус омода карданд. Кормандони сафорат то марзи Ӯзбекистон моро ҳамроҳӣ карданд ва дар чунин вазъ худро бесоҳиб эҳсос накардем”,-нақл кард номбурда.

 

“Беморон дар роҳ ранҷ кашиданд”

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар муддати 12 соат аз Туркманистон то ба Ӯзбекистон расиданд, вале ба қавли ӯ, “дар ин кишвар намояндагии сафорати Тоҷикистон ба онҳо кӯмак накардаанд” ва баъди назорату тафтиши тӯлонии мақомоти Ӯзбекистон, мустақилона ба ватан баргаштаанд.

“Мо тахминан 33 нафар будем ва аксарият занон ва беморон буданд, ки дар роҳ ранҷ кашиданд. Дар марзи Ӯзбекистон бештар аз як соат назорати ҳуҷҷатҳо идома кард. Аввал гурӯҳи занҳоро тавассути “таксӣ” ба ватан равон карда, баъдан худамон низ “таксӣ” киро кардем. Тавассути роҳи Бухоро ва шаҳри Турсунзода, тахминан соати 19-и шоми рӯзи 4-уми март вориди Тоҷикистон шудем”, – гуфт Раҳматуллоев.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, замоне ки дар шаҳри Машҳади Эрон қарор доштанд, дар ин шаҳр даргирӣ ё ҳамлае сурат нагирифта буд. Аммо бо ноором шудани вазъ дар шаҳрҳои ҳамсоя, дар ҳоле ки табобати фарзандаш ба итмом нарасида буд, маҷбур шуд Эронро тарк кунад.

“Инҷо маризон бисёр буданд ва баъди оғози ҷанг нигарон шуданд. Ҳамаи беморон аз тарси ҷони худ маҷбур шуданд, ба Ватан баргарданд. Умедвори ором шудани вазъ дар Эрон ҳастем, то тавонем дигарбора барои идомаи табобат ба ин кишвар равем”, – афзуд номбурда.

 

“Духтари маризамро гирифта, маҷбур баргаштам”

Сафармоҳ Саидова, мусофири дигари ин гурӯҳ низ баъди оғози ҷанг ва ноором шудани вазъ маҷбур шуд, духтари маризашро, ки ҳанӯз муҳлати зиёде аз ҷарроҳиаш нагузаштааст, тавассути марзи Туркманистон ба Ватан биёрад.

Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, байни нафароне, ки бо онҳо баргаштанд, беморони гирифтори саратон, дарди гурда зиёд буданд ва ҳанӯз табобаташон ба анҷом нарасида, маҷбур шуданд дар шароити душвор ба Тоҷикистон баргарданд. 

“Табобат нимкора маҷбур шудем, баргардем. Гуфтанд, ки шояд даргириҳо шадидтар шаванд, аз ин рӯ бо тавсияи сафорат аз Эрон берун шудем. Чашми духтарамро ҷарроҳӣ карданд, бахияҳо (куки ҷарроҳӣ)-и чашмашро ҳоло наканда будем. Духтурони тоҷик ҳастанд, вале табиби эроние, ки ҷарроҳӣ кард, иҷозат надод дар инҷо бахияҳояшро гиранд. Акнун маҷбурем дубора ба Эрон баргардем, чун баъди оғози ҷанг ҳатто ҷавобҳои ташхиси духтарамро нагирифтаем”, – таъкид кард мусофири тоҷик.

 

“Диламон ба Эрон месӯзад”

Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 17-уми феврал барои табобати духтараш ба шаҳри Машҳади Эрон рафта буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон

Нақл мекунад, ки дар Машҳад садои таркишро шунид, аммо аз наздик надидааст.

“Гуфтанд, ҳудуди фурудгоҳи ин шаҳрро задаанд, ки он аз меҳмонхонае, ки мо қарор доштем, дур буд. Дигар ягон тағйирот набуд, назди духтур мерафтем ва дар меҳмонхона меистодем.

Умедворам ҳарчи зудтар оромиву тинҷӣ ба Эрон баргардад, мардуми ин кишвар мо тоҷиконро хеле дастгирӣ карданд. Дили ҳамаи мо тоҷикон барои мардуми Эрон месӯзад”, – гуфт Саидова.

 

“Садои таркишро шунидем, вале осеб надидем”

Беҳрӯз, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳам рӯзи 4-уми март аз Теҳрон тавассути марзи Озарбойҷон ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ шабу рӯзи оғози ҳамлаҳои низомӣ дар пойтахти Эрон буд ва садои таркишро дар ин шаҳр шунидааст. Ӯ табиб аст.

“Бо ман ягон мушкил ё иттифоқе рух надод ва аз сафорат занг зада, номнавис карданд. Кормандони сафорат аз Теҳрон то шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҳамроҳӣ намуда, ҳамаҷониба кӯмак расониданд. Аз ҷумла, барои гирифтани иҷозатҳои зарурӣ, убури сарҳад ва сафар аз Теҳрон ба самти Боку мусоидат карданд”, – гуфт Беҳрӯз.

Ёдрас мешавем, шанбеи 28-уми феврал Амрико ва Исроил ба шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Қум, Караҷ ва Кирмоншоҳ – шаҳрҳои муҳими Эрон ҳамлаи мусаллаҳона карданд.

Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома дорад. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Тибқи иттилои ВКХ, то шоми 6-уми март, 116 шаҳрванди кишвар тавассути марзи Туркманистон ва 172 тани дигар тариқи марзи Озарбойҷон аз Эрон берун шуда, ба Тоҷикистон омадаанд.

Қаблан, дар рӯзи дуввуми ҷанг, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфта буд, ки дар Эрон ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дошта, онҳо асосан барои тиҷорат ва табобату сайёҳат ба ин кишвар омадаанд. Он замон сафир гуфта буд, ки 200 кас дасрхости бозгашт ба Ватан додаанд. Ҳоло маълум нест, ки шумораи онҳо ба чанд расидааст.

Дар пайи нооромиҳо ва баста шудани ҳарифи ҳавоии Эрон, ширкати “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки маҷбур аст, парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.