Home Blog Page 38

“Нарх гарон мешавад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст

0

Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз ин кишвар ба хориҷ, нигаронии бархе тоҷирони тоҷикро, ки аз Ҷумҳурии Исломӣ молу маҳсулот меоранд, ба миён овардааст. Онҳо мегӯянд, бо ҷорӣ шудани маҳдудият, арзиши молу маҳсулот гарон мешавад. Бархе тасмим доранд, барои як муддат, маҳсулоти Эронро бо молу колои дигар кишварҳо иваз кунанд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанде аз тоҷироне, ки аз Эрон ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид мекунанд ва савдогароне, ки дар бозорҳои Душанбе яклухтфурӯшӣ мекунанд, дар бораи таъсири ҷанг дар Эрон ба тиҷорати онҳо сӯҳбат кард.

 

“Маҳсулот дар Туркманистон ҳабс шудааст”

Як тоҷире, ки нахост аз ӯ ном барем, гуфт, дар пайи оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, бори дархосткардаи онҳо то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст. Ӯ, ки маҳсулоти хушк ва донагӣ мефурӯшад, гуфт, пеш аз муташаниҷ шудани вазъ дар Эрон миқдори зиёди маҳсулот, аз ҷумла писта, қанду ширинӣ ва хурмо дархост карда буд, аммо таъминкунанда то ҳол наовардааст.

“Барвақт бор дархост карда будем, ҳамкороне, ки аз Эрон борро меоранд, мегӯянд. 380 вагон маҳсулот аз марзи ин кишвар рад ва дар Туркманистон ҳабс шудааст. Сабабашро шарҳ намедиҳанд, вале ба эҳтимоли зиёд, ба муносибати Амрикову Эрон рабт дорад. То омадани ин бор захираҳоро мефурӯшем”,-гуфт ин тоҷир.

 

“Нарх боло меравад”

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Бархе тоҷирон мегӯянд, бо муташанниҷ шудани вазъ дар Ховари Миёна нархи баъзе маҳсулоти воридотӣ гарон мешавад.

Тоҷири дигари бозори “Фаровон”-и Душанбе, ки ӯ ҳам нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар пайи маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Эрон, қиммати маҳсулоти истеҳсоли ин кишвар аллакай боло рафтааст.

“Имрӯз нархи як кило пистаи Эрон то 150 сомонӣ баробар шудааст, дар ҳоле, ки ҳафтае пеш аз 90 то 120 сомонӣ арзиш дошт”,-таъкид кард ӯ.

Тоҷирон мегӯянд, таъминкунандаҳои маҳсулоти Эрон дар бозорҳои Душанбе ба эҳтимоли зиёд захира доранд, вале он талаботи бозорро барои муддати зиёд қонеъ намекунад.

 

“Намедонем чӣ кор кунем”

Чанде аз тоҷирони тоҷик мегӯянд, ба маҳсулоти Эрон таваҷҷуҳи сокинони Тоҷикистон зиёд аст ва намедонанд минбаъд чӣ гуна онро дастраси муштариён кунанд.

“Ҳамин қадар пиставу 50 бастаи 5 килои хурмои Эрон боқӣ мондааст. Чун мо яклухт мефурӯшем, зуд тамом мешавад. Ҳоло намедонем муштариёнро чӣ гуна таъмин кунем”,-гуфт савдогари дигари ин бозор.

Тоҷири дигар мегӯяд, бо тоҷирони эронӣ шартнома доштанд ва фармоиш медоданд, онҳо барояшон равон мекарданд: "Ҳоло бошад намедонем чӣ мешавад, захира дорем, аммо дар муддати кӯтоҳ тамом мешавад, чун харидорони бори Эрон зиёд ҳастанд”.

Баъзе соҳибкорон мегӯянд, маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Эрон дар таъминоти маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон таъсире чандоне намерасонад.

“Русия, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳое ҳастанд, ки ҳамкорӣ дорем. Минбаъд аз ин кишварҳо ворид мекунем”,-таъкид мекунад ӯ.

 

Қолинфурӯшҳо низ ба мушкил дучор омадаанд

Ин ҷанг ба тиҷорати қолинфурӯшҳо низ таъсир расонидааст. Чанде аз соҳибкороне, ки аз Эрон низ қолин меоварданд, мегӯянд, дар ин вазъи ҳасос воридоти бор аз Эрон номумкин шудааст.

“Бародарам рафта, аз Эрон бор меовард, акнун ҳоло, ки ҷанг идома дорад, намедонем чӣ мешавад. Талаботи сокинон ба қолини эронӣ зиёд аст, чун сифати хуб доранд. Ба ғайр аз ин кишвар, аз Туркия низ бор ворид мекунем”,-гуфт намояндаи мағозаи қолинҳои “Форс”.

Вазъ дигар қолинфурӯшонро низ ба ташвиш овардааст. Онҳо мегӯянд, вақте қолинҳои эронӣ тамом мешавад, танҳо бо қолинҳои туркӣ ва ватанӣ  талаботи харидоронро қонеъ мекунанд.

“Мо асосан қолинҳои истеҳсоли Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркияро мефурӯшем. Мустақилона рафта аз Эрон бор намеорем, аз таъминкунанда дастрас мекунем то мағоза оварда мерасонад ва мо савдо мекунем. Минбаъд бор меоранд ё не, иттилоъе надорем”, – гуфт Қобил, намояндаи мағозаи қолинҳои “Теҳрон”.

 

“Маҳсулоти Эрон арзон ва талабгораш зиёд аст”

Мадина Раҳимова (ном иваз шудааст), тоҷири дигари тоҷик, ки аз Эрон навъҳои гуногуни маҳсулоти беҳдоштиро ба Тоҷикистон ворид мекард, мегӯяд, дар пайи ноором шудани вазъ тиҷорати онҳо ба мушкил бархӯрдааст. Ба гуфтаи ӯ, 4 вагон боре, ки ҷанде қабл дархост карда буданд, то ҳол марзи Эронро убур накардааст.

“Бор кам мондааст, маҳсулоте, ки аз Эрон меовардем талабгори зиёд дорад. Чун яклухт мефурӯшем бор зуд тамом мешавад. Чанд сол аст, ки аз Эрон бор оварда, тиҷорат мекунем ва ҳоло ин шароит ба кори мо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Маҳсулоти Эрон нисбат ба дигар кишварҳо арзон аст ва сифати аъло дорад. Ҳоло сарамон гаранг аст, чун аз ягон кишвари дигар бор наовардаем”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Бояд гуфт, Эрон яке аз бузургтарин таҳвилгарони маҳсулоти хӯрокворӣ бо шумули маҳсулоти ширӣ, сабзавоту мева, чормағз, шакар (қанд) ва хӯришҳо маҳсуб ёфта, ҳама гуна тағйирот дар ин самт метавонад ба нархи ин навъи маҳсулот таъсир расонад.

Коршиносон мегӯянд, дар чунин вазъ, ҳукумати кишварро лозим аст то хатсайрҳои ҷойгузини интиқол, масалан тариқи Ӯзбекистон ё Қирғизистонро ҷустуҷӯ кунад. Онҳо ба инанд, ки вазъи ҳозира боиси болораии нархи баъзе маҳсулот ва ноустуворӣ дар бозори маҳсулоти хӯрокворӣ мешавад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ, раҳбари нави Эронро ба муносибати интихобаш ба ин мақом табрик гуфта, ба ӯ ва мардуми Эрон “сулҳу субот ва шукуфоии пойдор” орзу кардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар номаи табрикотиаш, ки рӯзи 9-уми март нашр шуд, изҳори боварӣ кардааст, ки таҳти раҳбарии Муҷтабо Хоманаӣ “мардуми сарбаланди Эрон бар ҳама мушкилоте, ки имрӯз кишвари ба мо дӯсту бародар мувоҷеҳ шудааст, пирӯз хоҳад шуд”.

“Мо нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуда, бори дигар ҷонибдории хешро аз риояи ҳатмии усул ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид менамоем.

Бо табрики муҷаддад, омодагии ин ҷонибро барои таҳкиму тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ба нафъи ду миллати бародар бо такя ба усули ҳусни эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ изҳор медорам”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?

Шаби 8 ба 9-уми март Маҷлиси хубрагони Эрон, Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаиро роҳбари нав ва муаррифӣ кард. Муҷтабо Хоманаӣ 56 сол дорад. Ӯ пас аз кушта шудани падари 86-солааш Алии Хоманаӣ дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил, ки рӯзи 28-уми феврал иттифоқ афтод, сеюмин раҳбари олии Эрон интихоб шуд.

Алии Хоманаӣ шаш фарзанд дорад: чор писар ва ду духтар. Муҷтабо фарзанди дуюми ӯ буда, 8-уми сентябри соли 1969 дар шаҳри Машҳад таваллуд шудааст.

Дар бораи корномаи ӯ дар ин маводи "Азия-Плюс" шинос шавед: Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1931 –  Ноҳияҳои Ғарм (ҳоло Рашт) ва Ҷиргатол (ҳоло Лахш) таъсис ёфтанд.

Соли 2009 – Дар Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни маориф қабул гардид, ки тибқи он истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ расман манъ карда шуд.

Соли 2010 – Дар шаҳри Душанбе 56 узви созмони мазҳабии тундгароии “Ҷамоати таблиғ” ба ҳабс маҳкум гардиданд. Ин созмон дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгаро шинохта шуда, фаъолияташ манъ аст.

Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони расонаҳо бахшида ба 100-солагии рӯзномаи “Бухорои шариф” пешниҳод намуд, ки ҷазо барои тӯҳмат сабуктар карда шавад.

Соли 2020 – Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон, нахустин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи нақшаи вокуниш ба пандемияи COVID-19 баргузор шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1971 – Мавлуди Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва шоири тоҷик.

 

Абдуллоҳи Раҳнамо Техникуми полититехникии Душанбе ва факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Номбурда солҳои 1999-2005 дар дастгоҳи иҷроияи президент кор карда, баъдан ҳамчун мутахассиси калони Раёсати таҳлили равандҳои сиёсӣ ва этнополитикии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ба фаъолият шурӯъ намуд. Соли 2012 сардори раёсати номбурда таъйин гардида, минбаъд дар вазифаи сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии марказ ва чанд соли ахири мушовири раиси ин марказ буд.

Аз соли 2021 то 2025 мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Соли гузашта, дар пайи як тағйироти кадрӣ дар ин ниҳоди ҷамъиятӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат"-и ин иттифоқ таъин гардид. 

Абдуллоҳи Раҳнамо соли 2010 Муассисаи таълимии “Литсейи Раҳнамо”-ро таъсис додааст, ки ҳоло яке аз  беҳтарин мактабҳои типи муосир дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Абдулло Раҳнамо муаллифи беш аз 20 китоби илмию таҳлилию оммавӣ, аз ҷумла китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ”, “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ”, “Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист?” “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон: ҷамъбасти назариявӣ” ва “Дидгоҳи давлатмеҳвар” аст.

Ӯ ба ҳайси коршиноси сиёсӣ низ дар расонао ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва сари ҳар чанд вақт мавқеашро дар робита ба ин ё он мавзӯи рӯз баён мекунад.

Соли 1934 – Зодрӯзи Шодон Ҳаниф, нависанда, драманавис ва тарҷумони тоҷик.

 

Шодон Ҳаниф шуъбаи тарҷумонии факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст. Солҳо дар рӯзномаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”), “Ирфон”, “Садои Шарқ” фаъолият бурдааст.

Инчунин солҳо тарҷумон ва мушовири ниҳодҳои ҳизбӣ дар Афғонистон буд. Солҳои 1980-1985 директори шуъбаи Тоҷикистонии Фонди адабии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ӯ муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои “Майна”, “Алмос”, маҷмӯаи очеркҳои “Дидор”, “Кӯҳ ба кӯҳ мерасад”, повесту романҳои “Оҳугузар”, “Бедорӣ”, “Ҷон ба гарав”, “Хунбаҳо”, “Уқоби захмин”, “Дар паноҳи Ҳиндукуш”, асарҳои драмавии “Домоди шаҳрӣ”, моҷарои “Обфурӯш” аст.

Шодон Ҳаниф 5 майи соли 2007 дар 73-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1937 – Зодрӯзи Улфатмо Мамадамбарова, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1939 – Мавлуди Рафоат Абдусаломова, рӯзноманигор, аввалин наттоқи телевизиони тоҷик.

 

Рафоат Абдусаломова соли 1963 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Аз соли 1959 то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ фаъолият бурд. “Дугонаҳо”, “Гулдаста”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила”, “Гулдухтарон”, “Дилафрӯз” аз барномаҳои муаллифии ӯ дар телевизиони Тоҷикистон аст.

Рафоат Абдусаломова муаллифии китобҳои “Телевизион – ойинаи зиндагӣ”, “Наттоқ – чеҳраи телевизион”, “Телевизион ва психологияи инсон” ва маҷмӯаи шеърии “Парвози дил” аст.

Ӯ 24-уми октябри соли 2023 дар 84-солагӣ даргузашт.

Дар ин мақолаи "Азия-Плюс" "Аз наттоқ то журналисти касбӣ. Аз марги нахустнаттоқи телевизиони тоҷик Рафоат Абдусаломова як сол гузашт" дар бораи кору пайкори ин наттоқи шинохтаи тоҷик ва хотироти ҳамкасбону ҳамкоронаш дар бораи ӯ маълумот гиред.

Соли 1945 – Зодрӯзи Сироҷиддин Бандаев, кимиёшиноси тоҷик.

Соли 1946 – Мавлуди Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, ҳунарпешаи театру синамо.

 

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев аз ҳунарпешагони маъруфи тоҷик буда, бо иҷрои нақшҳои муассир дар синамо ва театр номи худро мондагор кардааст. 

Ӯ хатмкардаи Институти театру кинои Маскав буда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ ва як силсила нақшҳо офаридааст. Нақшҳои ӯ дар филмҳои бадеии “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Шикори охирин”, “Хайр кабудии тобистон”, “Тали мамнӯъ”, “Ситораҳо дар шаб”, “Соя” ва чандин филмҳо дар Маскаву Кишинев ҷолибанд.

Ӯ дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили “Парвози хушдоманам”, “Сабзабаноз”, “Қисмат”, “Фиреби хаёл”, “Шифо”, “Чакидаҳо” низ нақшҳои хотирмон бозидааст.

Ҳунарпеша 7-уми январи соли 2021 дар синни 74 аз олам чашм баст.

Соли 1947 – Зодрӯзи Бобоҷон Ҳасанов, ҳунарпеша ва овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

 

Бобоҷон Ҳасанов хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва факултаи санъати Институти давлатии педагогии ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) мебошад. Ӯ фаъолияти ҳунарии худро соли 1972 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб оғоз карда, қариб 30 сол дар ин боргоҳи ҳунар ҳамчун бозигар, коргардон ва сароянда фаъолият дошт. Сипас, соли 2001 ба Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ омад.

Ӯ дар театр беш аз 100 нақш офаридааст, ки аксаран асосӣ ва ҳамагӣ табиӣ ва самимию ҷаззобанд.  "Ҳуррият", "Робияи Балхӣ", "Табиби зӯракӣ", "Айбномаи хотимавӣ", "Карим-Девона", "Восеъ", "Дар чорсӯ", "Мири Кабир", "Заволи Чамбули Мастон", "Офарин Шерак", "Шамшер ва рангинкамон", "Зани оҳанин", "Сафар Амиршоев" аз зумраи намоишномаҳоанд, ки ҳунари ӯ дар онҳо бештар зуҳур намудааст.

Дар ҷодаи сарояндагӣ низ пештоз буда, як силсила таронаҳои ҷаззоб, чун "Бишкан", "Бӯса ба дарё задам", "Суруди сулҳ", "Ҳадиси лаб", "Тоҷикистон", "Падар" сароидааст.

Соли 1954 – Мавлуди Муҳсин Аминзода, шоири тоҷик, фарзанди Муҳиддин Аминзода.

Соли 1983 – Зодрӯзи Бахтовар Сафарзода, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус.

Соли 2014 – Амир Қароқулов, доктори илмҳои кишоварзӣ, собиқ раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар синни 71-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

10-уми март Рӯзи байналмилалии занони додрас (International Day of Women Judges) таҷлил мешавад. Ин рӯз бо мақсади эътироф ва қадрдонии саҳми занон дар низоми адлия ва таъмини адолати додгоҳӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муайян шудааст.

 

Таъсиси Рӯзи байналмилалии занони додрас ба соли 1993 бармегардад, вақте ки дар Конгресси байналмилалии занони ҳуқуқдон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ қарор қабул шуд, ки ҳар сол 10 март ҳамчун рӯзи махсус барои ҷашнгирии дастовардҳои занон дар соҳаи ҳуқуқ ва таъмини адолат таҷлил шавад.

10 -уми марти соли 1889 Алмон Браун Строуджер, соҳибкори амрикоӣ истгоҳи телефонии худкорро патент кард ва бо ин унвони “Падари ҳамаи АТС”-ро ба даст овард. Строуджер дар Канзас-Сити фурӯшандаи асбобҳои гӯручӯбкунанда буд, аммо тиҷораташ ба сабаби ришваситонии як телефонистка хароб шуд. Ҳамин сабаб шуд, ки ӯ ихтироъкори низоми рақамзанӣ бе миёнарав гардид.

 

Рӯзи 10-уми марти соли 1910 бо фармони императори ноболиғ, Пу И дар Чин ғуломдорӣ расман манъ карда шуд. Пу И охирин императори таърихи Чин буд. Ин яке аз охирин амалҳои ҳокимияти чандинасраи императорӣ буд, ки дар натиҷаи инқилоби солҳои 1911-1913 сарнагун гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард. 

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландиҳои зиёда аз 1000 метр аз сатҳи баҳр барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона-2+3º, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар ғарби вилоят шабона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе минтақаҳо то 12-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 4+6º гарм. 

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 4+6º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона -1+1º.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 10 ба 11-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна

0

Дар рӯзи даҳуми ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, тарафҳо якдигарро аз истифодаи маконҳои ғайриизомӣ барои ҳамла айбдор карданд. Ҳамчунин, дар пайи ин ҷанг, арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳон ба болотарин сатҳ расида, омори кушташудаҳо аз ҳарду ҷониб афзудааст. Вале муҳимтарин хабар дар ин рӯз, интихоби роҳбари нави Эрон буд. Муҷтабо Хоманаии 56-сола, писари Алии Хоманаӣ, роҳбари пешини ин кишвар роҳбари нав ва сеюми Ҷумҳурии Исломиро интихоб ва муаррифӣ гардид. Муҳимтарин ҳаводиси шабонарӯзи охирро дар Ховари Миёна дар ин матлаби мо хонед.

 

“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, ки баъди оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе қатъ карда буд, эълон кард, ки аз 11-уми март парвозҳояшро дар ин масир аз сар мегирад.

Ин ширкат гуфтааст, ки рӯзҳои 11, 13 ва 15 март аз Душанбе ба фурудгоҳи Мактуми Дубай ва баръакс парвоз анҷом медиҳад. Дар сомонаи ин ширкат ҷадвали минбаъдаи парвозҳои он дар ин масир низ гузошта шудааст.

Нархи билет барои сафар дар парвозҳои мазкур маълум нест.

 

Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 8-уми март иддао кардааст, ки Эрон барои анҷоми амалиёти низомӣ, аз ҷумла партоби паҳподҳо ва мушакҳои балистикӣ “аз минтақаҳои пурҷамъияти ғайринизомӣ” истифода мекунад.

 

Вале ин ниҳод ҳеҷ далеле дар робита ба гуфтаҳои худ ироа накардааст.

Ин ниҳод дар саҳифаи расмии худ дар “Х” навиштааст, ки “Амрико наметавонад, амнияти ғайринизомиёнро дар дохил ё наздики таъсисоте ки Эрон барои мақсадҳои низомӣ истифода мешавад, кафолат диҳад.

Дар ин баробар, Эрон низ, Амрикоро ба истифода аз маконҳои маскунӣ дар ҳамла ба Эрон айбдор мекунад.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, имрӯз, 9-уми март бо нашри наворе, ки дар он дида мешавад, аз пушти биноҳои истиқоматӣ мушак партоб мегардад, навишт, “мушакҳо аз минтақҳои маскунӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя ба самти Эрон партоб мешаванд ва ҷангандаҳои амрикоӣ аз ҳарими ҳавоии кишварҳои ҳамсоя барои ҳамла ба Эрон истифода мекунанд, ки ҳамаи инҳо амнияти минтақаро ба хатар меандозанд”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна

Вале ӯ нагуфт, ки ин навор кай сабт шуда ва партоби мушаки дар он тасвирёфта, аз хоки кадом кишвар сурат гирифтааст.

 

Идомаи ҳамлаҳо ва афзоиши теъдоди қурбониён

Эрон шаби гузашта ва субҳи 9-уми март аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба Исроил хабар дод. Расонаҳои исроилӣ аз шунида шудани “бонги хатар” дар даҳҳо минтақаи ин кишвар иттилоъ доданд.

Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил низ эълон кардааст, ки шаби гузашта ба Эрон ҳамлаҳо анҷом додааст.

Хабаргузории “ИРНА” навишт, ки дар пайи ҳамлаҳои рӯзи гузашта 4 донишҷӯи дигар кушта шудааст. Ба иттилои Вазорати улуми Эрон то кунун теъдоди донишҷӯёни кушташуда ба 10 нафар расидааст.

Ҳамчунин, рӯзи 8-уми март Артиши Эрон омори кушташудаҳои новчаи “Дена”-ро 104 нафар ва теъдоди захмиёнро 32 нафар гуфт.

Ёдовар мешавем, 5 рӯз пеш киштии “Дена”, ки аз як размоише аз Ҳинд бармегашт, дар соҳилҳои уқёнуси Ҳинд киштии ҳарбии Амрико зарба зад ва ғарқ гардид.

Дар ҳамин ҳол, Алӣ Ҷаъфариён, муовини вазири беҳдошти ин кишвар ба “Ал-Ҷазира” иттилоъ додааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон 1255 тан кушта шуда, беш аз 12 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни кушташудаҳо аз 7 моҳа то 77-сола дида мешаванд ва инчунин миёнашон 200 зан низ ҳастанд.

Ҳамчунин, Исроил хабар дод, ки дар ҳамлаҳои рӯзи 9-уми март аз сӯи Эрон 1 нафар кушта ва 2 тани дигар захмӣ шудааст. Шаби гузашта дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба Тел-Авив 6 нафар маҷрӯҳ шуда буд. Дар умум Исроил аз захмӣ шудани наздики 2 ҳазор тан дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар хабар додааст.

Мақомоти ин кишвар охирин маротиба теъдоди кушташудаҳои ҳамлаҳои эронро 11 тан гуфта буданд.

Зимнан, фармондеҳии марказии Амрико аз марги ҳафтумин сарбози амрикоӣ дар ҷанги ин кишвар алайҳи Эрон хабар дод.

Ин ниҳод шоми 8-уми март гуфтааст, ки ин сарбози амрикоӣ рӯзи 1-уми март дар пайи ҳамлаи Эрон ба нерӯҳои Амрико дар Арабистони Саудӣ "ба шиддат маҷруҳ шуда буд".

 

Арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳон ба болотарин сатҳ пас аз соли 2022 расид

Рӯзи душанбе, 9-уми март нархи нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ марзи 100 долларро гузашта, ба баландтарин сатҳи худ аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 расид. Он замон ҳам нархи як бушкаи нафт аз 100 доллар фаротар рафта буд.

Дар пайи шадид шудани даргириҳо дар Ховари Миёна, ки бо ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон оғоз шуд, субҳи имрӯз нархи як бушкаи нафти “Брент” ба беш аз 25 дарсад афзоиш ёфта, ба наздики 120 доллар расид. Вале пасон нархи он каме коҳиш ёфт ва ба 108 доллар баргашт.

Арзиши як бушка нафти WTI-и Амрико имрӯз 13,5 дарсад зиёд ва ба 103 доллар баробар шудааст.

Ба навиштаи “Financial Times”, дар пайи афзоиши босуръати қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳон, вазирони молияи кишварҳои Гурӯҳи Ҳафт (G7) имрӯз ҷаласаи изтирори баргузор карда, роҳҳои пешгирии онро баррасӣ мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд

Маҳдуд шудани рафтуомади киштиҳо тариқи тангаи Ҳурмуз, ки тақрибан як панҷуми нафти содиротии ҷаҳон аз он мегузарад, суръати болоравии қимати нафтро бештар кардааст. Тибқи иттилои ширкати тадқиқотии “Rystad Energy”, ҳамарӯза аз ин гулӯгоҳ ҳудуди 15 миллион бушка нафти хом ё 20 дарсад таъминоти ҷаҳонӣ убур мекунад.

Дар ин ҳол, Доналд Трамп болоравии нархи нафтро “муваққатӣ” ва “баҳои ночиз дар баробари аз байн бурдани таҳдидҳои ҳастаии Эрон” донистааст. Ӯ “афзоиши кӯтоҳмуддати қимати нафт”-ро “баҳои бисёр ночиз барои амният ва сулҳи Амрико ва тамоми ҷаҳон” хондааст.

Исмоил Бақоӣ, рӯзи 9-уми март дар нишасти хабарӣ, дар хусуси нигарониҳои баъзе кишварҳои изҳор доштааст, ки нигарониҳои кишварҳои Аврупо аз нигарониҳои Эрон дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил фарқ мекунад.

“Мо нигарони ҷони шаҳрвандонамон ҳастем. Мо ба унвони кишваре, ки мустақиман мавриди тааррӯзи низомӣ ва таҷовузи ваҳшиёнаи мутаҷовизин қарор гирифтааст, машғули дифоъ ҳастем. Баъзе кишварҳо нигарони боло рафтани қимати сухт, ё қимати тамомшудаи маҳсулот дар фурушгоҳҳояшон аст”.

 

Афзоиши кушташудаҳои Лубнон. Вазъ дар Ховари Миёна

Мақомоти Лубнон рӯзи 8-уми март гуфтаанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар беш аз ним миллион нафар овора шудаанд. Вазорати беҳдошти Лубнон гуфтааст, ки аз 2-юми март ба ин тараф беш аз 400 тан кушта шудааст. Исроил рӯзи 9-уми март ба сокинони чанд минтақаи Лубнон ҳушдор додааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд.

Исроил ҳам расман тасдиқ кард, ки ду сарбозаш дар даргириҳо бо “Ҳизбулоҳ” дар ҷануби Лубнон кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ин  аввалин сарбозони кушташудаи исроилӣ пас оғози дигарбораи ҷанги Исроил бо "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон аст.

Дар ҳамин ҳол, дар шабонарӯзи гузашта, ҳамлаҳо аз пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна ба Эрон ва ҳамин тариқ, дар посух ба он зарбаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақа идома ёфтааст. Аз ҷумла, Вазорати дифоъи Арабистони Саудӣ  субҳи 9-уми март гуфтааст, як паҳподеро, ки дар ҳоли парвоз ба самти як майдони нафтӣ буд, сарнагун кардааст.

Ин кишвар рӯзи гузашта аз ҳамла ба “як минтақаи маскунӣ дар вилояти Ал-Харҷ” хабар дода, гуфта буд, ки дар пайи он 2 нафар кушта ва 12 тан маҷрӯҳ шудааст.  

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Дар Ироқ низ шаби гузашта аз ҳамлаҳои зиёде гузориш шудааст. Аз ҷумла, чанд паҳпод дар наздикии фурудгоҳи Бағдод раҳгирӣ кардааст. “Ассошиэйтед пресс” навиштааст, ки ин паҳпод ҳангоми наздик шудан ба пойгоҳи низомии Амрико, ки дар дохили ин фурудгоҳ аст, нобуд карда шудааст.

Баҳрайн 9-уми март эълон кардааст, ки дар пайи як ҳамлаи паҳподии Эрон ба пойтахти ин кишвар дастикам 32 нафар маҷрӯҳ шудааст.

Шаби гузашта Амрико ба кормандони худ дар Сафорати ин кишвар дар Арабистони Саудӣ дастур додааст, ки ин кишварро тарк кунанд.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи гузашта эълон кард, ки Эрон беш аз 1 ҳазору 400 паҳпод ба ин кишвар партоб шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати дифоъи Иморот аз ин миқдор паҳподҳо 80 ададаш аз системаи дифоъии ҳавои гузашта, ба замин хӯрдааст. Инчунин, ба гуфтаи онҳо 238 мушали балистикӣ партоб шуда, 2 мушак расидааст.

Дар ҳамин ҳол, Иморот рӯзи 9-уми март аз захмӣ шудани ду нафар дар пайи афтодани боқимондаи паҳподҳо хабар дод.

Қатар 313 нафарро барои паҳн кардани "маълумоти бардурӯғ" боздошт кардааст. Вазорати корҳои дохилии Қатар гуфтааст, ки ин афрод барои "наворбардорӣ, паҳн ва нашри маълумоти бардурӯғ" боздошт шудаанд ва боздоштшудашо аз миллатҳои гуногунанд.

Дар ҳоле, ки ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳҳои низомӣ ва зерсозтҳои онҳо дар кишварҳои Халиҷи Форс идома дорад, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки тасмим дар мавриди замони поёни ҷанг бо Эрон “тасмими муштарак бо Бинямин Натаняҳу, сарвазири Исроил хоҳад буд”.

Ӯ дар суҳбати телефонӣ бо “The Times Of Israel” гуфтааст, ки бо Натаняҳу “суҳбатҳое” доштааст ва “дар замони муносиб тасмим хоҳад гирифт”.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?

0

Шаби 8 ба 9-уми март Маҷлиси хубрагони Эрон, Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаиро роҳбари нав ва сеюми Ҷумҳурии Исломӣ интихоб ва муаррифӣ кард. Ӯ дар ин мақом падараш Алии Хоманаиро, ки ҳамроҳ бо ҳамсару чанде аз пайвандонаш дар оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, рӯзи 28-уми феврал кушта шуд, иваз кард.

Муҷтабо Хоманаӣ, писари 56-солаи Алии Хоманаӣ, ки то имрӯз аз ӯ мусоҳиба ё гуфтугӯи расмӣ нашр нашудааст, кист ва чӣ корнома дораду далели интихобаш чӣ буд? Бо такя ба маълумоти дарстрас дар бораи ӯ, кӯшиш кардем, ба ин суолҳо посух ҷӯем.

 

Аз таваллуд то таҳсил дар ҳавзаи динии Қум

Алии Хоманаӣ шаш фарзанд дорад: чор писар ва ду духтар. Муҷтабо фарзанди дуюми ӯ буда, 8-уми сентябри соли 1969 дар шаҳри Машҳад таваллуд шудааст.

Ӯ таҳсилоти миёнаро дар мактаби мазҳабии “Алавӣ” гирифт. Ба навиштаи расонаҳо, дар 17-солагиаш чанд маротиба дар ҷанги Эрону Ироқ ба таври кӯтоҳмуддат дар баъзе амалиётҳо низ ширкат кардааст.

 

Баъдан, барои идомаи таҳсили динӣ ба шаҳри Қум, ки яке аз муҳимтарин марказҳои омӯзиши улуми динӣ аст, рафт.

Муҷтабо то соли 1993 онҷо буд ва барои панҷ сол ба Теҳрон омада, таҳсилоти ҳавзавии худро онҷо идома дод ва соли 1999, замоне 30-сола буд, дубора ба шаҳри Қум баргашт, то таҳсилоти динии худро дар ҳавзаи илмии Қум идома диҳад.

Ӯ шогирди рӯҳониёни маъруфе чун Муҳаммадтақӣ Мисбоҳ Яздӣ, Маҳмуд Ҳошимӣ Шоҳрудӣ ва падараш, Алии Хоманаӣ будааст.

Муҷтабо Хоманаӣ беш аз 15 сол дар Қум ба таълими “дарси хориҷи фиқҳ ва усул” машғул буд, ки баландтарин сатҳи таҳсил дар ҳавзаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин марҳила одатан пешшарти расидан ба мақоми раҳбарӣ низ дониста мешавад.

 

Издивоҷи стратегӣ

Муҷтабо Хоманаӣ соли 1999 бо Заҳро, духтари Ғуломалӣ Ҳаддод Одил издивоҷ кард. Ин издивоҷро як пайванди сиёсӣ ва стратегӣ байни ниҳоди раҳбарӣ ва ҷиноҳи муҳофизакори фарҳангӣ-технократӣ медонанд.

Ҳаддод Одил баъдтар ба яке аз чеҳраҳои муҳими сиёсии муҳофизакор табдил ёфт ва соли 2004 раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ гардид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст

Ӯ аз Алӣ Хоманаӣ дар бораи номзадӣ ва маросими издивоҷи духтараш дар соли 1999 иқтибос меорад, ки дар он ӯ ба Ҳаддод Одил гуфтааст:

"Ман пул надорам, ки хона харам. Мо хонаеро иҷора гирифтем, ки дар он Мустафо (фарзанди аввал) дар як ошёна ва Муҷтабо дар ошёнаи дигар зиндагӣ мекунад… Муҷтабо низ як одами оддӣ нест. Ӯ мехоҳад ба Қум равад ва таҳсил кунад ва рӯҳонӣ шавад".

 

Нақши ӯ дар сиёсат

Номи Муҷтабо Хоманаӣ бори аввал дар сиёсат дар интихоботи президентии соли 2005 садо дод. Он вақт Меҳдии Каррубӣ, яке аз номзадҳо, дар номае ба Алии Хоманаӣ аз тақаллуб дар интихобот сухан гуфт ва ба нақши Муҷтабо дар ташкили раъйҳо ба нафъи Маҳмуди Аҳмадинажод ишора кард. 

Ӯ номаро бо ишора ба таъсир ва нақши Муҷтабо Хоманаӣ дар интихобот идома медиҳад ва менависад, ки "хабаре нашр шуд, ки писари мӯҳтарами шумо – ҷаноби Сайид Муҷтабо – яке аз номзадҳоро дастгирӣ кардааст ва ман пас аз он ки ин хабар зуд-зуд паҳн мешуд, нигарон шудам."

Каррубӣ дертар гуфт, вақте яке аз "бузургон" ба оятуллоҳ Хоманаӣ расонд, ки "оқозода аз фалон кас ҳимоят мекунад", Хоманаӣ посух додааст: "Эшон оқост, на оқозода".

Чор сол баъд, дар интихоботи баҳсбарангези соли 2009, дар ҷараёни эътирозҳо номи ӯ дар шиорҳои эътирозгарон боз садо дод. Эътирозгарон ӯро яке аз омилҳои дахолат дар интихобот ва саркӯби эътирозҳо медонистанд. Аз он вақт инҷониб, овозаҳо дар бораи вориси ӯ ва дахолаташ ба корҳои давлатӣ паҳн шудаанд. Ҳамчун чеҳрае, ки гуфта мешуд дар пушти пардаи таҳаввулоти сиёсӣ нақш дорад. 

 

Он чизе ки байни Муҷтабои 56-сола ва бародари бузургаш Мустафову бародарони хурдтараш Масъуд ва Майсам фарқ мегузорад, ба навиштаи расонаҳо, аз нақши маъмулии “фарзанди раҳбар” берун рафтани ӯ буд. Бародаронаш бештар дар ҳошияи корҳои фарҳангӣ ё маъмурии дафтари падарашон фаъол буданд, аммо номи Муҷтабо дар афкори умумӣ бо шабакаҳои пинҳонии қудрат ва ниҳодҳои ҳассоси амниятӣ пайваст шудааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ бо ҳалқаи наздикони падараш ва ҳамчунин бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ робитаи наздик дорад. Бархе аз таҳлилгарон бовар доранд, маҳз ин иртибот сарчашмаи нуфузи Муҷтабо Хоманаӣ дар сохтори қудрат аст, ки тайи солҳо ӯ ба яке аз ҳалқаҳои иртиботӣ миёни байти раҳбарӣ ва фармондеҳони аршади Сипоҳ табдил шудааст.

 

Фаъолияти мазҳабӣ ва тадрис

Дар ин солҳо, ба ҷуз аз масъалаҳои сиёсие, ки дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ матраҳ шуда буданд, расонаҳои наздик ба ҳукумат ва як қатор мақомоти сиёсӣ ӯро "Оятуллоҳ" номиданд ва гуфтанд, ки ӯ тавонист дар рутбаҳои илмӣ дар мадрасаҳо пеш равад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳеҷ гоҳ бо Амрико канор наёмад. Алӣ Хоманаӣ кӣ буд ва чӣ корномае аз худ боқӣ гузошт?

Ӯ ҳамзамон ба тадрис низ машғул буд ва дар аввал дар мадрасаи Оятуллоҳ Муҷтаҳидии Теҳрон баъзе дарсҳои ибтидоии ҳавзавиро таълим медод ва баъдтар тадриси ҳалқаҳоро идома дода, ба тадриси сатҳи олӣ дар яке аз мадрасаҳои Қум пардохт.

Соли 2008 дарси хориҷи фиқҳи хусусии ӯ дар дафтари Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Қум оғоз шуда, тадриҷан ба яке аз машҳуртарин дарсҳои хориҷии ҳавзаи Қум табдил ёфт.

Ӯ дар баробари фаъолияти илмӣ, ба таъсиси марказҳои илмӣ ва фиқҳӣ ва дастгирии муассисаҳои илмӣ низ машғул буда, ҳамчунин бо бисёре аз уламои ахлоқ ва ирфон робита доштааст.

Бояд гуфт, ки ҳамаи писарони Алии Хоманаӣ либоси рӯҳонӣ мепӯшанд ва таҳсилоти динӣ доранд ва дар бораи ҳаёти шахсии онҳо маълумоти кам мавҷуд аст. Расонаҳои Эрон мегӯянд, ки фарзандони Алии Хоманаӣ, аз ҷумла Муҷтабо (то интихоб гардидан ба ҳайи роҳбари олии ин кишвар) дар вазифаҳои давлатӣ кор намекунанд ва асосан ба "корҳои тадқиқотӣ дар соҳаи динӣ" машғуланд.

 

Тахминҳо дар бораи ҷонишинӣ

Дар солҳои охир бисёр таҳлилгарон Муҷтаборо яке аз номзадҳои асосии ҷонишинии падараш медонистанд. Гумонзаниҳо дар бораи эҳтимоли ҷонишинии ӯ солҳои зиёд матраҳ буд, махсусан вақте ки синну вазъи саломатии Алии Хоманаӣ мавзӯи баҳсҳои ҷамъиятӣ шуда буд.

 

Баъзе ҷонибдорони Алии Хоманаӣ бар ин буданд, ки барои идомаи сиёсати давраи Хоманаӣ, беҳтарин интихоб Муҷтабо аст. Дар муқобил, баъзе мухолифон аз меросӣ шудани ҳокимият изҳори нигаронӣ мекарданд.

Худи Алии Хоманаӣ  ҳамеша таъкид мекард, ки интихоби раҳбари нав бояд бо риояи усулҳои асосии Ҷумҳурии Исломӣ анҷом шавад.

ББС менависад, ки "ниҳоди раҳбарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дорои қудрати бузурги иқтисодӣ мебошад ва бисёре аз расонаҳо аз ниҳодҳои иқтисодии зери назари Валӣ фақеҳро бо унвони "импротурӣ" ёд мекунанд".

То имрӯз аз Муҷтабо Хоманаӣ мусоҳиба ё гуфтугӯи расмӣ нашр нашудааст ва маълум нест, ки дар масъалаҳои дохилу хориҷ, махсусан, нисбат ба Амрико ва Исроил, чӣ сиёсатиеро пеш мегирад.

Ягона суханронии нашршудаи ӯ ба 22-юми сентябри соли 2024 бармегардад, ки дар он гуфта буд:

“Ман муваққатан дарс доданро бидуни огоҳии падарам қатъ мекунам”.

Бо нашри ин хабар, баъзе таҳлилгарон ва фаъолони сиёсӣ қатъи тадрис аз сӯи ӯро ба масъалаи ҷонишинии Муҷтабо Хоманаӣ рабт доданд.

Акнун бисёриҳо интизор доранд, ки Муҷтабо Хоманаӣ сиёсати сахтгирон падарашро идома диҳад.

Баъзеҳо бовар доранд, ки марде, ки падар, модар ва ҳамсарашро аз ҳамлаҳои ИМА ва Исроил аз даст додааст, эҳтимолан таҳти фишори Ғарб гузашт намекунад.

Бо вуҷуди ин, назди ӯ вазифаи душвор қарор дорад: ҳифзи Ҷумҳурии Исломӣ ва бовар кунонидани мардум, ки маҳз ӯ қодир аст, ки кишварро аз бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодии берун барад.

 

Вокуниши Доналд Трамп

Дар ҳам ин ҳол, Доналд Трамп, президенти Амрико, қаблан дар вокуниш ба хабарҳои марбут ба интихоби Муҷтабо гуфта буд, ки “ҳар касе бихоҳад раҳбари нави Эрон шавад, дар ниҳоят кушта хоҳад шуд”.

Ӯ ҳамчунин дар мусоҳиба бо нашрияи “Axios” эҳтимоли ҳамкорӣ бо Муҷтабои 56-сола, писари раҳбари кушташудаи Эронро инкор ва таъкид карда буд, ки “онҳо вақти худро беҳуда сарф мекунанд. Писари Хоманаӣ шахси заиф аст”.

“Раҳбари ояндаи Ҷумҳурии Исломӣ бояд аз мо тасдиқ бигирад, агар нагирад, дер давом намекунад”, – гуфта буд ҳамчунин Трамп.

 

 

Шеваи интихобот чӣ гуна буд?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна

Тибқи хабарҳои расонаҳои Эрон, ҷаласаҳои интихоби раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ эҳтимолан ғайриҳузурӣ ё ба далели масъалаҳои амниятӣ, бо иштироки намояндагони онҳо баргузор шудааст.

Хабаргузории Форс, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик аст, аз қавли манбаъҳои огоҳ хабар додааст, ки музокироти Маҷлиси Хубрагон “дар муҳити амн” баргузор шудааст.

Давраи чандрӯзаи номуайянӣ пас аз кушта шудани Алии Хоманаӣ ба поён расид ва Муҷтабо Хоманаӣ дар шароите, ки минтақа бо танишҳои шадид рӯбарӯст, инчунин, доихили худи Эрон ба як қатор мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ даргир аст, дар сари сохтори сиёсӣ ва мазҳабии Эрон қарор гирифт.

Муҷтабо Хоманаӣ то ҳол дар бораи интихоби худ ё сиёсатҳои эҳтимолиаш нисбат ба Амрико, Исроил ва масъалаҳои минтақавӣ изҳороти оммавӣ накардааст.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот

0

Закот яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом аст. Ҳар сол ҳазорон мусулмони тоҷик дар бораи он саволҳо доранд: Аз чӣ миқдор маблағ закот дода мешавад? Ба кӣ додан лозим? Аз тилло ва нуқра чӣ гуна ҳисоб мекунанд? Дар ин матлаб тибқи посухҳои расмии Шӯрои уламои Тоҷикистон ба муҳимтарин саволҳо дар бораи закот ҷавоб медиҳем.

 

Закот чист ва чарофарз аст?

Закот чист?

– Закот калимаи арабӣ буда, маънояш покӣ, нумӯ, афзоиш ва баракат мебошад. Дар дини Ислом закор – пардохти ҳиссаи муайяни мол ё пул ба ашхоси ниёзманд аст. Ин яке аз панҷ рукни асосии дини мубин буда, пас аз шаҳодат, намоз ва рӯза яке аз муҳимтарин фарзҳои илоҳӣ ҳисобида шудааст.

 

Чаро закот фарз аст ва он ба киҳо дода мешавад?

Худованд дар ояти 60-уми сураи Тавба дар Қуръони карим додани закотро фарз гуфтааст. Дар ҳамон оят шахсони закотгиранда ҳам муайян шудаанд:

– Фақирон;

– Мискинон;

– Коргузорони ҷамъоварии он;

– Дилҷӯшудагон (барои ҷалби дилҳои ғайримуслимҳо ба Ислом);

– Барои озод кардани бардагон;

– Барои пардохти қарзи қарздорон;

– Дар роҳи Аллоҳ (барои корҳои хайр);

– Ва мусофирон (дар роҳ мондагон).

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон

Дар Қуръон ва ҳадис гуфта мешавад, ки закот боиси тозашавии мол, пайдоиши баракат ва ёрии ниёзмандон мегардад.

 

Кай закот доданҳатмӣ мешавад?

– Вақте ки миқдори пул ё мол ба ҳадди нисоб расид ва аз он як соли қамарӣ гузашт, пардохти закот фарз (ҳатмӣ) мегардад.

 

Нисоби закот дар соли 2026

Нисоби закот дар соли 2026 чӣ қадар аст?

– Тибқи қарори Шӯрои уламо, дар соли 2026 нисоби закот 64 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Агар шахс ин маблағ ё зиёдтар дошта бошад, бояд 1 ҳазору 600 сомонӣ закот диҳад. Нисоб бо нархи тилло ҳисоб мешавад.

 

Агар аз 64 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ дошта бошем, закоти он чӣ гуна ҳисоб мешавад?

– Агар маблағ аз нисоб зиёд бошад, ҳамаи онро ба 40 тақсим мекунанд – миқдори закот мебарояд. Масалан, агар 75 ҳазор сомонӣ дошта бошед: 75 000 ÷ 40 = 1 875 сомонӣ закот пардохт мешавад.

 

Аз тилло ва нуқра чӣ гуна закот дода мешавад?

– Нисоби тилло 85 гр ва нисоби нуқра 600 гр аст. Аз зеварҳои тиллоӣ 2,125 гр тилло ва аз зеварҳои нуқрагин 15 гр нуқра ё қимати онҳо пардохт карда мешавад. Агар миқдори тилло ё нуқра ба нисоб нарасад, закот воҷиб нест.

 

Оё аз молу амволи тиҷоратӣ ҳам закот дода мешавад?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
РАСМАН: Имсол моҳи Рамазон 19-уми феврал оғоз мешавад

– Бале. Нисоби закот аз тамоми моли тиҷорат ҳисоб мешавад ва дар ин сурат нархи фурӯши мол эътибор дорад. Масалан, молеро бо 3 ҳазор сомонӣ харидед ва бо 3,5-4 ҳазор сомонӣ мефурӯшед – нархи фурӯш 3,5-4 ҳазор сомонӣ асос мешавад. Яъне, асосан нархи фурӯши мол ба инобат гирифта мешавад.

 

Аз пули қарз додашуда закот дода мешавад?

Агар қарздор эътироф кунад, ки қарздор аст ва онро мепардозад, закот аз он воҷиб мешавад. Назди Имом Абӯҳанифа пас аз баргардонидани қарз адои закоти солҳои гузашта низ воҷиб мегардад. Аммо агар қарздор нодор бошад, мункири қарз бошад ё онро кашола диҳад, дар ин ҳолатҳо закот воҷиб намегардад.

 

Аз хонаи ба иҷора додашуда закот дода мешавад?

Аз фоидаи иҷора закот пардохта мешавад, ба шарте ки маблағи ба дастомада ба нисоб расад ва як сол аз он гузарад. Агар хона барои тиҷорат бошад, аз нархи худи хона закот дода мешавад.

 

Аз манзил ва мошин закот дода мешавад?

Хонае, ки барои зиндагӣ истифода мешавад ва мошине, ки мавриди истифодаи шахсӣ аст – аз инҳо закот воҷиб нест. Агар хона ё мошин барои тиҷорат бошад – закот воҷиб мешавад.

 

Оё аз пули закот роҳ сохтан мумкин аст?

– Бале, яке аз масрифҳои закот “дар роҳи Худо” аст. Бинобар ин, як қисми пули закотро дар сохтани роҳ сарф кардан ҷоиз аст.

 

Ба кӣ закот дода намешавад?

Ба кадом хешовандон закот додан мумкин нест?

Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) ба падару модар, падаркалон ва модаркалон, фарзандон ва набераҳо, ҳамсар — закот додан дуруст нест. Аммо ба хусуру хушдоман, агар фақир бошанд, закот додан ҷоиз аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон

 

Ба кӣ дигар закот дода намешавад?

Закот ба сарватмандон, ба идораҳои давлатӣ ё барои умури умумии сохтмон (берун аз “роҳи Худо”) дода намешавад. Закот танҳо ба 8 гурӯҳи дар боло зикршуда дода мешавад.

 

Аз моли майит закот дода мешавад?

Аз моли майит закот дода намешавад, зеро дар закот ният шарт аст ва майит аҳли ният нест. Аммо агар майит барои адои закот васият карда бошад, аз сеяки молаш закотро адо мекунанд. Агар ворисон ҳама болиғ бошанд, метавонанд бештар аз сеяк низ закот диҳанд.

 

Агар маблағ барои хариди хона ҷамъ карда бошам, закот медиҳам?

– Агар шахс барои харидани хона ё замин маблағе ҷамъ карда бошад, вале пас аз як соли соҳиби нисоб шудан на хона харида тавонист ва на замин, закоташро адо мекунад. Аммо агар пеш аз гузаштани сол онро сарф кунад, закот воҷиб намешавад.

 

Агар молам ба нисоб нарасида бошад, аммо касе бароям закот диҳад​​​​​​​- гирифтан ҷоиз аст?

Бале, агар дороии инсон ба нисоб (64 ҳазор сомонӣ) нарасида бошад, ӯ закот гирифта метавонад.

 

 Кай закот пардохта мешавад — дар аввали сол ё охири сол?

Вақте ки мол ба андозаи нисоб расид ва як соли қамарӣ аз он гузашт, адои закот воҷиб мегардад.

ЭЗОҲ: Ин мавод бо истифода аз посухҳои расмии сомонаи Шӯрои уламо таҳия ва бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1934 – Дар Душанбе Осорхонаи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт. Соли 1999 ин осорхона ба Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод тағйири ном кард. Дар соли 2013 пас аз ба истифода додани бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод барҳам дода шуд ва хазинаи он ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон интиқол ёфт.

Соли 1996 – Роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва миллии Тоҷикистон “Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон”-ро имзо карданд. Ин санад ҳамчун қадами муҳиме дар раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар ба ҳисоб мерафт.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон бори аввал ҷарроҳиҳои пайванди ҳуҷайраҳои бунёдӣ анҷом дода шуданд.

Соли 2010 – Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди ҳукумати Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Соли 2018 – Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ба Душанбе омад. Дар натиҷаи сафари дурӯза 27 созишномаи дуҷониба, аз ҷумла созишнома дар бораи лағви раводид байни ду кишвар ва сафари бидуни визаи шаҳрвандон ба давлатҳои якдигар дар муддати 30 рӯз ба имзо расид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Нарзиқул Обидов, рӯзноманигор, тарҷумон, ношир.

Соли 1940 – Зодрӯзи Умринисо Сироҷиддинова, доктори илмҳои тиб.

Соли 1953 – Мавлуди Фарҳоди Карим, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Соли 2018 – Соҷида Ғуломова, ҳунарпешаи тоҷик, яке аз маъруфтарин коргардонҳои телевизиони Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Соҷида Ғуломова дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, хоҳараш Фотима Ғуломова ва бародараш Исфандиёр Ғуломов низ ҳунарпешагони шинохтаи театру синамои тоҷик мебошанд.

Соҷида Ғуломова беш аз 35 сол (1962-1993) дар бахши адабии телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ муаллифи даҳҳо намоишномаи телевизионӣ, чун “Найрангҳои Майсара”, “Зани оҳанин”, “Имтиҳон”, “Зангирии Чаққабой”, “Ҳаёт ва ишқ”, “Субҳи модар”, “Армони модар” аст, ки дар хазинаи телевизиони тоҷик маҳфузанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз зодрӯзи Юрий Гагарин, нахустин кайҳоннавард дар ҷаҳон аст. Ӯ 12-уми апрели соли 1961 дар киштии кайҳонии “Восток-1” аз ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба фазо баромад ва дар давоми 108 дақиқа Заминро давр зад.

Ин парвоз оғози давраи нави таҳқиқоти кайҳонӣ шуд ва Гагаринро ба як шахсияти таърихӣ табдил дод. Пас аз парвоз, ӯ ба қаҳрамони миллӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфт, бо раҳбарони гуногуни ҷаҳон мулоқот кард ва ба таблиғи илм ва кайҳоннавардӣ машғул буд.

 

Рӯзи 27 марти соли 1968, Гагарин ҳангоми парвози омӯзишӣ дар як ҳавопаймои ҷангӣ ба ҳалокат расид. Ҳамасола 12 -уми апрел дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кайҳоннавардӣ таҷлил карда мешавад.

Рӯзи ҷаҳонии DJ-ҳо (World DJ Day) як чорабинии байналмилалӣ аст, ки ҳамасола 9-уми март ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз на танҳо ҷашни фарҳанги DJ-ҳо ва мусиқии электронӣ, балки як маъракаи хайрия низ мебошад.

 

"World DJ Day" соли 2002 бо ташаббуси ташкилотҳои байналмилалии мусиқӣ ва клубӣ таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии он на танҳо қадрдонии саҳми DJ-ҳо дар рушди фарҳанги мусиқӣ, балки ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба кӯмак ба кӯдакони ниёзманд мебошад.

9 марти соли 1959 аввалин лӯхтакҳои Барби ба фурӯш бароварда шуданд. Барби яке аз машҳуртарин бозичаҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Асли Барби ба як лӯхтаке бармегардад, ки аввалан дар Олмон барои калонсолон сохта шуда буд. Ин лӯхтак таваҷҷуҳи Рут Ҳандлерро ба худ ҷалб кард. Вай онро такмил дода, ба як бозичаи мувофиқ барои кӯдакон табдил дод ва соли 1958 барои он патент гирифт. Дар муддати кӯтоҳ, Барби дар зиёда аз 150 кишвар маъруф гашт.

 

Бо вуҷуди шуҳрати ҷаҳонӣ, Барби борҳо мавриди танқид қарор гирифтааст. Баъзе мутахассисон бар он назаранд, ки ин лӯхтак сабаби паҳншавии бемориҳое чун анорексия ва булимия мебошад..

Имрӯз як ҷашни ғайрирасмӣ – Рӯзи байналмилалии ҳашароти хонагӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз махсус барои дӯстдорони ҳашарот ва энтомологҳо мебошад.

Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи нақши ҳашарот дар муҳити зист ва қадрдонии онҳое мебошад, ки онҳоро ҳамчун ҳайвоноти хонагӣ нигоҳ медоранд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар ғарби вилоят шабона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе минтақаҳо то 12-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар охири рӯз боришоти сусти борон дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 2+4º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 9 ба 10-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст

0

Маҷлиси хубрагони Эрон шаби 8-ум ба 9-уми март роҳбари нав ва сеюми Ҷумҳурии Исломиро интихоб ва муаррифӣ кард: Сайид Муҷтабо Ҳусайни Хоманаӣ. Ӯ дар ин мақом падараш Алии Хоманаиро, ки ҳамроҳ бо ҳамсару чанде аз пайвандонаш дар оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, рӯзи 28-уми феврал, кушта шуд, иваз кард.

Дар ин бора хабаргузории расмии ин кишвар ИРНА хабар дода, навиштааст, “нишастҳо барои интихоби раҳбари ҷадиди Ҷумҳурии Исломӣ ё шахсан ва ё ба далели масоили амниятӣ бо ҳузури намояндагони онҳо баргузор шуд”.

Ба навиштаи расонаҳои расмии Эрон, аз миёни чанд номзад Муҷтабо Хоманаӣ ҷонишини падараш интихоб шудааст.

Хабаргузории Форс, ба нақл аз манобеъи огоҳ дар бораи “дар фазои амн” баргузор шудани музокироти маҷлис хабар дода, зикр кардааст, ки нишасти ниҳоии Шӯрои хубрагон барои интихоби раҳбари нави Ҷумҳурии Исломии Эрон “мумкин аст шахсан ва пас аз маросими дафни Алии Хоманаӣ баргузор шавад”.

 

Пештар аз ин хабаргузориҳои ҷаҳон навиштанд, ки бинои котиботи Шӯрои хубрагон дар шаҳри Қум аз сӯйи Амрикову Исроил мушакборон шудааст.

Баъдтар расонаҳои Эрон аз қавли мақомдорони ин кишвар навиштанд, ки ба кори маҷлис ҳеҷ халале нарасидааст.

Бар асоси Қонуни Асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон, то эълони расмии раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ, кишварро Шӯрои раҳбарияти муваққатӣ идора мекунад ва ин шӯро аз раисиҷумҳур, раиси қувваи қазоӣ ва яке аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбон иборат аст.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна

0

Дар рӯзи нуҳуми ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, ҳарду ҷониб ба захирагоҳи нафтӣ ва полишгоҳҳои нафтии якдигар ҳамлаҳои мушакиву паҳподӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, шаби гузашта, Исроил ба анборҳои нафти вилоятҳои Теҳрону Албурз ҳамла кард, ки дар пайи оташсӯзӣ дар фазои Теҳрон борони нафтӣ ба вуҷуд омад. Дар посух ба ин, Эрон ҳам ба чанд полоишгоҳи нафтии Ҳайфо ҳамла карда, ҳамчунин чанд нуқтаи ҷойгиршавии низомиёни амрикоӣ дар кишварҳои Ховари Миёнаро ҳадаф қарор додааст.

Охирин хабарҳо аз вазъи Эрону Исроил ва умуман минтақаи Ховари Миёнаро дар ин маводи мо хонед.

 

Наздики 180 нафари дигар аз Иморот ба Тоҷикистон баргаштанд

Чанд соат пеш, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, 178 нафари дигар тариқи парвози чартерӣ аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Душанбе баргаштаанд, ки миёнашон шаҳрвандони хориҷӣ ҳам ҳастанд. 

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ин парвоз тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Фурудгоҳи Мактуми Дубай анҷом шуда, ҳудуди соатҳои 16:00-и имрӯз дар Душанбе фуруд омад. 

Пеш аз ин, дар пайи даргириҳо дар Ховари Миёна, 362 шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳрҳои Абу-Забӣ ва Дубайи Иморот тариқи хатсайрҳои чартерии ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Fly Dubai” ба Тоҷикистон баргашта буданд.

Баъди ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Теҳрон ба онҳо, ин гурӯҳи мусофирон дар Иморот дармонда буданд.

 

Ҳамла ба анборҳои нафт ва таъсисоти обширинкунӣ дар Эрон

Вайс Карамӣ, мудири ширкати тақсими маҳсулоти нафтии Эрон ҳамла ба анборҳои нафт дар Теҳрону Албурзро тасдиқ карда, гуфтааст, ки дар пайи он, дар Теҳрон 4 нафар кушта шудааст. Ҳамчунин, раиси вилояти Албурз низ, аз кушта шудани 6 тан ва маҷрӯҳ гаштани 23 тани дигар дар ҳамлаҳо ба анборҳои нафти ин вилоят хабар додааст.

Дар пайи ҳамла ба анборҳои нафт ва оташсӯзӣ дар онҳо, Ҳилоли аҳмари Эрон аз ба вуҷуд омадани борони нафтӣ дар фазои Теҳрон ҳушдор дод. Ин ҷамъият аз сокинон хостааст, аз ҳузур дар маконҳои боз худдорӣ кунанд ва дар манзилҳои худ бимонанд.

Навору аксҳо аз Теҳрон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, шӯълаҳо ва дуди азимеро нишон медиҳанд, ки аз таъсисоти нафтӣ аланг мезананд.

Вайс Карамӣ рӯзи 8-уми март дар гуфтугӯ бо шабакаи "Хабар"-и телевизиони давлатии Эрон шарҳ додааст, ки шаби гузашта ва субҳи якшанбе, 4 анбори маҳсулоти нафтӣ ва 1 маркази нақлу интиқоли он дар вилоятҳои Теҳрон ва Албурз, ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Аммо ин масъули эронӣ гуфтааст, "бензин ба андозаи кофӣ дар анборҳои нафт мавҷуд аст ва дар дастраси мардум хоҳад буд". Бо ин ҳол, ӯ аз мардум хост, ки танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба бензинфурӯшиҳо сар бизананд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна

Ҳамчунин,  расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд, ки рӯзи гузашта, 7-уми март Амрико ба пойгоҳи обширинкун (Эрон оби баҳрро полоиш мекунад)-и ҷазираи Қашами Эрон ҳамла кардааст, ки дар  натиҷа, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар 30 деҳа мушкил шудааст.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба ин ҳамла дар саҳифаи худ дар “Х” навишт, ки “ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ҳаётии Эрон иқдоми бисёр хатарнок аст, ки паёмадҳои сангине дар пай хоҳад дошт”.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон низ, дар вокуниш ба ин ҳамла дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “таҷовузи эътилофи амрикоӣ-саҳюнистӣ ба обширинкуни Қашам бо пуштибонии яке аз пойгоҳҳои ҳавоӣ дар кишварҳои ҳамсояи ҷанубӣ анҷом шудааст. Ин ҷинояти ошкор вокуниши мутаносибе дарёфт хоҳад кард”.

Сипоҳи посдорони Эрон эълон кард, ки ба он пойгоҳи Амрико, ки аз он ба таъсисоти обширинкуни ҷазираи Қашам ҳамла шуда буд, зарба задааст.

 

Ҳамлаҳо ба Исроил

Дар ҳамин ҳол, Сипоҳ хабар додааст, ки дар посух ба ҳамлаҳои Исроил ба пойгоҳҳои нафтӣ дар Теҳрон ва Албурз, шаби гузашта ба як зихарагоҳи нафтӣ дар Ҳайфо ва чанд нуқтаи ҷойгиршавии низомиёни амрикоӣ дар кишварҳои Ховари Миёна ҳамлаи паҳподиву мушакӣ анҷом додааст.

Ба гузориши хабаргузории “Садову симо”-и Эрон, Муҳаммад Ноинӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони Эрон изҳор доштааст, ки Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар то ҳол беш аз 200 нуқта дар пойгоҳҳо ва таъсисоти Амрико ва Исроилро ҳадаф қарор додаанд, ки тақрибан 60% ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна ва 40 дарсади дигар ба Исроил равона шуда будаанд.

“Мушакҳое, ки то ҳол дар амалиётҳо истифода шудаанд, аксаран наслҳои якум ва дуюм мебошанд. Дар марҳилаҳои баъдӣ, сабки нави ҳамлаҳо бо истифода аз мушакҳои пешрафтатар ва камтаристифодашудаву дурпарвоз ба кор гирифта хоҳад шуд”, – илова кардааст Ноинӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони Эрон.

Ӯ гуфтааст, ки Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар “ҳадди ақал барои як ҷанги шадиди шашмоҳа бо суръати кунунӣ омдагӣ доранд”.

Дар ҳамин ҳол.  “The Times Of Israel” субҳи 8-уми март аз шунидани “бонги хатар” дар чанд нуқтаи Исроил хабар додааст, вале ба навиштаи ин расона, “аз талафот гузориш дода нашудааст”.

 

Омори куштаву захмишудаҳо дар Эрон

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?

Рӯзи 7-уми март як намояндаи Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон иттилоъ додааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, дастикам 195 донишомӯз ва омӯзгор кушта шуда, 68 мактаб осеби ҷиддӣ дидааст. Ба ғайр аз қурбониёни мактаби Миноб (168 кушта а 110 тани дигар маҷрӯҳ), ҳамчунин, дар вилояти Форс низ як омӯзгор бо 5 талаба дар пайи як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудаанд. .

Ҳилоли аҳмари Эрон рӯзи 8-уми март иттилоъ додааст, ки аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон 9 ҳазору 669 нуқтаи ғайринизомӣ осеб дидааст. Аз ҷумла, ба 7 ҳазор 943 бинои истиқоматӣ ва 1 ҳазору 617 бинои тиҷоратӣ ҳамла шудааст.

Дар ҷараёни ин ҳодисаҳо 11 корманди тиб кушта ва 33 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои ин ҷамъияти эронӣ, 32 маркази доруӣ ва дармонӣ ва илова бар ин 13 маркази Ҳилоли Аҳмар низ низ осеб дида, 7 нафар аз кормандони имдодрасонӣ захмӣ шудаанд.

 

Инчунин, 15 мошини наҷотдиҳӣ ва 13 нақлиёти Ҳилоли Аҳмар ва ёрии таъҷилӣ зарар дидаанд.

Мақомоти Эрон охирон маротиба 5-уми март теъдоди кушташудаҳои ҳамлаҳои Амрикову Исроилро 1 ҳазору 230 нафар ва теъдоди захмиёнро беш аз 6 ҳазор тан гуфта буданд. Омори охирини қурбониён дар Эрон маълум нест.

Вазорати тандурустии Исроил шабонарӯзи гузашта аз захмӣ шудани 157 нафар дар пайи ҳамлаҳои Эрон гузориш дода, иттилоъ додааст, ки дар умум, аз оғози ҳамлаҳо 1 ҳазор 929 тан бистарии беморхона гаштааст. Исроил чанд рӯз пеш омори кушташудаҳояшро 11 тан эълон карда буд.

Аз сабаби сонсури расонаҳо, иттилоъ гирифтан аз Исроил ва вазъи он душвор шудааст.

 

Масъалаи ҷойгузини Хоманаӣ қариб ҳал шудааст,-  расонаҳои эронӣ

Чанд соат пеш, хабаргузории “Mehr”-и Эрон, навореро нашр кард, ки дар он Оятуллоҳ Муҳаммад Маҳдӣ Мирбоқирӣ, як рӯҳонии баландпоя мегӯяд, Шӯрои коршиносон ё хурбагони Эрон ҷойгузини Алии Хоманаӣ, роҳбари олии ин кишварро интихоб кард.

Шӯрои коршиносон як гурӯҳи 88 рӯҳонии баландпоя аст, ки бо овоздиҳии мардум интихоб шудаанд ва ивазкунандаи Хоманаиро интихоб мекунанд.

 

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, Маҳдӣ Мирбоқирӣ афзудааст, ки "қарори аксарият" ба даст омадааст, аммо бояд якчанд монеаҳои расмӣ бартараф карда шаванд.

Интизор меравад, ки Шӯро ба зудӣ ҷаласа баргузор кунад. Артиши Исроил қаблан ҳушдор дода буд, ки "ҳар як вориси қонунӣ ва ҳар касеро, ки кӯшиши таъин кардани вориси қонунӣ мекунад, таъқиб хоҳад кард".

 

Лориҷонӣ ба даъвои Трамп дар бораи ширкаташ дар интихоби роҳбари олии Эрон посух додааст

Алии Лориҷонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар як мусоҳибае, ки шаби гузашта расонаҳои эронӣ нашр карданд, ба иддаоҳои раисҷумҳури Амрико барои иштирок дар интихоби раҳбари ояндаи Эрон  гуфтааст, ки “ин нишон медиҳад, ки ӯ хеле одами ақибафтодае аст”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Ҳамчунин, Алии Лориҷонӣ дар як фиристае дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки Амрико бояд барои “шаҳид кардани раҳбари мо ва мардуми мо” товон диҳад.

Пас аз чанд соат, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо шабакаи “CBS” изҳороти Лориҷониро “камаҳамият” хонда, гуфтааст, “ман аслан намедонам, ки дар бораи чӣ суҳбат мекунад”.

Дар ҳамин ҳол, Стив Уиткофф, намояндаи вижаи раисумҳури Амрико, ки роҳбари музокиракунандагони Амрико бо Эрон буд, изҳор доштааст, ки “ҳанӯз ҳам фазое барои расидан ба як тавофуқ бо ончӣ аз давлати Эрон боқӣ мондааст, вуҷуд дорад”.

 

Вазъияти охири Ховари Миёна

Дар пайи ҳамлаи Исроил ба як бинои истиқоматӣ субҳи имрӯз, 8-уми март дар ҷануби Лубнон 19 нафар кушта шудааст. Вазорати тандурустии Лубнон эълон кардааст, ки теъдоди қурбониён дар ин кишвар пас аз ҳамлаҳои Исроил ба 394 нафар расидааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, аз ҷумла, 83 кӯдак ва 42 зан ҷони худро аз даст додаагд.

Дар ҳамин ҳол, “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон гуфтааст, дар посух ба ҳамлаҳои Исроил ба Бейрут ба шаҳри Кирят-Шмонаи Исроил ҳамлаи паҳподӣ анҷом додааст.

Эрон мегӯяд, субҳи 8-уми март, чанд пойгоҳи Амрико дар кишварҳои Ховари Миёнаро ҳадаф қарор додааст. Аз ҷумла,  биное, ки аз ҷониби Муассисаи миллии таъминоти иҷтимоӣ дар Кувайт идора мешавад, пас аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин оташ гирифтааст. Ин ниҳод дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки бинои асосии он осеб дидааст ва "дар натиҷа хисороти моддӣ расидааст".

 

Дар пайи ҳамлаҳои шаби гузаша, Кувайт аз кушта шудани ду корманди оташхомушкунӣ хабар додааст.

Баҳрайн низ аз ҳамлаи паҳподи ба таъсисоти обширинкунӣ хабар додааст.

Ҳамчунин, шаби гузашта дар пайи ҳамалаҳои Эрон ба пойгоҳҳо Амрико дар Иморот, фурудгоҳи Дубай барои чанд муддат баста шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар пайи ин ҳамалаҳо, ширкати ҳавопаймоии "Qatar Airways", яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа, эълон кард, ки парвозҳоеро, ки барои якшанбе, 8-уми март ба нақша гирифта шуда буданд, бозмедорад

Фазои ҳавоӣ дар тамоми кишвар баста аст. Ширкати ҳавопаймоӣ нақшаҳои ояндаи худро рӯзи душанбе эълон хоҳад кард.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?

0

Рӯзи 6-уми марти соли равон, Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” якҷой бо ширкати “Оби зулол” ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон ва Рӯзи модар иқдоми навбатии ҷашнии “Модарони Душанбе”-ро бо шукуҳи махсус баргузор кард.

Имсол ин иқдом ба 30-солагии Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" бахшида шуда буд.

Автобуси идона бо гулу туҳфаҳо ва мусиқӣ тариқи хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат карда, саёҳати оддиро ба як консерти идона табдил дод.

Аз оғози масир – назди истгоҳи роҳи оҳан, дар автобус фазои идона ҳукмфармо буд. Занон ва модароне, ки дар истгоҳҳо ба автобус менишастанд, бо “сюрпризҳо” рӯ ба рӯ мешуданд: саёҳати ройгон, гулҳо, туҳфаҳо ва баромадҳои зиндаи ҳунармандон.

Нуктаи муҳими сафар, мусиқии зинда буд. Мубориз Усмонов ва Афзалшоҳ Сафарзода, овозхонҳои маъруфи тоҷик барои занону духтарони зебо ҳунарнамоӣ карданд. Сурудҳои онҳо ба таври зинда дар автобус садо медоданд – бе саҳна ё чароғҳои ороишӣ, вале бо эҳсосоти самимӣ.

Баъзе занон рақс карданд ва дохили автобус барои чанд дақиқа ба як толори хурди консертӣ табдил ёфт.

Иқдоми “Модарони Душанбе” чанд сол боз баргузор мешавад ва ба як анъанаи деринаи шаҳр табдил ёфтааст. Дар арафаи Рӯзи модар автобуси идона дар пойтахт ҳаракат карда, ба занон гулҳо, туҳфаҳо ва рӯҳияи идона мебахшад.

ГАЛЛЕРЕЯ (17)

















Ин ташаббус бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Имсол дар омода кардани туҳфаҳо, ҳамчунин тамғаи ватании "Покиза", яке аз истеҳсолкунандагони маъруфи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибӣ кумак кард.

Ҳадафи асосии иқдом имсол ҳам бетағйир буд: – гуфтани як "сипос"-и оддӣ, вале муҳим ба модарон ва занон, барои ғамхорӣ, заҳмат ва муҳаббате, ки онҳо бо он оилаи худ ва тамоми шаҳрро пур мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.