Home Blog Page 37

Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд

0

Ҳоло дар 31 муассисаи таҳсилоти умумии Тоҷикистон бинобар норасоии ҷойи нишаст хонандагон дар се баст таҳсил мекунанд. Дар ин бора Муҳаммадтоир Саидзода, роҳбари Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм моҳи феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин муассисаҳо, дар маҷмӯъ, 38 ҳазору 167 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 8 ҳазору 368 нафар ё 21,9%-и хонандагон маҳз дар басти сеюм дарс мехонанд, ки барои ин 281 гурӯҳи таълимӣ ташкил карда шудааст. Ҳисоби миёнаи хонандагон дар ҳар як гурӯҳи басти сеюм ба 29,8 кас баробар аст.

Ин муасисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ба онҳо мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо, мактабҳои президентӣ ва мактаб – интернатҳо дохил мешаванд, аз рӯи минтақаҳои кишвар, ба таври зерин аст:

 

Дарсҳо соати чанд оғоз ва ба итмом мерасанд?

Муҳаммадтоир Саидзода дар шарҳи ин омор ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳукумати кишвар барои бартараф кардани ин мушкил талош дорад.

Аз ҷумла, ба қавли ӯ, теъдоди мактабҳое, ки дар се баст фаъолият мекарданд, соли таҳсили 2024-2025 ба 43 ва соли таҳсили 2023-2024 ба 70 адад баробар буд, ин омор дар соли таҳсили равон то 31 адад коҳиш ёфтааст.

Ба қавли роҳбари Оҷонсӣ, қаблан, дар ҳудуди шаҳри Душанбе муасисае, ки дар се баст фаъолият мекард, вуҷуд надошт, азбаски як қисми ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди шаҳри Душанбе ворид шуд, 5 боргоҳи таълимӣ дар се баст фаъолиятдошта ба омори пойтахт гузашт.

“Пеш аз ҳама мушкили асосӣ дар нарасидани ҷойи нишаст дар муассисаҳо аст… Мо дастур додем, маълумотро ба ҷойҳои даркорӣ расонидем. Дар баъзе муассисаҳо як-ду синфхона созанд, ин мушкилот бартараф мешавад. Ин мушкиле ҳаст, ки дар баъзе солҳо пайдо мешаванд, дар бархе солҳои дигар ба танзим даромада, ҳал мешаванд”, – гуфт Муҳаммадтоир Саидзода.

Ӯ таъкид кард, ки соатҳои дарсии хонандагон мувофиқ ба соатҳои таълимӣ дар бастҳои якум ва дуюм ба танзим дароварда шуда, маъмулан ҳар се баст аз соати 8:00 оғоз шуда, то соат 18:00 ба анҷом мерасад.

“Ҳар вақте синфхонае холӣ шуд, дар ҳамон ҷо хонандагони басти сеюм ба дарс оғоз мекунанд. Дар ҷадвали дарсии синфҳои болоӣ сарборӣ гузошта шуда, дарсҳои онҳо зудтар тамом мешаванд ва ҳар соате, ки як синфхона холӣ шуд, хонандагони басти сеюм ба таҳсил оғоз мекунанд. Албатта, сарбории таълимӣ дар синфҳои болоӣ вазнин мешавад. Дар умум, дарсҳо дар се баст то соати 17:00 ё 18:00 пурра ба анҷом мерасан. Шабона дарс нест”, – гуфт роҳбари Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм.

 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз ҳалли норасоии омӯзгору камбуди китоби дарсӣ то таҳсили 40 хонанда дар як синф. Дар нишасти матбуотии Вазорати маориф боз чиҳо гуфтанд?

Мушкиле, ки солҳост идома дорад

Норасоии мактаб, мизу курсӣ ва синфхонаҳои таълимӣ мушкилест, ки солҳост дар соҳаи маорифи Тоҷикистон мавҷуд аст. Ин мушкил дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам матраҳ гардид ва масъулини соҳа ин камбудро эътироф карданд.

Аз ҷумла, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм гуфт, дар яке аз гимназияҳои пойтахт дар як синф 40 хонанда таҳсил мекнанд, ки ин вазъ “ба сифати таҳсил таъсир мерасонад”.

Ёдовар мешавем, ки ғайр аз норасоии ҷойи нишаст дар мактаб, инчунин, норасоии омӯзгорон ҳам солҳо боз мушкили доғи соҳаи маориф аст. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки норасоии омӯзгорон дар соли таҳсили 2025-2026 дар мактабҳои Тоҷикистон “пурра бартараф шуда”, соли гузашта беш аз 5 ҳазор омӯзгор зиёдтар дар мактабҳо ба кор оғоз кардаанд.

Бо вуҷуди ин, дар мактабҳои кишвар қариб 700 омӯзгори ғайриихтисос дарс мегуфтаанд. Бештар дар ин хабари “Азия-Плюс” маълумот пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад

0

Чин дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти марзӣ бунёд мекунад. Арзиши умумии сохтмон беш аз 550 миллион сомонӣ буда, пурра аз ҷониби ҳукумати Чин пардохт мешавад. Ҷониби Тоҷикистон бошад, барои озод кардан аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, инчунин, дигар пардохтҳои ҳатмӣ масъул аст.

Лоиҳаи ин созишнома ахиран дар маҷлиси вакилони парлумон, рӯзи 4-уми март баррасӣ ва қабул шудааст.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур мустаҳкам намудани шароити моддӣ-техникии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон гуфта мешавад.

Муродалӣ Раҷабзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар ҷаласа гуфтааст, татбиқи лоиҳа дар се марҳила пешбинӣ шуда, аллакай номаҳои табодулӣ барои амалисозии марҳилаи дуюм ба имзо расидаанд.

Мувофиқи номаҳои табодулӣ, майдони умумии сохтмон 17 ҳазору 109 метри мураббаъ буда, хароҷоти зарурӣ барои сохтмони иншооти сарҳадии мазкур тақрибан 569 миллион сомонӣ (424 миллиону 830 ҳазор юани чинӣ)-ро ташкил медиҳад ва “аз ҷониби ҳукумати Чин ба таври ройгон пешниҳод мешавад”.

“Ҷониби Тоҷикистон барои амалӣ намудани номаҳои мазкур бобати озод кардан аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, инчунин, пардохтҳои ҳатмӣ масъул аст”, – гуфтааст ин масъул.

Аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки ин иншооти сарҳадӣ дар кадом минтақаҳо бунёд мешаванд.

Баҳриддин Зиёӣ, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният низ дар баррасии лоиҳа зикр кардааст, ки ҷониби Чин ҳамчунин барои таҳқиқот ва тарҳрезии лоиҳа, пешниҳоди таҷҳизот ва маводи зарурӣ барои сохтмон, фиристодани теъдоди зарурии муҳандисон ба Тоҷикистон, насб ва танзими таҷҳизот, таъмини ҷиҳози зарурии дафтардорӣ, истиқоматӣ ва компютерҳо, сохтмони роҳҳои воридшавӣ, хатҳои обтаъминкунӣ, обрав, интиқоли барқ ба иншоот ва зерсохтҳои дигари ёрирасон ва нуқтаҳои дигари алоқаи сохтмонӣ масъул аст.

 

Гуфта мешавад, ки маблағгузории лоиҳаи мазкур аз ҷониби кишвари сармоягузор баъди анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ дар Чин, оғоз мешавад.

Ба иттилои номбурда, номаҳои табодулӣ ҳанӯз моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда, ба маҷлиси вакилон ирсол ва бо дигар вазорату идораҳо мувофиқа шудааст.

“Номаҳои мазкур аз экспедитсияи зиддикоррупсионӣ гузашта, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда нашудааст”, – гуфтааст ӯ.

Ба қавли ӯ, муовини раиси КДАМ гуфтааст, дар марҳалаи аввали ин лоиҳа солҳои 2017-2018 бо маблағгузории Чин дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон 12 иншооти сарҳадӣ бунёд шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд”. Додситони кул даргириҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро шарҳ дод

Бояд гуфт, дар гузашта хабари сохтмони пойгоҳи нав барои нерӯҳои тоҷик бо пули Чин дар Бадахшон баҳсҳоеро дар бораи ҳузури низомии он кишвар дар Осиёи Марказӣ барангехта буд.

Аз ҷумла, ин нукта моҳи октябри соли 2021 дар парлумони Тоҷикистон садо дода, гуфта мешуд, ки бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Чин дар вилояти Бадахшон иншооти нав бунёд мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дертар ин иттилоъро рад карда гуфт, “маълумот дар бораи он ки гуё дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Чин бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест. Масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба гузошта нашудааст”.

Ин масъала соли 2024 баъди навиштаи нашрияи бритониёии “Телеграф” дар бораи он ки “Чин бо назардошти хатари афзоянда аз Толибони ҳоким дар Афғонистон дар хоки Тоҷикистон пинҳонӣ як пойгоҳи низомӣ месозад”, дубора баҳснок шуд. Ин маротиб низ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вуҷуди пойгоҳи Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро рад карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст

0

Касри савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ аз 478 млн доллар то 579 млн доллар зиёд шудааст. Дар ин бора дар гузориши ҳафтаинаи макроиқтисодии Бонки авруосиёёи рушд (БАОР) маълумот дода мешавад.

“Афзоиши каср ба зиёдшавии воридот ба андозаи 27,2% (нисбат ба як соли пеш) дар шароити болоравии талаботи дохилӣ дар иқтисод вобаста аст”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон хариди воситаҳои нақлиётро аз хориҷа ба андоза 52,7%, мошину таҷҳизотро 32,7% ва ғизоро 55,7% нисбат ба соли пешин зиёд кардааст.

“Ба туфайли афзоиши интиқоли фулузот (металлҳо)-и гаронбаҳо ва ранга, маҳсулоти нассоҷӣ ва маҳсулоти минералӣ бо шумули семент ва консентратҳои маъдан, содирот нисбат ба соли пешин 53,1% афзуд”, – таъкид мекунанд коршиносони БАОР.

Бино ба маълумоти Оҷонсии омори кишвар, савдои хориҷии кишвар дар моҳи январи соли ҷорӣ 929 млн долларро ташкил дод, ки 31,4% (221,9 млн доллар) зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст. Тавозуни савдо манфӣ ва ба 578,6 млн доллар баробар шуд.

Дар моҳи аввали соли равон Тоҷикистон бо 94 кишвар муомилоти молу маҳсулот анҷом додааст.

Содирот дар моҳи январ 175,2 млн долларро ташкил дод, ки ба андозаи 53,1% (60,8 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 мебошад.

 

Воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ 753,8 млн долларро ташкил дод, ки ба андозаи 27,2% (161,1 млн доллар) зиёдтар дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта мебошад.

 

Шарикони асосии тиҷоратии кишвар дар ин давра, Чин (281 млн доллар), Русия (237 млн доллар) ва Қазоқистон (120 млн доллар) боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд

0

Тоҷинисо Саидова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки субҳи дирӯз дар 73-солагӣ даргузашт, асри ҳамон рӯз дар оромгоҳи “Лучоб”, макони дафни шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ба хок супорида шуд. Дар ин бора Мавлона Наҷмиддинова, ҳунарпешаи тоҷик, ки дар маросими ҷанозаи ӯ ширкат дошт, ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.

Ба қавли ӯ, ҷанозаи Саидова баъди намози аср дар Масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (масҷиди нави Душанбе) хонда шуда, дар оромгоҳи Лучоб, дар наздикии қабри Асланшоҳ Раҳматуллоев, ки моҳи апрели соли гузашта аз олам чашм баст, ба хок супорида шудааст.

Дар бораи даргузашти ҳунарпеша, дирӯз дӯстону наздиконаш дар  шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода буданд.

Дар баробари садҳо ҳампешагону ҳаводоронаш, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ бинобар даргузашти Тоҷинисо Саидова изҳори ҳамдардӣ кард.

Вазорати фарҳанги кишвар низ аз номи аҳли фарҳанг ва санъати кишвар, ба пайвандон ва ҳаводорони “ин ситораи фазои санъат”, ҳамдардӣ баён кард.

“Саидова на танҳо ҳунарпешаи барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин ҳунарпешаи асил, зоеъае ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд”, – навиштааст ин ниҳод дар баёнияи худ.

 

Аз “Исёни арӯсон” то “Муҷассамаи ишқ”

Тоҷинисо Саидова аз ҳунарпешагони мумтози театр ва синамои тоҷик буда, бо иҷрои як қатор нақшҳои мондагор худро ҳамчун ҳунарпешаи вижа муаррифӣ ва аз худ ном гузошт. Ҳамкоронаш аз ӯ ҳамчун иҷрокунандаи бомаҳорати нақшҳои фоҷиавӣ ва драма ном мебаранд.

 

Ҳунарпеша 11-уми октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омада, соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Фаъолияти ҳунариаш соли 1975 дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Лоҳутӣ оғоз шуда, қариб ду даҳсола дар ин боргоҳи ҳунар нақш офарида, ҳунараш маҳз инҷо зуҳур ва ташаккул ёфтааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта

Соли 1991 ӯ ба театри “Оина” омада, солҳо ҳунарманди ин театр буд.

Ӯ дар намоишномҳои “Интихоби домод”, “Хостгорӣ”, “Исёни арӯсон”, “Садо аз тобут”, “Кафшҳои Абулқосим”, “Охирин арӯси амиралмуъминин”, “Бахтатро бедор кун”, “Эдип”, “Ҷияни хира”, “Имтиҳон”, “Лаку Пак” нақш офаридааст, ки аз беҳтарин намоишномаҳои театри миллӣ дониста мешаванд.

Ҳамчунин, дар даҳҳо теленовеллаи “Оина” ва намоишҳои телевизионӣ, чун “Дугонаҳо ба театр мераванд”, “Зани оҳанин” низ бозигарӣ кардааст.

Ҳунрапеша баъдтар ба синамо низ рӯ овард ва дар филмҳои бадеии “Хатти парвоз”, “Дар ҷарӣ” (2 қисм), “Қӯшатир”, “Бозавқтар нигоҳ кун” (қисми 3), “Марди мутааллиқи ду зан”, “Муҷассамаи ишқ”, “Чашмаи хостаҳо” ҳунар офаридааст.

Ӯ соли 1996 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2006 бо унвони баланди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадр шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”

0

Рӯзи 28-уми феврал Амрико ва Исроил ба хоки Эрон ҳамла карданд ва дар пайи ин Ҷумҳурии Исломӣ ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна ва Исроил ҳамлаҳои ҷавобӣ кард. Ин вазъ ҳоло аксар кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст.

Дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, раҳбари ин кишвар Алии Хоманаӣ ва чанде аз мақомҳои низомии радаи аввал низ ҷон бохтанд. Рӯзи 5-уми март дар Сафорати Эрон дар Душанбе "Дафтари ёдбуд" боз шуд, ки ҷамъе аз мансабдорон, аҳли адабу фарҳанг ва шаҳрванди Тоҷикистон рафта, ба мардуми Эрон ҳамдардӣ баён кардан.

Хабарнигори "Азия-Плюс" онҷо ҳузур дошт ва бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод.

 

– Ҷаноби сафир, вақте музокирот ҷараён дошт, чаро Амрикову Исроил ба Эрон ҳамла карданд?

– Бисмиллоҳир-раҳманир-раҳим. Ҷо дорад, ки аввал аз давлат ва миллати азизи Тоҷикистон ва аз ҷаноби раисҷумҳури муҳтарам барои изҳори муҳаббат ва ҳамдардие, ки дар ин даврони сахт бо мардуми Эрон доштанд, ташаккури вижа кунам. Як бори дигар мушаххас шуд, ки мардумони Эрону Тоҷикистон ҳамдарду ҳамдили ҳамдигар ҳастанд ва дар воқеъ дар ғаму шодии ҳамдигар шарик ҳастанд.

Воқеаҳои охире, ки дар Эрон мегузарад, ба ин шакл аст: як бори дигар ҷаҳониён мутаваҷҷеҳ шуданд, ки душмани ғаддори мо ба ҳеҷ мантиқе пойдор нест. Ба ҳеҷ усули байналмилалӣ, маншури Созмони Милали Муттаҳид, усули инсонӣ ва ҳеҷ усули дигаре эътиқод надорад. Он чизе ки барои онҳо муҳим аст, тасаллут бар минтақа ва таслими ҳамаи мардуми минтақа аст. Барои манофеи номашруъе, ки онҳо доранд.

 

– Ҳоло вазъияти дохилӣ дар Эрон чӣ гуна аст?

– Шароити мо ин гуна аст, ки мо мусаммам ҳастем (қарори қатъӣ қабул кардаем, – АП), ки аз киёни худамон, аз миллати худамон ва аз сарзамини худамон дифоъ кунем ва то охир ин масирро пеш хоҳем бурд ва онҳоро қатъан пушаймон хоҳем кард.

Мо аз аввал ҳам гуфта будем, ки таслими зиёдахоҳиҳо, таслими султагариҳо нахоҳем шуд. Чуноне гуфтам, онҳо ҳеҷ усулеро намепазиранд ва ё дар зоти онҳо нест.

– Аксар коршиносони байналмилалӣ аз эҳтимоли сар задани як ҷанги густурда дар Ховари Миёна нигаронӣ доранд. Ба назари Шумо, оё ҳоло имкони ҳалли дипломатии ин ҷанг боқӣ мондааст?

– Мо ҳама гуна роҳҳоро тай карда истодаем. Аммо масиреро интихоб мекунем, ки онҳоро воқеан пушаймон кунад ва онҳоро сари ҷояшон биншонад. Ҳоло шароит ҳамин тавр аст, ки онҳо ҷанг мекунанд.

Шумо шоҳид ҳастед, ки мо бо онҳо ду бор музокира доштем, вале онҳо мизи музокираро мунфаҷир карданд. Лиҳозо нишон медиҳад, ки ҳеҷ эътиқоде ба ҳеҷ усуле надоранд. Дар як амалиёт беш аз 160 кӯдакро онҳо кушанд. Кӯдаке, ки дар сари синфи мадараса дарс мехондааст. Албатта, ин амали ҷадиде нест барои онҳо. Онҳо касоне ҳастанд, ки беш аз 30 ҳазор кӯдакро дар Ғазза ба қатлгоҳ бурданд ва онҳоро куштанд. Ин гуна аст душманони мо.

– Пешбинитон чист: имкони сари мизи музокирот нишастан боқӣ мондааст?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст

– Ҳоло чизе гуфта наметавонам.

Шумо гуфтед ду бор бо Амрико музокирот доштед, ки ҳар ду маротиба ҳамла кард. Ва агар оқибати кор ҷанг аст, он музокирот чӣ маъно дошт?

– Зоти Амрико ҳамин гуна аст. Савобиқи ҳамлаи онҳо ба Ироқро бинед. Ҳамлаи онҳо ба Афғонистонро бинед. Мо бо онҳо музокира доштем ва сари БАРҶОМ тавофуқ кардем, вале худашон онро пора карданд. Боз дубора музокира хостанд, муҷаддадан музокира кардем. Аммо ин сабаб намешавад, ки ба дурӯғу фиребҳои онҳо дил бандем ва кори худро идома надиҳем. Мо ҳамаи сенариёҳои мухталифро дар назар доштем ва омода будем.

– Бо вуҷуди ин, Эрон талафоти сангин дод...

– Маълум аст, ки душманони мо чӣ гуна ҳастанд. Вале мо сенариёҳои мухталифро дар назар гирифта ва худамонро омода карда будем. Ба ҳар ҳол, душман – душманест, ки ба ҳеҷ усуле эътиқод надорад.

– Агар ин даргирӣ ҳафтаҳо идома ёбад, Эрон то куҷо тавони муқобила ва ҷавобҳои қотеонаро дорад?

– Эрон қудрати кофии худашро дорад, миллати сарфарози Эрон дар саҳна ҳастанд. Нерӯҳои низомии мо муқтадирона аз киёни худашон дифоъ мекунанд. То ҳар вақте ки лозим бошад, мо муқовимат мекунем ва намегузорем онҳо ба ҳадафашон бирасанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна

– Теъдоди зиёди зиёиён, мансабдорони давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон барои изҳори ҳамдарӣ ба Сафорати Эрон дар Душанбе омаданд. Ин ҳамовозии ҷомеаи Тоҷикистон дар ин рӯзҳои мушкил барои муносибатҳои дуҷонибаи Душанбеву Теҳрон чӣ аҳмият дорад?

– Равобити мо бо Тоҷикистон равобити густарда ва амиқе аст. Равобит дар ҳамаи арсаҳо, ҳамаи ҳавзаҳо ҳаст. Мо равобити бисёр хуб, дӯстона, бародарона бо Тоҷикистон дорем ва онро идома медиҳем.

– Мавқеи Тоҷикистонро алайҳи ин ҳамла чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Мавқеи Тоҷикистон дар ҳаводиси охир бисёр арзишманд буд. Мо дар тамоми маҷомеи байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ ҳамеша аз якдигар ҳимоят кардем. Дар робитаҳои дуҷониба низ пайваста мавқеи ҳамдигарро дастгирӣ мекунем.

– Ин ҳаводис ба ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон чӣ таъсире расонида метавонад?

– Равобити Эрон ва Тоҷикистон, арз кардам, дар ҳамаи заминаҳо, бахусус дар ҳавзаи иқтисод ва тиҷорат рӯ ба пешрафт будааст ва ҳатман ҳамин тавр идома хоҳад ёфт.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад

0

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки рӯзҳои 10 ва 11-уми март дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ якбора ҳаво ноустувор шуда, борону барф меборад.

Ин ниҳод илова кардааст, ки нимаи дуюми рӯзи 10-уми март дар ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳӣ борону барф борида, баландии қабати барф дар ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Рашт, Сангвор, Лахш, Варзоб, Ишкошим ва Шуғнон ба 10 – 30 см мерасад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои доманакӯҳии Файзобод, Ховалинг, Мӯъминобод, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Панҷакент, Айнӣ, Шаҳристон ва Истаравшан баландии қабати барф ба 3 – 10 см мерасад.

Ба иттилои Оҷонсӣ, рӯзҳои 10 ва 11-уми март дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳои Анзобу Шаҳристон хавфи тармафароӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои доманакӯҳии Панҷакент, Айнӣ, Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз хатари омадани сел вуҷуд дорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Гарм, вале бо борону раъду барқ. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Дар идома ин ниҳод изҳор доштааст, ки имрӯз ба далели боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

"Ҳарорати ҳаво дар ин давра чунин пешгӯӣ мешавад: дар водиҳо шабона –4+1°, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2–7° хунук, рӯзона –1+4°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7–12° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то –4+1°, рӯзона аз 0–5° хунук то 2+4° гарм", – гуфтааст ин ниҳод.

Гуфта мешавад, ки рӯзҳои 10 ва 11-уми март ба далели ноустувории вазъи ҳаво, бад шудани ҳолати роҳҳои мошингард, коҳишёбии дурии биниш ҳангоми боришот ва фаромадани тормеғ, яхбандӣ ва мушкилоти муваққатӣ дар фаъолияти соҳаи нақлиёту хидматрасониҳои шаҳрӣ дар назар аст.

Қаблан, Оҷонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ гуфта буд, ки ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон гарм шуда, вале боришот аз меъёр зиёд мешавад. Дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ, ҳатто раъду барқ ва боридаи жола дар назар аст. Дар моҳи март чӣ гуна ҳаво пешгӯи мешаад, дар ин маводи мо хонед: Гарм, вале бо борону раъду барқ. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи “ITB Berlin 2026” зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст

0

Дар доираи Намоишгоҳи байналмиалиии сайёҳии "ITB Berlin-2026", ки дар пойтахти Олмон баргузор шуд,  ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо шарикони аврупоӣ зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо ширкатҳои аврупоӣ масоили густариши ҳамкориҳо, роҳандозии сафар ва сайру саёҳатҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши сайёҳии кишварро мавриди баррасӣ додаанд.

 

Ба иттилои манбаъ, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон дар чаҳорчӯби ин намоишгоҳ бо Мирослав Рончак,  коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дидору гуфтушунид кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҷонибҳо доир ба ташкили форуми муштараки сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2027 ба мувофиқа расиданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


 

"Ҳадаф аз форум ҷалби сайёҳон аз Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ, инчунин роҳандозии барнома ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар минтақаҳои хушманазари Тоҷикистон унвон шуд", – мегӯяд Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Дар кори намоишгоҳ имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, иншооти таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии экологӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии кишвар ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Намоишгоҳи "ITB Berlin" яке аз чорабиниҳои бузурги байнулмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба шумор рафта, ҳамасола намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои пешрафтаи сайёҳӣ ва сармоягузорон ба ин соҳа аз кишварҳои гуногунро гирдиҳам меорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад

0

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки аз 11-уми март парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе аз сар мегирад.

Ин ширкат гуфтааст, ки рӯзҳои 11, 13 ва 15 март аз Душанбе ба фурудгоҳи Мактуми Дубай ва баръакс парвоз анҷом медиҳад. Дар сомонаи ин ширкат ҷадвали минбаъдаи парвозҳои он дар ин масир низ гузошта шудааст.

“Сомон Эйр”  илова кардааст, ки билетҳо дар фурӯш буда, барои маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд бо рақамҳои зерин муроҷиат кунанд:

+992 44 640 40 49

+992 44 640 40 50

+992 93 7777 459 (WhatsApp)

Дар сомонаи "Сомон Эйр" нархи билет аз Душанбе то Дубай барои рӯзи 11-уми март 1700 сомонӣ нишон дода шудааст.

Қаблан, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки маҷбур аст, аз сабаби маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ дар ин минтақа парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад. Аз ин пештар гуфта буд, ки парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай то 6-уми март бозмедорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд

Баъ аз ин, ВКХ Тоҷикистон эълон кард, ки бо дастури ҳукумати кишвар, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар ҳолати зарурӣ барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад.

Ҳамин тариқ, "Сомон Эйр" ва "Флай Дубай" дар чанд рӯзи охир тақрибан 550 нафарро бо парвозҳои чартерӣ аз Абу-Забӣ ва Дубай ба Тоҷикистон баргардонданд. Ду парвози охирин, рӯзи 8-уми март сурат гирифт ва беш аз 300 нафар, аз ҷумла хориҷиён ба Душанбе омаданд.

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи ин кишвар ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна, вазъ дар минтақа вахим шуда, даҳҳо ширкати ҳавопаймои парвозҳои худро ё бекор карданд ва ё ба рузи номаълумр гузоштанд. Ин сабаб шуд, ки садҳо мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд ба кишварҳои худ баргарданд ва ҳоло дар меҳмонхонаҳо ва ё фурудугоҳҳои ин кишварҳо банд мондаанд.

Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд.

Қаблан, ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд".

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чилу дуввуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Нарх гарон мешавад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст

0

Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз ин кишвар ба хориҷ, нигаронии бархе тоҷирони тоҷикро, ки аз Ҷумҳурии Исломӣ молу маҳсулот меоранд, ба миён овардааст. Онҳо мегӯянд, бо ҷорӣ шудани маҳдудият, арзиши молу маҳсулот гарон мешавад. Бархе тасмим доранд, барои як муддат, маҳсулоти Эронро бо молу колои дигар кишварҳо иваз кунанд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанде аз тоҷироне, ки аз Эрон ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид мекунанд ва савдогароне, ки дар бозорҳои Душанбе яклухтфурӯшӣ мекунанд, дар бораи таъсири ҷанг дар Эрон ба тиҷорати онҳо сӯҳбат кард.

 

“Маҳсулот дар Туркманистон ҳабс шудааст”

Як тоҷире, ки нахост аз ӯ ном барем, гуфт, дар пайи оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, бори дархосткардаи онҳо то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст. Ӯ, ки маҳсулоти хушк ва донагӣ мефурӯшад, гуфт, пеш аз муташаниҷ шудани вазъ дар Эрон миқдори зиёди маҳсулот, аз ҷумла писта, қанду ширинӣ ва хурмо дархост карда буд, аммо таъминкунанда то ҳол наовардааст.

“Барвақт бор дархост карда будем, ҳамкороне, ки аз Эрон борро меоранд, мегӯянд. 380 вагон маҳсулот аз марзи ин кишвар рад ва дар Туркманистон ҳабс шудааст. Сабабашро шарҳ намедиҳанд, вале ба эҳтимоли зиёд, ба муносибати Амрикову Эрон рабт дорад. То омадани ин бор захираҳоро мефурӯшем”,-гуфт ин тоҷир.

 

“Нарх боло меравад”

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Бархе тоҷирон мегӯянд, бо муташанниҷ шудани вазъ дар Ховари Миёна нархи баъзе маҳсулоти воридотӣ гарон мешавад.

Тоҷири дигари бозори “Фаровон”-и Душанбе, ки ӯ ҳам нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар пайи маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Эрон, қиммати маҳсулоти истеҳсоли ин кишвар аллакай боло рафтааст.

“Имрӯз нархи як кило пистаи Эрон то 150 сомонӣ баробар шудааст, дар ҳоле, ки ҳафтае пеш аз 90 то 120 сомонӣ арзиш дошт”,-таъкид кард ӯ.

Тоҷирон мегӯянд, таъминкунандаҳои маҳсулоти Эрон дар бозорҳои Душанбе ба эҳтимоли зиёд захира доранд, вале он талаботи бозорро барои муддати зиёд қонеъ намекунад.

 

“Намедонем чӣ кор кунем”

Чанде аз тоҷирони тоҷик мегӯянд, ба маҳсулоти Эрон таваҷҷуҳи сокинони Тоҷикистон зиёд аст ва намедонанд минбаъд чӣ гуна онро дастраси муштариён кунанд.

“Ҳамин қадар пиставу 50 бастаи 5 килои хурмои Эрон боқӣ мондааст. Чун мо яклухт мефурӯшем, зуд тамом мешавад. Ҳоло намедонем муштариёнро чӣ гуна таъмин кунем”,-гуфт савдогари дигари ин бозор.

Тоҷири дигар мегӯяд, бо тоҷирони эронӣ шартнома доштанд ва фармоиш медоданд, онҳо барояшон равон мекарданд: "Ҳоло бошад намедонем чӣ мешавад, захира дорем, аммо дар муддати кӯтоҳ тамом мешавад, чун харидорони бори Эрон зиёд ҳастанд”.

Баъзе соҳибкорон мегӯянд, маҳдуд шудани содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Эрон дар таъминоти маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон таъсире чандоне намерасонад.

“Русия, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳое ҳастанд, ки ҳамкорӣ дорем. Минбаъд аз ин кишварҳо ворид мекунем”,-таъкид мекунад ӯ.

 

Қолинфурӯшҳо низ ба мушкил дучор омадаанд

Ин ҷанг ба тиҷорати қолинфурӯшҳо низ таъсир расонидааст. Чанде аз соҳибкороне, ки аз Эрон низ қолин меоварданд, мегӯянд, дар ин вазъи ҳасос воридоти бор аз Эрон номумкин шудааст.

“Бародарам рафта, аз Эрон бор меовард, акнун ҳоло, ки ҷанг идома дорад, намедонем чӣ мешавад. Талаботи сокинон ба қолини эронӣ зиёд аст, чун сифати хуб доранд. Ба ғайр аз ин кишвар, аз Туркия низ бор ворид мекунем”,-гуфт намояндаи мағозаи қолинҳои “Форс”.

Вазъ дигар қолинфурӯшонро низ ба ташвиш овардааст. Онҳо мегӯянд, вақте қолинҳои эронӣ тамом мешавад, танҳо бо қолинҳои туркӣ ва ватанӣ  талаботи харидоронро қонеъ мекунанд.

“Мо асосан қолинҳои истеҳсоли Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркияро мефурӯшем. Мустақилона рафта аз Эрон бор намеорем, аз таъминкунанда дастрас мекунем то мағоза оварда мерасонад ва мо савдо мекунем. Минбаъд бор меоранд ё не, иттилоъе надорем”, – гуфт Қобил, намояндаи мағозаи қолинҳои “Теҳрон”.

 

“Маҳсулоти Эрон арзон ва талабгораш зиёд аст”

Мадина Раҳимова (ном иваз шудааст), тоҷири дигари тоҷик, ки аз Эрон навъҳои гуногуни маҳсулоти беҳдоштиро ба Тоҷикистон ворид мекард, мегӯяд, дар пайи ноором шудани вазъ тиҷорати онҳо ба мушкил бархӯрдааст. Ба гуфтаи ӯ, 4 вагон боре, ки ҷанде қабл дархост карда буданд, то ҳол марзи Эронро убур накардааст.

“Бор кам мондааст, маҳсулоте, ки аз Эрон меовардем талабгори зиёд дорад. Чун яклухт мефурӯшем бор зуд тамом мешавад. Чанд сол аст, ки аз Эрон бор оварда, тиҷорат мекунем ва ҳоло ин шароит ба кори мо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Маҳсулоти Эрон нисбат ба дигар кишварҳо арзон аст ва сифати аъло дорад. Ҳоло сарамон гаранг аст, чун аз ягон кишвари дигар бор наовардаем”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Бояд гуфт, Эрон яке аз бузургтарин таҳвилгарони маҳсулоти хӯрокворӣ бо шумули маҳсулоти ширӣ, сабзавоту мева, чормағз, шакар (қанд) ва хӯришҳо маҳсуб ёфта, ҳама гуна тағйирот дар ин самт метавонад ба нархи ин навъи маҳсулот таъсир расонад.

Коршиносон мегӯянд, дар чунин вазъ, ҳукумати кишварро лозим аст то хатсайрҳои ҷойгузини интиқол, масалан тариқи Ӯзбекистон ё Қирғизистонро ҷустуҷӯ кунад. Онҳо ба инанд, ки вазъи ҳозира боиси болораии нархи баъзе маҳсулот ва ноустуворӣ дар бозори маҳсулоти хӯрокворӣ мешавад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.