Абдураҳмон Аламшозода низ вуҷуди пойгоҳи низомии Чин дар Бадахшонро рад кард

Пас аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ низ вуҷуди пойгоҳи Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро рад кард. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод, ки рӯзи 8-уми август баргузор гардид, дар посух ба суоли рӯзноманигорон хабари вуҷуди пойгоҳи Чин дар Ишкошим ва умуман дар Бадахшонро рад кард. […]

Asia-Plus

Пас аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ низ вуҷуди пойгоҳи Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро рад кард. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод, ки рӯзи 8-уми август баргузор гардид, дар посух ба суоли рӯзноманигорон хабари вуҷуди пойгоҳи Чин дар Ишкошим ва умуман дар Бадахшонро рад кард.

“Мо ягон хел марказ дар ноҳияи Ишкошим бо Ҷумҳурии Хитой насохтем ва вуҷуд ҳам надорад. Ягон чизе нест ҳозир, мо бо Чин дар Ишкошим ягон чиз надорем, умуман, дар Бадахшон ягон чиз надорем. Мо дар якҷоягӣ дар пойтахт маркази экстремизм дорем, дар Ишкошим ягон чиз нест”, – изҳор дошт Аламшозода.

Бояд гуфт, чанде пеш нашрияи бритониёии “Телеграф” дар як матлаби худ дар бораи Тоҷикистон навишта буд, ки Чин бо назардошти хатари афзоянда аз Толибони ҳоким дар Афғонистон дар хоки Тоҷикистон пинҳонӣ як пойгоҳи низомӣ месозад.

Ба гуфтаи муаллифони ин матлаб, Чин ин пойгоҳро дар яке аз гӯшаҳои дурафтодаи дунё тақрибан як даҳсола аст, ки месозад. Нашрияи “Телеграф” як акси моҳвораиро низ нашр карда буд, ки иншооту сохтмонҳои гуногун дар он дида мешавад ва гуфта мешавад, ки дар он фурудгоҳ барои чархболҳо низ ҳаст. Ин нашрия маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳро минтақаи Шаймак дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ва дар наздикии марз бо Афғонистон гуфта буд.

Дар пайи ин, Вазорати корҳои хориҷии кишвар вокуниш нишон дода, ин хабарҳоро беасос хонд.

“Дар робита ба хабарҳое, ки бархе аз расонаҳо дар бораи гӯё таъсиси пойгоҳи низомӣ аз ҷониби Чин дар қаламрави Тоҷикистон паҳн мекунанд, изҳор менамоем, ки онҳо асос надоранд”, – навишта буд ВКХ Тоҷикистон.

Ин ниҳод таъкид карда буд, ки "ин масъала дар рӯзномаи музокироти Тоҷикистону Чин ҷой надошт ва нахоҳад дошт".

Вуҷуд ва таъсиси пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон дар чанд соли охир борҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст. Соли 2019 рӯзномаи “Вашингтон Пост”-и Амрико навишта буд, ки Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеч гоҳ онро расман эътироф накардаанд. Хабарнигори "Вашингтон Пост" навишта буд, ҳангоми сафараш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ин қароргоҳи низомии Чинро дид ва гурӯҳе аз неруҳои чиниро вохӯрд, ки дар бозори Мурғоб харид мекарданд. Аз он замон ба ин сӯ ин масъала борҳо ба баҳс кашида шуда буд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли 2021 мақомот гуфта буданд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи тақрибан 100 миллион сомонӣ (55 миллион юани чинӣ) дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон пойгоҳи махсус месозад. Лоиҳаи созишнома дар парлумони Тоҷикистон қабул гардида буд ва бояд бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ин пойгоҳ бунёд мешуд.

Он замон маҳз Абдураҳмон Аламшозода зимни муаррифии лоиҳаи мазкур гуфта буд, ки ин пойгоҳ барои дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар дараи Вахони ноҳияи Ишкошими ВМКБ бо кӯмаки бебозгашт сохта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.