Home Blog Page 36

Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад

0

Дар арафаи таҷлили иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, аз 14 то 20-уми март ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад. Дар ин бора, аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ин маърака бо мақсади “ба танзим овардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал” роҳандозӣ шуда, маҳсулот дар ярмаркаҳо нисбат ба бозорҳо арзонтар ба фурӯш гузошта мешавад. 

Бо суроғаи ярмаркаҳо дар баргаи мо шинос шавед:

Аз шаҳрдорӣ гуфтанд, сокинони пойтахт метавонанд маводи ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, орд, равған, биринҷ, тухм ва ширро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ кунанд. Масалан, арзиши 1 кг гӯшти гов – 65 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – 75 сомонӣ, 1 кг картошка – 4,5 сомонӣ ва 1 кг пиёз – 1,5 сомонӣ мебошад. Бо нархи дигар маҳсулот  дар ин ярмаркаҳо дар баргаи мо шинос шавед:

Бояд гуфт, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ташкил карда мешавад.

Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд. Чун ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо мухталиф нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар гарон мешавад ва ин боиси нигарониву шикояти сокинон мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст

0

Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки гуфта мешуд, дар арафаи ҷашни Наврӯзи имсола баргузор шавад, то моҳи сентябр ба таъхир афтодааст Ин филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ду шоири шинохтаи асри 15 аст.

Файзулло Файз, коргардони тоҷикистонии филми мазкур имрӯз, 11-уми март ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гурӯҳи корӣ як моҳи охир ба омода кардани рӯнамоии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар ҳаҷми 15 дақиқа машғул аст.

“Охири моҳи март роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ҷашни Наврӯзро дар Ӯзбекистон якҷоя ҷашн мегиранд. Ба мо супориш шуд, ки дар ин ҷашн, филмро ба таври мухтасар, дар ҳаҷми 15 дақиқа рӯнамоӣ кунем. Як моҳ боз ба ин кор банд ҳастем”, – гуфт коргардон.

Ӯ афзуд, барои рӯнамоии мухтасар ба таври алоҳида филмнома навишта, пас аз мувофиқаи ҷонибҳо, ба кори буришу танзиму мусиқигузорӣ пардохтаанд.

Ба қавли коргардон, филм бидуни садогузорӣ танзим шуда, дар ҷараёни рӯнамоӣ, ровӣ забони русӣ зиндагиномаи ду шоир, ҷузъиёти филм ва раванди наворбардориро қисса мекунад.

Файзулло Файз гуфт, ки филми пурраи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар моҳи сентябр бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе бо забони тоҷикӣ нахустнамоиш мешавад. Дар Ӯзбекистон ҳам дар ҳамон шабу рӯз филми мазкур бо забони ӯзбекӣ манзури ҳаводорони синамо хоҳад шуд.

Пештар, Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбари “Тоҷикфилм” гуфта буд, ки филми Ҷомӣ ва Навоӣ дар моварои ҷашни Наврӯзи соли 2026 манзури тамошобинон гардад.

Ёдовар мешавем, ки наворбардории филми мазкур, 1-уми августи соли 2025 дар Душанбе оғоз шуда, рӯзи 5-уми феврал дар Тошканд ба поён расид. Аввали моҳи декабри соли гузашта Файзулло Файз ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки кори танзим аллакай оғоз шудаву онро коргоҳи хусусии “Tashkent video production” дар Ӯзбекистон ба зимма гирифтааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз баҳси интихоби ҳунарпешаи нақши Ҷомӣ то мувофиқа бо “боло”. Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Қурбони Собир

Ба гуфтаи Файзулло Файз, барои омодагӣ, таҳияи филмнома, дӯхти либосҳои таърихӣ, интихоби ҳунармандон ва дар кул фароҳам овардани муҳити асри XV-ум 6 сол вақт рафтааст.

Аммо аз оғози сабти филм он мавриди баҳси ҷомеа қарор гирифт: Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбари “Тоҷикфилм” ба нақши Ҷомӣ баргузида шуду дар пайи интиқоди ҷомеа ва бо дастури “боло” аз нақшофарӣ канор рафт ва Қурбони Собир, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик ба ҷойи ӯ интихоб шуд.

Баъдан Файзулло Файзов дар бораи бурду бохти сабти филм ва кор бо ҳунармандон бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, ба чанд саволи дар бораи ин баҳсҳои бархеста ҳам посух гуфта буд.

Дертар “Азия-Плюс” бо Қурбони Собир, ҳунарпешаи нақши Ҷомӣ ҳам мусоҳиба ороста, ба саволҳои зиёди ҷомеа посух ҷуста буд. Ӯ дар ин гуфтугӯ дар бораи чӣ гуна ҷойгузиши нақши асосии филм шудан ва раванди сабту бархе мушкилоти онро ҳам ҳарф задааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон

0

Бо гузашти 12 рӯз аз ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон ва посухи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Халиҷи Форс ин минтақа макони доғ ва мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён шудааст. Тоҷикистон низ дар изҳороту баёнияҳои расмияш аз вазъи Ховари Миёна нигаронӣ кард.

Муовини пешини вазири корҳои хориҷӣ ва дипломати собиқи тоҷик ҳаводиси дар Ховари Миёна ҷараёндоштаро ба “Азия-Плюс” тавзеҳ ва ба ин саволҳо посух доданд: Мурод аз музокироти Амрико ва Эрон чӣ буд? Ҳадафи воқеии таҷовуз ба Эрон чист ва паси пардаи ин ҷанг чӣ нақшаҳо ниҳуфтааст? Пойгоҳҳои низомии Амрико дар Халиҷи Форс ба манфиати кист? Ва оё давлатҳои дигари минтақа низ бояд нигарон бошанд?

 

“Мавқеъҳои комилан ба ҳам зид сабаби…”

Абдунабӣ Сатторзода, дипломат ва муовини пешини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки борҳо дар ин симмат бо дипломатҳои ҳам Эрон ва ҳам Амрико дидору гуфтугӯ доштааст, сабаби асосии нокомии музокиротро дар мавқеъҳои комилан зиддиякдигари тарафҳо мебинад.

“Сабаби аслии нокомии ҳар музокирот, хосса музокироти байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико, дар он аст, ки тарафҳои музокиракунанда мавқеъҳои комилан ба ҳам зид доранд ва барои муомила ва мусолиҳа омода нестанд”, – мегӯяд Сатторзода.

Ба гуфти ӯ, “таҷрибаи мусбати робитаҳои байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад, ки музокирот бе гузашти тарафҳо ба ҳамдигар ҳеҷ самаре нахоҳад дод”.

 

Талаби Амрико аз Эрон – даст кашидани комил аз барномаҳои ҳастаӣ, аз нигоҳи Сатторзода, хилофи манфиатҳои миллии Теҳрон аст, зеро Эронро аз ҳаққи истифодаи осоиштаи ураниюм барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти барқӣ ва ҳифзи амнияти миллияш маҳрум мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи эронӣ бошад, ба қавли ин дипломати тоҷик, ба натиҷаи мусбат дар масъалаи ҳаққи ғанигардонии ураниюм барои ҳадафҳои осоишта ва бардоштани таҳримҳо хушбин буд, аммо ин хушбинӣ бо таҷовузи ногаҳонӣ ба хоки Эрон ба коми оташ рафт.

 

“Музокирот барои ба дарозо кашидани вақт буд”

Ба қавли Абдунабӣ Сатторзода, “баррасии раванди музокироти ду соли охир, аз ҷумла музокироти охири Эрон ва Амрико дар арафаи ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон, равшан нишон медиҳад, ки музокирот барои Амрико танҳо василае барои ба дарозо кашидани вақт ва фароҳам овардани заминаи бештари низомӣ барои ҳамла ба Эрон буд”.

“Албатта, дар ҳодисаи ба ҷанг кашидани музокирот нақши Исроилро фаромӯш набояд кард. Сарвазири ин кишвар Бенямин Натяниҳу бо исрор хоҳони ба ҷанг кашидани Амрико бо Эрон буд ва мақсади сафарҳои пайдарпайяш ба Амрико ва диду боздидҳояш бо президенти он Трамп низ ҳамин буд. Вагарна ҳайати музокиракунандаи эронӣ ба натиҷаи мусбати музокирот дар бораи масъалаи дарёфти ҳаққи ғанигардонии ураниюм барои ҳадафҳои осоишта ва бардоштани таҳримҳо хушбин буд”, – таъкид мекунад ҳамсӯҳбати мо.

Дар бораи он ки оё ҷанг ягона роҳи ҳалли баҳс аст, Сатторзода мавқеи қатъӣ дорад: “Истифода аз зӯр ва силоҳ натиҷа нахоҳад дод. Исботи он ҷанги дувоздаҳрӯза ва ҷанге, ки ҳоло бо шиддат давом дорад. Шикасти низомӣ ва сиёсии Исроил ва Амрико, ки такя ба зӯри ҳарбии хеш доранд, маълум аст ва ман ба он бовар дорам”.

Роҳи ягонаи ҳалли ин низоъ аз нигоҳи Сатторзода “дар музокирот ва сулҳу оштӣ” аст. Таъкид мекунад, ки “роҳи дигаре нест, зеро идомаи ҷанг, ки бо гузаштани ҳар рӯз минтақаҳои зиёд ва кишварҳои зиёдро фаро гирифта истодааст, басо хатарнок мебошад”.

Ӯ барои тақвияти андешааш ин байти Фирдавсиро ёд овард:

Касе нест бе озу бе ному нанг,

Ҳамон оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг!

 

Дипломати тоҷик аз “чор ҳақиқати талх” мегӯяд​​​​​​​

Дипломати тоҷике, ки солҳо дар кишварҳои Ховари Миёна кори дипломатӣ кардааст, таҷовузи Амрико ва Исроил ба Эронро аз чаҳор зовия баррасӣ кард ва онро “чор ҳақиқати талх” номид.

 

Якум: “Ҳадаф бунёди “Исроили бузург” аст”.​​​​​​​

Ба қавли ин дипломат, ки нахост номаш ифшо шавад, “барномаи ҳастаӣ танҳо як баҳона барои зарба задан ба Эрон буд, ҳол он ки дақиқан медонистанд, ки он барнома барои истифодаи сулҳомез аст. Роҳбари исломии кишвар чанд сол пештар дар фатвои худ сохтани бомбаи ҳастаиро муҳаррам эълон карда буд ва ба ҳама хуб маълум аст, ки фатво дар шариати исломӣ муқаддас ва раднoпазир, татбиқи он бар ҳар мусулмон ҳатмӣ мебошад”.

“Пас, мақсади ин таҷовуз пиёда кардани нақшаи Исроил – маҳви иқтидорҳои ҳамсоягон ва амалии тарҳи тавротии бунёди “Исроили бузург” аз Нил то Фурот. Бо ин мақсад, Исроил бо кумаки Амрико то ин дам тавонист чанд давлати арабии “ҳарифаш” – Ироқ, Либия, Сурия, Яманро пора-пора ва гирифтори мушкили дохилӣ кунад”, – иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.

Дар ин баробар, вай таъкид кард, “Эрон аз он чор давлати арабие, ки то имрӯз торумор карда шуданд, бо ватандорӣ, таъриху фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаи худ фарқ мекунад. Шикастани миёни он ҳатман шикастани миёни худро низ талаб мекунад”.

 

Дуюм: Ҳадаф аз таъсиси пойгоҳҳои Амрико дар Халиҷи Форс чист?​​​​​​​

Ӯ аз зовияи дигар ба масъала нигоҳ карда, гуфт, ҳадаф аз таъсиси пойгоҳҳои низомии Амрико дар давлатҳои арабии Халиҷи Форс на ҳимояи ин давлатҳо аз ҳуҷуми беруна, балки ҳимояи Исроилу манофеи Амрико ва зери назорат гирифтани минтақа аст.

“Ба эҳтимоли зиёд, хароҷоти аксари ин пойгоҳҳо ба зиммаи давлатҳои мизбон аст. Аммо ҳаводиси ахир собит кард, ки ин пойгоҳҳо на кафили амният, балки манбаъи хатар аст. Амрико пеш аз оғози ҳамла низомиёнашро аз ин пойгоҳҳо тахлия кард ва кишварҳои арабиро дар рӯ ба рӯйи зарбаҳои ҷавобии Эрон танҳо гузошт”, – гуфт дипломати тоҷик.

 

Сеюм: пойи Амрико аз Халиҷи Форс канда мешавад?​​​​​​​

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, “Эрон пеш аз таҷовуз эълон карда буд, ки ҳамла ба ин кишвар ба ҷанг дар саросари минтақа табдил хоҳад ёфт ва он поёни ҳузуру  манфиати Амрико дар минтақа хоҳад буд”.

“Фикр мекунам, Трамп бо гӯш андохтан ба “маслиҳат”-ҳои Нетаняҳу хатои бузург кард. Ин метавонад ба ояндаи сиёсӣ ва давлатдории Трамп латма занад, пойи Амрикоро аз минтақа барканаду ӯро мавриди хатари "ипичмент" аз ҷониби Конгресс қарор диҳад”, – иброз дошт ӯ.

 

Чорум: “Ҳамаи давлатҳои минтақа дар хатаранд”​​​​​​​

Ин дипломати тоҷик Исроилу Амрикоро муқассири ҳама даргирӣ ва тафриқаандозиҳо байни давлатҳои минтақаи Ховари Миёна донист ва гуфт, “ин ду ҳаргиз ба ташкили давлати Фаластин имкон нахоҳанд дод. Тамоми хоки Фаластинро мехоҳанд фурӯ баранд ва “иштиҳо” бо он маҳдуд нахоҳад шуд”.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?

0

Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз, “Азия-Плюс” дар бораи куҳансолтарин зани кишвар – Басимо Тураеваи 121 – сола гузориш омода карда буд. Он замон ӯ гуфта буд, соҳиби 7 фарзанду тахминан 230 набераву абераву чабера гардидааст. Бо гузашти як сол, ба муносибати Рӯзи модар мо аз аҳволи ин зан пурсон шудем.

Мирзоалӣ Гадоев, фарзанди Басимо Тураева ба “Азия-Плюс” гуфт вазъи саломатии модараш беҳтар буда, танҳо каме хотирпарешон шудааст.

“Модарам дар иҳотаи фарзандону наберагон дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Он кас аз саломатиашон шикояте надоранд, танҳо каме фаромӯшхотир шудаанд ва ҳиси шунавоияш кам шудааст. Дар хона назди печка мешинанд, телевизион тамошо мекунанд, дар назди ҳавлӣ баромада каме мегарданд. Барои онки зиқ нашаванд, гоҳ-гоҳ ба хонаи дигар фарзандону пайвайндон мебарем”, – гуфт номбурда.

Ба қавли фарзандон, Басимо Тураева аз саломатӣ шикоят надоранд ва гоҳо агар ягон узвашон дард кунад, на дору балки, гиёҳҳои шифобахш истеъмол мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад

“Хӯрокҳои сабук аз ҷумла, отала, ширчой, шурбо тановул мекунад. Меваю хушкмеваҳоро дӯст медоранд. Иштиҳошон хуб аст, танҳо аз ҷиҳати саломатӣ парҳез мекунанд. Гапзаниашон хуб аст, то ҳол ба наберагонашон қиссаи зиндагиашонро пора-пора нақл мекунанд”,- иброз дошт Гадоев.

Тибқи ҳуҷҷат, Басимо Тураева 6-уми майи соли 1904 дар деҳаи Чашмаи Бедаки ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Ӯ ду моҳ баъд, 122 – солагии худро таҷлил мекунад. Ба нақли худи Тураева, сирри дарозумриаш дар истеъмол накардани дору ва истеъмоли ғозои солим аст. Ӯ соли гузашта гуфта буд, дар тамоми давраи ҳаёташ дору истеъмол накардааст.

Қиссаҳои ҷолиби ҳаёти Басимо Тураева ва асрори дарозумрии ӯро дар ин пайванд тамошо кунед.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақа дар нишасти матбуотии моҳи феврал гуфта буд, ки то моҳи феврали соли равон дар Тоҷикистон 239 сокине ҳастанд, ки синнашон аз 100-сола боло аст ва куҳансолтарин онҳо 113 – сола мебошад.

“Аз ҳама сину соли баланд ду шаҳрванд – яке аз шаҳри Бохтар ва дигарӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд, ки ҳарду 113 сол доранд ва саломатияшон хуб аст”,-гуфт Абдураҳмон Ҳалимзод.

Ба гуфтаи ин ниҳод, давомнокии ҳаёти сокинони кишвар ба ҳисоби миёна ба 76,6 сол аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус

0

Дар мусобиқаи байналмилалии таэквондо WT – "Ҷоми капитанҳо", ки рӯзҳои 5-9-уми март дар шаҳри Минск баргузор шуд, Абдуҷаъфари Баҳодур, варзишгари тоҷик дар вазни 59 кг дар ҳамаи рақобатҳо ғолиб омад ва медали тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.

Дар ин бора аз Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон хабар дода, гуфтанд, ки дар ҷараёни мусобиқа Абдуҷаъфари Баҳодур муқобили панҷ ҳариф рақобат кард ва "дар ҳамаи рақобатҳо сатҳи баланди омодагӣ, техникаи хуб ва равиши дилпуронаи пешбурди муқовиматро нишон дод".

“Пирӯзӣ дар мусобиқаи Минск дастоварди муҳим барои варзиши Тоҷикистон аст. Абдуҷаъфари Баҳодур на танҳо сатҳи баланди омодагии худро нишон дод, балки кишварро ба таври арзанда дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ кард”, – гуфтанд аз Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон

Бодя гуфт, ки мусобиқоти байналмилалии таэквон-до WT "Ҷоми капитанҳо" ҳамасола дар пойтахти Беларус доир гардида, варзишгаронро аз кишварҳои гуногун гирдиҳам меорад. Мусобиқа яке аз марҳилаи муҳим барои санҷиши сатҳи омодагии варзишгарон ва андӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чилу сеюми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?

0

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти қарзҳои бебозгашт (грант) президенти Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ миёни занон дар соли 2026 озмун эълон кардааст.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки имсол 200 зан барои рушди тиҷорати худ метавонанд қарзҳои бебозгашт бебозгашт дарёфт кунанд.

"Грантҳо баҳри татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ифтитоҳи коргоҳу устохонаҳои хурд, қолинбофӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, соҳаи коркарди меваи хушк ва рушди бахши кишоварзӣ ҷудо карда мешаванд", – гуфтанд аз Кумитаи кор бо занон ва оила.

Ба иттилои ин ниҳод, маблағи қарзҳо аз 40 ҳазор то 110 ҳазор сомонӣ буда, ба 200 зан дода мешавад. Қарзҳои бебозгашт ба таври зайл тақсим мешаванд:

25 грант ба андозаи 110 000 сомонӣ;

25 грант ба андозаи 100 000  сомонӣ;

25 грант ба андозаи 90 000  сомонӣ;

25 грант ба андозаи 80 000  сомонӣ;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Озмун барои 20 гранти президент. Ба куҷо муроҷиат бояд кард ва чӣ ҳуҷҷат лозим аст?

25 грант ба андозаи 70 000  сомонӣ;

25 грант ба андозаи 60 000 сомонӣ;

25 грант ба андозаи 50 000  сомонӣ;

25 грант ба андозаи 40 000 сомонӣ.

Дар Кумита зикр карданд, ки қабули ҳуҷҷатҳо ба озмун аллакай оғоз гардида, то 15 апрел давом мекунад. Лоиҳаҳо бо забони тоҷикӣ дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа дар шакли "MS Word" (шрифти Times New Roman, 14) ба озмнуи пешниҳод карда мешавад.

Дар сурати нопурра будани бастаи ҳуҷҷатҳо Кумита лоиҳаҳоро баррасӣ намекунад. Агар иштирокчии озмун ғолиб дониста шавад, ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида баргардонида намешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд ба Кумитаи кор бо занон дар шаҳри Душанбе,  кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3, ё тариқи телефонҳои 227-91-17, 221-34-71, 227-24-38 муроҷиат кунанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2025 дар Тоҷикистон ба занони соҳибкор баҳри амалисозии 200 лоиҳа 15 млн сомонӣ грант ҷудо шуда буд. Он замон Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфта буд, ки дар муқоиса бо солҳои пешин маблағи қарзҳои бебозгашт 3 баробар зиёд карда шуд.

Ин маблағҳо ба рушди соҳибкорӣ миёни занон, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ равона шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод

0

Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми кишвар яке аз мушкилоти гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо ба норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳои кишвар рабт дод. Ба қавли ӯ, ҳоло теъдоди кӯдакони шашсола дар кишвар наздики 250 ҳазор буда, мактабҳои Тоҷикистон барои кӯдакони ин синн зарфияти қабули танҳо ҳудуди 66 ҳазор нафарро дорад.

Ба қавли ӯ, “дар сурати гузариши пурра ба низоми таҳсилоти дувоздаҳсола, тибқи ҳисоботи пешакӣ, 184 ҳазору 640 хонанда метавонад ба мушкили норасоии ҷойи нишаст рӯбарӯ шавад”.

Ӯ мегӯяд, ин теъдод, 73,7 дарсади кӯдакони шашсоларо дарбар гирифта, мактабҳои кишвар барои қабули беш аз 26 дарсади кӯдакони ин синн зарфият доранд.

Ин нуктаро Каримзода рӯзи 26-уми феврали соли равон дар мизи мудаввар, ки аз ҷониби Кумитаи маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар мавзуи “Аҳамияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим: мутобиқат ба стандарти ҷаҳонӣ” баргузор шуд, зикр кардааст.

Ба қавли Каримзода, ин яке аз далелҳои гузариши марҳилавӣ ба низоми таҳсили дувоздаҳсола будааст.

Зарурати омода кардани омӯзгорони иловагӣ, тақвияти бозомӯзии омӯзгорон, таъмини хонандагон бо адабиёти таълимӣ, бознигарии меъёри таълим, омода намудани барномаи таълимӣ, сохтани синфхонаҳои иловагӣ, аз мушкилоти дигаре будааст, ки тақозо мекунад, гузариш ба низоми таҳсили дувоздаҳсола марҳила ба марҳила, “бо таҳкими инфрасохтор, таъминоти кадрӣ ва молиявӣ” амалӣ гардад.

 

Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагон яке аз далоили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо “ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани соҳаи илму маориф, фаро гирифтани кӯдакон аз синни шашсолагӣ ба таълим ва кам кардани сарбории кӯдакону омӯзгорон” гуфтааст.

Ӯ зикр карда, ки соли 1992 дар асоси Декларатсияи Шурои Аврупо 150 кишвари ҷаҳон гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо дастгирӣ карданд ва ҳоло ин низом дар беш аз 180 кишвар тадбиқ шудааст.

 

Барно Саидвализода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсат низ илова кардааст, ки ин низом ба нафароне, ки оянда таҳсили олиро дар хориҷи кишвар идома додан мехоҳанд, “имкони васеъ” фароҳам меорад.

“Зеро имрӯз шаҳрвандони мо, ки ба ин мақсад ба хориҷи кишвар мераванд, таҳсили синфи 12-ро дар он кишвар идома медиҳанд”, – гуфтааст ӯ.

Ҳамчунин ба қавли ӯ, ин навъи таҳсил дар 32 давлат аз синни 5, 129 кишвар аз синни 6 ва дар 23 кишвар аз 7-солагӣ роҳандозӣ шуда, дар 25 мамлакати дунё таҳсилоти сездаҳсола аз шашсолагӣ амал мекунад.

 

“Ваъда”-и беш аз даҳсола

Соли гузашта аз Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилот ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, Вазорати маориф ва илми кишвар нақша дорад, ки дар соли таҳсили 2029-2030 ба низоми таҳсили 12-сола гузарад. Дар асоси нақша, дар ин сурат, қабул ба синфи якум аз 6-солагӣ оғоз шуда, таҳсили асосӣ то синфи 10-ум ҳатмӣ мешавад.

Аз рӯйи нақшае, ки пажӯҳишгоҳ таҳия кардааст, бояд соли таҳсили 2023-2024 марҳилаи озмоишии ин низом оғоз мешуд, аммо ба гуфтаи масъулин, бо пеш омадани чанд мушкил ин кор ба таъхир уфтод. Аммо гуфта нашуд, ки он чӣ мушкил буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вазорати маориф ният дорад, то соли 2029 ба низоми таҳсили 12-сола гузарад. Ин чӣ гуна амалӣ мешавад?

Зарурати гузаштан ба низоми таҳсили 12-сола ҳанӯз солҳои 2009 ва 2011 дар паёмҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зикр шуда буд. Баъдтар, раисҷумҳур дар паёми соли 2015 изҳор дошт, ки то гузаштан ба низоми таҳсили 12-сола мактабҳо бо омӯзгорон таъмин карда шаванд.

Соли 2017 Нуриддин Саид, вазири маорифи вақт зимни нишасти хабарӣ изҳор намуда буд, ки аз соли 2020 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба низоми таълими 12-сола гузашта, ин ҷараён тадриҷан ва дар муддати чандин сол сурат хоҳад гирифт.

Соле пеш Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мусоҳиба бо нашрияи “Омӯзгор” гуфта буд, таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон то соли 2030-юм 12-сола мешавад.

Дар ҳоле ки зарурати гузариш ба низоми таҳсили 12-сола дар кишвар баррасӣ мешавад, аксар сокинон бар ин боваранд, ки “Беистеъдод дар 15 сол ҳам намеомӯзад”

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 10:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Соли 1912 – Шумораи аввалини рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” нашр шуд. Ин рӯзнома нахустин нашрияи матбуотии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад ва дар муҳити фарҳангӣ ва сиёсии Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозид. Он  бо ташаббуси ҷадидон (ислоҳотхоҳон)-и Аморати Бухоро таъсис ёфт. Забони рӯзнома асосан тоҷикӣ (форсии дарӣ) буд, вале мақолаҳо бо забони туркӣ ва арабӣ низ чоп мешуданд.

Ҳар шумораи он 4 саҳифа дошт ва ҳафтае 2 маротиба нашр мегардид. Баъди ҳудуди 8 моҳ фаъолияти рӯзнома қатъ шуд. Шумораи охирини он 28 январи соли 1913 нашр гардид.

Гарчанде рӯзнома умри кӯтоҳ дошт, таъсири он дар бедории фикрии тоҷикон ва рушди матбуоти миллӣ хеле бузург буд.

Соли 2002 – Муҳлати эътибори Созишномаи ризоияти миллӣ бе муҳлат дароз карда шуд.

Соли 2007 – Дар шаҳри Душанбе Форуми матбуоти тоҷикзабонон баргузор гардид.

Соли 2008 – Додгоҳи Олии ҶТ ташкилоти “Ҳизб-ут-Таҳрир”-ро расман ҳамчун гурӯҳи экстремистӣ эълон кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1912 – Зодрӯзи Ғанӣ Абдулло, драматург ва шоири тоҷик.

Ғанӣ Абдулло соли 1932 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст. Солҳо дар Пажӯҳишгоҳи омӯзгории Комиссариати маориф, Иттифоқи нависандагон, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кардааст.

Оғози фаъолияти эҷодияш ба ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта рост меояд. Ӯ муаллифи драмаҳои “Вахш”, “Водии бахт”, “Рустам ва Суҳроб” (бо ҳамқаламии А.Пирмуҳаммадзода), “Шӯриши Восеъ”, “Ҳуррият” “Мурғи саҳар” ва дигар асарҳои саҳнавӣ буда, соли 1972 барои драмаҳои “Ҳуррият” ва “Сарбозони инқилоб” сазовори Ҷоизаи Рӯдакӣ гардидааст. Инчунин асарҳои маъруфи нависандагони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ғанӣ Абдулло соли 1982 аз олам даргузашт.

Соли 1917 – Мавлуди Лутфӣ Саид, нависандаи тоҷик.

Соли 1943 – Зодрӯзи Маҳмад Ғоибов, доктори илми фалсафа, профессор.

Соли 1950 – Зодрӯзи Музаффар Юнусов, доктори илмҳои кимиё, профессор.

Соли 1954 – Зодрӯзи Соро Сабзалиева, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Соро Сабзалиева хатмкардаи факултети ҳунарпешагии Донишкадаи умумииттифоқии давлатии кинематографияи Маскав буда, аз соли 1975 дар Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ. ба ҳунарнамоӣ пардохта, дар ин театр як қатор нақшҳои мондагор офаридааст.

Ӯ нақши Робиаро дар намоишномаи “Дар чорроҳа”, Насиба дар “Мардон намегирянд”, София дар “Бадбахтӣ аз ақл”, Лаура дар “Боғи ҳайвоноти шишагӣ”-ро иҷро намудааст.

Соро Сабзалиева, ки соли 2009 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд, дар чанде аз филмҳо низ нақшҳои асосӣ ва дуввумдараҷа офаридааст.

Соли 1963 – Мавлуди Мардон Мавлонов, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1824 дар ИМА Бюрои умури ҳиндувони амрикоӣ таъсис дода шуд.

Бюрои умури ҳиндувон (Bureau of Indian Affairs, BIA) як ниҳоди ҳукуматииАмрико мебошад, ки масъули ҳамоҳангсозӣ ва идораи муносибатҳои ҳукумат бо қабилаҳои ҳиндувонии эътирофшудаи федеролӣ аст.​ BIA, ки барои дастгирӣ ва рушди қабилаҳои ҳиндувон таъсис ёфтааст, дар тӯли таърихи худ бо мушкилоти идорӣ ва молиявӣ рӯбарӯ шудааст, ки боиси таҳқиқот ва даъвоҳои ҳуқуқӣ гардидаанд.

​11 марти соли 1869 табиатшинос ва рӯҳонии фаронсавӣ Арман Давид ҳангоми сафар ба музофоти Сичуан-и Чин аз шикорчиёни маҳаллӣ пӯсти ҳайвони сиёҳу сафедро дарёфт кард. Ин кашфиёт аввалин шиносоии илмии аврупоиён бо панда буд.​

Арман Давид пӯстро ба Осорхонаи миллии таърихи табиӣ дар Париж фиристод, ки дар он ҷо зоологҳо онро таҳқиқ намуда, бо ҳайрат фаҳмиданд, ки ин ҳайвони то ҳол ба илм ношинос аст. Баъдтар, ин намуди ҳайвон “пандаи бузург” ном гирифт.​

Аз нимаи асри ХХ панда ба рамзи миллии Чин табдил ёфт ва ҳамчун нишонаи дӯстӣ ва сулҳ шинохта мешавад. Ҳамчунин, панда рамзи Созмони ҷаҳонии ҳифзи табиат (WWF) мебошад.

​11 марти соли 1878 дар ҷаласаи Академияи илмҳои Фаронса, ихтирооти Томас Эдисон – фонограф муаррифӣ карда шуд. Ин дастгоҳ аввалин бор имкони сабт ва бознавозии садоро фароҳам овард.​

Ҳангоми намоиш, баъзе аз ҳозирин бо шубҳа ва ҳайрат ба ин ихтироот нигоҳ мекарданд. Масалан, забоншинос Жан Буйяр изҳор дошт: “Шумо чӣ гуна бовар мекунед, ки як порчаи металл метавонад садои одамро такрор кунад?”​ Моҳи майи ҳамон сол намоиши оммавии фонограф баргузор гардид, ки онро “кашфиёти аср” номиданд. ​

Рӯзи ҷаҳонии фарҳанги мусалмонӣ, сулҳ, муколама ва кино ҳамасола 11 март ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзро Ҷовид Муҳаммад, нависанда ва продюсери амрикоӣ аз Калифорния, соли 2010 бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи гуногунрангии фарҳанги исломӣ ва таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ пешниҳод кардааст.​

Дар ин рӯз, чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла намоиши филмҳо, намоишгоҳҳои фарҳангӣ ва муҳокимаҳо баргузор мегарданд, ки ба муаррифӣ ва фаҳмиши беҳтари фарҳанги мусалмонӣ мусоидат мекунанд.

​Ҳамасола 11 март Рӯзи ҷаҳонии системаҳои обрасонӣ (сантехникӣ) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба ҳифзи манбаъҳои об, сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи он равона шудааст. Системаҳои обрасонӣ зиндагии моро осон ва роҳат кардаанд, аммо мушкилоти камбуди об дар ҷаҳон ҳанӯз доғ боқӣ мемонад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар водиҳо шабона аз 0-5º сард то 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 9-14º сард то 3-8º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 5+10º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 4-6º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 0-2º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 11 ба 12-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?

0

Шаби 9 ба 10-уми март дар ҳоле, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба рӯзноманигорон мегуфт, поёни ҷанг бо Эрон наздик аст, ба Теҳрон ва чанд шаҳри дигар ҳамлаҳои шадид сурат гирифтааст. Дар посух ба ин, Сипоҳи посдорони Эрон гуфтааст, бо мушакҳои навъи нав ба Исроил ва пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна зарба задааст.

Дар ин ҳол, Доналд Трамп мегӯяд, “поёни ҷанг наздик аст”, вале Сипоҳ гуфт, “поёни ин даргириро Эрон муайян мекунад”. Ин ва дигар ҳаводиси охири Эрон ва Ховари Миёнаро дар матлаби мо хонед.

 

Ҳамлаҳои “сангин” ба Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон

Амрикову Исроил шаби 9 ба 10-уми март ба чанд шаҳри Эрон ҳамла кардаанд. Аз ҷумла ба шаҳри Караҷ ҳамла шуда, боиси қатъи муваққатии барқ гаштааст. Ҳамчунин, хабаргузории “Форс”-и Эрон аз ҳамлаҳои “сангин” тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ гузориш дода, гуфтааст, ҳамлаҳои шадид дар шарқи Теҳрон, аз ҷумла дар минтақаҳои Комрония, Нормак ва наздикии ҷойи Артиш сурат гирифтааст.

Шаби гузашта дар ҷануб ва ҷанубу ғарби пойтахти Эрон низ садои инфиҷорҳои шадид тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ шунида шудаааст. Дар пайи ин ҳамлаҳои дар чанде аз нуқтаҳои Теҳрон интиқоли барқ қатъ шуд. Нисфирӯзии 10-уми март интиқоли барқ дубора пайваст гардидааст.

Хабаргузории “ИСНА” мегӯяд, дар пайи ҳамла ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Арок 5 тан кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон гуфтааст, ки ба як шаҳраки санъатӣ ва сохтмонҳои маскунӣ дар шарқи Теҳрон ҳамла шудааст.

Ҳамчунин, субҳи имрӯз аз ҳамла ба як мактабе дар вилояти Марказӣ гузориш додаанд. Раиси ин вилоят гуфтааст, ки ба ҷӯз мактаб, чанд бинои маскунӣ дар атрофи он низ, осеб дидаанд.

Ҳамчунин, расонаҳои эронӣ гузориш доданд, ки дар пайи ҳамлаҳои душанбеи 9-уми март, биноҳои таърихӣ ва мероси фарҳангӣ, мисли кохи Чилсутун, иморати Ракибхона, толори Темурӣ ва толори Ашраф осеб дида, шишаҳои кохи Оли Қопу шикастаанд.

Ин биноҳо мероси таърихиест, асрҳо пеш сохта шудааст. Толори Ашраф имрӯз бахше аз бинои ҳукумати вилояти Исфаҳон низ ҳаст.

Омори хисорот ва талафоти ин ҳамлаҳо ҳоло нашр нашудааст.

 

Ҳамлаҳо ба Исроил

Маркази “Хотам-ул-анбиё” гуфтааст, ки чанде аз мушакҳоро дар осмони Теҳрон раҳгирӣ кардааст.

Дар посух ба ин ҳамлаҳо, шабона ва субҳи 10-уми март Сипоҳи посдорони Эрон аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба “мавзеъҳои ҳаётии” Исроил, аз ҷумла фурудгоҳи Бен-Гурион ва пойгоҳҳои Амрико дар Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Ироқ хабар дода, гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо аз мушакҳои “бо кулоҳакҳои як тонаӣ” истифода шудааст.

Сипоҳ ҳамчунин аз нобуд сохтани наздики 10 радари амрикоӣ дар пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Халиҷи Форс ва раҳгирии “теъдоди бешумори” паҳподҳои онҳо дар Эрон хабар додааст.

Артиши Эрон низ мегӯяд, ба полоишгоҳи нафту гази Ҳайфои Исроил мушак партоб кардааст. Рӯзи 10-уми март артиши Исроил аз партоб шудани мушакҳои бештар аз тарафи Эрон хабар дода, гуфтааст, ки як мушакро дар Тел-Авив нобуд кардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?

Ба иттилои Вазорати тандурусти Исроил тайи шабонарӯзи гузашта дар пайи ҳамлаҳои Эрон 191 нафари маҷрӯҳ ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

“The Times Of Israel” менависад, ки дар умум, дар пайи ҳамлаҳо 2 ҳазор 339 нафар захмӣ шудаанд.

 

Трамп гуфт, “поёни ҷанг наздик аст”, Сипоҳ мегӯяд, “поёни ҷангро мо таъйин мекунем”

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп гуфтааст, ки агар Эрон ҷараёни интиқоли нафт дар гулӯгоҳи Ҳурмузро қатъ кунад, “бо вокуниши бисёр шадиди Иёлоти Муттаҳида рубарӯ хоҳад шуд”.

Ӯ рӯзи 9-уми март дар шабакаи иҷтимоии худ – “Truth Social” навишт, ки “агар Эрон ҳар иқдоме анҷом диҳад, ки ҷараёни нафт дар тангаи Ҳурмузро қатъ кунад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 20 баробар шадидтар аз он чи то кунун анҷом шудааст, ба Эрон зарба хоҳад зад”.

“Марг, оташ ва ғазаб бар онҳо нозил хоҳад шуд; аммо умедворам ва дуо мекунам, ки чунин иттифоқе рух надиҳад”, – навиштааст Трамп.

Дар ин баробар, Доналд Трамп, 9-уми март дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки “ҷанг ба зудӣ тамом мешавад”, аммо, “ин ҳафта поён нахоҳад ёфт”. Ӯ, ки қаблан гуфта буд, ҳамла ба Эрон 4-5 ҳафта давом мекунад, дирӯз ба хабарнигорон гуфтааст, ки “мо хеле пештар аз барнома ҳастем”.

Вале Сипоҳи посдорони Эрон мегӯяд, “ин мо ҳастем, ки поёни ҷангро таъйин хоҳем кард, Дасти мо барои тавсеаи ҷанг боз аст. Амният барои ҳама ё ноамнӣ барои ҳама хоҳад буд”.

“Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ дар сурати идомаи таҷовузи Амрико ва режими саҳюнистӣ ба мардум ва зерсохтҳо иҷозаи содироти як литр нафт аз минтақаро то иттилоъи баъдӣ ба тарафи душман ва шариконаш нахоҳад дод”, – омадааст дар баёнии Сипоҳ дар посух ба ин гуфтаҳои Трамп.

 

Гуфтугӯи телефонии Трамп ва Путин ва коҳиши нархи нефт

Шаби 9-уми март Кремл эълон кард, ки Доналд Трамп бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тамос гирифтааст ва “вазъияти феълии байналмилалӣ, ба вижа Эрон ва Украина”-ро баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Юрий Ушаков, мушовири Путин, ин суҳбат як соат давом карда, “коршиносона, сареҳ ва созанда” буд.

Ӯ илова кардааст, ки раисҷумҳури Русия “чанд идеяеро бо ҳадафи дастёбӣ ва як роҳҳали сиёсӣ-дипломатии зуд барои муноқишаи Эрон, аз ҷумла, бар асоси тамосҳои анҷомшуда бо роҳбарони кишварҳои Халиҷи Форс, раисҷумҳури Эрон ва роҳбарони чанде кишварҳо баён кардааст”.

Ҷузъиёти бештари ин гуфтугӯ расонаӣ нашудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Гуфтугӯи онҳо дар ҳолест, рӯзи гузашта Владимир Путин изҳор дошт, ки ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон боиси буҳрони энержӣ шудааст.

Ӯ дар ҷаласае бо ҳузури мақомҳои Русия ва ширкатҳои нафту газ ҳушдор додааст, ки тавлиди нафт, ки ба таҳвил аз тариқи тангаи Ҳурмуз вобаста буд, метавонад, ба зудӣ ба таври комил мутаваққиф шавад.

Путин дар ин ҷаласа гуфтааст, ки Русия барои кумак ба коҳиши ин буҳрон ва барои таъмини нафту гази кишварҳои аврупоӣ омода аст.

Вале, ба навиштаи хабаргузории “Форс” тангаи Ҳурмуз “барои Чин ва кишварҳои дӯсти Эрон боз буда, табодулоти энержӣ бидуни мушкил идома дорад”.

Хабаргузории “Ройтерз” рӯзи гузашта хабар дод, ки Амрико сабук кардани таҳримҳо ба нафти Русияро барои пешгирӣ аз болоравии нархи ҷаҳонии энержӣ баррасӣ мекунад.

Субҳи сешанбе, 10-уми март нархи нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ марзи аз 100 доллар поён фаромад.

Дар пайи шадид шудани даргириҳо дар Ховари Миёна, ки бо ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон оғоз шуд, субҳи 9-уми март нархи як бушка нафти “Брент” ба беш аз 25 дарсад афзоиш ёфта, ба наздики 120 доллар расид. Вале давоми рӯз нархи коҳиш ёфта буд.

 

ББС: Ба мактаби духтаронаи Миноб бо мушаки “Tomahawk” зарба зада шудааст

Дар ҳамин ҳол, бахши ростозмоии ББС тавассути санҷидани наворҳои лаҳзаи расидани мушак муайян кардааст, мушаке, ки мактаби духтарона дар шаҳристони Миноби Эрон ҳадаф қарор дода буд, мушаки навъи “Tomahawk”-и амрикоӣ аст.

ББС бо такя ба коршиносон менависад, ки Исроил ва Эрон чунин навъи мушак надоранд.

Доналд Трамп дар нишасти хабарии шаби 9-уми март ба саволи хабарнигорон дар бораи ҳамлаи мактаб бо мушаки “Tomahawk”-и амрикоӣ изҳор доштааст, ки таҳқиқ дар ин самт идома дорад ва “ҳар чизе, ки ин гузориш нишон медиҳад, ман омодаам онро қабул кунам”.

Қаблан, Доналд Трамп гуфта буд, мактаби мазкур аз тарафи Эрон ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд.  

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба мактаби ибтидоии духтаронаи “Шаҷараи Тайиба” дар Миноб 28-уми феврал, дар рӯзи аввали ҳамлаи муштараки Амрикову Исроил ба Эрон сурат гирифта, дар пайи он тибқи маълумоти охир 168 нафар кушта ва наздики 100 тани дигар захмӣ гашта буданд.

Дар ин зимн, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон шаби гузашта дар мусоҳибае бо шабакаи амрикоии “PBS” гуфт, “бар хилофи Амрико ва режими саҳюнистӣ, ки ба мактабҳо ҳамла мекунанд, мо ҳаргиз ба маконҳои ғайринизомӣ ҳамлае надоштем”.

 

Вазъ дар Ховари Миёна

Ҳамчунин, шаби гузашта ва субҳи имрӯз, 10-уми март ҳамлаи Исроил ва Лубнон ва зарбаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна идома ёфтааст. Аз ҷумла, Исроил давоми шабонарӯзи гузашт чанд маротиба сокинони чанд минтақаи Лубнон ҳушдор додааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд. Ин кишвар, ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ба 30 нуқтаи як созмони хайриявии марбут ба “Ҳизбуллоҳ” зарба задааст. “Ҳизбуллоҳ” низ аз ҳамла ба як пойгони низомии Исроил хабар дод.

Исроил тасдиқ кардааст, ки дар пайи зарбаҳои мушакии 9-уми март аз тарафи “Ҳизбуллоҳ” ба ин кишвар 16 кас маҷрӯҳ шудааст.

Вазорати беҳдошти Лубнон то ин дам теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Исроилро ба 486 нафар ва захмиёнро 1 ҳазору 313 ҳисоб кардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон

Баҳрайн бомдоди 10-уми март аз кушта шудани як нафар ва захмӣ шудани чанд тани дигар дар пайи як ҳамлаи Эрон ба ин кишвар хабар додааст. Баҳрайн иттилоъ додааст, ки ба як минтақаи нафти ҳамлаи паҳподӣ шудааст.

Вазорати кишвари Баҳрайн гуфтааст, ҳамла ба як минтақаи маскунӣ сурат гирифтааст. Аммо, Теҳрон борҳо таъкид кардааст, ки танҳо пойгоҳҳои низомӣ, зерсохтҳо ва маконҳое, ки Амрико аз он ҷойҳо барои ҳамла ба Эрон истифода мекунанд, ҳадаф қарор додааст.

Ҳамчунин, Вазорати дифоъи Қатар шоми рӯзи гузашта гуфтааст, ки 17 мушаки балистикӣ ва 6 паҳподеро, ки аз сӯи Эрон партоб шуда буд, раҳгирӣ кардааст.

Кувайт аз раҳгирии 6 паҳпод хабар дода, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфтааст, ки паҳподҳои ба сӯи кишвараш партобшударо раҳгирӣ мекунад.

Арабистони Саудӣ аз ҳамла ба кони нафти Шайба хабар дода, ҳамчунин, аз сарнагун кардани як паҳпод иттилоъ медиҳад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.