Home Blog Page 35

Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон

0

Мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон аз боздошти 7 “аъзои ду гурӯҳи нашъаҷаллоби фаромиллӣ” хабар доданд, ки ба муомилоти 100 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, афюн ва ҳабҳои психотропӣ гумонбар мебошанд. Ин гурӯҳҳо маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карда, нияти фурӯш дар дохил ва хориҷи кишварро доштаанд.  

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар барномаи “Ахбори ВКД”, ки рӯзи 11-уми март нашр шуд, аз боздошти 5 нашъаҷаллоб хабар дода, аз саркардаи ин гурӯҳ Ғолибҷон Ғаниев, сокини 39-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ном бурда, гуфтааст, ӯ қаблан 7 сол зиндонӣ шудааст.

Мақомот аз дигар аъзои ин гурӯҳ Маҳмадроиб Асроров, Ҳакимҷон Маҳмадҷонов, ки қаблан 6 сол зиндонӣ шудааст, сокинони 52 солаи ноҳияи Рашт ва Фирӯз Мирзоеви 31-сола, Мухтор Раҷабови 41-сола, ки пештар ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст, сокинони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ном бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, аъзоёни ин гурӯҳ, “воситаҳои нашъадори навъи ҳашиш, афюн ва моддаи психотропии “метамфитамин”-ро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт ба фурӯш баровардаанд”.

Мақомот гуфтаанд, гумонбарон “аз Ҷумҳурии Афғонистон воситаҳои нашъадорро дарёфт карда, бо мақсади минбаъд ба хориҷи кишвар интиқол додан ба минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе оварда, пинҳон кардаанд”.

“Моҳи ноябри соли 2025 дар ду марҳила 80 баста воситаҳои нашъадори навъи ҳашиш, афюн ва моддаи психотропии “метамфитамин”-ро тавассути Юсуф, шаҳрванди Афғонистон қабул намуда, бо ҳамроҳии яке аз аъзоёнашон Фирӯз Мирзоев 41 бастаи онро дар яке аз махфигоҳи худ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва қисми дигарро дар ноҳияи Шоҳмансур пинҳон кардаанд”,-гуфтааст ВКД.

Дар навори мақомот, Ғолибҷон Ғаниев иқрор мешавад, ки ба муомилоти маводи мухаддир даст задааст. Таҳти кадом шароит сабт шудани ин иқрор маълум нест.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) низ бо нашри як гузориш аз боздошти 2 коҷоқбар, ки як тани онҳо шаҳрванди Афғонистон аст, хабар дода гуфт, аз онҳо 20 кг маводи мухаддир мусодира шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, Оятулло Одинаев, шаҳрванди Тоҷикистон бо Муборакшо Шайдулло, шаҳрванди Афғонистон аз соли 2023 то инҷониб ҳамкорӣ дошта, мунтазам ба қоҷоқ ва муомилоти маводи мухаддир машғул будаанд. 

“Моҳи феврали соли 2026 Оятулло Одинаев ва Муборакшо Шайдулло 20 баста маводи мухаддири навъи ҳашишро дастрас ва бо мақсади фурӯш ба шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд”,- гуфта шудааст дар гузориши мақомот.

Ҳарду гумонбарон дар гузориши нашркардаи мақомот иттиҳомоти алайҳашон воридшударо қабул кардаанд. Вале дар кадом шароит сабт шудани ин изҳорот маълум нест.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ… ба миқдори махсусан калон” (моддаи 200, қисми 4, банди “д”-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари гумонбарони дигар дар робита ба ин қазия маълум нест.

Вақтҳои охир мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон дар робита ба боздошту зиндони кардани гумонбарони қочоқи маводи мухаддир дар кишвар зиёд иттилоъ медиҳанд.

Тибқи маълумоти Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта 22 шаҳрванди хориҷӣ барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд. Аз онҳо 275 кг маводи нашъадор мусодира гардид.

Ин ниҳод иттилоъ дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, соли гузашта 5 тоннаву 280 килограмм маводи нашъадорро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 898 килограму 835 грам (21%) зиёд аст. Аз ин 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мусодира шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба “Крокус” ҳукми абад гирифтанд

0

Додгоҳи низомие дар Маскав Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов, гумонбарони асосии ҳамла ба толори консерти "Крокус Сити Ҳол" дар канораи Маскавро, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд,  ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Ба навиштаи BBC, додгоҳ бо арзёбии тафтишот, ки гӯё ин чор нафар узви ДОИШ-и Хуросон* ҳастанд, розӣ шудааст. 

Ҳамчунин, 11  гумонбари дигар ҳам ба ҳукми абад маҳкум шуда, 4 тани дигар аз 19 то 22 сол зиндонӣ шуданд.

Манбаъ аз ин 11 нафар Умедҷон Солиев, Мустақим Солиев, Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммад Шарифзода, Ёкубҷон Юсуфзода, Лутфуллои Назримад, Ҷумахон Қурбонов, Ҳусен Медов ва Ҷабраил Аушев ном бурдааст. Ба ғайр аз Медов ва Аушев, ки шаҳрвандони Ингушистон ҳастанд, дигар ҳама шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ ҳам ин ҷазоро талаб карда буд.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, ҳар яки онҳо ҳамчунин 990 ҳазор рубл (12,5 ҳазор доллар) ҷарима бояд пардохт кунанд.

Ба навиштаи манбаъ, чаҳор гумонбари асосӣ, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, аз ҷониби додгоҳ барои омӯзиши фаъолиятҳои террористӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳ, иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ ва содир кардани амали террористӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар санади айбдоркунӣ гумонбарон ба чанд гурӯҳ ҷудо шудаанд. Аз ҷумла, ду нафар ба табдил додани силоҳи ғайриҷангӣ ба силоҳи ҷангӣ, панҷ нафари дигар ба интиқоли силоҳ ва тир ба иҷрокунандагони ҳамла, чор нафар дар таъмини молиявӣ, аз ҷумла, пардохти иҷораи манзил муттаҳам шудаанд. Ба гуфтаи тафтишот, баъзеи дигарон иртибот ва интиқоли маблағро таъмин мекарданд, аз ҷумла табдили рамзарз ба рубл.

 

Ҳамчунин Алишер Қосимов, шаҳрванди Қирғизистон, соҳиби манзиле низ, ки ба гуфтаи тафтишот, “аз мақсади ба иҷора гирифтани манзил огоҳ будааст”, ба 22 солу 10 моҳ зиндонӣ шудааст ва хонаи ӯро мусодира кардаанд.

Ҳамчунин, Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, се узви як оилае, ки гуфта мешавад, ҳамлагарон аз онҳо мошини "Рено" харида, бо он баъди ҷиноят фирор кардаанд, ба шарикӣ дар ҷиноят муттаҳам ва ба 22 солу 10 моҳ зиндон маҳкум шудаанд. Гарчанде чанд рӯз пеш аз ҳамла онҳо мошинро фурӯхта ва пас аз дидани мошин дар телевизион ба пулис муроҷиат карда будаанд.

Додгоҳ ҳамчунин қарор кардааст, ки аз маҳкумшудаҳо ба фоидаи ҷабрдидаҳо 200 миллион рубл ситонида шавад.

Назари онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ ба расонаҳо дастрас нест. Наздиконашон қаблан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки бовар надоранд, ин чор нафар даст ба чунин ҷинояте зада бошанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, тибқи иттилои пешакӣ, 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб дида буданд.

Аммо айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиа аз 147 ҷонбохта ёд кардааст.

Тафтишоти ин ҳодиса, ки 4-уми августи соли 2025 оғоз шуд, қариб 7 моҳ идома карда, аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ғарбии №2 ҳафтае се навбат пушти дарҳои баста ҷараён дошт. Моҳи гузашта Людмила Айвар, вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” гуфта буд, барои гумонбарони ин ҳамла ҷазои сахттарин ва ҳабси абад талаб мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?

Ӯ афзуда буд, “дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ барои ҳамлагарони мустақим, инчунин дигар афроди марбут ба ин амали террористӣ ҷазои ҳарчи сахттар ва одилона – то ҳабси якумрӣ талаб мекунем".

Пештар хабаргузории ТАСС аз қавли вакили дифои ҷабрдидагон гуфта буд, ки Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода дар мурофиаи аввали додгоҳӣ "ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд". Аммо далеле дар ин самт пешниҳод нашуд. Назари худи муттаҳамон то ҳол рӯшан нест. Номаълум аст, ки онҳо вакили дифоъ доранд ё не.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Қаблан, масъулияти ҳамла ба толори консертии "Крокус"-ро гурӯҳи ДОИШ-и Хуросон ба уҳда гирифта, онро "интиқом аз кофирон" хонда буд.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳӣ террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво

0

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз корхонаҳое, ки масъули нигоҳубини роҳҳои кишвар ҳастанд,  даъват кардааст, ки ба номусоидии ҳаво аз ҷумла, боридани борону омадани сел, инчунин, фаромадани тарма омода бошанд. Ба ронандагон тавсия додаанд, ки зимни ҳаракат дар чунин ҳаво эҳтиёт бошанд.

Ин ниҳод, бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки охири моҳи март дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин, дар баъзе вилоятҳо ғафсии қабати барф то 30 сантиметр расида, инчунин сатҳи об дар дарёҳо баланд мешавад. Ба ғайр аз ин, хатари фаромадани сангу омадани сел дар роҳҳо вуҷуд аст.

Вазорат гуфтааст, ки бар асари боришоти зиёди рӯзҳои ахир дар қаламрави ВМКБ ва водии Рашт, селу тарма фаромада, ба чанд роҳи мошингарди кишвар зарар расонидааст.

"Дар километри 661-уми роҳи байналмилалии "Душанбе – Кулма", дар мавзеи Гундии ноҳияи Шуғнон, инчунин дар километри 33-юми роҳи автомобилгарди "Рӯшон – Бартанг" тарма фаромада, дар деҳаҳои Аличур ва Мамаддзоири ноҳияи Мурғоб, Хостав ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сел омад, ки ҳаракати нақлиётро халалдор кард", – гуфтааст ин ниҳод.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Ҳамчунин, вазорат гуфтааст, ки дар ноҳияҳои водии Рашт, бахусус дар Нуробод, Сангвор ва Лахш низ борону барф боиси фаромадани тарма ва омадани сел гардидааст. Ба иттилои Вазорати нақлиёт, аз моҳи феврал то имрӯз, дар роҳи байналмилалии автомобилгарди "Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қиргизистон" ва роҳи автомобилгарди "Лабиҷар-Сангвор-Қалъаихумб" фаромадани беш аз 30 тармаи хурду бузург ба қайд гирифта шудааст.

"Офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои мазкур ба қабати роҳҳо ва инфрасохтори он осеб расониданд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе маҳалҳо муваққатан қатъ гардид”, – омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.

Вазорат гуфтааст, ки ҳоло ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи роҳҳои кишвар барқарор гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад

0

Чанде пеш "Азия-Плюс" дар бораи он ки “Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?”, мақола навишт. Дар он бо истифода аз омор ва назари коршиносон вазъи соҳа мавриди таҳлил қарор гирифта буд. Қабл аз омода кардани мавод, мо барои гирифтани иттилои расмӣ ба Вазорати саноат ва технологияи нав бо номаи расмӣ муроҷаит карда будем. Вале то рӯзи нашри мақола, аз ин ниҳод посух наомад. Чанд рӯз баъд аз нашри мавод, вазорат ба саволҳои мо посух гардонид, ки онро манзури хонандагон мегардонем. 

Ба саволҳои "Азия-Плюс" Азиз Назар, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ посух додааст.

 

– Айни замон дар Тоҷикистон чанд корхонаи саноати коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол амал мекунанд? Иқтидори воқеӣ ва сатҳи сарбории онҳо (таъминот бо маводу ашё ва ҳаҷми истеҳсол) чӣ қадар аст?

– Дар ҷумҳурӣ 5 корхонаи коркарди пӯсти чорвои калону майда, инчунин 22 корхонаи истеҳсоли пойафзол амал мекунанд.

Дар соли 2025 дар ин соҳа, 639 447 дона пӯсти ҳайвонот коркард шуда, истеҳсоли пойафзол 880 000 ҷуфтро ташкил дод.

Аммо сатҳи сарбории иқтидорҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои коркарди пӯст паст боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 30-40% аз нишондиҳандаҳои лоиҳавиро ташкил медиҳад.

Сабабҳои сатҳи пасти сарборӣ таҷҳизоти кӯҳнашудаи технологӣ, дастрасии маҳдуд ба ашёи хоми хушсифат, инчунин мавҷуд набудани талаботи бозор ба маҳсулоти истеҳсолшуда мебошад.

 

– Чаро бо истеҳсоли то 1,7 млн дона пӯст дар як сол, камтар аз 2%-и он коркард мешавад?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?

– Ҳозир дар ҷумҳурӣ сатҳи пасти коркарди пӯст ба мушоҳида мерасад. Сабабҳои асосии чунин вазъият нокофӣ будани технологияҳои муосири коркади аввалияи пӯст (бо шумули вайрону фарсуда шудан ва навъбандӣ), мавҷуд набудани корхонаҳои бузурги силсилаи мукаммал, ки бо таҷҳизоти муосир технологӣ таъминанд, инчунин фоидаоварии зиёдтари содироти ашёи хом дар муқоиса бо роҳандозии коркарди амиқ дар давраи ибтидоӣ маҳсуб меёбанд.

Ғайр аз ин, норасоии кадрҳои ҳирфаӣ дар ин соҳа низ яке аз мушкилоти назаррас шуморида мешавад.

 

– Чаро Тоҷикистон то ба ҳол содиркунандаи ашёи нимахоми арзон боқӣ монда, маҳсулоти тайёри гаронро мехарад?

– Дар соли 2025 маблағи содироти пӯсти дар сатҳи аввалия коркардшуда 1,8 млн долларро ташкил дод.

Сабабҳои асосии содироти пӯсти дар сатҳи аввалия коркардшуда инҳо мебошанд:

– нокофӣ будани таҷриба дар роҳандозии силсилаи мукаммали истеҳсолот;

– мавҷуд набудани мактабҳои махсуси тарроҳӣ ва муҳандисӣ;

– дастрасии маҳдуд ба бозорҳои байналмилалии фурӯши маҳсулоти тайёр.

 

– Барои зиёд кардани ҳаҷми коркарди ашёи хом дар дохили кишвар чӣ гуна тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд? Барои тағйир сиёсати содирот – гузаштан аз ашёи хом ба маҳсулоти тайёр, чӣ чораҳо андешида мешаванд?

– Барои зиёд кардани ҳаҷми коркарди ашёи хом дар дохили кишвар ва тағйири сиёсати содирот таъмиру навсозии иқтидорҳои мавҷуда ва сохтмони корхонаҳои нави силсилаи мукаммал бо таҷҳизоти муосири технологӣ зарур аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Корхонаи нави коркарди пӯст ба кор медарояд

Дар ин робита, Вазорат барои рушди соҳаи коркард ва истеҳсоли маснуот аз пӯст, лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷумла сохтмони корхонаи истеҳсоли маснуот аз пӯст, инчунин корхонаи истеҳсоли пойафзол таҳия кард ва онҳоро барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол намуд.

Дар лоиҳаҳои протоколҳои комиссияи байниҳукуматӣ бандҳои ҷудогона оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар ин соҳа ворид карда мешаванд. Барои амалисозии чунин ташаббусҳо ҷалби фаъолонаи сармоягузориҳои мустақим пешниҳод мешавад.

 

– Стратегияи рушди саноат то соли 2030 вобаста ба соҳаи коркарди пӯст чӣ гуна амалӣ мешавад?

– Дар Стратегияи рушди саноат дар Тоҷикистон дар давраи то соли 2030, ки бо қарори ҳукумат аз 27-уми марти соли 2018, №159 тасдиқ шудааст, афзалият додан ба коркарди пӯст то маҳсулоти ниҳоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар он зиёд кардани ҳаҷми коркарди пӯст то 2 млн дона то соли 2030 тариқи ҷалби сармояи мустақим, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо таҷҳизоти муосири технологӣ, инчунин роҳ ёфтан ба бозорҳои нави содиротии фурӯши маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.

 

– Сабаби дар соҳаи истеҳсоли маснуот аз пӯст ҳузур надоштани сармоягузорони бузург дар чист?

– Сабаби асосии ҳузур надоштани сармоягузорони бузург нокофӣ будани рақобатпазирии маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва талаботи маҳдуд дар бозори дохилӣ мебошад.

Истеҳсолкунандагони дохилӣ бо рақобати шадиди ширкатҳои бузург аз Чину Ҳиндустон, Покистону Бангладеш дучор мешаванд, ки онҳо дар миқёси истеҳсол ва арзиши аслии маҳсулот бартарияти назаррас доранд.

 

– Барои корхонаҳои саноати коркарди пӯст чӣ гуна тадбирҳои дастгирӣ аз ҷониби давлат (имтиёзҳо аз андоз, кумакпулиҳо, қарз) пешбинӣ шудааст?

– Барои ҳавасмандсозии рушди саноати коркарди пӯст аз ҷониби ҳукумат дар доираи Кодекси андоз ва Кодекси гумрук, инчунин дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Тоҷикистон имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ шудааст, ки ба фароҳам сохтани шароитҳои мусоид баҳри сармоягузорӣ ва таъмиру навсозии истеҳсолот дар ин соҳа равона шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд

0

Додгоҳи вилояти Суғд як ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Деваштичро бо иттиҳоми куштори падари 62-солаааш 19 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора, барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дода, гуфтааст, ҳодиса моҳи августи соли 2025 рух дода, писар бо зарби курсӣ ва панҷшоха падарашро ба ҳалокат расонидааст.

Мақомоти Суғд аз айбдоршаванда Ҷумабой Сатторқулов, сокини ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич ном бурда, гуфтааст, рӯзи 14-уми августи соли 2025, тахминан соати 19 дар манзили истиқоматиаш байни ӯ ва падараш – Асрорқул Сатторқулов, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, муноқиша сар задааст.

“Писар бо мақсади расонидани зарар ба саломатӣ бо истифода аз курсии чӯбӣ ва олоти кишоварзии панҷшоха падарашро латукӯб намуда, дар ҳолати барои ҳаёту саломатӣ хавфнок мегузорад”, –гуфта мешавад дар барнома.

Ба қавли манбаъ, падараш баъди 5 соати ҳодиса ва хунравии зиёд ба ҳалокат мерасад, аммо Ҷумабой Сатторқулов барои пинҳон кардани кирдораш, либосҳои падарро иваз намуда, вонамуд мекунад, ки гӯё ӯ бо марги табиӣ – “дар натиҷаи афтодан дар ҳолати мастӣ” ҷон бохтааст.

Манбаъ мегӯяд, воқеан ҳамдеҳагон даргузашти ӯро ҳамчун марги табиӣ пазируфта, ба хок месупоранд. Вале баъде, ки мақомоти пулис ва додситонии ноҳияи Деваштич баъди гирифтани иттилои зарурӣ, ҷасадро аз гӯр берун оварда, аз ташхиси судӣ-тиббӣ мегузаронанд, маълум мешавад, ки ин мард кушта шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мақомот як марди 40-соларо барои куштори падари 69-солааш боздошт кардаанд

Вале маълум нест, ки ин чӣ иттилоъ буд ва кӣ ба мақомот дастрас кардааст.

Тибқи ҳукми додгоҳ, ӯ барои куштор ё моддаи 104, қисми 2, бандҳои в ва е-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, 19 сол равонаи зиндон мешавад. Маълум нест, ки ҳукми додгоҳ кай содир шудааст. 

Назари худи маҳкумшудаҳо ва наздикони ӯ ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки куштори падару модар ва дигар пайвандон аз ҷониби фарзанд ва ё баръакс, куштори кӯдакон аз ҷониби падару модари худ расонаӣ мешавад.

Моҳи декабри соли гузашта низ як марди 40-солаи сокини ноҳияи Ишкошими ВМКБ бо иттиҳоми куштори падари 69-солааш боздошт шуда буд.

Пештар аз ин, моҳи октябр як ҷавони 34-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони латукӯб ва куштори падари 67-солааш боздошт шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чилу чоруми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?

0

Дар моҳи Рамазон баъзе кӯдакон низ рӯза медоранд. Ҳарчанд тибқи таълимоти Ислом, кӯдакон аз рӯзадорӣ озоданд ва табибон ҳам барои кӯдакон рӯза доштанро тавсия намедиҳанд, аммо баъзе талош мекунанд, ба рӯза доранд. Дар робита ба ин, мо аз  мутахассиси бахши дин, табиб ва равоншинос пурсидем, ки рӯза доштани кӯдакон то куҷо иҷоза аст ва ба саломативу рӯҳи онҳо чӣ таъсир дорад.

 

Баъди ба балоғат расидан, рӯза ҳатмӣ мешавад

Посух аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон:

Кай рӯза доштан барои одамон воҷиб мешавад?

– Рӯза вақте воҷиб мешавад, ки кӯдак ба балоғат расида бошад. Болиғ шудан ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон нишонаҳои хоси худро дорад. Агар нишонаҳо зоҳир нашавад, пас 15-соларо болиғшуда мегӯянд.

Мушаххас аз кадом синну сол рӯза бояд дошт?

– Духтарон дар 9-солагӣ ва писарон дар 12-солагӣ ба балоғат мерасанд ва бояд рӯза доранд.

– Оё барои кӯдакон шакли “озмоишии” рӯзадорӣ вуҷуд дорад? Масалан, то нисфи рӯз ё чанд рӯз дар як ҳафта?

– Оре, уламо гуфтанд, ки барои одоб омӯхтан аз 10-солагӣ кам-кам рӯза гиранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон

Чӣ тавр ба кӯдак фаҳмонем, ки шикастани рӯза бинобар сабаби вазъи саломатӣ гуноҳ нест?

– Ба ӯ мефаҳмонем, ки рӯза ба инсони болиғу солим фарз аст, ҳоло, ки ту болиғ нестӣ, ба ту фарз нест. Инсони болиғ ҳам бо сабаби беморӣ метавонад рӯзаашро бихӯрад ва замоне, ки сиҳат шуд, дубора рӯза мегирад.

Оё кӯдак вазифадор аст, ки рӯзҳои қазошударо (рӯзҳое, ки рӯза нагирифтааст) дертар “пур кунад” (қазои онро бидорад)?

– Агар кӯдак болиғ набошад, қазо намедорад. Аммо, агар ба балоғат расида бошад, қазо медорад.

– Оё дар синни наврасӣ байни рӯза гирифтани писарон ва духтарон фарқе ҳаст?

– Синни балоғат муҳим аст. Яъне духтарон пештар ва писарон дертар ба балоғат мерасанд. Баъди ба балоғат расидан, байни онҳо дар рӯза доштан, фарқе нест.

 

“Рӯзадории кӯдакон назорати қатъиро талаб мекунад”

Зокирҷон Шарифов, табиби гастроэнтеролог, сармутахассиси Раёсати тандурустии Душанбе оид ба гастроэнетерологияи кӯдакон:

– Кадом аломатҳо бозгӯи онанд, ки кӯдак набояд рӯза гирад?

– Дар кӯдакон захираҳои гликоген дар ҷигар аз калонсолон дида камтар аст, бинобар ин, хавфи гипогликемия — камшавии сатҳи қанд дар хун, дар онҳо баландтар аст. Ин метавонад ба ларзиш, арақкунӣ ва чархзании сар боис шавад.

Ғайр аз ин, ҳангоми гуруснагии дарозмуҳлат дар кӯдакон липолиз (ҷараёни ҷудошавии чарбҳо) тезтар оғоз мешавад, ки метавонад ба кетоз оварда расонад. Ин ҳолат метавонад ба дилбеҳузурӣ (қайкунӣ) ва атсетономия (таркиби атсетон дар хун ва пешоб) боис шавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?

Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки дар кӯдакон метаболизми асосӣ баландтар ва масоҳати сатҳи бадан калонтар аст, ки ба бештар гум шудани об боис мешавад. Ин метавонад ба бе об мондани бадан оварда расонад, бахусус агар кӯдак ба таври об нанӯшад.

Ва дар ниҳояти кор, ба аломатҳои клиникӣ, аз ҷумла аз даст додани вазн ба миқдори 5% дар як ҳафта, пешобронии хеле кам таваҷҷуҳ кардан лозим аст. Ин аломатҳо метавонанд ба он ишора кунанд, ки рӯзадорӣ барои кӯдак ҳоло муносиб нест.

– Оё кӯдакони дорои бемориҳои музмин ё камхунӣ метавонанд рӯза доранд?

– Дар мавриди камхунӣ (анемия), бахусус камбуди оҳан, интиқоли оксиген ба бофтаҳо кам шуда, гуруснагӣ катаболизмро тақвият медиҳад, ки ин боиси тахикардия ва заифӣ мешавад.

Дар кӯдакон бо бемориҳои ҷигар (гепатитҳо, стеатоз) рӯза сарбориро ба мубодилаи моддаҳо зиёд мекунад, ки метавонад ҳолати ҷигарро бадтар кунад.

Дар бемориҳои музмини захми меъдаву рӯдаҳо танаффуси тӯлонӣ дар истеъмоли ғизо ва болоравии сатҳи кислота метавонад ба ташдид оварда расонад,. Рӯзадорӣ дар чунин ҳолатҳо бояд зери назорати духтур гузарад.

 

– Дуруст аст, ки рӯзадорӣ ба заминаи гормонии наврасон таъсир мерасонад?

– Дар давраи пубертат тири гипоталамус-гипофиз-гонада, ки истеҳсоли гормонҳои ҷинсиро танзим мекунад, фаъол аст. Барои кори муътадили ин низом аминокислотҳо, руҳ ва витамини D зарур аст. Камбуди дарозмуддати сафеда ва энергия метавонад тарашшуҳ (секретсия)-и IGF-1 ва гормонҳои ҷинсиро суст кунад, ки ин афзоиши қаду баст ва рушдро бозмедорад.

Рӯзаи кӯтоҳмуддат дар ҳолати ғизои комил дар саҳархӯрӣ ва ифтор, одатан ба мувозанати гормонӣ таъсир намерасонад, аммо баландшавии қад ва вазни бадан бояд зери назорат бошад.

– Реҷа бояд чӣ гуна шавад, агар кӯдак ба фаъолиятҳои варзишӣ машғул бошад?

– Агар кӯдак ба варзиш машғул бошад, танзими реҷаи истеъмоли ғизо ва машқу тамринҳо муҳим аст. Вақте ки кӯдак машқ мекунад, истеъмоли гликоген дар муқоиса бо калонсолон зиёдтар аст, бинобар ин, бояд эҳтиёҷоти бадани ӯ ба энергия ба назар гирифта шаванд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон

Тамринҳоро ба бегоҳӣ (шом) пас аз пур шудани нерӯ (энергия) гузаронидан беҳтар аст. Дар саҳархӯрӣ бояд карбогидратҳо (масалан, ярмаи ҷав ё нонҳои гандумӣ), сафеда (тухм ё қаймоқ) ва каме равғанҳо (чормағзҳо) истеъмол шаванд.

Пас аз ифтор бо истеъмоли шӯрбо, сабзавоту маҳсулоти турши ширӣ барқарор намудани моеъ ва электролитҳо муҳим аст Ин ба нигоҳ доштани мувозинат ва пешгирии беобшавии бадан ёрӣ мерасонад.

– Оё дар давраи рӯзадорӣ кӯдак нисбат ба калонсолон бештар ба об ниёз дорад?

– Бале, нисбат ба калонсолон кӯдак бештар ба об ниёз дорад. Дар кӯдакон талабот ба моеъ тақрибан 50–60 мл барои ҳар килограмм вазн дар як рӯз аст, дар ҳоле ки барои калонсолон ин рақам ба таври миёна 30 мл барои ҳар килограмм мерасад.

Аз ин рӯ, ба кӯдак пешниҳоди об бо миқдори кам байни ифтор ва саҳархӯрӣ муҳим аст, то ки аз беобшавии бадан пешгирӣ шавад. Нӯшокиҳои газдор ва ширин тавсия дода намешаванд, зеро онҳо сарбории таровиш (осмотикӣ)-ро ба организм зиёд карда, метавонанд эҳсоси ташнагиро тақвият диҳанд.

 

– Чӣ чизҳоро дар саҳархӯрӣ набояд ба кӯдак дод, ҳатто агар ӯ талаб кунад?

– Кӯшиш кунед, ки дар саҳархӯрӣ ба кӯдак маҳсулоти намакдор надиҳед, зеро онҳо дар тӯли рӯз ташнагӣ ба вуҷуд меоранд (масалан, чормағзи намакдор, ҳасиб, панир). Маҳсулоти хеле ширин низ метавонанд боиси афзоиши шиддати қанд дар хун шаванд, ки ба хастагии зуд оварда мерасонад. Ҳамчунин, маҳсулоти равғанӣ ва бирёншударо надиҳед, зеро онҳо барои ҳазми хӯрок сахт буда, метавонанд эҳсоси вазнинӣ ва нороҳатиро ба вуҷуд оранд (масалан, картошкаи бирён, хӯроки зудтайёр ё худ фастфуд).

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Оғози Рамазон 19-уми феврал аст. Муфтӣ гуфт, ки чаро дар баъзе кишварҳо як рӯз пеш рӯза гирифтанд

Беҳтараш маҳсулоти сабук, монанди ярмаи ҷав (овсянка), тухм, меваҳо, йогурт ва обро интихоб кунед.

– Дар сурати хасташавии наврас нигаронӣ дуруст аст?

– Дар рӯзҳои аввали мутобиқат ба рӯзадорӣ ин метавонад як ҳолати муқаррарӣ бошад, ки ба хастагии сабук ва кам шудани фаъолият боис мегардад. Бо вуҷуди ин, агар беҳавсалагии зиёд, асабоният ва камшавии таваҷҷуҳ ба назар расад, ин метавонад нишонаҳои гипогликемия ё камхунӣ (анемия) бошад.

Рӯзадорӣ аз кӯдакон назорати қатъии метаболикӣ, аз ҷумла гликемия, гидрататсия, афзоиш ва ҳолати рӯҳу эҳсосро талаб мекунад. Дар сурати хатар ба солимии кӯдак, ӯ бояд аз рӯзадорӣ озод карда шавад, ки ин ҳам ба қоидаҳои тиббӣ ва ҳам ба шариати исломӣ мувофиқ аст.

Рӯза барои кӯдак танҳо дар ҳолати солимии комил ва бо дастгирии дуруст аз ҷониби оила ва духтур мумкин аст. Дар ҳолати хатар ба саломатии кӯдак, саломатӣ ҳамеша дар муқоиса рӯзадорӣ аввалият дорад.

 

"Кӯдак бояд дастгириро эҳсос кунад"

Нигина Мамадҷонова, равоншинос:

– Аз кадом синну сол кӯдак воқеан барои рӯзадорӣ омода ҳисобида мешавад ва кӣ инро ҳал мекунад: оила, дин ё худи кӯдак?

– Агар кӯдаки ноболиғ хоҳиши рӯзадорӣ кунад, муҳимтарин чиз барои волидон ин аст, ки манфӣ муносибат накунанд. Аксар вақт кӯдак чунин тасмимро на бо сабабҳои динӣ, балки танҳо барои он мегирад, ки ҳамсолонаш аз оилаҳои бештар диндор ин корро кардаанд. Ва ӯ низ тасмим мегирад, ки рӯза медорад.

 

– Агар кӯдак худаш ба рӯзадорӣ исрор варзаду волидонаш шубҳа дошта бошанд, дар ин ҳолат чӣ гуна рафтор кардан дуруст аст?

– Падару модар бояд инро оромона пазируфта, тақрибан бояд чунин гӯянд: “Мебинам, ки калон шудаӣ ва вақти дар ин хусус суҳбат кардан омадааст. Аз ту пурсидан мехоҳам, ки чаро ту рӯза доштан мехоҳӣ, рӯзагириро чӣ хел мефаҳмӣ ва дар ин бора чиҳоро медонӣ?”. Ин ҷо метавон посухе гирифт, ки шояд волидон интизорӣ надоштанд. Ё шояд наврас ҳамту китф дарҳам кашида, посух дода натавонад.

Ба ӯ кумак карда, фаҳмонед, ки рӯзадорӣ ба кӯдакон дар ислом ҳатмӣ нест. Он ихтиёрӣ буда, дар ҳолати солим будани кӯдак иҷоза аст. Фаҳмонед, ки боз дигар корҳое ҳам ҳаст, ки ба рӯзадорӣ баробаранд: кумак ба камбизоатон, ёрӣ дар тайёр кардани ифтор, некӣ кардан ва ғайра.

Агар кӯдак исрор варзад, ба ӯ метавон пешниҳод намуд, ки як рӯз дар рӯзи истироҳати ҳафта рӯза дорад, то ки ба зеҳну ақлаш сарборӣ нашавад ва волидон тавонанд, ки ҳолати кӯдакро назорат кунанд. Ва ӯро барои таваҷҷуҳ ва хоҳиши ин коро кардан таърифу ситоиш кардан лозим аст. Гуфтан даркор аст, ки ҳоло вақташ ояд, ӯ ҳам мувофиқи ҳамаи қоидаҳо рӯза мегирад.

– Чӣ метавон кард, агар наврас аз ҷониби ҳамсолонаш фишор ҳис кунад, яъне “ҳама рӯзадоранд ва ман ҳам бояд дорам”?

– Ба наврас фаҳмонидан муҳим аст, ки ҷасурии шахс на дар такрор кардани корҳое, ки дигарон мекунанд, балки фикри худро доштан ифода меёбад.

Ба кӯдак дуруст посух доданро ба ҳамсолонаш ёд диҳед. Масалан: “Ман ҳоло ба рӯзадорӣ омода нестам, лекин ба иҷро кардани бисёр корҳои нек омодаам ва ба модарам дар тайёр кардани ифтор ёрӣ мерасонам”. Аз ҳама муҳимаш дар он аст, ки ноболиғ на муқовимату маҷбур ва манъкунӣ, балки дастгирӣ ва фаҳмишро дар симои волидони худ ҳис кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲО

– Имрӯз соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии Отахон Латифӣ, рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик маҳфили ёдбуд баргузор мешавад. Вуруд ва иштирок озод аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2003 – Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон муҳлати қонунигардонии маблағҳои пулӣ барои шаҳрвандони кишвар муқаррар карда шуд.

Соли 2011 – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду халабон – шаҳрванди Русия В.Садовничий ва шаҳрванди Эстония А.Руденкоро бо гумони убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва вайрон кардани қоидаҳои нақлиёти байналмилалӣ боздошт карданд. Ин парванда бинобар вокуниши бузурги ҷамъиятӣ номи “Парвандаи халабонҳо”-ро гирифт.

Соли 2013 – Терминали марказии нақлиётии пойтахт (автовокзал) пас аз навсозии куллӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2020 – Дар ҷаласаи аввали Маҷлиси вакилони халқи пойтахт (даъвати шашум) шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои узвият ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1910 – Мавлуди Шариф Бобокалонов, оҳангсоз ва мутриби тоҷик.

Шариф Бобокалонов яке аз аввалин тарғибгарони мусиқии касбӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ дар таҳкими оркестри созҳои халқӣ ва рушди мусиқии миллӣ саҳми назаррас гузоштааст ва як қатор суруду асарҳои ӯ, аз ҷумла “Марши зафар”, “Конститутсияи мо”, “Шамшери бурро” ва “Қаҳрамон омад” то ҳол дар иҷрои гурӯҳҳои мусиқӣ садо медиҳанд.

Вай дар офариниши операи “Коваи оҳангар” (бо С. Баласанян) ва намоишномаи мусиқии “Сайл” (бо М. Светаев) саҳм гузоштааст ва муддате роҳбари ансамбли рубобнавозон буд.

Соли 1959 – Мавлуди Шариф Раҳимзода, директори пешини Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, собиқ раиси Бонки миллӣ ва вазири пешини рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро соли соли 1981  ва Донишкадаи молияи шаҳри Москваро соли соли 1986 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Соли 1993 чанд моҳ сармушовири президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ буд. Баъдан, аз соли 1993 то 2000 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст. Як сол раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2001 то соли 2006 сафири Тоҷикистон дар Белгия ва Фаронса, намояндаи  Тоҷикистон дар созмонҳои аврупоӣ, Юнеско ва НАТО буд. Солҳои 2006-2008 ҳамчун раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, солҳои 2008-2012 ҳамчун раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва солҳои 2012 -2015 ба ҳайси вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон кор кардааст.

Як давра, аз соли 2015 то соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2020 то моҳи марти соли 2025 директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд ва ҳоло бознишаста аст.

Соли 1918 – Мавлуди Эшонхон Нӯъмонов, доктори илмҳои химия, профессор.

Соли 1941 – Мавлуди Барот Мирзоев, физикдони тоҷик, профессор.

Соли 1959 – Мавлуди Гулбаҳор Мирзоева, нависанда ва коргардони филм.

Соли 1960 – Зодрӯзи Иқбол Завқибеков, оҳангсоз, навозанда ва мустанадсози тоҷик.

 

Иқбол Завқибеков мусиқии шарқӣ ва суннати шифоҳиро дар Институти ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода омӯхтааст. Ӯ дар навохтани бисёре аз созҳои суннатии дар Осиёи Марказӣ маъмул, монанди рӯбоб ё сетор соҳибистеъдод аст.

Иқбол Завқибеков аз соли 1979 барои бахши синамо мусиқӣ меофарад ва чандин мусиқии филмҳоро сохтааст. Аз ҷумла, ӯ яке аз навозандагони аслӣ барои тафсири мусиқии матни филми “Падари моҳтобӣ” аст. Аз соли 2004 узви Иттиҳодияи филмсозони Тоҷикистон аст.

Соли 1960 – Мавлуди Салими Хатлонӣ, шоир ва тарҷумони тоҷик.

 

Салими Хатлонӣ таҳсилкардаи Институти адабии ба номи М. Горкий буда, солҳои зиёд дар вазифаҳои масъули давлатӣ ва дипломатӣ фаъолият кардааст. Дар баробари адои вазифаҳои масъули хидматӣ, кори эҷодиро ҳамеша манзури назар доштааст. Эҷодиёти ӯ шомили ашъори гуногунмазмун буда, ашъори шоирони ҷаҳониро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Маҷмӯаҳои шеъриаш “Аз пушти борон”, “Сапедасори булӯр”, “Фарёдҳо бар ёдҳо”, “Балоғати нур”, “Шабу шабобу шароб”, “Дар гуҳарбори садаф” дар шеъри муосири тоҷик мавқеи муҳим доранд. Дар таҳқиқоти илмии худ осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозиро таҳлил намуда, китобҳои “Най дар тасаввури Мавлоно”, “Ишқ сарманшаъи такомули инсон”, “Рамзофаринӣ ва таҷассуми симои тамсилӣ дар осори Мавлоно” ва “Тасвирофаринӣ дар осори Ҷалолуддини Румӣ”-ро ба нашр расонидааст.

Соли 1977 – Мавлуди Сайнак Сайнаков, таърихнигор ва омӯзгори тоҷик.

Соли 1980 – Зодрӯзи Сӯҳроби Сафарзод, овозхони тоҷик, ки соли 2010 дар авҷи шуҳрат аз олам даргузашт.

 

Ӯ оғози солҳои 2000-ум рӯйи саҳнаи ҳунари тоҷик по гузошт ва то лаҳзаи марг овозхонӣ кард. Ин овозхон бо иҷрои сурудҳои сабки муинӣ дар миёни мухлисону ҳаводоронаш маъруфу маҳбуб гашта буд ва аз муваффақтарин хонандаҳои таронаҳои сабки Муин, овозхони эронӣ, дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Сӯҳроби Сафарзод дар тӯли фаъолияти эҷодии худ бо Шабнами Сурайё, Остони Азиз низ дуэт иҷро кардааст. Таронаҳои ӯ, “Шабҳо”, “Дорӣ нигоҳ”, “Ёди ту”, “Панҷара”, “Ту азизи диламӣ” дар миёни шунавандагону мухлисон аз маҳбубияти вижае бархӯрдоранд.

Соли 1988 – Зодрӯзи Шаҳбоз Шосаидзода, сиёсатмадори тоҷик, ҳуқуқшинос, вакили парлумон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии муқовимат бо сензураи интернетӣ таҷлил мешавад, ки бо ибтикори созмонҳои байналмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” ва “Афви байналмилалӣ” таъсис ёфтааст.

 

Фаъолони ин ҳаракат назорат кардани корбарони шабакаҳо, сомонаҳо ва блогҳои ҳомии ҳуқуқро ҳамчун фишор ба ҷомеаи ҳуқуқӣ ва озодиҳои мавҷуда арзёбӣ мекунанд.

12 марти соли 1832 дар балет бори аввал либоси бо номи “пачка” истифода шуд. Дар нахустнамоиши балети Жан Шнейсхоффер “Силфида”, ки дар Академияи шоҳии мусиқӣ ва рақс дар Париж баргузор гардид, дӯстдорони балет ин навовариро тамошо карданд.

 

“Пачка” тибқи тарҳҳои рассом ва тарроҳи машҳури фаронсавӣ Эжен Ламӣ дӯхта шуда буд. Дар ин балет нақши асосии “духтари ҳаво”-ро Мария Талони, балеринаи бузурги итолиёвӣ, ки ба рушди балети классикӣ таъсири назаррас расонидааст, бозид.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии ананас аст. Ин меваи ширину андаке турш дар дастурхони бисёр кишварҳо мавқеи хоса дорад. Олимон онро ба гурӯҳи дақиқи растаниҳо дохил карда натавонистаанд, аммо аксарият онро ба меваҳо мансуб медонанд.

Зодгоҳи ананас Бразилия буда, аз ин кишвар ба тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст. Ин растанӣ ба Аврупо соли 1493 тавассути Колумб ва ба Ҳиндустон соли 1548 расид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона аз 0-5º сард то 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 9-14º сард то 3-8º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -4+1º, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 2-4º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 12 ба 13-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд

0

Миҷгона Бобоҷонзода, муовини Ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен), ки ҳамзамон Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон буд, аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Нигора Муқимӣ ба ин мансаб таъин шудааст.

Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба додани ризоият барои ин тағйирот аз сӯи палатаи поёнии парлумони кишвар, имрӯз, 11-уми март қабул шудааст.

Сабаби барканории Миҷгона Бобоҷонзода ва ин ки ӯ мансаби дигаре гирифтааст, ё не, маълум нест. Ӯ аз соли 2021 дар ин вазифа кор мекард. Бобоҷонзода қабл аз расидан ба курсии омбудсмени кӯдак сармутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Нигора Муқимӣ қаблан дар вазифаи сардори раёсати муқовимат ба фасоди Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар кор мекард.

Ӯ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои расмӣ, фаъолияташро дар мақомоти Оҷонсии зиддифасод аз соли 2010 оғоз ва дар чанд раёсати муҳими ин ниҳод кор кардааст.

Ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак, дар Тоҷикистон соли 2016 таъсис ёфт ва вазифаи он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кудак мебошад. Роҳбари ин ниҳод як маротиба 5 сол таъин мешавад ва наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду муҳлат пай дар пай таъин карда шавад. Аввалин роҳбари ин ниҳод Раҷабмо Ҳабибулозода буд, ки то соли 2021 дар ин мақом кор кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд

0

Дар рӯзи дувоздаҳуми ҳамлаи Исроилу Амрико ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳу зерсохтҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна, Сипоҳи посдорони Эрон гуфт, бо кадом шарт ба нафткашҳои кишварҳо иҷоза медиҳад, ки аз тангаи Ҳурмуз гузаранд. Дар пайи ин, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Эронро ба зарбаҳои “20 баробар сахттар” таҳдид кард. Ин ва дигар ҳаводиси охири Эрону Исроил ва Ховари Миёнаро дар матлаби мо хонед.

 

Шарти Эрон барои убури нафткашҳо аз тангаи Ҳурмуз

Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи 10-уми март гуфт, “ҳар кишвари арабӣ ё аврупоие, ки сафирони Исроил ва Амрикоро аз хоки худ ихроҷ кунад, аз фардо ихтиёр ва озодии комили убур аз тангаи Ҳурмузро хоҳад дошт”.

Баъди ин гуфтаҳо,  Крис Райт, вазири энержии Амрико дар “Х” навишт, ки як нафткаш тавассути нерӯҳои дарёии Амрико ба тангааи Ҳурмуз гузашт. Ӯ пас аз чанде ин навиштаи худро пок кард.

Вале Каролин Левитт, сухангӯи Кохи Сафед, баъди ин навишта ба хабарнигорон гуфт, “нерӯҳои дарёии Амрико то кунун ҳеҷ киштиеро дар тангаи Ҳурмуз ҳамроҳӣ накардааст”.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар посух ба хабари убури нафткаши амрикоӣ тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз дар саҳифаи “Х”-и худ танзомез чунин навишт:

“Як нафткаш таҳти ҳамроҳии нерӯҳои дарёии Амрико аз тангаи Ҳурмуз убур кард? Шояд дар “PlayStation”(як бозии компютерӣ, шарҳи АП).

Ин дар ҳолест, ки қаблан, Доналд Трамп дирӯз дар фиристае дар шабакаи иҷтимоии худ – “Truth Social” таҳдид карда буд, ки “агар Эрон ҳар иқдомеро анҷом диҳад, ки ҷараёни нафт дар тангаи Ҳурмузро қатъ кунад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 20 баробар шадидтар аз ончӣ то кунун анҷом шудааст, ба Эрон зарба хоҳад зад”.

Дар посух ба ин таҳдидҳо, Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Трамп гуфт, “муроқиб бошед, ҳазф нашавед”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон

Зимнан, Сипоҳи посдорони мегӯяд, мудирияти пурраи тангаи Ҳурмузро дар даст дорад ва иҷозаи убури як литр нафтро ба Амрикову Исроил ва ҳампаймоёнашон аз ин гулӯгоҳро нахоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 11-уми март хабаргузории “Ройтерз” иттилоъ дод, ки ба 3 нафткаш, ки дар обҳои Халиҷи Форс қарор доштанд, ҳамла шудааст ва яке аз онҳо оташ гирифтааст. Аз куҷо ҳадаф қарор гирифтани ин киштиҳо маълум нест. Қаблан чанд киштии дигаре, ки пас аз огоҳии Сипоҳ талоши убур аз гулӯгоҳ карда буданд, ҳадаф қарор гирифта буданд.

 

Ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳои посухӣ ба Исроил

Дар ҳамин ҳол, шаби 10 ба 11-уми март низ Амрикову Исроил ба Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон зарба задаанд. Артиши Исроил шабона аз ҳамла ба Эрон, аз ҷумла ба чанд нуқтаи низомӣ дар Теҳрон ва Табрез хабар дода буд.

Хабаргузории эронии “Меҳр” аз ҳамла ба минтақаҳои маскунӣ дар шимоли Теҳрон гузориш дода, ҳамчунин гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо боғ, хонаи андешамандони улуми инсонӣ ва толори Фирдавсӣ дар ин шаҳр ҳадаф қарор гирифтааст.

Ҳамчунин, дар пайи ҳамла ба як бонки Эрон дар Теҳрон як корманди он кушта шудааст. Маркази “Хотам-ул-анбиё” гуфтааст, ки “амрикоиҳо мунтазири иқдоми мутақобил ва дардноки мо бошанд”. Ин марказ дар баёнияе ба “мардуми минтақа” ҳушдор додааст, ки “дар наздикии як киллометрии бонкҳо набошанд”.

Ҳамчунин, дар шаби гузашта Сипоҳи посдорон низ, аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна хабар дод. Артиши Эрон низ, мегӯяд шаби гузашта ба як маркази моҳвораии Исроил дар Тел-Авив зарба задааст.

Расонаҳои исроилӣ, аз мушоҳидани мушаку паҳподҳо дар осмони пойтахти Исроил хабар дода, аз раҳгирии чанд мушаку паҳпод дар хабар додааст.

Вале аз сабаби сонсури шадиди расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас намудани ахбори воқеъӣ аз дохили Исроил душвор аст ва хисороти ин ҳамлаҳо низ маълум нест.

Зимнан, имрӯз дар Теҳрон маросими видоъ бо чанде аз фармондеҳони аршади низомии Эрон, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил кушта шудаанд, шуруъ шуд.

 

4 дипломати Эрон дар Лубнон кушта шудааст

Ба иттилои расмии мақомоти Эрон, дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил дар умум беш аз 15 ҳазор тан маҷрӯҳ шудааст. Рӯзи 10-уми март Вазорати беҳдошти ин кишвар иттилоъ додааст, ки аз ин теъдод наздики 12,5 ҳазор тан дармон ва мураххас шудаанд.

Қаблан, Эрон теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Амрикову Исроилро 1 ҳазору 255 нафар эълон карда буд. Артиши Эрон низ, мегӯяд, ҷасади 84 маллоҳи новчаи “Дена” шиносоӣ шуда, 20 нафари онҳо то ҳол пайдо нашудаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна

Ҳамзамон, Эрон мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои се рӯзи пеши Исроил ба Лубнон 4 дипломатӣ эронӣ кушта шудааст. Дар ин бора Амир Сайид Ирвонӣ, намояндаи доимии ин кишвар дар номае ба дабири кулли СММ гузориш додааст.

Ӯ гуфтааст, ки ин дипломатҳо дар Бейрут дар меҳмонхонаи “Рамада” дар пайи ҳамлаи мушакии Исроил кушта шудаанд.

Қаблан “Ал-Ҷазира” аз ҳамла ба ин меҳмонхона ва куштаву захмӣ шудани чанд тан хабар дода буд.

Вале, артиши Исроил ду рӯз пеш иддао карда буд, ки як ҳамла ба панҷ фармондеҳи нерӯҳои Қудс, шохаи берунмарзии Сипоҳи посдорон анҷом додааст, ки гӯё дар як меҳмонхона ҷаласа доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати ҷанги Амрико низ, эълон кардааст, ки то кунун ҳудуди 140 сарбози амрикоӣ дар ҷанги ин кишвар зидди Эрон захм бардоштаанд. Ин ниҳод изҳор доштааст, ки “бештари ин захмҳо ҷузъӣ будаанд” ва то ҳол 108 нафарашон баъди беҳтар шудани саломатияшон ба хидмат баргаштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, 8 нерӯи низоми Амрико дар рӯйхати маҷрӯҳони вазнин қарор доранд.

Қаблан Фармондеҳии марказии Амрико эълон карда буд, ки дар 10 рӯзи ҷанг зидди Эрон 7 сарбози ин кишвар кушта шудааст.

Исроил бошад, то ин дам кушта шудани 11 тан дар пайи ҳамлаҳои Эрон ва 2 нафари дигарро дар пайи ҳамлаҳои “Ҳизбуллоҳ” тасдиқ кардааст. Ҳамчунин омори охири захмиён ҳам, дар ин кишвар аз 2,3 ҳазор нафар бештар аст.

 

Зиманан, Шаби гузашта Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон суҳбати телефонӣ анҷом дода, вазъи Ховари Миёнаро баррасӣ кардаанд ва Пизишкиён аз раисҷумҳури Русия барои кумакҳои инсондӯстона минатдорӣ баён кардааст. Ин дуввумим суҳбати онҳо пас аз ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон мебошад.

 

Вазъ дар дигар кишварҳои Ховари Миёна

Ҳамчунин, Ҳамчунин, шаби гузашта ва субҳи 11-уми март ҳамлаи Исроил ва Лубнон ва зарбаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна идома ёфтааст. Аз ҷумла, дар пайи ҳамлаҳои бомдоди 11-уми март дар ҷануби Бейрут таркиши шадид шунида шудааст. 

“Ҳизбуллоҳ” мегӯяд, чанд минтақаеро дар Исроил ҳадаф қарор додааст. Исроил низ аз ҳамла ба чанд нуқта, ки гӯё ба “Ҳизубуллоҳ” марбут буд, хабар додааст. Аз ҷумла, бомдоди 11-уми март Исроил мегӯяд, ба як анбори аслиҳаи ин гурӯҳ зарба задааст.

 

Дар пайи даргириҳои 9 рӯзи охир миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” беш аз 700 ҳазор нафар, аз ҷумла беш аз 200 ҳазор кӯдак аз Бейрут овора шудааст. Тибқи маълумоти ахир дар ин даргириҳо дастикам 570 нафар дар Лубнон кушта шудааст.

Ҳамчунин, шабонарӯзи гузашта пойгоҳҳои Амрико дар Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн ҳадафи ҳамлаҳои мушакиву паҳподии Эрон қарор гирифтаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?

Иморот иттилоъ додааст, ки рӯзи 10-уми март бо 9 мушак ва 35 паҳпод муқобила кардааст. Гуфта мешавад, 8 мушак раҳгирӣ ва яке аз онҳо ба дарё афтодааст. Инчунин, 26 паҳпод раҳгирӣ шуда, 9 паҳподи дигар суқут кардааст. Иморот мегӯяд, аз ағози даргириҳо аз сӯи Эрон ба ин кишвар 262 мушаки балистикӣ ва 1 ҳазору 475 паҳпод партоб шудааст.

Баҳрайн субҳи 11-уми март аз ба садо даромадани “бонги хатар” хабар дода, Арабистони Саудӣ мегӯяд, 6 паҳподро раҳгирӣ кардааст.

Пеш аз ин хабаргузории эронии “Форс” хабар дода буд, ки пойгоҳи Амрико дар шаҳри Даммом дар шарқи ин кишвар хабар дода буд.

Рӯзи гузашта дар шаҳри Давҳаи Қатар низ садои таркишҳо баланд шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, ки аз оғози даргириҳо дар Ховари Миёна, ки бо ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон шуруъ ва бо посухи Ҷумҳурии Исломӣ мувоҷеҳ шуд, то кунун беш аз 43 ҳазор шаҳрванди амрикоӣ минтақаро тарк кардаанд. 

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.