Home Blog Page 48

Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”

0

Имрӯз профессор Абдунабӣ Сатторзода, яке аз чеҳраҳои илму адабу сиёсати кишвар ва донишманди эътирофшуда ба синни 85 қадам гузошт. Мавсуф дар тӯли ин даҳсолаҳо на танҳо ҳамчун олими адабиётшинос ва муҳаққиқи мероси форсии тоҷикӣ, балки ҳамчун шахсияти фаъоли сиёсӣ ва дипломатӣ низ дар таърихи муосири Тоҷикистон нақши худро гузоштааст.

Сатторзода аз бунёдгузорони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар соли 1990 буд, дар солҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳайси узви Комиссияи муштараки оташбас фаъолият кард ва баъдтар чанд сол вазифаи ҷонишини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Дар баробари ин, ҳеч гоҳ аз илму эҷод канора нагирифт.

Имрӯз номи ӯ дар ҷаҳони илм бо пажӯҳишҳои арзишмандаш дар заминаи адабиёти форсии тоҷикӣ, мероси Рӯдакӣ, Бедил ва дигар абармардони адаб пайванд аст. Нахустин Ҷоизаи байналмилалии Абулмаъонӣ Бедил, ки соли ҷорӣ аз сӯи Бунёди Бедили Деҳлавӣ дар Теҳрон ба ӯ супурда шуд, эътирофи ҷомеаи байналмилалии илмӣ ба заҳамоти ӯст.

Ба муносибати рӯзи мавлуд бо профессор Сатторзода мусоҳибае доштем, ки дар он ӯ аз гузаштаи пурмоҷаро, аз дарсҳои ҷанг ва сулҳ, аз вазъи адабиёти имрӯз ва аз раванди миллатшавии тоҷикон сухан гуфт.

 

Руҷӯъ ба 85 сол

–  Дар 17-солагӣ дар Душанбе, дар 39-солагӣ дар Маскав, дар 44-солагӣ дар Кобул, дар 51-солагӣ дар миёни обу оташ, дар 54-солагӣ дар ҳукумат ва аз 23-солагӣ то ҳол дар хидмати адабиёт будед. Имрӯз 85-солагиатон аст. Ин син аз ҳамаи дигар синҳо аз чӣ ҷиҳат фарқ дорад?

– Фарқ дар он аст, “ҷавонӣ рафт” ва боақлтар шудем. Аммо ҳамаи марҳалаҳои ҳаётам, ки шумо онҳоро бо дақиқкорӣ баршумурдед, бароям азизанд ва ҳар як  лаҳзаҳои хотирмон ва ибратомӯзе доранд.

 

–  Шумо замони рукуд (солҳои 50-60), давраи бозсозӣ (солҳои 80), таъсиси давлати соҳибистиқлол ва ҷангу сулҳи тоҷиконро дидед. Агар ба ин 85 соли умр нигоҳ кунед, кадом давра барои Шумо вазнинтарин буд ва кадоме хуштарин?

Бар сари фарзанди одам ҳар чи ояд, бигзарад, гуфтаанд. Дуруст гуфтаанд. Замони рукуд ба солҳои ҷавонии насли мо рост омада буд, ки дӯст намедоштем. Муҳити иҷтимоии он солҳо нафасгирамон мекард. Аммо бо фаро расидани даврони гармои хрушевӣ, бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачевӣ фазо озодтар ва нафаскашиамон осонтару умедамон ба ояндаи нек бештар шуд. Ба ёд меорам, ки нахустин нишонаҳои озодӣ дар фазои илму адабиёт, ҷомеа ва сиёсат дар ҷумҳурии мо низ ҳамон даврон зуҳур намуданд.

Солҳои вазнинтарин ва нохушояндатарин солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд. Мардуми тоҷик дар муносибат бо ҳам мушкиле доштанд, аммо на ба дараҷае, ки бо ҳам ҷанг кунанд. Вақте ки музокироти сулҳи байни тоҷикон оғоз ва умед ба сулҳу оштӣ пайдо шуд, рӯзҳои хуше барои мардуми тоҷик буданд.

–  Устод Рӯдакӣ “Қасидаи шикоят аз пирӣ” навишт. Шумо тамоми умр осори варо таҳлил кардед. Оё пирӣ он чизест, ки Рӯдакӣ тавсиф кардааст, ё таърифи дигар дорад? Ва ё ҳамоно эҳсоси пирӣ надоред?

– Бояд бигӯям, ки дар тамоми адабиёти форсии тоҷикӣ мисли ин қасидаи ҳолияи дигаре дар зебоӣ нест. Қасидаҳои ҳолияи Носири Хусрав, ҳабсиёти Масъуди Саъди Салмон ва ғайра ҳастанд, вале дар ҳеч яке аз онҳо хушиҳои даврони ҷавонӣ ва мусибати даврони пирии инсон ба  дараҷае, ки дар қасидаи “Шикоят аз пирӣ”-и устод Рӯдакӣ ҳаст, баён нашудааст.

Аммо худи ман, баръакс. Ба гуфтаи устоди зиндаёд Лоиқ: “Ҳоло, ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист”. Солҳо мегузаранд, қонуни зиндагии одамӣ чунин аст. Муҳим он аст, ки ақлатон ҷавон бимонад.

 

Имрӯзи Сатторзода

Ҳоло ба чӣ кор бандед?

– Бо корҳое, ки тамоми умр машғул будам: бо мутолиа, таълиф, нақду баррасӣ ва таълим. Яъне, бо шуғли ҳамешагиам.

Чанде пеш ба аввалин Ҷоизаи байналмилалии адабии Абулмаъонӣ Бедил дар Эрон сазовор шудед. Ин қадрдонӣ барои кадом заҳамотатон буд?

Аз 8 то 15-уми январ дар Шашумин ҳамоиши байналмилалии Урси Бедил дар Теҳрон будам. Дар он намояндагони зиёда аз 20 кишвари дунё даъватӣ буданд. Аз Тоҷикистон камина ва ҳиндушиноси маъруфи тоҷик, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи аллома Бобоҷон Ғафуров профессор Замира Ғаффорзода ширкат доштем.

Рӯзи 13-уми январ баргузоркунандагон эълом доштанд, ки “шурои илмии муштараки Бунёди Бедили Деҳлавӣ ва Муассисаи таърих ва тамаддуни Шарқ бар он шудаанд, ки бо тарроҳии Ҷоизаи байналмилалии Абулмаъонӣ Бедил  ва эътои он ба ходимон ва пажӯҳишгарони бартари забон ва адаби форсӣ дар сарзаминҳои дигар маросими ҳақгузории худро иброз доранд”.

Бар ин асос нахустин давраи ин ҷоизаи муътабарро ба се донишманди хориҷӣ – Маҳмуди Қосимӣ (Ҳиндустон), Орифи Навшоҳӣ (Покистон) ва камина супориданд. Дар шаҳодатномае, ки ба исми банда аст, чунин омадааст: “Бо адои эҳтиром ба пешгоҳи тамоми устодон ва пажӯҳишгарони донишвари забон ва адаби форсӣ нахустин давра аз Ҷоизаи адабии Абулмаъонӣ Бедилро ба ҷаноби олӣ, ки даҳҳо сол аз умри муборакатонро ба кори мудавоми омӯзишӣ ва пажӯҳиши олимона ва ҷараёнсоз, ба муаррифӣ ва эҳёи гавҳарони беҳамтои ганҷинаи мероси форсӣ ихтисос додаед, тақдим медорем”.

 

Дар зимн, Шумо узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон ҳастед. Аз кори ин фарҳангистон ва нақши Сатторзода дар он ҳам сухан бигӯед. Метавон кори онро бо масалан, Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ муқоиса кард?

– Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ олитарин ва муътабартарин марҷаъи илмист дар соҳаи забон ва адаби форсии тоҷикӣ дар дунё. Муассисаи мазкур бо таълиф, нақд ва нашри асарҳои саромадон ва муосирон машғул аст ва то имрӯз силсилаи бузурги корҳои арзишмандеро анҷом додааст. Ду дафъа дар ҷаласаҳояшон иштирок доштам ва дар бораи “Усул ва меъёрҳои таълифи таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ” ва “Вазъи фарҳангнигорӣ дар Тоҷикистон” гузориш додам, ки хуш қабул карданд.

Тафовути асосии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ он аст, ки он ниҳоди мустақил буда, салоҳиятҳои бештаре дорад. Аммо Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ яке аз зерсохторҳои АМИТ аст, на ниҳоди ба сари худ мустақил…

Шумо ду панҷсолаи охир аъзои Раёсати Иттифоқи нависадагон будед, вале дар Анҷумани соли 2025 ба ин саф ворид нашудед. Чаро?

Ин чиз “чаро” надорад. Зеро пас ҳар анҷумани навбатӣ ҳайати Раёсат ва Садорат нав мешавад. Ҳанӯз ҳам узви Садорати нави Иттифоқи нависандагон боқӣ мондаам.

Соли 2015 ҳам ҳамин тавр чанд “пир”, аз ҷумла Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Худоӣ Шариф ва Саттор Турсун аз сафи Раёсати ИНТ берун монданд. Ба ин “таҷриба”-и роҳбарияти иттифоқ мавқеъ ва назари Шумо чист?

Ин ҷо ҳеч сиру асроре надорад. Тағйир дар ҳайат пас аз ҳар Анҷуман таомули муқаррарӣ аст. Ҳамчунин, кӣ мемонаду кӣ меравад, дар ихтиёри мо нест…

 

Адабиёт ва таснифи тоҷикиву форсӣ

Шумо фаъолияти корӣ, эҷодӣ ва илмиро бо адабиёт оғоз кардед ва пас аз тай кардани роҳи сиёсат ва дипломатия, боз ба адабиёт руҷӯъ овардед. Яъне, адабиёт “дӯсти ҷонӣ”-е буд, ки Сатторзодаро раҳо накард. Он чиро ки аз адабиёт бардоштед ва он чиро ки дар адабиёт гузоштед, Шуморо қонеъ мекунад?

– Аввало ин ки камина ҳам ҳеч гоҳ адабиётро раҳо накардаам. Ҳатто дар солҳое ҳам, ки дар сохторҳо давлатӣ фаъолият доштам. Агар як назари гузаро ба таърихи навиштаҳоям андозед, мебинед, ки хеле аз китобу маҷмуаҳоям ба солҳое рост меоянд, ки дар вазифаҳои давлатӣ будам, аз ҷумла “Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ” (2001), “Арасту ва назариёти форсии тоҷикӣ” (2002), “Адабиёти тоҷик (Барои синфи 8) (2009), “Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ” (2011) ва ғ.

Аммо масъалаи “қонеъ” чизи дигар аст: ман то ҳол аз адабиёт чизҳои нав дармеёбам ва ҳамоно мекӯшам, ки ҳарфи наве дар адабиёт гузорам.

Миёни адибон ва адабиётшиносон иборот ва истилоҳоти зиддунақиз баён мешавад – “адабиёти муштарак”, “адабиёти тоҷик” ва “адабиёти форс”. Адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ як адабиёт аст ё ду? Агар якест, “муштарак” чӣ маъно дорад? Ва осори Баҳору Турсунзода ва Лоиқу Шаҳриёр аз як адабиётанд ё ду адабиёт?

Истифодаи зидунақизи истилоҳот, хусусан, дар мавриди адабиёти гузаштаамон ду сабаби асосӣ дорад: яке, бехабарӣ ва ноогоҳӣ аз он; дигаре аз таассуби сиёсию мазҳабӣ. Худи бузургони адабиётамон ба забони ҳол омада, гуфтаанд, ки онҳо эҷодиёти хешро ба забони “форсӣ” (дарӣ, порсии дарӣ) навиштаанд.

Ҳатто устод Айнӣ дар “Ахтари инқилоб” (1923) дар нашри маҷмуаи шеърашон таъкид кардаанд, ки он “маҷмуаи ашъори инқилобии форсӣ” мебошад. Президенти муҳтарамамон ҳам дар як суханрониҳояшон махсус таъкид намуда буданд, ки то соли 1924 забони моро “форсӣ” мегуфтанд.

 

Хулоса, адабиёти гузаштаамон адабиёти форсист, ин ҳақиқати мутлақ мебошад ва ҳоҷати баҳс надорад.

Дар мавриди осори Баҳору Турсунзодаву Лоиқу Шаҳриёр ҳаминро бояд гуфт, ки сарчашмаи онҳо як аст, адабиёти форсии тоҷикӣ ва суннатҳои адабии онҳо. Аз ин ҷиҳат дар миёни навиштаҳои онҳо муштаракот зиёд аст, вале азбаски дар даврони нав ва навтарини таърих ва каме пештар аз он дар шароитҳои гуногуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул ёфтаанд, аз лиҳози тафаккури бадеии худ фарқ мекунанд. Аз ин сабаб онҳоро ба адабиёти муосири Эрон ва Тоҷикистон нисбат медиҳанд.

Зимнан, лозим ба таъкид аст, ки аз даҳсолаи охири асри гузашта марҳалаи имтизоҷи (синтези) адабиёту фарҳанги форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ оғоз шудааст.

Донишмандони дигар тоҷикӣ, форсӣ ва дариро “се пиёла чойе, ки аз як чойник рехтааст” медонанд. Шумо бо профессор Иброҳим Усмонов дар мавриди забону адабиёти тоҷикӣ ва форсӣ баҳсе доштед. Имрӯз дар ин маврид чӣ мегӯед ва мавқеатон ҳамоно пойбарҷост?

– Чуноне пештар гуфтам, адабиёти гузаштаамон форсӣ аст. Дар мавриди асли забон – бале, ҳар се “аз як чойник рехтааст”.

Аҳли адаби кишвар эътироф мекунанд, ки адабиёти имрӯзи тоҷик дар “хоби зимистона” аст. Ду пояи асосии насри имрӯзи мо – Кӯҳзод ва Сорбон бар ин назаранд ва ҳарду ҳам тарки қаламу қозағ кардаанд. Ҳатто Низом Қосим, роҳбари Иттифоқи нависандагон, гуфт, ки “дар 5 соли охир назму насри назаррас надидам”. Сатторзода чӣ дидгоҳ дорад? Барои чӣ ба ин рӯз расидем ва чӣ роҳи ҳал аст?

На, ин бардошт дуруст нест. Бо сароҳат бароятон арз мекунам, ки мо намунаҳои нағз ҳам дар шеър, ҳам дар наср ва ҳам дар нақд дорем. Вале дуруст аст, ки он намунаҳо кам мебошанд. Ин масъалаи дигар аст. То ҷое, ки ман иттилоъ дорам, назари устодон Кӯҳзод ва Сорбон аз он чизе, ки шумо мегӯед, андаке фарқ дорад. Сониян, раиси Иттифоқи нависандагон дар гузоришаш дар Анҷумани охири адибони Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки пешравиҳо дар ҳамаи навъҳои адабӣ ба назар мерасанд. Ҳоли адабиёти мо, агар аз инсоф нагузарем, чандон бад нест, вале, албатта, такмил ва рушди бештаре мехоҳад.

 

Пас бо вуҷуди “чандон бад нест”, чаро Лоиқу Гулназар ва Баҳманёру Афардии дигар ба майдони насру назм намеоянд?

– Ҳаминро набояд фаромӯш кард, ки ҳар рӯз дар адабиёт бузургоне мисли Лоиқу Гулназар, Баҳманёру Афрадӣ ба майдон намеоянд. 20 ё 30 сол фурсати кам аст, то бузургони дигаре дар замони истиқлол ба вуҷуд оянд. Ҷавонони умедбахш ҳастанд, мисли Толиби Луқмон, Озар, Баҳроми Раҳматзод, Фирдавси Аъзам, Сураё Ҳакимова, Сироҷиддини Икромӣ, Гулнози Тоҳириён, Абдумалики Абдуҷаббор ва дигарон.

Дар омади гап, ба баҳсҳое, ки ахир дар мавриди ҳарфи “ӯ” сар зад, чӣ назар доред? Ва Шумо ҷонибдори ба хатти форсӣ гузаштан ҳастед?

– Аз сарзадан ва идома ёфтани инчунин баҳсҳо хушам намеояд. Зеро ин баҳсҳо ба сабаби бемасъулиятии чанд ба ном забоншинос ба вуҷуд омадаанд. Ин чӣ тавр мумкин аст, ки “Фарҳанги имло” ба “Қоидаҳои имло” мувофиқат намекунад? Дигар ин ки аксари онҳое, ки ба ҳарфи “ӯ” муқобиланд, такя ба гӯишҳои маҳаллашон мекунанд, на ба адабиёти ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ.

Дар мавриди гузаштан ба хатти форсӣ, албатта, ман ҷонибдорам.

 

Нигоҳе ба ҷангу сулҳи тоҷикон

Шумо олими адабиётшинос будед, на марди низомӣ, на ҳуқуқшинос ва на дипломат. Заминаҳои ба сиёсат пайвастани Шумо чиҳо буданд?

– Касе, ки гумон мекунад, адабиёт ва адабиётшиносӣ ба сиёсат рабте надорад, иштибоҳи бузурге кардааст. Адабиёт бозтоби зиндагӣ ва ҷомеа мебошад ва дар зиндагӣ ва ҷомеа сиёсат рукни асосӣ аст. Ман он солҳо наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам.

 

Шумо дар ҳайати 10 тан муассиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (1990) будед. Мақсаду мароми Шумо бо таъсиси ҳизби сиёсӣ чӣ буд ва он то куҷо дуруст пиёда шуд? Дар омади гап, ҳоло узви ягон ҳизби сиёсӣ ҳастед?

Мақсаду мароми Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Барнома ва Оинномаи он ба таври муфассал баён гардидааст. Хоҳишмандон метавонанд ба онҳо муроҷиат кунанд. Демократҳои навбаромад, роҳбарони нав фаъолият ва қадамҳое бардоштанд, ки хилофи Оиннома ва Барномаи аввали ҲДТ буданд. Бино бар ин, ман пешниҳодҳои онҳоро барои ҳамкорӣ рад кардам, вале то ҳол ба таври расмӣ узви ҳамон ҲДТ аввала ҳастам.

Ҷанги шаҳрвандиро “таҳмилӣ” мегӯянд ва Шумо низ бар ҳамин назаред. Вале касе намегӯяд, ки он ҷангро кӣ таҳмил кард? Агар “таҳмилӣ” буд, чаро тоҷикон онро саривақт эҳсос накарданд ва ин ҷо гуноҳи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зиёиён, ки чароғи раҳнамо маҳсуб мешаванд, чӣ қадар аст?

– Дар бораи таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бори аввал президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ишора карда буданд. Тарафҳои даргири тоҷикӣ аз ин огоҳ буданд, вале бадбахтии онҳо дар он буд, ки ҳар яке аз дахолати бегонагон ба манфиати гурӯҳи худу минтақаи худ истифода мекарданд. Ин гуноҳи на ҷомеаи шаҳрвандӣ ва на зиёиён аст, ки то ҳол ба номаш вуҷуд доранд. Дигар он ки, мо ҳанӯз ҳам дар оғози раванди миллатшавии комили тоҷик ҳастем…

Русия, Эрон – ҳар яке манфиати худро доштанд. Кадомашон воқеан мехост тоҷикон ба сулҳ расанд, кадомашон танҳо нақш мебозиданд?

– Ҳамаашон, аз ҷумла Ӯзбекистон, пас аз он ки диданд, роҳи ягона дар сулҳ ва оштии миллӣ аст, ба раванди сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуданд ва СММ ба он сарпарастӣ кард.

 

– Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар Маскав аввалин чизе ки ба хотиратон расид, чӣ буд?

– Ман ба ҳайси узви Комиссияи муштараки оташбас дар Тоҷикистон, аз соли 1996 дар миёни оташу хун дар дохили Тоҷикистон будам. Бино бар ин, баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шукрона кардам, ки ба кишварамон фазои сулҳу оштӣ баргашт.

– Магар ҳама ҷанг танҳо барои тақсими курсӣ ва қудрат набуд?

– На, ин тавр шарҳу тафсир додани моҳияти ҳодисаҳои бисёр мураккаби солҳои 90-ум дар Тоҷикистон аслан дуруст нест, як назари зоҳирист.

Шумо дар замони ҷанг дар ҷабҳаи дигар будед, баъд солҳо дар ҳукумат кор кардед. Дар кадом ҷабҳа тавонистед “худӣ” шаведу дар куҷо не?

Вазъият инро талаб мекард ва ман ба тақозои замона амал кардам. Барои ман ҳамаи ҷабҳаҳо “худӣ” буд. Ду далел меорам барои қонеъ намудани шумо. Вақте ки ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ будам, синнам ба нафақа расид, раисҷумҳури кишвар аз тариқи телефон гуфтанд, ки “Абдунабӣ ду соли дигар кор мекунӣ ва баъд бо вазир Талбак Назаров баробар ба нафақа мебароӣ” ва ду соли дигар – то соли 2006 кор кардам. Далели дигар он аст, ки аз нафақа баромаданам як моҳ нагузашта буд, ки президент дар як маҷлисе дар Кохи Ваҳдат бароям гуфтанд, ки ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ба кор меравӣ. Ва банда 6 соли дигар вазифаи сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва робитаҳои иқтисоддии беруна будам. Агар маро бегона мешумориданд, чунин муносибат намекарданд.

–  Насиҳати Шумо барои насле, ки он ҷанги бародаркушро надиданд, чист?

Сабақҳои онро нағзакак омӯзанд ва аз он ибрат гиранд, то мардуми моро ҳеч қуввате ва қудрате барои баровардани манфиатҳои худ дигар нафиребад ва ба ҷанг накашад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Абдунабӣ Сатторзода: “Олами озодагӣ хуш оламест!”

 

Фароварди гуфтугӯ

Шумо 7 ҷилди “Баргузидаи навиштаҳо”-ро тартиб додед: мухтасар ин баргузидаҳоро муаррифӣ мекунед? Ва он идома меёбад ё на?

– Аз 7 ҷилд то имрӯз 5-тояш чоп шудааст. Ҷилдҳои 6 ва 7 аз соли 2021 то ҳол дар дасти сохторҳои АМИТ аст ва мунтазири нашр мебошад. Умед мекунам, ки то охири 85-солагии банда ба нашр хоҳанд расид. Дар мавриди “Баргузидаи навиштаҳо” танҳо як нуктаро таъкид карданӣ ҳастам, ки ҳамаашон дар заминаи адабиёт ва забон ҳастанд. Навиштаҳоям дар сиёсат, фарҳанг, дин ва ғайра ба ин 7 ҷилд дохил нестанд. Дар ҳамин рӯзҳо нашри дуюми китобам бо номи “Актуальные проблемы внешней политики Таджикистана”-ро Донишгоҳи миллӣ ба табъ расонд.

– Баргузидаи ашъори устод Лоиқро таҳия доштед: он чӣ шуд?

Дар фикри анҷом доданаш ҳастам.

Шахсан ба ашъори кадом шоир дил бастаед ва онро зиёд медонеду мехонед?

– Ман, ки пешаи адабиётшиносӣ ва нақдро интихоб намудаам, номи шоироне, ки дӯсташон медорам, бо зикри як ду ном ба охир намерасад.

– Аз байни ҳамаи дӯстону ҳамкорону ҳамовардону ҳамкасбонатон ба Шумо кӣ бештар таъсир расонд?

Устод Лоиқ ва ёронаш.

Коре буд, ки гуфтед: “Кошки инро ман карда будам”?

Хеле зиёданд… Кӯшиш дорам, ки онҳоро иҷро намоям.

–  Агар 85 солро дар як ҷумла, як байт ё як андеша хулоса кунед, чӣ мебуд?

– Бо андак густохӣ ва дахл ба шоҳбайти Саъдии бузургвор метавон гуфт:

Эй, ки ҳаштод рафту дар хобӣ,

Магар ин ҳаштрӯза дарёбӣ…

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?

0

Соли гузашта беш аз 2 млн 780 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади саёҳат, табобату таҳсил ва тиҷорат ба Ӯзбекистон рафтаанд, ки 2 млн 700 ҳазори он сайёҳ мебошанд. Дар ин бора Кумитаи омори Ӯзбекистон гузориш додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар соли 2025 ба Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 11,7 миллион сайёҳ ворид шуда, тоҷикистониён бо 2,7 миллион баъди Қирғизистон (3,3 млн) дар зинаи дуюм қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, соли гузашта 1 миллиону 117 ҳазору 800 шаҳрванди Ӯзбекистон ҳамчун сайёҳ вориди Тоҷикистон шудаанд. Ин теъдод беш аз 50% сайёҳони давоми сол ба Тоҷикистон омадаро фаро мегирад. Вале Оҷонсии омори Ӯзбекистон мегӯяд, соли гузашта 1,3 ӯзбекистонӣ ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон омдаанд.

 

Барои табобат, таҳсил ва тиҷорат

Тавре мақомоти Ӯзбекистон иттилоъ медиҳанд, теъдоди тоҷикистониёне, ки соли гузашта барои табобат ба Ӯзбекистон рафтаанд, 59 ҳазору 145 нафар аст. Ин ниҳод мегӯяд, соли гузашта аз ҳама бештар ба ин кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади муолиҷа рафтаанд. Соли 2025 ба Ӯзбекистон ҳамагӣ 86 ҳазору 199 нафар барои табобат рафтаанд.

Манбаъ менависад, ки соли 2025-ум барои таҳсил ба ин кишвар 2 ҳазору 904 тоҷикистонӣ рафтаанд. Ба иттилои ин ниҳод, Тоҷикистон миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бештар барои таҳсил ба ин кишвар рафтаанд, пас аз Ҳиндустон (17 241 донишҷӯ) ва Туркманистон ( 9 349 донишҷӯ) дар ҷои сеюм қарор гирифтааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст

Ҳамчунин, ниҳоди мазкур чанде пеш хабар дода буд, ки Тоҷикистон дар байни давлатҳое, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар мактабҳои олияш таҳсил мекунанд, пас аз Русия ҷои дуюмро касб кардааст. Ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон 6 ҳазору 39 донишҷӯи ӯзбекистонӣ таҳсил мекунанд.

Барои тиҷорат бошад, давоми як соли гузашта ба Ӯзбекистон 17 ҳазору 962 шаҳрванди Тоҷикистон сафар кардааст. Тоҷикистониён баъди шаҳрвандони Афғонистон (415 577) аз ҳама зиёд чун тоҷир вориди ин кишвар шудаанд. Соли 2025 ба Ӯзбекистон дар умум 446 ҳазору 800 нафар барои тиҷорат сафар карда буданд.

Бояд гуфт, баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон ва сафари давлатии ӯ дар соли 2018 ба Тоҷикистону имзои санадҳои нави ҳамкорӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муносибатҳои байни ду кишвари ҳамсоя беҳ ва марзҳо боз шуданд. Аз он ба баъд, муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, сайёҳӣ, иҷтимоъ ва иқтисод низ бамаротиб рушд карда, ҳамасола ҳазорҳо сокинон ба кишварҳои ҳамдигар бо ҳадаафҳои гуногун сафар мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар пойтахт озмуни “Зебосанами Душанбе – 2026” баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?

0

Дар Душанбе даври аввали интихобии озмуни "Зебосанами Душанбе – 2026" ("Miss Dushanbe – 2026") оғоз шуд. Қарори марбута дар ин хусусро Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба имзо расонидааст.

Ҳадафи баргузории озмун, ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, рушди соҳаи муд, дарёфт ва дастгирии чеҳраҳои нав, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ гуфта мешавад.

Он дар доираи чорабиниҳо ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ гузаронида мешавад.

Ҳоло интихоби даври аввал ҷараён дорад. Тавре ташкилкунандагони озмун ба “Азия-Плюс” хабар доданд, қабули дархостҳо то 1-уми марти соли равон давом мекунад. Интихоби довталабон дар бинои телевизиони "Душанбе" (кӯч. Теҳрон, 19/1) сурат мегирад.

Ба гуфтаи масъулон, ҳамарӯза барои ширкат ба озмун ё худ кастинг зиёда аз 20 духтар меоянд.

 

Киҳо метавонанд иштирок кунанд?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бо ин лабҳоят фардо, дар қабр намеғунҷӣ”. Интиқоди муфтии Тоҷикистон аз “ботокс”-у “татуировка”

Дар озмун духтарону занони шаҳри Душанбе аз 17 то 28-сола, бо қади аз 165 то 185 см ва вазни аз 50 то 70 килограм ширкат карда метавонанд.

Сарфи назар аз дархостҳои фосилавӣ (онлайнӣ), бонувон аз интихоби шахсӣ мегузаранд – мутобиқати онҳо ба маълумоти зикркардаашон, дарозии қад ва вазнашон бевосита бо ҳузури худашон санҷида мешавад.

Талаботи ҷудогона симои зоҳирии миллӣ аст. Тавре масъулони чорабинӣ гуфтанд, зери ин мафҳум зебоии табиӣ дар назар дошта шудааст.

Ба гуфтаи онҳо, истифодаи зиёди воситаҳои зебоӣ ва лабҳои калону ғафсшуда тавсия дода намешавад. Дар ҳамин ҳол, агар воситаҳо дуруст истифода шуда бошанд ва ба муназзамии симо халал нарасонанд, иҷозат дода мешавад.

Дар посух ба саволи миллати иштирокчиён, дастандаркорони озмун гуфтанд, ки ҷавонзан метавонад дурага ё худ метиска (падару модараш аз миллатҳои гуногун) бошад, вале доштани решаҳои тоҷикӣ аз шартҳои ҳатмии озмун аст.

Ба гуфтаи онҳо, шартҳои чорабинӣ ба талаботи озмунҳои зебоии байналмилалӣ асос ёфтааст.  

 

Даврҳои озмун

Озмун аз чор давр иборат аст.

Даври аввал, интихоби хурд ё мини-кастинг аст. Дар он занону духтарон дар бораи худ ва завқҳояшон маълумот дода, сабаби иштирок дар озмунро шарҳ медиҳанд ва аз намоиши сарулибос мегузаранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Намояндаи Тоҷикистон ба Гран-прии озмуни «Super Model International-2023» соҳиб шуд

Ҳайати ҳакамон на танҳо ба симои зоҳирӣ, балки ба тарзи пешниҳод, боварӣ ва маҳорату малакаи чӣ гуна худро дар саҳна нигоҳ доштани бонувон баҳо медиҳанд.

Даври дуюм, марҳилаи омодагии касбӣ аст. Бо иштирокчиёни ҳунармандон (актёрҳо) кор мекунанд.

Ба довталабон тарзи ҳунарнамоӣ дар саҳна, намоиши сарулибос, кор дар назди дастгоҳи наворбардорӣ ва дуруст муаррифӣ кардани худ омӯзонида мешавад.

Дар идома иштирокчиёнро суҳбати зеҳну дониш, иштирок дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва намоиши хотимавии симо ва сарулибос интизор аст. 

Озмун аз рӯйи се номина – "Miss Dushanbe" (Зебосанами Душанбе), "Miss Intellect" (Зебосанами зирак) ва "Miss Popular Choice" (Зебосанами маҳбуби дилҳо) гузаронида мешавад.

Дар бахши якум, ғолиб вобаста ба натиҷаҳои ҳамаи давраҳо – зебоӣ, роҳравӣ, истеъдод, пурсишу посух, муошират, рафтори саҳнавӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ интихоб мегардад. "Зебосанами Душанбе" чеҳраи пойтахт дар самти фарҳанг, зебоӣ, ҷавонӣ, муд ва тарроҳӣ мебошад.

Номинаи дуввум, ба иштирокчие дода мешавад, ки сатҳи баланди зеҳнӣ, забондонӣ, ҷаҳонбинии васеъ, фаҳмиши иҷтимоию қобилияти андешаронӣ ва малакаи суханронӣ дошта бошад. Баҳогузорӣ асосан тавассути қисмати "Пурсишу посух" ва фаъолиятҳои маърифатии иштирокчиён сурат мегирад.

Ғолиби сеюми номина аз ҷониби шаҳрвандон интихоб мегардад. Иҷроиши номинатсияи мазкур бо роҳи овоздиҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, SMS-паёмакҳо ва дигар шалҳои овоздиҳии электронӣ ба роҳ монда мешавад. Иштирокчие, ки бештар овоз мегирад, соҳиби унвони "Зебосанами маҳбуби дилҳо" мегардад.

 

Ҷоизаҳо

Фонди умумии озмун, 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба ғолиби озмун тоҷи тиллоӣ ва 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад. Ғолибони ҷойҳои дуввум ва сеюм, бо тоҷи тиллоӣ ва ҳар кадоме 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

 

Кадом ҳуҷҷатҳоро ба куҷо бояд супорид?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сабрина Зуҳурова барои муаррифии Тоҷикистон ба ҳафтаи мӯди Париж даъват шуд

Барои иштирок пурсишномаро пур кардан лозим аст. Дар он маълумоти шахсӣ – ному насаб ва номи хонаводагӣ, санаи таваллуд, маҳалли зист, маълумот барои тамос, дарозии қад ва вазни духтарону занон зикр мешавад.

Ҳамчунин, дар бораи таҳсил, ихтисос ва нақшаҳои рушди минбаъда, сатҳи донистани забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо маълумот талаб карда мешавад.

Дар пурсишнома инчунин, дар робита  ба иштирок дар озмуну чорабиниҳои мӯд, наворбардориҳои касбӣ ва лоиҳаҳои тиҷоратӣ, маҳорату малакаҳои ҳунармандӣ (актёрӣ), сатҳу дараҷаи овоз ва тарзи пешниҳоди худ дар саҳна маълумот дода мешавад.

Ба дархост, илова намудани акс бо қад ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда зарур аст.

Маълумоти муфассалро метавонед дар "Телеграм – канал"- и масъулини баргузории озмун дастрас кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд

0

Ҳайатҳои Эрон ва Амрико даври навбатии музокирот бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии исломиро баргузор карданд. Гуфтушунид рӯзи 26-уми феврал дар Женева бо раҳбарии Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси Амрико дар умури Ховари Миёна ва Ҷаред Кушнер, соҳибкори амрикоӣ гузашт.

Ин даври гуфтугӯҳо, ба навиштаи расонаҳо, ғайримустақим ва бо миёнҷигарии Бадр Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Уммон сурат гирифта, Рафаэл Гроссӣ, мудири Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ низ ба он пайвастааст.

Хабаргузории Axios навиштааст, ки ҷонибҳо дар ду давр, субҳ ва шом гуфтушунид кардаанд. Манбаъ гуфтааст, пас аз мулоқоти субҳ, Уиткофф ва Кушнер “норозигӣ” нишон доданд. Вале пас аз нишасти шом, як мақоми олии амрикоӣ ба нашрия афзудааст, ки гуфтушуниди тарафҳо “мусбат” гузаштааст. Вай тафсилот надодааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Аз музокироти Эрон ва Амрико истиқбол мекунем”. Мавқеи Тоҷикистон дар робита ба дидору гуфтугӯи Ароқчӣ ва Уиткофф

Аббос Ароқчӣ пас аз анҷоми музокирот дар нигоштае дар саҳифаи “Х”-и худ даври сеюми музокирот бо Амрикоро “фишурдатарин марҳила то кунун” арзёбӣ карда, гуфтааст, ки “гуфтӯгуҳо бо ин фаҳмиш ба поён расид, ки дар бораи мавзӯъҳои асосӣ барои ҳар гуна созиш, аз ҷумла бекор кардани таҳримҳо ва қадамҳои марбут ба соҳаи ҳастаӣ, ба таври ҷузъитар ва дақиқтар ба ройзаниҳо идома диҳем”.

Вазири корҳои хориҷии Уммон аз “пешрафти назаррасе” дар музокироти Эрон ва Амрико хабар дода, дар саҳифаи “Х”-и худ навиштааст, ки гуфтугӯҳои Эрон ва Амрико “пас аз машваратҳо дар пойтахтҳо”-и ду кишвар аз сар гирифта мешаванд.

Ҳамчунин, вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбат бо расонаҳо изҳор дошт, ки “пешрафти хубе” дар музокирот бо Амрико доштаанд ва ин “яке аз ҷиддитарину беҳтарин музокирот”-и тарафҳо будааст.

“Мо вориди баррасии ҷиддии унсурҳои як созишнома шудем – чӣ дар соҳаи ҳастаӣ ва чӣ дар мавриди таҳримҳо. Дар бораи баъзе масъалаҳо тафоҳумҳо хеле наздик шудааст. Албатта, ҳанӯз баъзе ихтилофи назарҳо вуҷуд доранд, ки ин табиист, аммо нисбат ба гузашта, ҷиддият бештаре дар ҳар ду ҷониб барои расидан ба як роҳҳалли музокирашуда мушоҳида мешавад”, – илова кардааст Ароқчӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯзи душанбе, 2-юми март, дастаҳои фаннии эрониву амрикоӣ дар шаҳри Венаи Утриш баррасиҳои коршиносии фанниро оғоз мекунанд, “то баъзе масъалаҳои фаннӣ дар чаҳорчӯби мушаххас танзим ва сипас бо талабот ва мулоҳизаҳои сиёсии ду тараф мутобиқ карда шаванд”.

Ароқчӣ афзудааст, ки даври баъдии музокироти Эрон ва Амрико дар тӯли як ҳафтаи оянда сурат хоҳад гирифт.

Амрикоиҳо дар ин маврид то кунун изҳори назари расмӣ накардаанд.

Теҳрон ва Вашнигтон дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон дар заминаи шиддат гирифтани муносибатҳои ду кишвар гуфтушунид мекунанд. Axios менависад, ки бисёре аз мақомҳои маъмурияти Доналд Трамп, президенти ИМА гуфтушунидҳои Женеваро ҳамчун охирин имконият барои дипломатия медонанд, пеш аз он ки Трамп тасмим гирад, ки ба Эрон ҳамла мекунад ё не.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем…” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод

0

Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд сабаби кашолкорӣ дар бунёди шаҳраки нави Сайҳун дар вилояти Суғдро камбуди маблағи буҷавӣ донист. Бо гузашти беш аз 10 сол аз оғози сохтмони шаҳрак, он то ҳол сохта нашуда, мушкили обу барқ, роҳ ва дигар инфрасохтори лозима ҳалли худро наёфтааст.

“Ях бастан”-и корҳои сохтмонӣ дар Сайҳун яке аз мавзуъҳое буд, ки аввали моҳи феврал дар нишасти матбуотии Раҷаб Аҳмадзода ба баҳс кашида шуд.

“Барои муҳайё кардани тамоми инфрасохтори лозима, аз ҷумла пайваст кардани хатти обу ташноб, барқтаъминкунӣ, оби нушокӣ маблағҳои зиёд лозим аст, ки мо дар буҷет чунин маблағи калон надорем. Мо бояд аввал камбудиҳое, ки ҳаст, бартараф кунем. Барои ҳалии мушкилоти шаҳрак лоиҳаҳо омода шуда, ба сармоягузорон пешниҳод шудааст ва боварӣ дорам, ки мо ин масъаларо ҳал мекунем”- , гуфт раиси вилоят дар посух ба суоли тақдири ояндаи шаҳрак.

Сайҳун бояд аввалин шаҳр дар вилояти Суғд мешуд, ки дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон бунёд мегардид. Зарурати бунёди он аз афзоиши назарраси аҳолӣ дар шаҳрҳои калонтарини вилоят пеш омад.

Шаҳри нав, ки барои 250 ҳазор нафар пешбинӣ шуда буд, бояд дар биёбони хушки Сомғор, 15 км дуртар аз шаҳри Хуҷанд бунёд мешуд. Дар ин шаҳр сохтмони 19 маҳалла, 17 мактаби миёна, 31 кӯдакистон, 140 маркази савдо ва хидматрасонӣ, 40 майдонча ва толори варзишӣ, терминали нақлиёти мусофирбар, бозорҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шаҳр, маҳалла, истгоҳи роҳи оҳан. Чаро дар Суғд иншооти ваъдашударо то ҳол насохтанд?

Илова бар ин, зиёда аз 1000 гектар замин дар назди шаҳри нав барои бунёди боғҳои мевагӣ бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ ҷудо шуда буд.

Соли 2015 ба сохтмони нахустин биноҳои бисёрошёна санги асос гузошта шуда, ду истгоҳи насоси об ба кор оғоз карданд.

Дар моҳи майи ҳамон сол, Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вақти вилояти Суғд, ки яке аз ташаббускорони сохтмони ин шаҳр ҳисобида мешуд, бо лоиҳаҳои биноҳои оянда шинос гардид. Ваъда дода шуд, ки иншооти нахустин то моҳи сентябри соли 2016 ба истифода дода мешаванд.

Вале то имрӯз шаҳр сохта нашудааст. Даҳҳо оилаҳое, ки барои рушди бахши хусусӣ ва бунёди боғҳо замин гирифта буданд, обу барқи онро бо харҷи худ гузарониданд. Бисёриҳо дар интизори инфрасохтори ваъдашуда хаста шуда, ҳама чизро партофта, аз он ҷо кӯч бастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?

0

Шаби гузашта, 26 ба 27-уми феврал, миёни Покистон ва гурӯҳи Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон соҳибанд, бори дигар даргирӣ рух дод. Ҳарду ҷониб ба чанд нуқоти низомии ҳамдигар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд.

Толибон ҳамлаи худро “амалиёти интиқомҷӯёна” ба ҳамлаи охири Покистон, ки шаби 21 ба 22-юми феврал ба вилоятҳои Нангарҳор ва Пактикои Афғонистон сурат гирифта буд, унвон кардаанд. Дар посух ба ҳамлаи онҳо шаби гузашта Покистон дар Кобул, Қандаҳор ва Пактиё таъсисоти низомии ин гурӯҳро мавриди ҳамла қарор додааст.

Ба навиштаи бахши дарии “Би-би-сӣ” Покистон иддао кардааст, ки дар пайи ҳамлаҳои шаби гузашта 133 узви Толибон кушта ва беш аз 200 тани дигар захмӣ шудааст. Аммо гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳо 8 низомии онҳо кушта ва 11 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Хабаргузории “Ому” навиштааст, ки дар пайи амалиёти Толибон 55 низомии покистонӣ кушта шудааст. Ин гурӯҳ инчунин, иддао кардааст, ки 19 посгоҳи низомии Покистонро тасарруф кардааст.

Санҷидани ин омор аз манбаъҳои мустақил ва дар змоне, ки даргирӣ идома дорад, имкон надорад.

Даргирии ахир миёни ин ду кишвар аз он шуруъ шуд, ки Покистон шаби 21 ба 22-юми феврал ба Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод ва онро посух ба ҳамлаҳои интиҳории ахир дар Покистон хонда буд.

Толибон гуфтанд, ки дар ин ҳамлаҳо даҳҳо нафар, аз ҷумла, занону кӯдакон кушта шуданд ва таъкид карда буданд, ки ба ин ҳамлаҳо “дар замони муносиб посухи ҳисобшуда” хоҳанд дод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз умқи роҳбурдӣ то таҳдиди роҳбурдӣ. Омили даргирӣ миёни Покистон ва Толибон чист?

Вале, вазорати иттилооти Покистон гуфта буд, нерӯҳои ҳавоии онҳо дар иқдоми интиқомҷӯёнае “7 урдугоҳ ва махфигоҳҳо”-и гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП)* ва гурӯҳҳои марбут ба ДОИШ-и Хуросонро* дар минтақаҳои марзии Покистон ва Афғонистон ҳадаф қарор додаанд. Онҳо иддао карда буданд, ки ҳамлаи онҳо ба урдугоҳ ва махфигоҳи шибҳанизомиёни наздик ба марзи Афғонистону Покистон сурат гирифта буд.

Бояд гуфт, Исломобод Толибонро ба паноҳ додани гурӯҳҳои террористии покистонӣ, аз ҷумла, ТТП муттаҳам мекунад ва мегӯяд, онҳо аз хоки Афғонистон барои ҳамла ба Покистон истифода мекунанд. Толибон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021 дар манотиқи марзии Афғонистон ва Покистон борҳо даргириҳо рух додааст, аммо нақзи ҳарими ҳавоӣ дар умқи қаламрави Афғонистонро як сатҳи дигари таниш арзёбӣ мекунанд.

Афғонистон ва Покистон бо ҳам наздики 2 ҳазору 600 киллометр марзи муштарак доранд ва миёни онҳо борҳо задухурд сурат гирифтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудаааст.

“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад

0

Дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд (Tashkent Grand Slam 2026), ки имрӯз, 27-уми феврал дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон оғоз шуда то 1-уми март идома мекунад, Тоҷикистонро 17 ҷудокор (13 мард ва 4 зан) намояндагӣ мекунад.

Федератсияи байналмилалии ҷудо иттилоъ додааст, ки дар ин мусобиқа то рӯзи оғози он 370 варзишгар (209 мард ва 161 зан) аз 39 кишвар сабтином шудаанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқоти мазкур, ба иттилои телевизиони “Варзиш”, паҳлавонони зерин муаррифӣ мекунанд:

– Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ҳарду дар вазни то 60 кг;

– Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов ҳарду дар вазни то 66 кг;

– Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф ҳарду дар вазни то 73 кг;

– Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев ҳарду дар вазни то 81 кг;

– Умар Расулов, Музамир Каримзода ҳарду дар вазни то 90 кг;

– Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов ҳарду дар вазни то 100 кг;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд

– Некрӯзшоҳ Некбахтзода дар вазни +100 кг;

– Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг;

– Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг;

– Александра Кан дар вазни то 57 кг;

– Виктория Киселёва дар вазни +78 кг;

Дастаи Узбекистон – бо шумораи аз ҳама зиёд – 55 нафар (28 мард ва 27 зан) иштирок мекунанд.

Дар “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд варзишгарон ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёз дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо ва ҷоизаҳои молӣ хоҳанд шуд.

Барандаҳои медали тилло дар ҳар як вазн 5000 евро, ҷойҳои дуюм 3000 евро ва зинаҳои сеюм 1500-евроӣ ба даст меоранд.

Ҷудокорони тоҷик соли гузашта аз ин мусобиқа медал гирифта натавониста буданд. Соли 2024 бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Tashkent Grand Slam соҳиби як медали тило шуда буд. Ин медалро Эмомалӣ Нуралӣ дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило миёни мардон ба даст оварда буд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд

0

Дирӯз, 26-уми феврал дар шаҳри Лондон нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” баргузор гардид, ки дар кори он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ иштирок кардааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон дар ин нишаст ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ шуда, дар мавриди густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, таҳкими робитаҳо дар соҳаи амният гуфтугӯ сурат гирифтааст..

Ба гуфтаи ин ниҳод, Сироҷиддин Муҳриддин изҳор доштааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Бритониё дар соҳаи иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм дар солҳои ахир “тамоюли мусбат касб кардааст”.

“Баргузории нишасти мазкур бозгӯи иродаи қавии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими шарикии созанда бо Британия Кабир ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад”, – гуфтааст вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон.

Ин ниҳод гуфтааст, ҳамзамон, аҳамияти талошҳо дар самти пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим, пешбурди ташаббусҳои обу иқлим ва муколамаи байнифарҳангӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин, дар ҳошияи ин нишаст, машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор гардидааст, ки дар кори он роҳбарони ду вазорат ширкат кардаанд.

ВКХ Тоҷикистон мегӯяд, дар машваратҳо ҷонибҳо атрофи дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кардаанд

“Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, робитаҳои иқтисоди-тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, инчунин рушди муносибатҳо дар соҳаҳои маориф, иқтисодию тиҷоратӣ, илм, фарҳанг, ва муҳоҷират зоҳир гардид”, – навиштааст манбаъ.

Ба таъкиди ин ниҳод, ҷонибҳо масъалаҳои бисёрҷонибаро, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, муҳокима намуда, омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда дар чаҳорчӯби ин сохторҳо иброз доштанд.

Ҳамчунин, дирӯз Сироҷиддин Муҳриддин дар вохурии якҷояи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раис ва аъзои ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барои Осиёи Марказӣ ширкат кардааст.

Ӯ иштирокчиёни вохӯриро бо авлавиятҳои Тоҷикистон ва равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ шинос карда, аҳаммияти робитаҳои байнипарлумонӣ барои густариши ҳамкориҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Подшоҳии Муттаҳидаро таъкид кардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ташрифи котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ ба Душанбе

Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Британия 15-уми январи соли 1992 барқарор шуданд.

Бори аввал, моҳи апрели соли 2024 Дэвид Кэмерон, вазири вақти корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир дарр доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омад ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ва Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот карда буд.

Тибқи маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон  ҳаҷми умумии гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2024 зиёда аз 12 миллион доллари ИМА арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин, моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Лондон Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он доираи васеи ширкаткунандагон аз зумраи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии кишвар, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷаҳон – дар маҷмуъ зиёда аз 250 нафар, иштирок карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми сию шашуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?

0

Оҷонсии омори Тоҷикистон дар бораи буҷети хонаводаҳо бо такя ба маълумоти соли 2024 гузориши нав нашр кард (худи гузориш соли 2025 чоп шуд). Дар ҳуҷҷат доир ба даромади оилаҳо дар Тоҷикистон, ба куҷо сарф шудани пул дар шаҳру навоҳӣ муфассал маълумот дода мешавад.

Хулосаи асосӣ: афзоиши хароҷот идома дошта, қисмати асосии буҷети хонавода ба маҳсулоти хӯрокворӣ сарф мешавад.

Даромад зиёд шуд, аммо хароҷот низ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Омор зидди ҳамён. Даромади аҳолии Тоҷикистон зиёд мешавад, вале сифати зиндагӣ беҳтар не

Тайи солҳои ахир даромади аҳолӣ ба таври назаррас афзуд. Агар соли 2017 ба ҳар як узви оила ба ҳисоби миёна 329,68 сомонӣ дар як моҳ рост меомад,  пас дар соли 2024 ин рақам то 1110,42 сомонӣ афзуд, ки беш аз се баробар зиёдтар аст.

Аммо қариб ҳамаи ин даромад ба хароҷоти ҷорӣ масраф мешавад. Соли 2024 оилаҳо ба як нафар ба ҳисоби миёна 1108,16 сомонӣ дар як моҳ харҷ мекарданд, яъне барои ҷамъ кардани пул чизе намемонд.

Асосан ба ғизо сарф мешавад

Соли 2024 ба як нафар дар оила 570 сомонӣ дар як моҳ рост меомад, ки зиёда аз нисфи ҳамаи хароҷот аст (51,3%) аст. Барои муқоиса, соли 2017 хароҷот ба ғизо 162 сомониро ташкил медод, яъне давоми ҳафт сол он беш аз 3,5 баробар афзуд. Чунин болоравӣ натанҳо ба афзоиши даромади аҳолӣ, балки ба гароншавии маҳсулот низ вобаста аст.

Агар ба сохтори хароҷот ба ғизо дар соли 2024 назар андозем, аз ҳама бештар пул ба нон ва маснуоти нонӣ – 30,9%, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ – 24% сарф шудааст. Қисмати назарраси даромад ба харидории равғани растанӣ (8,2%) ва сабзавот – 7,8% рост меояд. Дар ҳамин ҳол, моҳӣ ва истеъмол дар муассисаҳои хӯроки умумӣ дар хароҷоти оила ҳиссаи ҳадди ақалро ташкил медиҳанд.

Маҳсулоти ғайриозуқа ва хидматрасониҳо

Зинаи дуюмро дар буҷети оилаҳо маҳсулоти ғайриозуқа – либосу пойафзол, техникаи маишӣ ва дигар харидҳо касб кардаанд. Соли 2024 35,6%-и ҳамаи хароҷот ё каме бештар аз 395 сомонӣ барои як нафар дар як моҳ ба онҳо рост омадааст.

Ба пардохти хидматрасониҳо оилаҳо 12,2%-и хароҷотро равона кардаанд, ки ба ҳисоби миёна 135,6 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад. Аз ҳама бештари маблағ дар ин категория ба хидматрасониҳои манзилию коммуналӣ – 28,6% аз ҳамаи хароҷот масраф шудааст. Дар идома хароҷот ба нақлиёт  15,3%, алоқа – 15% ва хидматрасониҳои тиббӣ – 6% қарор доранд.

Шаҳру деҳот: фарқият назаррас аст

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Маоши миёна дар Тоҷикистон чӣ қадар аст ва бо он чӣ метавон харид?

Дар гузориш фарқияти ҷиддӣ миёни хонаводаҳои шаҳру деҳот ба назар мерасад. Соли 2024 даромад ба ҳисоби миёна ба як нафар 1401 сомонӣ дар як моҳро ташкил медод, дар ҳоле, ки дар деҳот он ба 934 сомонӣ баробар буд. Мутаносибан дар шаҳрҳо хароҷот ҳам баландтар аст: ба ҳисоби миёна – 1374 сомонӣ дар шаҳр ва 937 сомонӣ – дар деҳот.

Дар ҳамин ҳол, сохтори хароҷот фарқ мекунад. Дар шаҳрҳо ҳиссаи хароҷот ба ғизо баландтар буда, 54% ва дар деҳот – 47%-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар деҳот ҳиссаи маҳсулоти ғайриозуқа баланд – 59% ва дар шаҳрҳо – 32% аст.

Солҳои охир хароҷот чӣ гуна тағйир ёфт

Дар муқоиса бо соли 2023 ҳаҷми умуии хароҷот қариб тағйир наёфтааст. Аммо хароҷоти оилаҳо ба ғизо афзуда, ба маҳсулоти ғайриозуқа ва хидматрасониҳо камтар шудааст.

Ин метавонад маънои онро дошта бошад, ки болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ оилаҳоро маҷбур месозанд, ки пулро ба фоидаи  қонеъ сохтани талаботи заминавӣ тақсим кунанд.

Сокинони кишвар чӣ мехӯранд?

Дар соли 2024 ба ҳисоби миёна ба як нафар ба ин миқдор ғизо рост меомад:

Сокинони шаҳр бештар гӯшту нон ва сабзавот истеъмол намуда, дар деҳот истеъмоли шир нисбатан зиёдтар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.