Home Blog Page 49

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 85-солагии Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва мунаққиди маъруфи тоҷик маҳфили илмию адабӣ баргузор мегардад.

Адибону олимон дар бораи шахсият ва осори Абдунабӣ Сатторзода суҳбат мекунанд. Вуруд озод аст.

– Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд (Tashkent Grand Slam 2026) оғоз шуда, то 1-уми март идома мекунад. Тоҷикистонро 17 ҷудокор (13 мард ва 4 зан) намояндагӣ мекунанд. Барандаҳои медали тилло дар ҳар як вазн 5000 евро, ҷойҳои дуюм 3000 евро ва зинаҳои сеюм 1500-евроӣ ба даст меоранд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2008 – Бо фармони президент, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат ба ду сохтори алоҳида ҷудо карда шуд: Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Соли 2008 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон”-ро қабул кард.

Соли 2017 – Байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна созишнома ба имзо расид.

Соли 2018 – Лигаҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе Ёддошти ҳамкориро имзо карданд.

Соли 2018 – Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли орд фаъол гардид.

Соли 2020 – Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ Сезин Синаноглуро ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон таъйин кард.

Соли 2023 – Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон таъсис ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1941 – Мавлуди Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Абдунабӣ Сатторзода, ки яке аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон ва донишмандони варзида дар бахши адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ аст, имрӯз 84-сола шуд.

Ӯ пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома додааст.

Фаъолияти кориашро соли 1963 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистоноғоз карда, баъд ҳамчун аспирант, устод ва мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик то соли 1993 давом додааст.

Дар ин фосила як муддат мудири шӯъбаи нақди адабии маҷаллаи “Садои Шарқ”, докторанти Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ва устоди Донишгоҳи Пуҳантуни Кобул буд.

Абдунабӣ Сатторзода яке аз таъсисдиҳандагони Ҳизби демократи Тоҷикистон буд ва дар музокироти сулҳи байни тоҷикон иштирок кардааст.

Ӯ 17-уми марти соли 1999 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин гардид ва дар ин вазифа то 30-юми январи соли 2006 кор кард. Солҳои 2006-2012 сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои иқтисодии берунаи Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон буд. Вай аз соли 2012 то 2023 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ кор кардааст.

Пиромуни рӯзгору раҳоварди ин адабиётшинос ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик дар матлаби Абдунабӣ Сатторзода: “Ман гунаҳкори гунаҳнокардаам!” мутолиа кунед.

"Азия-Плюс" соле пеш ба муносибати 84-солагии Абдунабӣ Сатторзода мусоҳиба орост, ки инҷо мутолиа кунед: Абдунабӣ Сатторзода: “Олами озодагӣ хуш оламест!”

Соли 1943 – Зодрӯзи Зайниддин Мусоев, географи тоҷик.

Соли 1963 – Зодрӯзи Гули Зард (Зардова Гулӣ), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Гули Зард, ки номи аслиаш Гулӣ Зардова буда, бо ин тахаллус эҷод мекард, чанде пеш, 9-уми декабри соли 2025 дар 62-солагӣ даргузашт. Ӯ аз зумраи қаламкашоне буд, ки мавзӯи аслии эҷодиёташ иҷтимоиёт, масоили хонаводагӣ, қисмати занону духтарон ва ҳуқуқи онҳо буд.

Ӯ шуъбаи филологияи руси факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм карда, ҳамчун омӯзгор фаъолияти худро оғоз ва баъдан дар шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ кор кардааст. Чанд соли охир ҳамчун хабарнигори мустақил фаъолият дошт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳояшро нашр мекард.

Соли 2018 Гули Зард барои муҳтавои китобаш – “Бодоми шириндона” ба далели тарғиби “ишқи бадахлоқона ва бисёрзанӣ” ва “коҳиши завқи эстетикиву этикии хонандагон” аз сафи Иттифоқи нависандагон хориҷ карда шуд.

Шӯрои наср ва нақди адабии Иттифоқ асарҳои ӯро “хилофи қонун ва арзишҳои ҷомеаи суннатӣ” унвон дода буданд.

Аммо худи Гули Зард иддао карда буд, ки сабаби ихроҷаш интиқод аз роҳбарият ИН ва талаби истеъфои он будааст.

Гули Зард бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ даҳҳо қиссаву ҳикоя эҷод ва таълиф кардааст. Аз ҷумла, “Дард”, “Бодоми шириндона”, “Ашки аҷал”, “Хазонрези орзуҳо”, “Худойдод”, “Ҳамели андешаҳо”, “Табассуми иқбол”, “Ишқи духтари пистафурӯш”, “Модаргург” аз ҷумлаи таълифоти Гули Зард мебошанд. Ӯ муаллифи чандин шеърҳо низ аст.

Соли 1969 – Зодрӯзи Зебо Давлатшоева, рассом.

Соли 1974 – Мавлуди Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев, писари Асланшо Раҳматуллоев, ҳунарпешаи саршиноси тоҷик ва Гулчеҳра Раҳматуллоева буда, соли 1974 ба дунё омадааст. Соли 1996 шуъбаи драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси ҳунарпешаи драма ва кино хатм кард.

Шуҳратшоҳ дар даҳҳо филмҳои тоҷикӣ ва хориҷа, аз ҷумла, филмҳои “Муҳаббат” ва “Афсарон” ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳоло дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский ба ҳайси ҳунарманд фаъолият дорад.

Соли 1982 – Малика Собирова, ҳунарпешаи балет, раққоса, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ дар синни 39-солагӣ аз олам даргузашт.

Малика Собирова, ки аз ӯ ба унвони ситораи дурахшон, марвориди Шарқ ном мебаранд, рамзи балети тоҷик дониста мешавад. Ӯ унсурҳои рақси классикӣ ва миллии тоҷикро моҳирона ба ҳам пайваст. Ба туфайли истеъдоди барҷастаи ҳунарпешагӣ ва техникаи моҳиронааш ӯро муяссар шуд, ки дар саҳнаи театр мақоми шоиста пайдо кунад.

Малика Собирова Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Вагановаи шаҳри Ленинградро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1963 то охири умр ҳунарпешаи Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ буд. Ба санъати ӯ аз ҷиҳати фасоҳат, дарки амиқи олами ботинии образҳои саҳнавӣ ва техникаи олӣ баҳои сазовор додаанд.

Ӯ образҳои Одеттаи фидокор ва азиятдида, Одиллияи маккор ва дилфиреб, Лизаи ишвагар ва бепарворо дар саҳнаи театр офаридааст. Вай унсурҳои рақси классикӣ ва миллии тоҷикро моҳирона ба ҳам мепайваст. Ба туфайли истеъдоди барҷастаи ҳунарпешагӣ ва техникаи моҳиронааш ба М. Собирова муяссар шуд, ки дар саҳнаи театр мақоми шоиста пайдо кунад.

Вай балетҳои романтикии маъруф “Жизел”, “Шурале”, “Ромео ва Ҷулйетта”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Темурмалик”-ро иҷро кардааст. Собирова инчунин дар якчанд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, “1002 шаб” “Малика”, “Қиссаи шарқӣ” иштирок кардааст. Ҳоло Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии Тоҷикистон дар Душанбе ба номи Малика Собирова аст.

Соли 2004 – Бӯри Кимсанов, доктори илми химия, Ихтироъкори шоистаи Тоҷикистон дар 62-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ташкилотҳои ҷамъиятӣ (ғайриҳукуматӣ) аст. Ин ташаббусро Марсис Лиорс Скадманис, ки ҳангоми таҳсили ҳуқуқшиносӣ ба нақши ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, пешниҳод намуда буд. Онро “Эътилофи шаҳрвандии Латвия” дастгирӣ кард.

Соли 2012 он мақоми расмӣ гирифт, ва соли 2014 аввалин маротиба дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии хирси қутбӣ аст. Мақсади асосии ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи ин дарранда аст.

Шумораи тахминии онҳо дар ҷаҳон 20-25 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Хирси қутбӣ ба Китоби Сурхи Байналмилалӣ дохил шудааст.

27 феврали соли 1900 бошгоҳи футболи “Бавария” ташкил ёфт. Гурӯҳи футболбозон аз ҷамъияти гимнастикии Мюнхен, ки ба футбол таваҷҷуҳи кофӣ надоштанд, дар тарабхонаи “Гизела” ҷамъ омада, клуби футболи “Бавария”-ро таъсис доданд.

Имрӯз “Бавария” серунвонтарин дастаи футболи Олмон аст, ки 33 унвони чемпионӣ, 20 Ҷоми Олмон ва 6 пирӯзӣ дар Лигаи чемпионҳоро дар ҳисоб дорад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии хушбинон (оптимист) аст.

Пессимистон ва оптимистон – ду гурӯҳе ҳастанд, ки шартан ҳамаи одамонро метавон ба онҳо тақсим кард. Гурӯҳи аввал, пессимистон, дар муошират он қадар хушоянд нестанд, зеро онҳо майл доранд, ки дунёро дар рангҳои хокистарӣ бубинанд. Аммо ба оптимистон зиндагӣ хеле осонтар аст, зеро онҳо ҳаводиси муҳити атрофро бо эҳсосоти мусбат мепазиранд.

Таҳқиқот нишон додааст, ки одамони бо рӯҳияи мусбат камтар ба бемориҳо гирифтор мешаванд. Оптимистон дӯстони зиёд доранд ва ҳатто пессимистон ҳам онҳоро хуш мепазиранд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 4-6º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 31-33º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шабона тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 3-5º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 27 ба 28-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Натиҷагирӣ аз марҳалаи дуввуми лоиҳаи тақвияти ҳамкории котибони матбуотӣ бо рӯзноманигорон

0

Имрӯз, 26-уми феврал марҳалаи дуввуми лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО”, ки аз сӯйи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон амалӣ шуд, ҷамъбаст гардид.

Чорабинӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати Радослав Дарски, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Суҳроб Нуралӣ, сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон, Умед Бобохонов, директори кулли Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, роҳбарони созмонҳои рӯзноманигорӣ, котибони матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ ва рӯзноманигорону коршиносон баргузор гардид.

Умед Бобохонов зимни суханронии ифтитоҳӣ, аз аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ миёни марказҳои матбуотиву расонаҳо ва зарурати расонидани маълумоти сареъ ва боэътимод ба ҷомеа ёдовар шуд.

Ӯ таъкид кард, ки чунин ҳамкории муассир барои густариши иттилоърасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум нақши муассир дорад.

“Ҳадафи асосии Лоиҳа ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ миёни котибони матбуотӣ ва расонаҳо ҷиҳати инъикоси шоистаи кори ниҳодҳои давлатӣ ба ҷомеа ва ба ин васила, таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ ва боэътимод мебошад”,- гуфт директори кулли “Азия-Плюс”.

Радослав Дарски ба масъалаи ҳамкории котибони матбуотии вазорату идораҳои Тоҷикистон бо рӯзноманигорон ва расонаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, зикр намуд, ки “чунин ҳамкориҳо эътимоди мутақобиларо тақвият медиҳанд ва ба пешрафту рушди Тоҷикистон мусоидат мекунад”.

“Муҳим аст, ки котибони матбуот дар самти воситаҳои муосири муошират, саводнокии ВАО ва идоракунии бӯҳронҳо, ки ин масъалаҳо дар кори ҳаррӯзаи онҳо хеле муҳиманд, омӯзиш гирифтанд”, – гуфт ӯ.

Суҳроб Нуралӣ зикр кард, ки лоиҳаи мазкур ба котибони марказҳои матбуотӣ имкон фароҳам овард, то малакаҳои худро такмил дода, “заминаи мустаҳкам барои рушди минбаъдаи имкониятҳо дар самти такмили ихтисос, пешрафти нерӯи инсонӣ ва мубодилаи таҷрибаҳои муфид хоҳад гашт”.

Ба гуфтаи ӯ, чунин лоиҳаҳо дар чанд соли охир “ба майдони табодули таҷриба, муҳокимаи масъалаҳои мубрам ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд табдил ёфт”.

Сипас, Ҷасур Абдуллоев, роҳбари бахши тоҷикии “Азия-Плюс” натиҷаҳои татбиқи лоиҳаро муаррифӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳадафи асосии Лоиҳа ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ миёни котибони матбуотӣ ва расонаҳо ҷиҳати инъикоси шоистаи кори ниҳодҳои давлатӣ ба ҷомеа ва ба ин васила, таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ ва боэътимод мебошад.

Ба иттилои номбурда, марҳилаи дуюми лоиҳаи ду самти асосӣ дошт. Якум, давом додани машғулияту чорабиниҳо бо котибони матбуотии вазорату идораҳо, ки дар ин самт, зимни машғулияти серӯзаи беруназшаҳрӣ ва се машғулияти дигар дар дафтари “Азия-Плюс” аҳамият ва зарурати ҳамкории котибони матбуотӣ бо расонаҳо, истифода дуруст ва манфиатнок аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамоюлҳои нав, аз ҷумла ҳушвора (ҳуши маснӯӣ) баррасӣ шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Оғози марҳилаи дуввуми лоиҳаи тақвияти ҳамкории котибони матбуотӣ бо рӯзноманигорон

Ҳамчунин, зимни 5 сафари матбуотӣ ба ниҳодҳои давлатӣ котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон аз фаъолияти бахши матбуоти он ниҳод ва таҷрибаи ҳамкории самараноки он бо расонаҳо огоҳ шуданд.

Барои боз ҳам наздик кардани котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон 5 мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор шуд, ки зимни он масоили мубрами ҳамкорӣ ва дурнамои он дар фазои озоду дӯстона баррасӣ гардид.

Самти дуввум, омӯзиши котибони матбуотии ниҳодҳои давлатӣ дар минтақаҳо буд. Дар 5 машғулияти омӯзишие, ки барои котибони матбуотӣ дар минтақаҳои кишвар баргузор шуд, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ миёни маркази матбуотии ниҳоди давлатӣ дар минтақа бо расонаҳо, аз ҷумла расонаҳои сатҳи ҷумҳурӣ, истифода аз тамоюлҳои нав дар рӯзноманигорӣ ва кор дар шароити буҳронӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Шаҳло Акобирова, роҳбари созмони ҷамъиятии “Хома” аз нақши муҳими марказҳои матбуотӣ дар идоракунии ҷараёни иттилоотӣ суханронӣ кард. Ӯ аз афзоиши зиёди маводи бардурӯғ, нодуруст истифода бурдани зеҳни сунъӣ нигаронӣ кард.

Ӯ таъкид кард, ки марказҳои матбуотӣ танҳо сохтори техникӣ ё воҳиди исттилоърасонӣ нестанд. Онҳо пули эътимод миёни давлат ва ҷомеа мебошанд.

“Аз касбият ва шаффофияти фаъолияти марказҳои матбуотӣ сатҳи эътимоди шаҳрвандон ва сиёсати давлатӣ вобаста аст. Агар иттилоъ саривақтӣ дақиқ, ва дастрас бошад, фазои ҷамъият амн мебошад. Рисолати марказҳои матбуотӣ ин – таъмини дастрасии  баробар ба иттилооти расмӣ, вокунуши фаврӣ ба саволҳои ҷомеа, раоснаҳо ва пешгирӣ аз маълумоти носаҳеҳ мебошад”, – гуфт ӯ.

Дар идома, байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи “Барқи тоҷик” пешниҳод кард, ки дар кишвар Анҷумани котибони матбуотии Тоҷикистон таъсис дода шавад ва дар доираи он фаъолияти ҳамаи сухангӯйҳо тақвият дода шавад.

Ҳамчунин, Қосим Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик аз набудани воҳиди корӣ дар бархе аз вазорату идораҳои кишвар ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ нигаронӣ кард ва гуфт, ки дар замони фановариҳои навин ва бархурди тамаддунҳову ҷангҳои иттилоотӣ надоштани воҳиди кории сухангӯ ташвишовар аст.

Номбурда ҳамчунин, пешҳниҳод кард, ки марҳалаи сеюми ин лоиҳа амалӣ карда шуда, дар раванди машғулият ва чорабиниҳои он, рӯзноманигорон бештар ҷалб карда шаванд, то эътимод байни котибони матбуотиву журналистон боз ҳам мустаҳкамтар гардад ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳа аз ҳарду зовия баҳсу баррасӣ шавад.

Аксари ширкаткунандаҳо пешниҳод карданд, ки ин Лоиҳа идома дода шавад.

Дар охири чорабинӣ, ба котибони матбуотие, ки дар раванди татбиқи  марҳалаи дуввуми Лоиҳа фаъол буданд, гувоҳиномаҳо тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО”-ро “Азия-Плюс” бо дасгирии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон беш аз 7 моҳ  идома  ёфта, дар доираи он қариб 30 котиби матбуотӣ ба машғулиятҳои омӯзишӣ  ҷалб гардиданд. Ҳамчунин, беш аз 20 рӯзноманигорро ба мизҳои мудавваре, ки бо иштироки коршиносону котибони матбуотӣ баргузор шуданд, ширкат карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Оғози сабтиноми довталабон дар Маркази миллии тестӣ. Дар куҷо метавон ҳуҷҷат супорид ва бақайдгирӣ чанд пул аст?

0

Даври аввали бақайдгирии довталабон барои ширкат дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – 2026, рӯзи 2-юми март оғоз шуда, то 28-уми апрел идома мекунад. Ин ягона василаи дохилшавӣ барои хатмкунандагони макотиби кишвар ба макотиби олӣ аст.

Аз Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки имсол дар 43 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, 50 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру навоҳии дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ ташкил шудааст.

Бо суроғаи нуқтаҳои бақайдгирӣ дар ин пайванд метавонед шинос шавед.

Бояд гуфт, бақайдгирӣ дар ИМД дар 4 давра ва дар замони гуногун мегузарад.

Даври дуюми он аз 10 то 30-юми июн баргузор хоҳад шуд ва дар он довталабоне, ки дар даври аввал сабтином нашудаанд, метавонанд иштирок кунанд.

Даври сеюми бақайдгирӣ танҳо барои ҷойҳое, ки баъди ду давр холӣ мондаанд, баргузор мешавад. Он аз 29-уми август оғоз шуда то 10-уми сентябр идома меёбад.

Ва даври чорум танҳо барои шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил дар доираи ҷойҳои холӣ аст, ки аз 2 то 20-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.

Бояд гуфт, дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дилхоҳ сокини Тоҷикистон новобаста аз шаҳрвандӣ, ки хатмкарда ё хатмкунандаи синфҳои 9 ва 11-и мактаби миёна, муассисаҳои ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон ва ё хориҷ аз он аст, метавонад иштирок кунад.

 

Бояд дар хотир дошт, ки сабтином дар Маркази миллии тестӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ пулакӣ аст. Арзиши бақайдгирӣ барои хатмкарда ва хатмкунандагони синфи 11, муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  370 сомонӣ ва барои хатмкардаву хатмкунандаҳои синфи 9-ум 320 сомонӣ аст.

Иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ихтиёрист ва ҳеҷ кас наметавонад хатмкунандагонро ба ҳуҷҷатсупорӣ маҷбур кунад. Ҳамчунин, касе пеши роҳи ҳуҷаатсупории хоҳишмандон набояд бошад.

Аммо, ҳар сол бо оғози бақайдгирии довталабон ба ИМД, шикоятҳо аз маҷбуркунӣ дар баъзе макотиб барои ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази миллии тестӣ расонаӣ мешаванд.

Намояндагони ММТ мегӯянд, агар чунин ҳолат рӯй дод ва шумо бидуни хоҳиши худ аз қайди ММТ гузаштед, метавонед бо ариза ба марказ муроҷиат кунед. Пас аз санҷиши ариза хароҷоти раванди бақайдгирӣ дар ҳаҷми 30 сомонӣ нигоҳ дошта шуда, боқимондаи маблағ баргардонида мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 478 ҳазор донишҷӯ дар 10 сол. Маркази миллии тестӣ дар тӯли фаъолияташ чӣ кор кард?

Сабаби ҳуҷҷатсупории иҷбориро коршиносон ба коҳиши хоҳишмандони шомилшавӣ дар донишгоҳҳо рабт медиҳанд.

Аммо соли гузашта Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори ММТ ба “Азия-Плюс” сабаби аслии кам шудани довталабонро дар се соли охир ба коҳиши хатмкунандагон дар мактабҳо маънидод кард.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2023 теъдоди хамткунандагони синфи 11-ум 105 ҳазору 839 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 13 ҳазору 853 нафар (13%) камтар аст.

Номбурда илова кард, ки дар се соли охир теъдоди ками хатмкунандагони мактабҳо ба ММТ номнавис мешаванд: соли 2020 – 87,5 дарсад, соли 2022 – 73 дарсад, соли 2023 – 66 дарсад.

Аммо коршиносон сабаби асосии кам шудани довталабонро ба тартиби нави ҷалби ҷавонон ба артиш рабт медиҳанд ва мегӯянд, чун ҳамакнун даъвати магистрантҳо низ ба хидмати ҳарбӣ имконпазир шуд ва дар баъзе донишгоҳу донишкадаҳои кафедраҳои ҳарбӣ баста шуданд, омили таҳсил дар донишгоҳ барои фирор аз артиш дигар кор намедиҳад.

Бақайдгирӣ чӣ гуна мегузарад ва довталаб бояд чиро донад? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” пурра маълумот гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Беш аз 300 бурсия барои таҳсили ройгон дар хориҷа. Чӣ гуна тариқи “Дурахшандагон” метавон таҳсил кард?

0

Барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар имсол тариқи идрорпулии президентии “Дурахшандагон” 314 бурсия (квота) ҷудо гардидааст. Ҳуҷҷатсупорӣ барои дарёфти стипендия, 1-уми октябри соли гузашта оғоз шуда, то 1-уми апрели имсол идома мекунад.

Дар ин бора аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, соли равон ба довталабон зиёд аз 400 ихтисос, аз ҷумла дар бахшҳои тиб, биология, саноат, энергетика, молияву иқтисод, барномасозӣ, технология ва ғайра пешниҳод шудааст.

“Донишҷӯёни тоҷик тариқи ин барнома дар донишгогоҳҳои ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Британияи Кабир, Канада, Латвия, Кипр, Маҷористон, Чин, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои аврупоӣ таҳсил карда метавонанд”, – гуфтанд аз марказ.

Соли 2025 барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 бурсияи президентии “Дурахшандагон” ҷудо гардида, 96 ҷавон қабул шуда буданд. Ҳоло танҳо 90 нафари онҳо дар донишгоҳҳои хориҷ таҳсилро оғоз карда, ба гуфтаи марказ, 6 нафари дигар мунтазири гирифтани раводид ҳастанд.

 

Кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Масъулини ин ниҳод гуфтанд, ки номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои донишгоҳҳои кишварҳои гуногун метавонад фарқ кунад. Вале рӯйхати ҳуҷҷатҳои асосӣ инҳо мебошанд:

– нусхаи шиносномаи довталаб ва волидайн;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид

маълумотнома дар бораи доғи судӣ;

маълумотномаи тиббӣ;

маълумотномаи наркологӣ;

маълумотномаи ҳолати равонӣ (аз беморхонаи бемориҳои равонӣ);

маълумотнома дар бораи ВИЧ/СПИД;

тавсифнома аз ҷойи таҳсил, кор ё мақомоти дахлдор;

ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот (табели баҳо, аттестат ё диплом);

расид аз “Амонатбонк” (120 сомонӣ);

сертификати донистани забони хориҷӣ;

 – як сурати андозаи 3×4 см.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ” дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 пойтахт пешниҳод кунанд. Барои иттилои бештар метавонанд, тариқи рақамҳои зерин дар тамос шаванд: 223-23-59.

Ҳамчунин, эълони қабули довталабон ба донишгоҳҳои алоҳидаи хориҷӣ, тариқи саҳифаи фейсбуки ин ниҳод ҳамарӯза нашр мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд, аз он ҳам маълумот гиранд.

 

Ин чӣ гуна стипендия аст?

Идрорпулии президентии “Дурахшандагон” ба ҷавонони болаёқату боистеъдоди Тоҷикистон барои таҳсилу коромӯзӣ дар донишгоҳҳои олии хориҷ дода мешавад. Он аз ҳисоби фонди махсуси президенти Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Довталабон ҳамасола аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр кардани мутахассисон дар хориҷи кишвар, интихоб мешаванд.

Номгӯи касбу ихтисосҳо зарурӣ барои кишварро, Вазорати рушди иқтисод ва савдо муайян мекунад, вале марказ номгӯйи ихтисосҳоро нашр накардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз донишгоҳи Кингстони Британия то Пейси Амрико. Қиссаи чанд донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил мекунанд

Довталабон бо ин бурсия метавонанд дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ таҳсил кунанд. Вале шарти асосӣ ин аст, ки онҳо баъди хатми таҳсил ба Тоҷикистон баргашата, кор кунанд.

 

Шарту шароит чӣ гуна ва идрорпулӣ чанд аст?

Стипендияи “Дурахшандагон” ба довталабоне, ки ғолиб мешаванд, маблағи таҳсилу раводид, суғуртаи тиббӣ, иқомат дар хобгоҳ, роҳкиро ва ҳар моҳ 600 доллар идрорпулӣ пардохт мекунад.

Бояд гуфт, низомномаи ин стипендия донишҷӯёни тоҷикро уҳдадор мекунад, ки баъди хатми таҳсил панҷ сол дар ниҳоде, ки дархост гардида буд, фаъолият кунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 35

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми сию панҷуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Омор зидди ҳамён. Даромади аҳолии Тоҷикистон зиёд мешавад, вале сифати зиндагӣ беҳтар не

0

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тайи даҳ соли ахир даромади пулии аҳолии Тоҷикистон 6 баробар афзудааст. Оё ин маънои беҳбуди воқеии сатҳи зиндагии аксарияти шаҳрвандонро дорад ё танҳо рақамҳои холӣ дар ҳисоботи оморӣ ҳастанд?

Бино ба иттилои расмӣ, даромади умумии пулии аҳолӣ дар соли 2025 ба 165 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки аз омори даҳ сол пеш 6 баробар зиёд аст. Соли 2015 ин маблағ ба 26 млрд сомонӣ баробар буд.

Ҳамзамон, дар ин давра сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 32% то ба 19% коҳиш ёфтааст.

Инчунин, таъкид мешавад, ки дар натиҷаи татбиқи "Стратегияи миллии рушд то соли 2030" бояд дар панҷ соли наздик сатҳи камбизоатӣ то 10% коҳиш ёфта, ҳиссаи синфи миёна то 50% боло бурда шавад.

Барои дарки таъсири воқеии афзоиши даромадҳо ба сатҳи некӯаҳволии мардум муҳим аст донем, ки даромадҳои пулии аҳолӣ аз кадом манбаъҳо ташаккул меёбанд ва дар даҳ соли ахир чӣ гуна тағйир ёфтаанд.

 

Даромади пулии аҳолӣ аз чиҳо иборат аст?

Агар ба таври соддаву осон шарҳ диҳем, даромади аҳолӣ маҷмуи маблағест, ки мардум дар давоми як сол ба даст меоранд.

Манбаъҳои асосии даромади аҳолӣ инҳоянд:

– музди меҳнат;

– нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ;

– даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ;

– интиқоли маблағҳо аз хориҷа;

– дигар пардохтҳо ва воридот.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Рақамҳои зебо ва умедворкунанда, аммо мавриди шубҳаи коршиносон? Таҳлили вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025

Мо сарчашмаҳои асосии даромадҳои пулии сокинони Тоҷикистонро аз маълумоти расмӣ ва байнулмилалӣ мавриди таҳлил қарор дода, муқоиса кардем, ки давоми даҳ соли охир онҳо чӣ гуна тағйир ёфтаанд.

Ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 2025 музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар кишвар 3136 сомониро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли 2015 он ба 921 сомонӣ баробар буд ва дар ин давра 3,4 маротиба афзудааст.

Музди меҳнати ҳадди ақалл дар ин давра аз 400 ба 1000 сомонӣ (2,5 баробар) расид.

Дар охири соли 2025 маблағи миёнаи нафақа бошад 512 сомонӣ буда, аз соли 2015, ки 230 сомонӣ буд, 2,2 мартиба бештар аст.

Маблағи кумакпулӣ барои оилаҳои камбизоат аз 400 сомонӣ дар як сол (соли 2015) то 825 сомонӣ (соли 2025) афзоиш ёфт, яъне каме бештар аз ду баробар.

Бо ин ҳама манбаи калонтарини даромадҳои пулии бисёре аз сокинони кишвар ҳамоно интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ боқӣ мемонад, ки мақомоти расмӣ аз ифшои маълумот дар ин бора худдорӣ мекунанд. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон ба Тоҷикистон 5,8 млрд долларро ташкил додааст. Ин маблағ дар соли 2015 тақрибан 3 млрд доллар буда, давоми нӯҳ сол 1,9 маротиба афзудааст. Маълумот барои соли 2025 ҳанӯз нашр нашудааст.

Барои дарки дурусти ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон кофист як мисол орем: Дар соли 2024 хароҷоти умумии буҷети давлатии Тоҷикистон 45,5 млрд сомониро ташкил дод, ки тибқи қурби миёнаи ҳамон сол ба 4,2 млрд доллар баробар аст. Вуруди интиқоли пулии шахсони воқеӣ дар соли 2024 бошад, қариб аз се як ҳисса зиёдтар аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии ҷумҳурӣ аст.

Бояд гуфт, ки манбаъҳои дигари даромади аҳолӣ низ вуҷуд доранд, аммо онҳо ё ҳиссаи начандон назаррас доранд, ё доир ба онҳо омори мунтазам ва боз дастрас нест.

Аз ин рӯ, дар ин мавод мо танҳо маълумоти сарчашмаҳои асосиро меорем, ки маълумот дар бораи онҳо дастрас буда, имконмедиҳад вазъи умумии тағйири даромади аҳолӣ арзёбӣ шавад.

 

Афзоиши номиналӣ – на ҳамеша воқеӣ

Бояд донист, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои дар боло овардашуда номиналӣ мебошанд. Ба таври соддатар, ин афзоиши даромад нисбат ба нархҳои ҷорӣ ва бе назардошти гароншавии молу хидматрасониҳо дар ин давра аст.

Яъне даромади номиналӣ чӣ қадар пул гирифтани шахсро нишон медиҳад, аммо даромади воқеӣ муайян мекунад, ки бо ин пул чӣ қадар молу маҳсулот метавон харид ва аз кадом хадамот истифода бурд.

Агар музди меҳнат зиёд шуда бошаду нархҳо ҳам ҳамин қадар боло рафтаанд, пас шахс пулдортар шудааст, лекин дар амал чунин нест.

 

Тафовути музди меҳнат

Нишондиҳандаҳои миёна дар бораи даромадҳо танҳо тасаввури умумӣ медиҳанд ва ба саволи калидӣ посух намедиҳанд – киҳо воқеан ин афзоишро эҳсос карданд?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Фармони афзоиши маошу нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд. Акнун кӣ чӣ қадар мегирад?

Барои дарки муҳимияти таъсири тағйири даромадҳо ба зиндагии мардум бояд ба ҳисоб гирифт, ки музди меҳнат миёни соҳаҳои гуногуни иқтисод ва минтақаҳои кишвар то чӣ андоза нобаробар тақсим мешавад.

Ҳатто тибқи маълумоти расмӣ, афзоиши даромадҳо хеле нобаробар буда, ба гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ таъсири гуногун расонидааст. Нишондиҳандаҳои миёна фарқияти ҷиддиро ҳам аз рӯйи соҳаҳои иқтисод ва ҳам минтақаҳои кишвар пинҳон мекунанд.

Бино ба маълумоти Оҷонсии омори ҷумҳурӣ, моҳи ноябри соли 2025 музди меҳнати миёнаи моҳона 3136 сомониро ташкил дод, лекин ин нишондиҳандаи “миёна” аксар вақт шартӣ аст.

Ба ин тариқ, дар соҳаҳои анъанавии иқтисод, ки қисмати назарраси аҳолӣ дар он машғули кор аст, сатҳи пардохти музди меҳнат аз сатҳи миёна ба таври назаррас пасттар аст.

Дар амал ин маъно дорад, ки кормандони бахши кишоварзӣ нисбат ба маоши миёна дар кишвар зиёда аз ду баробар камтар аст. Дар соҳаи иҷтимоӣ бошад, даромадҳо қариб ба сатҳи миёна наздиканд.

Дар ҳамин ҳол, дар соҳаҳои ҷудогонаи иқтисод маош ба таври назаррас баландтар аст.

Фарқият байни соҳаҳои каммузд ва сермузд ба 5-6 баробар мерасад, ки аз табақабандии амиқи иҷтимоӣ ва тамаркузи афзоиши даромадҳо дар шумораи маҳдуди соҳаҳо гувоҳӣ медиҳад.

Тафовути минтақавӣ низ назаррас аст. Давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2025 маоши миёнаи номиналӣ чунин буд:

Душанбе – 3588 сомонӣ;

Суғд – 2591 сомонӣ;

НБҶ – 2366 сомонӣ;

ВМКБ – 2313 сомонӣ;

Хатлон – 2238 сомонӣ.

Ба ин тариқ, фарқият миёни пойтахт ва минтақаҳои даромадашон паст бештар аз 1,5 баробар аст. Барои сокинони минтақаҳо ин маънои имкониятҳои маҳдудтар барои ҷуброни болоравии нархҳо ва коҳиши қурби пули миллиро дорад.

Дар натиҷа, болоравии маошро, пеш аз ҳама, кормандони баъзе соҳаҳои маҳдуд ва сокинони пойтахт эҳсос карданд. Барои қисмати назарраси аҳолӣ, ки дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дар минтақаҳо машғули коранд, афзоиши даромадҳо на ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволӣ, балки танҳо ба қисман ҷуброни таваррум имкон дод.

Маҳз бо ин сабаб афзоиши даромади миёна дар кишвар на ҳамеша ба эҳсоси субъективии некӯаҳволии аксари шаҳрвандон мувофиқ афтода, таъсираш ба гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ нобаробар аст.

 

Афзоиш аз ҳисоби манбаъҳои беруна

Омили дигари муҳиме, ки сатҳи даромадҳо дар Тоҷикистонро муайян мекунад, аммо дар изҳороти расмӣ дар бораи беҳбуди некӯаҳволӣ дарҷ намегардад, интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ мебошад.

Барои қисмати назарраси хонаводаҳо маҳз интиқоли маблағ аз хориҷа сарчашмаи калидии даромад боқӣ мемонад, ки аксаран аз маоши дохилӣ ҳам бештар аст.

Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон ба 5,8 млрд доллар расид, ки ду баробар зиёдтар нисбат ба соли 2015 мебошад. Ин кишварро ба яке аз давлатҳои вобастатарин аз даромадҳои хориҷӣ дар ҷаҳон табдил медиҳад.

 

Миқёси ин сарчашмаи даромад бахусус ҳангоми муқоиса бо нишондиҳандаҳои молиявии дохилӣ назаррас аст. Ҳаҷми интиқоли маблағ ба хароҷоти буҷети давлатӣ баробар ва баъзан аз он зиёд аст. Амалан қисмати назарраси истеъмол дар дохили кишвар на аз ҳисоби рушди иқтисоди дохилӣ ва маҳсулнокии меҳнат, балки аз ҳисоби маблағҳои коркардаи шаҳрвандон дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, маблағҳои интиқолёфта хеле нобаробар тақсим мешаванд. Онро на ҳамаи хонаводаҳо, балки асосан оилаҳое мегиранд, ки аъзои хонаводаи онҳо дар хориҷа кор мекунанд. Барои ин оилаҳо афзоиши даромад дарвоқеъ метавонад муассир бошад ва ба осонтар ҷуброн намудани ҳолатҳои афзоиши сатҳи таваррум, беқурбшавии сомонӣ ва болоравии нархҳо имкон диҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чаҳоряки хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои сӯзишворӣ ва энергетика равона мешавад

Дар ҳамин ҳол, хонаводаҳое, ки аз маблағҳои интиқолӣ маҳруманд, дар ваъияти бештар осебпазир боқӣ монда, маҷбуранд, ки танҳо ба даромадҳо дар дохили кишвар такя кунанд. Ин даромадҳо чи тавре ки дар боло зикр кардем, нобаробар афзоиш меёбанд ва бисёр вақт аз болоравии нархҳо қафо мемонанд.

Ба ин тариқ, маблағҳои интиқолёфта нишондиҳандаи миёнаи даромадҳоро таҳриф месозанд: онҳо рақамҳои умумиро зиёд карда, тасаввуроти афзоиши тезтари некӯаҳволиро ҳосил мекунанд, дар ҳоле, ки қисмати назарраси аҳолӣ ин афзоишро ё умуман, ё дар сатҳи нисбатан камтар эҳсос мекунанд.

Ғайр аз ин, интиқоли маблағҳо сарчашмаи беруна ва ноустувори даромадҳо мебошанд, ки мустақиман ба вазъи иқтисодӣ ва сиёсати муҳоҷирати дигар кишварҳо вобастаанд. Ҳама гуна тағйири ногаҳонии вазъият метавонад хеле зуд ба сатҳи даромади хонаводаҳо дар дохили кишвар таъсир расонида, чунин тарҳро дар дурнамои дарозмуҳлат осебпазир гардонад.

Дар натиҷа вазъияти зидду нақиз ба амал меояд: даромади номиналии аҳолӣ афзуда, лекин қисмати назарраси он на бо рушди дохилӣ, балки бо омилҳои беруна, ки на ҳамеша барои ҳамаи шаҳрвандон дастрас аст, таъмин карда мешавад.

 

Самараи таваррум

Тайи даҳ соли ахир Тоҷикистон бо сатҳҳои гуногуни таваррумро аз сар гузаронид – аз 3,5% то 9% . Бино ба маълумоти расмӣ, давоми солҳои 2015-2025 сатҳи болоравии нархҳои истеъмолӣ тариқи зайл буд:

Солҳои 2019-2021, ки мизони таваррум устуворона зиёда аз 8-9%-ро ташкил медод, душвортарин солҳо шуморида мешаванд.

Ба сурати умум, тайи солҳои 2015-2025 нархҳои истеъмолӣ дар кишвар тақрибан 1,8-2 баробар боло рафтанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Афзоиши воридоту ҳаҷми ММД ва коҳиши таваррум. Нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2025 чӣ гунаанд?

Ин маънои онро дорад, ки молу хидматрасониҳое, ки соли 2015-ум 100 сомонӣ нарх доштанд, соли 2025 ба ҳисоби миёна аллакай 180-200 сомонӣ шуданд.

Аз ин рӯ, гарчанде маоши миёна 3,4 баробар, нафақа 2,2 баробар ва кумакпулиҳо тақрибан 2 баробар афзуда бошанд ҳам, афзоиши воқеии сатҳи зиндагӣ хеле камтар аз он аст, ки дар рӯйи коғаз менамояд.

Дар амал чунин ба назар мерасад, ки қисмати назарраси афзоиши даромадро таваррум “фурӯ бурд”: барои нафақахӯрон ва гирандагони кумакпулиҳо афзоиши даромад танҳо каме аз болоравии нархҳо пеш гузашт ё ҳатто онро пурра ҷуброн накард. Ҳатто болоравии маошҳо дар ифодаи воқеӣ бамаротиб камтар аз чандин бор аз “болоравиҳо”-и зикршуда буд.

Маҳз бо ҳамин сабаб афзоиши номиналии даромадҳои пулӣ худ ба худ ба саволи асосӣ – оё зиндагиву сатҳи некӯаҳволии аксари шаҳрвандони Тоҷикистон хубу беҳтар шуд ё не, посух намедиҳад.

 

Беқурбшавии сомонӣ ва вобастагӣ аз воридот

Ғайр аз таваррум барои Тоҷикистон омили дигар – қурби сомонӣ нисбат ба доллар низ муҳим аст. Ҳатто бо назардошти таваррум, афзоиши даромадҳо бо асъори миллӣ ҳоло сатҳи воқеии некӯаҳволии аҳолиро бозгӯ намекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба ҳолати 1-уми январи соли 2015, қурби 1 доллар нисбат ба сомонӣ 5,3 сомонӣ ва рӯзи 31-уми декабри соли 2015 – 9,25 сомониро ташкил медод.

Ба ин тариқ, дар ин солҳо асъори миллӣ тақрибан 1,7 баробар беқурб шудааст. Ин маънои онро дорад, ки қобилияти харидории даромадҳо бо сомонӣ на танҳо бар асари болоравии нархҳои дохилӣ, балки арзоншавии худи асъор низ поин рафтааст.

Бо назардошти вобастагии баланди кишвар аз воридот, ин ба гароншавии маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ. доруворӣ,  техникаи маишӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар молҳо оварда мерасонад.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2025, воридот ба Тоҷикистон нисбат ба содирот аз кишвар зиёда аз 3 баробар зиёд аст: воридот – 8,3 млрд доллар ва содирот – ҳамагӣ 2,5 млрд доллар.

Чунин фарқият маънои онро дорад, ки қисмати назарраси молҳое, ки дар дохили кишвар истеъмолу истифода мешаванд, бо асъор харидорӣ шуда, мустақиман ба қурби он вобаста мебошанд.

Дар чунин шароит беқурбшавии сомонӣ ногузир дар арзиши молу маҳсулоти зерини воридшаванда таҷассум меёбад:

– маводи ғизойӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи рӯзмарра;  

– сӯзишворӣ ва маҳсулоти ҳомили нерӯ (энергоносители);

– доруворӣ ва маснуоти тиббӣ;

– техникаи маишӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон ба сафи кишварҳои иқтисодашон вобастаи воридот шомил шуд

Ҳатто вақте ки даромадҳои номиналӣ меафзоянд, қисми зиёди онҳо воқеан ба баланд кардани сатҳи зиндагӣ намерасанд, балки барои ҷуброни гароншавии ҳиссаи воридотӣ дар истеъмол равона мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, таваррум ва поинравии қурб ягона омиле нестанд, ки ба даромади воқеии пулии аҳолӣ таъсир мерасонанд. Дигар ҳолатҳо, аз ҷумла сохтори шуғл, тақсими нобаробари даромадҳо, сарбории демографӣ ба оилаҳо ва вобастагӣ ба манбаъҳои берунаи даромади пулӣ, ки на ҳама вақт дар нишондиҳандаҳои миёнаи оморӣ зикр мешаванд, низ нақши худро доранд.

Маҳз бо ҳамин сабаб зимни арзёбии некӯаҳволӣ на танҳо афзоиши номиналии даромадҳо, балки қобилияти харидории пул ва устувории вазъи иқтисодии хонаводаҳоро низ бояд ба назар гирифт.

 

Чаро афзоиши даромадҳо на ҳама вақт маънои беҳтар шудани сифати зиндагӣ аст

Ҳамин тариқ, ҳатто афзоиши чандинкаратаи даромадҳои номиналӣ далели беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ нест. Илова бар ин, пас аз таҳлили сарчашмаҳо, 6 баробар афзоиши даромади пулӣ зери шубҳа мемонад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Иқтисоди кадом кишварҳо бештар ба интиқоли пул аз муҳоҷирон вобаста аст?

Аввал, афзоиши даромадҳо ҳам дар соҳаҳои иқтисод ва ҳам миёни минтақаҳо нобаробар аст. Қисмати зиёди аҳолӣ ба кор дар соҳаҳои маошашон паст, ки афзоиши даромад дар он танҳо қисман болоравии нархҳоро ҷуброн мекунад, идома медиҳад.

Дуюм, дар ташаккули нишондиҳандаҳои миёна интиқоли маблағ аз хориҷа нақши назаррас дорад, ки на ба ҳама дастрас аст ва ба омилҳои беруна вобаста буда, ба рушди дохилӣ рабт надорад.

Сеюм, болоравии нархҳо ва заъифшавии қурби сомонӣ қобилияти харидории даромадҳоро ба таври назаррас кам кардаанд, бахусус, дар мавриди молу маҳсулот ва хидматрасониҳо бо таркиби воридотии баланд.

Дар натиҷа, даромадҳои номиналӣ меафзоянд, аммо сифати зиндагӣ сусттар ва барои қисмате аз шаҳрвандон умуман беҳтар намешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми арзёбии дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ на танҳо ба рақамҳи умумӣ, балки ба тағйири таъсири он ба ҳаёти рӯзмарраи мардум бояд тамаркуз кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Хатсайри нав дар масири Душанбе-Истанбул ва баръакс. Замони парвозҳо кай ва арзиши билет чанд аст?

0

Ширкати ҳавопаймоии туркии “Pegasus Airlines” аз 6-уми апрели имсол дар масири Душанбе-Истанбул ва баръакс парвозҳои мустақимро оғоз мекунад. Арзиши билет барои як нафар аз 110 то 120 евро (ҳудуди 1220 то 1340 сомонӣ) муайян шудааст.

Дар ин бора хабаргузори “Turizm Ajansi” бо истинод ба изҳороти ширкати мазкур иттилоъ додааст.

Ба навиштаи манбаъ, парвозҳо ҳафтае се маротиба – рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе тариқи ҳавопаймои “Boeing 737” сурат мегирад ва парвози нахустин аз Истанбул ба Душанбе дар назар аст.

Манбаъ менависад, арзиши билет барои як нафар аз 110 то 120 евро (ҳудуди 1220 то 1340 сомонӣ ба ҳисоби имрӯз, 26 феврал) буда, вобаста ба мавсим ва талаботи муштариён метавонад тағйир ёбад. Фурӯши чиптаҳо дар ин хатсайр аллакай оғоз шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сомон Эйр: Парвозҳои мустақим ба Чину Истамбулро барқарор кард

Ба қавли манбаъ, ҳадафи роҳандозии хатсайри нав “рушди сайёҳӣ ва тиҷорат миёни ду кишвар” аст.

Бояд гуфт, дар хатсайри Душанбе–Истанбул ҳоло ширкатҳои ҳавопаймоии “Somon Air” ва “Turkish Airlines” парвозҳо анҷом медиҳанд. Дар сомонаи расмии “Somon Air” арзиши билет ба хатсайри рӯзи 27-уми феврал ба самти Душанбе-Истанбул барои як нафар 2 ҳазору 485 сомонӣ (264 доллар) муайян шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Содирот аз Тоҷикистон афзуда, воридот ҳам суръат мегирад. Кадом молу маҳсулот бартарият доранд?

0

Сохтори савдо тағйир ёфт. Ҳафтгонаи аввали маҳсулоти содиротӣ ва даҳгонаи воридотиро гирдоварӣ кардем.

Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар соли 2025 афзуда, ба 2,5 млрд доллар расид, ки 26% зиёдтар нисбат ба соли пешин (с.2024) аст. Ҳамзамон воридоти молу маҳсулот низ зиёд шуда, 8,3 млрд долларро ташкил дод. Дар сохтори савдо ҳам дар содирот ва ҳам воридот тамоюлҳои нав рӯйи кор меоянд, ки вазъи иқтисодии кишварро тағйир медиҳанд.

7-гонаи  аввал (топ-7)-и молу маҳсулоти содиротӣ

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар соли 2025 ҳудуди 2,5 млрд долларро ташкил дод, ки 26% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст.

Бо фоизҳо ин тариқи зайл аст:

10-гонаи аввали молу маҳсулоти воридотӣ

Соли гузашта ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ҳудуди 8,3 млрд долларро ташкил дод, ки 1,3 млрд доллар ё худ 18,6% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2024 аст.

Дар сохтори воридот дар мавқеъҳои асосӣ молу маҳсулоти зерин қарор доранд:

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Миёни Душанбе ва Тошканд хатсайри автобус роҳандозӣ шуд

0

Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хатсайри нави автобус роҳандозӣ шуд, ки ҳафтае ду маротиба аз Душанбе ба Тошканд ва баръакс ҳаракат мекунад. Ба иттилои нашрияи Vaib.uz, равуои автобусҳо дар ин масир дирӯз, 25-уми феврал оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, автобус аз Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе соати 13:00 ва аз Тошканд рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 17:00 ба роҳ мебарояд.

Ҳамзамон, сафар дар ин масир тақрибан 15-17 соат давом карда, автобус дар миёни роҳ дар шаҳраки Сариосиё таваққуф мекунад.

Ба иттилои манбаъ, аз мусофирон барои убур аз марз шиносномаи хориҷӣ талаб карда мешавад. Манбаъ илова кардааст, ки нархи билет 300 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (тақрибан 233 сомонӣ) аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хатсайрҳои нави автобус боз мешаванд

Зимнан зикр мегардад, ки дар оянда вобаста ба талабот хатсайрҳои иловагӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ба навиштаи манбаъ, яке аз вижагии автобус бо ҷойҳои хоб барои мусофирон муҷаҳҳаз будани он аст.

Интизор меравад, ки бо роҳандозии ин хатсайр равуои мардум байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон осонтар шуда, шароити беҳтари сафар барои мусофирону сайёҳон фароҳам оварда мешавад.

Бояд гуфт, моҳи сентябри соли 2024 миёни шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон як хатсайри автобус роҳандозӣ шуда буд. Он замон аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-плюс” гуфта буданд, ки хатсайр аз ҷониби ширкати “Olmaliq Isuzu Trans”-и Ӯзбекистон дар шарикӣ бо ширкати “Khujand Trans Service”-и Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ширкати “Khujand Trans Service” низ он замон гуфта буд, “кам будани мусофирон боиси нигаронии ҷонибҳо гардидааст”.

Ҳамон вақт ширкати “Asian Express”-и Тоҷикистон, ки пештар бо Ӯзбекистон чанд хатсайри автобус дошт, шарҳ дода буд, ки “бо сабаби набудани талабот ва ё кам будани мусофирон” танҳо дар як ҳафта як маротиба хатсайри гардишгарӣ сафар мекунад.

Вале ин хатсайрҳо ҳоло амал мекунанд, ё не, маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” маркази логистикӣ бунёд мешавад

0

Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" бо дастгирии  ширкати “Samil PwC”-и Кореяи Ҷанубӣ Маркази логистикӣ бунёд мешавад. Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо  Ок Донг Ю, намояндаи ин ширкат ва мудири лоиҳаи Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таъсиси ин марказ мулоқот кардааст.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, лоиҳа, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма" ҷойгир аст, имкон медиҳад, ки ин марказ ҳамчун маркази логисткии минтақавӣ хизмат намуда, ба он тавассути долони чандваҷҳӣ (мултимодалӣ)-и "Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия ва кишварҳои Аврупо" молу коло интиқол дода шавад.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни мулоқот лоиҳаи таъсиси Маркази логистикиро муҳим хонда, таъкид кардааст, ки лоиҳаи мазкур бо шумули лоиҳаи муқаддимавӣ ва "Basic Design" барои рушди низоми логистика ва беҳбуди имконоти логистикии Тоҷикистон аҳаммияти стратегӣ дорад.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


 

Ба навиштаи манбаъ, дар Тоҷикистон сохтмону таҷдиди роҳҳои оҳан ва мошингард, нақбу пулҳо ва дигар зерсохтҳои зарурӣ барои ба кишвари ҷолиби транзитии минтақа табдил додани ҷумҳурӣ идома дорад.

“Аммо бе мавҷуд будани марказҳои логистикии муосир ва дар маҷмуъ инфрасохтори логистикии зарурӣ ин кор душвор аст, – омадааст дар хабари Вазорат. – Аз ин лиҳоз, лоиҳакашӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ дар кишвар  амри муҳим ва талаботи замон арзёбӣ мешавад”, — навиштааст манбаъ.

Ҳамчунин, Ок Донг Ю, мудири ин лоиҳа дар бораи раванди татбиқи лоиҳа ва корҳое, ки дар доираи  он ба нақша гирифта шудаанд, маълумот додааст.

"Samil PwC" (Samil PricewaterhouseCoopers или PwC Korea) ширкати бузурги хадамот дар Кореяи Ҷанубӣ мебошад, ки дар соҳаҳои аудит, машварат дар соҳаи андоз ва тиҷорат хидматрасонӣ пешниҳод мекунад. Он ширкати узви шабакаи ҷаҳонии "PricewaterhouseCoopers" (PwC) – яке аз бузургтарин иттиҳодияи байналмилалии ширкатҳо оид ба аудит ва хадамоти машваратӣ маҳсуб меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.