Хатсайри нав дар масири Душанбе-Истанбул ва баръакс. Замони парвозҳо кай ва арзиши билет чанд аст?

Ширкати ҳавопаймоии туркии “Pegasus Airlines” аз 6-уми апрели имсол дар масири Душанбе-Истанбул ва баръакс парвозҳои мустақимро оғоз мекунад. Арзиши билет барои як нафар аз 110 то 120 евро (ҳудуди 1220 то 1340 сомонӣ) муайян шудааст. Дар ин бора хабаргузори “Turizm Ajansi” бо истинод ба изҳороти ширкати мазкур иттилоъ додааст. Ба навиштаи манбаъ, парвозҳо ҳафтае се […]

Ширкати ҳавопаймоии туркии “Pegasus Airlines” аз 6-уми апрели имсол дар масири Душанбе-Истанбул ва баръакс парвозҳои мустақимро оғоз мекунад. Арзиши билет барои як нафар аз 110 то 120 евро (ҳудуди 1220 то 1340 сомонӣ) муайян шудааст.

Дар ин бора хабаргузори “Turizm Ajansi” бо истинод ба изҳороти ширкати мазкур иттилоъ додааст.

Ба навиштаи манбаъ, парвозҳо ҳафтае се маротиба – рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе тариқи ҳавопаймои “Boeing 737” сурат мегирад ва парвози нахустин аз Истанбул ба Душанбе дар назар аст.

Манбаъ менависад, арзиши билет барои як нафар аз 110 то 120 евро (ҳудуди 1220 то 1340 сомонӣ ба ҳисоби имрӯз, 26 феврал) буда, вобаста ба мавсим ва талаботи муштариён метавонад тағйир ёбад. Фурӯши чиптаҳо дар ин хатсайр аллакай оғоз шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сомон Эйр: Парвозҳои мустақим ба Чину Истамбулро барқарор кард

Ба қавли манбаъ, ҳадафи роҳандозии хатсайри нав “рушди сайёҳӣ ва тиҷорат миёни ду кишвар” аст.

Бояд гуфт, дар хатсайри Душанбе–Истанбул ҳоло ширкатҳои ҳавопаймоии “Somon Air” ва “Turkish Airlines” парвозҳо анҷом медиҳанд. Дар сомонаи расмии “Somon Air” арзиши билет ба хатсайри рӯзи 27-уми феврал ба самти Душанбе-Истанбул барои як нафар 2 ҳазору 485 сомонӣ (264 доллар) муайян шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.