Home Blog Page 50

Рустам Ятимов гаронарзиштарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ ва шашумин дар қора шуд

0

Пойгоҳи Transfermarkt радабандии нави арзиши футболбозонро нашр кард, ки дар он Рустам Ятимов дар зинаи шашуми гаронарзиштарин дарвозабонҳои қораи Осиё қарор гирифтааст. Ҳамчунин, аз рӯйи ин радабандӣ, ӯ гаронтарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ аст. Арзиши Ятимов 1,80 млн евро арзёбӣ мешавад.

Дар даҳгонаи аввали гаронтарин дарвозабонҳои Осиё намояндагони Ҷопон, Австралия ва кишварҳои Ховари Миёна бартарӣ доранд.

Панҷгонаи беҳтарин: бартарияти ҷопониҳо ва намояндаҳои лигаҳои аврупоӣ

Мувофиқи радабандӣ, зинаи аввалро Дзайон Судзукии ҷопонӣ, дарвозабони 23-солаи “Парма” (Италия) касб кардааст. Арзиши ӯ 20 млн евро гуфта мешавад. Дар зинаи дуюм Лео Кокубои 25-сола аз Ҷопон, дарвозабони дастаи "Сент-Трюйден" бо арзиши 4 млн евро қарор дорад. Дар мавқеи сеюм низ дарвозабони ҷопонӣ — Ёхэй Такаокаи 29-сола аз дастаи "Ванкувер Уайткэпс" бо арзиши 3,50 млн евро ҷой гирифтааст.

Зинаи чорумро Эмил Аудеро, дарвозабони 29-солаи дастаи "Кремонезе", (Индонезия / Италия), бо арзиши 3,20 млн евро соҳиб шудааст. Кэйсукэ Осако, дарвозабони дигари ҷопонӣ, ки 26-сола ва аз ҳайати дастаи "Санфречче Ҳиросима" аст ва Мэттю Райани австралиягӣ, дарвозабони 33-солаи "Леванте" ҳар кадоме бо нархи 2 млн евро дар зинаҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.

Ятимов миёни пешсафони қора

Мақоми шашумро Рустам Ятимов, дарвозабони 27-сола аз Тоҷикистон, ки ҳоло дар дастаи "Ростов"-и Русия бозӣ мекунад, бо арзиши 1,80 млн евро касб кардааст. Ӯ аз як қатор дарвозабонҳои маъруфи қора пештар ҷой гирифта, баландтарин арзиши бозориро миёни дарвозабонҳои Осиёи Марказӣ дорад ва мавқеи худро ҳамчун пешсафи минтақа устувор кардааст. 

Дар зинаҳои баъдӣ Томоки Хаякаваи 26-сола аз дастаи "Касима Антлерс" (Ҷопон), Абдувоҳид Неъматoви ӯзбекистонӣ, бозигари 24-солаи "Насаф" (Қаршӣ), Косэй Тани аз Ҷопон, дарвозабони 25-солаи "Матида Зелвия" ва Маартен Паэси 27-солаи индонезӣ аз дастаи "Аякс" (Нидерланд) – ҳар кадоме бо арзиши 1,50 млн евро қарор гирифтаанд.

Патрик Бич (22-сола, "Мелбурн Сити"), Коносукэ Нисикаваи ҷопонӣ (23-сола, "Мито Холлихок"), Дайя Маэкаваи ҷопонӣ (31-сола, "Виссел Кобе") – ҳар кадоме бо нархи 900 ҳазор евро ҷойҳои баъдиро касб кардаанд. Намояндаи АМА, Ҳамад Ал-Мекбаалӣ (22-сола, "Шабаб Ал-Аҳли Дубай") ва Мишаал Баршам (28-сола, Қатар / Судон, "Ал-Садд Давҳа") ҳар кадоме 800 ҳазор евро нарх доранд.

Дарвозабони тоҷик гаронтарин дар Осиёи Марказӣ

Рустам Ятимов 13-уми июли соли 1998 дар шаҳри Нижний Новгород ба дунё омадааст. Ӯ ҳоло дарвозабони дастаи “Ростов” (Ростови лаби Дон, Русия) ва мунтахаби миллии Тоҷикистон аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Рустам Ятимов гаронтарин футболбози тоҷик боқӣ монд. Боз киҳо дар сафи беҳтаринҳоянд?

Ҳунарнамоии касбии Ятимов дар футбол аз дастаи "Волга-СДЮСШОР-8" оғоз шуда, пас аз муфлисшавии “Волга” ба дастаи  “Истиқлол” пайвастааст. Дар ҳайати ин даста ӯ шаш маротиба қаҳрамони Тоҷикистон, ва чор маротиба соҳиби Ҷом ва Суперҷоми футболи Тоҷикистон шудааст.

Моҳи июни соли 2024 Ятимов ба ҳайати дастаи “Ростов” гузашт ва 20-уми июли ҳамон сол дар бозӣ муқобили “ССКА”-и Маскав нахустин бозии худро дар ҳайати даста анҷом дод.Қарордоди ӯ бо даста то 30-юми июни соли 2029 амал мекунад.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ӯ бори нахуст 7-уми июни соли 2019 муқобили Афғонистон ба майдон баромада, то моҳи декабри соли 2025 дар ҳайати тими мунтахаб дар 40 вохӯрии расмӣ гузаронидааст.

Ӯ соли 2022 “Дарвозабони соли Тоҷикистон” ва соли 2023 “Беҳтарин футболбози Тоҷикистон” эътироф гардидааст.

Соли 2025 Ятимов беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин бозингари мусобиқоти Ҷоми футболи Русия эътироф шудааст, ки дастоварде таърихӣ барои намояндаи футболи Тоҷикистон дониста мешавад.

Ҳоло Ятимов бо арзиши 1,80 млн евро миёни дарвозабонҳои қораи Осиё дар мақоми 6-ум қарор дошта, гаронтарин дарвозабони минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад ва номи худро миёни нухбагони қора мустаҳкам месозад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 феврали соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1992 – Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳамроҳ шуд.

Соли 1995 – Аввалин интихоботи парлумонии Тоҷикистон пас аз истиқлолият баргузор гардид.

Соли 2013 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ломбардҳо” қабул гардид.

Соли 2013 – Талаботи гирифтани “изи ангушт” ҳангоми гирифтани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон бекор карда шуд. Аммо соли 2015 он дубора ҳатмӣ гардид.

Соли 2020 – Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии молиявии ширкати энергетикии “Барқи Тоҷик” 134 миллион доллар грант дод. Мақсади асосии маблағгузории мазкур барқарорсозӣ ва таҷдиди зерсохтори таъминоти барқ, беҳтар намудани ҷамъоварии пардохтҳо, коҳиши талафоти нерӯи барқ ва танзими қарзҳо гуфта мешуд.

Соли 2025 – Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи "Пайк" ва рӯзноманигори тоҷик, ки бо ҳукми додгоҳ ба 10 солу 4 моҳ зиндонӣ шуд, аз Кӯлоб ба Душанбе оварда, дар зиндони маъруф ба "Якум советский" ҷой доданд. Ӯ моҳи августи соли 2024 дастгир ва ба "ришвадиҳӣ ба маъмури миллӣ", "тамаъҷӯӣ" ва "ифротгароӣ" айбдор мешуд. Вале худаш ин иттиҳомро напазируфт. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1931 – Мавлуди Меҳрӣ Абдуллоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1939 – Зодрӯзи Нозим Сафаров, муаррихи тоҷик.

Соли 1939 – Зодрӯзи Карим Абдулов, иқтисоддон, доктори илми таърих.

Карим Абдулов солҳо дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Соли 1970 ба кори ҳизбӣ пайваст ва солҳои 1991-1992 мудири котиботи президенти ҷумҳурӣ буд. Баъдан, солҳои тӯлонӣ мушовири раиси ҳукумати вилояти Суғд, раиси шуъбаи вилоятии ҷамъияти “Дониш” буд.

Ӯ дар соҳаи публитсистика низ фаъолият ва хомафармоӣ карда, чандин очерк низ таълиф кардааст. Аз ҷумла, рисолаҳои “Роҳи беҳбуд”, “Дар ин дунё” “Сиёсатномаи асри ХХI”, “Ягонагии сухан ва амал”, “Лоиқи миллат” таълиф кардааст..

Карим Абдулов моҳи декабри соли 2010 дар синни 71-солагӣ даргузашт.

Соли 1946 – Зодрӯзи Владимир Ғуломҳайдаров, футболбоз, мураббии шоистаи Тоҷикистон.

Владимир Ғуломҳайдаров аз хурдӣ ба футбол шавқ дошт ва солҳои аввали футболбозиаш ҳамчун яке аз пешсафон, бавижа дар дастаи “Энергетик” маъруф буд.

Ғуломҳайдаров солҳои 1964 – 1977 дар ҳайати дастаи машҳури "Помир"-и Душанбе (то соли 1970 "Энергетик") бозӣ кардааст. Солҳои зиёд капитани даста буд. Ӯ дар лигаи якум дар ҳайати “Помир” дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳгонаи беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Баъдан ин футболбози тоҷик ду сол (1969-1970) шарафи бошгоҳи "Торпедо"-и Маскавро ҳимоя кардааст.

Ӯ аввалин футболбози тоҷик аст, ки соли 1968 ба дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ 3 гол задааст.

Пас аз тарки майдон ҳамчун мураббӣ ба фаъолият пардохт. Муддате роҳбари дастаи “Памир” ва “Вахш” буд. Владимир Ғуломҳайдаров қариб 30 сол инҷониб дар шаҳри Алматии Қазоқистон зиндагӣ мекунад ва солҳо дар дастаҳои футболи ин кишвар сармураббӣ буд.

Соли 1950 – Мавлуди Усмон Раҷабов, меъмор, номзади илмҳои техникӣ.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии фориғболӣ таҷлил мешавад. Ин иди ғайриодиро итолиёиҳо таъсис додаанд. Онҳо бори аввал соли 2007 ин рӯзро ҷашн гирифтанд, то ки ҳар лаҳзаи ҳаётро оромона ва бо лаззат эҳсос кунанд.

Дар доираи ин рӯз чорабиниҳои ҷолиб баргузор мешаванд. Масалан, дар Рим “Марафони сустҳаракат” доир мегардад, ки дар он иштирокдорон бояд 300 метрро дар на камтар аз 87 дақиқа бидуни истодан тай кунанд.

26-уми феврали соли 2001 дар Афғонистон ду муҷассамаи бузурги Буддо аз сӯи гурӯҳи "Толибон" (дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст) нобуд карда шуд. Яке аз онҳо 53 метр баландӣ дошта, яке аз бузургтарин ҳайкалҳои Буддо дар ҷаҳон ҳисобида мешуд. Таърихи ин муҷассама тақрибан 1500 солро дар бар мегирифт. Муҷассамаи дигар бошад 38 метр баландӣ дошта, тақрибан 1800-сола буд.

148 сол пеш Эмил Литтре, забоншиноси фаронсавӣ калимаи “микроб”-ро ба забони илмӣ ворид кард.

Микроорганизмҳо ё микробҳо гурӯҳи организмҳои хурде ҳастанд, ки бо чашми оддӣ дида намешавад. Истилоҳи “микроб” аз калимаи фаронсавии “microbe” ва юнонии “μικρός” (микрос – хурд) ва βίος (биос – ҳаёт) гирифта шудааст.

26 феврали соли 1935 ихтироъкор Роберт Уотсон-Уотт аввалин озмоиши радар (радиолокатсионӣ)-ро гузаронид.

То охири соли 1936 Вазорати ҳавонавардии Британия панҷ шабакаи суръатсанҷиро бо фосилаи 40 км аз ҳамдигар бунёд кард. Ин система дар ҳифзи Британия аз ҳамлаҳои ҳавоии Олмони фашистӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон нақши муҳим бозид.

26-уми феврали 1936 дар Олмон автомобили "мардум"-ии “Volkswagen” истеҳсол шуд. Ин орзуи муҳандис Фердинанд Порше буд, ки истеҳсоли мошини ба омма дастрасро созад.

Барои истеҳсоли оммавии он бузургтарин корхонаи автомобилсозии Олмон бунёд гардид. Дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ин корхона қариб пурра хароб шуд, аммо баъдан он барқарор шуда, "Volkswagen" ба яке аз пурхаридортарин мошинҳо табдил ёфт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 4-6º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 34-36º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 26 ба 27-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Даъвои сокинони минтақаҳои табодулшудаи Қирғизистон: барои зиёрати қабри наздиконамон дар Тоҷикистон мусоидат кунед

0

Чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар пайи ивази минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон ба кишвари худ кӯчонида шудаанд, аз вакили парлумони худ талаб кардаанд, ки барои зиёрати қабри наздиконашон дар Тоҷикистон мусоидат кунад. Дар ин бора хабаргузории қирғизии “24kg” хабар медиҳад.

Муроҷиати 300 қирғизе, ки аз деҳаи тоҷикнишини Санҷидзор (Ҷийдалики пешин) ба деҳаҳои Арка, Ҷаштик ва Достуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон кӯчонида шуда буданд, дар ҷаласаи парлумони ин кишвар аз тарафи Камила Талиева, вакили қирғиз садо додааст.

Ба иттилои манбаъ, муроҷиаткунандагон талаб кардаанд, ки “ё минтақаи қабристон ба онҳо баргардонда шавад ё  иҷозаи расмӣ барои боздид аз он дода шавад, зеро дар он ҷо волидайн ва наздикони онҳо дафн шудаанд”.

 “Ин масъала хеле ҷиддӣ аст. Муроҷикунандагон хоҳиш мекунанд, ки ба онҳо имконият дода шавад, ки ба қабри наздиконашон рафта, дуову фотиҳа хонанд”, – гуфтааст Камила Талиева.

Ин вакили парлумони Қирғизистон гуфтааст, муроҷиати сокинонро ба Хадамоти марзбонӣ ва дигар мақомоти марбут ирсол карда, аз намояндаи раисҷумҳур ва ҳукумат дар парлумон хостааст, ин масъаларо пайгирӣ кунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, дар пайи табодули марзӣ бо Қирғизистон чанд хонаро иваз карданд

Ба навиштаи ин расона, сокинони маҳаллӣ дар муроҷиати худ гуфтаанд, “шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Қирғизистон кӯчиданд, аллакай барои боздид аз қабристонҳо дар хоки Қирғизистон  иҷозат гирифтаанд”. Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайрииимкон аст.

Бояд гуфт, созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми марти соли 2025 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, роҳбарони ду кишвар дар Бишкек ба имзо расид. Он ба ҷараёни таъйину аломатгузории сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон хотима бахшид ва сари муайян кардани 486 км қаламрави баҳснок ба мувофиқа расиданд.

Мувофиқи созишнома баъзе қитъаҳо дар минтақаҳои наздимарзии байни ду кишвар иваз шуданд.

Ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар матлаби “Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Санъат Асо ба нафақа гусел карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон боз киро аз вазифа озод ва ё ба мансаб таъин кард?

0

Имрӯз, 25-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарору фармон дар вазоратҳои адлияву фарҳанг, додситониву амният, Оҷонсии зиддифасод, Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти назди ҳукумат тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла, Санъат Асо (Раҳим), яке аз мансабдорони шинохтаи се даҳсолаи охир ба нафақа гусел шуд.

Ба иттилои дафтаи матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумат, Санъат Асо пас аз 11 соли кор, аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ озод ва ба нафақа гусел шуд. Ӯ соли 2015 ба ин курсӣ таъйин гардида буд.

Ӯ дар гузашта ҳамчун сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи раисҷумҳур, раҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, директори “Барқи тоҷик” ва роҳбари сохтмони НБО “Роғун” кор кардааст.

Ба ҷойи вай, Исмоил Вализода сардори ин хадамот таъин гардид. Ӯ то кунун муовини сардори Саридораи геология буд.

Ҳамин тавр, бо қарори дигар Асадулло Ҳакимзода аз вазифаи муовини вазири адлия барканор ва муовини якуми вазири адлия таъйин шуд. Моҳи январ Нигина Ализада аз ин вазифа барканор шудаву ба курсии муовини вазири корҳои хориҷӣ такя зада буд.

Шарофиддин Шарифзода бошад, ба ҷойи Ҳакимзода муовини вазири адлия таъин шуд. Ӯ то кунун сарнотариуси давлатии Саридораи нотариалии ин вазорат буд.

Фаридун Бобозода, ки то ҳол муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур буд, озод шуда, бо қарори дигар ба курсии муовини вазири фарҳанг такя зад. Пештар Манучеҳр Шарифзода аз ин вазифа барканору роҳбари Театри миллӣ таъйин шуда буд.

Бо амри раисҷумҳур, Солеҳ Завқизода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Маркази таълимии додрасшои назди Додгоҳи олӣ озод шуд ва ба ҷояш Асомуддин Бобохонзода таъйин гардид. Бобохонзода то кунун додраси Додгоҳи олӣ буд.

Ҳамчунин, Бобоҷон Саттор муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳал таъин гардид. Ӯ то ин дам мудири бахши раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур буд. Пештар дар ин курсӣ Камолиддин Муминзод менишаст, ки моҳи январ раиси ин Кумита таъйин шуд.

Инчунин, Бақохоҷа Бобозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ озод шуд. То ҳол маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ роҳбари ин муассисаи илмӣ таъин гардидааст.

Ғайр аз ин, пешниҳодҳои раисҷумҳур дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоб озод кардан ва ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоб таъин шудани Шуҳрат Аҳмадзода ва ба ҷойи ӯ таъин гардидани Парвиз Маҳмадшарифзода ҳамчун сараудитор ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардидаанд.

Дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардорони як қатор раёсатҳои Додситонии кулл ва додситониҳои ноҳияҳои Ванҷу Мурғоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ховалинг, шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ нав шудаанд. Аммо ному насаби онҳо маълум нест.

Ҳамчунин, сардорони шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар чанд шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорони раёсати Оҷонсии зиддифасод дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт иваз шудаанд. Дафтари матбуоти раисҷумҳур ҳувияти онҳоро ҳам ошкоро нашр накардааст.

Тавре манбаъ менависад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин “суръат бахшидан ба раванди рақамикунонӣ ва гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллӣ, пешгирӣ аз хурофот, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионию гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини адолати судию волоияти қонун ва муомилаи хуб бо мардум”-ро талаб кардааст.

Ҳамасола дар оғози моҳи январ ва феврал дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон ба маблағи қариб $1,2 млрд иншооти зерсохтори роҳ сохта мешавад

0

Ҳоло дар Тоҷикистон сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳи мошингард (лоиҳаи сармоягузорӣ) ба маблағи умумии 1,17 млрд доллар идома дорад. Аз ин,  5 лоиҳа ба маблағи 570,9 млн сомонӣ дар марҳилаи татбиқ қарор дошта, 6 лоиҳа ба маблағи 602,2 млн доллар ба охир расидаанд ва муҳлати кафолаташон идома дорад.

Вазорати нақлиёт иттилоъ медиҳад, ки соли 2025 сохтмони роҳи мошингарди Данғара – Гулистон (49 км), Гулистон – Фархор (29,6 км), инчунин корҳои таъмиру навсозии қитъаи сеюми роҳи Обигарм – Нуробод оғоз шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта, 243,5 км роҳ, 30 пул, 5 нақб, 6 долони зидди тарма ва дигар иншооти зерсохтори нақлиёт сохта ба истифода дода шудааст.

"Моҳи июни соли гузашта дар ВМКБ якчанд иншооти муҳим, аз ҷумла қитъаи роҳи мошингарди Душанбе – Қулма бо масофаи 93 км, роҳ аз маркази маъмурии ноҳияи Ванҷ то шоҳроҳи Душанбе – Қулма (16 км), инчунин долонҳои зидди тарма ва пулҳо ба истифода дода шуданд", – гуфтанд аз ин ниҳод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?

Ҳамчунин, вазорат хабар медиҳад, ки моҳи августи соли 2025 дар водии Рашт иншооти муҳими роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод бо масофаи 75 км бо 3 нақб ва 11 пул боз шуд.

Моҳи ноябри соли гузашта дар вилояти Суғд қитъаҳои роҳи мошингарди “Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров”, “Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз” ва “Куччак – Конибодом” бо масофаа умумии 40 км мавриди истифода қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ маҳсуб меёбад. Барои расидан ба ин ҳадаф, тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 2407,8 км роҳ, 274 пул, 2 чорраҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа ва 7 нақби нақлиётӣ таъмиру навсозӣ шудаанд.

Ба сурати умум, дар ин давра дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ ба маблағи умумии зиёда аз 2,2 млрд доллар 58 лоиҳа амалӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон кор мекунанд, дар шаш моҳ 53 адад зиёд шудааст

0

Дар Ӯзбекистон шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба 410 адад расидааст. Ин теъдод 6 моҳ пеш, то 1 июли соли 2025-ум 357 буд ва дар ин муддат, 53 корхонаи дигар кушода шудааст.

Дар ин бора Кумитаи омори Ӯзбекистон иттилоъ дода, гуфтааст, аз теъдоди умумӣ, 308 корхона пурра бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунад ва 102 адади он корхонаҳои муштарак мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, 144 корхонаи дар ин кишвар бо сармояи Тоҷикистон фаъолияткунанда дар бахши савдо будаанд. Корхонаҳои дигари Тоҷикистон дар ин кишвар аз рӯйи соҳаҳои фаъолият чунин тақсимбандӣ мешаванд:

89 адад дар бахши саноат;

43 адад дар бахши сохтмон;

33 адад дар бахши иттилоот ва алоқа;

23 адад дар бахши хадамоти манзил ва озуқаворӣ;

16 адад дар бахши нақлиёт ва нигоҳдорӣ;

11 адад дар бахши тандурустӣ ва хидматрасонии иҷтимоӣ;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Ӯзбекистон 357 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунад

5 адад дар бахши хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳипарварӣ;

57 адад дигар соҳаҳо.

Тибқи омори нашркардаи мақомоти Ӯзбекистон, теъдоди корхонаҳое, ки бо сармоягузории Тоҷикистон дар ин кишвар фаъолият мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад. Аз ҷумла, 6 моҳ пеш – то 1 июли соли 2025 дар ин кишвар 357 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекард.

Ин теъдод, ба ҳолати 1-уми октябри соли 2025 ба 364, баъди як моҳ ба 379, то 1-уми декабри соли гузашта ба 386 ва ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ ба 389 адад баробар буд.

Омори нашргардида нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз рӯйи раддабандӣ байни кишварҳое, ки бо сармояашон дар ин кишвар корхона боз кардаанд, дар зинаи ҳаштум қарор дорад.

Маълум нест, ки айни ҳол чанд корхона бо сармояи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Танҳ соли 2024 сомонаи “CentralasianLIGHT.org” иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 корхона бо сармояи Ӯзбекистон амал мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар пайи садамае дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 узви ду хонадон ҷон бохтаанд

0

Дар пайи як садама, ки рӯзи 24-уми феврал дар роҳи Душанбе-Хуҷанд рух додааст, 5 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД), Мастибек Шоҳназаров, сокини 38-солаи ноҳияи Айнӣ ва ронандаи худрави “Tайота карола версо” ҳангоми ҳаракат аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба тарафи муқобил рафтаву ба мошини борбари “Волво трак”, ки таҳти идораи Зикрулло Атобулоеви сокини 49-солаи ноҳияи Мастчоҳ буд, бархурдааст.

Дар натиҷа, Мастибек Шоҳназаров ҳамроҳ бо 4 мусофир мошинаш ҷон бохтаанд. Аз қурбониёни дигар чунин ном бурда мешавад:

Садбарг Ашӯроваи 46-сола;

Раҳмоназир Ашӯрови 52-сола;

Меҳрубон Ашӯроваи  47-сола;

Завқибек Шоҳназарови 46-сола.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷон бохтани 9 тан, аз ҷумла 4 ноболиғ дар пайи садамаҳои нақлиётии чанд рӯзи охир

Мақомот мегӯянд, ин ҳодисаро тафтиш доранд.

Навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, вокуниши зиёди корбаронро ба бор овардааст.

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта дар кишвар 1 ҳазору 373 садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он, 643 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, дар ин ҳодисаҳо 1 ҳазору 542 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2024-ум дар Тоҷикистон 1 ҳазору 233 сонеҳа рух дода, дар натиҷа 552 тан ҷон бохта буд. Соли 2023 бошад, мақомот аз марги 519 кас дар дар пайи 1 ҳазору 111 садама хабар дода буданд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Барои татбиқи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ то ҳол чӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст?

0

Барои татбқи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”, ки як сол пеш қабул шуда буд, дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба он  намояндагони вазорату идораҳо, мушовирони маҳаллӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва корхонаву ташкилотҳое, ки ба ин навъи соҳибкорӣ фаъолият мекунанд, шомил  мебошанд.

Ба иттилои ин ниҳод, тибқи қарори дахлдори ҳукумати кишвар, ин Кумита мақомоти давлатии ваколатдор дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ мебошад.

"Кумита ба таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа, таҳкими муҳити соҳибкории иҷтимоӣ, таҳқиқ, пайгирӣ ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ, инчунин дигар ваколатҳои дар қонунгузорӣ пешбинигардида уҳдадор шудааст", – омадааст дар хабарномаи Кумитаи сармоягузорӣ.

Ин ниҳод мегӯяд, аллакай, санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла, лоиҳаи қарори ҳукумат “Дар бораи тасдиқи методҳои арзёбии таъсири соҳибкории иҷтимоӣ”, ки ба татбиқи қонун замина мешавад, таҳия шудаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?

Кумитаи сармоягузорӣ мегӯяд, гурӯҳи корӣ "Методикаи арзёбии таъсири соҳибкории иҷтимоӣ"-ро таҳия кардааст, ки ҳадафи аслии он "таъмини арзёбии воқеии субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ ва раванди ҳалли масоили иҷтимоӣ, расидан ба ҳадафҳои устувори рушд ва самаранокии тадбирҳои дастгирии давлатӣ ва дигар навъҳои кумак мебошад".

Ҳамчунин, гурӯҳи корӣ лоиҳаҳои "Харитаи роҳ" ва "Нақшаи амал"-ро таҳия кардааст, ки барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор исрсол шудааст.

Зимнан, Кумитаи андоз “Тартиби роҳандозии рӯйхати субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ”-ро таҳия кардааст.

Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” 2-юми январи соли 2025 қабул шуд. Он “бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, кумак ба гурӯҳҳои осебпазир ва ҳалли масоили иҷтимоӣ ба воситаи фароҳам овардани муҳити мусоиди иқтисодӣ барои соҳибкории иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ” таҳия шудааст.

Соҳибкории иҷтимоӣ – фаъолиятест, ки барои ҳалли мушкилиҳои ҷомеа ё як гурӯҳи иҷтимоӣ равона гардида, мақсадаш гирифтани фоида тариқи ҳалли масъалаҳо ё мушкилоти иҷтимоӣ аст. Яъне агар ҳадафи соҳибкории анъанавӣ танҳо ба даст овардани фоида бошад, соҳибкории иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мехоҳад даромад ба даст орад.

 

Дар қонун чӣ пешбинӣ шудааст?

Мақомот бар ин назаранд, ки дастгирии иҷтимоӣ натанҳо пардохти кумаки пулӣ ва моддӣ ба гурӯҳҳои осебпазир, балки муҳайё сохтани шароит барои барқарор кардани коршоямии онҳо ва ҳамгироии иқтисодиро низ  дар назар дорад.

Онҳо интизорӣ доранд, ки қонуни мазкур "шартҳои ҳуқуқӣ барои бартараф кардани нобаробарии иҷтимоӣ дар бозори корро фароҳам оварда, муносибати одилона ва ҳамаҷониба барои амалӣ кардани ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазир ва ба ин тартиб, беҳбудии устувори зиндагӣ ва некӯаҳволии онҳоро таъмин мекунад".

Мутобиқи қонун, субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, ки фаъолияти истимоии соҳибкориро амалӣ месозанд ва мақоми корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоиро гирифтаанд.

Мувофиқи қонуни қабулшуда ба гурӯҳи иҷтимоии осебпазир чунин шахсон дохиланд:

– шахсони маъюб ва шахсони дигари дорои имкониятҳои маҳдуд, аз ҷумла кӯдакони маъюб ва оилаи онҳо;

– ноболиғони ятим, кӯдакони ноболиғи аз парастории падару модар маҳрумшуда, хатмкардагони хонаи кӯдакон (то синни бисту се), инчунин кӯдакони ноболиғе, ки дар муҳити аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок қарор доранд;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ягон имтиёз нест”. Баъди қабули қонун, соҳибкорони иҷтимоӣ чӣ ҳол доранд?

– нафақагирон ва шахсоне, ки то ба синни нафақа аз рӯйи синну сол расидани онҳо ду сол мондааст, шахсони пиронсоле, ки қобилияти худхизматрасониро қисман ё пурра аз даст додаанд, шахсоне, ки яккаю танҳо зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла зану шавҳари танҳо;

– шахсони дар вазъияти душвори зиндагӣ қарордошта, ки ба паноҳгоҳи муваққатӣ ё хизматрасонии фаврии иҷтимоӣ ниёз доранд;

– шаҳрвандони камбизоат, оилаҳои нопурраи фарзандони ноболиғдошта, инчунин оилаҳое, ки беш аз панҷ нафар фарзанди ноболиғ доранд, шахсоне, ки аз саробони худ маҳрум шуда, сарчашмаи даромад надоранд;

– собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (ҳамсарони онҳо);

– шахсоне, ки дар натиҷаи садамаҳои техногенӣ зарар дидаанд (аз ҷумла нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва минтақаҳои дигари олудагии радиоактивӣ), қурбониёни ҳолатҳои фавқулода, амалиёти ҷангӣ;

– шахсоне, ки аз ҳама гуна намуди зӯроварӣ зарар дидаанд, аз ҷумла шахсоне, ки қурбонии савдои одамон, истисмори меҳнатӣ ва шаҳвонӣ мебошанд;

– модарони ноболиғи танҳо, ки кӯдаки хурдсол доранд ва занҳои ноболиғи ҳомиладори танҳо;

– гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, инчунин оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бе кумаки моддӣ мондаанд;

– шахсоне, ки ҷойи зисти муайян надоранд, инчунин шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё муассисаҳои табобати маҷбурӣ, озод шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Қарзи бонкро чӣ тавр диҳам?”. Нигаронии савдогарони бозори сӯхта дар Панҷакент аз гаронии нархи нуқтаҳои нави савдо

0

Савдогарони бозори “Гулистон”-и Панҷакент, ки моҳи ноябри соли гузашта ба коми оташ рафт, аз нархи дӯконҳо дар бозори нав, ки дар дигар ҷой бунёд мешавад, нигаронанд. Онҳо мегӯянд, роҳбарияти бозори нав як дӯкони андозааш 12 метри мураббаъро ба соҳибкороне, ки дар бозори “Гулистон” аз дӯконашон маҳрум шуданд, бо нархи 100 ҳазор сомонӣ ва ба дигар соҳибкорон 180 ҳазор сомонӣ пешниҳод кардаанд. Аммо роҳбари бозор мегӯяд, ин нархи ниҳоӣ набуда, вазъи савдогарони аз сӯхтор зарардидаро ба назар мегиранд ва барояшон имтиёз додаанд.

Бозори “Гулистон”, ки бо номи “Латтабозор” низ машҳур буд, шаби 12 ба 13- уми ноябр ба коми оташ рафт. Алангаи оташ дар масоҳати 792 метри мурабаъ доман густурда, дар пайи он 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор сӯхта ё зарар диданд.  Баъди ин ҳукумати шаҳри Панҷакент гуфт, савдогаронро ба бозори нав мекӯчонанд ва онҳоро 6 моҳ аз пардохти андоз озод мекунанд. Бозори сӯхтаи “Гулистон” аз байн бурда шуд. Дар дигар ҷо бозори нав сохта шуд ва ба қавли масъулини бозори нав, “ба савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон” калиди дӯконҳо супурда шуд. Аммо бархе аз савдогарон аз шарту шароити бозори нав шикоят доранд.

 

“Қарзи бонкро кор кунем ё пули дӯкону иҷораи онро супорем”

Як савдогари бозори сӯхтаи “Гулистон”, ки дар бозори нав дӯкон гирифтааст, ба “Азия-Плюс” шикоят кард, ки “масъулини бозори нав нархи дӯкони 3х4-ро 100 ҳазор сомонӣ ва ҳақи иҷораи якмоҳаро 800 сомонӣ мегӯянд, ки мо бо он розӣ нестем”.

 

Ба гуфтаи ӯ, ба савдогароне, ки зарар надидаанд, нархи як дӯкон бо ин масоҳатро 180 ҳазор сомонӣ ва иҷораи онро 960 сомонӣ гуфтаанд.

“Мо савдои яклухт надорем, мо дона мефурӯшем, аммо роҳбарияти бозори нав ҳоло аз вазъи зиндагии мардуми Панҷакент огоҳ нестанду чунин нарх гузоштаанд. Аксари савдогарони аз сӯхтор зарардида аз бонк қардоранд, аз ҷумла худи ман, ки аз сӯхтор 3 млн сомонӣ зарар кардам. Ҳарчанд, ки 6 моҳ аз андозу иҷораи дӯкон озод карданд, вале мо наметавонем, ин қадар зарарро ҷуброн кунем”, – гуфт ин соҳибкор.

Тоҷири дигари ин бозор, ки низ бо шарти ошкор нашудани номаш сӯҳбат кард, гуфт, ҳоло бо молики бозори нав шартнома набастааст, аммо иҷозаи кор дарёфт кардааст.

“Дар бозори “Гулистон” ҳар моҳ то 200 сомонӣ пули иҷора пардохт мекардам. Моликони бозор ба фикрам вазъи воқеиро дуруст таҳлил накардаанд. Чун нархе, ки барои дӯкон ва иҷора гузоштаанд, гарон аст. Боз дар ҳоле, ки бозор нав ва аз марказ дур аст. То харидор меояд, вақти зиёд мегузарад”,- гуфт ӯ.

 

Раиси бозор: “Вазъи савдогарони зарардидаро ба назар мегирем”

Акбар Хурсандов, раиси бозори нав дар шаҳри Панҷакент, ба “Азия-Плюс” бар хилофи иддаои савдогарон, гуфт, ки ҳоло нархи ниҳоии дӯкон ва иҷораи он маълум нашудааст.

 

“Мо ба савдогарони аз сӯхтор зарардида имтиёз додем, ки 6 моҳ бидуни пардохти пули дӯкон, иҷора, барқ ва дигар хидматрасониҳо фаъолият кунанд. Гуфтем корро сар кунед, баъд дар оянда бо дарназардошти вазъи савдо шартномаро мебинем. Зарардидагон калиди дӯконашонро гирифтанд, бархе таъмири дохили дӯконро сар кардаанд”, – гуфт Хурсандов.

Савдогарони бо мо сӯҳбаткарда ҳам тасдиқ карданд, ки онҳо ва чандин тоҷири дигар калиди дӯконро дар бозори нав гирифтаанд.

Аз ҳукумати шаҳри Панҷакент кӯтоҳ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки савдогарон аз пардохти андоз барои 6 моҳ озоданд.

Дар ҳамин ҳол, савдогароне, ки бо мо сӯҳбат карданд, мегӯянд, тақдири тиҷорати онҳо норӯшан аст.

“Корро оғоз мекунем ва агар савдо хуб шавад, давом медиҳем, агар не, қатъ  мекунем”, – мегӯянд онҳо.

Аммо бештар аз ин онҳоро суоли дигар ба ташвиш овардааст: “Агар тиҷоратро қатъ кунам, қарзи аз бонк гирифтаро чӣ тавр пардохт кунам?”

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти як зан дар Хатлон бо иттиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ дар Маскав

0

Як зани 45-солаи ноҳияи Кушониён барои ҷалби занони тоҷикистонӣ ба танфурӯшӣ дар Маскав боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми “савдои одамон” парванда боз шудааст.

Дар ин бора рӯзи 24-уми феврал Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфтааст, ин зан соли 2023 дар ҳамдастӣ бо ҷиянаш, зани 28-солаи ноҳияи Кушониён, ки дар Русия қарор дорад, “бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт” ҷалби занону духтарони тоҷикистониро ба танфурӯшӣ дар шаҳри Маскав тарҳрезӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад онҳо дар яке аз меҳмонхонаҳои наздикии метрои Селигерскаяи шаҳри Маскав ҳуҷраҳои алоҳидаро иҷора гирифта, ба ҷалби духтарон оғоз кардаанд.

Мақомот мегӯяд, онҳо як зани 24-солаи шаҳри Бохтарро, ки дар тангдастӣ қарор доштааст, “бо ваъдаи ба даст овардани пули калон” ба танфурӯшӣ ҷалб кардаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, нисбати ин сокини 45-солаи Бохтар бо иловаи 1, қисми 2-и моддаи 130-и Кодекси ҷиноятӣ барои “савдои одамон” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банди қонун ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҳашт то дувоздаҳ сол пешбинӣ мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Зане, ки ду нафарро ба Туркия бурда, ба фоҳишагарӣ водор кардааст, равонаи зиндон шуд

Аз ҳамроҳи ӯ, ки зани 28-солаи  ноҳияи Кушониён муаррифӣ мешавад, иттилоъи бештар дода намешавад ва маълум нест, ки ӯ низ боздошт шудааст ё не.

Ҷузъиёти дигари қазия маълум набуда, мақомот мегӯянд, дар робита ба ин парванда тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин, маълум нест, ки ҳардуи онҳо дар робита ба ин қазия чӣ назар доранд.

Бояд гуфт, ҷалби духтарони ҷавон барои фоҳишагӣ дар хориҷи кишвар, махсусан, Туркия ва Дубай борҳо расонаӣ шудааст. Ахиран, моҳи декабри соли 2023 Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои бо ваъдаи кор ба Туркия бурдану ба фоҳишагӣ водор кардани ду зани тоҷик 8 солу 6 моҳ равонаи зиндон карда буд.

Пештар аз он Додгоҳи Олӣ Ҷамолиддин Расулов, роҳбари шикати “Ҷамол – 2012”-ро барои савдои одамон гунаҳкор дониста ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.