Home Blog Page 5

Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст

0

Фаррух Мақсудзода, сардори пешини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ки бо иттиҳоми гирифтани пора, се моҳ  пеш боздошт шуда буд, бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шудааст.

Дар ин бора, Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ дар Додгоҳи вилояти Суғд иттилоъ дода, навиштааст, ҳукми ӯ рӯзи 6-уми марти соли равон содир шудааст.

“Дар маҷмуъ, бо назардошти рӯзҳои дар ҳабс буданаш, 300 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Бинобар барқарор кардани зарар нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ ва ӯ аз боздошт озод гардид,” – гуфтааст манбаи ин расона.

Худи Мақсудзода дар як тамоси телефонӣ ба ин хабаргузорӣ озодияшро тасдиқ карда, аммо ҷузъиёти бештар надодааст. Ӯ гуфтааст аз ҳукми додгоҳ розӣ аст ва кӯшиши дарёфти кор дар ягон беморхонаи хусусиро дорад.

Мақомот, то ҳол қазияи раҳоии сардори пешини Раёсати тандурустии вилояти Суғдро расман шарҳ надодаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ба гирифтани пора муттаҳам мешавад”. Тафсилоти боздошти сардори Раёсати тандурустии Суғд

Бояд гуфт, хабари боздошти Фаррух Мақсудзода моҳи декабри соли 2025 расонаӣ шуд, вале он вақт мақомоти расмӣ ин қазияро шарҳ надоданд. 

Баъдтар, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ боздошти зердасташро тасдиқ кард, аммо таъкид кард, ки “шояд боздошти ӯ ба фаъолияти шахсияш рабт дошта бошад”.

Диловар Мирзоҳомидзода,  раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд низ, 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ боздошти Мақсудзодаро шарҳ дода гуфт, алайҳи ӯ бо қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятӣ барои “гирифтани пора”  парванда боз шудааст.

Вале нагуфт, ки Мақсудзода кай ва чӣ миқдор пора гирифтаву аз ҷониби кадом сохтор боздошт шудааст. Танҳо афзуд, ки аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба мақомоти таштишоти пешакӣ ҷиҳати ҳабси пешакии ӯ иҷоза додааст. Ба гуфтаи ин ниҳод Мақсудзода рӯзи 17-уми декабри соли 2025 дастгир шудааст.

Тибқи моддае, ки Мақсудзода айбдор мешуд ба вай аз 284 ҳазору 700 то 711 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол таҳдид мекард.

Бояд гуфт, Фаррух Мақсудзода тобистони соли 2025 ба вазифаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъин шуда буд. Вай як давраи гузашта ҳам дар ин симмат кор кард ва дар байн сардухтури беморхонаи вилоятӣ буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад

0

Бунёди сармоягузории аврупоии "CFC s.r.o” барои рушди ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз", ки соли гузашта дар Тоҷикистон таъсис ёфт, беш аз 200 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Созишнома барои дарёфти ин пулро рӯзи 10-уми март Зафар Аҳмадзода, директори кулли ин ширкат ва Гунтарс Селиковс, муассиси Бунёди мазкур имзо кардаанд.

Ин ширкат хабар додааст, ки ин маблағ дар давоми 5 сол ҷудо шуда, барои васеъ кардани ангар, беҳтар кардани кори ширкат ва мустаҳкам кардани инфрасохтори он истифода мешавад.

"Имзои созишномаи сармоягузорӣ бо Бунёди сармоягузории аврупоӣ марҳалаи муҳим дар рушди ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” мебошад. Ҷалби сармояи дарозмуддат ба суратбахшии тавсеаи парки ҳавопаймоӣ ва шабакаи парвозҳо, ҳамчунин саҳмгузорӣ дар рушди устувори авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд", – гуфтааст Зафар Аҳмадзода.

Гунтарс Селиковс зикр кардааст, ки музокирот бо “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз 6 моҳ ҷараён дошт ва дар ин муддат дар Дубай (АМА) ва дигар шаҳрҳои Аврупо якчанд вохӯриҳои корӣ баргузор шудааст, ки “бароямон имкони омӯзиши муфассали бизнес–модели ширкат, арзёбии сатҳи касбии ҳайати идоракунанда ва доираи имкониятҳои бозорро фароҳам овард”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии нав – “Шоҳин Эйр” сабти ном шудааст

“Шоҳин Эйрлайнз” – ширкати ҳавопаймоии хусусӣ буда, ба иттилои масъулонаш, соли гузашта дар кишвар сабти ном шуда, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ангари худро дорад. Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло он хидматрасонии фармоиши чархболро пешниҳод мекунад ва дар оянда мехоҳад ҳавопаймои “L-410 NG”-ро ба ангари худ ворид кунад.

Бояд гуфт дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” фаъолият мекунанд, ки дар фурудгоҳ ангари ҳавопаймоии худро доранд. Ҳоло танҳо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тавассути шаш ҳавопаймои “Boeing 737 Next-Generation” аз Тоҷикистон ба 25 самти Аврупо, Осиё ва Ховари Миёна парвоз мекунанд.

Ширкати миллии “Тоҷик Эйр” бошад аз соли 2019 инҷониб бо сабаби мушкилоти молӣ дар сатҳи байналмилалӣ парвоз анҷом намедиҳад. Ҳоло ширкат парвозҳои дохилиро оғоз кардааст ва нақша дорад, ки парвозҳои байналмилалиро ҳам аз сар гирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон

0

Дар остонаи таҷлили иди Рамазон, пулиси Душанбе аз роҳбарони бозорҳо ва марказҳои калони савдои пойтахт хостааст, ки аз қимат фурӯхтани молу маҳсулот пешгирӣ кунанд.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода, зикр кардааст, ки мулоқот рӯзи 15-уми март сурат гирифта, бо таваҷҷуҳ ба зиёд шудани теъдоди харидорон дар остонаи иди Рамазон, мақомот таъкид кардаанд, ки масъулон бояд аз баланд бардоштани нархи маҳсулот пешгирӣ карда, “ба таъмини тартибот, хидматрасонии босифат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд”.

Ҳамчунин, дар дидори мазкур, “пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва насби камераҳои мушоҳидавӣ” дар бозору марказҳои савдо муҳокима гардидааст.

 

Ҳамасола, бо фаро расидани иду ҷашнҳо, махсусан идҳои Рамазону Қурбон сокинон нигаронӣ мекунанд, ки нархи молу маҳсулот, махсусан маҳсулоти ниёзи аввалия гарон мешавад. Мақомот мегӯянд, барои пешгирӣ аз гароншавии нарх чораҳо менадешанд, вале тавре дида мешавад, на ҳамеша ин кӯшишҳо самар медиҳад.

Ҳамчунин, ҳамасола Шӯрои уламои кишвар бо нашри баёния аз соҳибкорону тоҷирон талаб мекунад, ки дар моҳи Рамазон ва иди Қурбон нархро қимат накунанд. Аз ҷумла, Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии кишвар дар яке аз суханрониҳои худ, гуфта буд, ки “ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи анвоъ дар бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд

0

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки рӯзҳои 16-18-уми апрел дар шаҳри Ордоси Чин баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ба ҳайати даста намояндагони ҷудои тоҷик 9 мард ва 4 зан шомиланд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё яке аз марҳилаи муҳим барои ҷудоркони қора маҳсуб меёбад. Дар мусобиқа варзишгарони пурқувати қора гирдиҳам меоянд.

Байни мардон ҷудокорони зерин  дар вазнҳои гуногун ширкат мекунанд:

– Меҳрзод Сӯфиев (60 кг);

– Эмомалӣ Нуралӣ (66 кг);

– Обид Ҷебов (66 кг);

– Муҳиддин Асадуллоев (73 кг);

– Сомон Маҳмадбеков (81 кг);  

– Беҳрӯзи Хоҷазода (81 кг);

– Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг);

– Шодмон Ризоев (90 кг);

– Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг).

 

Дастаи занон аз нафарони зерин иборат аст:

– Аҳлия Муъминова (48 кг);

– Мадина Қурбонзода (52 кг);

– Александра Кан (57 кг);

– Виктория Киселёва (+78 кг).

 

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, яке аз муобиқаҳои калидӣ дар тақвими Федератсияи байнулмилалии ҷудо барои вразишгарони ин қора маҳсуб меёбад. Мусобиқот дар Ордос ба арзёбии сатҳи омодагии ҷудокорони тоҷик ва муайян кардани имконоти онҳо дар мусобиқаҳои мавсими имсола имкон медиҳад. Ин мусобиқоти қаҳрамонӣ ҷиҳати мустаҳқам кардани мавқеи худ дар қора ва сатҳи байнулмилалӣ барои Тоҷикистон имкони хуб аст.

Ёдовар мешавем, ки ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё дар соли 2025, ки моҳи апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чилу ҳафтуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон

0

Як парасторзан аз Тоҷикистон дар ҳамлаи шахсони мусаллаҳи ношинос дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундузи Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора дасти кам ду расонаи Афғонистон – рӯзномаи “Ҳашти субҳ” ва сомонаи телевизиони “Ому” хабар додаанд.

Замони дақиқи ин воқеа маълум нест. Рӯзномаи “Ҳашти субҳ” рӯзи 15-уми март навиштааст, ки ҳодиса се рӯз пеш рух дод. Вале “Ому” мегӯяд, тирпаронӣ рӯзи шанбе сурат гирифтааст.

Аз зани кушташуда Адолат Ҳамидӣ ном бурда мешавад. Ба навиштаи “Ҳашти субҳ”, ӯ шаҳрванди Тоҷикистон буда, беш аз 15 сол ҳамчун духтур дар ноҳияи Имом Соҳиб кор мекард. Ин расона илова кардааст, ки ӯ бо як сокини ин ноҳия издивоҷ карда, як духтар ҳам доштааст.

Расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки ҷасади зан ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

“Бону Адолат солҳои зиёд ба занони рустоӣ (деҳотӣ) ва камбизоат хидматрасонии тиббӣ ва муроқибатҳои зоймонӣ (таваллуд) пешниҳод мекард ва дар миёни мардуми маҳаллӣ аз маҳбубияти вижа бархӯрдор буд”, – навиштааст сомонаи шабакаи “Ому”.

Ҷузъиёти дигари воқеа маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон дар ин маврид то кунун изҳори назар накардаанд.

Дар Афғонистон ҳаводисе бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон аслан кам иттифоқ меафтад ва дар расонаҳо ҳам дар ин бора маълумоти муфассал нест.

Бояд гуфт, ки дар Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд нестанд. Махсусан, пас аз ба сари қудрат омадани Толибон ва барои як муддат баста шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ, сафарҳои тоҷикистониён ҳам ба ин кишвар коҳиш ёфт.

Аммо дар Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистон зиёданд. Теъдоде солҳо инҷо зиндагӣ ва тиҷорат доранд. Теъдоде ҳам мақоми паноҳандагӣ доранд. Ва ҳар сари чанд вақт дар робита ба боздошту ихроҷи онҳо хабарҳо нашр мешавад.

Ҳамчунин, мақомоти Тоҷикистон ҳам ҳар замон дар робита ба убури ғайриқонунии марз ё қочоқи маводи мухаддир аз боздошту куштори шаҳрванди Афғонистон дар сарҳади Тоҷикистон хаар медиҳанд.

Ва ин аз камтарин ҳолатҳоест, ки расонаҳои Афғонистон аз куштори як шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад

0

Дар Стратегияи нави шарикии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) барои солҳои 2026-2030 зикр мегардад, ки Тоҷикистон айни замон кишвари мансуб ба Гурӯҳи А дониста мешавад, ки танҳо ба гирифтани грант ҳуқуқ дорад.

Дар назар аст, ки аз 1-уми июли соли 2026 Анҷумани байналмилалии рушд ба Тоҷикистон мақоми кишвар бо норасоии маблағгузориро медиҳад.

“Дар ин ҳолат, БОР аз 1-уми январи соли 2027 нисбати Тоҷикистон ба истифодаи таснифбандии Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд оғоз карда, Тоҷикистон ба дарёфти танҳо қарздиҳии имтиёзнок ҳуқуқ пайдо мекунад”, – зикр мешавад дар стратегия.

Кишварҳои гурӯҳи А дар таснифбандии Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ба сафи давлатҳои даромадашон паст мансубанд. Ин кишварҳо ба сифати давлатҳои дорои ниёзи бештар ба дастгирӣ тасниф шуда, маҳз барои онҳо маблағгғузории имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи ин сенария, тақсимоти маблағҳо аз ҷониби БОР барои Тоҷикистон дар соли 2026 пурра грантӣ шуда, дар солҳои 2027-2028 пурра аз ҳисоби қарздиҳии имтиёзнок сурат мегиранд.

Гуфта мешавад, БОР ба ҳукумати ҷумҳурӣ барои амалисозии ин гузариш тариқи мусоидат ба идоракунии оқилонаи маблағҳои буҷетӣ, тақвияти интихоб ва афзалият додан ба лоиҳаҳо, инчунин тавсеъаи истифодаи воситаҳои навоваронаи молиявӣ кумак мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд

“Баҳри сабуксозии мутобиқат ба гузариши мазкур, БОР маблағгузории имтиёзнокро аз фондҳои иқлимӣ ва ҳадафнок, аз шарикон оид ба маблағгузорӣ тақвият дода, инчунин баҳри ҷалби сармояи ғайримустақил ва хусусӣ, ки қарзи давлатиро зиёд намекунад, мусоидат менамояд”, – таъкид месозанд намояндагони БОР.

Онҳо зикр мекунанд, ки бонк ва ҳукумат ҷиҳати нигаҳдории сатҳи ҳадди ниҳоии маблағгузории муштарак ба хароҷоти кишвар оид ба қарзу грант ва кумаки техникӣ дар сатҳи 99% дар ҳамаи сандуқи БОР дар шароити хавфи ҷории баланди пайдо шудани буҳрони қарзӣ ва қобилиячти кофии пардохти қарз ба мувофиқа расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон аз БОР дархост намуд, ки шакли дастгирии молиявии кишварро бозбинӣ кунад. Аз соли 2018 бонк ба Тоҷикистон танҳо кумаки молиявии бебозгашт медиҳад. Намояндагони бонк инро ба сарбории баланди қарзи ҷумҳурӣ нисбат медиҳанд.

Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳаҷми умумии кумаки он ба ҷумҳурӣ ҳудуди 3 млрд долларо ташкил медиҳад, аз ҷумла зиёда аз 2,2 млрд доллар ба сифати грантҳо.

Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ба се афзалияти стратегӣ асос ёфтааст: ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба иқтисод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар бинои Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе аз соати 10:30 то 11:30 бо сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон нишасти хабарӣ доир мешавад. Дар он намондагони расонаҳои кишвар метавонанд ширкат ва ба саволҳои худ посух гиранд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2015 – Рустами Эмомалӣ, директори Агентии назорати молияи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия таъин шуд ва то соли 2017 дар ин мақом кор кард.

Соли 2016 – Дар Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд.

Соли 2018 – Байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низоми бидуни раводид ҷорӣ шуд. Тибқи он шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд бидуни раводид ба муддати то 30 рӯз дар кишварҳои якдигар бошанд.

Соли 2020 – Ӯзбекистон сарҳади худро бо Тоҷикистон баст ва парвозҳои ҳавоӣ қатъ кард. Сабабаш ошкор шудани коронавирус дар ин кишвар буд.

Соли 2023 – Додгоҳи вилояти Маскав Александр Семинро, ки дар таҷовуз ва қатли духтари панҷсолаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода айбдор мешуд, ба 24 соли зиндон маҳкум кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1907 – Мавлуди Парвин Эътисомӣ, шоири эронӣ.

Соли 1954 – Мавлуди Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон.

Муҳаммад Ғоибро бештари хонандагон чун шоири ашъори ғиноӣ ва таронаҳои дилраси ватандориву ошиқона мешиносанд. Ӯ яке аз муваффақтарин эҷодкоронест, ки бо осори равону хушоҳангаш дар арсаи адабиёт мавқеи хешро пайдо кардааст. Заҳматҳои шоир бо Ордени Шараф, унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон, ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналмилалии ба номи Чингиз Айтматов қадр гардидааст.

Муҳаммад Ғоиб аз дидори падар дар думоҳагӣ маҳрум монд ва дар пайдо гардидани шавқу ҳавас ба шеър модарашро сабабгори асосӣ медонад. Дар кӯдакӣ бештар ба омӯзиши фанҳои дақиқ, чун математикаву физика ва химия шавқ дошт ва мехост муҳандис шавад.

“Баъдтар эҳсоси талху ширини кӯдакиям, ки аз доғи ятимӣ рӯ зада буд, водорам намуд, ки мушоҳидаву андешаҳоямро дар намуди шеъру қиссаву достон рӯйи коғаз биёрам. Дар ҳамон айём, ки чандин шеърам чоп шуда буд, мефаҳмидам, ки оқибат роҳам дигар мешавад. Медонистам, ки барои хотираҳои пуралами ман, ғаму дарди ятимӣ ва кӯдакии пуразобам аз ҷадвали ҳисоб ададе пайдо намешавад ва рақамҳои ҳаётам дар ин ҷадвал намеғунҷанд. Ин бори гаронро ғайри дӯши сухан дӯши ягон илму фан бардошта наметавонист”, – гуфта буд ӯ дар ҷашни 70-солагиаш.

Муҳаммад Ғоиб хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб буда, аз соли 1977 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кӯлоб фаъолият кард ва аз соли 1987 то соли 1990 мухбири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар ин минтақа буд.

Ӯ солҳои 1990-1995 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб ва 1995-1997 роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буд.

Инчунин солҳои 1997-2000 раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, аз соли 2000 то 2004 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Соли 2004 сарвари Киностудияи “Тоҷикфилм” таъин шуда, онро то соли 2008 роҳбарӣ кардааст. Аз соли 2008 то 2012 сарвари Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд. Аз соли 2012 то вақти нафақа сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд.

Номбурда зиёда аз 50 асар, аз ҷумла, “Турнаҳо”, “Роҳи деҳа”, “Меҳри гиёҳ”, “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”, “Шоҳи Ҳамадон” эҷод кардааст. Ӯ муаллифи филмномаҳои “Гумгаштапайдо”, “Пуштаи хандақпеч”, “Ҳасрати дидор”, “Вафодор” ва ғайра мебошад.

Мусоҳибаи кутоҳи "Азия-Плюс"-ро бо шоир пиромуни кору рӯзгораш дар ин матлаб, ки соле пеш нашр гардида буд, мутолиа кунед: Муҳаммад Ғоиб: "Шоир вазифадор аст, ки миллаташро ҳидоят кунад!"

Соли 1957 – Зодрӯзи Раҳматилло Зойиров, сиёсатмадори тоҷик, муассис ва раиси пешини Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ).

Раҳматилло Зойиров яке аз сиёсатмадорони маъруфи тоҷик аст, ки дар давоми фаъолияти чандинсолаи худ дар ин бахш тавонист ҳамчун як сиёсатмадори матраҳ худро муаррифӣ кунад.

Солҳои 1986-1993 устоди риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар соли 1989 кори вакили мудофеъро оғоз кард ва аз нахустин касоне ҳисоб мешавад, ки дар Тоҷикистон созмони ғайриҳукуматӣ таъсис додааст. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси коршинос дар СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва чанде дигар аз созмонҳои байнулмилалӣ кор кардааст. Солҳои 2001‑2003 дар вазифаи мушовири давлатии президенти Тоҷикистон дар бахши сиёсати ҳуқуқӣ кор кардааст.

Моҳи марти соли 2003 зидди тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон садо баланд кард ва чун садояш шунида нашуд аз мақомаш истеъфо (охирин истеъфои як мақомдори давлатӣ дар Тоҷикистон. -идора)  дод.

Баъди истеъфо ҲСДТ-ро таъсис дод, ба сафи мухолифини ҳукумат пайваст ва муборизаи сиёсии худро бо шиори “адолату садоқату тараққиёт” идома дод. Ӯ чун ҳуқуқшиноси касбӣ бештар ба масоили ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ дошт ва роҳи ҳалли аксари мушкилро ҳам, дар такмили низоми ҳуқуқии кишвар ва таъмини адолати иҷтимоӣ медид.

Дар чандин интихоботи парлумонӣ бо ҳизби худ – ҲСДТ ширкат кардаву ноком эълон гардид. Дар чанд интихоботи президентӣ ҳам талош кард номзад бошад, аммо боз ҳам ин иҷозаро пайдо накард.

Барои мавқеи сиёсиаш чанд маротиба мавриди латукӯб ҳам қарор гирифт, ҳарчанд мақомот ҳамеша таъкид мекарданд, ки латукӯби сиёсатмадор кори дасти авбошон аст.

Ахиран, се сол пеш аз роҳбарии ҳизб ҳам истеъфо дод ва эълон кард, ки аз майдони сиёсӣ канор меравад. Бо ҳамин аз назари мардум канораҷӯӣ кард ва бо ӯ аҳёнан дар кӯчаҳои шаҳр, ҳангоми қадамзанӣ, мулоқот ва суҳбат кардан мумкин буд. 

Раҳматилло Зоиров 18‑уми майи соли гузашта дар синни 67‑солагӣ, бар асари беморӣ аз дунё даргузашт.

Дар робита ба шахсияту корномаи ин сиёсатмадор дар ин мавод хонед: Сиёсатмадоре бо мавқеи устувор. Назари ҳамкорону ҳамкасбон дар бораи Раҳматилло Зоиров

Соли 1970– Зодрӯзи Шавкат Саидов, рӯзноманигор ва ҳуқуқшиноси тоҷик.

Шавкат Саидов дар сохторҳои гуногуни шаҳрдории Душанбе ва Маҷлиси миллӣ кор кардааст. Аз ҷумла, солҳои 2002 – 2004 – котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе ва ду сол (2015-2017) директори “Телевизиони Пойтахт” (ҳоло “Душанбе”)-и шаҳри Душанбе буд.

Аз соли 2004 то соли 2015 – ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори умум ва созмонҳои ғайридавлатӣ буд.

Баъди ин, ҳудуди як сол ба ҳайси мудири котиботи раиси Маҷлиси миллӣ ва аз октябри соли 2017 то соли 2020 муовини роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ фаъолият кардааст.

Як сол дар Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир-референт низ кор кардааст.

Аз январи соли 2022 ҳуқуқшиноси ҶДММ “Ободии Пойтахт” мебошад.

Бо тахаллуси Шавкат Симо шеър менависад. Муаллифи китобҳои “Рашки ашк” (2011) ва “Чанд ҳикмат ба як рӯзе” (2019) аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

16 марти соли 1831 романи Виктор Гюго – “Калисои Нотр-Дами Париж” нашр шуд. Гюго аз моҳи июли соли 1830 то январи 1831 бо танаффуси кӯтоҳе, ки ба инқилоби Париж рост омад, ин асарро эҷод кард. Соли 1978 Робер Оссейн аз рӯйи ин роман мюзикле таҳия кард, ки пас аз 25 сол дар Театри опера ва балети Маскав ба саҳна гузошта шуд.

16 марти соли 1926 аввалин мушаки сӯзишвории моеъдор ба фазо партоб шуд. Муҳандиси соҳаи мушаксозӣ Роберт Ҳатчингс Годдард ин мушакро ба наздикии шаҳри Оберн партоб кард.

Мушак, ки тақрибан 5 килограмм вазн дошт ва сӯзишвориаш омехтаи оксигени моеъ ва бензин буд, ба баландии 12,5 метр баромада, дар тӯли 2,5 сония масофаи 56 метрро дар самти уфуқ тай кард. Ин парвози кӯтоҳ қадами бузурге дар рушди мушаксозӣ ва нишондиҳандаи тавоноии муҳаррикҳои сӯзишвории моеъ гардид.

16 март Рӯзи қаламҳои ранга таҷлил мешавад. Вожаи “қалам” аз забони туркӣ гирифта шуда, маънояш “санги сиёҳ” аст. Қаламҳои ранга танҳо дар аввали асри ХХ ба таври васеъ истифода шуданд ва ба василаи муҳим барои ифодаи эҳсосот ва хаёлоти кӯдакон табдил ёфтанд. Имрӯз қаламҳои ранга дар равоншиносӣ, бахусус дар терапияи бадеӣ истифода мешаванд.

16 март Рӯзи амалҳои ғайричашмдошт (спонтанӣ) таҷлил мешавад. Ин рӯз ба амалҳои ғайричашмдошт ва бидуни нақша бахшида шудааст. Қобилияти тасмимгирии ногаҳонӣ ва озодона арзишманд дониста мешавад, зеро чунин амалҳо метавонанд таниши равониро коҳиш дода, нерӯи тафаккур ва эҷодкориро тақвият бахшанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -3+2º,  дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 23-25º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 5+7º гарм. 

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 6+8º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 1-3º сард.

 *Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 16 ба 17-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт

0

Анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо дар назди нотариус амалест, ки дақиқкорӣ ва кордониро талаб мекунад. Барои ин кор ба шумо мутахассисон метавонанд кумак кунанд. Дар чор ноҳияи маъмурии пойтахт идораҳои нотариалӣ фаъолият доранд.

Саридораи нотариалии давлатии Тоҷикистон

Ин ҷо маркази низоми нотариалии ҷумҳурист. Ба ин ҷо на танҳо барои хидматрасониҳои одӣ, балки ҳалли масоили душвори ҳуқуқӣ, ки касбияти баландро талаб мекунанд, муроҷиат мекунанд.

Суроға: кӯчаи Бофанда 5/2 (наздики бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон).

Телефон: 372 2793 49.

Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон минбаъд нотариусҳо маълумоти шубҳаангезро ба ҳукумат хабар медиҳанд

Идораи мазкур ба маркази маъмурӣ ва дипломатии пойтахт хидматрасонӣ мекунад. Агар шумо дар мавзеи хиёбони Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва боғи Айнӣ иқомат дошта бошед, пас ба шумо лозим меояд, ки маҳз ба ҳамин ҷо муроҷиат кунед.

Суроға: хиёбони Рӯдакӣ 168/1 (наздикии Боғи ба номи Садриддин Айнӣ).

Телефон: 837 37 88 50.

Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсӣ

Муассисаи мазкур танзимгари масоили ҳуқуқӣ барои қисмати ҷанубии шаҳр аст. Дар ин минтақа корхонаҳо ва иншооти бузурги тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ ҷойгиранд.

Суроға: хиёбони Неъмат Қаробоев 44 (наздикии нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ).

Телефон: 372 33 3796.

Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Сино

Ноҳияи Сино бо зичии бештари аҳолӣ ва бозори фаъоли манзили дасти дуюм хос аст, ки фаъолияти идораи нотариалии маҳаллиро муайян мекунад.

Суроға: хиёбони Нусратулло Махсум, 76 (наздикии мағозаи «Гулдаста», маҳалла (микрорайон)-и 82-юм).

Телефон: 372 34 09 25.

Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Муассиса дар мавзеи занҷираи нақлиётӣ ва тиҷоратӣ ҷойгир шуда, ба хидматрасонии фаврии субъектҳои соҳибкорӣ машғул аст.

Суроға: хиёбони Рӯдаки, 21А (дар наздикии бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон).

Чӣ гуна хидматрасониҳоро метавон анҷом дод?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Рӯзноманигори тоҷик вуҷуди фасод дар нотариусҳои Тоҷикистонро собит кардааст

Дар идораҳои нотариалии Душанбе хидматрасониҳои зеринро метавон анҷом дод:

– хариду фурӯш, туҳфа кардан, ивази хонаҳо ва қитъаҳои замин;

– анҷоми расмиёти шартномаҳои ақди никоҳ, розигӣ ба сафари кӯдакон, шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос;

– гирифтани шаҳодатнома барои ҳуқуқи рондан ва фурӯши автомобил;

– тасдиқи имзо дар кортҳои бонкӣ, оинномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ;

– тасдиқи аслӣ будани имзои тарҷумон (барои касоне, ки барои раводид ва таҳсил дар хориҷа ҳуҷҷат тайёр мекунанд, муҳим аст).

Пеш аз муроҷиат чиҳоро донистан зарур аст?

Баъзе корҳо (масалан, анҷоми расмиёти мерос ё муомилот бо амволи ғайриманқул) танҳо ба ноҳияҳое дахл доранд, ки иншоот дар ҳамон ҷо воқеъ аст ё шахси фавтида дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст. Пешакӣ муайян кунед, ки суроғаи шумо ба ҳамин идора мансуб аст.

Нусхаи аслии шиносномаро ҳамеша бо худ гиред. Агар аз номи ширкат амал кунед, пас бо худ доштани муҳр ва ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ лозим аст.

Пардохти маблағи хидматрасониҳои нотариус мувофиқи таърифаҳо (тарифҳо)-и муқарраршудаи давлатӣ сурат мегирад. Ҳозир дар бисёр ҷойҳо пардохт тариқи QR-рамзҳо (“Алиф”, “Мегафон Тоҷикистон”, “Эсхата” ва ғайра) ҷорӣ мешавад, ки ин корро ба таври назаррас тезтар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1925 – Рӯзномаи “Иди тоҷик”, ҳоло “Ҷумҳурият” таъсис ёфт.

Соли 2001 – Аввалин сертификатҳои депозитии Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 3 млн сомонӣ бароварда шуданд.

Соли 2007 – Дар ҷараёни сафари расмии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе 11 созишномаи байнидавлатӣ имзо шуд.

Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Анқара бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркияро ифтитоҳ кард.

Соли 2011 – Президенти кишвар супориш дод, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ” таҳия карда шавад.

Соли 2016 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” қабул гардид.

Соли 2021 – Вазорати саноати Тоҷикистон барои додани иҷозатномаҳо дар соҳаи саноатӣ "равзанаи ягона" боз кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Урун Кӯҳзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Урун Кӯҳзод баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ, чанде омӯзгори мактаби миёна, баъдан корманди илмии Институти забон ва адабиёт буд.

Дар рӯзномаи “Маориф ва маданият”, Сарредаксияи Энсиклопедияи тоҷик, маҷаллаи “Садои Шарқ” ва Иттифоқи нависандагон кор кардааст.

Маҷмӯаҳои “Сареву савдое” ва “Як сару сад хаёл”, қиссаҳои “Роҳи ағба”, “Писанддара”, “Бандии озод”, “Тақвими раҳгум”, “Кини Хумор”, романи “Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим”, рисолаҳои публитсистии “Тоҷикони имрӯза”, “Лоҳутӣ ва баъди ӯ”, “Ҷамъи парешон”, “Акашариф – Борбади асри бист” аз ҷумлаи асарҳои эҷодкардаи ӯ мебошад.

Ӯ Нависандаи халқии Тоҷикистон, ҷоизаҳои ба номи Садриддин Айнӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакиро соҳиб гардидааст.

Пиромуни андешаҳои нависанда дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” ба номи Урун Кӯҳзод: Дард бисёр аст, аммо ҳамаашро гуфта намешавад ошно шавед.

Соли 1937 – Зодрӯзи Аскар Абдураҳмонов, санъатшинос ва профессори тоҷик.

Соли 1938 – Мавлуди Талбак Назаров, собиқ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Талбак Назаровро яке аз дипломатҳои коркуштаи Тоҷикистон аст, ки дар замони душвори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон – соли 1994 вазири корҳои хориҷа таъин шуд ва 12 сол то замони осоиштагӣ дар ин мақом кор кард.

Ӯ аз устоди донишгоҳ то ба мансаби вазири корҳои хориҷа расид.

 

Вай соли 1980 депутати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 1982-1988 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 1986-1988 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва солҳои 1988-1991 вазири маорифи Тоҷикистон буд.

Дар солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон Талбак Назаров ба ҳайси муовини аввали раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон (1990-1991), ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1991-1994) ва роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон (1994) кор кардааст.

Ӯ аз соли 1994 то соли 2006 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Баъди ин, ду сол -то 2008 узви раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва бо ҳамин бознишаста шуд.  Ҳоло раиси Бунёди хайрияи ҶТ (аз соли 2008) мебошад.

Дар раванди ҳалли қазияи низои шаҳрвандӣ ва муқобилати яроқноки дохилӣ дар Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, аз январи соли 1996 то ба анҷом (июни соли 1997) роҳбари ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байни тоҷикон оид ба барқарор кардани сулҳ буд

Академик Талбак Назаров муаллифи беш аз 200 асари илмӣ, аз ҷумла зиёда аз 10 рисола, даҳҳо  мақолаю китобҳо оид ба масъалаҳои иқтисодиёт, сиёсат, дипломатия, дӯстии халқҳо, равобити байналмилалӣ ва ғайра мебошад.

Соли 1939 – Мавлуди Баёнқул Облоқулов, ҳунарпешаи театр, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Баёнқул Облоқулов Ҳофизи халқии Тоҷикистони шуравӣ буда, омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷандро хатм ва ҳамчун директори Мактаби мусиқӣ дар Панҷакент фаъолияташро оғоз кардааст.

Сипас директори Хонаи маданият, роҳбари мусиқии Театри халқӣ буд.

Ӯ дар эҷоди таронаҳо ба интихоби шеър, мазмуни он ва оҳанг диққати хос медиҳад ва хусусан, дар сурудани таронаҳои классикӣ маҳорати хоса дорад.

“Вафо бошад”, “Лаъли хандонам ба ҷон”, “Теғи нигоҳ”, “Дугоҳ”, “Тоҷикистон”, “Ба чашм”, “Субҳи дигар”, “Ормони дил”, “Дӯстӣ”, “Интизорӣ” аз беҳтарин таронаҳояш ҳастанд. Ӯ ҳамчунин дар театрҳои кишвар чанд пйеса низ иҷро кардааст.

Соли 1939 – Зодрӯзи Бимбулат Ватаев, ҳунарпешаи синамои тоҷик.

 

Бимбулат Ватаев, ки қаблан дар Осетияи Шимолӣ ҳунарманди театр ва вазири фарҳанги ин кишвар буд, соли 1946 баъди марги падараш дар ҶБВ ҳамроҳи модараш ба Тоҷикистон омада, то соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб зистааст. Ӯ забони тоҷикӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷикро хуб омӯхт.

Вай дар Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ пардохт ва дар синамои тоҷик як қатор нақшҳои мондагор офарид. Аз ҷумла бинандагони тоҷик ӯро дар нақши Рустам дар филмҳое, ки аз рӯи асари безаволи "Шоҳнома" гирифта шудааст,  хуб мешиносанд. 

Ҳамчунин ӯ дар филмҳои “Ҳасани аробакаш”, “Бо амри дил”, “Достон дар бораи Рустам” (ду қисм), “Достони Сиёвуш”, “Саргузашти Мунаки хурдакак” нақш офаридааст.

Соли 1947 – Зодрӯзи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, рӯҳонӣ, арбоби ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, муассис ва раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст), раиси Комиссияи оштии миллӣ.

Нақши Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барҷаста гуфта мешавад. Маҳз ӯ ин санади тақдирсозро, ки ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима дод, аз сӯи Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон, ки роҳбари он буд, имзо кард. 

Соли 1947 – Мавлуди Исо Абдурашидов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

 

Исо Абдурашидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар саҳнаи театр ва синамои тоҷик беш аз 50 нақш офаридааст. Ӯ хатмкардаи факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе буда, солҳо ҳунарпеша ва қариб 20 сол директори Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд.

Нақши Ёдгор дар “Дохунда”, Қиёмиддин мударрис дар “Алломаи Адҳам”, Шпигелберг дар “Роҳзанҳо”, Эдмунд дар “Шоҳ Лир” аз ҷумлаи нақшҳои барҷастаи ӯ дар саҳнаи театр мебошанд.

Дар синамо бошад нақши Азизбек дар “Воқеа дар фурудгоҳ”, лейтенанти калон дар “Қапқон барои шағолҳо”, Саид оҳангар дар “Дарди ишқ”-ро бо маҳорати баланд иҷро кардааст.

Исо Абдурашидов шоми 15 декабри соли 2018 дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1951 – Мавлуди Убайдуллоҳи Ширин, рӯзноманигор, шоир ва нависандаи тоҷик.

Соли 1959 – Мавлуди Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, собиқ вазири маориф ва ёрдамчии пешини президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоӣ.

 

Абдуҷаббор Раҳмонзода соли 1983 факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти худро ба ҳайси омӯзгор дар донишгоҳ шурӯъ карда, минбаъд дар вазифаҳои баланди давлатӣ ба фаъолият пардохт. Соли 2000 ба сифати мудири шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 2002 дар ин шуъба кор кард ва сипас, ба шуъбаи фарҳанги Дастгоҳ гузашт.

Як муддат раиси Кумитаи телевизион ва радиои буд ва аз соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати вазири маорифи Тоҷикистон фаъолият дошт.

Як муддат ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, солҳои 2014-2021 ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд. Моҳи майи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъйин шуд ва то моҳи ноябри соли 2025 аз ин вазифа барканор шуд. Сабаби барканориаш "гузаштан ба кори дигар" гуфта мешуд, вале то ҳол чӣ вазифа гирифтани ӯ расонаӣ нашудааст.

Соли 1965 – Зодрӯзи Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк”.

 

Тоҷиддин Пирзода (то соли 2014 Пиров Тоҷиддин Таварович) соли 1965 дар деҳаи Кӯли Сӯфиёни ноҳияи Данғара таваллуд шудааст, ҳарчанд пайвандиҳое ҳам ба ноҳияи Файзобод дорад. Пас аз хатми мактаби таҳсилоти умумӣ солҳои 1983—1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС дар ҳайати қувваҳои маҳдуди Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хидмат кардааст.

Соли 1990 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кард ва солҳои 1991—1993 аспиранти Институти илмию татқиқотии сабзавотшиносии Маскав буд. Соли 1996 рисолаи номзадӣ ва соли 2003 рисолаи докторӣ дар Академияи ба номи К. А. Тимирязеви шаҳри Маскав ҳимоя намуд. Ғоибона факултаи иқтисоди ДДМТ-ро бо ихтисоси "Молия ва қарз" ва факултаи энергетикаи ДТТ ба номи академик М. Осимиро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст.

Муддате дар Донишгоҳи аграрӣ омӯзгорӣ ҳам кардааст.

Муаллифи 16 китоби дарсӣ, ду монография ва 200 мақолаи илмӣ мебошад. Аз моҳи майи соли 1997 то январи соли 2003 ба ҳайси намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Белорус кор кардааст.

17-уми марти соли 2012 раиси ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" таъйин шуд. Дар оғоз ин бонкро ба яке аз бонкҳои муваффақи кишвар табдид дод, аммо баъдан, солҳои 2015 кори он ба мушкил печид. Дар ниҳоят, ин бонк натавонист садҳо миллион сомонӣ пули муштариёнашро баргардонад ва муфлис шуд. То шол садшо муштарии ин бонк пули худро аз ин бонк гирифта натавониста, дар додгоҳу Бонки миллии Тоҷикистон бесамар додхоҳӣ мекунанд.

Соли 2010 – Амрияздон Алимардонов, адабиётшинос-шарқшиноси тоҷик дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

15-уми март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мешавад. Ин рӯз бо қарори СММ ба суханронии президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ дар Конгресси дар соли 1962 бахшида шудааст. Дар суханронии ӯ чаҳор ҳуқуқи асосии истеъмолкунандагон таъкид шуда буд: ҳуқуқ ба бехатарӣ, ҳуқуқ ба иттилоъ, ҳуқуқ ба интихоб, ҳуқуқ ба шунида шудан.

 

15-уми март Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди зӯроварии пулис аст. Бори аввал ин рӯз соли 1997 бо ташаббуси ду созмон – “Ҷамъияти муқобили зӯроварии пулис” аз Монреал ва гурӯҳи швейтсарии “Парчами Сиёҳ” таҷлил шуд. Баъди соли 2000 ин сана бо латукӯби ду кӯдак (11 ва 12-сола) аз ҷониби пулиси Швейтсария алоқаманд гардид.

Зӯроварии пулис ин истифодаи беасоси қувваи ҷисмонӣ, ҳамлаҳои лафзӣ ва таҳдиди равонӣ аст, ки ба гурӯҳи амалҳои ғайриқонунии пулис мансубанд.

 

15-уми март Рӯзи ихтирои эскалатор (зинаи равон) аст. 15 марти соли 1892 ихтироъкор Ҷесси Рено ихтирои худ – зинаи равон (эскалатор)-ро патент кард. Аввалин бор одамон дар соли 1894 дар боғи Конӣ Айленди Ню-Йорк тавонистанд аз эскалатор истифода кунанд.

Эскалатори аввалин роҳравҳои ҳаракаткунандаи зина надошт. Аввалин эскалатори дорои зинаҳо дар соли 1900 дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Париж ба мардум муаррифӣ шуд. Баъдан, ин “зинаи ҳаракаткунанда” дар мағозаи универсалии “Джимбелс” дар шаҳри Филаделфияи ИМА насб гардид.

Аввалин эскалаторҳо дар метро дар соли 1911 дар хати метрои Пикадилли Лондон пайдо шуданд.

 

Дарозтарин эскалатор дар ҷаҳон соли 1994 дар Ҳонконг сохта шудааст. Дарозиаш 800 метр буда, тавассути он метавон дар байни мағозаҳо, қаҳвахонаҳо ва ресторанҳо ҳаракат кард, инчунин аз хона ба ҷойи кор ва баръакс расид.

Кӯтоҳтарин эскалатор дар яке аз марказҳои савдои шаҳри Кавасакии Ҷопон насб шудааст. Баландии он ҳамагӣ 80 сантиметр аст ва бештар ҳамчун як ҷозибаи сайёҳӣ маъруф аст.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии тамос таҷлил мешавад. Бори аввал онро 15 марти соли 1953 бо ташаббуси ташкилоти “Бюрои байналмилалии табақаҳои паррон” ҷашн гирифтанд. Ҳадафи ин рӯз тавассути талошҳои муштарак барқарор кардани робитаи сулҳомез бо мавҷудоти ғайризаминӣ мебошад.

 

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо баъзан бориши борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -1+4º,  дар баъзе минтақаҳо то 3-5º сард, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 2-4º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 15 ба 16-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.