Home Blog Page 5096

ҲНИТ бахшида ба ҳаёту фаъолияти Имоми Аъзам конфронс доир сохт

0



           

Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида ба ҳаёту фаъолияти Имоми Аъзам конфронс доир сохт. Дар суханронии худ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки ташаббуси сарвари давлатро пуштибонӣ намуда, дар чорабиниҳои бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам фаъолона ширкат варзанд.





           

Дар ҳамин ҳол, чанде аз фаъолони ҳизб дар робита ба баргузории чорабиниҳои давлатӣ бахшида ба ин ҷашн изҳори норозигӣ карданд.




           

Дар маърӯзаи худ раиси бахши фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Абдувоҳид Шамолов аъзои ҳизбро ба таҳаммулпазирӣ даъват карда, изҳор дошт, дар ин росто мебояд муколамаро бо ҳукуматдорон идома дод.




           

Қобили зикр аст, ки намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои мусулмони муқими Тоҷикистон низ ба конфронс даъват шуда буданд.


Рустами Эмомалӣ ба ҳайати мақомоти роҳбарии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон шомил гардид

0


Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл писари президенти Тоҷикистон – Рустами Эмомалӣ якдилона муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб карда шуд.




Дар анҷумани


IX


-уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонон, ки дар кори он 120 вакил аз тамоми манотиқи кишвар иштирок доштанд, инчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ Маликшо Неъматов раиси нави Иттифоқи ҷавонон интихоб гардид.



Ба гуфтаи раиси нави Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи муовини раиси Иттифоқи ҷавонон ба таҳкими иттифоқ ва рушди фаъолияти минбаъдаи он таъсири мусбат хоҳад гузошт. Бо ишора ба ташкил кардани дастаи футболи «Истиқлол» ва иштироки муваффақонаи он дар мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои лигаи олии ҷумҳурӣ, М.Неъматов гуфт, ин худ таҷассумгари дастгирии соҳаи варзиш аз ҷониби Рустами Эмомалӣ аст.



М.Неъматов афзуд, Рустами Эмомалӣ хатмкунандаи факулати иқтисодиву молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, феълан шунавандаи Донишгоҳи давлатии Маскав аст ва дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ фаъолият дорад.


Дар муқоиса бо соли гузашта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуд

0


Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар муқоиса бо соли гузашта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуд.




Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар зарфи се моҳи соли равон дар маҷмӯъ, ба маблағи 386,3 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 дарсад бештар мебошад.



Ба иттилои манбаъ, дар бахши рустанипарварӣ тавлиди маҳсулот ба андозаи 8,7 ва чорводорӣ ба миқдори 8,5 дарсад афзуд.



Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти вазорат, феълан дар кишвар 31 ҳазору 662 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд.


Имрӯз масеҳиёни православи Тоҷикистон Пасхаро ид мекунанд

0



           

Душанбе. 19-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз масеҳиёни православии Тоҷикистон бузургтарин иди динии худ – Пасха ё эҳёи Исои Масеҳро дар калисои Свято-Николскии шаҳри Душанбе ҷашн мегиранд.




Тибқи ривояти китобҳои муқаддаси дини насронӣ, Исои Масеҳ дар рӯзи чаҳоруми чормех шуданаш аз нав эҳё гардид, ки он рамзи пирӯзӣ бар гуноҳ ва марг буда, подоши ранҷу машаққат шумурда мешавад.



Масеҳиён дар ин рӯз бо нидоҳои «Исо зинда шуд!» ҳамдигарро шодбош мегӯянд.


Ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт дар Душанбе 8 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

0



              

Душанбе 18-уми апрел Имрӯз дар ҷашни Р


ӯ


зи пойтахт дар шаҳриДушанбе 8 иншооти


ҷ


ашн


ӣ


ва наздики 30 ҳазор метри мураббаъ манзил супорида шуд.




Дар к


ӯ


чаҳои Валаматзода ва Ҳофизи Шерозии пойтахт 6 бинои 9-ошёнаи истиқомат


ӣ


мавриди истифода қарор дода, шуданд, ки шаҳодати раванди бунёдкорию созандаг


ӣ


дар пойтахт аст. Инчунин, як қатор Марказҳои савдо, таваққуфгоҳҳо, марказҳои техник


ӣ


мавриди баҳрабардор


ӣ


қарор гирифтанд.




               

Ҳамзамон, дар Р


ӯ


зи пойтахт бо мусоид омадани боду ҳаво сокинон ва кормандони идораю муассисаҳои гуногуни пойтахт ба ҳашари умумишаҳр


ӣ


баромада, дар тозаю обод гардонидани маҳали зист, коргоҳ, к


ӯ


чаю хиёбонҳои шаҳр ва соҳилҳои дарёи Душанбе саҳми муносиб гузоштанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.


Дар доираи амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ ҳукумати вилояти Суғд хароҷотро камтар мекунад

0



           

Хуҷанд. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раёсати молияи ҳукумати вилояти Суғд, ки мабалғгузорӣ ба муассисаҳои давлатиро танзим месозад, дар доираи амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ хароҷотро ба андозаи 15 дарсад камтар карданист.





           

Чӣ тавре ки сардори раёсат Анвар Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пеш аз ҳама, ҳаҷми хароҷот барои эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ, харидории лавозимоти канселярӣ ва мебел барои корхонаҳо коҳиш хоҳад ёфт. «Ҳамзамон ҳаҷми хароҷот барои харидани мошинҳои хизматӣ ва сафарҳои хизматии кормандони муассисаҳои давлатӣ камтар карда мешавад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки тибқи пешгӯиҳо, аз чунин иқдом ҳаҷми сарфаи хароҷот дар муқоиса бо соли гузашта 30-40 млн. сомонӣ камтар хоҳад шуд.




           

Ба қавли А.Мирзоев, пардохти музди меҳнат, ҷубронпулиҳо барои қишри камбизоати аҳолӣ ҷиҳати пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҳамчунин маблағгузорӣ ба кӯдакистонҳо, макотиб ва бахши тандурустӣ бетағйир боқӣ мемонанд.


Фарзанди котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба 5 соли зиндон маҳкум гардид

0


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Бобур Азимов, фарзанди Амирқул Азимов, дабири Ш


ӯ


рои амнияти То


ҷ


икистонро ба пан


ҷ


соли зиндон маҳкум кард.




Тибқи иттилои бахши тоҷикии радиои Озодӣ, додгоҳ ҳамчунин Бобур Азимовро барои се сол аз ҳаққи ронандаг


ӣ


маҳрум кардааст.



Абдусалом




Одинаев


,


додраси




додгоҳи




нҳоияи




Сино


,


Бобур




Азимовро




бар




асоси




банди


212-


и




Қонуни




ҷ


иноии




То


ҷ


икистон




дар




иртикоби




садмаи




нақлитие


,


ки




ба




кушта




шудани




ду




ва




ё




афроди




бештаре




мун


ҷ


ар




шудааст


,


му


ҷ


рим




шинохтааст


.



Бино бар ҳарфи додрас, Бобур Азимов, ки сари чанбари мошини тамғаи Тойота-Авалон қарор дошт, соатҳои 7-и бегоҳи 17-уми августи соли 2008 ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомон


ӣ


дар


ҷ


одаи назди Кохи Борбади шаҳри Душанбе нафари пиёдагардеро пахш мекунад. Ҳамзамон, бо ин ҳодиса мошини зери идора ва фармони


ӯ


ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, бо як мошини дигар бармех


ӯ


рад, ки дар нати


ҷ


а яке аз мусофирони он кушта шуда, пан


ҷ


нафари дигар бо шумули як к


ӯ


дак бо


ҷ


ароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода мешаванд.



Бобур




Азимов




то




замони




рух




додани




ин




ҳодиса




ба




ҳайси




муфаттиши




додситон


ӣ




дар




ноҳияи




Синои




пойтахт




фаъолият




мекард


.


Аммо бо сар задани ин ҳодиса аз ифои масъулият барканор шуда буд. Мақомоти тафтишот


ӣ


чораи ҳабси пешакии


ӯ


ро бо гирифтани забонхати тарк накардани маҳалли иқомат иваз карда буданд.


Дар Душанбе ба гумони даст доштан дар куштор бародари собиқ вазири умури дохилии ҶТ боздошт гардид

0



           

Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар куштор ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ бародари Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилии ҶТ – Тағойназар Солеҳов боздошт гардид.





           

Чӣ тавре ки муовини аввали додситони пойтахт Сайфиддин Сироҷзода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Т.Солеҳов ба қатли хеши худ, корманди милиса Далер Фозилов гумонбар дониста мешавад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба боздоштшуда тибқи моддаҳои 104 (Куштор) ва 195-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Харидории ғайриқонунӣ, интиқол, фурӯш ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, муҳимот, маводи тарканда ва дастгоҳҳои тарканда) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.




           

Айни замон Т.Солеҳов дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе қарор дорад.


Имрӯз даври саввуми мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон оғоз мегардад

0



           

Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз даври саввуми мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон оғоз мегардад.





           

Чӣ тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, имрӯз дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии дастаҳои пешсафи мусобиқа – «Хуҷанд» ва «Истиқлол», баргузор мешавад. Ҳамчунин дар шҳри Кӯрғонтеппа дастаҳои «Вахш» ва «Равшан», дар шаҳри Душанбе дастаҳои ССКА «Помир» ва «Парвоз» ва «Энергетик» ва «Спитамен» бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. «Пагоҳ дар пойтахт вохӯрии дастаҳои «Гвардия» ва «Регар» ТадАЗ доир мегардад», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ба қатори голзанҳои беҳтарин Абдусамад Ҳоҷибоев («Парвоз»), Хуршед Маҳмудов («Регар» ТадАЗ), Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») шомил мебошанд, ки ҳар кадом 2-голӣ задаанд.


Дар Алмаато қонунҳо дар соҳаи захоири обӣ ва баргузории гуфтушунид оид ба истифодаи он баррасӣ мешаванд

0


Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 19-21-уми апрел дар шаҳри Алмаато таҳти унвони «Асноди байнулмилалии қонунгузорӣ дар бахши захоири обӣ ва баргузории гуфтушунид оид ба имзорасии созишномаҳои мутақобилан судманд дар масъалаи истифодаи об» семинар доир мегардад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази минтақавии дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳамдастӣ бо Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо созмон дода мешавад.




Тибқи иттилои Маркази минтақавии дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ, чорабинии мазкур мансабдорони воломақоми ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва коршиносони байнулмилалии ин соҳаро гирди ҳам меорад.



Гуфта мешавад, иштирокдорони семинар оид ба қонуну асноди меъёрии мавҷуда дар соҳаи истифодаи захоири обӣ табодули афкор намуда, аз таҷрибаи пешқадами ҳалли мушкилоти ин соҳа дар сатҳи байнулмилалӣ ва истифодаи пурсамари он натиҷагирӣ хоҳанд кард.