Home Blog Page 5104

Сарвари давлат бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир намуд

0


Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир намуд.




Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили омодагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба бартарфсозии оқибати офатҳои табиӣ ва ҳамчунин ба фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зоҳир гардид.



Сарвари давлат оид ба пурзӯр намудани тартибу низом дар байни кормандони худи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва муборизаи беамон бурдан бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо супоришҳои мушаххас дод.



Дар робита ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дастур дода шуд, ки аз маблағҳои буҷетӣ ва захираҳои моддӣ сарфакорона истифода баранд.



Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба иҷрои қонунҳо, қарорҳои ҳукумат ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти ин сохторҳо дахл доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба ҳозирин супоришҳои қатъӣ дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҷаласаи ситод оид ба анҷоми бунёди иншоот баргузор шуд

0


Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҷаласаи ситод оид ба анҷоми бунёди иншоот баргузор шуд. Дар он масъалаи мӯҳлати ба истифода додани иншоот мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Чӣ тавре ки аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ширкат варзид.



Ёдрас мекунем, ки зимни сӯҳбати телефонӣ сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон мувофиқа ҳосил карданд, ки дар маросими пурра мавриди истифода қарор гирифтани иншоот иштирок хоҳанд кард.


Қочоқбарони афғон роҳи нави интиқоли маводи мухадирро ба Русия пайдо карданд

0


Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Қочоқбарони афғон роҳи нави интиқоли маводи мухадирро ба Русия пайдо карданд. Тибқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, роҳи мазкур аз кишварҳои Шарқи Миёна оғоз гардида, сипас ба Украинаву Қафқоз ва аз он ҷо то истеъмолгарони рус мерасад.




Имрӯз сардори ситоди агентии мазкур Фахриддин Ҷонмаҳмадов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли ахир як қатор чунин далелҳо ошкор карда шуда, тамоили мазкур дар ҳоли афзоиш аст. «Соли равон низ дар Афғонистон ҳосили баланди маводи мухаддир пешгӯӣ мешавад», – гуфт ӯ.

 




Тибқи маълумоти Раёсати СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, ҳарчанд дар минтақаи шимоли Афғонистон коҳиши заминҳои кишти кӯкнор ба мушоҳида расида бошад ҳам, то ҳанӯз ин кишвар дар истеҳсоли маводи мухаддир пешсаф аст.



Муовини директори агентӣ Бунафша Одинаева ҳозиринро бо вазъи мубориза бо маводи мухаддир, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя пешниҳод гардидааст, шинос намуда, гуфт, мақомоти марбутаи Афғонистон ҷиҳати мубориза бо қочоқбарон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. «Соли гузашта мақомоти дахлдори ин кишвар ҳудуди 300 тонна ҳашиш, наздики 280 тонна афюн, 2 тонна ҳероин, 97 кило морфин, 11 ҳазор литр ва 36 ҳазор кило прекурсорҳои гуногун ва ҳамчунин миқдори зиёди воситаҳои алоқаи навтарин ва 60 ҳазор муҳимотро мусодира кардаанд», – гуфт ӯ.



Б.Одинаева афзуд, тибқи навиштаҷот дар номгӯи маҳсулот, прекурсорҳо (маводи кимиёвӣ барои истифодаи ҳероин) ба Афғонистон аз кишварҳои Эрон, Покистон ва Чин ворид карда мешаванд.


Дар ҷашни Рӯзи пойтахт соҳилҳои рӯдхонаи Варзоб дар қаламрави шаҳри Душанбе тоза карда мешаванд

0



           

Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи қарори имрӯз қабулгардида аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки рӯзи 18-уми апрел баргузор мешавад, таҳти унвони «Тозагии соҳилҳои рӯдхонаи Варзоб дар қаламрави пойтахт – тозагии виҷдон» чорабинӣ гузаронида шуда, тоза кардани соҳилҳои рӯдхона дар Душанбе ба нақша гирифта шуд.





           

Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар доираи ҳашари умумишаҳрӣ дар ин рӯз ба тозакунии соҳилҳои рӯдхона дар қатори кормандони корхонаву муассисаҳои пойтахт инчунин сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини назди соҳили рӯдхона низ ширкат хоҳанд варзид.



«Пеша аз ҳама, чорабинии мазкур ба амалисозии барномаҳои экологии пойтахт ва дар посух ба ибтикори ҳайати кормандони радиои «Садои Душанбе»

 

рӯи даст гирифта мешавад», – афзуд Ш.Саидов.


Дар Қӯрғонтеппа сафири ИМА дар Тоҷикистон «гӯшаи амрикоӣ»-и навбатиро ифтитоҳ кард

0


Қӯрғонтеппа. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон «гӯшаи амрикоӣ»-и навбатиро ифтитоҳ кард. Дар маросими мазкур ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Иззатулло Зоҳиров низ ширкат варзиданд.




Дар суханронии худ бо забони тоҷикӣ сафири Амрико аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ин «гӯшаи амрикоӣ»-ро чун сарчашмаи дастрасии маълумот дар бораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шиносоӣ бо имконоти донишандӯзӣ дар ИМА истифода баранд.



Ба гуфтаи сафир, дар ин гӯша истифодаи ройгон аз шабакаи Интернет, тамошои филмҳо, қироати китоб ва дигар шароити истироҳат дастрас аст. Ҳукуматдорони вилоят ба сафир изҳори миннатдорӣ намуда, муносиботи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар сатҳи баланд арзёбӣ карданд.




 

Сатҳи таваррум дар семоҳаи аввали соли равон 1,2 фоизро ташкил дод

0


Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Сатҳи таваррум дар семоҳаи аввали соли равон 1,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 банди фоизӣ паст гардид. Дар семоҳаи аввали соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 2,6 дарсад баробар буд.




Нишондиҳандаи феълии таваррум дар ин давра аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти озуқа 0,6 фоиз, маводи ғайриозуқа 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 5,6 фоиз ба амал омад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.


Ба муассисаҳои давлатии нақлиёти мусофирбари пойтахт 150 автобус дода шуд

0



           

Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, 150 автобуси мусофирбари оғози соли равон аз Русия харидашуда ба тавозуни муассисаҳои нақлиёти мусофирбари пойтахт гузаронида шуд.





           

Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 75 автобус ба ихтиёри корхонаи давлатии «Автобус-1», 35 адад ба корхонаи давлатии «Автобус-2» ва 40 автобус ба корхоани давлатии «Автобус-3» дода шуд. «Раиси пойтахт супориш дод, ки нақлиёти мусофирбар аз рӯи таъинот танҳо баҳри қонеъ сохтани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт ба нақлиёти мусофирбар истифода бурда шавад», – гуфт сухангӯи раиси пойтахт.




           

Ба қавли Ш.Саидов, нисфи автобусҳои дастрасшуда бо газ ва боқимонда бо бензин кор мекунанд. Барои дастрас кардани ин миқдор автобус аз буҷаи шаҳри Душанбе ҳудуди 5 млн. долллари ИМА масраф гардидааст.


ВКХ ва БДА қоидаҳои амалкунандаи ҶТ оид ба ҳаракати нақлиёт дар роҳро ба дипломатҳои хориҷӣ шарҳ доданд

0



           

Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати умури хориҷии ҶТ бо иштироки мақомоти раҳбарии Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе вохӯрии директори генералии КВД «Тоҷдипсервис» Ардашери Қодирӣ бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои ба он баробаршуда баргузор шуд.





           

Чӣ тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот масъалаи аз ҷониби намояндагони корпусҳои дипломатӣ риоя кардани қоидаҳои амалкунадаи ҳаракат дар роҳ дар ҶТ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




           

А.Қодирӣ аз намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ба риояи қоидаҳои муқаррашудаи ҶТ дар бораи ҳаракат дар роҳ таваҷҷӯҳи хос зоҳир созанд ва новобаста аз шаҳрванди кишвари хориҷӣ буданашон, дар сурати дуруст будани талаботи кормандони БДА, ба онҳо итоат намоянд.


ҶСК «Телерадиоком» танҳо пас аз пардохти қарз аз ҷониби ширкати телевизиону радиои Русия сари мизи гуфтушунид менишинад

0


10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мавриди интишори изҳороти мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии телевизиону радиои Русия оид ба барқарор сохтани пахши барномаҳои шабакаи «РТР-Планета» дар қаламрави Тоҷикистон мудири кулли Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» Сӯҳроб Алиев изҳор дошт, ки онҳо дар ин хусус ҳеҷ номаи расмие нагирифтаанд.




С.Алиев мегӯяд, ҶСК «Телерадиоком» танҳо пас аз пардохти қарз аз ҷониби ширкати телевизиону радиои Русия, ки дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба 7 млн. рубли русӣ баробар шудааст, омода аст сари мизи гуфтушунид нишинад.



Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи телевизиону радиои назди Ҳукумати ҶТ Самад Ҳикматов, ӯ чандин маротиба унвонии мақомоти раҳбарии ширкти русиягӣ нома ирсол доштааст, вале ҳеҷ посухе аз онҳо нагирифтааст. «Агар онҳо хоҳони барқароршавии пахши барномаҳои шабакаи телевизиони «РТР-Планета» дар Тоҷикистон бошанд, пас чаро бо мо мустақиман дар тамос намешаванду дар ВАО изҳороти расмӣ интишор месозанд?», – суол медиҳад ӯ.



С.Ҳикматов мегӯяд, гуфтушунид танҳо дар сурати омода будани онҳо барои саривақт пардохтани хизматгузориҳои ҶСК «Телерадиоком» имконпазир аст. «Барои хизматгузориҳо дар моҳҳои ноябр-декабри соли гузашта ширкати Русия танҳо моҳи феврали соли ҷорӣ бо мо ҳисоббаробарӣ кард ва кумита ба иллати он 133 ҳазор сомонӣ хисорот бардошт», – афзуд ӯ.


Ҳ.Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви ИДМ ба Ашқобод рафт

0


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имр


ӯ


з Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Ҳамрохон Зариф


ӣ


барои иштирок дар кори


ҷ


аласаи Ш


ӯ


рои вазирони корҳои хори


ҷ


ии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари кории дур


ӯ


за ба шаҳри Ашқобод рафт.




Дар оғози


ҷ


аласаи навбатии Ш


ӯ


рои вазирони корҳои хори


ҷ


ии ИДМ, ки кори худро 10-уми апрели соли


ҷ


ор


ӣ


оғоз мекунад, Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов суханронии шодбош


ӣ


хоҳад намуд. Дар


ҷ


аласа муҳокимаи масъалаҳои р


ӯ


знома, ба имзо расондани ҳу


ҷҷ


атҳои ниҳо


ӣ


ва нишасти матбуотии роҳбарони ҳайатҳо пешбин


ӣ


шуданд.



Дар барномаи боздиди вазирон маросими гулчанбаргузор


ӣ


аз номи роҳбарони ҳайъатҳо ба мақбараи “Türkmenbaşynyň Ruhy Metjidi” ва аксбардории муштарак дар назар аст.



Дар


ҷ


араёни ин сафар Ҳамрохон Зариф


ӣ


бо Президенти Туркманистон мулоқот хоҳад кард. Ҳамчунин вох


ӯ


риҳои Вазири корҳои хори


ҷ


ии То


ҷ


икистон бо роҳбарони ҳайъатҳои кишварҳои дигар доир хоҳанд шуд. 11-уми апрели соли равон Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ба Душанбе бармегардад. Дар ин бора аз Вазоарти корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.