Home Blog Page 5119

Қарордоди минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди амал қарор гирифт

0


Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи гузориши Маркази иттилооти СММ, Қарордоди минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ аз 21-уми март мавриди амал қарор гирифт.




Ёдовар мешавем, зери созишномаи шаҳри Семипалатинск аз 8-уми сентябри соли 2006 кишврҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон имзо гузошта буданд. Кишварҳои узви созишнома ӯҳдадор шуданд, ки истеҳсол, харидорӣ ва ҷой додани силоҳи ҳастаӣ, ҷузъиёти он ва дигар таҷҳизоти таркандаи ҳастаиро дар қаламрави кишварашон манъ созанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи қарордод, роҳандозхии фаъолият оид ба рушди энергетикаи ҳастаии сулҳомез манъ карда нашудааст.



Чунин минтақаҳои озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Амрикои Лотинӣ, Африқо, минтақаи Уқёнуси Ором ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ таъсис дода шуда, беш аз 100 кишвари дунёро муттаҳид месозанд.


Сарвари давлат як қатор қонунҳоро ба имзо расонид

0


Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расиданд.




Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи таърихи қарз (кредит) “, «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “, «Дар бораи карантини растанӣ», «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

 

бораи маориф » аз ҷумлаи онҳо мебошанд.



Бояд қайд намуд, ки қонунҳои ба имзорасида, пеш аз ҳама бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди минбаъдаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, такмили қонунгузории ҷумҳурӣ ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қабул карда шудаанд.



Амалӣ гардидани онҳо барои рушду нумӯ ва пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ширкати ҳавопаймоии «Somon air» боз як тайёраи навъи «Boeing 737-800» харидорӣ кард

0


Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустин ширкати ҳавопаймоии тиҷоратии Тоҷикистон – «Somon air» боз як тайёраи навъи «Boeing 737-800» харидорӣ кард.




Чӣ тавре ки мудири кулли ширкат Музаффар Исҳоқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тайёра дар ИМА тариқи қарзи бонкӣ харидорӣ шудааст. Ӯ аз пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба арзиши тайёра худдорӣ намуд. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки ҳавопаймо ба исми асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ номгузорӣ гардидааст.



Тибқи маълумоти расида аз ширкати мазкур, тайёраи мусофирбар аз Туркия ба фурудгоҳи Душанбе оварда шуда, барои 172 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст ва ба хатсайрҳои кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла шаҳрҳои Франкфурт ва Урумчӣ парвозҳо анҷом хоҳад дод. «Тайёраи нахустини навъи «Boeing 737-800»-и ширкат дар як ҳафта ҳамарӯза ба шаҳри Маскав ва як маротиба ба шаҳри Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) парвоз анҷом медиҳад», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, минбаъд роҳандозии парвози тайёраҳо ба шаҳрҳои Истанбул, Деҳлӣ, Теҳрон, Бангкок ва шаҳрҳои дигари ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст.


Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо бемории сил автомарафон доир месозад

0



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо бемории сил Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон автомарафон барпо мекунад.




Намояндаи ҶҲАТ Сайидо Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Комиссияи Аврупо, созмонҳои Салиби Сурхи Нидерланд, Федератсияи байнулмилалии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх баргузор мегардад.



Ба қавли С.Назаров, ҶҲАТ назди худ мақсад гузоштааст, ки тариқи баргузории ин чорабинӣ тарзи ҳаёти солимро таблиғ намуда, ба аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориии сил маълумоти зарурӣ пешниҳод созад. «Дар баргузории чорабинӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид, зеро маҳз онҳо доир ба бемории сил ва роҳҳои пешгириву табобати он бояд маълумоти зарурӣ дошта бошанд», – гуфт ӯ.



С.Назаров афзуд, зимни баргузории чорабинӣ фарогирии беш аз 2500 нафар аҳолии шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат пешбинӣ мешавад.


Вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон сол то сол муташанниҷ мегардад, – назари сиёсатшиноси рус

0



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба радиои «Садои Амрико» сиёсатшиноси рус, роҳбари шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Донишкадаи кишварҳои узви ИДМ Андрей Грозин изҳор доштааст, ки вазъи иқтисоди ҳеҷ кадоме аз кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ устувору босубот нест.




           А.Грозин гуфтааст, дар сохти давлатдории кишварҳо баъзе тавофут ҷой дорад. «Дар ҳукумати Тоҷикистон муттаҳидӣ ба чашм мерасад», – гуфтааст ӯ.




           

Ба қавли сиёсатшиноси рус, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон сол то сол муташанниҷ мегардад. «Ғайр аз ин, аксари намояндагони элитаи минтақаҳо аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки хешу ақрабои сарвари давлат тамоми бахши тиҷоратро таҳти назорати худ қарор додаанд», – зикр намудааст ӯ.




           

Аз ҷониби дигар, ба гуфтаи сиёсатшинос, чунин вазъ панҷ сол қабл низ ҷой дошт ва аз эҳтимол дур нест, ки боз баъди гузашти панҷ соли дигар низ тағйироте дар кишвар ба вуҷуд наояд.


Эрон ҷиҳати анҷоми пурраи корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол» 6 млн. $ маблағи заруриро ҷудо мекунад

0


Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – 21-уми марти соли 2009 дар нимаи дуюми р


ӯ


з дар


ҷ


араёни боздиди худ аз Мазори Шариф Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон бо Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон Манучеҳр Муттак


ӣ


вох


ӯ


р


ӣ


ан


ҷ


ом дод.




Дар оғози с


ӯ


ҳбат Вазири корҳои хори


ҷ


ии То


ҷ


икистон аз номи Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба Вазири корҳои хори


ҷ


ии Эрон барои пазироии


ҷ


ониби эрон


ӣ


ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид ҳангоми сафар ба Эрон ва иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


изҳори миннатдор


ӣ


намуд. Ҳамрохон Зариф


ӣ


дар сатҳи баланд баргузор гардидани ҳамоиши сарони кишварҳои СҲИ-ро зикр карда, ҳамтои худро ба ин муносибат табрик намуд.


Ӯ


ҳамчунин пурмазмуну манфиатбахш


ҷ


араён гирифтани мулоқотҳои Президенти То


ҷ


икистонро дар Теҳрону Кирмон ва


ҷ


азираи Кеш зикр намуда, минтақаи озоди иқтисодии


ҷ


азираи Кеш ва технологияҳои истифодашавандаи эрониро дар ин


ҷ


о пешқадаму ояндадор ва арзандаи ом


ӯ


зиш арзёб


ӣ


кард.



Дар навбати худ Вазири корҳои хори


ҷ


ии Эрон иброз дошт, ки миёни вазирони корҳои хори


ҷ


ӣ


То


ҷ


икистону Эрон ҳамкорию ҳамфикр


ӣ


ва рафоқате


ҷ


араён дорад, ки бояд ба манфиати ҳарду кишвар хизмат бикунад.



Дар мулоқот рушди ҳамкориҳои То


ҷ


икистону Эрон дар самтҳои гуногун баррас


ӣ


шуд.



Ҳамрохон Зариф


ӣ


нисбати пешрафти корҳо оид ба чанд лоиҳаи ду


ҷ


ониба дар То


ҷ


икистон, аз


ҷ


умла нер


ӯ


гоҳи барқи обии Сангт


ӯ


да-2 изҳори қаноатманд


ӣ


намуда, зикр кард, ки дар шароити кунун


ӣ


қариб мушкилие


ҷ


ой надорад.


Ӯ


гуфт, ки мушкили пешомадаи як ширкати эронии воқеъ дар Ху


ҷ


анд ҳалли худро меёбад.



Манучеҳр Муттак


ӣ


таъкид кард, ки дар миёни лоиҳаҳои муштарак сохтмони роҳҳо ва иншоотҳои барқ


ӣ


хеле муҳиманд.


Ӯ


зикр намуд, ки барои ан


ҷ


ом додани сохтмони нақби «Истиқлол»


ҷ


ониби Эрон 6 миллион доллари заруриро


ҷ


удо мекунад, ки 1 миллион доллари он тариқи


ҷ


удо кардани грант пардохт хоҳад шуд.



Дар с


ӯ


ҳбат масъалаҳои амнияти минтақа, инчунин ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилал


ӣ


низ мавриди табодули назар сурат гирифтанд.



Ҳамрохон Зариф


ӣ


гуфт, ки То


ҷ


икистон мақсад дорад соли 2010


ҷ


аласаи вазирони корҳои хори


ҷ


ии Созмони ҳамкориҳои иқтисодиро дар Душанбе доир намояд. Манучеҳр Муттак


ӣ


ин иқдомро дастгир


ӣ


намуд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Имрӯз тайёраи саввуми кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон ворид мегардад

0


Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз тайёраи саввуми иборат аз кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон ворид мегардад.




Чӣ тавре ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, кӯмаки башардӯстона аз захираҳои давлатии Русия ҷудо гардида, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дастгирии бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ пешбинӣ шудааст. «Кӯмак аз хаймаҳои истиқоматӣ, қанд, курпаҳои рӯйпӯш ва нерӯгоҳҳои сайёр иборат буда маблағи умумии он ба 12 млн. рубли русӣ баробар аст», – гуфт манбаъ.



Ёдовар мешавем, ки 19-уми март ду тайёраи навъи ИЛ-76-и Русия бо кӯмаки башардӯстонаи Русия вориди Тоҷикистон шуда буданд.


Дар ҷумҳурӣ кишти чигит оғоз ёфт

0


Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон кишти чигит оғоз ёфт.




Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, яке аз нахустинҳо шуда кишоварзони вилояти Хатлон дар арафаи Иди Наврӯз мавсими киштукори баҳориро шурӯъ карданд.



Ба иттилои манбаъ, имсол дар кишвар кишти пунбадона дар майдони 200 ҳазору


700 гектар

гузаронида мешавад, ки 124 ҳазору 400 гектари он дар вилояти Хатлон мебошад ва дар ин вилоят аллакай дар масоҳати 6 ҳазору

219 гектар

чигит кишт карда шудааст.



Ба қавли мутахассиси раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Амрохон Ҳаитов, дар минтақа киштукор ҳанӯз 18-уми март аз хоҷагии деҳқонии «Сабз»-и ноҳияи Кӯлоб оғоз ёфта, сипас бо сабаби боришоти зиёд он то 24-уми март мавқуф гузошта шудааст.



А.Ҳаитов мегӯяд, то имрӯз аз майдони пешбинишудаи

33810 гектар

кишти пунбадона дар панҷ ноҳия 600 гектари нахустин кишт шудаанд. «Дар мавсими киштукори соли 2009 заминҳои кишти пахта ба миқдори

600 гектар

кам карда шуд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки феълан ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани киштукор техникаи кишоварзӣ омода аст.


Вазорати фарҳанг аз коргардон Б.Абдураззоқов дархост кардааст, ки баъзе лаҳзаҳои саҳнаи пйесаи «Ҷунун. Соли 93»-ро таҳрир намояд

0



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби вазорат намоиши песаи коргардон Барзу Абдураззоқов «Ҷунун. Соли 93» манъ карда нашудааст.





           

М.Достиев мегӯяд, намоиши пйеса муваққатан манъ карда шудааст, «то ки коргардон баъзе аз лаҳзаҳои намоишро таҳрир бисозад» ва сипас намоиши он идома хоҳад ёфт.




           

Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта коргардон Б.Абдураззоқов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки бинобар «моҳияти инқилобӣ» доштани пйеса намоиши он манъ карда шудааст. Ёдовар мешавем, нахустнамоиши пйеса 17-уми март доир гардида, дар он намояндагони доираҳои фарҳангии кишвар, мақомоти раҳбарии Вазорати фарҳанг ва намояндагиҳои дипломатии як қатор давлатҳо дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.




           

Зимни шарҳи қазияи мазкур, профессор Иброҳим Усмонов, ки аъзои Шӯрои адабии Вазорати фарҳанг асту таҳти роҳбарии ӯ намоиши пйеса маъқул дониста шудааст, гуфт, «мавзӯи пйеса умумиинсонӣ аст ва ҷузъиёти онро метавон дар саросари дунё мушоҳида намуд». «Намоишномаи мазкур асари саҳнавӣ аст ва ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад», – гуфт И.Усмонов.


Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон меравад

0


Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи 26-уми март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Муғулистон мешавад.




Чӣ тавре ки роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзи 27-уми март нахуст мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр ва сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҷонибҳо баргузор мешавад.



Ба гуфтаи Д.Назриев, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор асноди дуҷониба дар назар аст. «Ғайр аз ин, президенти Тоҷикистон бо муовини раиси парлумони Муғулистон ва муовини аввали нахуствазири Муғулистон низ дидору гуфтушунид хоҳад кард», – гуфт ӯ.



Зикр гардид, ки шоми рӯзи 27-уми март сарвари давлати Тоҷикистон ба ватан бармегардад.