Home Blog Page 5125

Дар Душанбе инъикоси масоили пешгирӣ ва назорати бемории сил дар ВАО баррасӣ мешавад

0



           



 



Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имр


ӯ


з дар шаҳри Душанбе тренинги дур


ӯ


за таҳти унвони «Инъикоси масоили пешгир


ӣ


ва назорати бемории сил дар ВАО-и Тоҷикистон» ба кори худ идома медиҳад. Чорабинии мазкур аз


ҷ


ониби Вазорати тандурустии


ҶТ


ва Мактаби мустақили р


ӯ


зноманигории «То


ҷ


икистон – асри XXI» бо дастгирии молиявии USAID тавассути Лоиҳаи ҲОУП ва Хазинаи Глобалии мубориза бо ВНММ (СПИД), сил ва табларза гузаронида мешавад.






              Ба қавли тренери ин давраи омӯзишӣ, сарвари

 

Мактаби рӯзноманигорӣ Сафо Сафаров, мақсад аз баргузории тренинг ба рӯзноманигорон



омӯзонидани инъикоси касбии мавзӯи бемории сил дар ВАО



мебошад.





Ҳамзамон сармутахассиси Вазорати тандуруст


ии ҶТ оид ба


бемории сил Қурбонгул Зокирова зимни суханронӣ дар тренинг иттилоъ дод, ки феълан дар Беморхонаи


ҷ


умҳуриявии клиникии бемории сил 18 ҳазору 881 нафар маризон ба қайд гирифта шудаанд. Соли гузашта дар кишвар 6 ҳазор нафар шахсони бори нахуст ба бемории сил гирифторшуда ошкор гардидааст.



Ба гуфтаи


ӯ


, айни замон дар То


ҷ


икистон 4 беморхонаи табобати сил, 14 озмоишгоҳи ташхиси ин бемор


ӣ


ва 3 маркази мубориза бо бемории сил амал мекунанд. «Имр


ӯ


з соҳаи тандурустии кишвар ба ҳудуди 700 пизишки бемории сил (фтизиатрҳо) ниёз дорад. Бо назардошти ин, Вазорати тандурустии ҶТ давраҳои к


ӯ


тоҳм


удд


ати ом


ӯ


зиш


ӣ


барои фтизиатрҳоро баргузор сохт, ки соли гузашта 19 нафар онро муваффақона хатм карданд», – изҳор дошт Қ.Зокирова.



Қобили зикр аст, ки дар соли


ҷ


ор


ӣ


таъмиру та


ҷ


диди пурра ва ба истифода додани боз 37 озмоишгоҳи ташхиси бемории сил ба нақша гирифта шудааст.




 

Вазорати рушди иқтисод: Татбиқи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ метавонад аллакай ахири моҳи март шурӯъ гардад

0



           

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳияи дубораи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумат комилан анҷом ёфта, ахири ҳафтаи гузашта он маротибаи дуввум ҷиҳати баррасӣ ба нахуствазири кишвар Оқил Оқилов пешниҳод шуд.





           

Тавре ёвари вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Анвар Латифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пас аз маъқул шуморидани нақша аз ҷониби нахуствазир, он дар ҷаласаи васеи ҳукумат мавриди муҳокима қарор гирифта, барои имзо ба сарвари давлат пешниҳод мегардад.




           

А.Латифов мегӯяд, нақша аз панҷ қисмат – сиёсати буҷавӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисод аз ҷониби ҳукумат, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, таъмини амнияти ғизоӣ ва чорабиниҳои умумӣ оид ба иҷрои ислоҳот иборат аст.


Дар шаҳри Душанбе комиссия оид ба дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфт

0



           

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки тибқи он, дар пойтахт ба ивази комиссияи мавҷуда оид ба кор бо ноболиғон комиссия оид ба дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон таъсис дода мешавад.





           

Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, комиссияи мазкур дар асоси қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъмини ҳуқуқи кӯдак» ташкил мегардад. «Раиси шаҳр инчунин ба раисони ноҳияҳо супориш дод, ки дар маҳалҳои низ чунин комиссияҳо таъсис дода шаванд», – гуфт ӯ.




           

Комиссияи пойтахт оид ба дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакро яке аз муовинони раиси шаҳр роҳбарӣ карда, намояндагони раёсатҳои маориф, умури дохилӣ, кор бо занон ва оила шомили он мебошанд.


Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон осебпазиртарин кишварҳо дар қиболи бӯҳрони молӣ мебошанд, – назари коршинос

0



          




    

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба «Садои Амрико» сарвари иҷроияи ташаббуси Вулфенсон дар назди Донишкадаи Брукингс, собиқ ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Йоханесс Линн изҳор доштааст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон осебпазиртарин кишварҳо дар қиболи бӯҳрони молӣ мебошанд.





           

Ба гуфтаи ӯ,

 

ба ин кишварҳо бӯҳрони энергетикиву обӣ асари шадид гузошта, баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва бо ҷойи кор таъмин сохтани онҳо мушкили дигар зам месозад.




           

Номбурда таъкид сохтааст, ки бар асари бӯҳрони энергетикӣ дар кишварҳои фавқуззикр ҳанӯз як сол пештар аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ чунин вазъ ба амал омада буд ва аз ҷониби ҳкумати кишвар чораҳо андешида шуда, ҳамчунин созмонҳои байнулмилалӣ низ бо маҳсулоту маводи гуногун ба ин кишварҳо кӯмак расониданд, вале маълум гардид, ки он нокофӣ аст. «Аз ин рӯ, Хазинаи байнулмилаии асъор, Бонки рушди Осиё ва Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати давлатҳо ба татбиқи барномаҳои зиддибӯҳронӣ шурӯъ намуданд», – гуфтааст вай.




           

Йоханесс Линн аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки чораҳои зиддибӯҳронии феълан пешгирифта кофӣ нестанд ва «зарур аст, иқдомоти бештареро анҷом дод, зеро бӯҳрони молии ҷаҳонӣ акнун оғоз гардидааст ва оқибатҳои ногувори он барои баъе кишварҳо метавонанд фоҷиабор бошанд».


Коршиносони кишварҳои узви СААД масъалаи таҳияи асноди меъёриву ҳуқуқии танзими фаъолияти нерӯҳои муттаҳидаи зудамалро баррасӣ мекунанд

0



           

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Маскав машварати коршиносони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масоили таъсиси нерӯҳои муттаҳиди зудамали созмон доир мегардад.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти созмон, бо мақсади таъсиси нерӯҳои муттаҳидаи зудамал гурӯҳи корӣ лоиҳаҳои асноди меъёриву ҳуқуқии фаъолияти ин воҳиди низомиро таҳия сохтааст. Муовини дабири кулли созмон Валерий Семериков изҳор доштааст, ки коршиносонро зарур аст, асноди таҳиягардидаро омӯхта, мувофиқа созанд ва ҳамчунин пешниҳоду тавсияҳои воридгашта аз ҷониби кишварҳоро низ ба эътибор гиранд.




           

Ба қавли В.Семериков, дар машваратҳо намояндагони шӯроҳои амният, вазоратҳои умури хориҷӣ, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси созмон ширкат меварзанд. «Аз рӯи натиҷаҳои машаварат аснод ҷиҳати мувофиқасозӣ ба кишварҳои узви СААД ирсол хоҳад гардид», – гуфтааст ӯ.


Дар Минск масъалаи таъсиси мақомоти соҳавии назорати маводи нашъаовари ИДМ баррасӣ мешавад

0


Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск машварати дурӯзаи гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи дубора ва мувофиқасозии Қарорҳо ва Муқаррарот дар бораи Комиссияи кишварҳои иттиҳод оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор мешавад.




Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҳуҷҷатҳои мазкур аз ҷониби Тоҷикистон таҳия шудаанд ва ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар ин соҳа аксари кишварҳои узви иттиҳод манфиатдоранд. Як қатор асноди асосӣ оид ба ин масъала аз ҷониби сарони 10 кишварҳо маъқул шуморида шудааст.



Дар иттилои хадамоти матбуоти кумитаи иҷроия гуфта мешавад, ки феълан ба масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳайати мақомоти ИДМ сохторҳои назорати маводи нашъаовар (Русия, Тоҷикистон) ва воҳидҳои вазорати умури дохилӣ (милиса) машғул буда, ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи ИДМ дар ин самт мувофиқи салоҳияти худ Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳо ва Дафтари ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ баҳри мубориза бо ин падидаи номатлуб низ фаъолият мекунанд.


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон ба даври ниманиҳоии Ҷоми «Ала-То-2009» роҳ ёфт

0


Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дастаи мунтахаби олимпии футболи То


ҷ


икистон ба даври ниманиҳоии мусобиқаи байнулмилал


ӣ


барои дарёфти


Ҷ


оми «Ала-То-2009» роҳ ёфт.




Даҳумин давраи ин мусобиқаи анъанав


ӣ


дар шаҳри Канти Қирғизистон бо ширкати 10 даста дар ду гур


ӯ


ҳ


ҷ


араён дорад.



Мунтахаби олимпии То


ҷ


икистон пас аз ғалаба дар даври аввал бар дастаи «Тараз»-и


Ҷ


амбули Қазоқистон бо ҳисоби 5:1, бозии даври дуюмро бо мунтахаби


ҷ


авонони то 19-солаи Кипр бо ҳисоби 1:1 ан


ҷ


ом дод ва дар даври сеюм бар мунтахаби


ҷ


авонони Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 пир


ӯ


з шуд.



Бад-ин тартиб мунтахаби олимпии То


ҷ


икистон бо 7 имтиёз аз 3 боз


ӣ


дар гур


ӯ


ҳи «А» дар


ҷ


ои дуюм қарор гирифтааст. Дастаи мизбон – «Абдиш-Ота»-и Кант, ки дар ҳарсе дидор ғолиб омадааст, бо 9 имтиёз дар


ҷ


ои аввал мебошад. Фардо – 17-уми март – дар бозии даври охирин байни «Абдиш – Ота» ва мунтахаби олимпии То


ҷ


икистон ғолиби сабқати гур


ӯ


ҳи «А» муайян хоҳад шуд. Вале новобаста аз нати


ҷ


аи ин дидор ҳарду даста ба даври ниманиҳо


ӣ


роҳ ёфтанд.



Дар гур


ӯ


ҳи «Б» дастаи мунтахаби миллии Қирғизистон бо 6 имтиёз аз 2 боз


ӣ


дар


ҷ


ои аввал ва «Олой»-и


Ӯ


ш бо 6 имтиёз аз 3 дидор дар


ҷ


ои дуюм мебошанд.



Бозиҳои ниманиҳоии


Ҷ


оми «Ала-То-2009» 18-уми март ва бозии ниҳо


ӣ


20-уми март баргузор хоҳанд шуд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Президенти Тоҷикистон дар Форуми V-уми умумиҷаҳонии об маърӯза кард

0


Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Форуми

 

5 –уми умуми


ҷ


аҳон


ӣ


дар шаҳри Истамбули


Ҷ


умҳурии Туркия ба кори худ шур


ӯ


ъ намуд.




Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон дар он ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои ташаббускори


ҷ


аҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии об иштирок ва суханрон


ӣ


кард.



Сарвари давлати То


ҷ


икистон зимни суханронии

 

худ дар Форуми

 

5 – уми умуми


ҷ


аҳонии об масоили гармшавии иқлим, кам шудани ҳа


ҷ


ми пиряхҳои азим ва истифодаи бенизому бебозгашти захираҳои обиро, ки

 

дар обёрии заминҳои корам

 

ба назар мерасад, аз мушкилоти асосии вобаста ба об дар минтақаи Осиёи Марказ


ӣ


арзёб


ӣ


намуд.



Ба гуфти Эмомал


ӣ


Раҳмон, то 40 фоизи оби минтақа ҳангоми обёр


ӣ


бебозгашт масраф мегардад.



Ба андешаи сарвари давлати То


ҷ


икистон, сохтмони обанборҳо ва нер


ӯ


гоҳҳои об


ӣ



 

ҳам баҳри истеҳсоли нер


ӯ


и барқ ва ҳам барои захирасозию истифодаи муназзами об ба манфиати кулли кишварҳои минтақа аст.



Президенти То


ҷ


икистон бо такя ба нишондодҳои Стратегияи ҳамкории минтақав


ӣ


доир ба истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказ


ӣ


, ки дар доираи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид – СПЕКА таҳия гардидааст, таъкид намуд, ки «захираи газ ва нафт дар минтақа барои 60-70 сол боқ


ӣ


мондааст» ва изҳори нигарон


ӣ


кард, ки «агар мо аз ҳоло барои истифодаи фарогир ва самарабахши захираҳои гидроэнергетикии минтақа замина нагузорем, Осиёи Марказ


ӣ


дар оянда дучори мушкилоти


ҷ


идд


ӣ


хоҳад гашт».



Эмомал


ӣ


Раҳмон пешниҳод намуд, ки баҳри дастгирии кишварҳои эҳтиё


ҷ


манд «фондҳои дахлдори фавқулодда дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шаванд».



Сарвари давлати То


ҷ


икистон «Соли байналмилалии дипломатияи об» эълон намудани соли 2010 –ро барои таҳкими ҳамкор


ӣ


ва э


ҷ


оди муносибатҳои нав миёни кишварҳои канори дарёҳо дар танзими масъалаҳои марбут ба об мусоидат маънидод кард.



Президенти То


ҷ


икистон ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои манфиатдорро ба иштироки фаъол дар омодасозии

 

Форуми байналмилалии «Об – барои ҳаёт», ки соли оянда дар шаҳри Душанбе гузаронда мешавад ва ба нати


ҷ


агир


ӣ


кардан аз пан


ҷ


соли аввали Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» даъват намуд.



Эмомал


ӣ


Раҳмон бо қаноатманд


ӣ


зикр намуд, ки «ташаббусҳои То


ҷ


икистон дар бораи ихтисос додани қисми дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт»


ҷ


иҳати зиёд намудани к


ӯ


мак ба кишварҳои қафомонда ва р


ӯ


ба инкишоф дар ҳалли проблемаҳои об ва инчунин ташкили Консорсиуми байналмилал


ӣ


оид ба истифодаи оби к


ӯ


ли Сарези То


ҷ


икистон барои таъмини кишварҳои Осиёи Марказ


ӣ


бо оби тозаи н


ӯ


шок


ӣ


дастгир


ӣ


меёбанд».



Ташаббусу пешниҳодҳои обии Сарвари давлати То


ҷ


икистон дар Форуми

 

5 – уми умуми


ҷ


аҳонии об низ мавриди истиқболи наку ва дастгирии иштирокдорони он қарор гирифтанд.



Хотиррасон бояд кард , ки Форум таҳти

 

шиори

 

«Муттаҳидшав


ӣ


ба хотири об» аз 16-ум то 22 март


ҷ


араён мегирад ва дар он мавз


ӯ


ъи «Гармшавии иқлими сайёра ва таъсири он ба захираҳои обии


ҷ


аҳон» баррас


ӣ


мегардад.



Масоили тақсимоти об ва дурнамои истифодаи захираҳои гидроэнергетик


ӣ


, ки

 

барои То


ҷ


икистон низ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, дар маркази тава


ҷҷ


ӯ


ҳи иштирокдорони форум қарор хоҳад гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Бар асари бӯҳрони молӣ шабакаи телевизионии СМТ аз фаъолият бозмонд

0


Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба васоити ахбори умуми Тоҷикистон низ омада расид. Рӯзи саввум аст, ки шабакаи телевизионии «Симои мутақили Тоҷикистон» барномаҳои худро пахш намесозад.




Тавре директори шабакаи телевизионӣ Зиннатулло Исмоилов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, фаъолияти шабака бинобар қарздорӣ ба маҷмаии табъу нашри «Шарқи озод» аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ қатъ карда шудааст. «Шурӯъ аз рӯзи 13-уми март мо пахши барномаҳои худро қатъ сохтем ва ҳарчанд маблағи қарзамон начандон зиёд бошад ҳам, бар асари бӯҳрони молӣ ба пардохти он ҳам қодир нестем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки онҳо аз мақомоти раҳбарии маҷмаа дархост кардаанд, ки алҳол нисфи қарзро пардохт намоянд, зеро ба пардохти пурраи он имкон надоранд, вале онҳо қабул надоштаанд.



Ёдрас мекунем, ки шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» шурӯъ аз 18-уми июни соли 2007 ба пахши барномаҳои худ шурӯъ карда буд. Мавҷҳои шабакаи телевизиони мустақил фарогири шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва қисман ноҳияҳои Ёвону Варзоб аст.


Дар Истамбул Форуми V-уми умумиҷаҳонӣ оид ба об ба кор шурӯъ кард

0



                    




 

Душанбе. 16-уми март. Ои «Азия-Плюс» – Форуми 5 -уми умумиҷаҳонӣ оид ба об дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия ба кори худ шурӯъ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии об иштирок ва суханронӣ мекунад.





             

Форум таҳти шиори «Муттаҳидшавӣ ба хотири об» аз 16-ум то 22-уми март ҷараён мегирад ва дар он мавзӯъи «гармшавии иқлими сайёра ва таъсири он ба захираҳои обии ҷаҳон» баррасӣ мегардад.




             

Масоили тақсимоти об ва дурнамои истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, ки барои Тоҷикистон низ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, дар маркази таваҷҷӯҳи иштирокдорони форум қарор мегирад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.




           


Соли 1994 дар Конгресси 7-уми умумиҷаҳонӣ оид ба об дар Қоҳира

тасмим гирифта шуд, ки ба сифати маркази стратегии муайянкунандаи сиёсат нисбат ба об Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба об даъват карда шавад, ки дар он коршиносони варзидаи давлатҳо дар ин бахш ширкат варзанд.




           

Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба об шурӯъ аз соли 1996 дар се сол як маротиба гузаронида мешаванд. Форумҳои гузашта дар Марокко, Ҳолланд, Ҷопон ва Мексика доир гашта буданд. Соли 1996 дар чунин форум 150 аъзо иштирок карда буд. Имрӯз Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба об аз 65 кишвари дунё 340 нафар аъзо дорад.




           

Дар сомонаи расмии созмондиҳандагони форум (


www.worldwaterforum5.or


) зикр мегардад, ки ҳамасола дар сайёра бар асари истеъмоли оби пастсифат 2 млн. нафар фавтида, 200 млн. нафар ба бемориҳо гирифтор мешаванд ва феълан дар ҷаҳон 2 млрд. нафар

 

аз камбуди об танқисӣ мекашанд.