Home Blog Page 5130

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки миёни се давлати форсизабон як ниҳоди муштараки сармоягузорӣ таъсис дода шавад

0


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи 10-уми март дар шаҳри Теҳрон мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт.




Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи се давлати дӯсту ҳамфарҳанг ва ҳамгироиҳои минтақавию байналмилалии онҳо баррасӣ шуд.



Зимни муҳокимарониҳо таъкид гардид, ки се кишвари мазкур метавонанд дар ҳаллу фасли бисёр масоили мубрами минтақавӣ нақши намоён дошта бошанд, аз ҷумла дар ҳалли мушкилоти бисёрсолаи Афғонистон.



Нақшаҳои сохтмони пулҳои нави мошингузар дар болои дарёи Панҷ, роҳҳои оҳану мошингарди пайвандкунандаи

 

Тоҷикистону Эрону Афғонистон, пайванди ин роҳҳо бо шабакаҳои нақлиётии Қирғизистону Қазоқистон ва Чин, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обию ҳароратӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи баландшиддати барқи Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон дорои аҳамияти бузург барои таъмини рушди

 

бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ

 

маънидод гардид.



Сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай омодагии худро баҳри пуштибонӣ аз татбиқи амалии ин лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ таъкид намуданд.



Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки баҳри назорати доимӣ ва татбиқи босамари тавофуқоти миёни се давлат бадастомада як кумитаи муштарак дар сатҳи муовинони роҳбарони вазоратҳои марбута ва як ниҳоди муштараки сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

 




Масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои сеҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ва ҳамгироиҳои мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се кишвар дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе дар моҳи март ё апрели соли равон мулоқоти роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се кишвар ба роҳ монда шавад.



Ҳамчунин мулоқотҳои мунтазами роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии се давлат матлуб шумурда шуд.



Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот, аз ҷумла доир ба ифтитоҳи телевизиони муштаркаи се кишвари ҳамфарҳанг сурат гирифт.



Баъди анҷоми мулоқоти сеҷониба Сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай як эъломияи муштарак ба имзо расонданд, ки дар он ҳамаи тадбирҳои зикршуда ва дигар ҳамгироиҳои минтақавию ҷаҳонӣ инъикос ёфтаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 

Сарони кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар ба имзо расондани қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбиро муфид арзёбӣ намуданд

0


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот кард, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамгироиҳои минтақавии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.




Аз муколамаи созанда ва мунтазами сатҳи олӣ, мулоқоту сӯҳбатҳои даврӣ ва эътимоди байниҳамдигарӣ изҳори қадрдонӣ карда шуд.



Таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои рушдёбандаи миёни сохторҳои амниятӣ, дифоӣ, сарҳадбонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, ки аллакай натиҷаҳои намоён доранд, амри зарурӣ шумурда шуд.



Робитаҳои мунтазами роҳбарияти вазоратҳои дифоъ ва корҳои дохилии ду кишвар ва ҳар чӣ зудтар ба имзо расондани қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ муфид арзёбӣ гардид.



4 баробар афзудани ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2008 нисбат ба соли пешин зикр шуд ва таъкид гардид, ки нақши шоҳпули «Дӯстӣ» дар мавзеи Панҷи поён дар ин раванд муҳим аст.



Сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай оид ба нақшаҳои сохтмони пули нави мошингузар дар мавзеи Кокул болои дарёи Панҷ, роҳҳои мошингарди Кобул – Панҷшер – Ишкошим ва

 

Қундуз – Мазори Шариф – Ҳирот, роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва пайванди ба он бо Қирғизистону Чин, хатҳои интиқоли нерӯи баландшиддати барқи Тоҷикистон – Пули Хумрӣ, Роғун – Кобул – Исломобод,

 

Роғун – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад, Хатлон – Толиқон – Файзобод,

  

бунёди нерӯгоҳи обии Даштиҷум ва дигар тадбирҳо гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.



Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот низ дорои дурнамои умедбахш маънидод гардид. Дар ин бора аз дафтари матуботи сарвари давлат хабар доданд.


Муовини директори маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» ба ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон дар соли 2008 сазовор дониста шуд

0


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» Умари Шерхон барои нашри маҷмӯаи «Тораҳои хаёл» ба ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон дар соли 2008 сазовор дониста шуд.




Тавре котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл дар вазъи тантанавӣ ҷоизаро раиси ассосиатсия Муҳаммадҷон Тоштемиров ба ӯ супурд.



Ёдрас мекунем, ки соли гузашта сармуҳаррири рӯзномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло барои силсилаи маводи публитсистӣ дар мавзӯи коррупсия ва озодии баён, директори шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» Зиннатуллои Исмоил барои силсилаи мавод дар мавзӯи иқтисод ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Курер Таджикистана» Владимир Фролов барои маводи публитсистӣ дар мавзӯи ҳамкориву дӯстии мардуми Тоҷикистону Русия ба ин ҷоиза сазовор дониста шуда буданд.


ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ду депозити нав ҷорӣ сохт

0


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки рушди Тоҷикистон» бо мақсади такмили фаъолияти хизматгузорӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ду депозити нав – «Нури умед» ва «Адолат»-ро ҷорӣ сохт.




Тавре аз маркази матбуоти бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, депозитҳои нави бонк ҷавобгӯи тамоили иқтисоди бозорӣ буда, ба нигаҳдории рақоабатпазирии бонк мусоидат менамоянд. «Депозити «Нури умед» ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва депозити «Адолат» танҳо ба шахсони воқеӣ пешбинӣ гардида, фоизи пардохти он ба мӯҳлати ҷой додани воситаҳои пулӣ, тарзи пардохти фоизҳо ва шакли асъор вобаста аст», – гуфт манбаъ.



Депозитҳо ба мӯҳлати аз 6 моҳ то 3 сол қабул карда мешаванд. Ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маблағи депозити аҳолӣ ҳудуди 22,5 млн. сомониро ташкил додааст.


Дар задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён ду корманди Агентии маводи нашъаовар захмӣ гардид

0


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни баргузории амалиёти вижа дар канори шаҳри Душанбе бо мақсади боздошти гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддир ду нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон захмӣ гардид.




Тавре аз агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, амалиёт дар қаламрави шаҳраки Афғонои пойтахт ба вуқӯъ пайваста, шахсони гумонбаршуда ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар муқовимати мусаллаҳона нишон доданд ва ба сӯи онҳо норинҷаки ҷангӣ партофтанд. Дар натиҷа ду корманди агентӣ ҷароҳат бардошт. «Ба қочоқбарон муяссар шуд, ки тавассути мошин аз ҷои ҳодиса ғайб зада, пинҳон шаванд, вале шахсияти онҳо аллакай ошкор гардида, корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои сарчашма, дар ҷойи ҳодиса туфангчаи Макаров дарёфт шудааст. Ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни корҳои тафтишотиву ҷустуҷӯӣ аз пешниҳоди маълумот оид ба ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ карда шуд.



Ёдрас мекунем, ки шаби 28-уми феврал бар асари задухӯрди мусаллаҳона бо ҳудуди 30 нафар қочоқбарони мусаллаҳи афғон дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод ду нафар корманди агентӣ ба ҳалокат расида, се нафар марзбонон ҷароҳатҳои вазнин бардошта буданд.


Юрий Попов сафири Русия дар Тоҷикистон таъин гардид

0



           

Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Юрий Попов сафири Фавқулодда ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон таъин гардид.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 6-уми март дар ин бора фармони презденти Русия Дмитрий Медведев ба имзо расид.




           

Ёдовар мешавем, сафири қаблии Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов моҳи ноябри соли гузашта ин

 

мансабро тарк карда буд.



Қаблан Юрий Попов чун Сафир оид ба супоришоти махсуси ВКХ Русия ба ҳайси роҳбари Комиссияи якҷояи назорат оид ба танзими низоъи Осетияву Гурҷистон ифои вазифа менамуд.


Ҷашни Наврӯз дар Душанбе бо намоишномаи театрикунонидашуда дар варзишгоҳи марказӣ оғоз мегардад

0



           

Душанбе. 1-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 21-22-уми март дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузории чорабиниҳои асосии идона бахшида ба Иди Наврӯз ба нақша гирифта шудааст.





           

Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзи 21-уми март дар варзишгоҳи марказӣ намоишномаи театрикунонидашуда таҳти унвони «Наврӯз-2009» баргузор гашта, рӯзи дигар мусобиқоти гӯштини миллӣ доир мегардад.




           

Ғайр аз ин, ба муносибати ҷашни Наврӯз дар боғҳои истироҳату фароғати ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», майдони «800-солагии Маскав» ва «Кӯли ҷавонон» чорабиниҳои идона доир гардида, дар наздикии маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандии мардум созмон дода мешавад.


Имрӯз Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад

0



           

Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба ифтихори ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик ҳудуди 100 нафар рӯзноманигорони беҳтарини тоҷик бо унвону ҷоизаҳо сарфароз гардонида мешаванд.





           

Тавре роҳбари дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми имрӯз дар бинои Филармонияи давлатӣ ба ин муносибат чорабинии ҷашнӣ баргузор мешавад.




           

Ба гуфтаи ӯ, 23 нафар рӯзноманигор соҳиби нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанг», 55 нафар бо унвони «Аълочии матбуот» ва боз 10 нафар намояндагони ВАО барои саҳми арзанда дар рушди васоити ахбори умум бо ифтихорномаҳо қадронӣ мегарданд.




           

Ғайр аз ин, ба қавли котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров, имрӯз ҳамчунин 5 нафар ғолибони ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва ҷоизаи В.Асрорӣ миёни донишҷӯён эълон карда мешаванд. Соли равон донишҷӯи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ёқуб Ҳалимов сазовори ҷоизаи В.Асрорӣ дониста шуд.




           

Бо анҷоми қисмати тантанавии чорабинӣ бо иштироки устодони санъати ҷумҳурӣ консерт доир мегардад. Дар толори бинои Филармонияи давлатӣ намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти чопӣ – китобу рӯзнома ва маҷаллаҳо низ барпо мешавад.




           

Мувофиқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 170 номгӯи рӯзнома, 74 маҷалла ва 6 оҷонсии иттилоотӣ ба қайд гирифта шудааст.


Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва иншооти энергетикӣ дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ изҳори норозигӣ кард

0


Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имр


ӯ


з Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон бо Сарвазири мамлакат ва муовинони


ӯ


, роҳбари Дастгоҳи и


ҷ


роия ва Мушовирони давлатии Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳои азими саноат


ӣ


ва дигар шахсони дахлдор оид ба вазъи и


ҷ


тимоию иқтисодии


ҷ


умҳур


ӣ


дар ду моҳи аввали соли равон ва коҳиш додани таъсири б


ӯ


ҳрони


ҷ


аҳонии молияв


ӣ


машварати кор


ӣ


доир намуд.




Оид ба вазъи и


ҷ


тимоию иқтисод


ӣ


дар ин муддат, рафти и


ҷ


рои бу


ҷ


ети давлат


ӣ


ва фаъолияти корхонаҳои саноат


ӣ



 

гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғулом


ҷ


он Бобозода, Вазири молия Сафарал


ӣ


На


ҷ


миддинов ва Вазири энергетика ва саноат Гул Шерал


ӣ


шунида шуд.



Зикр гардид, ки аз р


ӯ


йи маълумоти баҳодиҳ


ӣ


ма


ҷ


м


ӯ


и маҳсулоти дохил


ӣ


дар ду моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9% афзуда, ба 1 миллиарду 909 миллион сомон


ӣ


баробар шуд.



Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон

 

аз рафти и


ҷ


рои бу


ҷ


ети давлат


ӣ


, фаъолияти корхонаҳои саноат


ӣ


, иншооти энергетик


ӣ


ва баъзе соҳаҳои дигар изҳори норозиг


ӣ


карда, таъкид намуд, ки

 

нати


ҷ


аҳои кори онҳо дар семоҳаи авали соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад ва аз р


ӯ


йи он чораҳои қатъ


ӣ


андешида хоҳанд шуд.



Оид ба таъмини саривақтии нафақа ва маоши кормандони соҳаҳои бу


ҷ


ет


ӣ


ва ҳамчунин сарфакорона истифода бурдани маблағҳои бу


ҷ


ети давлат


ӣ


, кам кардани харо


ҷ


оти конселярию нақлиёт


ӣ


, алоқаи телефон


ӣ


ва сафарҳои хизмат


ӣ


супоришҳои қатъ


ӣ


дода шуд.



Оид ба вазъи соҳаи кишоварз


ӣ


Вазири кишоварз


ӣ


Қосим Қосимов гузориш дод.



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба масъулин оид ба вусъат додани кишти баҳор


ӣ


, татбиқи босамари лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи кишоварз


ӣ


, рушди боғутокпарвар


ӣ


, парандапарвар


ӣ


, чорводор


ӣ


, парварши занб


ӯ


ри асал, афзун намудани қарзҳои хурди бонк


ӣ


ба соҳибкорони деҳот, муҳайё намудани


ҷ


ойҳои нави кор


ӣ


ва дар зиёда аз 160 ҳазор гектар заминҳои об


ӣ


гузарондани кишти такрор


ӣ


супоришҳои мушаххас дод.



Сарвари давлати То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ҳамчунин дар назди масъулон оид ба таъмини амнияти озуқавор


ӣ


, бунёду та


ҷ


диди роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ва вусъат додани дигар корҳои ободонию созандаг


ӣ


вазифаҳои мушаххас гузошт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Манъи истифодаи телефони мобилӣ дар муассисаҳои маорифи ҷумҳурӣ

0


Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаҳои ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи маълумоти касбии пас аз маълумоти олӣ» ва «Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ»-ро тасдиқ карданд, ки тибқи муқаррароти он, аз ин ба баъд истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ мамнӯъ эълон гардид.




Зимни суханронӣ оид ба ин масъала намояндаи мардумӣ Додихудо Саймуддинов изҳор дошт, ки тибқи тағйирот, сарфи назар аз шакли моликият, истифодаи телефонҳои мобилӣ зимни раванди таълим дар муассисаҳои маориф манъ мегардад ва ин муқаррарот ба омӯзгорони ин муассисаҳо низ дахл дорад. «Фармони содирнамудаи вазири маорифи кишвар дар ин хусус самараи дилхоҳ надод ва замоне фаро расид, ки нисбати ин масъала дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ чораҳо андешида шавад», – гуфт ӯ.



Д.Саймуддинов гуфт, дар мавриди риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур, гунаҳкорон мувофиқи кодекси маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз онҳо ҷарима ситонида мешавад.



Дар ҷараёни музокирот намояндаи мардумӣ Юсуф Аҳмедов изҳор намуд, ки аксари волидайн тавассути телефонии мобилӣ аз рафти таҳсили фарзандон дар мактаб назорат мебаранд ва агар барои қабули чунин қонун зарурат пайдо гардида бошад, пас лозим аст, ки дар ҳама макотиби кишвар телефонҳои ҷамъиятӣ насб намуд. «Феълан дар соҳаи маориф масъалаи нарасидани омӯзгорон муҳимтар аст ва мо бояд ба ҳалли он кӯшем, на ба истифодаи телефонҳои мобилӣ», – гуфт ӯ.



Дар навбати худ, намояндаи мардумӣ Ҷумъабой Сангинов зикр кард, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад ва аз ҳамтоёни худ даъват ба амал овард, ки лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳоро дастгирӣ намоянд.



Бо аксари кулли овоз намояндагони палатаи поёнии парулмон тағйироти мазкурро маъқул шумориданд.