Намояндагони парлумон лоиҳаи нави қонун «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ»-ро муҳокима карданд

0



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти парлумон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қонуни мазкур дар асоси тавсияҳои кишварҳои узви ИДМ қаблан соли 1998 қабул гардидааст, вале бо назардошти пеш омадани ҳалли масоили тоза бо ташаббуси ҳкумати кишвар ба баррасии парлумон лоиҳаи нави қонун пешниҳод шудааст.




           

Ба иттилои манбаъ, омӯзиши пешакии лоиҳаи қонун нишон дод, ки он аз баъзе норасоиву камбудиҳо орӣ нест ва намояндагони парлумон ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба чанде аз моддаҳо пешниҳоду тавсияҳои хешро иброз намуданд. «Акнун гурӯҳи кориро зарур аст, ки бо назардошти пешниҳоду тавсияҳо ҷиҳати такмили лоиҳаи қонун чораҳо андешад», – афзуд манбаъ.


Реклама на asia+

Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бори нахуст ба даври чорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод роҳ ёфт

0


Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бори нахуст дар давраи истиқлолияти кишвар ба даври чорякниҳоии мусобиқоти


Ҷ


оми Иттиҳод роҳ ёфт.




Тавре котиби генералии Федеросиюни футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дирӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» дар даври охирини мусобиқоти гурӯҳӣ бар дастаи «Шахтёр»-и Украина бо ҳисоби 4 бар 1 ғолиб омада, соҳиби роҳхат ба даври чаҳорякниҳоӣ гашт. Се тӯбро ба дарвозаи ҳариф Иброҳим Раҳимов ва як тӯбро Хуршед Маҳмудов равона сохтанд.



Ба иттилои манбаъ, пагоҳ дар даври чаҳорякниҳоӣ футболбозони мо бо дастаи «Интер»-и Озарбойҷон қувааозмоӣ хоҳанд кард.


Реклама на asia+

Созишнома оид ба роҳандозии фаъолияти барқарорсозии сулҳу суботи СААД ҳукми қонуниро соҳиб гашт

0



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) хабар доданд, ки Созишнома оид ба фаъолияти сулҳомези СААД ҳукми қонуниро соҳиб гашт.





           

Бино ба иттилои манбаъ, ахири ҳафтаи гузашта ба Котиботи созмон мактуби давлати Русия перомуни ба иҷро расилани қоидаву тартиботи дохиликишварӣ ҷиҳати ҳукми қонунӣ гирифтани созишномаи мазкур ворид гаштааст. Қобили зикр аст, ки Созишнома оид ба роҳандозии фаъолияти сулҳомези СААД аз ҷониби аъзои созмон 14-уми июли соли 2007 дар нишасти Душанбе ба имзо расида буд. Санади мазкур тайи соли 2008 аз ҷониби парлумонҳои Белорус, Қазоқистон ва Арманистон тасдиқ гардида буд.




           

Дар созишнома таъкид мегардад, ки роҳандозии фаъолияти сулҳомези СААД воситаи муассири таҳкими мавқеи созмон ва нуфузи сиёсии он дар арсаи симёсати байнулмилалӣ хоҳад буд. Тибқи созишнома, аз ҳисоби ҳайату қувваҳои кишварҳои узв нерӯҳои сулҳомези созмон таъсис дода шуда, онҳо аз рӯи барномаҳои ягона омӯзонида мешаванд ва дар тамринҳои муштарак мунтазам ширкат хоҳанд варзид.



Дар созишнома иштироки нерӯҳои СААД дар амалиёти барқарории сулҳу субот дар кишварҳои узви созмон ва қаламрави кишварҳои дигар тибқи қарори СММ пешбинӣ шудааст.


Реклама на asia+

Ҳамагӣ 30 дарсади манзили зисти шаҳри Кӯлоб ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 омода аст

0



           

Кӯлоб. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳамагӣ 30 дарсади манзили зисти шаҳри Кӯлоб ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 омода аст.





           

Тавре директори корхонаи фаръии байниноҳиявии барӯйхатгирии техникии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналии»-и Кӯлоб Абдухолиқ Лоиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2007 ба кори ба тартиб овардани ному шумора ва дигар нишондодҳои кӯчаву хонаҳо шурӯъ кардааст, вале бо имконоти худ танҳо аз ӯҳдаи таҳқиқи ҳамагӣ 164 манзили зисти аз 4 то 9-ошёна баромадааст. «Дар шаҳр боз 8010 адад манзили зисти шахсӣ ба қайд гирфта шудааст ва чун корхонаи мо мустақилу худмаблағгузор аст, мо барои доир сохтани чунин кор маблағи кофӣ надорем», – гуфт ӯ.




           

А.Лоиқов мегӯяд, маблағи кори иҷрокардаи корхона ба 42 ҳазору 858 сомонӣ арзёбӣ шудааст, вале то ҳанӯз ҷиҳати пардохти маблағи мазкур ба корхона касе шитоб надорад, ҳарчанд барои ин кор маблағи зарурӣ дар ҳукумат ҷудо гардидааст.


Реклама на asia+

Ҳукумати Ҷопон баҳри беҳбуд бахшидани заминаи фаннии Осорхонаи миллии таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ бурси иловагӣ ҷудо мекунад

0


Душанбе.21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз байни ҷаноби Йошиҳиро Накаяма, Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Раҳим Масов, Директори Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти фарҳангии Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи “Беҳбуди иқтидори таҷҳизоти бойгонии Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ”, созишнома ба имзо хоҳад расид.




Осорхонаи миллии бостонии Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ аз соли 2001 инҷониб барои мардум дарҳои худро боз карда, имкони бо таърих ва фарҳанги бостонии халқи тољик аз наздик шинос шуданро фароҳам меорад. Дар толорҳои осорхона зиёда аз сад ҳазор бозёфтҳои бостоншиносӣ гузошта шуданд, ки ба тамоми давраҳои таърихии асри сангин то асрҳои миёна тааллуқ доранд. Бозёфтҳои дайри будоии Аҷинатеппа дар осорхона мақоми махсусро доранд ва машҳуртарини онҳо муҷассамаи 13-метраи “Буддо дар нирвана”, ки ба асрҳои VII-VIII мелодӣ мансуб аст, ба шумор меравад.



Гарчанде Осорхонаи бостонӣ барои андӯхт ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ёдгориҳои қадимӣ чораҳои муайян андешидаст, вале барои боз ҳам хубтар нигоҳ доштани бозёфтҳо ба баъзе мушикилиҳо дучор мешавад. Соли 2003 Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти фарҳангӣ барои бо таҷҳизоти намоишӣ таъмин кардани Осорхонаи бостонии Тоҷикистон 45,900,000 йени ҷопонӣ (қариб 460,000 доллари ИМА) ҷудо кард. Бо такя ба ин ва баҳри беҳбуд бахшидани пойгоҳи фаннии ин Осорхона, Ҳукумати Ҷопон тасмим грифтааст 87, 867 доллари ИМА маблағи иловагиро ҳамчун кӯмаки бебозгашт ҷудо намояд. Лоиҳаи “Беҳбуди иқтидори таҷҳизоти бойгонии Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ” дар тӯли як сол амалӣ гашта, баъди ба итмом расондан шароити мусоид барои нигоҳ доштани бозёфтҳои осорхона ва инчунин барои кашфиётҳои бостоншиносӣ ва барқарокунии онҳо таъмин хоҳад кард. Дар ин бора аз сафоратиҶопон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд.




 



 

Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон тайёр кардани мутахассисон оид ба менеҷменти инноватсионӣ шурӯъ мегардад

0



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсия Хаёл Бобоев изҳор дошт, ки дар соли хониши нав дар ин муассисаи таълимӣ шӯъбаи тайёр кардани мутахассисон оид ба менеҷменти инноватсионӣ ифтитоҳ мегардад.





           

Ба гуфтаи ӯ, донишкада ният дорад, ҳамчунин дар самтҳои лингвистика, ношир-муҳаррир, кору амал ва таҷриба низ мутахассисон тайёр намояд.




           

Аз нигоҳи Х.Бобоев, як касб дар чандин макотиби олӣ омӯхта мешавад, ҳол он ки бояд омӯзиши касбҳои навро, ки ба он эҳтиёҷ пайдо мешавад, мебояд ба роҳ монд. «Ман ҷонибдори на шумора, балки сифатам», – гуфт ӯ.




           

Феълан дар донишкадаи мазкур 1700 нафар донишҷӯ таҳсил намуда, он дорои 7 шӯъба, аз қабили информатика, иқтисоди ҷаҳонӣ, менеҷмент, низомҳои иттилоотӣ ва фанноварӣ, муносиботи байнулмилалӣ, таъмини лингвистии коммуникатсияҳои байнифарҳангӣ ва ҳуқуқи байнулмилалӣ мебошад.

Реклама на asia+

Олимони тоҷик таҳдиди бӯҳрони молиявиро ба терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир баробар медонанд

0



           

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бар чунин назаранд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар қатори терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба амнияти миллӣ ва иқтисоди ҷумҳурӣ хатари ҷиддӣ дорад. Чунин ақидаи олимонро чанде қабл директори ин марказ Сӯҳроб Шарипов изҳор намуд.





           

С.Шарипов гуфт, бар асари бӯҳрон нархи маҳсулоти содиротии кишвар ним баробар коҳиш ёфт ва мутаносибан даромади кишвар низ аз содирот кам шуд. «Гузашта аз ин, баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар, ки дар хориҷа ҷойи корро аз даст додаанд, ногузир ҷомеаро ба мушкилот мувоҷеҳ хоҳад сохт», – гуфт ӯ.




           

Номбурда чунин ибрози ақида намуд, ки ҷиҳати пешгирии бӯҳрони иҷтимоӣ мебояд дар сатҳи давлатӣ механизми соддаи тақсимоти замин таҳия гардида, эҷоди монеъаҳо дар соҳаи роҳандозии тиҷорат бартараф карда шавад. «Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ бо маблағи муайяне бармегарданд ва дар сурати муҳайё сохтани шароити зарурӣ, онҳо метавонанд ин маблағро дар бахши воқеъии иқтисод, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои хурд, фаъолияти тиҷоратӣ ва бахши кишоварзӣ истифода намоянд», – таъкид дошт С.Шарипов.

 





           

Ба гуфтаи ӯ, олимони марказ бар асари бӯҳрони молиявӣ бозпас гаштани ҳудуди 30 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ, яъне тақрибан 200 ҳазор нафарро

 

пешбинӣ мекунанд.




           

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори кишвар, феълан дар Тоҷикистон шумораи бекорони расман сабтшуда ҳудуди 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.


Реклама на asia+

Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 28 нафар узви фаъоли «Ҳизб-ут-таҳрир» ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд

0



           

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 28 узви фаъоли ҳаракати ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев хабар дод ва изҳор дошт, ки соли гузашта ин шумора ба 26 нафар баробар буд.





           

Ёдрас мекунем, ки фаъолияти ҳизби мазкур дар Тоҷикистон соли 2001 мамнӯъ эълон гардид ва моҳи марти соли гузашта ин ҳизб ҳамчун ҳаракати ифротгаро эътироф карда шуд.




           

Раиси Додгоҳи Олӣ қайд кард, ки барои таъмини амнияти миллии кишвар аз ҷониби додгоҳ як

 

қатор қарорҳои муҳим, аз ҷумла моҳи сентябри соли гузашта манъ сохтани фаъолияти ҳаракати христиании «Шоҳидони Яҳво» ва аввали соли ҷорӣ қатъ сохтани фаъолияти равияи «Салафия» қабул шуданд. «Агар намояндагони дигар ҳизбу ҳаракатҳо нисбати қарорҳои додгоҳ вокуниш нишон дода бошанд, аз ҷониби равияи «Салафия» алҳол чунин амал сурат нагирифтааст», – афзуд Н.Абдуллоев.


Реклама на asia+

Муҳоҷирони Екатеринбург ҷиҳати ҷалби сармояашон ба бунёди иншооти гидроэнергетикӣ унвонии Э.Раҳмон дархост ирсол карданд

0


    



         

Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Муҳоҷирони меҳнатии тоҷики шаҳри Екатеринбурги Русия аз Эмомалӣ Раҳмон дархост карданд, ки сармояи онҳо ба бунёди иншооти гидроэнергетики ҷумҳурӣ ҷалб карда шавад. Дар ин бора аз Екатеринбург тавассути телефон роҳбари диаспораи тоҷикони «Сомон» Фарҳод Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод.





           

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон тариқи хаттӣ ба сарвари давват дар ин хусус муроҷиат кардаанд. «Мо аз Эмомалӣ Раҳмон дархост намудем, ки ба ҳукумат оид ба таҳияи лоиҳаи махсуси ҷалби сармояи муҳоҷирони меҳнатӣ супориш диҳад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда мегӯяд, дар сурати пазируфтани пешниҳоди онҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ имкон пайдо мекунанд, дар бунёди иншооти гидроэнергетикии кишвар саҳм бигиранд. «Мо аз ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дастгириро интизорем ва гуфтанием, ки мувофиқи имкон аз саҳм доштан дар бунёди чунин иншоот худро канор нагиранд», – афзуд Ф.Мирзоев.




           

Ёдовар мешавем, ки аз ворид гаштани чунин дархост президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат ҳафтаи гузашта хабар дода буд.


Реклама на asia+

Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ҷалби сармояҳои ҳамватанони бурунмарзӣ тамоми шароитҳоро фароҳам хоҳад овард

0


Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» –


19 январи соли 2009 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.




Дар ҷаласа Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки


шаҳрдорӣ барои ҷалби инвеститсияҳои дохиливу хориҷӣ, пеш аз ҳама сармояҳои ҳамватанони бурунмарзӣ тамоми шароитҳоро фароҳам меорад, ки дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ потенсиали мавҷудаашон амалӣ гарданд. Баҳри ҳавасмандии онҳо омодааст, ки ҳамчун имтиёз аз пардохти андозҳои маҳаллӣ озод намояд.



Дар ҳамин радиф масъулини соҳаро муваззаф сохт, ки ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани масъалаи таҳрири нави Нақшаи генералии шаҳр озмуни такрории байналхалқӣ оид ба дарёфту интихоби

 

пудратчии иҷрои ин амал эълон карда шавад.



Вобаста ба бунёди иншооти армуғонии шаҳрдорӣ ба ифтихори 20-солагии Истиқлолият- 2 бинои 20 ошёна ба Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр дастур фармуд, ки оид ба интихоби қитъаи замин унвонии шаҳрдорӣ пешниҳодҳо ирсол намоянд. Дар ин бора котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.


Реклама на asia+