С.Шарипов: Элитаи сиёсии Тоҷикистон ва кишварҳои собиқ шӯравӣ тадриҷан аз арзёбии Русия чун маркази ҳамгиройӣ даст мекашанд

0


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар фарҷоми конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Хусусияти иҷтимоии рушди фарҳанги сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва сиёсии Русия ва Фонди Роза Люксембурги Олмон созмон дода шуд, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов изҳор дошт, ки тамоми низоми сиёсӣ ва элитаи сиёсии кишварҳои собиқ шӯравӣ тадриҷан аз арзёбии Русия чун маркази ҳамгиройӣ даст мекашад.




Зимни шарҳи масъалаи раванди ташаккули фарҳанги тозаи сиёсӣ дар як қатор мамолики собиқ шӯравӣ ва бахусус дар минтақаи Осиёи Марказӣ С.Шарипов ин равандро шартан ба се марҳила ҷудо намуд.



Номбурда гуфт, «марҳилаи аввалро метавон марҳила аз рӯи одат номид ва он ҳамчун идомаи урфу одатҳои меросмонда аз даврони шӯравӣ ва дарки ҳамбастагии кишварҳои собиқ иттиҳод ҷараён гирифтааст». «Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷуз кишварҳои соҳили Балтика, мамолики боқимонда аз рӯи хислати одатшуда ба ин ё он тарз ба маркази ягона – Кремл майл доштанд ва иллати он хаёли хом дар бораи аз нав рӯи кор омадани давлати абарқудрати шӯравӣ буд, ки ба зуҳури он аксари элитаҳои сиёсӣ омода буданд», – гуфт ӯ.



Марҳилаи дуввумро С.Шарипов чун раванди дигаргунӣ арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки дар ин давра кишварҳои собиқ шӯравӣ бо озод шудан аз хаёли хом, баҳри пайдо кардани мақоми нав дар низоми муносиботи байнлмилалӣ талош варзиданд, зеро барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ кори басо сангине буду Русия саропо машғули ҳалли мушкилоти дохилии хеш қарор дошт ва аз ин рӯ, ба мамолики собиқ шӯравӣ таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намегардид. «Ҳамин тариқ, тадриҷан ҷараёни саввуми ташаккули фарҳанги тозаи сиёсӣ – зуҳури доктринаҳои нави мустақили сиёсати хориҷӣ дар зеҳни элитаҳои сиёсии ин кишварҳо сурат гирифт ва ба он муносибати кунунии Русияву Гурҷистон мисол буда метавонад, зеро имрӯз дар Гурҷистон нерӯҳои тавонову ҷиддии ҷонибдори Русия мавҷуд нестанд», – изҳор дошт коршиноси масоили сиёсӣ.



Ба ақидаи коршинос, феълан раванди тадриҷии дур шудани кулли низом ва элитаҳои сиёсии кишварҳо аз арзёбии Русия чун маркази ҳамгиройӣ тамоми мамолики собиқ шӯравиро фаро гирифтаааст, ки он омили мусбат нест.



Дар мавриди ташаккули фарҳанги тозаи сиёсӣ дар Тоҷикистон С.Шарипов чунин ибрози андеша намуд, ки дар ҷумҳурӣ ин раванд бидуни марҳилаҳои зикргардида сурат мегирад. «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ИДМ ва мамолики Аврупову Амрико ва ҷаҳони араб бунёдӣ (фундаменталӣ) аст, ки мо тоза барои худ кашф менамоем», – баён дошт С.Шарипов.



Ба гуфтаи коршинос, дар ин маврид фарҳанги сиёсӣ бевосита бо маърифати сиёсӣ марбут аст. «Ба андозаи бештар маърифатнок гаштан, ҷаҳонбинии элитаи мо низ фарохтар мешавад ва он аз арзёбии Русия чун маркази ҷолиби ҳамгиройии сиёсӣ торафт дур мегардад», – афзуд С.Шарипов.


Реклама на asia+

Ҳукумат роҳбари нави ширкати «Барқи тоҷик»-ро таъин намуд

0


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори Ҳукумати мамлакат имрӯз собиқ роҳбари маркази татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» – Санъат Раҳимов раиси ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» таъин гардид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкат – Нозир Ёдгорӣ хабар дод, имрӯз сарвазири мамлакат – Оқил Оқилов роҳбари навро ба ҳайати кормандони «Барқи тоҷик» муаррифӣ намуд.



Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки имрӯз бо қарорҳои дигари ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи 6 тан аз муовинони раиси ширкати холдингӣ аз вазифа озод карда шуданд.



Ёдрас менамоем, дар маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки рӯзҳои 15-16-уми январ баргузор гардид, президенти кишвар – Эмомалӣ Раҳмон барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарию идорӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиевро аз вазифа сабукдӯш намуд.


Реклама на asia+

ҲНИТ намояндаи худро барои расонидани кӯмаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони навори Ғазза ба Фаластин равон кард

0


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо ташаббуси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон барои кӯмак ба аҳолии навори Ғазза дар ҷумхурӣ 100 ҳазор сомонӣ (наздики 28 ҳазор $) ҷамъоварӣ гардид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ҲНИТ – Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод, чанд рӯз қабл роҳбарияти ҳизб намояндаи худро барои расонидани кӯмаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони навори Ғазза ба Фаластин равон кард.



Ба гуфтаи Сайфуллозода, феълан намояндаи ҲНИТ дар Миср қарор дошта, аз он ҷо ба борикаи Ғазза сафар хоҳад кард. «Ҳарчанд ҳукумати шаҳри Душанбе ба ҳизби мазкур барои баргузор кардани як гирдиҳамоии серҷамъият дар ҳудуди Душанбе ба нишони эътироз ба амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза расман посухи рад дод, ҳизби мо кӯшиш дорад, роҳҳои дигари изҳори ҳамдилӣ ба бародарони мусулмонро пайдо кунад», – гуфт Сайфуллозода.



Ёдовар мешавем, шоми 17-уми январ Исроил ба таври якҷониба амалиёти низомӣ дар навори Ғаззаро қатъ кард. Ин амалиёт дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар зарфи 3 ҳафта аз замони шурӯъи он дар борикаи Ғазза дастикам ҳазору 300 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд. Ба гузориши оҷонсии иттилоотии Новостии Русия нимаи рӯзи оянда Ҳаммос ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ низ оташбас эълон карданд


.

 





Реклама на asia+

Нерӯгоҳи Қайроққум шоми имрӯз бо тамоми иқтидораш ба истеҳсоли барқ шурӯъ хоҳад кард

0


Хуҷанд. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯгоҳи обию барқии Қайроққум шоми имрӯз бо тамоми иқтидораш ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ хоҳад кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Қайроққум – Раҳмат Бурҳонов иттилоъ дод.




Ба гуфтаи ӯ, корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ 18-уми январ ба анҷом расида, аз 6 агрегати мавҷуда 5-тоаш пурра ба кор дароварда шуд. «Бо ба кор оғоз кардани чархаи 6-ум, нерӯгоҳи Қайроққум шабонарӯзӣ 2 миллиону 200 ҳазор киловатт соат барқ истеҳсол хоҳад кард», – гуфт Бурҳонов.



Хотиррасон мекунем, шаби 14-ум ба 15-уми январ дар натиҷаи зери об мондани таҳхонаи нерӯгоҳи Қайроққум вазъи садамавӣ ба амал омад, ки боиси комилан манъ гардидани истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳ гардид. Нерӯгоҳи обию барқии Қайроққум беш аз 30 дарсади аҳолии вилояти Суғдро бо барқ таъмин мекунад.

 


   




Бо вуҷуди ба кор даромадани нерӯгоҳи обию барқии Қайроққум, вазъи таъминоти аҳолӣ бо барқ дар вилояти Суғд ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мемонад.



Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд хабар доданд, 17-уми январ истифодабарандагони маҳаллӣ бо 5 миллион киловатт соат ва рӯзи гузашта бо 4 миллиону 330 ҳазор киловатт соат нерӯи барқ таъмин гардиданд. Ин дар ҳолест, ки талабот ба барқ дар ин фасли сол дар вилоят, дар як шабонарӯз 14-15 миллион киловатт соат ва бо назардошти реҷаи маҳдуд 7-8 миллион киловатт соатро ташкил медиҳад.



Имрӯзҳо нерӯи барқ ба шаҳри Хуҷанд 2 соат пагоҳӣ ва 3 соат шомгоҳӣ ва ба дигар шаҳрҳои вилоят 1- соати субҳ ва шом интиқол мегардад. «Реҷаи интиқоли барқ ба ноҳияҳои дигари вилоят аз ин ҳам маҳдудтар аст», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки иншооти махсусан муҳими вилоят мунтазам бо нерӯи барқ таъмин мегарданд.

  



Реклама на asia+

ТАЛКО ва шариконаш дар Тоҷикистон 11 корхонаву иншооти бузург бунёд мекунанд

0


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳамкории «Ширкати алюминийи тоҷик» бо шарикони муътамаду бонуфуз аз давлатҳои Австралия, Канада, Чин, Эрон ва Қазоқистон мутобиқи Барномаи ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ гузаштан дар истеҳсоли алюминий дар ноҳияҳои Ёвон, Дарвоз ва водии Рашт

 

11 корхонаю иншооти бузург бунёд хоҳанд ёфт, ки дар онҳо 30- 35 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Бунёди ду тои онҳо – корхонаҳои истеҳсоли креолит ва алюминийи фтордор бо шарикони чинии

 

«Ширкати алюминийи тоҷик» дар ноҳияи Ёвон аллакай оғоз ёфтааст ва то моҳи майи соли 2009 бояд ба истифода дода шаванд.




Дар корхонаи «Тоҷикхимпром» ҳоло барқарорсозии хатҳои технологии истеҳсоли содаи каустикӣ

 

ва хлори моеъ дар арафаи анҷомёбӣ аст ва

 

баҳри ба роҳ

 

мондани истеҳсоли кислотаи хлорид, содаи калсийдор ва дигар маводи кимиёвӣ

 

тадбирҳо андешида мешаванд.



Баҳри бунёди корхонаҳои коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он сохтмони корхонаҳои зиёд дар минтақаҳои гуногуни кишвар идома дорад, ки чанд тои онҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Ёвон ва шаҳри Хуҷанд қисман ба кор омода гаштаанд. Бунёди ҳамин гуна корхонаҳо ҳамчунин дар ноҳияҳои Спитамену Мастчоҳ низ идома дорад. Ҳамаи ин корхонаҳо дар сурати пурра ба кор шурӯъ намудан ҳар сол метавонанд аз

 

20 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ истеҳсол кунанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон дар кишвар 710 мактаби нави таҳсилоти умумӣ мавриди истифода қарор гирифт

0



 

Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар солҳои истиқлолияти То


ҷ


икистон дар кишвар 710 мактаби нави таҳсилоти умум


ӣ


сохта, ба истифода дода шуд. Танҳо соли 2008

 

34 мактаби таҳсилоти ҳамагон


ӣ


аз таъмир бароварда шуда, дар назди 77

 

– тои дигар 310 синфхонаи иловаг


ӣ


бунёд ёфт.




Бо ҳидояти Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон барои дар хори


ҷ


а хонондани беҳтарин хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагон


ӣ


ва литсею гимназияҳо фонди махсус таъсис дода шудааст, ки ҳа


ҷ


ми маблағҳои он дар соли 2009 нисбат ба соли 2008 ду баробар афзуда, ба 5 миллион сомон


ӣ


мерасад.



Ғайр аз ин дар 10 кишвари


ҷ


аҳон дониш


ҷ


ӯ


ёни беҳтарини то


ҷ


ик бо бурсияҳои худи ин давлатҳо ба таври ройгон таҳсили илм мекунанд.



Маблағгузории соҳаи маориф аз 1,5 миллион сомонии соли 1995 дар соли 2008 аз ҳамаи манбаъҳо ба 690 миллион сомон


ӣ


расид ва соли оянда барои эҳтиё


ҷ


оти ин соҳа сарфи 1 миллиарду 140 миллион сомон


ӣ


ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 1995

 

33 маротиба зиёд аст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Ёдрас мекунем, ки феълан дар Тоҷикистон 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунад.


Реклама на asia+

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳайати давлати Қатарро ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 19-уми январ – 17 январи соли 2009 Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Ҳамрохон Зариф


ӣ


бо ҳайати Давлати Қатар таҳти сарварии Вазири давлатии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Аттия мулоқот ан


ҷ


ом дод.




Зимни вох


ӯ


р


ӣ


масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду


ҷ


ониба, ҳамчунин рафти татбиқи созишномаҳои баимзорасида, аз


ҷ


умла, лоиҳаҳои муштарак дар То


ҷ


икистон бо


ҷ


алби маблағгузориҳои


ҷ


ониби Қатар мавриди баррас


ӣ


қарор гирифтанд.



Ба


ҷ


ониби Қатар пешниҳод гардид, ки имкониятҳои иштироки худро дар лоиҳаҳои дорои моҳияти минтақав


ӣ


, чун сохтмони роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, инчунин хаттҳои интиқоли барқ биом


ӯ


зад. Дар ин замина


ҷ


онибҳо ро


ҷ


еъ ба эҳёи «Роҳи абрешим»-и нав мубодилаи афкор намуданд.



Ҳангоми с


ӯ


ҳбат Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон зикр намуд, ки ифтитоҳи намояндагиҳои дипломатии ҳар ду давлат дар пойтахтҳои ҳамдигар метавонад яке аз воситаҳои асосии амалисозии тавофуқҳои ҳосилшуда ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои барои ҳар ду


ҷ


ониб судманд бошад. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

Тайи 10 соли ахир ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон 26 маротиба зиёд шуд

0


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Нишондодҳои рушди макроиқтисодии Тоҷикистон дар соли 2008 нисбат ба соли 2001 қариб 4 баробар зиёд шуд.




Ма


ҷ


м


ӯ


и маҳсулоти дохил


ӣ


дар соли 2009 ба андозаи 20 миллиарду 665 миллион сомон


ӣ


, болоравии сатҳи истеҳсолот дар ҳа


ҷ


ми 7,1 дар сад ва таваррум 13 дар сад ба нақша гирифта шудааст. Бу


ҷ


ети давлат


ӣ


бошад, дар соли 2009 бояд 6 миллиарду 8 миллион

 

сомониро ташкил диҳад, ки ин нисбат ба Бу


ҷ


ети давлатии соли 2008 бо ҳисоби номинал


ӣ


1,5 миллиард сомон


ӣ


ва нисбат ба Бу


ҷ


ети давлатии соли 1999 26 маротиба зиёд аст.



Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон Бу


ҷ


ети давлатии соли 2009 – ум ро бу


ҷ


ети рушди иқтисод


ӣ


маънидод карда, таъкид дошт, ки

 

аз ним зиёди он ба соҳаҳои воқеии истеҳсол


ӣ


ва сохтмони иншооти стратег


ӣ


равона мегардад, аз


ҷ


умла ба сохтмони нер


ӯ


гоҳҳои обии барқ


ӣ


, хатҳои интиқоли нер


ӯ


и барқ, корхонаҳои саноат


ӣ


, роҳҳою нақбҳои мошингард ва ғайра. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

ҶСК «Ориёнбонк» дар пойтахт банкомати нав насб мекунад

0



           

Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии «Ориёнбонк» тасмим гирифтааст, дар пойтахти кишвар боз як банкомати нав насб созад.




Бо мақсади вусъат додани самтҳои мавҷуда ва азхуд намудани самтҳои нави бизнес, инчунин таъмини имкониятҳои беҳтарин барои мизоҷони худ, дорандагони кортҳои бонкӣ, Ориёнбонк шабакаи банкоматҳои худро на танҳо дар пойтахт, балки дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ васеъ мегардонад.



Аз семоҳаи чоруми соли 2008, банкоматҳои наве, ки дар фурудгоҳи шаҳри Чкалови вилояти Суғд, дар филиалҳои шаҳрҳои Турсунзода, Роғун ва Норак, инчунин дар майдончаи сохтмонии ГЭС-и Роғун муқаррар карда шуданд, ба кор шурӯъ намуданд. Барои боз ҳам бароҳат амалӣ гардонидани пардохтҳои ғайринақдии молу хизматҳо дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ, бонк инчунин Pos-терминалҳоро устувор менамояд, ки он ба кормандон ва мизоҷони бонк бе иштироки пули нақд пардохт намудани молу хизматҳоро имкон медиҳад.



Рӯзҳои наздик устувор намудани боз як банкомат дар бинои телевизиони Сафина, ки бо он шартнома ба имзо расидааст, пешбинӣ шудааст.



Ба санаи интиҳоии ҳисоботии соли 2008 шумораи дорандагони кортҳои пластикии ҶСК «Ориёнбонк» то ба зиёда аз 14 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ду маротиба зиёдтар буда, афзудани боварии мизоҷон ба бонк ва хизматрасонии бонкиро тасдиқ менамояд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонки мазкур хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Ҷоми Иттиҳод «Регар-ТадАЗ» дар зергурӯҳи худ пас аз ду бозӣ дар мақоми охир қарор дорад

0


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо як бохт ва як мусовӣ дар давраи 17-уми Ҷоми қаҳрамонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик, дар ҷадвали гурӯҳи “С” дар мақоми охирин қарор гирифтааст. Ҷоми Иттиҳод бо ширкати 16 даста рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Маскав оғоз гардида, то 25-уми январ идома хоҳад кард.




Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода нахустин бозиашро бо қаҳрамони Эстония дастаи “Левадия” мусовӣ 1 бар 1 анҷом дод. Дар вохӯрии дуюм дастаи мо бо натиҷаи 1 бар 2 аз тими “Шериф” Тирасполи Молдова шикаст хӯрд.



Пагоҳ 20-уми январ, дар охирин бозии гурӯҳӣ, “Регар-ТадАЗ” бо ҳайати дуюми тими “Шахтёр”-и Украина зӯрозмоӣ мекунад. Сарфи назар аз ин ҳама, дастаи “Регар-ТадАЗ” ҳанӯз шонси баромадан аз зергурӯҳро дорад. Аммо ин, танҳо дар сурати шикасти “Левадия” аз пешсафи гурӯҳ – дастаи “Шериф”-и Молдова ва ғалабаи “Регар-ТадАЗ” бар тими “Шахтёр”-и Украина имконпазир мегардад. Бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Шахтёр” пагоҳ соати 17 ба вақти Душанбе, дар варзишгоҳи Динамои шаҳри Маскав оғоз мешавад.


Реклама на asia+