О.М.Пелен: Фаронса шумори хизматчиёни низомии мустақар дар фурудгоҳи Душанберо зиёд намекунад

0



           

Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири кабири Фаронса дар Тоҷикистон Оливе Метлан Пелен ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Фаронса шумори хизматчиёни низомии мустақар дар фурудгоҳи Душанберо, ки бо мақсади дар ҳолати корӣ нигаҳ доштани техника барои амалиёти зидиитеррористӣ дар Афғонистон фаъолият доранд, зиёд намекунад. «Соли ҷорӣ шумори нерӯҳои низомии Фаронса дар Афғонистон афзун мегардад, вале фурудгоҳи Душанбе макони хизматрасонии техникӣ боқӣ мемонад, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, шояд дар Тоҷикистон шумори техникаи хизматрасон зиёд карда шавад, вале шумори хизматчиёни ҳарбӣ бетағйир боқӣ хоҳад монд».





           

Дар шарҳи масъалаи татбиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминал дар фурудгоҳ, сафир зикр кард, ки феълан ҷузъиёти ахири оғози сохтмон мавриди ҳаллу фасл қарор доранд.




           

Ёдрас мекунем, ки барои сохтмони иншооти мазкур Фаронса ният дорад, ба Тоҷикистон ба маблағи 18 млн. Евро бурс ҷудо намояд.


Реклама на asia+

Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба истихроҷи нафту газ созишнома ба имзо мерасонанд

0


Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» –


Ҳайати

 

ҳукуматии

 

Арабистони

 

Сауд


ӣ


11

 

январ

 

барои

 

боздиди

 

кории

  

сер


ӯ


за

 

ба

 

Душанбе

 

меояд. Ба ҳайати он намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, нафт ва канданиҳои фоиданоки ин кишвар шомиланд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷӣ Давлат Назриев хабар дод.




Дар ҷараёни боздиди корӣ ҳайати Арабистони Саудӣ бо муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мулоқоту гуфтушунид хоҳад кард.



«Ҷонибҳо масоили густариши ҳамкории тарафайнро мавриди баррасӣ қарор дода, дар анҷоми гуфтушунидҳо имзои созишномаҳо миёни мақомоти дахлдори кишварҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва истихроҷи нафту газ дар назар аст», – афзуд манбаъ.




Реклама на asia+

Соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. нусха китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ нашр мешавад

0


Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон Лоиҳаи таҷдиди соҳаи маориф ният дорад, дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. нусха китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ нашр намояд.




Тавре аз Маркази идораи лоиҳаҳои соҳаи маориф ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, 8 номгӯи китоби дарсӣ, ки барои синфҳои 1-4 пешбинӣ шудаанд, аз рӯи барномаҳои навтарини таълимӣ тартиб дода шуда, ҷавобгӯи меъёрҳои байнулмилалианд.



Ёдрас мекунем, ки Лоиҳаи таҷдиди соҳаи маориф аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 24 млн. $ маблағгузорӣ шуда, ба рушду бозсозии низоми маориф дар Тоҷикистон равона гардидааст. Татбиқи амалии нишондиҳандаҳои лоиҳа 31-уми июли соли 2010 ба итмом мерасад.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон таъсиси вазорат оид ба корҳои дин зарур аст, – назари коршиноси масоили сиёсӣ

0


Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имсол дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам эълон шудааст.




Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» номзади улуми сиёсӣ, коршиноси масоили сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки соли равон дар Тоҷикистон ба такмили усулии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин зарурат пеш омадаст. Коршинос мӯътақид аст, ки дар Тоҷикистон таъсиси вазорат оид ба корҳои дин зарур аст. «Чунин вазорат дар кишварҳои рушдёфтаи дунявие чун Туркияву Миср фаъолият дорад ва таҳлилҳо баёнгари онанд, ки минбаъд дин яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдат, суботи ҷомеа ва амнияти миллӣ хоҳад гашт», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи коршинос, чунин вазорат дар пешгӯӣ, ҳамоҳангсозӣ ва идораи равандҳои динӣ дар ҷомеа нақши ҳалкунанда хоҳад бозид. «Ба ин мақомот сохторҳои ҷудогонаи марбут ба дин, аз қабили Маркази исломии ҶТ, Сарраёсати корҳо оид ба дини Вазорати фарҳанг, Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон, Сарраёсати танзими расму оини назди Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ ва ғайраро метавон муттаҳид сохт», – изҳор дошт ӯ.



А.Раҳнамо мегӯяд, ки ин вазорат бояд мақомоти соф шаҳрвандӣ бошад ва тамоми равобиту чорабиниҳои давлатии марбут ба дин бояд тавассути ин мақомот сурат бигирад.



Коршинос мегӯяд, шахсе, ки ба ин вазифа таъин мегардад, бояд миёни доираҳои динии кишвар соҳибэҳтиром бошад. Ба сифати шахсони арзанда ба ин мансаб коршинос аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, роҳбари Сарраёсати танзими расму оини Дастгоҳи иҷроияи президент Абдуҳалим Холиқов ва раиси Сарраёсати корҳо оид ба дини Вазорати фарҳанг Идибек Зиёевро номбар кард.


Реклама на asia+

Сафири Фаронса: Ман ба Париж собит сохтам, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мавқеъи хос дорад

0


Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар То


ҷ


икистон Оливе Метленд Пеленро бинобар ан


ҷ


ом ёфтани мӯҳлати ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.




Пас аз анҷоми мулоқот бо сарвари давлат сафир изҳор дошт, ки ба туфайли дастгирии президенти мамлакат ба ӯ муяссар шудааст, ки рисолати худро муваффақона анҷом дода, собит созад, ки Тоҷикистон дар минтақаи Омсиёи Марказӣ аз ҷиҳати стратегӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мавқеъи хосеро дорост.



Ба гуфтаи сафири Фаронса, зимни мулоқоти яксоата бо сарвари давлат ба ҷуз масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, вазъи Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирфтааст. «Ҳамаи рӯйдоди рухдода дар Афғонистон ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад ва рӯди Панҷ ин ҷо садду монеъа ё марз шуда наметавонад», – гуфт ӯ.



«Дар сӯҳбати имрӯза Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки ҳалли мушкилоти Афғонистон танҳо бо роҳи баргузории амалиёти низомӣ ғайриимкон аст ва он тавассути ҳалли маҷмӯи мушкилоти мавҷуда, шурӯъ аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ имконпазир аст, ки ман онро пурра ҷонибдорӣ менамоям», – гуфт ӯ.



Ӯ ҳамчунин таъкид сохт, ки тибқи иттилои президент, дар фурсати наздик дар Париж сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад. «Мо бесаброна интизори сафири нахустини халқи бузурги тоҷик дар Фаронса хоҳем буд», – афзуд Оливе Метленд Пелен.


Реклама на asia+

Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорати маорифи ҷумҳурӣ аз фаъолият дар соли гузашта натиҷагирӣ мекунад

0



           

Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он аз фаъолият дар соли сипаригашта натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳо барои соли ҷорӣ муайян карда хоҳанд шуд.





           

Тавре котиби матбуотии вазорат Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара беш аз 300 корманди соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла роҳбарони шӯъбаву раёсатҳо ва сарварони чанде аз муассисаҳои таълимӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид.




           

Ба иттилои манбаъ, қабл аз оғози ҷаласа дар бинои вазорати маориф намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои маориф дар соли 2008 доир мегардад.




           

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати ҷумҳурӣ буҷаи соҳаи маорифи кишварро барои соли 2009 дар ҳаҷми 1 млрд. 139 млн. 446 ҳазор сомонӣ тасдиқ кард, ки он нисбат ба нишондиҳандаи соли пешин қариб ду баробар зиёдтар аст.


Реклама на asia+

Биржаи меҳнати ҷавонон 400 нафарро бо ҷойи корӣ дар Русия таъмин намуд

0


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Биржаи меҳнати ҷавонони нази Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои русиягӣ доир ба таъмини 400 нафар коргарони мавсимӣ бо ҷойи кор дар Русия қарордод баст.




Тавре муовини директори муҳоҷирати хориҷии биржаи мазкур Абдурозиқ Кабудов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мувофиқи қарордод, 250 нафар ба кори мавсимӣ ба совхози Каповкаи вилояти Волгоград сафарбар хоҳанд шуд, ки музди меҳнаташон 450-600 $ аст. Боз 150 нафари боқимонда дар ширкати агрохолдингии «Бунятина»-и шаҳри Дмитриево машғули кори мавсимӣ гардида, ба ҳисоби миёна аз 500 то 700 $ маош хоҳанд гирифт.



А.Кабудов зикр кард, ки кор асосан ба таври қонунӣ ба шахсони аз 25 то 40-сола пешниҳод гардида, пардохти роҳкиро аз ҷониби ширкати корфармои русиягӣ амалӣ мешавад ва коргарон бо хобгоҳи дорои тамоми шароит таъмин хоҳанд шуд.


Реклама на asia+

Агентии обуҳавошиносӣ: Зимистони имсола сербарфу начандон сард хоҳад шуд

0


 



           

Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, зимистони имсола сербарф меояд, вале начандон сард хоҳад шуд.





           

Тавре муовини директори агентӣ Маҳмад Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои аввалин бор дар таърихи агентии обуҳавосанҷии кишвар пешгӯии мавсимӣ ба зимистони имсола омода гардида, он ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.




 


 


 


        

Ба қавли ӯ, мувофиқи пешгӯии мавсимии омодашуда, зимистони имсола чун зимистони соли гузашта сард нахоҳад буд, баръакс, ҳарорат 1-2 дараҷа гармтар аз ҳарорати зимистони маъмулӣ дар Тоҷикистон мешавад. «Ҳарорати пасттарин то 12 дараҷа сардӣ шуда метавонад, вале бориши зиёд дар назар дошта шуда, барфи навбатӣ рӯзҳои 10-11-уми январ пешбинӣ мешавад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда зикр кард, ки дар омодасозии пешгӯии мавсимӣ ба онҳо мутахассисони маркази гидрометереологии Русия кӯмак кардаанд. Қобили зикр аст, ки маркази мазкур бо суперкомпютер муҷаҳҳаз буда, қодир аст дар як сония то миллиард амалиёт анҷом диҳад. «Пешгӯии мавсимии омоданамудаи мо иқдоми нахустин буда, он машваративу омӯзишӣ аст ва 7 рӯзи аввали пешгӯӣ то ба 95-99 дарсад мувофиқу дуруст меоянд, вале пешгӯии минбаъда мумкин аст ба 50-60 дарсад мувофиқ ояд», – изҳор дошт М.Сафаров.




           

Муовини директори агентӣ ҳамчунин зикр кард, ки мутахассисони тоҷик дар маркази «Росгидромет»-и Русия таҷриба омӯхтанд ва кунун таҷрибаи андӯхтаро дар Тоҷикистон истифода мебаранд. «Агентӣ ният дорад, ахири моҳи феврал пешгӯии мавсимӣ ба фасли баҳорро омода созад», – гуфт дар анҷом М.Сафаров.


Реклама на asia+

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳи қочоқбарони афғон нобуд карда шуд

0


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон миёни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.




Тавре аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона се шаҳрванди афғон ба ҳалокат расиданд. Онҳоро Нозукмеҳр валади Вакил Акбар – сокини шаҳри Имом Соҳиб Сӯфӣ роҳбарӣ мекардааст. «Тибқи маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон гурӯҳи мазкур тайи муддати тӯлонӣ ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул будааст», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, дар макони задухӯрд 22 кило маводи мухаддири иборат аз 14 кило ҳероин, 4 кило афюн, 4 кило ҳашиш ва автомати навъи Калашников дарёфт шудааст. Миёни марзбонони тоҷик касе зарар надидааст.


Реклама на asia+

Бонкҳо овозаҳои норасоии пули нақд дар банкоматҳоро рад мекунанд

0


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз нигаронии аҳолии ҷумҳурӣ бинобар норасоии шадиди пули нақд дар банкоматҳо, бонкҳои Тоҷикистон ҷой доштани чунин мушкилотро рад месозанд.




Тавре раиси маркази робита бо ҷомеа ва рекломи ҶСК «Агроинвестбонк» Исматулло Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳамаи ин овозаҳо буда, онро бонкҳои рақиб паҳн мекунанд». «Ахири соли гузашта ба иллати таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба шарикони мо дар кишварҳои дигар чунин мушкилот ҷой дошт ва муштариёнро лозим омад, барои гирифтани пули нақд чаҳор рӯз сабр кунанд, вале феълан ин мушкилот пурра роҳи ҳалли худро ёфтааст ва дар ҳамаи 51 адад банкоматҳои бонк дар кишвар айни замон ба қадри кофӣ пули нақд ҳам бо доллари амрикоӣ ва ҳам бо сомонӣ мавҷуд аст», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи ӯ, муштариёни бонк бемалол метавонанд барои пардохти маблағ дар 59 нуқтаи фурӯш, ки терминалҳои бонк мавҷуданд, аз корти плостикӣ тавассути пардохти ғайринақдӣ истифода намоянд.



Дар ҳамин ҳол, роҳбари хадамоти матбуоти бонки тиҷоратии дигар – ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Қурбон Восиев низ изҳор дошт, ки ҳақиқатан ахири соли гузашта чуни мушкилот рӯи кор омад, вале он муваққатӣ буда, айни замон пурра ҳал шудааст.



Ба қавли Қ.Восиев, он замон ба иллати овозаҳои бардурӯғи наздик омадани бӯҳрони молиявӣ ва хонабардӯш шудани бонкҳои кишвар ва ҳамчунин наздикшавии соли нав бо сабабҳои маълум ба аҳолӣ пули нақд бештар лозим шуд ва кормандони бонк на ҳама вақт имкон доштанд, банкоматҳоро бо пули нақд тъмин созанд. «Имрӯз пас аз гузашти ид мардум эътимод ҳосил кард, ки ба бонки мо муфлисшавӣ таҳдид намекунад ва банкоматҳои «Тоҷиксодиротбонк» ба таври маъмуливу мунтазам кор мекунанд», – афзуд ӯ.



Чунин овозаҳои норасоии пули нақдро дар ҶСК «Ориёнбонк» ва ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон» низ рад сохтанд.


Реклама на asia+