Имрӯз дар Душанбе масъалаи роҳҳои таъмини рушди паррандапарварӣ дар ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад

0


Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни баргузории конфронси илмиву амалӣ коршиносон масъалаи роҳҳои таъмини рушди паррандапарварӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ мекунанд.

 





Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар кори конфронс раҳбарону мутахассисони корхонаҳои паррандапарварии Русия, Украина, Белорус ва Эрон ширкат хоҳанд варзид. «Дар конфронс вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ин бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи дуввуми конфронс ширкатдорони он аз хоҷагиҳои паррандапарварии «Мурғи ҳилол» ва «Мурғи марҷон»-и ноҳияи Файзобод ва ҳамчунин «Наврӯз»-и шаҳри Ваҳдат боздид хоҳанд кард.



Тибқи маълумоти вазорат, феълан дар Тоҷикистон 18 хоҷагии паррандапарварӣ амал мекунад, ки фаъолияти қисмате аз онҳо соли равон ба роҳ монда шуд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе миқдори рекордии маводи мухаддир нобуд гардид

0


Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар оташдонҳои махсуси корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» беш аз ду тонна маводи мухаддири аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъавовари назди президенти ҷумҳурӣ мусодирагардида сӯзонида шуд.




Тавре хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ медиҳад, дар оташдонҳо беш аз ду тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 390 кило ҳероин, беш аз 622 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ва зиёда аз 1 тонна афюн нобуд гардид.



Ин миқдор маводи мухаддир чун далели шайъӣ зимни тафтишоти 148 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, нисбат ба онҳо ҳуқми додгоҳӣ содир шудааст.



Тибқи маълумот, аз оғози фаъолияти агентӣ беш аз 10 тонна маводи мухаддир нобуд карда шудааст, ки беш аз 4 тоннаи онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад.


Реклама на asia+

Ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ дар Душанбе ду маркази бузурги тиҷоратии 20-ошёнадор сохта мешавад

0



         

Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба ифтихори та


ҷ


лили


ҷ


ашни 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар буриши к


ӯ


чаҳои Бухоро-Рудак


ӣ


ва хиёбони Р


ӯ


дак


ӣ


-76-и пойтахт то соли 2011 ду маркази бузурги ти


ҷ


оратии 20-ошёнадор сохта, ба истифода дода мешавад. Муаллифи беҳтарини ин лоиҳаро, ки тариқи тендер муайян карда мешавад, маблағи 7 ҳазору 500 доллари амрико


ӣ


интизор аст,- гуфт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар


ҷ


араёни И


ҷ


лосияи 16-уми Ма


ҷ


лиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати сеюм.





        

Раиси шаҳр дар назди вакилони Ма


ҷ


лиси халқи шаҳри Душанбе доир ба и


ҷ


роиши барномаҳои и


ҷ


тимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2008, нақшаҳои рушд, бу


ҷ


ети шаҳр


ӣ


ва вазифаҳои Мақомоти и


ҷ


роияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2009 ва и


ҷ


рои бу


ҷ


ети шаҳри Душанбе дар соли 2007 ҳисобот дод. Мавсуф нишондодҳои рушди иқтисодию и


ҷ


тимоии пойтахтро новобаста ба б


ӯ


ҳрони


ҷ


аҳонии молияв


ӣ


мусбат арзёб


ӣ


намуд. Зикр шуд, ки дар 11 моҳи соли равон бо назардошти сектори ғайридавлат


ӣ


457, 3 миллион сомон


ӣ


маҳслуоти саноат


ӣ


истеҳсол карда шуд, ки ба 101, 1 фоизи нишондоди ҳамин давраи соли гузашта баробар аст. Дар ин давра дар сектори саноатии пойтахт 18 корхонаи нав ба фаъолият пардохт. Дар ин замина 350


ҷ


ойи кор


ӣ


ташкил карда шуда, корхонаҳои мазкур ба маблағи 8 миллион сомон


ӣ


молҳои гуногуни саноат


ӣ


истеҳсол намуданд.




         

Ба гуфтаи раиси шаҳр, музди миёнаи маош дар пойтахт 471 сомон


ӣ


, дар соҳаи саноат 600 сомон


ӣ


ва дар сохтмон 900 сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба нек


ӯ


аҳволии р


ӯ


згори шаҳрвандон мусоидат менамояд.




        

Раиси Ма


ҷ


лиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳамчунин дар мавриди омодагии пойтахт ба та


ҷ


лили 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии


ҷ


умҳур


ӣ


сухан гуфта, зикр намуд, ки то соли 2011 м


ӯ


ҳлати иқдоми пешанамудаи шаҳрдор


ӣ


– Масъулияти шаҳрванд


ӣ


ва ташаббусҳои созанда идома дода мешавад. Дар доираи он ҳар шаҳрванд ва субъекти марбутаи пойтахт бояд баҳри рушду ободонии пойтахт ва истиқбол гирифтани 20-умин солгарди


ҷ


ашни истиқлоли кишвар корҳои шоёнро ба ан


ҷ


ом расонад.




       

Дар и


ҷ


лосия аз


ҷ


ониби вакилон бу


ҷ


ети шаҳри Душанбе барои соли 2009 тасдиқ гардид, ки он аз р


ӯ


и даромад ва харо


ҷ


от 395 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.


Реклама на asia+

Созмонҳои байнулмилалӣ дар ҳамдастӣ бо хадамоти андоз ба соҳибкорон тартиби гирифтани патентро шарҳ медиҳанд

0



           

Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон маъракаи иттилоотии шарҳи тартиби дастрас намудани патент ва афзалиятиҳои он барои фаъолияти соҳибкорӣ шурӯъ мешавад.




Тавре аз Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, маъракаи мазкур аз ҷониби корпоратсия дар ҳамдастӣ бо хадамоти андози кишвар, ташкилотҳои


DFID




ва


SECO


созмон дода шуда, ҷиҳати шарҳу тафсири тағйироти воридшуда ба Кодекси андоз дар бораи муттаҳид сохтани се навъи андоз нигаронида шудааст.



Сардори раёсати Кумитаи андоз Хуршед Қосимов мегӯяд, ҷорисозии патент танҳо нисфи кор аст ва барои фаъолияти пурсамари он дар васоити ахбори умум баргузории маъракаҳои итттилоотиии шарҳу тафсир зарур аст.



Ба иттилои манбаъ, се навори видеоии телевизионӣ ва ду сабти радиои шарҳу тафсир таҳия гашта, онҳо дар телевизион қабл ва пас аз барномаи ахбор пахш мегарданд. «Дар фурсати наздиктарин пахши он тариқи радио низ сурат хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.



Зикр гардид, ки соҳибкории хурду миёна ба афзоиши сармоягузорӣ мусоидат намуда, дар рушду густариши иқтисод нақши муҳим дорад. Дар маҷмӯъ,


IFC


ва хадамоти андози ҷумҳурӣ шаш маводи иттилоотӣ оид ба шарҳу тафсири тағйироти номбурда ва қонун дар бораи тафтиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро таҳия намудаанд.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон ба Виктор Юшенко барқияи тасаллият ирсол кард

0






           

Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар робита ба фоҷеаи рухдода дар шаҳри Евпатория президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти Украина барқияи тасаллият ирсол кард.











           

Дар барқия, аз ҷумла гуфта мешавад:









«Виктор Андреевичи мӯҳтарам! Аз фоҷеаи рухдода дар шаҳри Евпатория, ки бар асари он талафоти ҷониву харобиҳо сурат гирифт, беҳад андӯҳгинам. Дар ин лаҳзаи ҳассос аз Шумо хоҳиш дорам ҳамдардии мардуми тоҷикро ба ҷабрдидагон ва наздикони онҳо бирасонед. Мо хоҳони шифои ҳарчи зудтари ҷабрдидагонем».










           

Ёдрас мекунем, ки шоми 24-уми декабр бар асари инфиҷори шадиди газ дар манзили зисти панҷошёнаи шаҳри Евпаторияи ин кишвар 24 нафар ба ҳалокат расид. Сарвари давлат Виктор Юшенко имрӯз, 26-уми декабрро дар саросари Украина рӯзи мотам эълон кард.





Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон шумори гурезагон зиёд мешавад

0


Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон тамоили афзоиши шумори гурезагон ба мушоҳида мерасад ва соли ахир шумори онҳо ба 700 нафар афзудааст.




Зимни семинар дар мавзӯи «Татбиқи меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳифзи гурезагон дар ҶТ» директори Маркази ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ, раиси ТҒД «Ҷомеа ва ҳуқуқ» Муаттара Ҳайдарова изҳор дошт, ки ҳарчанд Тоҷикистон асноди байнулмилалии дахлдорро дар ин соҳа ба тасвиб расонида бошад ҳам, масъалаи соҳиб гаштан ба мақоми гуреза дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз комилан роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. «Яке аз мушкилоти умдаи гурезагон дар кишвари мо – таъмини онҳо бо ҷойи корӣ мебошад», – гуфт ӯ.



Бо истинод ба омори расмӣ номбурда зикр кард, ки шумори гурезагон дар ҷумҳурӣ 1700 нафарро ташкил дода, сафи ҷӯяндагони паноҳгоҳ 245 нафар аст. Зикр гардид, ки аз оғози моҳи декабр салоҳияти кор бо гурезагон аз Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират гирифта шуда, ба Вазорати умури дохилӣ вогузор гашт.



Тибқи маълумоти манбаъ, гурезагони Тоҷикистон асосан шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Ироқ ва давлатҳои Африқо мебошанд.


Реклама на asia+

Афсари қисми низомӣ дар вилояти Суғд ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад

0



           

Хуҷанд. 25—уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба афсари қисми низомии 2620 Маҳмадулло Андалебов ва ду шаҳрванди дигар – Абдусалом Нуралиев ва Амиршо Кӯчакшоев ба анҷом расид.





           

Тавре додраси додгоҳи гарнизони Вилояти Суғд Муслим Худойбердиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, номбаршудагон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд.




           

Ба иттилои манбаъ, 28-уми августи соли ҷорӣ аз мошини яке аз гумонбаршудагон 7,4 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шуда, сипас даст доштани ду нафари дигар дар ин муомилоти ғайриқонунӣ низ ошкор шудааст.


Реклама на asia+

Хати интиқоли барқ аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то шаҳри Пули Хумрии Афғонистонро ширкатҳои ҳиндӣ бунёд мекунанд

0



           

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар тендери сохтмони хати интиқоли барқ аз нер


ӯ


гоҳи Сангт


ӯ


да-1 то шаҳри Пули Хумрии Афғонистон ширкатҳои ҳинд


ии «


KEC International» ва

 

«RPG Transmission» дастболо шуданд.





           

Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, баҳри сохтмони хати мазкур Бонки рушди Осиё ва Бунёди ОПЕК 19 млн. $ маблағ ҷудо карда, мариди истифода қарор гирифтани он дар нимаи аввали соли 2010 пешбинӣ шудааст. «Масофаи хат


118 километр

буда, иқтидори интиқолии он ба 220 кВ (киловолт) баробар аст», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои сарчашма, ширкатҳои Ҳиндустон ният доранд, пас аз анҷоми сохтмони ин иншоот дар бунёди хати интиқоли барқ аз марзи Тоҷикистон то Покистон тавассути пойтахти Афғонистон низ ширкат варзанд. «Сохтмони мазкур барои ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад, зеро минбаъд дар мавсими тобистон он барои содироти нерӯи барқи зиёдатии ҷумҳурӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад сохт», – афзуд манбаъ.





 



Реклама на asia+

«Равзанаи ягона» раванди бақайдгирии соҳибкоронро бамаротиб осон хоҳад кард

0



           

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи татбиқи бақайдгирӣ аз рӯи усули «Равзанаи ягона» ба Озарбойҷон рафта буд.





           

Зимни натиҷагирӣ аз сафар аъзои ҳайати ҷумҳурӣ, мудири шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Дӯстмурод Муродов изҳор дошт, ки барои ҷорисозии усули «Равзанаи ягона» дар кишвар ба эътибор гирифтани вижагиҳои низоми бақайдгирӣ, таҳия воситаҳои фаннӣ ва мухобиротӣ миёни муассивау идораҳои дахлдор зарур аст.




           

Зикр гардид, ки татбиқи усули мазкури бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва муҳити корӣ дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва соддакунии

 

сабт дар бахши соҳибкории хурду миёна кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.




           

Дар робита ба ин масъала раиси Иттиҳодияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева зикр кард, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо назардошти меъёр ва таҷрибаи андӯхтаи байнулмилалӣ таҳия гаштааст. Номбурда афзуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур феълан мавриди баррасии ҳукумат қарор дошта, он тамоми маҷмӯи чораҳои татбиқи пурсамари усули «Равзанаи ягона»-ро дар худ ҷой додааст. «Дар лоиҳа ба ивази мӯҳлати аз 16 то 20 рӯзи бақайдгии феълан мавҷуда кам кардани он то 5 рӯзи корӣ пешбинӣ шудааст», – гуфт ӯ.


Реклама на asia+

Дар маркази мубориза бо бемории СПИД-и Истаравшан бемори нахустин ба қайд гирифта шуд

0



           

Хуҷанд. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маркази мубориза бо бемории СПИД-и Истаравшан, ки тирамоҳи соли ҷорӣ ифтитоҳ гардида буд, бемори аввалини ВИЧ/СПИД ошкор карда шуд.





           

Тавре директори маркази мазкур Абдуҷалол Ҷабборов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар марказ 10 нафар кормандони тиб машғули кор буда, акнун сокинони ноҳияи Истравшан ва ноҳияи наздики он имкон доранд, дар ин ҷо аз ташхис гузаранд. «Аз оғози фаъолият 780 шаҳрванд дар марказ аз ташхис гузаштанд ва як нафар мубталои бемории ВИЧ/СПИД ошкор гардид», – гуфт ӯ.




           

Ба иттилои манбаъ, феълан дар ноҳияи Истаравшан 7 гирифтори бемории ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудааст.


Реклама на asia+