Дар моҳи сентябр содироти мол аз Тоҷикистон нисбат ба моҳи гузашта 11,9 ва воридот 20,9 дарсад коҳиш ёфт

0



 

Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нӯҳ моҳи соли равон муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ 3 млрд. 544 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз зиёдтар аст.




Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, 1 млрд. 250 млн. доллари амрикоиро ташкил дод ё ба таври дигар воридот нисбат ба содирот 2,2 баробар зиёдтар аст.



Содироти мол дар ин давра ба $1 млрд 1456 млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $52,3 млн.

 

ё худ 4,8 дарсад зиёд мебошад.



Воридоти мол $2 млрд. 397 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-сетябри соли 2007 $633 млн. ё худ 35 дарсад бештар аст.





Дар моҳи сентябр содироти мол аз Тоҷикистон нисбат ба моҳи гузашта 11,9 ва воридот 20,9 дарсад коҳиш ёфт. Ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи сетябри соли ҷорӣ 351 млн. доллари амрикоиро ташкил дод (содирот $99 млн. ва воридот $252 млн.).



Дар моҳи сентябр Тоҷикистон бо давлати Перу ҳамкориро ба роҳ монда, бадин тариқ шумори шарикони ҳамкори хориҷии худро ба як адад афзуд. Дар нӯҳ моҳи соли равон Тоҷикистон бо 92 кишварҳои дунё муносибати савдои хориҷӣ дошт.




Реклама на asia+

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тасдиқи Протоколи Киото худдорӣ кард

0


Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси рӯзи чаҳоршанбе, 15 октябр, пас аз баррасии тӯлонӣ аз тасдиқи Протоколи Киото худдорӣ кард.




Намояндагони парлумон таъкид карданд, ки таъйиди ин санади байналмилалӣ метавонад дар роҳи тавсеъаи саноеъ ва бахши кишоварзии Тоҷикистон монеъ эҷод кунад.



Маҳбуба Нуриддинова, раиси кумитаи парлумон дар умури иҷтимоӣ, хонавода, беҳдошт ва муҳити зист, ки Протоколро муъаррифӣ мекард, пайвастани Тоҷикистон ба ин санади байналмилалиро дар роҳи ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар муҳим арзёбӣ кард.



Ба гуфтаи хонум Нуриддинова, ҳоло панҷ тарҳи сармоягузории хориҷӣ бо хазинаи 143 милллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки дар сурати пайвастани ин кишвар ба Протоколи Киото ин тарҳҳо ба мавриди иҷро гузошта хоҳанд шуд.



Дар назар аст ин маболиғ барои таҷдиди таҷҳизоти поксозии партовҳои корхонаи алюминии Тоҷикистон ва эҳдоси нерӯгоҳҳои кӯчаки обӣ масраф гардад.



Ҳамчунин, Маҳбуба Нуриддинова таъкид кард, ки аз соли 1990 то ба имрӯз мизони партови газҳои зараровар ба фазо ҳафт баробар коҳиш ёфта ва аз ин лиҳоз, пайвастани Тоҷикистон ба Протоколи Киото дар вазъи саноеъ ва тавсеъаи иқтисоди ин кишвар асари чандоне нахоҳад гузошт.



Вале раиси кумитаи парлумон дар умури иҷтимоъӣ, хонавода, беҳдошт ва муҳити зист натавонист намояндагони парлумонро нисбат ба аҳамияти ин санад мутақоъид созад.



Аз ҷумла, Шодӣ Шабдолов, намояндаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар парлумон, ин суолро матраҳ кард, ки то чӣ андоза давлат махориҷи ношӣ аз пайвастан ба Протоколи Киоторо дар назар гирифтааст.



Ба эътиқоди оқои Шабдолов бахши аслии таҷҳизоти корхонаҳои санъатии Тоҷикистон кӯҳнаву фарсуда буда ва мизони қобили таваҷҷӯҳе аз газҳои зараровар аз ин таъсисот ба фазо ҷорӣ мешавад. Ва дар сурати тасвиби ин санад, давлати Тоҷикистон имкон нахоҳад дошт, дар кӯтоҳмуддат муқаррароти ин протоколро иҷро кунад.



Афзун бар ин, ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, ҷониби Ӯзбекистон муддаъист, ки газҳои ношӣ аз корхонаи алюминӣ манотиқи марзии ин кишвар бо Тоҷикистонро олуда сохта ва ба муҳити зисти маҳаллоте дар ҷануби Ӯзбекистон осеб задааст.



Намояндагони парлумон гуфтанд, ки дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Протоколи Киото нахуст Ӯзбекистон аз ин кишвар тақозо хоҳад кард, ки бар асоси бандҳои ин санад системи поксозии партовҳои корхонаи алюминиро таҷдид кунад.



Гуфта мешавад, барои ин кор хазинаи ҳангуфте лозим аст ва дар шароити феълӣ буҷаи Тоҷикистон имкони тахсиси ин маболиғро надорад.


Реклама на asia+

Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар иҷлосияи «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё» ба Остона рафт

0


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари кории серӯза ва барои иштирок дар иҷлосияи «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё» ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона рафт.




Тавре аз департаменти иттилооти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, фардо дар кори иҷлосияи 7-уми вазирони умури хориҷии «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё» Ҳамрохон Зарифӣ маърӯза хоҳад кард.

 




Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари корӣ вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ бо ҳамтоҳои худ аз давлатҳои Корея, Қатар, Қувайт ва Баҳрайн мулоқот хоҳад орост.



Зикр гардид, ки Ҳ.Зарифӣ инчунин дар дар Ҳамоиши вазирони умури хориҷии кишварҳои мусалмонӣ ва давлатҳои ғарб таҳти унвони «Ҷаҳони умумӣ: рушду тавсеъа тавассути тарзу шаклҳои гуногун» низ ширкат хоҳад варзид. Ин ҳамоиш 17-уми октябр дар шаҳри Остона ба кор шурӯъ мекунад.



Қобили зикр аст, ки дар кори иҷлосия ширнкати вазирони умури хориҷии 30 кишвари дунё дар назар аст. «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё»

 

соли 2002 таъсис ёфта, Тоҷикистон 4 сол пеш ба узвияти он пайвастааст.


Реклама на asia+

Аз эълон шудани моратория ба санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна шумори кормандони «Тоҷикстандарт» кам нашудааст

0




            





 

Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Аз эълон шудани моратория ба санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна аз 25-уми июли соли ҷорӣ шумори кормандони «Тоҷикстандарт» кам нашудааст», – изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ директории Агентии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов.





           

Ба қавли ӯ, то қабули моратория дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои санҷиши беасоси фаъолияти корхонаҳои бахши соҳибкории хурду миёна рӯ ба афзоиш ниҳода буданд. «Ман боварӣ дорам, ки ташаббуси зоҳиркардаи президенти кишвар ба ин ҳодисаҳо хотима хоҳад бахшид», – гуфт ӯ ва афзуд, ки феълан санҷишҳо барои баҳогузорӣ ба мол бо дархости худи соҳибкорон гузаронида мешаванд.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои сарчашмаи мӯътамади ОИ «Азия-Плюс», аз 1-уми август қисме аз кормандони нозироти савдои агентӣ ба мӯҳлати номуайян ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.


Реклама на asia+

Биржаи меҳнати ҷавонон ҳудуди 7 ҳазор нафарро барои кор ба Русия сафарбар кард

0


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Биржаи меҳнати ҷавонон, ки дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон амал мекунад, аз оғози сол 300 нафар ҷавононро барои кор ба Русия сафарбар кардааст.




Дар нишасти матбуотӣ раиси кумита Маликшо Неъматов изҳор дошт, ки биржа на танҳо дар ҷойи бо кор таъмини намудани муҳоҷирон дар хориҷи кишвар, балки дар сурати зарурӣ ва пайдо накардани маблағи роҳкирои баргаштан ба ватан низ кӯмак мерасонад.



Номбурда афзуд, ки аз соли 1999 то инҷониб тавассути биржаи меҳнати кумита дар пойтахт, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва маркази маъмурии вилояти Хатлон 8 намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ ташкил карда шуда, ба ҳудуди 7 ҳазор нафар шаҳрванд ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудан дар хориҷа мусоидат карда шудааст.



Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, феълан ҳудуди 700 ҳазор нафар тоҷикистониён дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд.


Реклама на asia+

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ба Туркия сафар кард

0


Душанбе. 15-уми октябр – Дастаи мунтахаби футболи


ҷ


авонони то 19-солаи То


ҷ


икистон 13-уми октябр ба Туркия сафар кард.




C


армураббии дастаи мунтахаби


ҷ


авонони То


ҷ


икистон Салоҳиддин Ғафуров изҳор дошт, ки футболбозони то


ҷ


ик дар марҳилаи дуввуми омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Анталияи Туркия бо дастаҳои ин кишвар се бозии сан


ҷ


иш


ӣ


ан


ҷ


ом медиҳанд ва сипас ба Арабистони Саъуд


ӣ


сафар хоҳанд кард.

  




Ба ҳайъати даста 20 бозигар аз бошгоҳҳои футболи То


ҷ


икистон ва, инчунин, 3 нафар шогирдони футболи то


ҷ


ик – Фарҳод Восиев, аз «Сатурн»-и Русия, Музаффар Фузайлов, аз дастаи «Бухоро»-и Узбакистон, Нуриддин Давронов, аз «Локомотив»-и Маскав, дохиланд.



Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби


ҷ


авонони То


ҷ


икистон дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 31-уми октябр то 14-уми ноябр дар Арабистони Саъуд


ӣ


баргузор мешавад, дар гур


ӯ


ҳи «С» бо дастаҳои Чин, Куриёи Шимол


ӣ


ва Лубнон боз


ӣ


хоҳад кард.


Реклама на asia+

Болоравии қимати нерӯи барқ дар соли 2009

0



           

Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 1-уми январи соли 2009 арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон зиёд карда мешавад. Дар ин бора муовини сардори идораи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва рушди рақобати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Д.Қурбонов хабар дод.





           

Ба қавли ӯ, мушкилоти мавҷудаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» ва талаботи Бонки рушди Осиёву Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди бахши энергетикаи кишвар водор месозанд, ки ҳамасола таруфаҳои нархи истифодаи нерӯи барқ танзим карда шаванд.




           

«Тибқи созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, арзиши истифодаи нерӯи барқ то соли 2010 бояд ба ҳисоби миёна 2,5 сентро ташкил диҳад ва барои ин зарур аст, ки то соли 2010 ҳар сол ду маротиба қимати он ба андозаи 40-50 дарсад зиёд карда шавад», – идома дод ӯ.




           

Ёдовар мешавем, ки бори охир арзиши истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ афзоиш ёфта буд. Айни замон дар Тоҷикистон нархи истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ бо назардошти андоз аз арзиши изофа барои аҳолӣ 4,8 дирам (1,4 сент), к

орхонаҳои саноат




ӣ




10,95 дирам ва ширкати «ТАЛКО» 5,15 дирам муқаррар шудааст.





Реклама на asia+

Соли равон варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ва Осиё 162 медал ба даст оварданд

0


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар асоси нақшаи тақвимии ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 53 чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла 39 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 14 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ дар байни наврасон ва ҷавонон дар минтақаҳои кишвар гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 7076 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. Ин нуктаро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов 14 октябр зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.





          

Маликшо Неъматов таъкид кард, ки варзишгарони тоҷик дар 21 чемпионати ҷаҳонӣ ва Осиё ширкат варзида, 46 медали тилло, 50 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ, ҷамъ 162 медал ба даст оварданд.




          

Қайд кардан ба маврид аст, ки тай солҳои охир дар якчанд намудҳои варзиш, аз қабили бокс, самбо, гуштини тарзи озод теъдоди доварони сатҳи байналмилалӣ зиёд шуда, барои рушди ин намудҳои варзиш мусоидат мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Ду роҳбалади қатораи Роҳи оҳани Тоҷикистон бо героин боздошт шуданд

0


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду роҳбалади қатораи Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуданд.




Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде пеш кормандони Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон дар қатораи хатсайри Кӯлоб-Маскав кормандони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – роҳбаладон Шодӣ Ҳасанов ва Алишер Сафаровро, ки ҳар ду сокини ноҳияи Бохтар мебошанд, боздошт намудаанд.



Зимни кофтуков аз онҳо ба миқдори 3 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.



Дар 9 моҳи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву 15 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад зиёдтар аст.


Реклама на asia+

Дар Санкт-Петербург вазири мудофиаи ҷумҳурӣ бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ як қатор мулоқоти дуҷониба доир хоҳад сохт

0


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – И


мрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба кор шурӯъ мекунад. Дар чаҳорчӯбаи он

вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ як қатор мулоқоти дуҷониба анҷом хоҳад дод.





Тавре аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа баррасии ҳудуди 20 масоил, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти шӯро дар соли 2008 ва нақшаи корӣ барои соли 2009 дар назар аст.



Бино ба иттилои манбаъ, вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ атрофи масоили рушди ҳамгиройии низомии кишварҳо, такмили низоми муттаҳидаи нерӯҳои ҳарбии дифоъи зиддиҳавоӣ, таҳкими системаи мутттаҳидаи нерӯҳои низомии ИДМ ва ташкили Спартакиадаи артишҳои кишварҳои ИДМ дар соли 2009 табодули афкор хоҳанд кард.



Зикр гардид, ки ҷаласаи навбатии 55-уми шӯро таҳти раёсати вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков баргузор мешавад.



Ёдрас мекунем, ки Шӯрои вазиоони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ моҳи феврали соли 1992 таъсис дода шудааст.


Реклама на asia+