Соли равон варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ва Осиё 162 медал ба даст оварданд

Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар асоси нақшаи тақвимии ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 53 чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла 39 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 14 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ дар байни наврасон ва ҷавонон дар минтақаҳои кишвар гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 7076 […]


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар асоси нақшаи тақвимии ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 53 чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла 39 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 14 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ дар байни наврасон ва ҷавонон дар минтақаҳои кишвар гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 7076 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. Ин нуктаро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов 14 октябр зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.





          

Маликшо Неъматов таъкид кард, ки варзишгарони тоҷик дар 21 чемпионати ҷаҳонӣ ва Осиё ширкат варзида, 46 медали тилло, 50 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ, ҷамъ 162 медал ба даст оварданд.




          

Қайд кардан ба маврид аст, ки тай солҳои охир дар якчанд намудҳои варзиш, аз қабили бокс, самбо, гуштини тарзи озод теъдоди доварони сатҳи байналмилалӣ зиёд шуда, барои рушди ин намудҳои варзиш мусоидат мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.