Болоравии қимати нерӯи барқ дар соли 2009

            Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 1-уми январи соли 2009 арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон зиёд карда мешавад. Дар ин бора муовини сардори идораи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва рушди рақобати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Д.Қурбонов хабар дод.             Ба қавли ӯ, мушкилоти мавҷудаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» ва талаботи […]



           

Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 1-уми январи соли 2009 арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон зиёд карда мешавад. Дар ин бора муовини сардори идораи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва рушди рақобати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Д.Қурбонов хабар дод.





           

Ба қавли ӯ, мушкилоти мавҷудаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» ва талаботи Бонки рушди Осиёву Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди бахши энергетикаи кишвар водор месозанд, ки ҳамасола таруфаҳои нархи истифодаи нерӯи барқ танзим карда шаванд.




           

«Тибқи созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, арзиши истифодаи нерӯи барқ то соли 2010 бояд ба ҳисоби миёна 2,5 сентро ташкил диҳад ва барои ин зарур аст, ки то соли 2010 ҳар сол ду маротиба қимати он ба андозаи 40-50 дарсад зиёд карда шавад», – идома дод ӯ.




           

Ёдовар мешавем, ки бори охир арзиши истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ афзоиш ёфта буд. Айни замон дар Тоҷикистон нархи истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ бо назардошти андоз аз арзиши изофа барои аҳолӣ 4,8 дирам (1,4 сент), к

орхонаҳои саноат




ӣ




10,95 дирам ва ширкати «ТАЛКО» 5,15 дирам муқаррар шудааст.





Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.