Ду роҳбалади қатораи Роҳи оҳани Тоҷикистон бо героин боздошт шуданд

Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду роҳбалади қатораи Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуданд. Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде пеш кормандони Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон дар қатораи хатсайри Кӯлоб-Маскав кормандони КВД «Роҳи […]


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду роҳбалади қатораи Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуданд.




Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде пеш кормандони Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон дар қатораи хатсайри Кӯлоб-Маскав кормандони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – роҳбаладон Шодӣ Ҳасанов ва Алишер Сафаровро, ки ҳар ду сокини ноҳияи Бохтар мебошанд, боздошт намудаанд.



Зимни кофтуков аз онҳо ба миқдори 3 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.



Дар 9 моҳи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву 15 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад зиёдтар аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.