Ҳизби демократи Точикистон (ҷиноҳи Маҳмадрӯзи Искандаров) ба Комиссияи ҳуқуқи башари СММ шикоят бурд

0


Душанбе. 16-уми октябр – Ҳизби демократи Точикистон (ҷиноҳи Маҳмадрӯзи Искандаров), ки давлат онро ба расмият намешиносад, аз давлати ин кишвар ба Комиссияи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.




Масъулони ин ҳизб давлати Тоҷикистонро ба мудохила дар умури аҳзоби сиёсӣ ва таъмин накардани шаффофият дар баргузории интихобот муттаҳам кардаанд. Ин ҳизб ҳамчунин ҳукми додгоҳ алайҳи худро ғайримунсифона хондааст.



Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев, муъовини раҳбари ин ҳизб, асноди зарурӣ барои шикояти ин ҳизб бо мусоъидати Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон таҳия ва рӯзи сешанбе, 14 октябр, ба СММ ироа шудааст.



Оқои Валиев афзуд, ки шикояти ин ҳизб дар пайи ҳукми ба гуфтаи ӯ ғайримунсифонаи додгоҳи истинофӣ дар мавриди ба расмият шинохтани ҳизби демократи Масъуд Собиров дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сурат мегирад.



Ҳизби демократии Тоҷикистон баъд аз маҳкумияти Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари он ба 23 соли зиндон ба иттиҳоми чанд ҷурм, аз ҷумла кӯшиши кудето, батадриҷ ба се даста тақсим шуд.



Дар ҳамин ҳол, Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар аз як сол пеш бад-ин сӯ баррасии қазияи рабуда шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҳизби демократии Тоҷикистон дар Маскав ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст.




 

Реклама на asia+

А.Иброҳим: Коршиносони «Зарубежнефтегаз» геологҳои тоҷикро бо натиҷаҳои корҳои иктишофӣ ва зилзиласанҷӣ шинос накарданд

0


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи фаръии ширкати «Газпром»-и Русия – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Зарубежнефтегаз» ба Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон ҳисоботи илмиву таҳқиқотии баргузории корҳои иктишофӣ ва зислзиласанҷии майдонҳои нафту газдори Тоҷикистонро пешниҳод сохтааст.




Дар нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки коршиносони «Зарубежнефтегаз» дар кони Саргазони вилояти Хатлон корҳои иктишофиву таҳқиқотиро ба анҷом расониданд, вале геологҳои тоҷикро бо натиҷаҳои он шинос накардаанд.



Номбурда зикр кард, ки ҳанӯз ду сол қабл ширкати русиягӣ ҳамчунин барои баргузории корҳои иктишофиву таҳқиқотӣ дар кони «Ренгон»-и ноҳияи Рӯдакӣ низ иҷозатнома гирифтааст, вале то ҳол дар ин ҷо ба кор шурӯъ накардааст. «Зарубежнефтегаз» барои баргузории чунин корҳо дар конҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сариқамиш»-и ин ноҳия низ иҷозатнома дорад», – гуфт ӯ.



Дар шарҳи ин масъала аз намояндагии «Зарубежнефтегаз» дар Тоҷикистон хабар доданд, ки раҳбарияти корхона феълан дар хориҷи ҷумҳурӣ қарор доранд ва шахси ваколатдоре нест, ки дар ин хусус маълумоти дақиқу воқеъбинона пешниҳод намояд.



А.Иброҳим афзуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба мӯҳлати се моҳ амали иҷозатномаи ду ширкатеро, ки дар Тоҷикистон ба истихроҷи тиллову нуқра машғул буданд, қатъ сохтааст ва ояндаи наздик иҷозатномаи боз яке аз ширкатҳои истихроҷи тилло низ қатъ сохта мешавад.



Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ

 

тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2003 «Дар бораи ҳамкории стратегӣ дар соҳаи нафту газ» ва Ёддошти соли 2006 дар бораи таъсиси корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон танзим мегардад.



Моҳи декабри соли 2006 ба «Газпром» ҷиҳати баргузории корҳои геологии омӯзишӣ дар минтақаҳои нафту гази Саргазон ва Ренгон, ки захираҳои он мутаносибан 30 ва 35 млрд. метри мураббаъ пешгӯӣ мешаванд, иҷозатнома дода шуда буд.






Маълумотнома:





ҶСП «Зарубежнефтегаз» миёнаҳои соли 1998 таъсис дода шудааст. Аз оғози соли 2007 «Зарубежнефтегаз» 100% ба ҶСК «Газпром» тааллуқ дорад. «Зарубежнефтегаз» манфиатҳои «Газпром»-ро дар як қатор лоиҳаҳо оид ба иктишоф ва азхудкунии конҳои нафту газ ва бунёди иншооти саноати нафту газ дар хориҷи кишвар, дар навбати аввал, дар кишварҳои Осиёи марказӣ ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳамчунин кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон роҳандозӣ мекунад.

 





 

Реклама на asia+

Раиси «Амонатбонк» бар ин назар аст, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсире нарасонидааст

0


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба фаъолияти Бонки давлатии амноатгузории «Амонатбонк» ва дар маҷмӯъ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳеҷ таъсире нарасонид», – гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов.




Кафолати асосии вазъи босуботи бозори дохилиро номбурда дар он мебинад, ки ниҳодҳои молиявии миллии ҷумҳурӣ бо низоми молиявии кишварҳои ғарб он қадр робитаҳои зиче надоранд.



«Мо аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки рушди Осиё ва дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ, ки сохторҳои устувору боэътимод маҳсуб мешаванд, маблағҳо дастрас мекунем ва ба онҳо ин бӯҳрон ҳеҷ таъсире нарасонидааст», – идома дод ӯ.



Ба қавли раиси «Амонатбонк», бӯҳрони молиявии кунунӣ ба бонкҳое, ки қарзҳои хориҷӣ доранд, метавонад таъсири манфӣ бирасонад. Дар ҳамин ҳол ӯ таъкид сохт, ки «Амонатбонк» аз шарикони хориҷии худ қарзе надорад.



М.Маҳмадаминов афзуд, ки дар сурати коҳиш ёфтани воридшавии маблағҳо аз ҷониби мизоҷони хориҷӣ, ин омил метавонист ба бонк таъсири манфӣ бирасонад, вале «дар солҳои ахир шумори мизоҷони хориҷии мо афзуд».


Реклама на asia+

Аз Душанбе ба шимоли ҷумҳурӣ бидуни убури қаламрави Ӯзбекистон роҳи оҳан сохта мешавад

0


Душанбе. 15-уми октябр – Ширкати давлатии Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯяд дар моҳи сентябри соли оянда эҳдоси роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон шурӯъ шуда ва манотиқи ҷануби Тоҷикистон аз тариқи ин роҳ бо маркази ин кишвар муттасил хоҳад шуд.




Ҳамчунин, тарҳи дигаре дар заминаи бунёди роҳи оҳан аз Душанбе ба водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.



Ба гуфтаи Владимир Собкалов, муъовини аввали раиси ширкат, мустанадоти фаннию иқтисодии тарҳи роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон, ки


56 километр

тӯл хоҳад дошт, аз сӯйи муассисаи «Лоиҳакаш», вобаста ба ин ширкат, омода шуда ва дар назар аст пас аз як сол иҷрои ин лоиҳа оғоз шавад.



Ба эътиқоди оқои Собкалов, ин нахустин гоми мушаххас дар ҷиҳати раҳоии системи роҳи оҳани Тоҷикистон аз бунбасти иртиботӣ хоҳад буд.



Ҳоло иртиботи роҳи оҳан аз Душанбе, пойтахт, ба манотиқи ҷануб ва шимоли Тоҷикистон танҳо аз тариқи Ӯзбакистон сурат мегирад ва ҳаракати қаторҳо дар ин масирҳо бо мушкилоту мавонеъи зиёде ҳамроҳ будааст.



Ҳамчунин, Абулазиз Гулаҳмадов, як масъули ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон, хабар дод, ки ин ширкат дар садад аст аз минтақаи Қаротоғ, дар ғарби шаҳри Душанбе ба самти Саратоғ, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, дар шимоли ин кишвар, хатти роҳи оҳан бунёд кунад.



Оқои Гулаҳмадов таъкид кард, ки тӯли ин роҳ 276 километрро ташкил дода ва аз манотиқи кӯҳистонӣ мегузарад. Дар сурати баҳрабардорӣ аз ин роҳ водии Зарафшон аз бунбасти иртибототи раҳоӣ хоҳад ёфт ва бо манотиқи марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон муттасил хоҳад шуд.



Ба эътиқоди коршиносон, дар сурати баҳрабардорӣ аз роҳҳои оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон ва Қаротоғ-Саратоғ, Тоҷикистон на танҳо аз бунбасти иртиботии роҳи оҳан раҳоӣ хоҳад ёфт, балки ин амр ба тавсеъаи бахшҳои саноеъ ва кишоварзӣ дар ин манотиқ ва содаву арзон шудани нархи рафту омади сокинон мусоъидат хоҳад кард.


Реклама на asia+

Телевизиони «Сафина» баҳри таҳияи филми мустанади «Тоҷикистон» омодагӣ мегирад

0


Душанбе. 1%-уми октябр – Дар ш


ӯ


ъбаи дубляжи Муассисаи давлатии «Телевизони Сафина» аз оғози соли 2008 то ба имр


ӯ


з 17 филми баде


ӣ


, 19 филми мустанад ва 8 филми тасвир


ӣ


бо сифати баланди касб


ӣ


ба забони то


ҷ


ик


ӣ


баргардонида шуд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуот


ӣ


директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Маҳмадсаид Пиров 14 октябр иброз дошт.




Ӯ


афзуд, ки бахшида ба 1150-солагии Аб


ӯ


абдуллоҳи Р


ӯ


дак


ӣ


ва зодр


ӯ


зи устод Садриддин Айн


ӣ


филмҳои бадеии «Қисмати шоир» ва «Дохунда» тар


ҷ


ума ва дубляж карда шуданд. Дар ма


ҷ


м


ӯ


ъ, филмҳои дубляжшуда 44 соату 50 дақиқаро ташкил медиҳанд. Инчунин, таҳия ва банаворгирии филми «Қиссаи орзуҳои осмон


ӣ


» аз р


ӯ


и асари нависандаи маъруф Холмурод Шарифов, ки инъикосгари ҳаёти имр


ӯ


зи мардуми то


ҷ


ик ва тарғибгари инсонд


ӯ


стию меҳанпараст


ӣ


мебошад, дар таҳияи коргардон ва ҳунарманди мардумии То


ҷ


икистон Хушназар Майбалиев ан


ҷ


ом ёфт.



Қобили қайд аст, ки бо мақсади ба таври пурра фарогирии пахши барномаҳои «Телевизиони Сафина» дар қаламрав


ӣ




ҷ


умҳур


ӣ


тадбирҳои амал


ӣ


андешида шудаанд. Дар соли 2009 Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бо ин мақсад маблағгузориро ба корхонаи «Тлелерадиоком» ба 76 фисад зиёд намуд, дар соли 2009 пахши барномаҳо ба 100 фисад расонида хоҳад шуд.



«Бо дарки масъулияти баланд дар назди


ҷ


омеа, бо назардошти завқи бинандагони ватан


ӣ


ва хори


ҷ


и кишвар, аз


ҷ


ониби аҳли э


ҷ


оди «Телевизиони Сафина» таҳияи як қатор намоишу барномаҳои


ҷ


адиди инъикоскунандаи бахшҳои алоҳидаи


ҷ


омеа ба нақша гирифта шудааст. Аз


ҷ


умла, бо мақсади муаррифии бештари фарҳанги миллати куҳанбунёдамон ба


ҷ


аҳониён муассиса тасмим гирифтааст, ки филми ҳу


ҷҷ


атии «То


ҷ


икистон»-ро таҳия намояд. Ба ин хотир, барои таълифи сенарияи мукаммал дар бораи То


ҷ


икистон бо фарогирии тамоми паҳл


ӯ


ҳои арзишҳои милл


ӣ


ва дастовардҳои даврони истиқлолияти давлат


ӣ


озмун эълон шудааст, ки то 25 декабри соли равон идома меёбад»,- тазаккур дод дар фар


ҷ


ом Маҳмадсаид Пиров.


Реклама на asia+

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштии самбо байни наврасону ҷавонон соҳиби 5 медал шуданд

0


Душанбе. 14-уми октябр – Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштии самбо байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Тошканд 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.




Дабири кулли Федератсияи гӯштии самбои Тоҷикистон Маҳмуди Абдуллоҳ изҳор доштааст, ки дар ин мусобиқот беш аз 500 варзишгар аз 35 кишвар ширкат карданд.



Паҳлавони навраси тоҷик Акмолиддин Каримов дар вазни то


48 кг

ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфт. Айниддин Қурбонов дар ин вазн байни ҷавонон ҷои дувумро касб карда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.



Файзиддин Абдуллоев дар вазни то

70 кг

байни наврасон соҳиби медали биринҷӣ гардид. Инчунин Сулаймон Сулаймонов дар вазни то

74 кг

байни ҷавонон ва Рашид Раҳимов дар вазни то

75 кг

миёни наврасон медали биринҷӣ гирифтанд.



Дар ҳисоби дастаӣ Русия бо касби 28 медал, аз ҷумла 16 тилло ғолиб шуд. Дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ҷои дуввум ва Беларус ҷои севумро касб карданд. Тоҷикистон дар ҷои 6-ум қарор гирифт.


Реклама на asia+

Сандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» ба ҳудуди $172 млн. баробар шуд

0


          Душанбе. 14-уми октябр –


Ба санаи 1 октябри соли 2008 сандуқи қарзии


Ҷамъияти саҳомии кушоди (Ҷ


СК) «Ориёнбонк» 583 136 814 сомониро ташкил медиҳад. Ба санаи 1 октябри соли 2008 сохтори соҳавии қарзгузор


ӣ


умуман дар сохтори бонк ба таври зайл ташкил карда шудааст:




Сохтори соҳавии қарзгузор


ӣ


дар сохтори бонк ба таври зайл ташкил карда шудааст:



Бо асъори милл


ӣ


: корхонаҳои ти


ҷ


оратии шахс


ӣ


– 79,44%, корхонаҳои хо


ҷ


агии қишлоқ – 15,94%, корхонаҳои давлат


ӣ


– 0,76% ва шахсони воқе


ӣ


– 3, 86%.



Бо асъори хори


ҷ


ӣ


: корхонаҳои ти


ҷ


оратии шахс


ӣ


– 54,27%, корхонаҳои хо


ҷ


агии қишлоқ – 20,75%, корхонаҳои давлат


ӣ


– 24,77% ва шахсони воқе


ӣ


– 0,21%. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонк хабар доданд.






Маълумотнома:







Ҷ


амъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои к


ӯ


ҳнатарини


ҷ


умҳур


ӣ


ба шумор меравад. Ҳан


ӯ


з моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар ш. Душанбе ш


ӯ


ъбаи Бонки ти


ҷ


оратии осиёимиёнаг


ӣ


ба фаъолият шур


ӯ


ъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи


ҷ


умҳуриявии Промбанк кушода шуд. Моҳи апрели соли 1991 То


ҷ


икпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳом


ӣ


табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳом


ӣ


– ти


ҷ


оратии саноату сохтмони То


ҷ


икистон “Ориенбонк” мубаддал гардид, ки аз


ҷ


ониби Бонки миллии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ба қайд гирифта шуда, дорои и


ҷ


озатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ “Ориенбонк” ба


Ҷ


амъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” табдил дода шуд.


Реклама на asia+

Швейтсария барои ғолибони ҷашнвораи кинои «Дидор» $15 ҳазор ҷудо кард

0


Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагии дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон барои ғолибони ҷашнвораи саввуми байнулмиалии кинои «Дидор», ки айни замон дар Тоҷикистон ҷараён дорад, 15 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кард.




Тавре корманди масъули робита бо ҷомеаи дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон Гулноза Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин саввумин ҷашнвораест, ки бо ташаббус ва дастгирии ҳукумати Швейтсария баргузор мешавад.



Ёдрас мекунем, ки аз 12 то 16-уми октябр дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи III-уми байнулмилалии кинои «Дидор» баргузор мешавад.



Сарпарастони асосии ҷашнвора «Институти ҷомеаи Кушод – Фонди Мусоидат. Тоҷикистон»

 

ва Агентии рушду ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон мебошанд. Мавсуф зикр кард, ки мувофиқи қарори Кумитаи тадорукот,

 

тамоми чорабиниҳо, аз қабили намоиши филмҳо, мизҳои мудаввар, муаррифии филмҳои беҳтарини коргардонҳои Осиёи Марказӣ ва нишастҳои матбуотӣ дар Хонаи Кино ва Маркази фарҳанги ҳиндии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон доир мегарданд.



Тибқи консепсияи ҷашнвора, ба ҳакамон ва тамошобинон 12 филми кӯтоҳмуддат ва 12 филми мукаммали коргардонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Олмон ва Туркия ва ҳамчунин 15 филми коргардонҳои тоҷик, ки дар давраи солҳои 2006-2008 наворбардорӣ шудаанд, намоиш дода мешавад.



Дар ҷашнвора чунин ҷоизаҳо супурда хоҳанд шуд: Шоҳҷоиза барои филми мукаммал, Шоҳҷоиза барои филми кӯтоҳмуддат, мукофот барои филми беҳтарини Тоҷикистон, мукофоти ҳакамони байнулмилалӣ барои коргардони беҳтарин, ду бурси «Мероси ягона»-и Маркази кинои мустанад ва озмоишии Эрон барои дастгирии коргардонҳои ҷавони тоҷик, ҷоизаи Иттиҳодияи эҷодии «Боргоҳи сухан» барои филми беҳтарини Тоҷикистон ва ҷоизаи махсуси «Таваҷҷӯҳи матбуот» аз рӯи овоздиҳии рӯзноманигорон.



Маросими расмии ифтитоҳ ва анҷоми ҷашнвора дар театри драмавии ба номи Маяковский доир мегардад.



Ба ҷуз барномаи озмунӣ, ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора намоиши филмҳои муосири афғонӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Шарқу Ғарб: дурнамои ҳамкориҳо», муаррифии маҷмӯаи дискҳои киношиноси қазоқ Гулнора Абикеева, «Кинои мустанади Осиёи Марказӣ: Даврони Шӯравӣ ва солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ» ва муаррифии китоби «Панҷ садо» (намунаи ашъори панҷ шоири Эрон) баргузор мешавад.


Реклама на asia+

Дар Русия ҳодисаҳои ҳамла ба муҳоҷирон меафзояд

0


Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Русия мавориди ҳамла ба муҳоҷирони хориҷӣ афзоиш ёфта ва тайи се рӯзи ахир расонаҳои он кишвар аз қатли як табаъаи Тоҷикистон ва захмӣ шудани ду нафари дигар хабар додаанд.




Ба гуфтаи Салими Хатлонӣ, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 9-уми октябр Исроил Табаров, 24-сола, дар минтақаи ғарбии шаҳри Маскав аз сӯйи афроди ношинос ба зарби корд кушта шудааст.



Баъдан расонаҳои Русия аз боздошти се табаъаи Тоҷикистон ба ҷурми даст доштан дар қатли оқои Табаров хабар доданд.



Бо ин ҳол, ба гуфтаи Салими Хатлонӣ, бозрасии ҳодисаи қатли Исроил Табаров тоза шурӯъ шуда ва ҳанӯз ҷузъиёти он рӯшан нашудааст.



Ҳамзамон, оқои Хатлонӣ хабар дод, ки бо мусоъидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷасади Исроил Табаров ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.



Пас аз як рӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷасади Фирдавс Бобоеви 29-сола, муҳоҷири дигари тоҷик низ, ки дар ширкати мавсум ба «Реконструксия» кор мекард, пайдо шудааст. Гуфта мешавад дар бадани ӯ захмҳои зиёди корд ба ҷо мондааст.



Тибқи иттилоъи Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи душанбе дар шаҳри Маскав афроди номаълум ба ду тан аз атбоъи дигари тоҷик ҳамла карда ва ба зарби корд онҳоро шадидан захмӣ кардаанд.



Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Русия иллати афзоиши ҳамалот ба муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишварро ба қатли Анна Бешнова, духтаре ноболиғ, марбут хондаанд.



Ҳарчанд мақомоти интизомии Русия омилони ин ҳодисаро ҳанӯз ошкор накардаанд, вале тибқи ахбори расонаҳо, бархе гурӯҳҳои нажодпарасти рус ин ҳодисаро кори дасти муҳоҷирони хориҷӣ донистаанд.



Гузоришҳои расида аз Маскав ҳокист, ки дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 10 тан аз атбоъи Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Арманистон ва Туркия, ки дар ин шаҳр кор ва зиндагӣ мекарданд, ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпарасти рус қарор гирифтаанд.



Тибқи иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 400 тан аз атбоъи тоҷик дар Русия ба иллати беморӣ ва сонеҳа фавт карда ва ё аз сӯйи афроди номаълум кушта шудаанд.


Реклама на asia+

Шабакаи давлатии телевизиони «Сафина» ба ҷамъияти саҳомӣ табдил мегардад

0


Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шабакаи давлатии телевизиони «Сафина»-и Тоҷикистон ба ҷамъияти саҳомӣ табдил мегардад.




Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори шабака Маҳмадсаид Пиров изҳор дошт, ки ба оиннома ва муқаррароти шабакаи телевизионии «Сафина» тағйироти мувофиқ дар ин робита ворид карда шуданд ва тартиботи минбаъдаи табдили он ба ҷамъияти саҳомӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сурат хоҳад гирифт.



«Соли равон барои фаъолияти шабака аз буҷаи ҷумҳурӣ 3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид, вале барои таъсиси як шабакаи телевизионии муосир ин миқдор маблағ басанда нест», – гуфт ӯ.



М.Пиров афзуд, ки дар сурати ба ҷамъияти саҳомӣ табдил гардидани шабака, имкон пайдо мешавад, ки рушди босуръати он таъмин гардида, сифати барномаҳо беҳтар ва музди меҳнати кормандони он зиёд карда шавад.


 

Реклама на asia+