Аз Душанбе ба шимоли ҷумҳурӣ бидуни убури қаламрави Ӯзбекистон роҳи оҳан сохта мешавад

Душанбе. 15-уми октябр – Ширкати давлатии Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯяд дар моҳи сентябри соли оянда эҳдоси роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон шурӯъ шуда ва манотиқи ҷануби Тоҷикистон аз тариқи ин роҳ бо маркази ин кишвар муттасил хоҳад шуд. Ҳамчунин, тарҳи дигаре дар заминаи бунёди роҳи оҳан аз Душанбе ба водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор […]

ВВС


Душанбе. 15-уми октябр – Ширкати давлатии Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯяд дар моҳи сентябри соли оянда эҳдоси роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон шурӯъ шуда ва манотиқи ҷануби Тоҷикистон аз тариқи ин роҳ бо маркази ин кишвар муттасил хоҳад шуд.




Ҳамчунин, тарҳи дигаре дар заминаи бунёди роҳи оҳан аз Душанбе ба водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.



Ба гуфтаи Владимир Собкалов, муъовини аввали раиси ширкат, мустанадоти фаннию иқтисодии тарҳи роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон, ки


56 километр

тӯл хоҳад дошт, аз сӯйи муассисаи «Лоиҳакаш», вобаста ба ин ширкат, омода шуда ва дар назар аст пас аз як сол иҷрои ин лоиҳа оғоз шавад.



Ба эътиқоди оқои Собкалов, ин нахустин гоми мушаххас дар ҷиҳати раҳоии системи роҳи оҳани Тоҷикистон аз бунбасти иртиботӣ хоҳад буд.



Ҳоло иртиботи роҳи оҳан аз Душанбе, пойтахт, ба манотиқи ҷануб ва шимоли Тоҷикистон танҳо аз тариқи Ӯзбакистон сурат мегирад ва ҳаракати қаторҳо дар ин масирҳо бо мушкилоту мавонеъи зиёде ҳамроҳ будааст.



Ҳамчунин, Абулазиз Гулаҳмадов, як масъули ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон, хабар дод, ки ин ширкат дар садад аст аз минтақаи Қаротоғ, дар ғарби шаҳри Душанбе ба самти Саратоғ, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, дар шимоли ин кишвар, хатти роҳи оҳан бунёд кунад.



Оқои Гулаҳмадов таъкид кард, ки тӯли ин роҳ 276 километрро ташкил дода ва аз манотиқи кӯҳистонӣ мегузарад. Дар сурати баҳрабардорӣ аз ин роҳ водии Зарафшон аз бунбасти иртибототи раҳоӣ хоҳад ёфт ва бо манотиқи марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон муттасил хоҳад шуд.



Ба эътиқоди коршиносон, дар сурати баҳрабардорӣ аз роҳҳои оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон ва Қаротоғ-Саратоғ, Тоҷикистон на танҳо аз бунбасти иртиботии роҳи оҳан раҳоӣ хоҳад ёфт, балки ин амр ба тавсеъаи бахшҳои саноеъ ва кишоварзӣ дар ин манотиқ ва содаву арзон шудани нархи рафту омади сокинон мусоъидат хоҳад кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.