Раиси «Амонатбонк» бар ин назар аст, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсире нарасонидааст

Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба фаъолияти Бонки давлатии амноатгузории «Амонатбонк» ва дар маҷмӯъ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳеҷ таъсире нарасонид», – гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов. Кафолати асосии вазъи босуботи бозори дохилиро номбурда дар он мебинад, ки ниҳодҳои молиявии миллии ҷумҳурӣ бо низоми молиявии кишварҳои ғарб он қадр […]


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба фаъолияти Бонки давлатии амноатгузории «Амонатбонк» ва дар маҷмӯъ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳеҷ таъсире нарасонид», – гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов.




Кафолати асосии вазъи босуботи бозори дохилиро номбурда дар он мебинад, ки ниҳодҳои молиявии миллии ҷумҳурӣ бо низоми молиявии кишварҳои ғарб он қадр робитаҳои зиче надоранд.



«Мо аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки рушди Осиё ва дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ, ки сохторҳои устувору боэътимод маҳсуб мешаванд, маблағҳо дастрас мекунем ва ба онҳо ин бӯҳрон ҳеҷ таъсире нарасонидааст», – идома дод ӯ.



Ба қавли раиси «Амонатбонк», бӯҳрони молиявии кунунӣ ба бонкҳое, ки қарзҳои хориҷӣ доранд, метавонад таъсири манфӣ бирасонад. Дар ҳамин ҳол ӯ таъкид сохт, ки «Амонатбонк» аз шарикони хориҷии худ қарзе надорад.



М.Маҳмадаминов афзуд, ки дар сурати коҳиш ёфтани воридшавии маблағҳо аз ҷониби мизоҷони хориҷӣ, ин омил метавонист ба бонк таъсири манфӣ бирасонад, вале «дар солҳои ахир шумори мизоҷони хориҷии мо афзуд».


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.