А.Иброҳим: Коршиносони «Зарубежнефтегаз» геологҳои тоҷикро бо натиҷаҳои корҳои иктишофӣ ва зилзиласанҷӣ шинос накарданд

Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи фаръии ширкати «Газпром»-и Русия – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Зарубежнефтегаз» ба Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон ҳисоботи илмиву таҳқиқотии баргузории корҳои иктишофӣ ва зислзиласанҷии майдонҳои нафту газдори Тоҷикистонро пешниҳод сохтааст. Дар нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки коршиносони «Зарубежнефтегаз» дар кони […]


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи фаръии ширкати «Газпром»-и Русия – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Зарубежнефтегаз» ба Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон ҳисоботи илмиву таҳқиқотии баргузории корҳои иктишофӣ ва зислзиласанҷии майдонҳои нафту газдори Тоҷикистонро пешниҳод сохтааст.




Дар нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки коршиносони «Зарубежнефтегаз» дар кони Саргазони вилояти Хатлон корҳои иктишофиву таҳқиқотиро ба анҷом расониданд, вале геологҳои тоҷикро бо натиҷаҳои он шинос накардаанд.



Номбурда зикр кард, ки ҳанӯз ду сол қабл ширкати русиягӣ ҳамчунин барои баргузории корҳои иктишофиву таҳқиқотӣ дар кони «Ренгон»-и ноҳияи Рӯдакӣ низ иҷозатнома гирифтааст, вале то ҳол дар ин ҷо ба кор шурӯъ накардааст. «Зарубежнефтегаз» барои баргузории чунин корҳо дар конҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сариқамиш»-и ин ноҳия низ иҷозатнома дорад», – гуфт ӯ.



Дар шарҳи ин масъала аз намояндагии «Зарубежнефтегаз» дар Тоҷикистон хабар доданд, ки раҳбарияти корхона феълан дар хориҷи ҷумҳурӣ қарор доранд ва шахси ваколатдоре нест, ки дар ин хусус маълумоти дақиқу воқеъбинона пешниҳод намояд.



А.Иброҳим афзуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба мӯҳлати се моҳ амали иҷозатномаи ду ширкатеро, ки дар Тоҷикистон ба истихроҷи тиллову нуқра машғул буданд, қатъ сохтааст ва ояндаи наздик иҷозатномаи боз яке аз ширкатҳои истихроҷи тилло низ қатъ сохта мешавад.



Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ

 

тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2003 «Дар бораи ҳамкории стратегӣ дар соҳаи нафту газ» ва Ёддошти соли 2006 дар бораи таъсиси корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон танзим мегардад.



Моҳи декабри соли 2006 ба «Газпром» ҷиҳати баргузории корҳои геологии омӯзишӣ дар минтақаҳои нафту гази Саргазон ва Ренгон, ки захираҳои он мутаносибан 30 ва 35 млрд. метри мураббаъ пешгӯӣ мешаванд, иҷозатнома дода шуда буд.






Маълумотнома:





ҶСП «Зарубежнефтегаз» миёнаҳои соли 1998 таъсис дода шудааст. Аз оғози соли 2007 «Зарубежнефтегаз» 100% ба ҶСК «Газпром» тааллуқ дорад. «Зарубежнефтегаз» манфиатҳои «Газпром»-ро дар як қатор лоиҳаҳо оид ба иктишоф ва азхудкунии конҳои нафту газ ва бунёди иншооти саноати нафту газ дар хориҷи кишвар, дар навбати аввал, дар кишварҳои Осиёи марказӣ ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳамчунин кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон роҳандозӣ мекунад.

 





 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.