Швейтсария барои ғолибони ҷашнвораи кинои «Дидор» $15 ҳазор ҷудо кард

Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагии дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон барои ғолибони ҷашнвораи саввуми байнулмиалии кинои «Дидор», ки айни замон дар Тоҷикистон ҷараён дорад, 15 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кард. Тавре корманди масъули робита бо ҷомеаи дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон Гулноза Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин саввумин ҷашнвораест, ки […]


Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагии дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон барои ғолибони ҷашнвораи саввуми байнулмиалии кинои «Дидор», ки айни замон дар Тоҷикистон ҷараён дорад, 15 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кард.




Тавре корманди масъули робита бо ҷомеаи дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон Гулноза Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин саввумин ҷашнвораест, ки бо ташаббус ва дастгирии ҳукумати Швейтсария баргузор мешавад.



Ёдрас мекунем, ки аз 12 то 16-уми октябр дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи III-уми байнулмилалии кинои «Дидор» баргузор мешавад.



Сарпарастони асосии ҷашнвора «Институти ҷомеаи Кушод – Фонди Мусоидат. Тоҷикистон»

 

ва Агентии рушду ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон мебошанд. Мавсуф зикр кард, ки мувофиқи қарори Кумитаи тадорукот,

 

тамоми чорабиниҳо, аз қабили намоиши филмҳо, мизҳои мудаввар, муаррифии филмҳои беҳтарини коргардонҳои Осиёи Марказӣ ва нишастҳои матбуотӣ дар Хонаи Кино ва Маркази фарҳанги ҳиндии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон доир мегарданд.



Тибқи консепсияи ҷашнвора, ба ҳакамон ва тамошобинон 12 филми кӯтоҳмуддат ва 12 филми мукаммали коргардонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Олмон ва Туркия ва ҳамчунин 15 филми коргардонҳои тоҷик, ки дар давраи солҳои 2006-2008 наворбардорӣ шудаанд, намоиш дода мешавад.



Дар ҷашнвора чунин ҷоизаҳо супурда хоҳанд шуд: Шоҳҷоиза барои филми мукаммал, Шоҳҷоиза барои филми кӯтоҳмуддат, мукофот барои филми беҳтарини Тоҷикистон, мукофоти ҳакамони байнулмилалӣ барои коргардони беҳтарин, ду бурси «Мероси ягона»-и Маркази кинои мустанад ва озмоишии Эрон барои дастгирии коргардонҳои ҷавони тоҷик, ҷоизаи Иттиҳодияи эҷодии «Боргоҳи сухан» барои филми беҳтарини Тоҷикистон ва ҷоизаи махсуси «Таваҷҷӯҳи матбуот» аз рӯи овоздиҳии рӯзноманигорон.



Маросими расмии ифтитоҳ ва анҷоми ҷашнвора дар театри драмавии ба номи Маяковский доир мегардад.



Ба ҷуз барномаи озмунӣ, ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора намоиши филмҳои муосири афғонӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Шарқу Ғарб: дурнамои ҳамкориҳо», муаррифии маҷмӯаи дискҳои киношиноси қазоқ Гулнора Абикеева, «Кинои мустанади Осиёи Марказӣ: Даврони Шӯравӣ ва солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ» ва муаррифии китоби «Панҷ садо» (намунаи ашъори панҷ шоири Эрон) баргузор мешавад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".